4.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 44

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

0

Дар остонаи даҳумин солгарди боздошти раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор дорем ва дақиқан даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябри соли 2015 роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро боздошт карданд. Аз ҷумла, муовинони раиси ҳизб — Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаит — ҳамчунин 11 нафари дигар аз аъзои Раёсати олии ин ҳизб бо иттиҳоми «табаддулоти давлатӣ» дастгир шуданд. Аммо ҲНИТ ин иттиҳомро рад карда, онро беасос меномад.

Ин боздоштҳо дар пайи шӯриши нокоми Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон, ки шаби 4-уми сентябр сурат гирифт ва рӯзи 15-уми сентябр комилан саркӯб гашт, оғоз шуд. Ҳукумат ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам медонад, вале масъулини ин ҳизб ҳар гуна ҳамкорӣ ё даст доштанро рад карданд ва баёнияе дар маҳкумияти он шӯриш низ нашр намуданд. Аммо он баёнияҳо монеи боздошти раҳбарони ҲНИТ нагашт, балки Додситони кулли Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ эълон намуд ва фаъолияташро манъ кард ва раҳбаронашро ба солҳои тӯлонӣ ва ҳатто ҳабси абад маҳкумнамуда, равонаи зиндон кард.

Боздоштҳо ба ҳамин 13 нафар аз аъзои РО ҲНИТ хотима наёфт ва ин тоза оғози корзоре буд барои саркӯби саросарии пайравону фаъолони ин ҳизб дар дохили марзҳои Тоҷикистон ва берун аз он.

Дар идомаи саркӯбҳо садҳо нафар аз раҳбарон, аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ дар дохили Тоҷикистон боздошт гаштанд ва бисёриҳо низ дар Русия ва дигар кишварҳо ба шумули Наимҷон Самиев ва дигарон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Ба ибораи дигар, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳама абзорҳо ва имконоти молӣ, дипломатӣ ва қудратии ҳукумат корзори саркӯби мухолифинашро шуруъ кард. Дар дохили Тоҷикистон бошад, боздошт, зиндон, мусодираи амвол, ихроҷ аз корҳои давлатӣ, тавҳину таҳқири пайвандони зиндониён ва баргузории тазоҳурот дар назди хонаҳояшон; дар хориҷ бошад, бо истифода аз Интерпол ва дигар абзорҳо пайгард ва таъқиби мухолифин дар кишварҳои собиқ шӯравӣ, Эрон, Туркия ва то ҷое пеш рафт, ки ҳатто кишварҳои аврупоиро низ барои мухолифинаш танг сохт. Дар идомаи ин саркӯбҳо, бисёре аз мухолифин ҳатто аз Аврупо низ ба Тоҷикистон истирдод гаштанд ва дар Тоҷикистон барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шумули СММ, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА боздошти раҳбарони ҲНИТ-ро маҳкум карданд ва хоҳони раҳоии боздоштшудагон гаштанд. Вале ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар вокуниш ба ин даъватҳо вакилони дифои раҳбарони зиндонии ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро низ бо иттиҳомҳои беасос ва бофта боздошт ва сипас барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Аз замони боздошти раҳбарони ҲНИТ дар Тоҷикистон, ки 16-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт, то замони эълони ҳукмашон дар додгоҳ беш аз 9 моҳ тӯл кашид ва Додгоҳи олӣ пушти дарҳои баста рӯзи 2-юми июни соли 2016 ҳукми онҳоро содир намуд.

Дар натиҷа, Додгоҳи олии Тоҷикистон 2-юми июни соли 2016 ду муовини раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаитро ба ҳабси абад, Раҳматулло Раҷаб, Абдуқаҳҳори Давлат, Қиёмиддини Аваз ва Саттор Каримовро ба 28 сол, Зубайдуллоҳи Розиқро ба 25 сол, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадро ба 23 сол, Саъдиддини Рустам ва Воҳидхони Қосиддинро ба 20 сол, Ҳикматулло Сайфуллозодаро ба 16 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратовро ба 14 сол ва ниҳоят, ягона зан миёни онҳо Зарафо Раҳмониро ба 2 сол зиндон маҳкум кард.

Аз 13 нафар аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ феълан 10 нафари онҳо дар зиндон ҳастанд. Танҳо Зарафо Раҳмонӣ дар озодӣ қарор дорад. Сатторов Карим, маъруф ба Маҳсуми Саттор, яке аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ, моҳи майи соли 2019 дар пайи шӯриш дар зиндони Ваҳдат ба тарзи мармуз ба қатл расонида шуд ва яке дигар аз раҳбарони зиндонии ин ҳизб, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, маъруф ба “Қозии Наҳзат”, моҳи июли соли 2024 дар асари бемории тӯлонӣ дар зиндон вафот кард.

Дар остонаи даҳумин солгарди боздошти раҳбарони ҲНИТ мо суҳбате оростем бо коршиноси ҳуқуқи байналмилалӣ Стив Свердлов, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ Мариюс Фоссум, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва Шуҳрати Раҳматулло ва Ҳисом Зубайдуллозода — фарзандони зиндониёни сиёсӣ. Биёед бо ҳам назари онҳоро дар бораи он чи, ки дар ин 10 сол гузашт ва ояндаи сарнавишти зиндониёни сиёсиро бишнавем.

Azda.tv аз фарзандони маҳбусони сиёсӣ пурсид, ки 10 сол аз боздошт ва зиндонӣ шудани падаронатон сипарӣ гашт ва бо гузашти 10 сол оё умеде ба озодияшон доред? Агар доред, фикр мекунед чӣ гуна озод хоҳанд гашт, зери фишорҳои байналмилалӣ ё умед ба марҳамат ва бахшиши Эмомалӣ Раҳмон?

Шуҳрати Раҳматулло, писари маҳбуси сиёсӣ Раҳматуллои Раҷаб дар суҳбат бо мо гуфт, ки умед аз Худо дорад, ки падараш озод мешавад. Ба гуфтаи ӯ, интизори бахшиш ва ё афви ҷониби мақомот нест, зеро падари ӯ бегуноҳ аст ва бояд бе ягон шарт озод карда шавад.

Шуҳрат инчунин нақши созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷиро дар озод намудани маҳбусони сиёсӣ муҳим дониста, мегӯяд ки бояд онҳо барои озодсозии зиндониёни сиёсӣ фишор болои мақомоти Тоҷикистонро зиёд кунанд.

Ҳисомиддин Розиқов, писари бузургсолтарин маҳбуси сиёсӣ Зубайдуллоҳи Розиқ, низ умед ба озодии падари 80 солааш дорад. Ба гуфтаи ӯ, падараш чанд вақти охир сахт бемор аст ва дар бемористони маҳбаси Ваҳдат табобат мегираду каме саломатияш беҳтар шудааст.

Ҳисомиддин умед дорад, ки мақомот вазъи салотӣ ва синни падарашро ба инобат гирифта, ӯро озод мекунанд.

Ҳамзамон писари Зубайдуллоҳи Розиқ аз ҳасафони падари худ, ки дар муҳоҷират ҳастанд, изҳори нороҳатӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз онҳо аз ҳоли падарашро намепурсанд.

Дар идома Azda.tv аз Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ суол кард, ки барои раҳоии зиндониёни ҲНИТ чӣ корҳое анҷом доданд?

Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, ки аз рӯзи аввале, ки раҳбарон ва аъзои ҳизб боздошт шуданд, раҳбарияти дар хориҷбудаи ҲНИТ озод кардани маҳбусони сиёсӣ, сабук кардани муҳлати ҳукм ва беҳтар кардани шароити онҳо дар зиндонҳо яке аз нуқтаҳои меҳвари мубориза буд.

“Парвандаи беш аз 10 маҳбуси сиёсӣ, ки аксарашон узви ҲНИТ ҳастанд ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ рафт, ки ҳиҷ кишвари дигар на танҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ин миқдор парвандаро дар ин кумита надорад… Мо парвандаи ҷиноии Эмомалӣ Раҳмонро ба Додгоҳи байналмилалии Ҳаг бурдем, ки аксари ин парванда дар мабнои парвандаи маҳбусони сиёсии ҲНИТ шакл гирифтааст. Илова бар ин, чандин созмонҳои махсуси маҳбусони сиёсӣ ташкил шуд, ки аксарашон бо ширкати ҷонибдорон ва аъзои ҲНИТ фаъолит доранд.” – таъкид кард раҳбари ҲНИТ.

Дар ҳамин ҳол Стив Свердлов, ҳуқуқшиноси байналмилалӣ бар ин назар аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ сарфи назар аз нақзи зиёди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон то ҳол фишори кофӣ ба низоми Эмомалӣ Раҳмонро наовардааст.

“Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ба мисли СММ, Кумитаи ҳуқуқи инсон ва Парлумони Аврупо, даҳҳо нақзи ҳуқуқро сабт мекунанд ва мекӯшанд ба он диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намоянд. Аммо ҳамзамон мо мебинем, ки, масалан, Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро бо низоми Раҳмон идома медиҳад ва ҳар сол дар Душанбе конфронсҳо оид ба масъалаҳои об баргузор мекунад”, — гуфт Свердлов.

Ӯ қайд намуд, ки тафовут байни сухан ва амалҳои ниҳодҳои гуногуни байналмилалӣ ба мақомоти тоҷик паём медиҳад, ки “Раҳмон метавонад бе ҷазо амал кунад”.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, ҳатто ИМА таваҷҷуҳи кам ба Осиёи Марказӣ зоҳир мекунад ва абзорҳои мавҷудаи фишор, аз ҷумла таҳримҳо алайҳи шахсони алоҳида, истифода намешаванд.

“Мо маълумоти зиёдеро дар бораи шахсони масъул дар ҳукумати Тоҷикистон, ки дар шиканҷа даст доранд, ба рӯйхати “Магнитский” пешниҳод кардем, аммо ин муроҷиатҳо беҷавоб монданд”, — илова кард Свердлов.

Ӯ ҳамчун аз додани ариза ба Додгҳи байналмилалии ҷиноятӣ дар Гаага ҷонибдорӣ намуда гуфт, парвандаҳои қонуншикании мақомдорони тоҷик ба додгоҳҳои чандин кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон низ бояд супорида шавад.

Намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ Мариус Фоссум дар мавриди боздошти раҳбарони ҲНИТ ва нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, ки мутаассифона, дар Аврупо дар бораи ин вазъият хеле кам медонанду мегӯянд.

“Барои сиёсатмадорони аврупоӣ ба ҳолати Белоруссия таваҷҷуҳ кардан осонтар аст. Онҷо ҳамсоя аст ва буҳронҳояш бевосита ба Аврупо таъсир мерасонанд. Тоҷикистон бошад дур аст ва аз ин рӯ сарфи назар кардан аз фоҷиаҳои мардуми он осонтар мегардад. Аммо ин иштибоҳ аст. Рушди Тоҷикистон ва сарнавишти мардуми он барои тамоми минтақа аҳамияти бузург дорад ва Аврупо бояд инро дарк кунад” – таъкид мекунад Ҷаноби Фоссум.

Инчунин ӯ мегӯяд, ки созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ қарорҳо ва изҳоротҳои зиёде қабул кардаанд, вале онҳо бештар дар сатҳи мухан боқӣ монданд ва барои он ки таъсир дошта бошанд, зарур аст таҳримҳои шахсӣ алайҳи мансабдорони баландпояи Тоҷикистон ҷорӣ шаванд, онҳое, ки барои фишорҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон масъуланд, аз ҷумла барои ҳодисаҳои фоҷиавӣ дар Бадахшон. Ба гуфтаи ӯ “ин роҳ дароз аст, вале танҳо ҳамин гуна метавон ба тағйирот ноил шуд”.

Ҳамзамон Муҳиддин Кабирӣ дар муроҷиате ба маҳбуси сиёсӣ онҳоро қаҳрамони зинда номида гуфт, ки “Ҳама маҳбусони сиёсӣ мутмаин бошанд, ки бародарону хоҳарон ва фарзандони онҳо, инчунин ҳама нафароне, ки дилашон барои миллат ва зиндониҳо метапад ҳамеша дар фикри онҳо ҳастанд ва тамоми талошҳои худро карда истодаанд, то ин ки ҳатто як рӯз ҳам бошад зудтар онҳоро аз ин мусибат озод кунанд.

Раҳбари ҲНИТ дар идомаи паёмаш гуфт, ки имкониятҳои муборизин маҳдуд аст ва худро дар назди маҳбусон як кам хиҷолатзада медонанд, чун натавонистанд дар ин 10 сол аз ғаму дарди онҳо камтар кунанд. Вале ӯ бар ин бовар аст, ки маҳбусони сиёсӣ, ки аксарашон ин роҳро қабл аз ҳама огоҳона интихоб кардаанд ва устоди ин роҳ ҳастанду ба дигарон устоворӣ, сабр ва муборизаро омухтаанд, муборизини дар хориҷбударо дарк мекунанд. Ӯ гуфт, ки зиндониёни сиёсӣ бо он сабру таҳаммул ва устуворие, ки то ин дам аз худ нишон доданд, дар рӯйхати қаҳрамонони ин миллат шомил шудаанд.

Инчунин Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи суҳбаташ дар ишора ба пайвандони маҳбусони сиёсӣ ва дигар мухолифону муборизон афзуд, ки мо ҳама бояд як хонавода бошем ва агар дар масъалаҳои сиёсӣ ва шахсӣ баҳсоҳое миёни ҳам дорем, ин табиӣ аст ва аммо бояд дар масъалаи зиндониёни сиёсӣ ҳамчун як хонавода рафтор кунем ва барои онҳо талош кунем.

Кабирӣ гуфт, ки масъалаи зиндониёни сиёсӣ ягона масъалаест, ки мо дар бораи он ихтилофи назар надорем ва мо бо якдигар метавонем ҳамкорӣ кунем ва ҳамкорӣ дар ин росторо вазифаи имонӣ, виҷдонӣ ва сиёсӣ хонд.

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад

0

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Кумитаи мазкур дар поёни таҳқиқоташ гузоришеро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад: “Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад”. Ин ниҳод афзуда, ки Исроил аз 7-уми октябри соли 2023 “бо ҳадфи аз байн бурдани фаластиниён” ба ҷурми “наслкушӣ дар Ғазза” муртакиб шудааст.

Гузоришгарони СММ ҳамзамон таъкид мекунанд, ки дар раванди наслкушӣ дар Ғазза мақомоти баландпояи Исроил, аз ҷумла нахуствазири он Бинёмин Натанёҳу, президендт Исҳоқ Ҳертсог ва собиқ вазири дифоъ Ёаф Галанд даст доранд.

Кумитаи мазкур дар гузоришаш, ки дар ҳаҷми 72 саҳфа омада шудааст, мисолҳои зиёде аз ҳаҷми қатлу куштор, монеа шудан ба воридоти кумакҳои инсонӣ ба Ғазза, қасдан аз байн бурдани хонаҳои истиқоматӣ, тахриби зерсохторҳои муҳими иҷтимоӣ ва тиббӣ ва кӯчонданҳои иҷбории сокинон мисолҳои зинда овардааст.

Гузоришгарон ҳамчунин мусоҳибаҳои махсус бо ҷабрдидагон, табибон ва сокинони маҳаллиро ҳамчун далел дар таҳқиқоти худ истифода кардаанд.

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии СММ ҳамчунин дар гузоришаш таъкид мекунад, ки изҳороти Натанёҳу ва дигар мақомоти исроилӣ далели ошкор “бар қасд доштан барои наслкушӣ” дар Ғазза аст. Ин Кумита ба як номаи ҳукумати Исроил, ки моҳи ноябри соли 2023 ба сарбозонаш дар Ғазза фиристода буд, ишора мекунад. Ба гуфтаи Кумитаи СММ, дар ин нома ба сарбозон, амалиёти Ғаззаро ба “ҷанги муқаддас барои ҳамаро нобуд кардан” дар замони қадим ташбеҳ кардааст. Ин ниҳод истифода чунин алфозро далели ошкори қасди “наслкушӣ” арзёбӣ кардааст.

Нави Пиллэй, раиси Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии СММ рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, ки “Ба хулоса омадем, ки дар Ғазза наслкушӣ сурат мегирад ва ҳоло ҳам идома дорад ва масъулияти ин ҷиноят ба дӯши давлати Исроил аст”.

Дар аҳмин ҳол сафири Исроил дар СММ Дониёл Мерун ба ин гузориш вокуниш карда, онро “дурӯғ” шуморида, гуфтааст, ки “ин гузоришро вакилони дифои ҲАМОС омада кардаанд”.

Исроил Кумитаи таҳқиқоти байналмилалиро ба он муттаҳам карда, ки сиёсиёне дар он ҳастанд, ки бар зидди исроил кор мебаранд ва афзуда, ки бо ин кумита ҳамкорӣ намекунад.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

0

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, рӯзи сешанбе, 16 сентябри 2025, даҳҳо нафар шаҳрвандон алайҳи ҳаракати Толибон эътироз карданд. Эътирозгарон дар ҷараёни ҷамъомади худ шиорҳои “Марг бар хоинон” сар доданд. Онҳо изҳор доштанд, ки Толибон дӯконҳои онҳоро тахриб мекунанд ва ба ҳамин далел ба кӯчаҳо баромадаанд.

Эътирозгарон асосан сокинони маҳаллӣ буданд, ки ба сиёсати иқтисодии Толибон ва таъсири манфии он ба зиндагии рӯзмарраашон эътироз карданд. Ҳарчанд Толибон дар гузашта бо эътирозҳои оммавӣ, хусусан дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон, бо шиддат бархурд кардаанд, тарафдорони эътироз мегӯянд, ки онҳо ба хотири адолат ва ҳуқуқи худ баромадаанд.

Мазори Шариф, ки қаблан маркази муқовимат ба Толибон буд, ҳоло бо бархурдҳои шадиди эътирозгарон ва мақомоти Толибон рӯбарӯ мешавад. Мақомоти Толибон то ҳол дар бораи ин эътирозҳо изҳори назар накардаанд.

Эътирозҳои ахир дар Мазори Шариф нишон медиҳад, ки шаҳрвандони Афғонистон, хусусан дар шимоли кишвар, бо сиёсати Толибон мухолифат доранд ва барои ҳифзи ҳуқуқи худ мубориза мебаранд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

0

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми калон боздошт шуданд.

Тибқи иттилоъ, яке аз онҳо марди 61-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии як сокини ноҳияи Мастчоҳ даромадааст. Ӯ бо баҳонаи харидории нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафту газ аз ӯ 1 миллион доллари амрикоӣ гирифта, маблағро ба номи писараш расмӣ гузарондааст. Аммо то имрӯз ин маблағро барнагардондааст ва ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.

Ҳамзамон дар шаҳри Хуҷанд як марди 36-солаи дигар низ бо чунин иттиҳом дастгир гардидааст. Бино ба маълумоти ВКД, вай дар давоми моҳи август аз як ҳамшаҳриаш 300 ҳазор доллари амрикоиро бо баҳонаи ворид кардани масолеҳи сохтмонии “арматура” аз Русия гирифтааст. Ваъда дода буд, ки маблағро дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо ин корро анҷом надодааст.

Мақомот нисбати ҳар ду шахс тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ яке аз ҷиноятҳои маъмул ва паҳншуда дар Тоҷикистон мебошад. Коршиносон таъкид мекунанд, ки шаҳрвандон бояд ҳангоми муомилоти пулӣ ва сармоягузорӣ хеле эҳтиёткор бошанд, аз ҷумла ҳангоми бастани шартномаҳо, харидорӣ ва ё додани маблағ ба шахсони номаълум, то аз сар задани қаллобӣ пешгирӣ кунанд.

Аз нишасти Қатар чӣ ҳосил шуд?

0

Рӯзи душанбе, 15-уми сентябри соли ҷорӣ сарони 57 давлати арабӣ ва исломӣ бо баргузории ҷаласае дар шаҳри Давҳаи Қатар гирди ҳам ҷамъ омаданд.

Дар ин ниашст изтирорӣ ва ғайринавбатии раҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ масъалаи ҳамлаи Исроил ба хоки Қатар баррасӣ шуд. Ин ҳамла рӯзи 9-уми сентябр бо мақсади аз байни бурдани раҳбарони ҲАМОС сурат гирифт.

Аксари раҳбарони кишварҳо ин ҳамларо маҳкум карда, иттиҳоду ҳамбастагии кишварҳои арабӣ ва исломиро зарур шумориданд.

Дар охири ҷаласа баёнияи умумӣ нашр шуд ва дар он таъкид гардид, ки бояд кишварҳои узви СҲИ бар зидди нақшаҳои Исроил, ки барои эҷоди ҳолати нобасомонӣ дар минтақа талош дорад, якпорча шаванд ва дар ҳама ҳолат иттиҳод ҳамдилӣ бо кишварҳои сонзмон зарур шуморида шуд.

Ҳамчунин дар баёния талоши Исроил барои иҷборӣ муҳоҷир кардани мардуми Фаластин ва қатлу куштор дар Ғазза ба шиддат маҳкум шудааст.

Кишварҳои узви СҲИ дар ин нишаст бар зарурати иҷбор кардани Исроил барои поён додани ҷанг ва иҷрои нақшаи арабӣ-исломӣ оид ба бозсозии ҳарчи зудтари Навори Ғазза таъкид шуд. Инчунин гуфта шуда, ки аз донорҳои байналмилалӣ барои пешниҳоди кумаки зарурӣ ва ҳавасманд намудани онҳо барои ширкат дар конфронси вежа барои бозсозии Ғазза, ки қарор аст дар Қоҳира пас аз расидан ба оташбас баргузор гардад, даъват шавад.

Дар баробари ин, рафтори сиёсӣ ва низомии Исроил бар зидди аҳолии Ғазза, ки як фоҷеаи бузурги инсонии бесобиқаро дар ин борика ба вуҷуд овардааст ва гуруснагиву маҳрум сохтан аз дору дармонро бар зидди аҳолӣ ҳамчун силоҳ истифода бурдан аз ҷониби Исроил маҳкум гардид.

Аз кишварҳои узви СҲИ хоста шуд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид масъалаи бознигарӣ шудани узвияти Исроил дар СММ-ро бардоранд. Ба асоси ин баёния, Исроил аксари қавонин ва муқаррароти ин созмони байналмилалиро поймол кардааст ва узвияти ӯ бояд бознигарӣ шавад.

Аммо то куҷо метавонад, ин қарорҳо ба Исроил таъсири худро расонад ва ҷанг дар Ғазза ба поён расад, маълум нест. Ба назари коршиносон, дар нишасти Давҳа ба ҷуз маҳкум кардан ҳеч иқдоми амалӣ ва муассире сурат нагирифтааст, ки битавонад пеши роҳи қатлу кушторро дар Ғазза бигирад.

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар қатли Шаҳло Назароваи 45-сола ва се фарзандаш хабар дод.

Дар иттилоияи ВКД аз гумонбарон С.Н. 32-сола ва А.С. 16-сола ду сокини деҳаи Дарёободи ноҳияи Рудакӣ ном бурда шуда, гуфта шудааст, ки онҳо бо мақсади дуздиву ғоратгарӣ ба манзили истиқоматии Иброҳимов Ҳ.Р (падари оила) ворид шудаанд, аммо ҳангоми огоҳ шудани соҳибхона онҳо Шаҳло Назарова ва як писари cинфи 6 ва ду духтари 15 ва 17-солаашро ваҳшиёна ба қатл расондаанд.

Инчунин гуфта мешавад, ки боздоштшудаҳо қаблан низ доғи судӣ дошта, ҳоло дар маҳкамаи муввақатӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва тафтишот аз ҷониби додситонӣ идома дорад.

Назари худи гумонбарон ва наздикони онҳо нисбат ба иттиҳомоти мақомот ҳанӯз маълум нест.

Бо вуҷуди оне, ки ВКД акси боздоштшудаҳо ва кушташудаҳоро нашр накардаст ва маълумоти бештар дар ин бора надодааст, акси ҳарду боздоштшуда ва тани беҷони кушташудаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад.

Ва ин номуайянӣ боиси тарсу ҳароси сокинони маҳал гаштаву овозаҳо ва фарзияҳои гуногуне дар ҷомеа пайдо шудааст, ки то ҳол аз ҷониби манбаъҳои расмӣ тасдиқ нашудаанд.

Ёдовар мешавем, ки қатли як модар ва се фарзандаш дар деҳаи Дарёободи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаи зисташон 5-уми сентябр рух дода буд, вале ҳамсояҳо ҷасади онҳоро баъди ду рӯз пайдо кардаанд.

Пас аз ин ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокинон, ҳамсинфону омӯзгорони мактаберо, ки фарзандони Шаҳло Назарова мехондаанд, бозпурсӣ карда, изи ангушт гирифтанд ва бисёриҳоро ҳушдор доданд, ки бидуни иҷозат бо расонаҳо суҳбат накунанд.

Куштору кӯдакон дар Ғазза ва иҷбори сокинон барои кӯч бастан

0

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар рӯзи душанбе дар Ғазза 5 бинои маскунии баландошёнаро бомборон намуда, ба пуррагӣ хароб кард.

Артиши Исроил амалиёти худро дар Ғазза аз тариқи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ идома медиҳад. Дар пайи ин ҳамлаҳои шадид, ба сокинони қисмати шимолии Ғазза ҳушдор дода шудааст, ки ба самти ҷануби ин борика кӯч банданд.

Исроил иддао дорад, ки дар қисмати шимолии Ғазза то ҳанӯз аз се ду ҳиссаи ҷамъияти он боқӣ монданд. Баровардаҳо нишон медиҳад, ки то кунун ҳудуди 300 ҳазор нафар пас аз судури фармони тахлия ба самти ҷануб кӯчидаанд.

Расонаҳои фаластинӣ мегӯянд, Исроил бо аз байн бурдани биноҳҳои баландошёна иддао карда, ки нерӯҳои ҲАМОС дар дохили ин биноҳо паноҳ бурдаанд. Ва ҳамзамон далели ҳамла ба хаймаҳои оворагонро низ вуҷуди ҲАМОС дар байни мардум гуфтааст.

Аммо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, Исроил бо баҳонаи ҳамла ба ҲАМОС Ғаззаро ба хок яксон карданист ва ба ҳеч мавҷуде дар ин борика раҳм намекунад. Таъкид мешавад, ки Исроил қасдан хонаҳои маскуниро хароб мекунад, то мардум ба сӯи ҷануб кӯч банданд.

Масъулони беморхонаҳои Ғазза ба расонаҳо гуфтаанд, ки пас аз нақшаи ишғоли Ғазза Исроил ҳамлаҳои худро ба ин борика шиддат бахшидааст, ки ин кор боиси куштори садҳо бегуноҳ дар рӯз мегардад.

Бино ба гузориши расонаи туркии TRT, пизишкони байналмилалии дар дохили Ғазза гузориш додаанд, ки дар пайи ҳамлаҳои ахири Исроил ҳолати куштори қасдонаи кӯдакон афзоиш ёфтааст. Пизишкон мегӯянд, кӯдаконеро бо ҳолатҳои вазнин ба беморхонаҳо меоранд, ки аз қафаси сина ва сар шиллик шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин эҳтимоли тариқи тактирандозҳо қасдан аз байн бурдани кӯдакони Ғазза аз ҷониби артиши Исроилро бештар мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бар иловаи авҷи қаҳтӣ ва гуруснагии шадид, ворид нашудани обу ғизо ба Ғазза ва шиддати ёфтани бомборонҳои артиши Исроил вазъияти. инсониро дар ин борика ба шидат сангин кардааст.

Вазорати беҳдошти Фаластин рӯзи душанбе эълон кард, ки аз 7-уми октябри соли 2023 то имрӯз дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил ва бар асари гуруснагии шадид то кунун 65 ҳазор нафар ҷон бохта, беш аз 160 ҳазори дигар хахмӣ шудааст. Танҳо дар давоми 24 соати гузашта, 35 нафар кушта шудааст.

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

0

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Шаҳрвнадон мегӯянд, аз баски дар ин масир роҳи алтернативӣ вуҷуд надорад, ҳангоми рух додани садама ё дар фасли зимистон фаромадани тарма роҳ баста мешавад ва мардум дар васати роҳ мемонанд ва ин яке аз мушкилоти ҷиддии ин роҳ аст, ки солҳост ҳалли худро наёфтааст.

Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS), ки роҳи пулакии Душанбе–Чаноқро идора мекунад, дар посух ба шикояти шаҳрвандон дар бораи зарурати сохтани роҳи алтернативӣ дар ин масир гуфтааст: “Дар асл ҳеҷ роҳ бепул нест — нигоҳдорӣ ва таъмири ҳар роҳ маблағ мехоҳад. Ҷорӣ кардани низоми пулакӣ ба хотири сарфа кардани маблағҳои давлатӣ ва истифодаи онҳо барои самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарзҳо ва рушди иқтисодӣ роҳандозӣ шудааст.”

IRS мефаҳмонад, ки сохтани роҳи дигар дар ин масир қариб ғайриимкон аст, зеро роҳи Душанбе–Чаноқ аз минтақаҳои кӯҳистонии душворгузар мегузарад. Бунёди чунин роҳ на танҳо хароҷоти бузург талаб мекунад, балки нигоҳдории он низ хеле гарон мешавад.

Ширкат таъкид мекунад, ки агар роҳ пулакӣ намешуд, бо мурури вақт сифати он поён мерафт. “Ҳоло бошад, дар давоми 16 соли фаъолияти IRS роҳи Душанбе–Чаноқ аз роҳҳои нисбатан беҳтар нигоҳдоришудаи кишвар боқӣ мондааст.”

Бояд зикр кард, ки соли 2019 вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода фаъолияти ширкати IRS-ро сахт танқид карда буд. Ӯ гуфта буд, ки ширкат ба ҳукумат ҳисобот намедиҳад, нигоҳдории роҳҳоро нодида мегирад ва сабаби танбашавии чандсоата дар роҳи Душанбе–Хуҷанд мешавад.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери посухи ширкати IRS ибрози назар кардаанд.

Аз ҷумла, як корбар менависад: “Дар Испания яке аз роҳҳои асосиро ба тариқи шартнома ба як ширкат дода буданд. Вақте ки муҳлати шартнома ба поён расид, ҳазорҳо километр роҳро бепул карданд. Ширкати IRS низ барои чанд сол шартнома дошта. Савол ин аст, ки кай муҳлати шартнома ба охир мерасад?.. Дар масъалаи роҳи алтернативӣ, бояд роҳи пешина боқӣ мемонд ва IRS худ бояд роҳи нав месохт. Ҳар як мошин ҳам ҳар сол андоз месупорад, ки андоз дар кишвари мо кам нест, баръакс аз бисёр давлатҳо зиёдтар аст.”

Корбари дигар ҳисоб карда менависад: “Як сафар бо камтарин ҳаққи сафар то Хуҷанд 69 сомонӣ аст. Агар ҳисоб кунем: 69 сомонӣ × 500 мошин × 30 рӯз × 12 моҳ = 12 420 000 сомонӣ дар як сол. Ва ин ҳам бо чунин аҳволи нақби Варзоб!”

Ҳамчунин корбари дигаре арзиши роҳро хеле гарон арзёбӣ карда навиштааст: “Роҳи пулакӣ боке не, лекин арзиши роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд хеле ва хеле гарон аст!!!”

Дар баробари ин, баъзе корбарони дигар аз пулакӣ будани роҳҳо ва сифати нигоҳдории онҳо ибрози розигӣ карда, гуфтаанд, ки бо вуҷуди нархи баланд, роҳ нисбатан беҳтар хидматрасонӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ширкати IRS, ки гуфта мешавад, ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, аз соли 2010 масъулияти нигоҳубини роҳи Душанбе – Чаноқро бар уҳда дорад. Ва ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо даҳҳо садама ва марги шаҳрвандон сабт мешавад. Ронандагон аз он шикоят мекунанд, ки бо вуҷуди маблағи зиёд гирифтани соҳибони ин ширкат аз мошинҳо, роҳро мутобиқи шароити кӯҳӣ, ки ҳамеша эҳтимоли боридани барфи зиёду фаромадани тарма вуҷуд дорад, намесозанд.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

0

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Раҳбари ҳизби “Справедливая Россия — За правду” Сергей Миронов, ки муаллифи даҳҳо қонуни зидди муҳоҷират аст, гуфтааст, ки афзоиши шумораи муҳоҷирон таҳдид ба амнияти миллӣ дорад.

“Ман даъват мекунам, ки то соли 2030 додани шаҳрвандӣ ва иҷозати иқомат ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ муваққатан манъ карда шавад. Танҳо ба ин роҳ мо метавонем вазъиятро устувор кунем ва мушкилоте, ки имрӯз аз сабаби омадани оммавии шаҳрвандони хориҷӣ ба вуҷуд меоянд, ҳал намоем”, — изҳор доштааст Миронов.

Бар асоси маълумоти ВКД Русия, дар ин кишвар зиёда аз 6,5 миллион муҳоҷир қарор доранд, ки ҳудуди 4 миллионаш зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Ба иддаои Миронов, танҳо қисме аз онҳо кор мекунанд, дар ҳоле, ки боқимонда аз инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва мактабҳо истифода мебаранд. Бо ҳамин баҳона 9-уми сентябри соли ҷорӣ, ҳизби зери раҳбарии ӯ ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод намуд, ки тибқи он вуруд ва иқомати аъзои хонаводаи муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар манъ карда мешавад.

Тибқи оморҳои расмӣ, танҳо дар соли 2024 шаҳрвандии Русияро тақрибан 209 ҳазор хориҷӣ ба даст оварданд, ки аз ин шумора, ҳиссаи зиёдашро зодагони Тоҷикистон бо 45,2 ҳазор нафар ташкил доданд. Инчунин дар нимсолаи аввали соли 2025 ба хориҷиён тақрибан 114 ҳазор иҷозати кор дода шуд, ки ин 1,5 маротиба бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ҳизби “Справедливая Россия – За правду” муаллифи даҳҳо қонуни зидди муҳоҷирӣ буда, дар Думаи давлатии Русия барои маҳдуд сохтани фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар телеграм-боти “Стоп мигрант” фаъол кардааст.

Ба иддаи муаллифони тарҳ, тариқи ин бот шаҳрвандон метавонанд дар бораи қонуншиканиҳои эҳтимолӣ аз ҷониби муҳоҷирон хабар диҳанд.

Ин ҳизб ҷонибдори ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, манъи ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ба мисли сохтмон ва нақлиёт мебошад.

Ҳамзамон Сергей Миронов раҳбари ин ҳизб борҳо гуфта буд, ки танҳо муҳоҷироне бояд ба Русия роҳ дода шаванд, ки дорои маълумоти биометрӣ ва суғуртаи тиббии пулакӣ ҳастанд ва маблағи махсусе барои эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирон аз онҳо пешакӣ ситонида шавад, то бо пули андози “русҳо” ин кор сурат нагирад.

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбарони асосияш муҳоҷирон мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, бо ин баҳона дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Ин пешниҳоду қабули қонунҳо дар ҳоле аст, ки мувофиқи оморҳои расмӣ, Русия худ ба беш аз 2,2 миллион қувваи корӣ ниёз дорад, вале ба гуфтаи коршиносон, ҳар гоҳ дар дохили Русия мушкилоте пайдо шавад, мақомот фазои муҳоҷирбадбиниро ба вуҷуд меоранд, то таваҷҷуҳи шаҳрвандонро аз мушкилоти асосӣ дигар тараф равона кунанд ва маҳз ҳодисаи “Крокус” ба мақомот ин имконро фароҳам овардааст. 

Ҳамчунин коршиносон таъкид мекунанд, ки соли 2026 дар Русия интихоботи парллумонӣ баргузор мешавад ва ҳизбҳое, ки то ҳол намояндагии маҳдуд дар Дума доранд, мисли “Справедливая Россия — За правду” ё “Новые люди” талош доранд аз ин фазои бавуҷудоварда дар Русия истифода намуда, курсиҳои худро соли оянда бештар кунанд. Пешниҳод кардани ташаббусҳое, ки бо маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон вобастаанд, барои онҳо роҳест, то дастгирии қисми интихобкунандагонро ба даст оваранд, ки аз сиёсати шадидтар дар соҳаи муҳоҷират ҷонибдорӣ мекунанд.

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

0

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, пас аз ҳамлаи Исроил ба Давҳа бо мақсади аз байн бурдани раҳбарони ҲАМОС, дар равобит миёни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил таниш ба вуҷуд омадааст.

Гуфта мешавад, афзоиши танишҳо миёни ду кишвар аз як сӯ ба хотири ҳамлаи Исроил ба Қатар ва аз сӯи дигар ба далели ишғоли Каронаи Бохтарӣ аз ҷониби Исроил марбут, ки Иморот қаблан ишғоли Каронаи Бохтариро “хатти сурх”-и худ эълон карда буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Бинёмин Натанҳоҳу, нахуствазири Исроил рӯзи чоршанбе ба Қатар ҳушдор дода буд, ки ё раҳбарони ҲАМОС-ро ихроҷ кунад ва ё онҳоро боздошт кунад “вагарна мо ин корро хоҳем кард”. Ба ин изҳороти Натанёҳу Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вокуниш нишон дода, онро “душманона” хонд.

Таниши равобит миёни Исроил ва Иморот дар ҳолест, ки дар байни кишварҳои арабӣ аз ҳама бештар ва равобити наздиктарро бо Исроил ин кишвар дошт. Ва борҳо ба хотири ин равобити наздик мавриди интиқоди таҳлилгарони араб қарор гирифта буд.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳамлаи Исроил ба Доҳаи Қатар кишварҳои арабӣ, бахусус кишварҳои Халиҷро ба он водор карда, ки дар равобити худ бо Амрико ва Исроил бознигарӣ кунанд ва эҳтимол шоҳиди як таҳаввули бузурги сиёсӣ дар минтақа хоҳем буд.

Қарор аст, рӯзҳои якшанбе ва душанбе дар Қатар нишасти изтирории кишварҳои арабӣ ва исломӣ баргузор гардад ва дар он ҳамлаи Исроил ба хоки ин кишвар баррасӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9-уми сентябри соли ҷорӣ Исроил ба мақсади аз байни бурдани раҳбарони ҲАМОС ба шаҳри Доҳаи Қатар ҳамла кард, ки дар натиҷа 5 фаластинӣ ва як шаҳрванди Қатар кушта шуданд. Аммо раҳбарони ҲАМОС аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурданд.

Тамоми кишварҳои арабӣ ва ғайри арабӣ ин ҳамлаи Исроилро маҳкум карданд ва ҳамбастагии худ бо Қатарро эълон намуданд. Аммо Бинёмин Натанёҳу дар изҳороте гуфт, ки раҳбарони ҲАМОС дар ҳар кишваре, ки бошанд, мавриди ҳамлаи мо қарор хоҳанд гирифт.