Хона блог саҳифа 674

Дар шаҳри Душанбе бензин гарон ва камчин шудааст

0

Дар Душанбе бензин гарон ва камчин шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод. Бино ба иттилои ин сомона якбора камчин ва гарон шудани нархи бензин ронандагонро нигарон кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар аввали моҳи март нархи як литр бензин 7 сомониву 20 дирам буд, баъд аз гузашти 15 рӯз нархи он ба 8,80 сомонӣ ва ҳатто дар баъзе ҷойҳо ба 9 сомонӣ расидааст.

Ба назари мардум гаронии нархи сӯзишворӣ кори дасти монополистони соҳа мебошад. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, “болоравии нарх бесабаб нест” ва онро ба як тасмими Қазоқистон рабт медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар Қазоқистон масъалаи манъ шудани интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба хориҷи кишвар тариқи нақлиёти автомобилӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ронандагон дар Душанбе дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтанд, ки бо вуҷуд гарон шудани нарх, ёфтани бензин на дар ҳама нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ имконпазир ҳаст. Як ронандаи мошини боркаш Неъматулло Ҳикматуллоев, аз он шикоят кард, ки дар Тоҷикистон қимати сӯзишворӣ зуд боло меравад, аммо ҳамагӣ 10 ё 20 дирам арзон мешаваду бас.

Ҳамчунин хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми март дар чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мушоҳида намудаанд, ки бензини навъи 92, ки дар Тоҷикистон серистифода аст, камчин шудааст. Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ навиштаи “Бензин нест” часпонида шудааст.

Ба иттилои ронандаҳо дар бархе аз нуқтаҳои дигар, фурӯши бензин маҳдуд шуда, ба як ронанда аз 20 литр зиёд намедиҳанд. Масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, ки “Дар корхонаҳои истеҳсоли нафт дар Қазоқистон, ки сӯзишворӣ аз ҳамон кишвар ба Тоҷикистон меояд, таъмир ҷараён дорад. Бино бар ин, чунин вазъият пеш омадааст.”

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш  бар асоси хабари “Казинформ” яке аз се корхонаи бузурги коркарди нафти Қазоқистон бо сабаби мушкилиҳои техникӣ истеҳсоли гази моеъи худро қатъ намуд.

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад. Ба иттилои расмӣ, соли 2020 ба кишвар 234 ҳазор тонна бензин ва 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст.

Тибқи омори расмӣ, тақрибан 90 дарсади сӯзишвории мавриди ниёзи Тоҷикистонро аз Қазоқистон меоранд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон яке аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт ширкати “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов аст, ки бозор сӯзишвориро пурра зери назорат дорад. Ҳар ширкати дигаре, ки мехоҳад ба кишвар маводи сӯхт ворид кунад, бояд аз “Фароз” иҷозатнома гирад ва сари ҳар тоннаи ворид кардааш маблағ супорад.

Ба назари огаҳони умур, инҳисори бозори маводи сӯхт аз ҷониби ширкати “Фароз” сабаби боло рафтани нархи сузишворӣ дар кишвар гардидааст.

Баргузории форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе

0

Сарвазири Қазоқистон Роман Скляр барои иштирок дар ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки қарор аст фардо 17 март баргузор гардад, ба Душанбе ташриф овардааст.

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду давлат матраҳ мегарданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар назар аст пагоҳ дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардад, ки дар он масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат баррасӣ мешаванд.

Ҳамасола нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон доир мешавад ва дар ҳар ҷаласае дар ҳаҷми миллионҳо доллар шартномаҳои тиҷоратӣ байни ин ду кишвар баста мегардад.

БО ПАРВАНДАИ СОХТА МОРО ЗИНДОНӢ КАРДАНД!

0

Шуҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллои Раҷаб, маҳбуси сиёсӣ ва собиқ узви Раёсати Олии ҲНИТ дар саҳифаи фесбукияш матлаби шеъриеро нашр карда, ки зоҳиран аз эҷодиёти худи Раҳматуллои Раҷаб мебошад, ки аз дохили зиндон навиштааст.

Раҳматуллои Раҷаб дар ин шеъри худ аз бегуноҳ ба зиндон маҳкум шудан ва ноадолитиҳо нисбати худ ва ҳаммаслаконашро ба риштаи назм даровардааст.

Bei Facebook anmelden
Melde dich bei Facebook an, um dich mit deinen Freunden, deiner Familie und Personen, die du kennst, zu verbinden und Inhalte zu teilen.

                М У Н О Ҷ О Т

Ай Худои меҳрубон дарди дилам даво кун,

Ин дили озурдаро аз банди ғам раҳо кун.

***

Мо бандаи Аллоҳем уммати Расулаллоҳ,

Ҳар амри он зоти пок иншоаллоҳ орем ба ҷо.

Роҳу равиши сарвар сармашқи зиндагӣ аст,

Дар амал татбиқи он имону бандагӣ аст.

Бо амри тақдири ӯ зиндон шуд макони мо,

Умеди кафоратро дорем талаб аз Худо.

***

Бадхоҳони худхоҳу кинаву адоватдор,

Динситезу беномус, бадкору бенангу ор.

Бо парвандаи сохта моро қурбонӣ карданд,

Шарм аз Худо накарда, моро зиндонӣ карданд.

Дар айни бегунохӣ, дар бандему маҳбусем,

Ҳам бемору нотавон, озурдаву маъюсем.

Созмонҳои ҷаҳонӣ ҷор мезананд аз дифоъ,

Аз даромади ҳангуфт мекунанд кайфу сафо.

Ҳаммаслакон дар хориҷ гӯё дар фикри моянд,

Бо дархости чанд талаб моро ҳимоят доранд.

Масъулони давлатӣ моро душман мехонанд,

Бар аҳли хонадонмон таҳқир раво медонанд.

Эй соҳибони даврон надоред тарс аз Худо,

Бо қатъият гӯем мо бас дигар ҷабру ҷафо!

***

Парвардигори олам дарди дилам даво кун,

Ҷигарбандони моро аз ҷабру зулм раҳо кун.

Дуъои мо бипазир, эй яктои чорасоз,

Наҳзатиёни моро аз зиндонҳо озод соз.

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб

11.03.2021с. Зиндон-Душанбе

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб 5-уми июни соли 1958 дар деҳаи Такназарии ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1982 Донишкадаи омӯзгории Душанбе ва соли 1990 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст.

Раҳматуллои Раҷаб дар замони Шӯравӣ дар кумитаи омори Тоҷикистон кор мекард. Ӯ соли 1990 ба ҷунбиши Растохез пайваст ва соли 1992 муовини мудири барномаҳои ТМТ – Телевизиони мардумии Тоҷикистон – таъйин шуд.Ӯ солҳои 1994-1996 сармуҳосиби Иттиҳодияи давлатии кооперативии ГКО “Роҳсоз”, сипас солҳои 1999-2004 дар созмони имдодии “Mission East” фаъолият карда, солҳои 2005-2006 дар нашрияи “Миллат” кор кардааст.

Раҳматуллои Раҷаб солҳои 2006-2007 дар чопхонаи ҶДММ “Рафиграф” ба ҳайси ҷонишини мудир кор карда, сипас дар ҲНИТ ба кори ҳизбӣ гузашт. Ӯ ҳамчун корманди Шӯъбаи кадрҳо ва омӯзиши сиёсии ҲНИТ фаъолият намуда, аз соли 2006 корманди Шӯъбаи интихоботӣ ва соли 2007 раиси Шӯъбаи интихоботии ҲНИТ кор карда, соли 2010 узви РО ҲНИТ шуд ва соли 2013 раиси ноҳияҳои тобеи марказӣ дар ҲНИТ интихоб шуд.

Раҳматуллои Раҷаб 16-уми сентябри соли 2015 ҳамроҳи 12 тани дигар аз роҳбарони ҲНИТ дастгир шуд ва моҳи июни соли 2016 бо ҳукми Додгоҳии олии Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Раҳматуллои Раҷаб ҳоло дар колонияи низомаш сангин дар Муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ адои ҳукм мекунад.

Раҳматуллои Раҷаб соҳиби 5 фарзанд аст.

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Тамринҳои махсуси воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон

0

Воҳидҳои иктишофии пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, барои пайдо ва безарар кардани як гурӯҳи калони мусаллаҳи ғайриқонунӣ машқҳои махсус гузаронданд. Дар ин бора РИА новости хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона, дар ин тамринот беш аз 500 нафар низомиён ширкат доштанд.

Тибқи барномаи тамринот, гурӯҳе аз террористҳои шартӣ қасд доштанд, дар иншооти ҳарбии Русия тахрибкорӣ кунанд, аммо онҳоро бо ёрии дастгоҳи бесарнишини “Тахион” ёфтанд.

Пойгоҳи низомии 201 мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар хориҷ аз кишвар ба шумор меравад. Бино ба баъзе маълумотҳо то 7 ҳазор афсару сарбоз дар ин пойгоҳ адои хидмат мекунанд ва тибқи тавофуқоти Душанбе ва Маскав то соли 2042 дар хоки кишвар бидуни пардохти молиёт боқӣ хоҳанд монд.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар як суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки пойгоҳи 201-ум “омили муҳими амният дар Тоҷикистон” аст, вале дар айни замон гуфт, Маскав “бо назардошти таҳдидҳои идомаёбанда аз қаламрави Афғонистон” дар навсозии артиш ва тақвияти марзи давлатӣ ба Тоҷикистон ёрӣ хоҳад кард.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов ба “Sputnuk” гуфта буд, ки дар омода кардани кадрҳои низомӣ Русия кумакашро ба низомиҳои тоҷикистонӣ мерасонад. Ба гуфтаи сафир, ҳамасола тақрибан ҳазор фармондеҳи сатҳи миёна дар пойгоҳи 201 таълими гуногуни низомӣ мегиранд.

Ба назари мухолифон ҳузури густардаи низомии Русия дар Тоҷикистон истиқлолу тавоноии нерӯҳои кишварро зери суол мегузорад.

Шаш давлат пайи ҳам истифода аз ваксинаи “AstraZeneca”-ро мутаваққиф карданд

0

Ирландия шашумин кишварест, ки тазриқи ваксинаи “AstraZeneca”-ро мутаваққиф кард. Дар пайи истифода аз ин ваксин дар Шветсия ҳолати лахт бастани хун дар як бемор сабт шуда, аммо дар Италия боиси марги як зан шудааст. Вале мутахассисон мегӯянд, иллати марги ин зан то ҳол маълум нест, ки дақиқан ба ваксин рабт дошта бошад.

Ба гузориши (DW) Вазорати беҳдошти Ирландия дар Дублин гуфта, ки дар пайи мушоҳидаи лахта шудани хун ҳангоми задани ваксинаи “AstraZeneca”, ҳукумати Ирландия бо мақсади эҳтиёт аз истифодаи ин ваксина худдорӣ мекунад.

Аввалан, Дания ваксинзаниро бо ваксинаи “AstraZeneca” муваққатан қатъ кард. Ба дунболи он Норвегия, Исландия, Булғористон ва Австрия истифодаи ин ваксинаро низ мутаваққиф карданд.

Италия низ ин ваксинаро пас аз марги як зане, ки аз ин ваксина ба ӯ зада шуд, аз истифода берун кардааст.

Робита байни лахтаҳои хун ва ваксинаи “AstraZeneca” ҳанӯз муайян карда нашудааст. Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Ожонсии доруии Аврупо низ тардид дар мавриди бехатар будани ваксинаро инкор мекунанд.

Барномаи беҳдоштии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд

0

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 12 марти соли равон дар ин вазорат барномаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо муаррифӣ гардид.

Барномаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар назар гирифта шудааст.

Дар ҷаласаи мазкур вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Виктор Олчавски, роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осама Маккави, Намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмонии ҳамкории байналмиллалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Барномаи мазкур дар чорчӯби Стратегияи миллии рушди соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2010-2030 роҳандозӣ шуда ва ҳадаф аз пиёдасозии ин тарҳ кумак расонидан ба фарогирии ҳамаҷонибаи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон, тақвияти мудирияти бахши беҳдоштӣ ва механизмҳои маблағгузорӣ дар ин соҳа инчунин назорати дақиқи системаи пешгирии бемориҳои сироятӣ дар тамоми системаи расонидани кӯмаки тиббӣ ва ғайра мебошанд.

Рад шудани дархости вакили дифои Алмосбек Отамбоев аз ҷониби додгоҳи Қирғизистон

0

Имрӯз 12-уми феврал додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон иваз намудани ҷойи ҳабси Президенти собиқи ин кишвар Алмосбек Отамбоевро рад кард.

Дар ин бора Замир Жоошев, вакили дифои Отамбоев дар суҳбат бо “Аzattyk” гуфтааст, ки ӯ аз додгоҳ дархост карда буд то зерҳимояаашро таҳти ҳабси хонагӣ қарор бидиҳад вале рад шуд.

“Амалкарди додгоҳҳо, ҳам ноҳиявӣ ва ҳам шаҳрӣ маро дар ҳайрат мегузорад. Ба назар мерасад, ки онҳо мунтазири фармон аз боло ҳастанд. Онҳое, ки бо ҳамин моддаи КҶ ҶҚ гунаҳкор шудаанд, ба ҳабси хонагӣ гирифта шуданд. Онҳое, ки беморанд дар бемористонҳои хусусӣ муолиҷа мешаванд. Вале Алмосбек Отамбоевро на танҳо барои ҳабси хонагӣ раҳо намекунанд, балки имкон намедиҳанд, ки саломатияшро барқарор кунад”, – гуфтааст Жоошев.

Ҳамчунин бо қарори Додгоҳ муҳлати будубоши Отамбоев дар ҳабси пешакӣ то 7-уми апрел тамдид шуд.

Дар ҳоли ҳозир собиқ раиси ҷумҳури Қирғизистон дар маҳбаси №47 ҷое, ки дар охири моҳи декабр бар асари беморӣ аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба онҷо бурда шуд, қарор дорад.

Отамбоев ба даст доштан дар фасод, қонунӣ кардани даромадҳои ҷиноӣ, сарватандӯзии ғайриқонунӣ, ғайриқонуни соҳиб шудан ба сарватҳои табӣ ва ғайра муттаҳам мешавад.

Алмосбек Отамбоев 17 сентябри соли 1956 дар Арашан, вилояти Фрунзе ба дунё омадааст. Ӯ аз 1 декабри соли 2011 то 24 ноябри соли 2017 ба ҳайси президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ифои вазифа намуд. Ҳамчунин Сарвазири 12 ва 16-уми Ҷумҳурии Қирғизистон буд.

Ба фарқ аз аксар президентҳои дигари Осиёи Марказӣ Отамбоев кӯшиш накардааст, ки ваколатҳои худро пас аз мӯҳлати пешбининамудаи Конститутсия дароз кунад ва ҳокимиятро ба Сооронбай Жээнбеков супорид.

Дар моҳи июни соли 2019, парлумони ҷумҳурӣ бинобар иттиҳомоте, ки алайҳи ӯ эълон шуд ва боиси оғози як қатор парвандаҳои ҷиноӣ гардид, ӯро аз мақоми президенти собиқ ва масуният маҳрум кард.

Вазорати маориф ва илми Руссия 13 нафарро аз унвонҳои илмияшон маҳрум хоҳад кард?

0

Раёсати КОА (ВАК)-и Вазорати маориф ва илми Русия барои маҳрум сохтани 13 нафар аз унвони илмӣ раъй дода аст, ки дар миёни онҳо як тоҷикистонӣ низ ҳаст. Дар ин бора пойгоҳи интернетии “Диссернет” хабар медиҳад.

Раёсати Комиссияи олии атестатсионӣ (ВАК)-и Вазорати маориф ва илми Русия тавсия додааст, ки дараҷаи илмии 13 нафар бекор карда шавад. Ин пойгоҳ менависад, 5 март “ВАК” тавсия дод, ки ёздаҳ табибро аз унвони илмӣ маҳрум кунанд. Дар миёни онҳо се нафар дипломи докторӣ, инчунин як биолог ва як номзади илмҳои кишоварзӣ хастанд.

Диссернет менависад, ки ин сенздаҳ нафар алокаманд ба “Диссернет” мунтазири фармони ниҳоии Вазорати маориф ва илми Русия ҳастанд.

Абдурасул Сангинов “олими тоҷик” дар моҳи марти соли гузшат аз сӯи Диссернет ба асрадуздӣ муттаҳам шуд, ки ба иддаои ин пойгоҳ Сангинов кори илимии худро аз корҳои илмии чанд олими рус, аз ҷумла Андрей Горохов, Сергей Шевчуков ва дигарон рӯйбардор кардааст.

Худи Абдурасул Сангинов дар бораи ин хабар ба Азия-Плюс гуфта, ки аз ин тасмими КОА-и Русия хабар надорад.

Абдурасул Сангинов дар сухбат бо Азия-Плюс афзуда, ки “вақте соли гузашта Диссернет маро муттаҳам ба асардуздӣ кард ман ба ин кори онҳо вокуниш нишон дода, посухи расмӣ навиштам. Ба посухи ман аз сӯйи “Диссернет” посух дода нашуд. Ман ба КОА-и Русия рафтам, дар яке аз ҳимояҳо ширкат кардам. Ба ман дар он ҷо гуфтанд, ки ягон чизи ҷиддие нест. Баъдан шароити пандемия пеш омад дигар ягон гапу хабар нашуд”.

Аммо ин ягона мавриди ифшогарии “Дисернет” аз дуздиҳои олимони тоҷик нест. Дар гузашта низ чандин олими тоҷик аз сӯи ин пойгоҳ ба дуздӣ муттаҳам шуданд ва кор ба ҳадде расид, ки дар ин марвид худи раисҷумуҳур Эмоалӣ Раҳмон изҳори назар кард. Бо вуҷуди ин ҳама онҳо вазифаҳои болоро соҳиб шуданд.

Бо як қарори Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Собирзода Нуралӣ Миралӣ, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ки дар гузашта муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар умури иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд, аз ҷониби пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ (плагиат) айбдор мешавад.

“Диссернет” соли 2018 навишта буд, ки Собирзода он вақт Собиров буд, рисолаашро аз рисолаҳои ду олими Русия – Абакар Мудунов ва Геннадий Дробишев рӯбардор кардааст. Дар матн “ширкат”-ро ба “корхона”, “стратегияҳо”-ро ба “стратегия” ва “системаҳо”-ро ба “система” иваз кардаву дар матни аз Дробишев “қарз”-кардааш фақат соҳаи хидматрасонии маиширо ба соҳаи нақлиёт тағйир дода дигар матни рисолаи олими рус дар бораи соҳаи хидматрасонии маиширо бе ягон каму кост ба рисолаи худ дар бораи соҳаи нақлиёт кӯчондааст.

Ҳамин тавр “Диссернет” соли 2018 ба фош кардани даҳҳо мавриди асардуздии олимони тоҷик оғоз карда навишта буд, ки Нуралӣ Собиров, ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар умури хоҷагӣ, ё “савхоз”-и Донишгоҳи миллӣ низ дар ҳаваси унвони илмӣ афтода, 9 июли соли 2009 дар Шӯрои диссертатсионии бадномшудаи Пажӯҳишгоҳи иқтисоди хоҷагии қишлоқи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон рисолаашро дар мавзӯъи “Формирование и развитие рынка транспортных услуг в сельском хозяйстве Республики Таджикистан” ҳимоя карда, номзади илмҳои иқтисодӣ шудааст.

Бар асоси таҳқиқи “Диссернет“, аз 176 саҳифаи рисолаи Собиров 26 саҳифааш аз рисолаи Дробишев ва 82 саҳифаи дигараш аз асари Мудунов пурра ё қисман рӯбардор карда шудааст.  

Зимнан Асадулло Раҳмон, ёрдамчии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили кадрӣ низ бо иттиҳоми сирқати маводи илмии як олими рус аз тарафи “Диссернет” муттаҳам дониста мешавад.

Ҳамчунин Давлаталӣ Сайидзода, муовини аввали сарвазир ва писараммаи раисҷумҳури кишвар ҳам яке аз мансабдорони ҳукумати феълии Тоҷикистон аст, ки “Диссернет” осори дуздии ӯро аз рисолаи илмиаш ифшо кардааст.

Қобилҷон Хушвахтзода, ки рӯзи 24-уми январи 2020 ба мақоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шуд, ӯ низ аз ҷониби “Диссернет” ба он айбдор мешавад, ки 91 саҳифа аз 134 саҳифа матни рисолаи номзадиашро аз як олими рус рӯбардор карда дар матн фақат “вилояти Курск”-ро бо Тоҷикистон иваз кардааст.

Як рӯз пеш мардум як литр бензинро то 10 сомонӣ хариданд

0

Бино ба иттилои “Авеста” дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он як рӯз пеш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ камбуди бензин, ба хусус навъи АИ-92 эҳсос мешуд. Бар асоси ин хабар дар бисёра аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба ронандаҳое, ки барои пур кардани сӯзишворӣ омада буданд, огоҳ карда мешуданд, ки бензин нест. Вале сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ озодона фурӯхта мешуд.

Баъзе ронандагон гуфтаанд, аз сабабе, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бензин набуд, маҷбур шуданд онро аз ҷониби шахсони алоҳида бо нархи 10 сомонӣ барои як литр бихаранд.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, имрӯз бензин дар нуқтаҳои сӯзишворӣ озод фурӯхта мешавад, кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ тасдиқ кардаанд, ки як рӯз пеш камбуди “бензин” буд, аммо шаби гузашта нуқтаҳои сӯзишворӣ бо бензин таъмин шуданд.

Шуруъ аз охири моҳи гузашта нархи тамоми анвои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон якбора гарон шуд. То ин дам нархи як литр бензин 7, 20 сомонӣ буд, аммо ҳоло як литр бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ба 8,10-8,40 сомонӣ баробар шудааст. Нархи гази моеъ низ боло рафтааст, ки як литраш ​​ҳоло 4,5-4,55 сомонӣ мебошад.

Сарвазири Қирғизистон бо имзои як қарор аз 3 марти соли ҷорӣ содироти маводи сӯхт аз қаламрави ин кишварашро ба хориҷи (ЕАЭС) Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ кард. Тоҷикистон узви (ЕАЭС) нест ва ин ба он маъност, ки дигар воридоти маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷокистон манъ шуда аст.

Гуфта мешавад, ки баъд аз ворид нашудани маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар ин кишвар ҳама анвои сӯзишворӣ гарон шуд ва дар баробари ин низ роҳкиро дар қаламрави кишвар боло рафт. Коршиносон ҳам ба ин боваранд, ки ин иқдом маҳз ба хотири Тоҷикистон гирифта шуда аст. Чун Узбекистону Қазоқистон ба нафти қирғизӣ эҳтиёҷ надоранд.

Як ширкати филмсозӣ ҳаёти Манижа Сангинро рӯи навор меорад

0

Ширкати синамои “1-2-3 Production” ба таҳияи як қатор филмҳои мустанад оғоз хоҳад кард.

Дар байни лоиҳаҳо – ҳикояҳо дар бораи навозандагон Манижа ва Басте, ҳикояҳо дар бораи занон, ятимон ва муҳоҷирон мебошанд, ки ба навор гирифта хоҳанд шуд. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС имрӯз 12 март аз Хадамоти матбуотии ин ширкати филмсозӣ иттилоъ доданд.

“1-2-3 Production ба бозори филмҳои мустанад ва сериалҳо ворид шуда, якбора оғоз шудани нӯҳ лоиҳаи ҳуҷҷатиро эълон мекунад: ду филм ва ҳафт сериал”, – гуфтанд аз Хадамоти матбуот.

Мудири лоиҳа Наталя Билан мегӯяд, кори силсилафилми “Ҳаёти дигарон” – дар бораи сарнавишти занҳоест, ки тасмим гирифтаанд ҳаёташонро дигаргун созанд, рӯи навор меояд. Ӯ мегӯяд, қаҳрамони лоиҳаи ӯ овозхони тоҷик Манижа Сангин мебошад, ки имсол Русияро дар озмуни “Eurovision” намояндагӣ мекунад.

Ширкати “1-2-3 Production” соли 2018 аз ҷониби таҳиякунандагони филмҳо Валерий Федорович ва Евгений Никишов таъсис гардида аст. Дар соли 2019 онҳо ба ҷоизаи асосии “TEFI” Русия ҳамчун беҳтарин таҳиякунандагони телевизионии сол сарфароз шуданд.

Ҳафтаи гузашта тариқи як озмуни овоздӣ дар як намоиши махсуси идона аз ҷониби тамошобинон тоҷикдухтар Манижа Сангин ҳамчун иштирокчии Евровидение баранда эълон шуд. Акнун Манижа Сангин Русияро бо таронаи “Russian woman” дар Евровидение-2021, ки рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор мешавад ва дар он сарояндагон аз 41 кишвар ширкат менамоянд, намояндагӣ хоҳад кард.