Хона блог саҳифа 502

Беш аз сад тоҷикистонии фирории ҷанг ба Душанбе баргаштанд

0

Як гурӯҳи тоҷикони иборат аз 110 нафар, ки баъд аз ҷанг дар Украина ба Лаҳистон фирор карда буданд, субҳи 26-уми март ба Душанбе расиданд.

Бино ба иттилои АМИТ Ховар, то имрӯз 413 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла занон, пиронсолон ва ноболиғон ба Ватан баргардонида шудаанд.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, рӯзҳои 11-12-уми марти соли ҷорӣ, 303 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳудуди Украинаро тарк карда буданд, тавассути ҳавопаймоҳои ширкати “Enter Air”-и Лаҳистон, аз Варшава ба Душанбе баргардонида шуданд.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд, аз ҷониби кормандони сафорат дар фурудгоҳ, шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан дода шудааст.

Шуруъ аз бомдоди 24-уми феврал нерӯҳои Русия бо фармони Путин ба хоки Украина ҳамларо оғоз каданд. Маскав ин ҳамларо “амалиёти махсус” ном мебарад, аммо Киев Путинро “ғосиб” хонд. Ва аз оғози ҷанг то имрӯз, ки зиёда аз як моҳ мешавад, беш аз 3 миллион украинӣ ватани худро тарк карданд ва ҳазорҳо нафар бо шумули ғайринизомиён, занону кӯдакон куштаву захмӣ шуданд. Дар миёни гурезагон, ки ба давлатҳои ҳамсоя бо Украина паноҳ бурданд, тоҷикон ва дигар миллатҳо низ зиёд буданд. Бештари онҳо вориди хоки Лаҳистон шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи гурӯҳе аз мухолифини тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, дар Аврупо Ситоди кумак ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар пайи ҷанг аз Укроин ба Аврупо паноҳ мебаранд, ташкил карда, ба садҳо муҳоҷири тоҷик, узбек ва қирғиз кумак карда буд.

Мувофиқати Путин барои музокироти Маскаву Киев дар Истанбул

0

Дар гуфтугӯи телефонии рӯзи якшанбе раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ҳамтои русаш Владимир Путин хостори оташбаси фаврӣ ва сулҳ миёни Русия ва Украина шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Анадолу“, ва хабаргузории русии “ТАСС” Эрдуғон бо ҳамтои русаш дар бораи раванди сулҳ миёни Маскав ва Киев гуфтугӯ карда, бар зарурати оташбаси фаврӣ ва сулҳ миёни Маскаву Киев ва ҳамчунин беҳбуд бахшидани вазъи башардӯстона дар минтақа таъкид кардааст.

Гуфта мешавад, раисҷумҳурони Туркия ва Русия рӯзи якшанбе ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатии ҳайатҳои музокиракунандаи Русия ва Украина дар Истамбул – пойтахти Туркия баргузор мешавад.

Аммо таърихи баргузории музокироти навбатӣ байни Маскав ва Киев ва инчунин дар кадом сатҳ анҷом шудани он чизе гуфта нашудааст.

Аз ин пеш 10-уми марти соли ҷорӣ музокироти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина дар Истанбул доир гашт, ки онро вохӯрии баландтарин сатҳи ду ҷониб аз оғози ҷанг арзёбӣ карданд, вале бенатиҷа анҷомид.

Ва то ҳол аз музокироти анҷомшудаи ҳайатҳои ду ҷониб чандон натиҷаи хубе ҳосил нашудааст.

Чандест мақомоти Туркия талош доранд тарафҳои даргирро розӣ кунанд то музокироти онҳо дар сатҳи раисҷумҳурони Русия ва Украина баргузор шавад. Дар ин хусус раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский борҳо дархости мулоқоти рӯ ба рӯ бо Путинро карда буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбе сухангӯи Кремлин Дмитрий Пасков гуфт, ки дар мавриди мулоқоти Путин бо Зеленский ҳеч пешрафте ба даст наомадааст.

Додгоҳи Шербинский беш аз 20 муҳоҷири тоҷику узбекро зиндонӣ кард

0

Рӯзи 25-уми март додгоҳи Шербинскии Маскав 43 нафарро бо гумони иштирок дар занозании гурӯҳии рӯзи сешанбе дар Маскави Нав

Гуфта мешавад, дар байни маҳкумшудагон беш аз 20 нафарашон зодагони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳастанд.

Мақомоти Маскав гуфтаанд, дар ин занозании гурӯҳӣ муҳоҷирон бар зидди ҳамдигар аз корду калтакҳо истифода кардаанд, ки баъзеашон бо захмҳои зиёд ба бемористон мунтақил шуданд.

Тавре пештар расонаҳои русӣ хабар дода буданд, дар натиҷаи ин ҷанҷоли гурӯҳии байни муҳоҷирон дар Маскав як зодаи Тоҷикистон бо зарби корд аз ноҳияи қафаси сина ва пойи рост маҷруҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 22-юми март дар хиёбони Скандинавский дар Маскави Нав задухурди гурӯҳии муҳоҷирон рух дод. Он замон хабар дода буданд, ки беш аз 20 нафар дар занозанӣ ширкат карда, чанд нафар захмӣ шудааст. Сабаби муноқиша баҳсҳои дохилӣ гуфта мешавад.

Тими футболи Тоҷикистон бо Уганда бозӣ мекунад

0

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Наврӯз-2022” бо тими Уганда бозӣ мекунад.

Расм аз FFT.TJ

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ рӯзи 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Намангони Узбекистон соати 15:30 баргузор машавад.

Дар бозии дигари даври ниманиҳоии ин мусобиқа, худи ҳамин рӯз низ тимҳои Узбекистон ва Қирғизистон бозӣ мекунанд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар даври ниҳоии мусобиқа барои ҷойи аввал ва мағлубшудагон барои ҷойи севвум бозӣ хоҳанд кард.

Ташкилкунандаи “Ҷоми Наврӯз-2022” Ассотсиатсияи футболи Узбекистон мебошад.

Қадрдонии Чин аз Толибон

0

Вазири корҳои хориҷии Чин дар сафари аз пеш эълон нашуда, вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шудааст.

Акс аз хабаргузории “Бохтар”

Хабаргузории Бохтари Афғонистон иттилоъ дода, ки “Вазири корҳои хориҷии Чин дар як сафари веже вориди Кобул шуд ва мавриди истиқболи мавлавӣ Амрихон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон қарор гирифт.”

Ба иттилои манбаъ, Амрихон Муттақӣ бо Вонг Йе дар бораи масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, тронзитӣ, даҳлезҳои ҳавоӣ, интиқоли амвол, бурсия таҳсилӣ, виза ва оғози кор дар бахши маъдан гуфтугӯ кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Чин равобити Афғонистон бо Чинро таърихӣ арзёбӣ карда, мухолифати худро бо ҷорӣ намудани таҳримҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бар Афғнистон эълон кардааст.

Инчунин Вонг Йе дар ин дидор аз ҳукумати Толибон “ба далели тағйироти мусбат ва амният қадрдонӣ карда” гуфтааст, ки кишвараш барои рушди Афғонистон кумакҳояшро идома хоҳад дод.

Гуфтанист, қадрдонии Вазири корҳои хориҷии Чин аз Толибон дар замоне иттифоқ уфтода, ки Толибон ба ваъдаҳои худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба бозгӯшоии мактабҳо ба рӯи тамоми духтарони Афғонистон амал накарданд.

Ин амр боис шуда, ки тайи ду рӯзи ахир манъ кардани духтарони аз синфи шаш ба боло ба мактабҳои Афғонистон дубора дар сархати расонҳои дунё ҷой гирифта, Толибон мавриди интиқодҳои тунде дар дохил ва хориҷ аз Афғонистон қарор гирифтаанд.

Захмӣ шудани як тоҷикистонӣ дар занозании муҳоҷирон дар Маскав

0

Дар натиҷаи занозании гурӯҳӣ дар байни муҳоҷирон дар Маскав як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон бо зарби корд захмӣ шудааст.

Хабаргузории давлатии Русия “Тасс” иттилоъ дода, ки дар натиҷаи ҷанҷоли гурӯҳӣ байни муҳоҷирон дар Маскав як зодаи Тоҷикистон бо зарби корд аз ноҳияи қафаси сина ва пойи рост маҷруҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ: “Дар натиҷаи як занозании оммавӣ дар хиёбони Скандинавский дар Маскави Нав як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1997 ҷароҳат бардоштааст. Ӯ бо захми корд аз қафаси синааш дар беморхонаи клиникии шаҳрӣ бо номи С.С. Юдин бистарӣ шудааст.”

Бино ба иттилои расонаҳо шоми 22-уми марти соли ҷорӣ дар хиёбони Скандинавский дар Маскави Нав соати 21:20 ба вақти маҳаллӣ задухурди гурӯҳии муҳоҷирон ба қайд гирифта шуда буд. Он замон хабар дода буданд, ки беш аз 20 нафар дар он ширкат карда, дар натиҷаи занозанӣ як нафар бо зарби кор ҷароҳат бардоштаааст.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин занозании гурӯҳӣ дар байни муҳоҷирон байни шаҳрвандони кадом кишварҳо ба қайд гирифта шудааст, аммо мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар пайи ин занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Маскав 43 нафарро боздошт карда, нисбат ба онҳо парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ боз карда, тафтишот идома дорад.

Ҷанги Украина нархи хӯрокаро дар Русия бесобиқа гарон кард

0

Дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои Русия ба таври бесобиқа гарон шудааст.

Тавре Хадамоти федералии давлатии омор (Росстат)-и Русия хабар медиҳад, нархи шакар дар Федератсияи Русия дар як ҳафтаи гузашта то 13,8% боло рафтааст.

Ба гузориши сомонаи “Sugar.ru“, бо такя ба иттилои ниҳоди давлатии омор, давоми чанд рӯзи ахир дар Русия нархи тамоми маҳсулоти ниёзи аввал ба таври назаррас гарон шуд. Ба хусус нархи шакар дар муқоиса бо ҳафтаҳои пеш танҳо дар як ҳафтаи ахир 12,8% боло рафта ва аз аввали сол бошад 37,1% гарон шудааст.

Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта, аз 12 то 18-уми март дар бозорҳои ғизои ин кишвар баландтарин суръати афзоиш нархҳо мушоҳида шудааст.

Ҳамчунин нархи меваю сабзавот ба хисоби миёна 3,8% афзуда, нархи пиёз дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта то 13,7% боло рафт. Нархи баъзе дигар махсулоти меваю сабзавот низ бо суръат гарон мешавад.

Дар ҳамин ҳол Русия содироти шакарро, ки ниёзи аҳолии худаш ба он бештар шудааст, ба кишварҳои хориҷ, ба хусус ба Тоҷикистон мамнуъ эълон кард.

Ба ҳисоби коршиносони соҳа, дар буҳронҳои Русия кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ин кишвар муҳоҷирони кории зиёд доранд, зарбаи аввалро мехӯранд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳуҷуми Русия ба Украина рӯзи 24-уми феврал Амрико, Аврупо ва чандин кишвари дигар алайҳи ин Русия таҳримҳои шадиди иқтисодӣ ҷорӣ карданд. Дар пайи ин таҳримҳо даҳҳои ширкатҳои бузург бозори Русияро тарк карданд, ки ин ҳама боиси гаронӣ ва бекор мондани аҳолии шудааст.

Тоҷикистон: Толибон то ҳол шарти асосии ҷомеаи ҷаҳониро иҷро накардааст

0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар 48-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ  (СҲИ) дар Исломобод, аз то ҳол ташкил нашудани ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон изҳори таасуф кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ бар зарурати фаъол кардани нақши Созмон ва таҳкими муколамаи кишварҳои узв дар ҳалли масоили доғи кишварҳои мусалмонӣ таъкид карда, кишварҳои узви ин созмонро ба тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм ва таҳдиду чолишҳои замони муосир даъват кард.

Дар идома вазири корҳои хориҷа дар масъалаҳои марбут ба Афғонистон ва таъсири манфии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ суханронӣ намуда гуфтааст, ки мутаассифона, то ҳол шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маъмурияти ҳозираи Афғонистон – ташкил намудани ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар иҷро нагардидааст.

Аз замони ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз онҳо талаб доранд, ки барои эътирофи ҳукуматашон бояд як ҳукумати ҳамашумул ташкил диҳанд. Аммо худи Толибон иддао доранд, ки ҳукумати сохтаашон ҳамашумул аст.  

Саудӣ: Рафти намозҳоро аз тариқи шабакаҳо пахш накунед

0

Арабистони Саудӣ дар як иқдоми камсобиқа ба наворгирӣ ва пахши мустақими рафти намозҳоро дар моҳи рамазон манъ кард.

Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ (SPA), имрӯз, 23-уми марти соли 2022 хабар дод, ки Вазорати умури дин, даъват ва иршоди ин кишвар ба тамоми масъулини масҷидҳо дар сартосари ин кишвар дастур дода, ки аз ҳар гуна пахш ва ба наворгирии имомони масоҷид ва намозгузорон дар вақтҳои намоз худдорӣ кунанд.

Вазорати умури дин, даъват ва иршоди Саудӣ ба масъулини масҷидҳо, аз ҷумла имомҳо ва муззинон таъкид карда, ки давоми моҳи рамазон барои азон ва имоматӣ дар намозҳо мунтазам ва доимӣ дар масҷидҳо ҳузур дошта бошанд.

Дар ин қарори вазорат ба азонгӯҳо ва имомон гуфта шуда, дар вақти намозҳо аз истифодаи дурбинҳо (камераҳо)-и масҷидҳо барои ба наворгирии имомҳо ва намозгузорон истифода накунанд.

Инчунин таъкид гардид, ки рафти намозҳоро ба расонаҳо накӯчонанд ва аз пахшҳои мустақими намозҳо низ бо ҳар василае, ки бошад, худдорӣ намоянд.

Дар ин қарор дар бораи Масҷиди Ҳаром ва Масҷиди Набавӣ, ки маъмулан дар рамазон ва ғайри рамазон рафти намозҳо, имомони вақт ва намозгузорон наворгирӣ ва дар аксари вақтҳо ба таври мустақим нашр мешаванд, чизе гуфта нашудааст.

Бо ин вуҷуд, ин қарори Вазорати умури дин, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокунишҳои аксаран манфӣ рӯбарӯ гардида, корбарон мегӯянд, ки дар гузашта ҳамеша дар моҳҳои рамазон аз пахшҳои мустақими дарсҳо ва қироати имомони масоҷид баҳраманд буданд, аммо акнун ҳукумат бо ин қарораш мехоҳад имомон ва хатибонро аз суханронӣ ва тиловат боздорад ва ё доираи амали онҳоро маҳдуд кунад.

Дари мактабҳо барои духтарони афғон боз шуд, аммо на барои ҳама

0

Толибон мувофиқи ваъдаи аз пеш додаашон, рӯзи 23-юми март дари мактабҳои миёнаро барои духтарони афғон боз карданд, аммо на барои ҳама.

Давлати Толибон барои духтарон иҷозати дарс хондан дар мактабҳоро додааст, аммо ин иҷозат танҳо барои духтарони то синфи 6 дода шудааст. Барои духтарони аз 7 то 12 иҷозат нашуда, ки ба дарс ҳозир шаванд.

Моҳи августи соли гузашта пас аз ба дасти Толибон афтодани ҳукумати Афғонистон, дари мактабҳои Афғонистон муваққатан баста шуданд. Дар нимаи моҳи сентябр раванди таълим дубора оғоз шуд, аммо танҳо барои писарон.

Моҳи январи соли ҷорӣ сухангӯи Толибон Забиҳулло Муҷоҳид гуфта буд, ки аз оғози соли нави хониш, яъне баъд аз 21-уми март ба духтарон иҷозаи таълим дар мактабҳо дода мешавад.

Аммо Вазорати маорифи Толибон имрӯз гуфт, ки мактабҳо барои духтарони аз синфи 6 боло баста боқӣ мемонад. Гуфта мешавад, ки мактабҳо барои духтарон танҳо баъд аз таҳияи барномаи таълимӣ бар асоси шариати исломӣ ва фарҳангу анъанаҳои маҳаллӣ боз хоҳанд шуд.

Бархе аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар аз тасмими Толибон дар бораи боз кардани мактабҳо барои духтарон ситоиш карда буданд, ҳарчанд ба ин тасмим шубҳа доштанд. Ҳизер Барр, сухангӯи Созмони Дидабони ҳуқуқи башар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “изҳороти Толибон аксаран аз амалкардашон фарқ дорад.”

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми феврал тамоми донишгоҳҳои Афғонистон раванди таълимро, ки қатъ шуда буд, барои донишҷӯёни писар ва духтар аз сар гирифтанд. Писарон ва духтарон алохида дарс мехонанд, барои духтарон устодони зан ва барои писарон мардҳо дарс медоданд.