Рӯзи 29-уми март ҳайати музокиракунандаи Украина ва Русия дар Истанбул давраи навбатии музокироти худро гузарониданд. Дар ибтидои ин вохӯрӣ раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ширкат ва суханронӣ намуд.
Акс аз “РИА Новости”
Ҷониби Туркия музокироти навбатии ҷонибҳоро пурсамар хонд. Пас аз се соати гуфтушунид муовини вазири дифои Русия Александр Фомин ба хабарнигорон гуфт, Русия нерӯҳояшро аз аӣрофи Киев ва Чернигов ба самти Шимол қафо мекашад.
“Ба хотири тақвияти эътимоди байниҳамдигарӣ ва заминасозӣ барои гуфтугӯҳои ояндаву расидан ба ҳадафи ниҳоӣ, қарор шуд фаъолияти низомӣ дар самтҳои Киев ва Чернигов шадидан кам карда шавад”, – гуфт муовини вазири дифои Русия.
Ба иттилои расонаҳо, ин нишаст бо ҳузури вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон, Покистону Эрон, Ӯзбекистон ва бо шумули сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Амирхон Муттақӣ баргузор мегардад.
Инчунин дар ин нишаст вазири корҳои хориҷии Русия Сегей Лавров ва вазирони корҳои хориҷии Қатар ва Индонезия низ ба унвони меҳмонони вежа даъват шудаанд.
Рӯза гирифтани моҳи мубораки рамазон яке аз рукнҳои панҷгонаи дини ислом буда, мусалмонони ба синни балоғат расидаву сиҳатманд вазифадор ҳастанд, ки тӯли як моҳ аз дамидани субҳ то шом рӯза бигиранд.
Гуфта мешавад, тибқи маъмул рамазон бо дидани моҳи нав оғоз мешавад, аммо бо пешрафти илм ин имкон низ муяйсар шуда, донишмандон метавонанд пеш аз оғози моҳҳои қамарӣ низ оғозу анҷоми моҳҳоро муайян кунанд.
Тоҷикистон танҳо кишваре, нест, ки 2-юми апрелро аввали рамазон эълон кардааст, балки пеш аз он бархе донишмандони Ҷуҳурии арабии Миср ҳам 2-юми апрелро аввали моҳи мубораки рамазон эълон карда буданд.
Дар аксар мағозаҳои хуроквории бузурги шаҳрҳои Русия шакару намак ёфт намешавад. Агар пайдо ҳам шавад, хеле гарон аст.
Акс аз навори фиристодаи корбарон гирифта шудааст
Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Иркутски Русия дар тамос бо Аздо тв гуфтанд, дар мағозаҳо орду шакар ва ҳатто намак камёфт шудааст. Агар пайдо ҳам шавад, хеле гарон аст. Ба гуфтаи онҳо, орду шакар, ба мағозаҳо дер мерасад ва расидан баробар тамом мешавад.
Тавре корбарон мегӯянд, нархи як кг шакар дар мағозаҳои шаҳри Иркутск аз 34 рубл то ба 100 рубл расида, як кг намак аз 7 ба 22 рубл ва як халта орд аз 1200 рубл ба 1750 рубл расидааст.
Ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ҳатто ҳолате пеш омад, ки барои хӯроки субҳона аз мағозаҳо на намак пайдо карданд ва на шакар. “Бе намак хӯрокро хӯрдан хеле душвор будааст, ба ин ҳолат расиданро мо умуман тасаввур намекардем”, мегӯяд як ҳамсуҳбати Аздо тв.
Аммо сокинон аз ноҳияи Дарвоз дар тамос бо Аздо тв маълумоти КҲФ-ро рад карда, мегӯянд, ки сел беш аз 12 хона ва боз чанд макони дигарро хароб кардааст. Аммо мақомот дар фикри онҳо нестанд.
Сокинон бо ирсоли чанд навор аз вуқуи сел ба Аздо тв ва хароб дода, гуфтанд, ки “Сел дар ноҳия 12 хона ва парки Шералӣ Кабир ва ҷойҳои зиёди дигарро хароб кардааст, касе дар фикри мо нест.”
Қирғизистон барои тақвияти марзҳояш бо Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор”, аз Имороти Муттаҳидаи Араб 40 мошини зиреҳпӯш, аз Русия 55 мошини зиреҳпӯши “Тигр” ва 50 мошини “КАМАЗ” харидааст.
Қамчибек Ташиев раиси КДАМ-и Қирғизистон дар суҳбат бо расонаҳо аз хатарнок будани вазъ дар марз бо Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, ки ин техникаҳои нав барои ҳимояи амнияти кишвараш ба вилояти Бодкенд фиристода мешаванд.
Ташиев мегӯяд, барои хариди техникаҳои нав аз будҷаи давлатӣ ҳудуди 2 миллиард сом (беш аз 20 миллион доллар) ҷудо шуда, аз касе барои хариди онҳо кумак нагирифтаанд.