Хона блог саҳифа 518

Пешигирӣ аз қочоқи 229 кг маводи мухаддири тоҷикистониён дар Узбекистон

0

Кумитаи давлатии гумруки Узбакистон аз талоши қочоқи 229 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия ҷилавгирӣ кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Акс аз сомонаи “l-a-w.ru”

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ин ниҳод, рӯзи 15 феврал дар гузаргоҳи “Ойбек”, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҳангоми тафтиш аз як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон тавассути Узбекистон ба Русия ҳаракат мекард, 232 бастаи маводи мухаддири героин бо вазни умумии 229 килло ёфт ва мусодира шуда.

Аммо ин мошини боркаши аз гузаргоҳи “Фотехобод”-и Тоҷикистон чӣ гуна бидуни монеае гузашта то гузаргоҳи “Ойбек”-и Узбекистон расидааст, инчунин он ба кӣ тааллуқ доштанаш маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин маврид расман вокунише накардаанд.

Ин бори аввал нест, ки кормандони гумруки Узбекистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убур маводи нашъадор пайдо мекунанд. Моҳи ноябри соли 2021 низ дар ҳамин гузаргоҳи “Ойбек” аз дохили як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон ба Русия ангур мебурд, беш аз 150 килло маводи мухаддир ёфт ва мусодира карда буданд.

Таҳдиди Толибон ба Тоҷикистону Узбекистон

0

Сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Толибон гуфта, ки нерӯҳои пешмаргаи онҳо дар марзҳои Тоҷикистону Узбекистон ҷобаҷо шуда, “дар сурати кӯчактарин таҳдид аз сӯи ҳар кишвари ҳамсоя амали барқосо хоҳанд кард.”

Фасеҳуддин Фитрат,

Пеш аз ин Толибон эълон карда буд, ки “10 ҳазор артиши муқтадир ва то дандон мусаллаҳ бо мудернтарин таҷҳизоти системи НАТО ва Амрико дар вилоёти Шимол ва Шимолу Шарқ ҷо ба ҷо” хоҳанд шуд.

То ҳол Тоҷикистону Узбекистон ба ин таҳдидҳои ахири Толибон расман вокуниш нишон надодаанд.

Аммо Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон эълон кард, ки нерӯҳои ҳарбии он дар ҳоли баргузории тамринҳои низомӣ бо ҷангандаҳои МИ 24 ҳастанд.

Интерфакс ҳам иттилоъ дода буд, ки “пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тамринҳои худ бо ширкати чархболҳои ҷангӣ ва системаи дифои дурпарвози ҳавоии S-300PS (ҳифозати ҳавоӣ)-ро оғоз кардааст.”

Вакили Порлумони Аврупо: Тоҷикистон бояд саркӯби бадахшониҳоро қатъ кунад

0

Вакили Порлумони Аврупо аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз бадтар шудани вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даст аз саркӯби сокинони он бардорад.

Виола Фон Крамон, намояндаи Парлумони Аврупо дар Твиттераш аз вазъи Бадахшони ибрози нигаронӣ намуда, дар навиштаи худ саҳифаи ҳукумати Тоҷикистонро қайд кардааст.

“Мо муноқиша дар ВМКБ-ро, ки метавонад бо қувваи нав аланга гирад, хеле нодида мегирем. Барои ҷилавгирӣ аз ин Ҳукумати Тоҷикистон бояд саркӯби бадахшониҳоро қатъ кунад, интернетро барқарор ва кушторҳоро таҳқиқ кунад”,- навиштааст Крамон.

Қаблан вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи бонуфузи бритониёии “The Guardian” изҳор дошт, ки “мо дар бораи дархости маълумот ва қабули қарор дар бораи ҳодисаҳои моҳи ноябр, ки ҳанӯз ҳам оқибатҳои хуб надорад, баррасӣ дорем, зеро дар ВМКБ мардум аз озодии баён тамоман маҳруманд ва хонаводаҳои кушташудагон талаби адолат доранд.”

Дар идома ӯ қайд карда буд, ки истифода аз нерӯи аз ҳад зиёд ва тирандозӣ ба сӯи эътирозгарон, ҳатто агар онҳо санг ҳам партоянд, қобили қабул нест ва хушунатҳоро бештар мекунад. Ин ҳодисаҳо бояд фавран тафтиш карда шаванд ва ҳамаи онҳое, ки аз салоҳияти худ баромадаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Вазъияти ҷамъиятию сиёсии ВМКБ зиёда аз ду моҳ боз муташанниҷ боқӣ мемонад. Сабаби муноқишаҳо дар моҳи ноябри соли гузашта кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини маҳаллӣ дар ҷараёни амалиёти вежаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Зиёда аз ду моҳ аст, ки иртиботи интернетӣ баста шуда, воҳидҳои изофии низомӣ дар ин минтақа мустақар шудаанд. Мақомот талаб дорад, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров ва чанд сокини дигари ин вилоят худро таслими мақомот кунанд, аммо онҳо худро гунаҳкор намеҳисобанд ва мардум ҳам мегӯянд, то охир аз Мамадбоқир ва дигарон ҳимоят мекунанд.

Муҳоҷири тоҷик ду корманди полисро бо корд захмӣ кард

0

Як муҳоҷири тоҷик ду корманди полисро дар Маскав бо зарбаи корд захмӣ кардааст. Дар ин бора сомонаи “

Бино ба иттилои манбаъ, ин ду корманди полис дар пайи хабари занозанӣ бо ширкати се нафар дар даромадгоҳи яке аз биноҳо дар кӯчаи Мединская, ба ҷои ҳодиса омада буданд.

Ҳангоми боздошт як иштирокчии занозанӣ, бо корд ду корманди пулисро захмӣ карда, дастони онҳоро буридааст. Пас аз ин ба ҷои ҳодиса дастаҳои иловагии полис омаданд.

Гуфта мешавад, ҳамлагар зодаи Тоҷикистон Раҳмон Х.-и 23-сола буда, дар Маскав ҷои истиқомати доимӣ надоштааст.

Ду полиси маҷрӯҳро бо захмҳои буридаи дастонашон дар бемористон бистарӣ карданд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Назари худи гумонбар ва наздиконаш дастраси расонаҳо нест.

Размоиши низомии “Пойгоҳи 201”-и Русия дар Тоҷикистон

0

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон эълон карда, ки нирӯҳои он дар ҳоли баргузории тамринҳои низомӣ бо чархболҳои низомии МИ 24 ҳастанд.

Сомонаи Афғонистон-Интернашнл дар як хабари фаврӣ иттилоъ дода, ки нерӯҳои низомии “Пойгоҳи 201”-и Русия дар манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоли баргузории тамринҳои низомӣ бо ҷангадаҳои MI 24 машғул ҳастанд.  

Пеш аз ин хабаргузории “Regnum“-и Русия дар истинод ба Интерфакс ҳам иттилоъ дода буд, ки “пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тамринҳои худ бо ширкати чархболҳои ҷангӣ ва системаи дифои дурпарвози ҳавоии S-300PS (ҳифозати ҳавоӣ)-ро оғоз кардааст.”

Ин тамринҳои низомии “Пойгоҳи 201”-и Русия дар манотиқи назди марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоле баргузор мешаванд, ки се рӯз пеш Фасиҳуддин Фитрат, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Вазорати дифои миллии Афғонистон бо раҳбарии Толибон эълон карда буд, ки 10 ҳазор артиши мусаллаҳ то дандон ва муҷаҳҳаз бо пешрафтарин таҷҳизоти низомии НАТО ва Амрико дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон, манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷо ба ҷо шудаанд.

Фитрат дар саҳфаи Тввитриаш таъкид кардааст, ки ин лашкари 10 ҳазорнафарӣ “дар баробари ҳар амали мусаллаҳона иқдом ва омилини онро ба ҷаҳаннам хоҳанд фиристод.”

Вай афзуда, ки онҳо “дар камтарин замони дигар тайёраҳои ҷангӣ низ омода ва ин нерӯи муқтадирро ҳимояти ҳавоӣ хоҳанд кард.”

Ин паёми сардори Ситоди қувваҳои мусаллаҳи Толибон бо вокунишҳои зиёде дар ин шабака рӯбарӯ гардида, қисме ҳам гуфтаанд, дар замоне, ки миллионҳо нафар дар ҳукумати зери нуфузи онҳо дар Афғонистон бо фақру тангдастӣ дасту панҷа нарм мекунанд, эълони ин паём нанг ва нафратофар аст.

Гуфта мешавад, дар замоне, ки буҳрони беэътимодӣ байни Русия ва кишвариҳои ғарбӣ бар сари Укроина камрангтар шуда, таҳдиди хатари ҳамлаҳо зиёдтар мешавад, Толибон низ дар он сӯи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам фаъолтар шуда, эҳтимоли таҳдиди хатарҳо аз хоки Афғонистон ба ҳамсояҳои он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёдтар шудааст.

Ба банди ғуломӣ гирфтор шудани тоҷикон дар Қазоқистон

0

Аз аввали соли 2022 дар Қазоқистон ду шаҳрванди Тоҷикистон аз банди одамрабоён озод карда шуданд. Дар ин бора Нина Балабаева, директори “Маркази тавонбахшӣ ва мутобиқсозии иҷтимоӣ-психологии “Родник” хабар дод.

Акс аз Интернет

Ба гузориши сомонаи “BaigeNews.kz”, Балабаева зимни нишасти хабарӣ дар мавриди ҷиноятҳои қочоқи инсон дар Қазоқистон ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар миёни қурбониёни ғуломӣ дар ин кишвар аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбакистон қарор доранд.

“Дар соли 2020 бунёди мо ба 35 нафар, аз ҷумла 30 мард ва 5 зан кумаки ҳуқуқӣ расонд. Аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбакистон қурбонии одамрабоӣ ҳастанд. Инчунин як нафарии дигар аз шаҳрвандони Лаҳистон, Русия, Қирғизистон қарор доранд. Аммо дар соли 2021 ба 60 нафар, 51 мард ва 9 зан кумак кардем. Аз ин шумор 1-нафарӣ аз шаҳрвандони Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва як шахси бешаҳрванд ва боқӣ 56 нафар шаҳрвандони Узбакистон буданд.”, – мегӯяд ин ҳомии ҳуқуқ.

Ба гуфтаи Балабаева, муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ҳамсоя дар Қазоқистон одатан ҳангоми ҷустуҷӯи кор дар банди одамрабоён гирифтор мешаванд. Қочоқбарони одам ба корҷӯён ваъдаи маоши зиёд мекунанд ва бо ин роҳ онҳоро ба доми худ меоранд. Ӯ меафзояд, “на танҳо ҳангоми ҷустуҷӯи кор одамон ба ғуломии меҳнатӣ дучор мешаванд, балки ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки шахс пас аз нӯшидани шароб дар курсӣ хобида, пас аз бедор шудан худро дар асорат ва ғуломӣ ёфтаанд “.

Аз ин пештар низ ҳолатҳое буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон солҳо дар банди одамрабоён ва ё корфармоёне қарор доштанд, ки онҳоро дар асорати худ гирифта ва бемузд кор мефармуданд.

РӮЗНОМАНИГОР

0

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ

Имрӯз одат ё муд шуда, ки ҳама ба сари рӯзноманигор санг бизанад. Ҳама ёд бидиҳанд, ки як рӯзноманигор ва қаламбадаст чи бояд нависад, чи гуна нависад ва ё чи бояд бигӯяду чи гуна бояд бигӯяд. Ҳама рисолати як рӯзноманигорро ба ӯ омӯхтан мехоҳанд. Ҳама роҳнамоӣ кардан мехоҳанд. Чи ҷавон чи пир. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксарияти онҳо худ роҳро аз чоҳ фарқ намекунанд. Ҳатто қаламбадастоне ҳам, ки худро дар нақши роҳнамо мебинанд.

Аксаран ин роҳнамоӣ бо таҳдиду хушунат ва озурдани тарафи муқобил сурат мегирад. Нармиву одоб ва меъёрҳои ахлоқ ва инсониро фаромӯш мекунем. Фикр мекунем нофи замин моем ва ба ҳар касе метавонем роҳ нишон диҳем ва ба тундии тамом бар ӯ битозем ва инро муносибат ба ин ё он падидаву навиштаву гуфта ва мавзеъгирӣ ном гузорем.
Ҳатто онҳое ҳам, ки фикр мекунанд ба ҳама амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар вазифаашон аст, лаҳни тунд доранд. Шитобкорона ҳукм содир мекунанд. Суханҳову амалҳояшон бар пояи ифрот аст. Зӯргӯӣ ҳам мекунанд.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор рӯзноманигор аст. Ҳарчанд ҳоло аксарият ӯро ба унвони китобхонадор ва мудири китобхонаи шаҳрӣ ба номи Лоҳутӣ мешиносанд. Инсони беғаш ва ошкоргӯест. Гоҳо эҳсосӣ мешавад. Дар айни ҷӯши эҳсос ҳарфҳое мезанад, ки тунд аст ва эҳсоси хелеҳоро метавонад ҷариҳадор кунад. Аммо ин нукта мусаллам аст, ки Абдуқодир самимист ва дилаш пок аст, кинаеву ғаразе надорад. Аз миллатдӯстияш аст, ки гоҳо ночиз вонамуд кардани гузаштаи миллат ва тавҳин ба ториху муқаддасоти тоисломии он аз сӯи ину онро таҳқири худ медонад ва бо лаҳни тунд вокуниш мекунаду дар ҷӯши эҳсос огоҳона ва ё ноогоҳона бар муқаддасоти онҳо метозад…
Наздики се даҳсола аст, ки ман Абдуқодирро мешиносам. Дар ҳар мақому ҷойгоҳе кор карда ҳамеша талош дошта содиқона вазифаашро анҷом диҳад ва муваффақ ҳам будаву ҳаст. Ҳарчанд барои банда эътиқод ва дину мазҳаби касе барои таъини ҷойгоҳаш ҳеч нақше надорад, борҳо шунидаам, ки худро мусалмон медонад. Ба сифати мусалмон дар анҷоми фаризаҳои исломӣ, мисли 5 вақт намоз хондан, рӯза гирифтан, парҳез аз он чи ислом ҳаром эълон кардааст ва ғайра ҳассос буданашро шоҳид нестам. Ҳама шоҳидем, ки ҳазорон тан худро мусалмон мегӯянду ба анҷоми фароиз бепарвоянд, машрубот мехӯранд. Ин як воқеъияти имрӯз аст. Абдуқодир ҳам аз он истисно нест.
Ду рӯз пеш дар фазои маҷозӣ хабаре пахш шуд, ки ҷавонаке омадаву ба Абдуқодир таҳдид карда. Бидуни шак ин амали он ҷавон хеле кори зишт ва аз назари ман маҳкум аст.
Касе ҳақ надорад касеро ба хотири андеша, дидгоҳ, боварҳо, эътиқод, мансубияти қавмӣ ё ҷуғрофияш таҳқиру таҳдид ба куштан кунад ва ё мавриди озору шиканҷа қарор диҳад ё латукӯб кунад.
Хеле амали хуб шуда, ки мақомоти интизомӣ он ҷавонакро пайдо ва боздошт кардаанду додгоҳ ӯро ба 15 рӯз ҳабс маҳкум кардааст.
Муҷрим ба сазои аъмолаш расида.
Ҳоло бархе косаҳои доғтар аз ош дар дохилу хориҷ ҳей сару садо ва ҷеғу дод роҳ андохтаанд. Худро дилсӯзи ҷомеаву рӯзноманигорон ва Абдуқодир вонамуд мекунанд. Аммо…
Дар боло ишорае кардам, ки Абдуқодир рӯзноманигор аст. Ин аз як сӯ таъкид бар як воқеъият бошад, аз ҷониби дигар сабабе барои ёдоварии як хотираест.
Як солу анд моҳе пештар, замоне, ки рӯзноманигор Далер Шарифовро боздошт карданд, банда ба як созмони дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон нома навишта хоҳиш кардам, ки дар ин қазия бетараф набошанд. Ҷавоби нома воқеан бароям зарбаи ғайримунтазира буд. «Бо камоли эҳтиром ба ҷойгоҳи шумо ва сипос аз ҳамкориҳоятон созмони (номи созмон) эълом мекунад, ки дар қазияи Далер Шарифов наметавонад ёрӣ расонад. Мо ба рӯзноманигорон ёрӣ мерасонем, аммо Шарифов рӯзноманигор нест ва ӯро ба хотири фаъолияти рӯзноманигорӣ боздошт накардаанд. Бо эҳтиром».
Нороҳатона номаи дигар навиштам ва таъкид кардам, ки ман аз осиёб омадаму шумо мегӯед дӯл холист? Далер аз ҳамкорони мо буд. Ман медонам, ки ӯ кист ё шумо?
Пеш аз фиристодани нома саре ба сомонаҳои хабарӣ задам. Оваҳ! Додситонии кул изҳорот пахш карда, ки 200 мақолаи Далерро барои ташхис фиристодаанд. Ин беҳтарин далел ва санади маҳкамаписанд буд. Барои он созмон ҳамроҳи нома нусхаи ин изҳоротро ҳам фиристодам.
Як соат пас аз масъули созмон нома гирифтам. Бо узрхоҳӣ менавишт, ки дӯстони ҳампешаатон аз Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки Далер солҳост рӯзноманигорӣ намекунад ва ӯро ба хотири навиштаҳояш боздошт накарданд.
Хуллас, бархе аз онҳое, ки имрӯз худро пуштибони рӯзноманигор Абдуқодир Абдуқаҳҳор вонамуд мекунанд, дар қазияи рӯзноманигор Далер Шарифов бар зарари Далер мавзеъ гирифта буданд.
Нагӯед, ки хатару таҳдиди ин ду ҳолат аз ҳам фарқ мекунад. Ҳеч фарқе надорад. Дар ҳар ду ҳолат метавонад як рӯзноманигор аз байн бурда шавад. Умқи фоҷеа бо ҳам баробар аст.
Фақат дар мавриди Абдуқодир ниҳодҳои интизомӣ пуштибон ҳастанд ва мавзеъгирӣ бар зидди як ҷавонаки раҳгумзада ва ба ин баҳона тохтану санг андохтан ба сӯи мусалмонҳову ислом корест, ки мутаассифона ҳоло ҷавобгарие надорад.
Аммо мавзеъгирӣ дар қазияи Далер ҳадди ақалл боис мегашт, ки номи шахс дар феҳрести сиёҳи амният навишта гардад ва ба сафи афроди нописанди мақомот ҳамроҳ карда шавад.
Суҳбатам аз ин ё он фарди мушаххас нест. Манзурам ишора ба мавзеъгириҳои духӯра ва як бому дуҳавоиҳо ҳаст, ки оғози фоҷеаҳоест.
Дар мавриди боздошти муҷрим пас аз як соат дар қазияи таҳдид ба Абдуқодир, арз кардам, ки хеле кори хубу таҳсинбарангез шудааст.
Аммо як пурсиш таи ин ду рӯз зеҳни маро ба худ банд карда. Чиро омилони ҷиноят алайҳи чанд рӯзноманигори дигарро ҳеч пайдо карда наметавонанд?
Дар мавриди Абдуқодир фақат таҳдиди лафзӣ буда, ки албатта он ҳам маҳкум аст. Аммо дар он чанд маврид рӯзноманигоронро мавриди латукӯб қарор доданд.
Шояд мақомот фаромӯш карда бошанд. Аммо ба ҳеч ваҷҳ мо фаромӯш нахоҳем кард ва дар ҳар фурсати муносиб ба ёдашон хоҳем овард. Ин ҷо ҳамакнун аз чанд ҳолат ёд мекунам:
Раҷаби Мирзо 18 январ ва 29 июли соли 2004 дар Хуҷанд ва Душанбе ду бор мавриди латукӯб ва сӯиқасд ба ҷон қарор гирифт. Гӯё пайгириву тафтишот оғоз шуд, аммо солҳост ҳеч омил ё омилонро пайдо накарданд.
Маҳмадалӣ Ҳайит рӯзи 19-уми апрели 2013 дар назди манзилаш дар Душанбе мавриди ҳамла ва латукуби шадид қарор гирифт ва дар пайи он чанд рӯз дар бемористон бистарӣ шуд.
Далер Шарифов шоми 7-уми майи соли 2012 дар маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе мавриди ҳамла ва латукуб қарор гирифт ва дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон мунтақил шуд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” рӯзи 7-уми феврали 2011 дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифт. Бар асари ин ҳамлаи шадид, ӯ ҷароҳатҳои сангин бардошта чанд рӯз дар бемористон таҳти муолиҷа буд.
Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Азия плюс», ки порсол дар як муддати кутоҳ ду бор мавриди ҳуҷум ва латукуб қарор гирифт.
Метавонам боз мисолҳои дигар ҳам биорам, аммо навишта тӯлонӣ мешавад. Дар ҳамаи ин қазияҳо омилону ҳамлагарон пайдо нашудаанд.
Аммо дар ин ҳаводис як нукта ҷолиб ва қобили таваҷҷӯҳ аст. Аз миёни рӯзноманигороне, ки мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтанд, се нафар ба бозии бади сарнавишт рӯ ба рӯ шуданд. Яъне на танҳо ҳамлаварон ва омилони латукӯби ин се рӯзноманигор мушаххас нашуд, балки худи онҳоро (албатта бо баҳонаи дигар) муҷозот карданд. Муҳаммадалӣ Ҳайит ба зиндони якумрӣ ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ба 16 сол зиндон маҳкум шуданду ҳоло дар маҳбас қарор доранд.
Далер Шарифов як сол маҳрум аз озодӣ шуд ва пас аз пурра гузарондани ин муҳлат дар маҳбас ба оғӯши дӯстону хонаводааш баргашт.
Ин нуктаро таъкид кунам, ки ман фақат аз сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигорон ва зарбу шатм хӯрдани онҳо мисол задам ва фақат номи чанд нафарашонро зикр кардам. Ҳол он ки ин рӯйхат тулонитар аз ин аст.
Беш аз ин таҳдидҳои лафзӣ ва тарсондану озори равонӣ раво дидан нисбати рӯзноманигорон як воқъияти рӯз дар таи бист соли ахир мебошад, ки омилонаш ҳеч ҷазое намегиранд.
Ҳамчунин борҳо нисбати фаъолон ва раҳбарони аҳзоби мухолиф ва дигарандешон низ ин гуна таҳдидҳо ва ҳамлаҳо сурат гирифта ва латукӯб шудани онҳоро ҷомеа шоҳид буд. Аммо ҳеч як аз он ҳодисаҳоро мақомот ба таври бояду шояд таҳқиқ ва пайгирӣ накарданд. Ҳеч як омил ё омилони он ҳодисаҳо шиносоӣ ва муҷозот нашуд.
Ба назаратон иллати ин бархӯрди дугонаи мақомоти интизомӣ дар баробари таҳдид ва латукӯби рӯзноманигорон ва дигарандешон дар чист? Чиро якеро фаврӣ пайгирӣ карданд ва шахси ҳамлагарро ёфта боздошт намуданд? Аммо аз сӯи дигар шахс ва ё шахсоне дар саҳрои беодам не, балки дар шаҳри пур аз одам ва ба қавле дар рӯзи равшан рӯзноманигорро ончунон латукӯб мекунанд, ки ӯ чанд рӯз бистарӣ мешавад, чиро пайдо карда наметавонанд? Фикр намекунед ин ҷавонаки эҳсосӣ, камхонда ва бепушту паноҳ аслан тасодуфӣ омадаву ба рӯзноманигор таҳдид карда? Қасде аз пеш тарҳрезишудае дар кор набуда.
Вале дар мавридҳои дигар рӯзноманигорон тибқи барномаи аз пеш тарроҳигашта ин гуна латукуб карда шудаанд. Ва шояд ин амалиёт дар ҳуҷраҳои мақомоти қудратӣ барномарезӣ шуда? Шояд мақомоти интизомӣ худ дастур додаанд ва ҳатто шояд худ ин корро анҷом дода бошанд. Агар не ба чи далел солҳост, ки ҷинояткоронро пайдо карда наметавонанд?
Ба хотири изҳори андеша ва боварҳо шахсеро таҳдид ва латукӯб кардан, новобаста аз он, ки ин амали зишт ва ҷиноят аз сӯи кӣ ё киҳо сурат гирифта, маҳкум аст. Агар он аз ҷониби афроди мансабдор ва ниҳодҳои ҳукумат сурат гирад оғози фоҷеа, ҷинояти зиддибашарӣ, сангинтар аз қатли як инсон ва нобахшиданист.

Зафари Суфӣ

Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Афғонистон

0

Мунтахабаи зери 19-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти Қаҳрамонии футзали Осиёи Марказӣ 2022 аз мунтахаби Афғонистон бо раҳбарии Толибон ба ҳисоби 1:5 шикаст хурд.

Имрӯз, 15-уми феврал дар мусобиқоти Қаҳрамонии футзали Осиёи Марказӣ 2022 мунтахаби зери 19-солаи Афғонистон бо ҳисоби 5:1 ба Тими миллии футсоли Тоҷикистон пирӯз шуд.

Пеш аз ин 14-уми феврал Тими миллии футзали Афғонистон бо ҳисоби 5:3 Тими миллии футсоли Қирғизистонро ҳам дар Бишкек шикаст дода буд.

Гуфта мешавад, ин бозӣ дар чорчӯби рақобатҳои Қаҳрамонии Осиёи Марказӣ 2022 дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) (англ.Central Asian Football Association – CAFA) — воҳид ва ассотсиатсия дар Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), нозири футбол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. 10 июнисоли 2014 таъсис ёфта, расман ба фаъолият аз 9 январисоли 2015 шурӯъ намуд.

Федератсияҳои футболи Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро мутаҳҳид месозад. То нимаи соли 2015 ташкилот унвони Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ (англ.Central Asian Football Federation)-ро дошт.

Кобул: Эътирозгарони афғон бо садои “марг бар Амрико” ба майдон омаданд

0

Эътирозгарони Афғонистон мегӯянд, “ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ҳеч рабте ба Афғонистон надоранд ва Ҷо Байдан душаманӣ бо Афғонистонро бас кун.”

Ҳазорҳо тан аз афғонҳо дар шаҳрҳои Кобул, Балх, Ҷалолобод ва дигар бузургшаҳрҳои Афғонистон бо баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ дар робита ба тасмим Ҷо Бойдан дар бораи пулҳои Афғонистон шиори “марг бар Ҷо Байдан”-у “марг бар Амрико”-ро сар доданд.

Эътирозгарони Афғонистон мегӯянд, ки Ҷо Байдан, раисҷумҳури Амрико ба ноҳақ 3,5 миллиард пулҳои блокшудаи Афғонистонро ба сифати ғаромат ё ҷубронпулӣ ба қурбониёни ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико ҷудо карда додааст.

Дар аску

Ба навиштаи ББС, пеш аз ин Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар ҷамъи расонаҳо гуфта буд, ки мардуми Афғонистон худ “қурбонии терроризм” будаанд, чӣ гуна Амрико мехоҳад аз қурбонӣ ғорамат бигирад? Карзай таъкид карда буд: “Ба мардуми Амрико ва ҷаҳон мегӯем, чӣ гуна як миллати фақиру бечораро муттаҳам карда, пулашро мегиред?”

Сухангӯи Вазорати хориҷии Чин ҳам дар вокуниш ба он дар сафҳаи тввитриаш гуфта буд, “бойтарин давлати дунё фақиртаринҳоро ғорат мекунад.”

Аз ҷониби дигар Ҷамъияти исломии Афғонитсон эълон кардааст, ки “ба озодсозии пули Афғонистон таҳти ҳокимияти Толибон мувофиқ нест ва мехоҳад ин дороӣ ба як ҳукумати қобили қабул таслим дода шавад.”

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо ТВ

Дар Домодедова аз як тоҷик 3 миллион рубл русӣ пайдо карданд

0

Кормандони гумруки фурудгоҳи Домодевои шаҳри Маскав аз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехостааст ба Стамбул парвоp кунад, 3 миллион рубли русӣ пайдо кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ин фурудгоҳ, пулҳоеро, ки шаҳрванди Тоҷикистон аз Маскав ба Стамбул мебурдааст ба расмият дароварда нашуда будаанд.

“Мусофири хатсайри Маскав – Истанбул дар фурудгоҳи Домодедово тариқи долони “сабз” гузашта, ҳангоми пурсиши шифоҳӣ изҳор намуд, ки бо худ ҳудуди 2 млн рубл пули нақд дорад. Аммо дар санҷиши гумрукӣ шаҳрванди Тоҷикистон 2,9 млн рубл ва 3 ҳазору 500 доллар пешниҳод кард”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти гумруки Домодедово.

Аз рӯи ин далел тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Федератсияи Русия чораҳои тафтишотӣ андешида мешаванд.

Гуфта мешавад, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) маблағи пулии бештар аз 10 ҳазор доллари ИМА бояд ҳатман тариқи хаттӣ бо эъломия ба расмият дароварда шавад.

Ҳангоми бо эъломия ба расмият даровардани пули нақд ба маблағи зиёда аз 100 000 доллар ба мақомоти гумрук пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пайдоиши маблағ зарур аст.