Хона блог саҳифа 519

Дар Домодедова аз як тоҷик 3 миллион рубл русӣ пайдо карданд

0

Кормандони гумруки фурудгоҳи Домодевои шаҳри Маскав аз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехостааст ба Стамбул парвоp кунад, 3 миллион рубли русӣ пайдо кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ин фурудгоҳ, пулҳоеро, ки шаҳрванди Тоҷикистон аз Маскав ба Стамбул мебурдааст ба расмият дароварда нашуда будаанд.

“Мусофири хатсайри Маскав – Истанбул дар фурудгоҳи Домодедово тариқи долони “сабз” гузашта, ҳангоми пурсиши шифоҳӣ изҳор намуд, ки бо худ ҳудуди 2 млн рубл пули нақд дорад. Аммо дар санҷиши гумрукӣ шаҳрванди Тоҷикистон 2,9 млн рубл ва 3 ҳазору 500 доллар пешниҳод кард”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти гумруки Домодедово.

Аз рӯи ин далел тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Федератсияи Русия чораҳои тафтишотӣ андешида мешаванд.

Гуфта мешавад, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) маблағи пулии бештар аз 10 ҳазор доллари ИМА бояд ҳатман тариқи хаттӣ бо эъломия ба расмият дароварда шавад.

Ҳангоми бо эъломия ба расмият даровардани пули нақд ба маблағи зиёда аз 100 000 доллар ба мақомоти гумрук пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пайдоиши маблағ зарур аст.

Содироти ангишт ба кишварҳои ҳамсоя 10 баробар зиёд шудааст

0

Тоҷикистон дар соли гузашта содироти ангиштро ба кишварҳои ҳамсоя тақрибан 10 баробар афзоиш додааст. Дар ин бораи Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.  

Имрӯз, 15-уми феврал Бобозода бо рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ дошт, ӯ дар ин нишаст гуфт, дар соли гузашта ба кишварҳои ҳамсоя 30 ҳазор тонна ангишт содирот шудааст.

“Ангишти Тоҷикистон асосан ба Афғонистон, Покистон, Узбекистон ва Қазоқистон содир мешавад. Дар соли 2020 ҳаҷми содироти ангишт каме бештар аз 3 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Ин самти нави содирот аст ва дар оянда боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт” – гуфт ӯ.

Тибқи омор, истихроҷи ангишт дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 1,9 миллион тоннаро ташкил додааст.

Агентии содирот ҳамчунин хабар дод, ки гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2021 беш аз 6,3 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 39,5% ё 1 миллиарду 801,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, содироти коло 2 миллиарду 149,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 52,8 % ё 742,7 миллион доллар ва воридоти коло 4 миллиарду 209,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 33 % ё 1 миллиарду 58,6 миллион доллар зиёд мебошад.

Толибон Мир Мафтунро иҷоза надоданд, то дар Наврӯзи Тоҷикистон ширкат кунад

0

Сарояндаи саршиноси фолклори Бадахшони Афғонистон бо нашри як навор гуфтааст, ки Толибон ба вай иҷозат надоданд, ки то дар маросими Наврӯзӣ дар Тоҷикистон ширкат кунад.

Бино ба иттилои

Инчунин баъд аз бозгашти ӯ ба Бадахшони Афғонистон наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки вай “зинда бод ислом” гуфта барои иддае аз Толибон таронасароӣ мекунанд.

Мир Мафтун бори аввали дар соли 2013 меҳмони Тоҷикистон шуд ва аз сӯи президент Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеа қадрдонӣ шуд. Сипас сафарҳои зиёде ба Тоҷикистон дошту танҳо дар соли 2021 се барномаи консертии худро ҳамроҳ бо дигар сарояндаҳои кишвар дар Тоҷикистон баргузор кард.

Пулситонӣ аз сокинон барои сохтмони варзишгоҳ дар н.Балхӣ

0

Қарор аст имсол ҷашни бо дабдабаи Наврӯзӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳузури Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шавад. Сокинон мегӯянд, барои омодагӣ ба ин ҷашн мақомоти ноҳия аз онҳо маблағ ҷамъоварӣ мекунанд.

Нақшаи варзишгоҳ дар н.Ҷалолиддини Балхӣ

Як манбаъ аз ин ноҳия, ки нахост номаш зикр шавад, ба Аздо тв гуфт, дар маркази ноҳия ва деҳаҳои гирду атроф мақомот хона ба хона гашта барои баргузории ҷашни Наврузӣ 20-30 сомонӣ ва аз соҳибкорон аз ин бештар талаб доранд.

Ҳамчунин як манбаи дигар низ аз ҳамин ноҳия гуфт, ки мақомот аз мардум то шаҳодномаҳои таваллудро талаб карда, тамоми афроди оиларо ба рӯйхат мегиранд ва сипас маблағ талаб мекунанд.

“Вақте хона омаданд, аввал ҳуҷҷатҳои тамоми афроди оиларо хоста ва тафтиш карданд ва баъд 20 сомонӣ маблағ талаб карданд, пурсидам, ки 20 сомонӣ барои чӣ? Яке аз онҳо гуфт, медонӣ, ки имсол Наврӯзӣ дар ноҳияи мо ҷашн гирифта мешавад ва Ҷаноб меояд. Мо барои сабзазор кардани варзишгоҳи марказӣ аз мардум маблағ ҷамъ дорем. Бояд ҳар хонавода на камтар аз 20 сомонӣ бидиҳад.”, мегӯяд манбаъ.

Варзишгоҳи нимсохта дар н. Ҷалолиддини Балхӣ

Дар аксҳое, ки аз гугул гирифта шудааст, дида мешавад, ки варзишгоҳ нимсохта ва майдони он то ҳол сабзазор нашудааст. Варзишгоҳи марказии ноҳия тибқи нақша бо 15 ҳазор ҷои нишаст ва дар гирду атрофаш мактабу биноҳои замонӣ сохта ва бояд то ҷашни Наврӯз ба истифода дода шавад. Аммо аз гуфтаи сокинони ноҳия бармеояд, ки ё барои идомаи сохтмон маблағ намерасад ва ё ин ки мақомот мехоҳанд бо баҳонаи ҷашни Наврӯз аз мардум барои фоидаи худ маблағ ҷамъоварӣ кунанд.

Маблағ ҷамъоварӣ кардани мақомот аз сокинони гирду атрофи ноҳия дар ҳолест, ки барои чунин сохтмуонҳои бузург аз буҷаи кишвар миллионҳо сомонӣ ҷудо мешавад, ки то пурра сохтани он басанда аст. Аммо бар иловаи ҷудо шудани чунин маблағҳо мақомоти ноҳияҳо аз соҳибкорон ва мардуми оддӣ маблағҳое бо ҳар баҳона ҷамъоварӣ мекунанд.

Афзоиши шикояти мардон аз занон дар Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон шикояти мардон аз зӯргӯии ҳамсаронашон зиёд шудааст. Танҳо дар соли 2021 дар кишвар 548 далели зӯроварии занон нисбат ба мардон ба қайд гирифта шудааст.

Акс аз “Asia-Plus”

Ба гузориши “Asia-Plus” раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар як соли охир тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 3485 ҳодисаи зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 176 ҳолат ҳолат кам мебошад.

Ӯ дар идома зикр кард, ки аз 3485 ҳолати шикояти хушунати оилавӣ дар 548 ҳолат мардон аз хушунати ҳамсарашон шикоят кардаанд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳолатҳои шикояти мардон аз зӯргӯии ҳамсаронашон хеле нодир аст ва шикоят ба мақомот аз хушунати занро аксари мардон намепазиранд.

Дар аксар ҷомеаҳои мардсолори шарқӣ шикояти мардон аз занон ор дониста мешавад, вале солҳои ахир дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ шикоятҳои мардон аз зӯроварии ҳамсаронашон афзоиш ёфтааст.

Газ дар Тоҷикистон каме арзон шуд

0

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон каме арзон шудааст. Агар як ҳафта пеш як литр гази моеъ 7 сомониву 40 дирам арзиш дошт, 13-уми феврал нархи он то 6 сомониву 80 дирам арзон шуд.

Бархе аз фурӯшандагони гази моеъ поин рафтани қимати ин навъи маводи сӯхтро ба афзоиши воридот аз Қазоқистон марбут медонанд.

Аксари мошинҳо дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва боло рафтан ё поин рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ ба “буҷет” и ҳар як шаҳрванди тоҷик таъсир мерасонад.

Соли гузашта қимати гази моеъ дар Тоҷикистон ба 8 сомонӣ баробар шуда буд. Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ инро ба болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар кишварҳои содиркунанда рабт дода буданд.

Тибқи омор, соли гузашта ба Тоҷикистон 410,5 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 211,7 миллион доллар ворид шудааст, ки нархи миёнаи як тонна гази моеъ 516 долларро ташкил додааст.

Тақрибан 90% ҳаҷми умумии гази моеъ аз Қазоқистон, 8,4% аз Ӯзбекистон, 1,1% аз Туркманистон ва 1,08% аз Русия ворид мешавад.

“Аркадаг” аз президентӣ меравад

0

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қасд дорад аз мақоми раисиҷумҳури Туркманистон истеъфо диҳад. Дар ин бора ӯ, 11-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии палатаи болоии парлумон “Халқ Маслаҳати” хабар дод.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ин ҷаласа гуфт, ки ният дорад, курсии президентиро ба ҷавонон вогузорад. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ягона писари раисиҷумҳури феълӣ Сардор Бердимуҳаммедови 40-сола метавонад раҳбари нави давлат шавад.

Пас аз эъломи нияти истеъфои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ин кишвар интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ таъин шуд. Тавре ёвари раиси КМИР-и Туркманистон Безерген Қараев хабар дод, интихобот рӯзи 12 март баргузор мешаванд.

Интихоботи навбатии президентӣ дар Туркманистон бояд соли 2024 баргузор мегардид.

Бердимуҳаммадов, ки 15 сол боз раисиҷумҳури Туркманистон аст, ҳамчунин ба ҳайси раиси кобинаи вазирон ва “Халқ Маслаҳатӣ”, раиси Шӯрои амнияти давлатӣ ва фармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳ кор мекунад.

Туркманистон яке аз бастатарин кишварҳои ҷаҳон боқӣ мемонад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки дар ин кишвар ҳуқуқи башар ба таври дағалона поймол мешавад, аммо мақомот инро рад мекунанд.

ВМКБ: Вокуниши Садриддин Наҷмиддин ба камондорон

0

Садриддин Наҷмиддин, сарояндаи шинохтаи Тоҷикистон бо нашри шеъри “ИЛТИҶО АЗ КАМОНМАРДОН“-и устод Лоиқи Шералӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст: “Агар хоҳед фардоро ба даст оред, Камон аз даст бигзоред!”

Садриддин Наҷмиддин ин шеъри “ИЛТИҶО АЗ КАМОНМАРДОН”-и устод Лоиқро дар саҳфае нашр карда, ки беш аз 164 ҳазор пайгиркунанда дорад ва аксар ҳаводорони ӯ инро ба маънои ҳимоят аз мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қабул карда, ба вай таҳсину офарин хондаанд.

Ин сарояндаи эстрадаи тоҷик ба фарқ аз дигар санъаткорони Тоҷикистон дар хеле аз маворид ва ҳодисаҳои кишвар мавқеи худро озодона ва ошкоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён мекунад ва дар ин авохир фаъолиятҳои ӯ дар бахши корҳои хайрия низ хеле барҷаста шудааст.

Гуфтанист, вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз ҳодисаҳои 25-28-уми ноябри соли 2021 то кунун ором нашуда, балки лашкаркашии мақомоти қудратӣ ба ин минтақа ва тақвияти постгоҳҳо ва тавлиди истеҳкомоти бетонии ҷадид дар шаҳри Хоруғ на натанҳо мардуми ин вилоят, балки аксари тоҷикистониҳоро дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба ташвиш овардааст.

Пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон ба раҳбарони мардумии ин вилоят, аз он ҷумла Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дигарон ёрони ӯ шарт гузошта буданд, ки то 15-уми феврали соли ҷорӣ худро ба мақомот таслим кунанд, дар ғайри он кормандони мақомоти қудратӣ барои боздошти онҳо ба муддати як ҳафта аз 15-23-юми феврал дар дохили шаҳри амалиёти низомӣ худро баргузор мекунанд.

Аз сӯи дигар мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон ва сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки хориҷи кишвар дар дигар давлатҳо кору зиндагӣ мекунанд, гоҳ дар танҳоӣ ва гоҳҳое дигар ба таври дастаҷамъӣ талаб доранд, ки бояд мақомоти қудратӣ ба худ биоянд ва вазъият дар ин вилоятро бо роҳи гуфтугӯ ҳаллу фасл кунанд, на бо роҳӣ зӯрӣ ва хунрезӣ.

Қарзи “Барқи тоҷик” ҳудуди $300 млни дигар афзоиш ёфт

0

Қарзҳои кредитории Ширкати саҳомии холдингии кушода (ШСХК)-и “Барқи тоҷик” дар соли 2021 наздики 32,3 млрд сомониро ташкил дод. Дар ин бора дафтари матбуоти ширкат хабар дод.

Акс ах “Ховар”

Бино ба оморҳои додашуда, давоми як соли гузашта (аз 1-уми декабри соли 2020 то 31-уми декабри соли 2021) қарзи умумии ширкати “Барқи тоҷик” 32 млрд 771,2 млн сомонӣ (беш аз 2,9 млрд доллар)-ро ташкил додааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млрд 288,9 млн сомонӣ (тақрибан 292 млн доллар) бештар мебошад.

Ширкати “Барқи тоҷик” асосан барқро аз НБО-и “Сангтӯда-1”, НБО-и “Сангтӯда-2” ва ҶСК “НБО-и Роғун” ворид мекунад. Ва ҳоло ин ширкат аз ҳама бештар аз Вазорати молияи кишвар қарздор аст, ки ҳаҷми умумии қарзҳояш аз ин вазорат 24,1 млрд сомонӣ (наздики 2 млрд 134 млн доллар) ташкил медиҳад. Инчунин ширкат аз “Сангтӯда-1” 2 млрд 91,6 млн сомонӣ, аз “Сангтӯда-2” 2 млрд 699,1 млн сомонӣ ва аз “НБО-и Роғун” 630,5 млн сомнӣ қарздор аст.

Гуфта мешавад, соли гузашта ширкат 4 млрд 481,4 млн кВт соат нерӯи барқро ба маблағи умумии 1 млрду 595,4 млн сомонӣ харидорӣ намуд. Дар муқоиса бо соли 2020 хариди нерӯи барқ дар ҳаҷми 143,3 млн кВт соат, ё ба маблағи 176 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар гузориши ширкат қайд мешавад, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар дар соли 2021 дар маҷмуъ 2 млрд 434,5 млн кВт соат буд, ки нисбат ба соли 2020 911,6 млн кВт соат зиёд мебошад. Ва он асосан ба Афғонистон, дар ҳаҷми 1 млрд 275,2 млн кВт соат ба маблағи 635,9 млн сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд 146,8 млн кВт соат ба маблағи 258,8 млн сомонӣ содирот шудааст.

Ба иддаои ширкати “Барқи тоҷик” маблағи умумии барқи ба хориҷ фурӯхташуда 894,7 млн сомониро ташкил дод, аммо аз ин миқдор танҳо 404,6 млн сомонӣ ворид гашт ва 490,1 млн сомонии дигар то ҳол пардохт нашудааст. Ширкат сабаби кам ворид шудани маблағҳои барқи содиротшударо ба вазъи сиёсии Афғонистон вобаста медонад.