Фаъолони тоҷик аз бо кадӯ пешвоз гирфтани Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корияш ба ноҳияҳо интиқод карданд.

Фаъолони тоҷик аз бо кадӯ пешвоз гирфтани Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корияш ба ноҳияҳо интиқод карданд.

Мақсуд Ғаёсов, фаъол ва волонтёр аз шаҳри Хорӯғ барои танқид аз маршировка бахшида ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Бино ба иттилои Pamir Daily News бо такя ба манобеаш аз шаҳри Хорӯғ, мақомот мехоҳанд Ғаёсовро бо талаби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Ёдгор Файзов ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ бикашанд. Аммо маълум нест, ки ӯро бо кадом моддаи Кодекси ҷиноӣ ё маъмурӣ айбдор карданиянд. Дар ҳоли ҳозир мақомот мехоҳад Мақсуд Ғаёсовро ба муддати 15 рӯз боздошт кунанд.
Бино ба иттилои манобеи АЗДО ТВ, мақомот Мақсудро барои бозпурсӣ даъват карда буданд, аммо сафари Раҳмонов ба ВМКБ сабаб шуд, ки кори ӯ ба баъд гузошта шавад. Ба иддаои манбаъ тақдири ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ баъд аз итмоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ маълум хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки 22-юми сентябри соли ҷорӣ Мақсуд Ғаёсов дар гурӯҳи Фейсбукии “БОБИНГЕ 04” матлаберо таҳти унвони “Шармандагии миллӣ” нашр кард, ки дар он аз раванди маршировка интиқод мекунад.
Мақсуд менависад, ки “Оё ин ба худи Президент маъқул аст ё касе мехоҳад бори дигар садоқати худро бо зулм кардан бо мардум маҷбуран ба иштирок дар раҳпаймоӣ нишон диҳад? Ҳатто агар ин тавр бошад, чӣ гуна шавҳар иҷозат медиҳад, ки занаш дар ин бетартибӣ иштирок кунад ва бародараш ба хоҳараш ва кадом падар ба духтараш, аммо ман дар бораи мардон хомӯшам!!! Бонувони азиз, мутаасифам, ки на шумо ва на мардони шумо шуморо муҳофизат карда наметавонанд! ”
Ғаёсов ҳамчунин навиштааст, бисёре аз иштирокчиёни маршировка мегӯянд, ки онҳоро маҷбур менамояд, то рақс кунанд ва тамоми рӯз дар варзишгоҳ бимонанд. Онҳое, ки аз Хоруғ дур зиндагӣ мекунанд, маҷбуранд хароҷоти нақлиёт ва ғизои худро пардохт кунанд.
Пости ӯ дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, баҳсу баррасиҳои зиёдеро ба бор оварда, бисёриҳо ба ин назаранд, ки сафари президент ба ВМКБ сафари корие беш нест ва ин ҳама маршировка беҳуда аст.
23-юми сентябр мақомоти иҷроияи ВМКБ дар саҳфаи фейсбукии худ мақолаеро нашр кард, ки дар он Мақсуд Ғаёсовро шадидан танқид карда, ӯро “хоин ва иғвогар” номид. Илова бар ин, мақомоти иҷроия дар муроҷиати худ аз сохторҳои кудратӣ ва Ситоди байниидорави ВМКБ даъват карда буд, ки нисбати Ғаёсов чораҳои дахлдор андешида шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Хорӯғ барои истиқбол аз сафари президент кӯдакону наврасон ва занони калонсолро ба маршировка ҷалб намуда, масъулон бо онҳо муомилаи дурушт кардаанд. Ҳамчунин Модаре дар гурӯҳи фейсбукии Pamir News низ аз нимашаб расидани духтараш ба хона аз маршировка, шикоят карда буд.
Сокинони деҳаи Мазичи ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз амалҳои ғайриқонқнӣ ва ҷабру бедодгарии Прокурори Прокуратураи генералӣ Арбобзода (Қулмаҳмад) Муҳаммад Хуҷа ба Президент, Прокуратураи генералӣ, КДАМ ва дигар мақомоти олии кишвар шикоят карданд.

Корбаре бо номи Шоҳин Фондарё дар саҳифаи фейсбукияш шикоятномаеро аз номи сокинони ноҳияи нашр кард. Тибқи он сокинон мегӯянд, Арбобзода 10-15 сол мешавад аз вазифаи давлатӣ суиистифода намуда, ҳамаи мардуми деҳаи Марзичро таҳти фишор ва тарсу ҳарос қарор додааст.
Мардум аз он шикоят доранд, ки Арбобзода бо аксари хешу наздиконаш дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи ноҳия ва бахши ноҳиявии Ожонсии маводи нашъаовар кор карда, “мофиё” дар симои мақомоти давлатӣ ташкил додаанд. Онҳо тамоми мардумро бо роҳи зӯрӣ, бо таҳдид ба “ҷарима” зери “итоат”-и худ даровардаанд.
Ба иддаои сокинони ноҳияи Айнӣ, Арбобзода намегузоштааст онҳое, ки маълумоти олӣ доранд ва донишгоҳҳои ҳуқуқшиносиро хатм кардаанд, дар мақомти қудратӣ кор кунанд. Ӯ танҳо наздикон ва шиносони худро ба кор қабул мекардааст.
“Мо ҷавонони мардуми ноҳияи Айнӣ, хусусан деҳаи Марзич дар Федератсияи Россия кору фаъолият намуда, аз таҳдидҳои хешу таборони ин АВЛОД ба дод омадаем.”, менависанд шикояткунандагон.
Гуфта мешавад, Арбобзода Муҳаммад Хуҷа ҳангоми фаъолияташ дар вазифаҳои Прокуротура соҳиби тахминан 8-10 ҳазор сар моли майда шудааст. Инчунин дар шаҳрҳои Душанбе Панҷакент, Хуҷанд ва Истиқлол дар умум 16 хонаи 3 ва 4 ҷуҷрагӣ, “дар деҳааш 3 қасри боҳашамати 3-ошёнагӣ ва дар кӯчаи Зарафшон-1 низ як хонаи боҳашамати истиқоматӣ харидорӣ намуда, ҳамаро ба ному насаби хешу табораш гузаронидааст.
Арбобзода соли 2015 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор шуда буд, вале баъдтар тавонист боз ба мансабҳои болотар бирасад. Инчунин бародари ӯ Шуҳрат Хуҷа, ки дар Ожонсии назорати маводи нашъаовари назди Президенти кор мекард, низ ду маротиба бо ришвар дастгир шудааст, вале баъдар боз ба мансабҳои болотар расид.
Бедодгарии кормакндони сатҳи болоии ҳукумат дар Тоҷикистон бори аввал нест. Солона даҳҳо мақомдори сатҳҳои болоӣ бо ҷурмҳои ришва ва қаллобӣ дастгир мешаванд, аммо аксараш ё озод мешаванд ва ё боз ба мансабҳои болотар мерасанд. Аммо касе ҳозир нест пеши бедодгарии онҳоро бигирад.
Ҳудуди 50 дарсад парвандаҳои баррасишаванда дар ҳафтаи ҷорӣ аз пошхӯрдани оилаҳо дар пойтахт қисса мекунанд.

Сомонаи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯйхати парвандаҳои баррасишавандаеро нашр кардааст, ки қарор аст дар ин ҳафта баррасӣ шаванд. Дар ин феҳрист дида мешавад, ки дар маҷмуъ 102 парванда дар додгоҳ бояд давоми ҳафтаи ҷорӣ – аз рӯзи 27-уми сентябр то 1-уми октябр баррасӣ шаванд. Дар байни ин парвандаҳо тақрибан 50 дарсадашон дар мавриди пошхӯрии хонаводаҳост.
Аз байни 102 паварванда 21-тои он ба бекор кардани ақди никоҳ марбут буда, ҳамчунин 21 парвандаи дигар барои рӯёнидани алимент барои кӯдакон, яъне баъд аз пошхӯрдани оила гуфта мешавад. Ва танҳо як парванда барои барқарор кардани ақди никоҳ зикр шудааст.
Тибқи ин рӯйхат фаҳмида мешавад, ки танҳо дар як додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе давоми як ҳафта 42 парванда барои барҳам додани оилаҳо баррасӣ мешавад ва танҳо 1 парванда барои барқарор кардани хонавода аст, ки ин баёнгари вазъи бади хонаводагӣ да Тоҷикистон аст.
Мутаххассисон сабабҳои зиёд шудани талоқро дар ҳар ҷомеа ва кишвар гуногун таҳлилу баррасӣ мекунанд. Ҷомеашиносони тоҷик сабабҳои аслии пошхӯрдани хонаводаҳоро бештар дар мушкилоти молӣ ва фақр, бекорӣ, хушунати хонаводагӣ, дахолати хешу наздикон ба зиндагии дигарон, бесаводӣ ва ғайра рабт медиҳанд.
Инчунин равоншиноси маъруфи тоҷик, Маҳмудшоҳ Кабиров дар суҳбат бо Аздо тв ба 7 сабаби дигари пошхӯрии оилаҳо ишора кард, ки аз ин қабиланд:
– тайёрии ҷисмӣ надоштан ба муносибатҳои ҷинсиву маҳрамона;
– набудану надоштани муҳаббат дар барпокунии оила;
– хомиву нофаҳмии ақидаи мафҳуми оила;
– надоштану надонистани фарҳанги оиладорӣ;
– мустақилият ва тайёрии иҷтимоӣ надоштани оилабарпокунандагони ҷавон;
– номувофиқатии табиати духтарписарони навхона;
– беъмаънавиётии онҳо.
Маҳмудшоҳ Кабиров инчунин барои аз байн бурдани ин мушкилии муҳими иҷтимоӣ роҳҳои илоҷро низ пешниҳод кард:
– кушодани курсҳои махсуси омӯзишии оиладорӣ;
– фаъол кардани машваратҳои то пеш аз судӣ;
– мустаҳкамкунии оиладорӣ бо қонунҳои нави уҳдадоркунандаи аъзоёни оила;
Ин равоншиноси тоҷик мегӯяд, “мо имкони ҳам омӯзиш ва ҳам табобати оилаҳои беморро дорем. Ҳар сол то даҳҳо оилаҳоро аз вайроншавӣ эмин медорем”.
Дар Хорӯғ барои истиқбол аз сафари президент кӯдакону наврасон ва занони калонсолро ба маршировка ҷалб карда, масъулон бо онҳо муомилаи дурушт мекунанд.
Зиёда аз се ҳазор нафар аз афғонистониҳо беш аз се ҳафта мешавад, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор дошта, интизори онанд, ки мақомоти тоҷик марзро боз карда, ба Тоҷикистон панаҳ мебаранд.

Телевизиони “Афғонистон-интернешнл” бо нашри наворе хабар дод, ки байни се то севуним ҳазор нафар дар марзи Ишкошим бесарнавишт мунтазири боз шудани марз ҳастанд.
Ба иттилои манбаъ, онҳо мехоҳанд ба Тоҷикистон паноҳанда шаванд, аммо мақомоти тоҷик ба онҳо иҷозати вуруд намедиҳанд. Ва ин мардум гуруснаву ташна аз имконоти аввалияи зиндагӣ маҳруманд ва дар зери дарахтон шабро рӯз мекунанд.
مخاطبی از اشکاشم: ۲۰ – ۲۵ روز است که در مرز تاجیکستان منتظریم
این ویدیو را مخاطبی از مرز تاجیکستان فرستاده و گفته بین سه تا سه و نیم هزار نفر در مرز #اشکاشم بیسرنوشت منتظر باز شدن مرز هستند. امکانات اولیه زندگی وجود ندارد و آنها زیر درختان زندگی میکنند. pic.twitter.com/QaCDF94xmd
— افغانستان اینترنشنال – خبر فوری (@afintlbrk) September 23, 2021
Ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон, иҷозат надодани паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун ҳомии Ҷабҳаи муқовимат муаррифӣ намуда, ҳатто дар суханронияш дар СММ низ аз поймолшавии ҳуқуқи мардуми Афғонистон суҳбат кард. Вале шаҳрвандони Афғонистон дами дараш расидаанд, барояшон иҷозати вуруд намедиҳад.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом карда буд, ки омода аст ҳудуди 100 ҳазор паноҳандагонро аз Афғонистон бипазирад. Ҳамзамон моҳи июл раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотияш ба хабарнигорон иброз дошт, “набояд фаромӯш кард, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ сокинони моро қабул карданд. Онҳо моро бо хона ва хӯрок таъмин карданд. Имрӯз онҳо дар изтиробанд ва мо вазифадорем, ки кумак кунем. Албатта, бо назардошти меъёрҳои бехатарӣ ва санитарӣ.”
Аммо баъдтар, 1-уми сентябр Рамазон Раҳимзода дар мулоқот бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) Мулугета Зевди гуфт, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо далели надоштани бунёди зерсохтори паноҳгоҳ барои қабули муҳоҷирон ва таваҷҷӯҳ накардани созмонҳои байналмиллалӣ ба ин масъала қодир нест аз паноҳҷӯёни афғон пазироӣ кунад.
Пас аз ин Иттиҳоди Аврупо барои кумак ба паноҳандагони Афғонистон ба Тоҷикистон 160 ҳазор евро ҷудо карда буд, аммо бо ин вуҷуд мақомоти Тоҷикистон ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки дар байни онҳо занону кӯдакон низ ҳузур доранд, иҷозаи вуруд ба намедиҳанд.
Амруллоҳ Солеҳ ва Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, ду шахсияти пуртаъсир дар майдони сиёсии Афғонистон ва собиқ мақомдорон дар ҳукумати президенти фирорӣ Ашраф Ғанӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кардаанд.

Бахши тоҷикии Хабаргузории Sputnik аз қавли манобеаш навишта, ки ин вохурӣ рӯзи 19-ми сентябр сурат гирифта дар он Амруллоҳ Солеҳ, собиқ муовини аввали президенти Афғонистон, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, собиқ вазири дифоъ, Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, вазири корҳои дохилии собиқ ва Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон иштирок доштаанд.
Дар ҳамин ҳол телевизиони “Афғонистон Интернешнол” хабар дода, ки Латиф Пидром раҳбари Кунгураи милии Афғонистон аз ташкили давлати ҷадид гуфат аст.
Ба гуфтаи Пидром, ин давлат на дар хориҷ, балки дар дохили кишвар ташкил хоҳад шуд. Оқои Пидром арз карда, ки шакли давлат дертар эълом хоҳад шуд ва нагуфта, ки он давлати мувозӣ хоҳад буд ёэътилофӣ.
Ташкили паймони мухолифини Толибон, ки дар назар аст, то чанд рӯзи дигар эъломи таъсис қунад, дар дигар расонаҳо низ садо дод аст.
Ҳамзамон сомонаи Паём аз қавли манобеъаш навишта, ки ин паймон бо меҳварияти тоҷикон шакл хоҳад гирифт, аммо ақвоми дигар, аз ҷумла узбакҳову ҳазораҳо низ дар он қисман ё пурра ширкат хоҳанд дошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли ҳозир ягона раҳбари кишвари ҳамсояи Афғонистон аст, ки ошкоро аз мухолифташ бо шакли ҳукумати Толибон гуфта аст.
Дар шаҳри Душанбе ду нафар бо гумони дуздии калон аз манзили як сокини пойтахт боздошт шуданд.

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон аз боздошти як зани 34-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дуздӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, гумонбарон 19-уми сентябри соли ҷорӣ ба манзили як сокини 28-солаи пойтахт ворид шуда, 80 ҳазор доллар ва 53 ҳазору 500 сомониро дуздидаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ аз гумонбарон ном наовардааст. Инчунин назари муттаҳамон ва ё адвокату пайвандонаш низ дар хабар вуҷуд надорад. Аммо гуфтааст, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Толибон бо баргузории режаи низомӣ (парадҳои ҳарбӣ)-и “нерӯҳои истишҳодӣ” (маргталаб)-и худ дар Шимоли Афғонистон, ба хусус вилоятҳои ҳаммарз, ба Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд.

Хабаргузории давлатии Афғонистон Ожоси иттилоотии “Бохтар”, 23-юми сентябр хабар дод, ки шохаи нерӯҳои истишҳодӣ (маргталаб)-и Гурдони Мансурии Толибон дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон таъсис шуд.
Манбаъ меафзояд: Муъиззидин Аҳмадӣ, сарпарасти Раёсати иттилоот ва фарҳанг ва сухангӯи Бадахшон гуфтааст, ки “ин шохаи низомӣ бо ҳузури мавлавӣ Амонуддин Мансур, волии Бадахшон ҷиҳати таъмини амнияти бештари шаҳрвандони Бадахшон паради ҳарбӣ анҷом дод ва барои мубориза дар баробари ҳар навъ хатари эҳтимолӣ эъломи омодагӣ кард.”
Гурӯҳи маргталаби Толибон, ки бо номи “нерӯҳои истишҳодӣ”-и Гурдон (Баталион)-и Мансурӣ шинохта мешавад, марказҳои он дар Қандаҳору Кобул ҷойгир шуда, шохаҳои он дар вилоятҳои Шимоли Афғонистон ба мисли Қундуз, Тахор ва дар маркази вилояти Бадахшони Афғонистон таъсис шудаанд.
Ҳамзамон рӯзномаи “Independent“-и Бритониё дар ин бора навиштааст: “Ба назар мерасад расонаӣ кардани ҳузури нирӯҳои маргталаб дар Шимоли Афғонистон, ба хусус шаҳрҳое, ки бо кишвари Тоҷикистон ҳаммарзанд, навъе паёми ҳушдор ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар рӯзҳои гузашта давлати Тоҷикистон бо рӯйкарди тундтаре ба ҳукумати Толибон тохта буд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар дидор бо Имрон Хон, ҳукумати Толибонро номашрӯъ хонд, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳама мардуми Афғонистонро намояндагӣ намекунад.”
Бар асоси гузоришҳо, пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ ва сари қудрат омадани Толибон нерӯҳои ҳаракати “Ансоруллоҳ”, ки аксари он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ба минтақаҳои назди марзии Афғонистон бо Тоҷикистон рафтаанд.
Тоҷикистон тамоми аъзои хонаводаи раҳбари пешини “Ансоруллоҳ” мулло Амриддинро тайи як амалёте дар водии Рашт дар соли 2006 кушта буд ва дар ҳоли ҳозир раҳбарии ин ҳаракатро писари мулло Амриддин бар уҳда дорад ва мақомоти Тоҷикистон борҳо эълом кардаанд, ки вуҷуди нерӯҳои ҳаракати “Ансоруллоҳ” дар манотиқи назди марзии Афғонистон бо Тоҷикистон онҳоро нигарон мекунад.
Дар ҳоли ҳозир тамоми ҳамсояҳои Тоҷикистон ва шарикони роҳбурдии он ба мисли Русия, Чин, Эрон ва шарикони бо эътимоди Тоҷикистон ба мисли Покистон ҳам расман бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон ҳамкориро оғоз кардаанд, аммо дар ин васат Тоҷикистон танҳо кишварест, ки то ҳол бар мавзеи худ пофишорӣ дорад ва таъкид мекунад, ки бояд дар Афғонистон ҳукумати ҳамашумул ташкил карда шавад, сипас онро ба расмият мешиносад.
Ин пофишории Тоҷикистон ба ҳукумати Толибон хуш наомадааст, зоҳиран баргузории парадҳои ҳарбии нерӯҳои маргталаби Толибон дар шаҳрҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳам ин паёмро мерасонад, ки ҳар ду тараф нигарон ҳастанд ва ҳар лаҳза метавонад, марзи ду кишвар ноором шавад.
Дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон кӯчае бо номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шуда, нимпайкараи сардафтари адабиёти тоҷик дар аввали кӯча гузошта шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Дастгоҳи шаҳрдории Душанбе, дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ва номгузорӣ шудани кӯча ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намояндагони парлумони ду кишвар ширкат карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Қазоқистон Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов дар шаҳри Нур-Султон ва дигар масъулоин расмӣ ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, кӯчаи мазкур дар ноҳияи Алмаатои шаҳри Нур-Султон ҷойгир буда, дарозии он 710 метр мебошад. Он аз кӯчаи Беймбет Майлин оғоз шуда, дар хиёбони Бауржан Момишули ба охир мерасад. Ҳамчунин дар ин кӯча Мактаби гимназияи №51 ва маркази тиббии шаҳрии №6 низ ҷойгиранд.
Нимпайкараи сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бурриши кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш 3 метр мебошад.
Кӯчаи мазкур қаблан бо номи кӯчаи №179 маъруф буд. Ва қарори намояндагони Парлумони Қазоқистон дар мавриди тағйири ном кардани он ба номи сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абдабдуллоҳи Рӯдакӣ моҳи марти соли 2018 қабул шуда буд.
Номгузорӣ шудани ин кӯча ба номи шоири тоҷик дар ҳолест, ки аксар донишмандон ва нависандагони тоҷик мухолифи ҷойном шудани шахсиятҳои таърихӣ ҳастанд.