Ризвоншоҳ рӯзи 6 – уми октябр бо даъвати як шаҳрванди доғистонӣ рафта будааст, ки бо захмҳои шадид баргашта ва ба беморхона интиқолаш додаанд, ки дар натиҷа ҷон додааст.
Илҳом Бобоҷонов, яке аз дӯстони Ризвоншоҳ Юсуфов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст: ӯ рӯзи 6-уми октябр бе огоҳ кардани дӯстону наздикон бо даъвати як доғистонӣ ба боғи “Сайма”-и Сургут рафта будааст, ба гуфтаи Бобоҷонов Ризвоншоҳ се моҳи пеш бо нафароне, ки ӯро даъват карданд, муноқиша карда будааст.
Бобоҷонов дар идома гуфтааст: “Намедонам сабаби ҷанҷоли онҳо чӣ буд. Ризвоншоҳ варзишгар буд ва ба худаш боварӣ дошт. Рафт ва дар он ҷо ӯро се корд задаанд. Баъд аз ин, 18 соат бо ҷароҳат дар беморхона хоб буд ва аз дунё даргузашт”.
Пулиси Русия бо гумони куштори ин шаҳрванди Тоҷикистон як нафарро дастгир кардааст, вале то ҳол дар ин маврид маълумоти пурра ироа накардаанд.
Гуфта мешавад, Ризвоншоҳи 26-сола ягона фарзанди хонавода буда, дар хурдсолиаш аз падар маҳрум мондааст. Тайи чанд соли охир дар Русия дар муҳоҷират буда, ба таъмири хонаҳо машғул будааст.
Ҳамсола садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз ҷониби ашхоси номаълум кушта мешаванд, ки дар аксари ҳолат ҷиноятҳои куштор аз тарафи пулиси Русия ошкор намегардад. Коршиносон сабаби пайгирӣ ва пайдо накардани муҷримони қазияи куштори тоҷиконро дар бетаваҷҷуҳии мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар Русия ва худи ҳукумати Тоҷикистон медонанд, ки бо сабабҳои гуногун вокунише намекунанд.
Дигар номзадҳо аз ҳизбҳои дигар аз 1% то 3% овоз гирифтанд. Ба гуфтаи раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода дар интихобот бештар аз 85 дарсади овоздиҳандагон иштирок кардаанд. Аммо огоҳони умур бар ин назаранд, ки дар интихобот шумораи ками мардум иштирок кардаанд ва ҳатто баъзеҳоро маҷбур ба интихобот бурдаанд. Чанд корбар ба “Аздо тв” аз баъзе ҳавзаҳои интихоботӣ наворҳо фиристоданд, ки ҳатто як овоздиҳанда ҳам дида намешавад.
Пеш аз шурӯи интихобот ва баъди анҷоми он бештари шаҳрвандон аз он шикоят карданд, ки ҳатто даъватнома барои иштирок дар интихоботро ба онҳо наовардаанд. Дар идома Бахтиёр Худоёрзода қайд кардааст, ки доир ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ шикояте нагирифтаанд. Дар ҳоле, ки сомонаи Радиои Озодӣ дар бораи овоздиҳӣ аз номи дигарон ва дигар қонуншиканиҳо хабар дод.
Ҳамчунин дар биноҳои нав аз ҳисоби бинокорони манзилҳо гузошта шуда, бе сандуқи постӣ комиссия хонаро ба истифода қабул намекунанд, – гуфтаанд, аз шаҳдории Душанбе.
Сабаби аз нав барқарор гардидани сандуқчаҳоро аз Ҳукумати шаҳри Душанбе ба мушкилии расонидани матбуоти даврӣ ба обуначиён, гуфта шудааст, ки ба гуфтаи намояндаи шаҳрдорӣ, ҳамеша обуначиён аз нагирифтани газета ё рӯзномае шикоят мекунанд, роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.
Ба гуфтаи намояндаи ҳукумати шаҳри Душанбе минбаъд нозирон низ расид (квитансияҳо)-и пардохти пули барқ, гармӣ, об ва дигар хизматрасониҳоро ба сандуқҳои постӣ мегузоранд.
Баъд аз саргирии парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Туркия ва Амороти муттаҳидаи Араб (Дубай) шҳрвандони Тоҷикистон мехоҳанд, бо тариқ ин ду кишвар ба Русия сафар кунанд, вале сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки бо роҳҳои ба Русия наоянд.
“Азия Плюс” аз қавли сафорати Тоҷикистон дар Русия навиштааст: тибқи қарори ҳукумати ФР аз 16 марти соли 2020 (№635-р) барои вуруд ба кишвар нафароне, рафта метавонад, ки ба ин қарор шомиланд.
Ҳама шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон шурӯъ аз Шабакаи аввал, Сафина, Ҷаҳоннамо, Синамо, Душанбе, то телевизионҳои вилоятии Суғду Хатлон, Бадахшон дар инъикоси маъракаи интихобот аз як марказ идора шуданд ва эфири ягона доштанд. Барномаҳои Шабакаи аввал ҳамзамон дар шабакаҳои дигари кишвар пахшу нашр шуданд. Чунин усули бозтоби интихобот дар Тоҷикистон барои бори аввал аст. Дар гузашта ин тавр набуд. Ҳар шабакаи телевизионӣ барнома ва гузоришҳои худро нашр мекард. Ин тарзу усули нодир ва бесобиқа аз чӣ далолат мекунад?
Далолат бар он мекунад, тамоми маҷрову моҷарои ин интихобот аз рӯи сенария ва барномаи аз қабл таҳияшуда сурат мегирад. Ҳеҷ сужжаву пейзаже табиӣ нест. Ташкили эфири воҳид ва мутамаркиз тақаллуб, фасод, ғайришаффоф,сохта, дурӯғӣ ва ғайриқонунӣ будани ин интихоботро бо тамоми ҷузъиёташ намоён мекунад. Аз як сӯ фанду фиреб, аз дигар сӯ тарсу ваҳшат дар сартопои ин барномаҳо ҳувайдост. Тарсу ваҳшат аз он ки мабодо ягон ҳарфе берун аз даҳони касе ба эфир наравад. Барои ҳамин ин барномаҳо таҳти контрол ва аз як марказ ба дасти мавҷ дода шуданд. Як бор таваҷҷӯҳ кунед ба сӯҳбатҳои нафароне,ки аз ин марказ омода ва ба самъи мардум расонида шуд.Инҷо ҳам аз сӯҳбатҳои худи интихобкунандаҳо ва ҳам аз суханони хабарнигорон иқтибос карда шудааст:
Ҳамсӯҳбатон:
Ман ба номзади арзандаи худ, ки Тоҷикистонро боз ҳам гулгулшукуфон мекунад, овоз додам.
Ман аз байни номзадҳо ба номзади арзандаи худ, ки боз ҳам сулҳу суботро мустаҳакам мекунад овоз додам.
Ба номзади арзандаи худ ҳар ҳафт сол овози худро додем.
Ба номзади арзандаи худ бо шукрона аз фазои сулҳу ваҳдати миллӣ барои барномаи стратегии саноатикунонӣ овоз медиҳанд.
Ин ҳарфу сӯҳбати интихобкунандаҳое аст, ки аз саросари Тоҷикистон бо чунин мазмун мусоҳиба доданд ва низ хабарнигороне, ки аз навоҳиву рустоҳои гуногуни кишвар гузориш таҳия карданд.Вале аз онки ҳамагӣ як шакул як маъно доранд,метавон бо итминон гуфт,ки чанд шабу чанд рӯз онҳоро машқу тамрин додаанд.
Ва,акнун савол инҷост,ки чаро ин бор тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз як марказ ва аз як эфир барнома нашр карданд? Зеро “номзади арзанда” ва “ояндаи дурахшон” ин бор ғайриқонунӣ ва аз роҳи буққагӣ вориди интихобот шудааст. Ӯ тамоми давраҳои панҷсоливу ҳафтсолиашро тай кард ва ҳоло вориди марҳалаи “беохир” ва “модомулумрӣ”-аш шуд, ки чунин меъёру моддаро дар ҳеҷ яке аз қонунҳои кишварҳои олам, илло ду- се кишвари салтанативу шоҳигарӣ наметавон пайдо кард. Аммо ин “номзади арзанда”, ки не шоҳ асту не султон аст, балки даъвои давлати демократӣ дорад. Дар кадом давлати демократӣ иҷоза аст, ки як нафар “модомулумр” бишавад? Ин дурусту дақиқ хилоф ва муқобили рукни асосии давлати демократӣ- дар як давра ва мӯҳлати муайн ва маҳдуд раёсат кардани як нафар аст.
Акнун, ки ин “ояндаи дурахшон” рукн ва меъёри асосии низоми демократиро нақз кардааст, тамоми талошашро мекунад, ки бидуни гапу калочаи зиёд бақои худро дар курсии қудрат ҳифз ва тамдид кунад. Ин номзади арзанда дар асл номзади мардум нест, балки як диктотуре аст, ки ҳукм ва риёсаташро болои мардум ҷорӣ кардааст ва баргузории як чунин интихобот, танҳо машруият бахшидан ба интихоботи ғайримардумӣ аст. Аз ин ҷост, ки ин “ояндаи дурахшон” вақте омаду овоз дод ҷуръат накард, ки пеши хабарнигорон ояд. Аз он тарсид, ки боз мабодо ягон журналист савол надиҳад, ки шумо бар асоси кадом меъёр ва кадом қонуне ин бор ҳам президент мешавед? Ё метарсид, ки аз ҳодисаҳои Белорусу Қирғизистон мепурсанд. Ё метарсид, ки мепурсанд, то охири ин ҳафт сол меравед ва ё дар нимароҳ курсиро барои писаратон холӣ мекунед? Ё метарсид, ки мабодо аз ояндаи Озодаи Раҳмони духтараш суол мекунанд, ки ин бор ҳам мудири Дастгоҳи иҷроия боқӣ мемонад? Ба ҳар навъе, ки ҳаст таги доманаш тар аст ва тақаллуби интихоботиаш ҳам дуздии таги саргини хар аст.
Барои ҳамин ин бор ҷараёни интихоботро зарра ба зарра, ҷузъ ба ҷуз барномарезӣ карда қадаме аз чаҳорчӯби он берун набаромаданд. Ин усули давлатҳои диктотурӣ аст, ки ҳар қадар ба тӯл ҳокимият мекунанд, ҳамони андоза худро дар фосила бо мардум нигоҳ медоранд, чун хуб медонанд, ки ҳаққи мардумро хӯрда истодаанд. Аз инҷо буд, ки эфири ягонаи телевизионӣ ташкил доданд, дар ҳоле, ки шабакаҳои телевизионӣ ҳамагӣ таҳти контроли шадидашон аст. Бо итминони комил метавон гуфт, ки 24 соати вақту эфири рӯзи интихобот дар “фабрикаи ҷавоб” ва Дастгоҳи иҷроияи Президент барномарезӣ шудааст.
Райдиҳии Қоҳир Расулзода нишон дода мешавад, хабарнигор шарҳ медиҳад, ки сарвазир ба “ояндаи дурахшон” овоз дод ва ё Раиси Маҷлиси Намояндагон меояду овоз медиҳад, хабарнигор ва ё ровии телевизион боз аз “номзади арзанда” гап мезанад. Аҷиб нест магар? Охир,шумо аз куҷо медонед, ки ба “ояндаи дурахшон” овоз дод? Дар баргаи рай касе бо номи “ояндаи дурахшон” нест. Пас “ояндаи дурахшон” кист? Маълум аст, ки шумо Раҳмонро таблиғ доред. Вале чаро таблиғу рекломи “скритый”-пӯшида,дуздвор? Зоҳиран қонунро муроот карда истодаед. Аммо дар асл ҳадафи дигар доред. ”Мимо”-и қонун гапро бурда ба АСЛ ва АСОС-и тақаллубу фиреб часпонидед,қонунро “объезд” кардед. Ин магар як дурӯғ, як фиреби умумимиллӣ нест?
Журналистҳо рафтанд ба қитъаи интихоботие, ки Раҳмон раъй дод, ба он хотир, ки бо ӯ саволу ҷавоб кунанд. Вале дар ҳамин рӯз ҳам аз сӯҳбат фирор кард. Мутмаинан, аз саволҳое, ки намунаашонро дар фавқ овардем метарсид. Чунки “ба даст меғалтид” ва дасташ рӯ мешуд. Фиреби умумимиллӣ бармало мегардид.
Чуноне, ҳатто як вакили Думаи давлатии Русия, ки нозири байналмилаии ин интихобот аст, бо вуҷуди ин ҳама сохтакориҳову пинҳонсозиҳо бо ишораҳое ҷолиб, “ночнушка”-таҳпӯши дар бадани ин маъракаи зебу зиннатбахшидаро кашиду ошкор кард ва гуфт, ”ёде аз интихоботҳои шӯравӣ медиҳад”. Ҳамин як ҷумла моҳияти сенария ва барномаҳо ва гузоришҳои эфири мутамаркизро бармало кард. Чаро чунин гуфт? Чунки интихоботро бо қарсу рақсу чакану тавлак оғоз карданд, чунки дид, ҳатто 20% ҳам ширкат накардааст. Агар ин сенария ва сохтакорӣ набуд, чи буд, ки занҳои бадахшӣ барои интихоботи номзади арзанда ва ояндаи дурахшон дар ҳавлии қитъаи интихоботӣ “дискотека” барпо карда маъракаро “идона” ва “тӯй” ташкил медиҳанд.
Инҷо интихобот аст ё тӯй? Агар тӯй аст, чи тӯйе? Тӯйи хатна ва ё арӯсӣ? Пас, шаҳ кисту арӯс кӣ? Тӯй, ки дар Душанбе мегузарад, арӯсӣ ва ё хатна дар пойтахт аст базму ҷашни он дар Роштқалъаву Кӯшониён чаро? Дар ҳоле, ки интихобот як сабқат, як мубориза, майдони набарду майдони қувваозмоӣ аст. Интихобот кашокашу ринг, интихобот сангари осуда ҷабҳаи осоишта аст, вале дар воқеъ ҷанг аст, ҷанги бидуни силоҳ, ҷанги ақидаву идеяву андешаву нақшаву барнома аст. Фалсафа ва моҳияти интихобот аст, ки тарафҳо, шахсиятҳо гурӯҳҳо созмону аҳзоб худро аз ҳар лиҳоз барои он омода мекунанд.
Аз тарафи дигар чи тӯйе, чи иде? Як литр рӯғани рустанӣ аз 16 сомонӣ боло шуд, як дона тухм 1 сомониву 20 дирам, як халтаи орд боз 260 сомонӣ шуд. Муаллиме, ки ҳоло категорияи олӣ дорад 1100-100 доллар маош мегирад. Аз кадом тӯй ва аз кадом маъракаи идона ва аз кадом “ояндаи дурахшон” мешавад болиду рақсид? Вақте як адад шиму костюми “номзади арзанда” ба чил ҳазор доллар дӯхта мешавад, ки дуто аз он бо бюҷети солонаи Ванҷу Дарвоз мусовӣ аст, ба кадом барномаи саноатикунонӣ мешавад овоз дод? Ҳол киро фиреб медиҳед? Ин “номзади арзанда”, ки бо аъзои оила ва авлоду маҳаллааш мамлакатро идора, балки балъида истодааст, “ояндаи дурахшон” мешавад? Гумонатон ин аст ки ба ин ҳама сохтакориҳо, қаллобиҳо ва фиребу найрангҳо мардум бовар мекунад?
ИМРӮЗ РӮЗИ ОХИРИН АСТ, КИ “ҶОНИБДОРӢ” ВА “ЗИДДИ” ОН ГУФТАН ИМКОН АСТ !!! Имрӯз рӯзи охирине аст, ки шумо метавонед маҳз дар маъракаи интихоботӣ “ҷонибдорӣ” ва “зидди” ҳарф занед! Ва ман ба шумо махсус мегӯям. Тандурустии ман хуб нест, wi-fi як рӯз набуд, чор соати охир чароғ набуд! Аммо ман комилан ором ҳастам, зеро ман ҳамеша Конститутсия ва қонунҳоро риоя мекунам ва иҷро мекунам! Аммо ҳокимияти давлатии кишвар на Конститутсия ва на қонунҳоеро риоя намекунад ва иҷро намекунад, ки худашон ташаббус ва қабул кардаанд, яъне, ба қонунҳое худ тирпаррони мекунанд! Аммо маълум аст, ки касе қонунҳоро бо таппонча парронад, ба сӯи ӯ қонун аз тӯп ме парронад, он ҳам барои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст !!! Ва ин махсусан ба масъалаи интихобот таъсир мерасонад !!! Як қатор дӯстон менависанд: Шарқ як масъалаи нозук аст! Аммо, Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон яке аз инҳо нест. Мо шоҳидони сиёсати шарқӣ не, балки феодализми ваҳшиёна ҳастем, на сиёсати шарқӣ! На тақдири Тоҷикистон, балки тақдири ҳокимияти давлатӣ ҳал шудааст. Ва ӯ ғамгин аст! Агар имрӯз набошад, пас фардо! Фардо не, пас пас аз фардо! Аммо вай ғамгин аст!
Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.