Хона блог саҳифа 539

Истиқболи халиҷиҳо аз ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафаи Тоҷикистон

0

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо баргузории як нишасти матбуотӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани  низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷиро шарҳ дод.

Ин нишасти матбуотии сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистон Саудӣ Акрам Каримӣ, ки рӯзи 2-уми январи соли ҷорӣ бо ҳузури намояндагони баъзе расонаҳо, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва доираҳои алоқаманд ба сайёҳӣ ва сармоягузорӣ баргузор шуда буд, бо истиқболи гарми хеле аз фаъолон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд.

Расонаҳои Арабистони Саудӣ ва давлати Кувайт ин иқдоми Тоҷикистонро ситоиш карда, бо хушҳолӣ менависанд, ки аз шурӯи моҳи январи соли 2022 шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд бидуни дошатани раводид ба Тоҷикистон сафар карда, то 30 рӯз дар он бимонанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи “Сурот Нюс”-и Кувайт хабар дода, ки дар нимаи семоҳои дувуми соли ҷорӣ парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва давлати Кувайт ба роҳ монда мешавад.

Гуфта мешавад, пеш аз ин байни Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб парвозҳои мустақим солҳо инҷониб амал мекунанд, аммо байни Тоҷикистону Кувайт ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ нав оғоз хоҳад шуд.

Инчунин “дар ҳошияи нишасти матбуотӣ намоиши аксҳо таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари сайёҳии умедбахш” танзим гардида, ки дар он наворҳои инъикоскунандаи табиати зебо, имкониятҳои сайёҳӣ ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд”, зикр шудааст, дар хабари Вазорати корҳои хориҷӣ.

Чопи маҷаллаи “Тоҷикистон: вазъи асафбори ҳуқуқи инсон”

0

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон шумораи навбатии маҷаллаи солонаи худро зери унвони “

Шумораи навтабии маҷаллаи кумита, ки дар ҳаҷми 90 сафҳа бо қалами муаллифони зиёде бо зевари чоп омода шудааст, аксар аз дарду алам, азобу шиканҷа ва қатлу кушторҳое, ки дар давоми солҳои гузашта-соли 2020-2021 тавассути кормандони мақомоти қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон анҷом шудаанд, қисса мекунад.

Муаллифони ин маҷалла, ки аксари кулли онҳо узви ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз фаолони сиёсӣ мебошанд, матолиби худро бо истинод ба ҳодисаҳои рӯз ва аз сарчашмаҳои бо эътимод ва бо нақли қавлҳо зиннат додаанд.

Кумитаи шаҳрвандии Наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон як созмони ҳимоят аз ҳуқуқи башарии марбут ба мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки мақарраш дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон буда, тайи се соли ахир дар робита ба умури гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон амал мекунад ва чопи ин шумора сеюмин маҷаллаи он аст.  

Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

0

Вакилони парлумони Тоҷикистон аз 4-ум то 10-уми январи соли ҷорӣ бо интихобкунандагони худ мулоқот мекунанд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” ин мулоқот тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоятҳои Хатлон, Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар мекунанд.

Гуфта мешавад, дар як ҳафта  вакилон бо интихобкунандагон суҳбат намуда, ба онҳо дар бораи Паёми Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати молиявӣ ва дигар соҳаҳо маълумот медиҳанд.

Аммо ин ки вакилон бо мардум аз мушкилоти рӯзмарраи онҳо суҳбат хоҳанд кард ва гузорише аз ин сафарашон медиҳанд ё не, дар хабар чизе гуфта нашудааст.

Одатан вакилони тоҷк дар кишвар бо интихобкунандагонашон на ба хотири шунидани мушкилот ва рафъи ҳоҷоти онҳо вомехӯранд, балки барои расондан ва шарҳу тавзеҳ додани Паёми Эмомалӣ Раҳмон дидорбинӣ мекунанд, ки бе ин ҳам мардум аз ҷузъиёти он паём огоҳӣ доранд.

ИНҲО ШИРИНШОҲ ВА МАХСУМРО КУШТАНД

0

Баъди изҳороти сокинони Хоруғ, ки дар Русия муҳоҷиранд, матнҳои якхела дар шабакаҳои иҷтимоӣ бориданд.

Акс аз Интернет

Aгар Шумо матбуоти давраи солҳои 30-уми асри 20-ро бихонед, ҳамон замоне, ки Қаҳрамонон Шириншоҳ Шотемур ва Нусратулло Махсум бо айби хиёнат ва миллатгароӣ ҳабс ва қатл шуданд, мақолоти ҳамгунро зиёд меёбед.

Тоҷикистони имрӯз ба он замон монанд аст.

Ин нависандаҳои баъзан гумном ва муридони амниятӣ дар он давра ҳам куштор ва бадарғаи беҳтарин инсонҳои ин миллатро бо ҳамин шева тавҷиа мекарданд.

Дар аъмоли онҳо гуноҳҳои нокардаро кашф менамуданд, матнҳошон пур аз калимоти “хиёнат” ба ватану партия буд. Инҳо як табақаи махсус, тундгароёни олами афкор, қотили ҳуввият ва бедории миллатанд.

Қотилони Шириншо ва Нусратулоанд. Ҳаминҳо онҳоро аввал бадном ва пеши девор рост карданд ва баъдан туфанги қудрат ҷони онҳо рабуд.

Дар Тоҷикистони имрӯз давоми он эҷодкорони бӯҳтон боз сар бароварданд ва дар тарвиҷи дасти зулму истибдод, дурӯғ панҷа нарм мекунанд.

Инҳо рушдро, ғурурро,имонро, виҷдонро дар миллат мекӯшанд.

Дар гуфторашон далоилро нопурра ва гардон мекунанд. Ҳар рӯз шумори онҳо поёни навиштаҳои ман зиёд мешавад. Медонистам ин номҳои мустаъор аз кадом ниҳод ба суҳуфи ман сар мезананд, бо вуҷуд дархости вуруди онҳоро қабул мекардам. Ҳич гоҳ аз баҳсу мунозара дур набудам ва бар инам, ки ин муколамаҳо моро ба воқеият ва ҳақиқат мебаранд.

Онҳо чун қалами ниҳодҳои амниятӣ ҳастанд, хостам аз эроду афкорашон ба мантиқи рафтори хоҷагонашон сарфаҳм равам. Гумонам буд, ки як ҷавобе дар мавриди кушторҳои Хоруғ аз онҳо дармеёбам.

Дидам на. Мақсади онҳо на гуфтани воқеият балки бо тамоми нерӯ лнро мепӯшанд.

Онҳо ба эроду суолҳои Шумо посух намедиҳанд, балки мехоҳанд напурсед, ҳарчӣ ҳаст ҳамон тавр қабул кунед. Инҳо баёни аз ” Чаро?” Ҳаросидани мақомотанд. Чунки барои гуфтан чизе надоранд .

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИИ РУСТАМИ ҶОНӢ

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Сафорат сабаби дармондани муҳоҷирон дар фурӯдгоҳро шарҳ дод

0

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав зимни як хабарномае вазъи шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар фурӯдгоҳи “Домодедово”-и Маскав дармонда буданд, шарҳ дод.

Гуфта мешавад, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав вобаста ба ин қазия бо ширкатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия бурдаанд, гуфтушунид анҷом дода ва то рӯзи 3-уми январ қисми зиёди ин шаҳрвандонро ба кишвар баргардонидаанд.

Сафорат сабаби дармондани шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурӯдгоҳ ва роҳ надоданашон барои вуруд ба хоки ин кишварро дар мамнуъулвуруд будани онҳо донистааст.

“Сабаби манъи вуруди шаҳрвандони мазкур шомил будани номҳояшон дар рӯйхати мамнуъшудагон аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Русия арзёбӣ гардид.”, омадааст дар хабари Сафорат.

Ёдовар мешавем, ки 27-уми декабр беш 40 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия дар фурӯдгоҳи “Домодедово” ба далели дар рӯйхати “мамнуъулвуруд” буданашон боздошта шуданд ва ба онҳо иҷозати вуруд ба Русия дода нашуд ва ҳамаи онҳо дар онҷо тӯли як ҳафта дармонда буданд.

Баъд аз интизории зиёд шуморе аз онҳо ба Тоҷикистон баргардонида шудааст, аммо Сафорат дар хабараш дақиқ нагуфтааст, ки чанд нафари дигар дар интизори парвоз ба кишвар ҳоло ҳам дар фурӯдгоҳ мондаанд.

Шарти Амрико барои ба расмият шинохтани Толибон

0

Амрико ба Толибон гуфтааст, ки агар Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх, Халилӣ, Муҳаққиқ ва писари моршол Дустум аз раҳбарони собиқро дар идораи умури Афғонистон шарик созанд, ҳукуматашон ҳамашумул гардида, онҳоро ба расмият мешиносад.

Толибон мегӯянд, Омрико бо ирсоли як листи 15-нафарӣ гуфтааст, ки агар онҳоро дар идораи ҳукумат ҷо диҳанд ва дар тақсими қудрат дар Афғонистон саҳим кунанд, омодааст ҳукумати Толибонро ба расмият бишносад.

Ба гуфтаи Толибон, дар ин лист номҳои Ато Муҳаммади Нур, Халилӣ, Муҳаққиқ ва писари моршол Дӯстум ҳам ҷой доранд, аммо дар ҳоли ҳозир ин кор ғайри имкон аст.

Пеш аз ин сухнагӯи Толибон Забиҳуллоҳи Муҷоҳид ба расонаҳо гуфта буд, ки дар робита ба бозгашти раҳбарони пешин ба Афғонистон мушкил надоранд, вале дар айни замон ба шарик сохтани онҳо дар идораи умури Афғонистон омода нестанд.

Ҳукумати собиқи Афғонистон бо раҳбарии президенти фирории он Ашраф Ғанӣ 15-уми августи соли 2021 дар Кобул суқут кард ва ба гуфтаи Ҳомид Карзай пас аз фирори раиси ҷумҳур ва дигар сарони қудрат дар Афғонистон ӯ Толибонро даъват карда, ки вориди пойтахт шуда, қудратро ба даст бигиранд.

Як зану марди ҷавон бо гумони қаллобӣ дар Душанбе дастгир шуданд

0

Як зану марди ҷавон танҳо давоми як моҳ се нафарро фиреб намуда, барои дохил кардани фарзандонашон аз онҳо дар маҷмуъ 12 ҳазору 100 доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати шахсияшон истифода кардаанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як зану марди 31-сола, сокинони шаҳри Душанбе аз ҷабрдидаи аввал 2 ҳазору 600 доллар ва аз ҷабрдидаи дуюм 6 ҳазору 500 доллар ва аз нафари сеюм 3 ҳазор доллар гирифтаанд.

Гуфта мешавад, маблағҳо аз ҳар 3 ҷабрдида ба ваъдаи ин ки фарзандони онҳоро ба донишгоҳҳои кишвар шомил мекунанд, дар назди маркази савдои “Саодат” дар Душанбе гирифта шудааст.

Айни замон ин зану марди ҷавон бо гумони қаллобӣ боздошт шудаанд. Аммо назари худи онҳо ва наздиконашон ва ё ҷониби ҷабрдидагон дастрас нест.

Пора додан барои шомил намудани ҷавонон ба донишгоҳҳо дар ҳолест, ки мақомоти кишвар маркази ягонаи имтиҳонсупорӣ (Маркази миллии тестӣ) барои довталабон роҳандозӣ кардааст ва бояд ҳама раванди дохилшавии ҷавонон ба донишгоҳҳои кишвар зоҳиран “шаффоф ва одилона” сурат бигирад. Вале огоҳони умур мегӯянд, баракс баъд аз таъсиси Маркази миллии тестӣ ришва ва фасод дар ин самт бештар шудааст.

Чин шарики ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон

0

Фардо, 4- уми январ аз оғози муносибатҳои дипломатӣ ва дуҷонибаи Тоҷикистону Чин 30 сол пур мешавад.

Имрӯз, 3-уми январи соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэйро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид шуд, ки  “Чин яке аз аввалин кишварҳо буд, ки  4-январи 1992  истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард ва ин  имкон дод, то  дар муддати кӯтоҳтарин муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун барқарор карда шаванд ва ба шарофати талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расиданд.”

Ҷонибҳо дар ин мулоқот таъкид карданд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф ва тавофуқоти дуҷонибаро дар сатҳи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ давом медиҳанд.

Сафари намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии  Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэй ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои минтақа баргузор гардид.

Ҳалокати чор мард ҳангоми истихроҷи ғайриқонунии ангишт

0

Чор сокини шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бар асари заҳролудшавӣ аз гази карбон ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи 2-юми январ дар кони ангишти наздикии мавзеи Ишакон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки чор сокини деҳаи Ғезани Поёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ки ду нафарашон бародар буданд, ҳангоми истиғроҷи ғайриқонунии ангишт ба ҳалокат расидаанд.

“Вақте шабона онҳо ба хона барнагаштанд, пайвандонашон ба ташвиш омаданд ва ҳамаро ба по хезонданд. Соати 20:30 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо онҳо вориди кон шуданд ва ҷасади ҳалокшудагонро берун оварданд.”

Барои фаҳмидани тамоми ҷузъиёти ин ҳодисп гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ дар ҷойи ҳодиса кор карда истодааст.

Дар робита ба ин ҳодиса, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш намудааст, ки худсарона ва бе риояи қоидаҳои бехатарӣ аз кандани ангишт дар конҳо худдорӣ намоянд.