Хона блог саҳифа 540

Ҷон бохтани як зани паноҳҷӯи афғон бар асари сармозадагӣ

0

Як зани паноҳҷӯи афғон, ки мехоста бо ду фарзанди ноболиғаш ғайриқонунӣ аз Эрон ба Туркия паноҳ барад, бар асари дармондан дар сармои шадид дар наздикии марзи Эрон бо Турикия ҷони худро аз даст дод.

Расонаҳои туркӣ хабар доданд, ки ин ҳодиса рӯзи шанбе 1-уми январи ба вуқуъ пайвастааст. Ва ин зани афғон бо ду кӯдаки 8 ва 9-солааш дар деҳаи марзии Балорус дар хоки Эрон ҷон бохтааст.

Аммо расонаҳои эронӣ ба нақл аз сокинони наздимарзӣ менависанд, ки кӯдакон бо пои пиёда дар масири деҳаи “Узоп” буданд ва ҷое паноҳ бурда буданд, ки аҳолии ин деҳа аз моҷаро огоҳ мешаванд ва бо роҳнамоии кӯдакон ҷасади модари онҳоро пайдо мекунанд.

Тасвирҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир гашта, ба назар мерасад, ки ин модар барои пешгирӣ аз сармозадани кӯдаконаш ҷӯробҳои худро ба дасти кӯдакон пӯшонда ва пойҳои худро бо селафанҳо печонида аст ва кафше бар пой надорад ва дасту пойҳои кӯдакон низ аз сармои шадид варамидаанд.

Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон шумори паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ба хусус убурҳои ғайриқонунии марзҳо аз ҷониби шаҳрвандони ин кишвар бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Бино ба гузориши расонаҳо танҳо дар як моҳи гузашта дастикам чаҳор паноҳҷӯи афғонӣ бар асари яхзадагӣ дар минтақаҳои марзии Эрон бо Туркия ҷони худро аз даст додаанд.

Дурӯғҳои ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2021

0

Хонандаи азиз, дар ин матлаб мо чанде аз дурӯғҳои шохдори мақомҳои сиёсии кишвар, аз ҷумла Раисҷумҳурро баррасӣ мекунем, ки давоми сол мардумро бо чӣ суханҳои фиребандае ба хотири пиёда кардани хостаҳои худ гӯл заданд. Инак бо мо бошед то дурӯғҳои шохдори соли 2021-ро баршуморем:

Якум: Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози имсол, рӯзи 26 январ ҳангоми ироаи паёми солонааш ба Маҷлиси олӣ эълом кард, ки дар кишвар коронавирусро шикаст доданд. Агарчи даҳҳо нафар аз атбои ин кишвар, ба шумули шахсиятҳои саршинос бар асари ин беморӣ даргузаштанд ва аъзои ҳукумати Раҳмон ба ин беморӣ гирифтор шуданд, баъди эълони дурӯғини шикасти он касе аз мавҷудияти коронавирус сухан намекард.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон танҳо моҳи июн ночор шуд, ки бигӯяд, бале,  коронавирус вуҷуд дорад ва бар асари он 2 нафар даргузашт. Аммо то эълони вазир ҳама медонист, ки коронавирус вуҷуд дорад ва ҷони чандин инсонро гирифта буд. Аз ҷумла аз наздикони худи Эмомалӣ Раҳмон, модарарӯси вай Узбекбӣ ва хоҳараш Қурбонбӣ пасу пеш ба маҳзи коронавирус аз олам чашм пӯшиданд. Шамсулло Соҳибови домодаш, Фахриддин Сафаров, писари Қурбонбӣ, ҷияни Эмомалӣ Раҳмон, Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент-духтари Эмомалӣ Раҳмон ва Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон ва боз чанде дигар аз мансабдорони ҳукумати вай тавонистанд, ки аз ин беморӣ шифо ёбанд.

Аммо ин танҳо дурӯғи Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёмаш набуд.

Дуюм: Яке аз дурӯғҳои дигари вай 15% афзудани ҳаҷми нафақа барои бознишастаҳо буд, ки дертар маълум шуд, ба ин миқдор моҳонаи нафақахӯрон зиёд нашуда будааст. Аҷобати дигари ин «афзоиш» дар он буд, ки он дар моҳи сентябр, баъди 10 моҳи ироаи паём сурат мегирифт. Мунтаҳо мардум «бузак намур, баҳор мерасад» гуфта, мунтазир монданд то поиз.

Аммо маълум шуд, ки моҳиёнаи бе ин ҳам ночизи бознишастаҳо 15% зиёд неву ҳамагӣ 31 сомонӣ афзуда будааст. Яъне аз ҳисоби ҳадди ақали нафақа 15 дарсад афзуда будаасту халос. Вале ҳам худи вай ва ҳам мубаллиғону мутамаллиқи вай мардумро гӯл заданд, ки бар моҳонаи бознишастаҳо 15% афзуд.

Сеюм: Баъзе аз дурӯғҳои Эмомалӣ Раҳмон ва масъулони ҳукумати вайро мешавад дурӯғҳои анъанавӣ хонд. Инҳо дурӯғҳоеанд, ки як соли пеш, якчанд соли пеш ва ё борҳову ҳамеша гуфта мешавад ва гуфта шудааст. Яъне ин дурӯғҳоро нагӯянд, намешавад. Гумонашон ин аст, ки мешавад бо ин дурӯғҳо ба сари мардум кулоҳ гузошт. Бар фарзи мисол Раҳмон ва нафароне, ки барои вай матн менависанд, суханрониҳои вайро омода мекунанд, талош мекунанд, ки бо бозӣ ба арқом ва омор халқро фиреб диҳанд. Масалан дар чанде аз суханрониҳояш ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллии соли 2020-ро бо соли 2014 муқоиса кард. Хост бо ин қиёси номуносиб нишон бидиҳад, ки вай кор карда истодааст ва иқтисоди кишвар дар ҳоли пешравӣ мебошад. Аммо ин паҳлуи масъаларо, ки дар соли 2014 як доллар чоруним панҷ сомонӣ арзиш дошт, вале дар соли 2020 то ба 11 сомонӣ расидро ишора накард:

«Иқтисоди кишвар дар соли 2020-ум 4,5 дарсад афзоиш ёфта, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид». Ин буд омори ироадодаи Раҳмон. Аммо агар ҳамин 82.5 миллиард сомониро бо қурби соли 2014 муқоиса кунед беш аз нисф кам мешавад.

Ин дурӯғҳои анъанавиашро дар суханрониаш дар маросими таҷлил аз 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯзи 8 сентябр низ идома дод. Барои мисол буҷети 20 соли пеши ҳукуматро ба буҷети соли 2021 қиёс намуда, онро яке аз дастовардҳои иқтисодии ҳукуматаш донист.

Ӯ афзуд, “дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шуд.” Раҳмон ҳамчунин илова кард, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 30 баробар рушд кардааст: “Ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид”.

Ин дар ҳолест, ки (мувофиқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон) соли 2001 қурби 1 доллар ба 2,2 сомонӣ баробар буд ва ҳоло арзиши 1 доллар баробар ба 11 сомониву 32 дирам аст.

Ҳам коршиносон ва ҳам мухолифони Раҳмон ин қиёсҳои вайро дур аз мантиқ хонда ва аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ-эътилофи нерӯҳои оппозитсионӣ мегӯяд «баракс,  иқтисоди кишвар дар муқоиса ба соли 2014-2015 ҳадди ақал 20-25 дарсад коҳиш ёфтааст».

Чорум: Яке аз дурӯғҳои дигари соли ҷорӣ, ки онро ҳам мешавад дар шумори дурӯғҳои анъанавӣ ва ё дурӯғҳои такрорӣ дохил кард, марбут аст ба масъалаи таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ. Аз оғози моҳи октябр ба ин тараф ба аҳолӣ ва муассисаву корхонаҳои  деҳоти кишвар нерӯи барқ бо маҳдудият, соатбайъ дода мешавад. Лимити нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Аммо масъулони соҳа бо тамоми вуҷуд кӯшиш мекунанд, ки калимаи «лимит»-ро ба забон наоваранд. Соати 10-и шаб мекушанду 5-и саҳар дармегиронанд.

Дар ҳеҷ яке аз гӯшаҳои Тоҷикистон дар ин соатҳо ҳеҷ кас кормандони Идораи барқро намебинад, ки барои мисол болои дарахт баромада бошанд, трансформатор таъмир карда бошанд, хатҳои баландшиддатро нав карда бошанд, аммо айнан чунин дурӯғро ба мардум мегӯянд, ки корҳои профилактикӣ идома дорад. Ҳамин ҳоло ҳам, бо гузашти 2 моҳ корҳои тармим ва таъмир идома дорад, мардум аз барқи доимӣ маҳрум аст, вале касе ҷуръат намекунад, ки бигӯяд лимит ҷорӣ шудааст. Чунки дурӯғгӯи асосӣ, дурӯғгӯи рақами яки Тоҷикистон-Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи соли 2017 гуфта буд, ки дигар «лимит» дар Тоҷикистон барои ҳамеша бардошта ва «светмурӣ» ба афсона табдил дода шуд. Ҳамин тавр решаи ин дурӯғ ҳам ба худи Раҳмон мерасад.

Панҷум: Яке дигар аз дурӯғҳои дигари имсола, ки онро ҳам мешавад дар қатори дурӯғҳои анъанавии мақомоти Тоҷикистон ворид кард ба шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дахл дорад. Мақомоти Тоҷикистон ва пеш аз ҳама худи Эмомалӣ Раҳмон пайваста миқдори шаҳрвандони мардикори тоҷик дар ин кишварро кам нишон медиҳанд. Ёдатон бошад дар ду соли пеш дар як нишасти хабарӣ дар Маскав, вақте Раҳмон гуфт, ки 450.000 тоҷик дар Русия муҳоҷиранд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар худи ҳамон нишасти хабарӣ эълон кард, ки 1 миллиону 200 000 тоҷикистонӣ дар қаламрави кишвараш кору фаъолият доранд. Аммо тибқи омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, танҳо дар 10 моҳи имсол бештар аз 331 ҳазор шаҳрванди кишвар дар ҷустӯҷуи кор ба Русия рафтааст.

Аммо мусаллам аст, ки ин рақам воқеияти шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ифода намекунад. Ва,ин тарзи дурӯғ гуфтан офтобро бо доман пӯшониданро монад.Офтобро, ки бо доман пӯшонидан намешавад.Ҳеҷ кас ба ин омор бовар намекунад. Чунки ҳоло муҳоҷирон бо насли саввуми худ, падар, писар ва набера ва ҳатто бо модару хоҳарҳо рафта истодаанд. Мардум аз биҳишти Раҳмон ба кофаристони Путин гурехта истодаанд. Вақте дар ватан ҷойи корӣ бошад, чаро мардум мераванд ва чаро раиси ҷумҳуриашон аз раиси ҷумҳурии кишвари дигар талаби афв мекунад? Тибқи як таҳқиқот 57 % муҳоҷирони корӣ гуфтаанд, ки дар Русия мемонанд. Шумораи муҳоҷирони кориро мақомоти тоҷик дар ҳоле ба маротиб кам нишон медиҳанд, ки ВКД Русия ахиран хабар дод, ки тайи 9 моҳи январ – сентябри соли 2021 дар мақомоти муҳоҷирати Русия 2 миллиону 25 ҳазору 712 шаҳрванди Тоҷикистон худро сабти ном кардаанд ва 1 миллиону 597 ҳазору 481 нафари онҳо дар санадҳояшон дар мақомоти муҳоҷирати Русия нишон додаанд, ки ба Русия маҳз ба ҷустуҷӯи кор омадаанд.

Чуноне пештар ҳам гуфтем, вақте дурӯғгӯӣ такрор мешавад, он ба анъана ва одат бадал мешавад.

Шашум: Яке дигар аз дурӯғҳое, ки Раҳмон ҳамвора аз он истфода кардааст, таъсиси ҷойҳои кории нав аст. Раҳмон дар оғози имсол тазаккур дод, ки дар як соли пеш 190.000 ҷойи корӣ дар Тоҷикистон ташкил шудааст. Аммо аз ягон корхона ва коргоҳе ном набурд, ки барои мисол ба 2 ва 3 000 кас ҷойи корӣ фароҳам карда бошад. Пас, ин омор аз куҷо пайдо шудааст?

Раҳмон вақте ин ё он иншоот, масалан фурӯшгоҳеро ба кор медарорад ва бар тибқи гузориши ба дасташ расида мегӯяд, ки дар ин корхонаи дӯзандагӣ (масалан дар ноҳияи Рӯдакӣ) 3000 кас бо ҷойи кор таъмин шуд. Аммо баъди ҳамагӣ як ҳафта хабарнигорон мераванду мебинад, ки ҳатто ҳамон мошинаҳои дарздӯзӣ ҳам ғайб задаанд, чӣ расад ба ҷойҳои корӣ. Агар омору арқоми ироадодаи Раҳмон дар мавриди ҷойҳои кори ташкилшуда дар даврони роҳбарии ӯро ба ҳисоб гирем, он ҳатто аз шумораи аҳолии Тоҷикистон бештар мешавад.

Ҳафтум: Бахше аз дурӯғҳои мақомоти Тоҷикистон ба шумули Эмомалӣ Раҳмонро мешавад дурӯғҳое гуфт, ки онҳо ба берун нигаронида шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст аз вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ дар ин кишвар инкор мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки нафароне, ки мавриди назари шумост, барои иртикоби ҷинояти мушаххас маҳкум шудаанд ва мо зиндонии сиёсӣ надорем.

Масалан дар як нишасте бо ширкати Созмони Милали Муттаҳид дар бораи риояи ҳуқуқи инсон, ки рӯзи 4-уми ноябри соли ҷорӣ ба таври онлайн баргузор шуд, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва Мирзоамон Рофизода, муовини додситони кулли Тоҷикистон боз ҳам аз вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ мункир шуданд. Аммо СММ на танҳо имсол, чанд соли пеш ҳам шуморе аз зиндониҳои тоҷик, ба шумули аъзои Раёсати олии ҲНИТ-ро зиндониҳои сиёсӣ эътироф кардааст.

Ҳаштум: Дурӯғе дигари мақомоти тоҷик, ки имсол бӯи он дунёро пахш кард, ба қабули гурезаҳои Афғонистон марбут аст. Мешавад гуфт, ки ин дурӯғ низ ба берунаҳо нигаронида шуда аст. Дар оғози касби қудрат аз тарафи Толибон ва ба чаҳор самти олам фирор кардани атбои ин кишвар Тоҷикистон эълон кард, ки омодаи қабули 100.000 паноҳҷӯи Афғонистон аст. Хабаргузориҳо аз қавли Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон навиштанд, ки «айни ҳол қабули 100 ҳазор паноҳандаи афғон ба нақша гирифта шудааст». Аммо на танҳо гурезаҳои афғонро Тоҷикистон ҳатто дар миқдори даҳяки ин гуфтааш напазируфт, балки садҳо тан аз шаҳрвандон гурезаи ин кишварро ба иҷбор аз Тоҷикистон хориҷ кард ва бархеашонро ҳатто имкон надод, ки ворид шаванд.

Намоянаи Кумиссари олии умури паноҳандаҳои СММ дар Тоҷикистон гуфт, ки теъдоди гурезаҳои Афғонистон 12.000 аст, ки аз ин ҳамагӣ чизе бештар аз 5000-ро баъди Толибон қабул кардааст. Тоҷикон дар ин мавридҳо як мақоли хубро истифода мекунанд. «Луқмаро калон газу гапро калон назан». Аз аввал маълум буд, ки Тоҷикистон имконияти ҷо додан ба 100.00 афғонро надорад. Аммо Раҳмон мехост бо ин дурӯғ аз созмонҳои байналмилалӣ, бахусус аз Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико, ки барои қабули гурезаҳи афғон ба кишварҳои ҳамҷавори он садҳо миллион доллар ҷудо карда буданд, пул канад. Вале дар ин миён Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳушдор дод, ки «имкони якҷо бо гурезаҳо ворид шудани террористҳо аз Афғонистон вуҷуд дорад» ӯро ба шиддат нигарон кард ва ба зери қавлаш зад ва як бори дигар дурӯғгӯии худро нишон дод.

Дурӯғ ва дурӯғгӯӣ, бахусус дар миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бештар паҳн шудааст. Мешавад, ки даҳҳо намуна аз дурӯғгӯиву дурӯғкориҳои онҳо дар инҷо зикр кард. Масалан дар ҳамин «Қазияи Мадина», ки хостанд гунаҳкоронро бардурӯғ бегуноҳ нишон диҳанд.

Аммо ҳодисаи куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи Бадахшон ва дар пайи он чаҳоршабонарӯз даст ба гирдиҳамоӣ задании сокинони ин вилоят ва тафсиру таъвили он аз тарафи масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот нишон дод, ки онҷо чи қадар аз дурӯғ зиёд истифода мекунанд. Онҳо ваъда карданд, ки шумо аз гирдиҳамоӣ даст кашед, мо ҳодисаи куштори Гулбиддин ва ду нафари дигарро мунсифона таҳқиқ ва тафтиш мекунем, интернетро фаъол месозем ва касе вобаста ба ҳаводиси ахир ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Аммо ҳоло худи Раҳмон дастур дод, ки ҳодиса тафтиш, парвандаҳои ҷиноӣ оғоз ва гунаҳкорон муҷозот карда шаванд. Аммо то ба ҳоло Интернет дар навоҳии ВМКБ барқарор карда нашудааст.

Ба ин тартиб як бори дигар дурӯғ гуфтанд. Солро бо дурӯғ оғоз карда буданд, бо дурӯғ ба анҷом расонанд.

Хонандагони азиз, ин буд чанд дурӯғҳои сол, ки аз оғоз то имрӯз аз забони мақомоти кишвар, ба хусус раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шунидем, ки ҳатто ба аксари ин дурӯғҳо кӯдакон ҳам бовар намекунанд, вале мақомоти кишвари мо мардумро бо чунин роҳҳо 30 сол боз гул зада мегарданд.

Сорбон Азимӣ, махсус барои Аздо тв

Ҳамсоягон давлати миллӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати коғазӣ месозад

0

Аслан тайи солҳои фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон беҳбуди чашмгире ба назар нарасидааст. Коре, ки якҷониба ва бевосита аз ҷониби ҳукумат, бидуни талоши мардум ё бо иштироки ҷомеа, амалӣ шуда бошад, шояд нодир бошад.

Ва имсол ҳам ба қатори солҳои пешин бе ҳеч дигаргунии ҷиддие паси сар шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба он чи ки раванди таҳаввули ҷаҳонӣ бар сари ҷомеаи Тоҷикистон дигаргуниеро таҳмил менамояду он қадаме ба пеш мегузорад, наметавон гуфт, ки ҷомеаи кишвар ба дигаргунӣ, пешрафт, тағйир рӯ ба рӯ намешавад, аммо тавре ки гуфтем, дар саргаҳи ин гуна таҳаввул ҳукумат қарор надорад. Бинобар ин дар маҷмуъ рабт додани ин ҳама ба ҳукумат ва миннатдор шудан аз он иштибоҳ аст.

Ҳукумати Тоҷикистон шояд ягона ҳукумат дар ҷаҳон бошад, ки ҳамеша аз рушди иқтисоди кишвар мегӯяд, аммо ин рушдро касе дар амал намебинад, ба ҷуз чанд рақам. Масалан, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 67,1 миллиард сомонӣ (5,9 миллиард доллар) расидааст.

Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 55,6 миллиард сомонӣ (4,9 миллиард доллар) буд. Аммо ҳамеша мизони содирот дар қиболи воридот ба поин аст ва бекорӣ рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Тайи 9 моҳи соли равон содироти фаровардаҳои Тоҷикистон 813,3 миллион доллар, вале воридоташ 2,2 маротиба бештар – 1,8 миллиардро ташкил додааст[2]. Аз ин рӯст, ки ҳамеша кишвари Тоҷикистон бо мушкили арзи хориҷӣ рӯ ба рӯст ва наметавонад талаботи ҷомеа ба арзи хориҷиро таъмин кунад.

Чанд сол қабл ба иддаои он ки саррофиҳо мунҷар ба таварруми пули миллӣ мешаванд, баста шуданд. Ин кори саррофиҳоро ҳоло расман бонкҳо анҷом медиҳанд, аммо амалан нуқоти мубодилаи асъор аз байн нарафтанд, балки фаъолияти ғайриқонуниро оғоз карданд, ки иштибоҳи блоки иқтисодии ҳукуматро ба чанд далел ба намоиш гузоштанд. Далели аввал ин аст, то ҳол наметавон аз бонкҳо арзи хориҷӣ дарёфт кард. Он ҷо гоҳе қарзи хориҷии кофӣ нест, аммо агар гоҳе бошад ҳам чанд дарсад гаронтар аз арзиши эълоннамудаи Бонки миллист.

Зимнан фаъолияти ғайриқонунии саррофон идома дорад, ки онҳо пулеро, ки дар зимни фаъолияти қонунӣ ба хазинаи давлат ба унвони молиёт месупурданд, ришва медиҳанду фаъолияти қонунишонро идома ва аз он ҳич суде ба буҷаи кишвар намерасад. Албатта, чунин як рӯйкард ва ҳамчунин пинҳонӣ сурат гирифтани соҳибкорӣ, напардохтани молиёт ба низомӣ пардохти маоши кормандони давлатӣ таъсири мустақим дорад. Барои мисол, омӯзгорони ноҳияи Панҷ ҳамеша маошашонро бо таъхир мегиранд ва низоми электронӣ барои онҳо ба ҷои барҳам задани ришва, дари дигареро барои ришвадиҳӣ боз кардааст. Масалан, вақте пул ба ҳисоби онҳо мегузарад, бинобар кам будани худпардоз (АТМ)-ҳо ё пул надоштани онҳо омӯзгорон маҷбуранд, ин пулро аз бонк бигиранд, ки бонк ҳам ҳамеша пул надорад ва бинобар ин онҳо маҷбур мешаванд, ришва (маъмулан даҳ сомонӣ) диҳанд, то пештар аз дигарон маошашонро дарёфт кунанд.

Дар дигар кишварҳо низоми электронӣ бардошту пардохт дорад. Яъне нафар метавонад дар зимни харидории чизе аз корт истифода кунад, на танҳо аз пули нақд. Аммо ин кор дар навоҳии Тоҷикистон ҳанӯз роҳандозӣ нашудааст. Роҳандозии он дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба суръату нархи Интернет барои Душанбе хеле гарон хоҳад буд.

Баҳори соли гузашта, дар авҷи хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон ҳангомаи афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон “маҳшар” барпо кард. Дар он замон нархи як халтаи 50-килоии орд то 190 сомонӣ мерасид [3]. “Ин дар ҳолест… сокинон мегуфтанд, як халтаи ордро бо қимати аз 240 сомонӣ боло ва ба душворӣ дастрас менамуданд”, – навиштааст торнамои радиои “Озодӣ”. ВКД-и Тоҷикистон инро ҳангома хонд ва эълом кард, ки пайи дарёфти ҳангомагарон аст.

Аммо ин ҳангома набуд, балки офтобе буд, ки намешуд онро ба доман пӯшонд. Имрӯз, бо гузашти беш аз як сол халтаи панҷоҳкилоии орд беш аз оне арзиш дорад, ки ба гуфтаи ВКД ҳангома буд: дар Суғд 265 сомонӣ[5], дар дигар манотиқи кишвар арзиши он ба 280-300 сомонӣ[6] расидааст. Ожонси зиддиинҳосории Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар моҳи октябр гуфта буд, ки нархи шакар дар Федератсияи Русия 16,6 дарсад бо рубли русӣ ва 13,6 дарсад бо доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Аз рӯйи таҳлилҳо, арзиши як тонна равғани растанӣ низ дар ин давра аз 795 доллар ба 887 доллари ИМА расидааст. Айни замон нархи як килограмм шакаре, ки аз Федератсияи Русия ворид мешавад, бо ҳисоби қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА, ба 7,32 сомонӣ баробар аст. Аз рӯйи қурби бозори сиёҳ (як доллар баробари 11,50 сомонӣ) бошад, 7,41 сомониро ташкил медиҳад. Як килограмм шакаре, ки аз Белорус ворид мешавад, бинобар хубтар будани сифаташ ба 9 сомонӣ баробар аст. Дар робита ба афзоиши нархи орд Вазорати кишоварзиии Тоҷикистон эълон кард, ки “камбориш омадани сол ва кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон” сабаби афзоиши нарх шуда.

Суоле ба вуҷуд меояд, ки Тоҷикистон ҷузъи Қазоқистон, Русия ё Беларус аст? На, албатта! Пас чаро вақте сухан дар бораи гарон шудани нарх меравад, аз ин кишварҳо ном бурда мешавад? Шумо, мансабдорони масъул чӣ кор мекунед пас? Зеро Тоҷикистон, як кишвари аграрӣ аст ва тайи 30 соли истиқлол натавонистааст худро бо маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус гардум таъмин кунад! Гузашта аз ин соли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон аз қабули Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро эълон кард. Муҳимтарин буъди ин барнома ин аст, ки то соли 2030 кишвар бояд саноатӣ шавад. Аммо кишвари аграрие, ки дар тӯли 30 сол натавонист дар таҳияи гандум барои ҷомеаи худ худкифо шавад, чӣ гуна саноатӣ мешавад?

54,7 дарсади ин стратегия саҳми бахши хусусӣ аст. Худо зад! Қабули ин гуна стратегия боис шуд, ки мардум на танҳо муваззаф “хайри маҷбурӣ” шаванду ба ивази рафтан ба ҳаҷ пул бисозанд, балки бояд андози соҳибкоронро бидиҳанд! Рӯзе дар суҳбат бо радиои “Тоҷикистон” мардуми яке аз навоҳии кишвар мегуфтанд, ки мудири маориф шарт гузоштааст, аз тариқи ӯ барои духтарон либоси мактабӣ харидорӣ кунанд, вагарна 15 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Ин амали худро мудир дар суҳбат бо ин радио “дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ унвон” кард. Бале, вақте филолог дар узви тими блоги иқтисодӣ мешавад, ҷои гила нест. Ё вақте беш аз нисфи барномаи 15-сола ба дӯши бахши хусусии хароб вогузор мешавад, дигар чора чист? Бояд фарди зери синни 18 ҳам барои кумаки соҳибкор пул медодааст. Аҷаб мантиқе!

Ҳадаф аз ин мисол он аст, ки ин стратегия калтаки ҷабре барои сокинон шуда ва мақомот ба ҳар роҳе аз мардум “мекананд”-у барои “пешво” “лентаи рамзӣ” ва қайчӣ мехаранд, то ба “дастуру супоришҳои Пешвои миллат” ҳаққи ҳамбистарӣ ба занони ҳалоли худро пайдо кунанд.

Аз тарафи дигар ин масоил ба истиқлоли кишвар бармехӯранд, ки имсол аз сисолагии он таҷлил шуд. Бале, имсол аз сисолагии истиқлоле таҷлил шуд, ки ҳич буъди он таъмин нашудааст. Мисол мехоҳед? Меорем.

Ҳанӯз моҳи июни соли ҷорӣ Ёдгор Файзов, раиси собиқи ВМКБ гуфта буд, ки дар ҳоли зарурат ҷониби Тоҷикистон омодааст, аз 10 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ пазироӣ кунад. Бояд гуфт, ӯ ба унвони ягона мақоме аз ҳукумати феълӣ зоҳир шуд, ки дар ивази паноҳдиҳии тоҷикон дар солҳои 1992-1997 дар Афғонистон омода буд, ин қарзи инсониро дар назди ҳамтаборони ҳамсоя иҷро кунад. Аммо пас аз суқути давлати Кобул ба дасти “Толибон” Русия ба далели ин ки қабули паноҳандаҳо барои ин кишвар ва Осиёи Марказӣ хатар дорад, Тоҷикистонро нагузошт, то дар ин маврид иқдом кунад.

Шояд назари Путин дуруст ҳам бошад, зеро Ҳукумати Тоҷикистон ҳич гоҳе натавонистааст аз уҳдаи батараф кардани мушкилоти умдаи кишвар барояд, бинобар ин назди хоҷаҳояш муттаҳам аст ва истиқлолро танҳо рақсу суруд мепиндорад. Ба ибораи дигар ин “пешво”-и мо фаротар аз ришу мӯйлаб, ҳиҷобу каблук, галстуку танзими дастархон фикр карда наметавонад, барои ҳамин дар камтарин мушкилот дари Путинро мекӯбад, ки албатта, ин ҳама ҳидоятҳо дар ивази қурбони истиқлолу иззати мардуми тоҷик сурат мегирад.

Ба ҳамин тартиб метавон гуфт, ин ҳукумат бо пешвояш дар ҳич соле ҳич дастоварду тағйире ба ҷуз дурӯғу саркӯб надоштааст. Ин дурӯғҳо, албатта, ҳамасола тайи як паёме ироа мешаванд, ки имсол ҳам аз ин қарор хоҳад буд. Бинобар ин ҳама миллатҳои огоҳ давлатҳои миллӣ месозанду мо ҳукуматӣ коғазӣ.

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон давоми соли 2021

0

Хонандаи азиз, дар ин матлаб дар мавриди он ки ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон давоми соли 2021 дар кадом вазъ қарор дошт, муруре хоҳем кард ва ин ки ҳукумати кишвар дар минбарҳои созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар иддао мекунад, ки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамаҷониба риоят шудааст, хоҳем дид, ки он то куҷо ҳақиқат дорад ва дар охир қазоватро низ ба худи шумо мегузорем.

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз аввали соли 2021 бо маҳкум шудани пирамарди 80-сола Дониёр Набиев ба 7 соли зиндон маълум гашт.  Вокунишҳои шадид ва изҳори нигарониҳои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ба ҳафт сол ҳукми зиндони Дониёр Набиев (бобои Дона) сокини 80-солаи деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ дар оғози имсол Тоҷикистонро бори дигар ба ҳайси як кишвари поймолкунандаи ҳуқуқи башар ба намоиш гузошт.

Иттиҳоме, ки ба ин пирамард баста шуд: “пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард”, мавҷи интиқодҳоро дар баробари ҳукумати Тоҷикистон баланд сохт. Ин ҳам дар ҳоле, ки на мақомоти тафтишотӣ ва на додгоҳ аз ҳеҷ кишвари мушаххасе ном набурданд ва далелу санадеро ҳам манзур накарданд ва бадтар аз ин, мурофиаи додгоҳии бобои Дона пушти дарҳои баста сурат гирифт. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар “Human Rights Watch” ҳабси Дона Набиевро маҳкум ва озодии ӯро тақозо намуд ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Бунёди “Бузургмеҳр Ёров” ва коршиносони дигар низ ин ҳукмро сиёсӣ хонда ва аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии ҳарчи зудтари ӯро талаб карданд.

Пас аз муборизаҳои зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мақомот ногузир шуд Дониёр Набиеви 80-соларо аз зиндон озод кунад. Ин узви собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъди чаҳор моҳи дастгиршавӣ ва ба 7 соли зиндон маҳкум шудан 23-уми апрел ба озодӣ баромад.

Қазияи Дониёр Набиев танҳо мавриде набуд, ки аз риоят нашудани ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бигӯяд. Даҳҳо ҳолати нақзи ҳуқуқи инсонро мудофеони ҳуқуқи башар сабт кардаанд ва давоми сӣ соли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон пайваста мавриди мазаммати шадиди созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ва давлатҳои урупоӣ қарор гирифтааст. Тоҷикистон ба ҳайси як кишваре, ки ҳуқуқи башарро мудовим риоят намекунад, дар радабандӣ ва арзёбиҳои ҷаҳонӣ ҳамвора ангуштнамо будааст.

Мавриди дигаре аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ ин боздошт ва 14 сол зиндонӣ шудани Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ва танҳо ҳизби расмии мухолифи кишвар буд.

Ба 14 соли зиндон маҳкум кардани Маҳмурод Одинаев ва ба шаш соли зиндон маҳкум кардани яке аз писарони ӯ, инчунин 58 ҳазор сомонӣ ҷарима шудани писари дигари ӯ аз тарафи фаъолони ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба шиддат маҳкум гардид. Аз ин ҷо буд, ки созмони байналмилалии Хонаи Озодӣ “Freedom House” дар як таҳқиқоташ изҳор дошт, ки дар қаламрави АвруОсиё шаҳрвандони Тоҷикистон бо “бузургтарин мавҷи саркӯбҳо рӯ ба рӯ ҳастанд” ва “ҳукумат қудратро дар дохил тақвият додаву мухолифонро дар хориҷа ҳадаф қарор медиҳад”. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ зимни муаррифии як таҳқиқоташ дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар Амрико мегӯяд, баъд аз соли 2014 “аз 129 ҳодисаи сабтшуда дар минтақаи АвруОсиё 38 маврид марбут ба Тоҷикистон аст ва ин баёнгари боздоштҳои васеъмиқёс, муҷозоти сангин, ихроҷи ғайриқонунӣ, таслимкунӣ, ҳамла, нопадидшавиҳои бе шарҳ ва як ҳолати куштор мебошад”.

Додгоҳи ноҳияи Рӯдаки 28 январ Маҳмурод Одинаевро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” муҷрим шинохта буд.

Ва, аммо сахттарин мавридҳои нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар зиндонҳои ин кишвар мушоҳида мешавад. Дари зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳомиёни ҳуқуқи башар ва Кумитаи Салиби Сурхи ҷаҳонӣ баста аст. Инчунин муносибати масъулин ва маъмурони ин муассисаҳо бо зиндониён бисёр хасмона ва дурушт арзёбӣ мешавад.

Яке аз намунаҳои поймолшваии ҳуқуқи инсон дар зиндонҳои Тоҷикистон ин баъд аз интиқоли маҳбусон аз зиндони рақами яки шаҳри Душанбе ба зиндони нави шаҳри Ваҳдат, ки аксари онҳо аз беобӣ ва шароити бади зиндони нав шикоят мекарданд, буд.

Инчунин ду нафар аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллои Раҷаб танҳо ба хотири навиштани нома ба манзури бозбинии парвандаашон ба раиси ҷумҳурӣ, муҷозот шуданд. Онҳоро ба утоқҳои ҷаримавии зиндон интиқол доданд.

Ҳамсари Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ки соли 2016 ба ҳабси абад маҳкум шудааст, натавонист, ки аз ҳуқуқҳои худ барои аёдати шавҳараш истифода кунад. Мақомот гуфтаанд, ки шавҳари ӯ ба “сайри рӯзона ё ҳавохӯрӣ” набаромад ва ба ин далел ӯро аз ҳаққи дидор бо хонаводааш маҳрум кардаанд. Муҷозоте, ки дар ҳеч қонуни ҷазои дунё дарҷ нашудааст. Ва ҳатто то ҳол ҳеч ниҳоде ин қазияро шарҳ надодааст, ки чаро Маҳмадалӣ Ҳаитро нагузоштаанд бо хонаводааш дидор кунад – дидоре, ки дар 6 моҳ як моаротиба ва аз паси шиша, ки ҳамагӣ ним соат давом мекунад.

Тоҷикистон ва мақомоти интизомии он беш аз пеш ҳуқуқҳои одии инсонҳоро ба баҳонаи ночиз нақз мекунанд. Тибқи навиштаи расонаҳо ба духтари Раҳматуллои Раҷаб, яке аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ, ки барои 28 сол маҳкум ба зиндон мебошад, бар асоси моддаи “ифротгароӣ бо истифода аз Интернет” (қисми дуи моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд. Гуноҳи бону Нилуфар Раҷабова ин будааст, ки дар мавриди беасос ба ШИЗО-утоқи ҷаримавӣ бурдани падараш бо як расонаи хорҷӣ мусоҳиба додааст ва ҳамакнун ӯро муҷозоти аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Коршиносон чунин айбномаҳоро нодир ва як айбу иттиҳоме медонанд, ки дар ҳеҷ ягон гӯшаи дунё онро айбу иттиҳом намешуморанд ва танҳо Тоҷикистон аст, ки ҳамчунин меъёрҳоро барои саркӯби шаҳрвандонаш вазъ кардааст.

Боз яке аз намунаҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ин зиндонӣ шудани вакили дифоъ ва собиқ муфаттиши ноҳияи Вахш Садриддинзода Саиднуриддин буд, ки бо як муроҷиати видеоӣ, ки зоҳиран дар дохили зиндон сабт шудааст, аз Эмомалӣ Раҳмон хост ба додаш бирасад, зеро ӯро туҳмат намуда, бегуноҳ зиндонӣ кардаанд. Ба ин монанд даҳҳо мисоли дигар вуҷуд дорад, ки барои шумурдани онҳо инҷо фурсат намерасад.

Аммо яке аз масоили ҳуқуқии дигаре, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро ба он муқассир мешуморанд, таъқиби фаъолони сиёсиву иҷтимоӣ ва мунтақидону дигарандешон дар хориҷ аз кишвар аст. Ҳукумати Тоҷикистон солҳост, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти фосиди интизомии Русия даст ба таъқибу фишори шаҳрвандонаш дар ин кишвар мезанад ва бо истирдоди ғайриқонунӣ талош мекунад, аз фаъолиятҳои онҳо ҷилавгирӣ кунад.

Мақомоти интизомии Русия бар ивази пораву ришва афродеро назири Иззат Амон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда сипас таслими Тоҷикистон мекунанд. Иззат Амон, як мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик ва раиси “Маркази тоҷикон” дар Русия баъди истирдодаш дар моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Муҳаммадхон Эгамов, яке аз ҳамкорони наздики Иззат Амон низ бо дархости Тоҷикистон дар Маскав боздошт шудааст ва эҳтимоли истирдоди ӯ вуҷуд дорад. Вакилони мудофеъ Шуҳрат Қудратов ва Бахтиёр Ҷумъаев, ки ҳарду шаҳрвандии русиро доранд ва аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия дифоъ мекунанд таҳти хатари лағви шаҳрвандӣ ва истирдод ба Тоҷикистон қарор доранд.

Қадам Исматов, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки 17 соли пеш шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд, сентябри сали ҷорӣ мақоми табааияташро аз даст дод.

Ҳукумати Тоҷикистон мунтақидон ва мухолифонро дар хориҷа ҳам таъқиб мекунанд. Ва ё тавассути бастагони онҳо дар дохил болои онҳо фишор меоварад то инки ба ватан бозгарданд ва даст аз фаъолиятҳои сиёсӣ бардоранд. Худи Эмомалӣ Раҳмон дар як суҳбаташ дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Лахш ошкоро эълон кард, ки ҳеҷ кас ба сиёсат ва корҳои давлат дахолат накунад. Агар кард ҳатман ҷавобгар мешавад.

Аммо ҳаводиси рӯзҳои 25-28-и ноябр дар Хоруғ бори дигар исбот кард, ки мақомоти Тоҷикистон коре ба кори ҳуқуқи инсонҳо, риояти қонун ва тааҳҳудоти байналмиллалиашон надоранд. Истифодаи силоҳи оташфишон ба ҳангоми амалиёти боздошт ва тиркушоӣ муқобили муътаризини осоишта ниҳояти як низоми худкома ва тоталитарӣ аст. Ва бештари ҳомиёни ҳуқуқ ин шеваи бархӯрди мақомот бо аҳолии Бадахшонро террори давлатӣ унвон карданд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 8-уми декабри соли ҷорӣ Бозраси давлатии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон Умед Бобозода дар Форуми ҳуқуқи инсон “Ҷануб-Ҷануб 2021”, ки аз ҷониби кишвари Чин ба шакли маҷозӣ доир гашт, иштирок намуда суханронӣ кард. Ӯ дар суханронии худ иддао кард, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ мувофиқ ба аҳдномаҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон шомили онҳост, комилан ва ҳамаҷониба иҷро шудааст.

Аммо созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар дар мавриди “комилан ва ҳамаҷониба” риоят шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чӣ мегӯянд?

Баҳои кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқӣ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Вазорати хориҷии Амрико Тоҷикистонро имсол низ ба феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” аз назари озодиҳои динӣ ҷой дод. Ин барои бори панҷум баъд аз соли 2016 аст, ки Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос ҷой мегирад.

Муаллифони ин арзёбӣ мегӯянд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худкомаи худро тақвият дода, ҳама гуна фаъолиятҳои ошкорои диниро саркӯб мекунад. Дар гузориш омадааст, ки мусалмонони салафӣ, ки аз соли 2009 расман манъ шудаанд, мавриди таъқиб ҳастанд ва ин истилоҳ, ба қавли муаллифони гузориш, ба таври васеъ ва бебандубор ба кор меравад. Бинобар ин арзёбӣ, аз соли 2017 дар Тоҷикистон ду ҳазор масҷид баста шуд ва масҷидҳои дигар зери назорати камераҳои назоратӣ кор мекунанд. Гузориш инчунин ба идомаи таъқиби аъзои ҳизби аз соли 2015 мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ишора карда гуфтааст, ки мақомот ҳамакнун ба озору азияти аъзои хонаводаҳои онҳо ҳам даст мезананд.

Нимаи аввали моҳи январи имсол Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар дар гузорише Тоҷикистонро барои “зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифон ва журналистон бо ангезаҳои сиёсӣ” танқид кард.

Дар охирин гузориши Хонаи Озодӣ “Freedom House” Тоҷикистон шомили феҳристи кишварҳои “бадтарини бадтарин” аз ҷиҳати озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ шуд. Дар гурӯҳи 12 кишвари бадтарин поймолкунандаи ҳуқуқи башар, Тоҷикистон дар баробари Куриёи Шимолӣ, Туркманистон, Сурия, Арабистони Саудӣ, Чин, Либӣ ва Сомалӣ қарор гирифта аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои сол дар поинтарин радаи шохиси демократия қарор гирифт, ки ҳамасола “The Economist Intelligence Unit” таҳия мекунад ва имсол мақоми 160-умро касб кардааст.

Дар шохиси солонаи озодии матбуот, ки ҳамасола созмони “Гузоришгарони Бидуни Марз” нашр мекунад, кишвар мақоми 162-ро дар миёни 180 кишвар гирифтааст.

“Гузоришгарони  бидуни марз” Тоҷикистонро дар шумори 20 кишвари саркӯбгари  озодии матбуот қарор дода ва Эмомалӣ Раҳмонро дар шумори роҳбарони “душманони матбуот” дохил кард. Тоҷикистон “бадтарин кишвар” барои фаъолияти хабарнигорӣ муаррифӣ шуд.

Дар гузориши “Article-19”-як созмони байналмилалии мустақар дар Бритониё дар робита ба вазъи матбуот дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки мақомоти тоҷик “сабтиноми журналистро ҳамчун як василаи назорат аз матбуот ва сензураи журналистони мунтақиди ҳукумат истифода мекунанд. Манзури ин созмони байналмилалӣ аз сабти ном “аккредитатсия”-и муҷаввизи кор ба хабарнигорони тоҷике аст, ки барои расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд ва Вазорати хориҷии Тоҷикистон ба он идда аз хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки матолиби интиқодӣ менависанд “аккредитатсия” намедиҳад.

Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки НАНСМИТ- Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар як гузориш аз душвортар шудани гирифтани иттилоот ва бахусус бепосух гузоштани дархост ва саволҳои рӯзноманигорон аз тарафи мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон дар гузоришаш гуфтааст, мақомот “ба дархости журналистӣ ё ҷавоб намедиҳанд, ё як посухи хушку холӣ медиҳанд, ки ба дарди хабарнигор намехӯрад. Ин созмон аз моҳи июл то августи соли равон ба идораҳои расмӣ 58 дархости журналистӣ ирсол кардааст, ки 37-тои он беҷавоб будааст”. Нуриддин Қаршибоев, роҳбари НАНСМИТ охири моҳи ноябр дар сӯҳбат ба расонаҳо гуфтааст, ки “мо аз он нигаронӣ дорем, ки мутаассифона ниҳодҳое, ки қаблан ба дархостҳои журналистӣ саривақт ҷавоб медоданд, ба монанди ВКД, дар моҳҳои охир нисбат ба дархостҳо беэътиборӣ мекунанд. Аз ҳама чизи ташвишовар ин аст, ки ниҳоде, ки ба назорати иҷрои меъёри қонун мутассадӣ аст, яъне додситонии кул ба дархостҳо посух намедиҳад”.

Акнун хонандаи азиз, қазоват бо Шумост ва худ хулоса бароред, ки иддаои мақомоти Тоҷикистон дар мавриди риояти ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар то куҷо дуруст аст.

Имзои қарордодҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Толибон

0

Тоҷикистон аз моҳи июл то декабри соли ҷорӣ бидуни шартнома ба ҳукумати таҳти нуфузи Толибон дар Афғонистон барқ содир кардааст.

Ширкати Бришнои Афғонистон эълом кардааст, ки барои воридоти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон бо ширкати “Барқи тоҷик” дар шаҳри Душанбе қарордоди нав имзо кардааст.

Дар иттилоияе, ки ширкат нашр кардааст, гуфта мешавад, ки қарордоди воридоти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афонистон барои соли 2022 байни раиси ширкати “Барқи тоҷик” Исмоилзода Мирзо Иброҳим ва ҳайъати ҳамроҳаш ва раиси ширкати “Бришно” Ҳофиз Муҳаммад Амин ва ҳайъати ҳамроҳаш имзо шудааст.”

Гуфта мешавад, дар бораи имзои ин қарордод ширкати “Барқи тоҷик” расман дар сомонааш ҳеч матлабе нашр накардааст, аммо ширкати “Бришно” меафзояд, ин “қарордод дар ҷараёни музокироти ду рӯза аз сӯи ду тараф имзо шуда, зимни он қарордоди моҳи июли то декабри соли равон, ки ба далели таҳаввулоти сиёсӣ ба таъвиқ уфтода буд, низ имзо шудааст.”

Инчунин гуфта мешавад, дар ин музокироти ду рӯза дар бораи CASA 1000 ва сектори хати 500 кВт ҳам суҳбат карда, ҷониби Афғонистон дар бораи тарҳои мутаваққиф шуда ба Тоҷикистон ваъдаи ҳамкорӣ намудааст.

Равобити Тоҷикистон бо Афғонистон пас аз суқути ҳукумати пешини ин кишвар бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ ва сари қудрат омадани Толибон тира шуд, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар раҳбарони боломақоми кишвар борҳо эълон карда буданд, ки то Толибон ҳукумати ҳамашумул ташкил накунанд, онҳоро ба расмият намешиносанд, аммо сафари намояндаҳои ҳукумати сарпарасти Толибон ба Тоҷикистон ва имзои чанд қарордоди тиҷоратии ҷадид байни ду кишвар ҳама даъвоҳои пешини Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукумати зери нуфӯзи Толибон зери суол мебарад.

Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон дар ҳоле ба кишварҳои ҳамсоя Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон нерӯи барқ содир мекунад, ки ҳудуди 80 дарсади сокинои кишвар дар шаҳру ноҳияҳо дар фасли сармо аз бебарқӣ ранҷ мебаранд. Ҳукумат барои онҳо реҷаи лимити интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ карда, рӯзона ба ҳисоби миёна то 7 соат барқ меҳмони онҳо мешавад ва боқӣ ҳудуди 17-18 соати дигар дар сардӣ ва торикӣ ба сар мебаранд.

ДАР ШУМО ИНСОН МУРДААСТ

0

(Баъди тамошои саҳнаи боздошти Гулбиддин Зиёбеков)

Ин қабила ба ҷуз аҷнабӣ ва тозӣ нестанд. Чунки аз ин миллат набояд чунин фирқа берун ояд. Маҷрӯҳро чунин таҳқиру азоб додан рафтори шағолҳои ваҳшист.

Гулбиддин Зиёбековро ба ин сурат пеши чашми мардум ҳақир карданд. Ин аъмол ҳосили фақат мағзи бемор ва бехудоён аст.

Ингуна зулмро мардуми Помир ба ҳангоми таҳоҷуми афғон медиду тохтҳои манғит. Бо имтиёзи инки яроқ доранду ҳар қонуншикании онҳо рӯпӯш мешавад, чунин зулмро раво мебинанд.

Магар инҳоро мешавад инсон номид? Инҳо аз раҳму инсонгароии мо суистифода карданд.

Соли 2012 тасвири ҳамранге аз қисми ҳарбии Хорӯғ дар интернет пайдо шуд. Мегуфтанд: саҳнаи куштори Сабзалӣ Маҳмадризоев, яке аз фаъолони тазоҳуроти ҳамон сол буд. Ӯро мезаданду мекашиданд. Меуфтоду мехест. Саҳнаи хело ғамангез буд.

Дирӯз як дӯстам навори боздошти Гулбиддин Зиёбековро ба ман фиристод ва боз ҳамон саҳнаву боз ҳамон ҷаллодони яроқбадасту боз як шаҳрванди ҳақиру нотавони маҷрӯҳ.

Ин қотилон аз як мактаб гузаштаанд ва дақиқ онҷо ҷони инсон қадр надорад. Онро чун як монеа мебинанд, ҳукмаш марг аст.

Инҳо ҳаркиро, ки бар тибқи афкори хоҷаашон зиндагӣ намекунад, роҳаш дигар асту муғоир меандешад ҳукм ба эъдом мекунанд.

Ин аъмоли кормандони амниятро маҳкум мекунам ва сазои сахтарин муҷозот ҳастанд. Ҷазои онҳо ғалабаи виҷдон аст. Аз Худо мехоҳам, чунки бар адолати ниҳодҳои давлат шубҳа дорам. Ин қабила бигзор барои азият посух гӯянд.

Беҷавоб мондани чунин ношоистагиҳо фарҳанги аъмол мешавад ва имон ба зиндагиро барҳам мезанад.

Ин саҳнаро ҳамчу падар, модар ва бародару хоҳару фарзанд бубинед. Як бор ба дил гӯш биандозед, чун тасаввур кунед ҷояш падаратон, бародаратон ва писаратон мебуд? Агар ҳамоно дилатон хомӯш мебуд, рафта гуратонро пеш аз марг биканед, чунки дар Шумо инсон мурдааст.

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Рустами Ҷонӣ

Rustami
ДАР ШУМО ИНСОН МУРДААСТ.(Баъди тамошои саҳнаи боздошти Гулбиддин Зиёбеков) Ин қабила ба ҷуз аҷнабӣ ва тозӣ нестанд. Чунки аз ин миллат набояд чунин…

Ализода раиси Шӯрои ВАО шуд

0

Ҳуринисо Ализода, журналисти шинохтаи тоҷик раиси Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд.

Акс аз сомонаи Азия Плюс

Имрӯз, 24-уми декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи (ВАО) Тоҷикистон баргузор гардида, хонум Ҳуринисон Ализода раиси нав интихоб шуд.

Хонум Ҳуринисо Ализода дар ин мансаб Бахтиёр Ҳамдамов, сардариби “Минбари Халқ”-ро иваз кард. Хонум Ализода пас аз хонум Шаҳло Акобирова дувумин бонуест, ки дар раъси ин созмон интихоб мешавад.

Гуфтанист, ин созмон соли 2009 фаъолияти худро дар Тоҷикистон бо раҳбарии проффессор Иброҳим Усмонов оғоз карда, сипас ҳар ду сол раҳбарони худро иваз мекунад ва ба ин тартиб устод Қироншо Шарифзода, Зинатулло Исмоилов, Нуриддин Қаршибоев ва Хуршеди Атовулло ҳам дар гузашта аз раҳбарони ин созмон будаанд, аммо пас аз ҳодисаҳои сентябри соли 2015 то рафт фаъолиятҳои ин созмон ва дигар ташаккулҳои журналистӣ дар кишвар камрангтар шуданд.

Дар замони раҳбарии Бахтиёр Ҳамдамов дар ин Шӯро кори он то ҷое расида, ки охирин матлаби он дар сомонаи расмиаш 5-уми майи соли ҷорӣ, яъне 8 моҳ пеш нашр шудааст.

“Шӯрои ВАО – ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии васоити ахбори омма буда, фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, Оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ба амал мебарорад.”

Ихроҷи беш аз 130 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон

0

Беш аз 130 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав қарор доранд, ба ватан ихроҷ мешаванд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст, ки консули Тоҷикистон дар Русия Искандар Шарофзода аз ин боздоштгоҳ, ки воқеъ дар Сахарово аст, дидан кардааст.

Гуфта мешавад, ки консул бо раҳбари ин марказ Алексей Лагода мулоқот намуда, дар ҷараёни он ҷонибҳо шароити нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сахароворо баррасӣ кардаанд.

Инчунин, масъалаи сабти асноди зарурӣ ва баргардонидани муҳоҷирон ба Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Дар хабари сафорат гуфта мешавад, ки кормандони сафорат бо шаҳрвандони Тоҷикистон суҳбат доир намуда, ба саволҳои онҳо посух ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ва ба шаҳрвандон меъёрҳои асосии қонунгузории Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонда шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин марказ 136 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор дошта, ба 133 нафари онҳо аз ҷониби Хадамоти консулӣ шаҳодатномаи бозгашт ба ватан “ройгон” дода шудааст.

ВМКБ: Нашри навори саҳнаи қатли Гулбиддин Зиёбеков

0

Пойгоҳи хабарии “Памир Дайли Нюс” бо нашри наворе иддаъо кардааст, ки Гулбиддин Зиёбековро пеш аз қатлаш чанде аз мақомоти амниятӣ ҳалқовез карда, кашида бурданд.

Дар навор, ки гуфта мешавад, он замони қатли Гулбиддин Зиёбеков дар деҳаи Тавдеми ноҳия Роштқалъаи ВМКБ бардошта шудааст, дида мешавад, ки чанд нафар низомипӯшон мардеро иҳота кардаанд, ки дар замин афтодаву дар гарданаш ресмоне баста, низомипӯшон ӯро кашола карда бо доду фарёд мебаранд.  

Ин навор, ки дар саҳфаҳои фейсбукӣ ва телеграмии “Памир Дайли Нюс” нашр шудааст, бо вокунишҳои зиёди корбарон рӯбарӯ шуда, то кунун садҳо маротиба дар дигар саҳифаҳои кобарон бознашр гардидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо гузашти қариб як шабонарӯз аз нашри ин навор дар Интернет мақомоти Тоҷикистон расман то ҳол дар бораи он изҳори назар накардаанд, аммо чанде аз чеҳраҳои ношинос ва фейкҳое, ки аксаран аз сиёсатҳои ҳукумат пуштибонӣ ва талош мекунанд хеле аз ҷиноятҳои мақомотро тавҷеҳ кунанд, ба шубҳпароканӣ оғоз карда, иддаъо доранд, ки навор ҷаълӣ аст, аммо корбарони дигар ин даъвои онҳоро рад карда, фейкҳоро ба дурӯғпарокӣ муттаҳам мекунанд.

Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябр тавассути мақомоти қудратӣ дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз хонааш боздошт ва тавассути мақомот бо зарби 7 тир дар роҳ ба қатл расид. Модараш ҷасади писарашро ба назди бинои раиси вилоят дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бурд ва хост аз раҳбрият вилоят пурсад, ки чаро писараш бо чунин шевае пурдаҳшат ба қатл расониданд?

Ҳодисаи қатли Гулбиддин Зиёбеков ва додхоҳии модари ӯ боис шуд, ки садҳо нафари дигар ба рикоби онҳо ҳамроҳ шуда, садои эътирозхои худро баланд кунанд, аммо дар посух мақомот боз ҳам болои гирдиҳам омадагон оташ кушоданд ва дар натиҷа 2 нафари дигар кушта ва 17 тани дигар захмӣ ва барои муддатҳои номуайн маъюб шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз рӯзи аввали ҳодиса талош карданд, ки тамоми тамосҳои электронӣ бо ин вилоят, бахусус ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон ва маркази маръумурии вилоят шаҳри Хоруғро қатъ кунанд, то сокинон натавонанд ҷомеаро бо ахбори алтернативӣ таъмин ва аз ҷиноятҳои мақомот дар ин минтақа парда бардоранд.

Гуфтанист, қатъи Интернет ва дигар намуди тамосҳои электронӣ боварии мардумро нисбат ба мақомот ва ҳукумати марказӣ дар пойинтарин дараҷа қарор дода, дар замони асри табодули иттиллот ва тиҷорат тавассути Интернет ба мушкилоти мардум афзуда, нигаронии наздикону пайвандони онҳоро зиёдтар кардааст.

Кумаки навбатии $25 миллиони Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

0

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои хариди изофӣ ва таҳвили ваксинаҳои зидди COVID-19 25 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун грант ҷудо кардааст.

Акс аз Интернет

“Tajweek” аз қавли намояндагии ин бонк дар кишвар хабар дод, ки ин маблағҳо дар чорчӯби барномаи пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 ва барои рафъи паёмадҳои саломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолӣ ношӣ аз ин беморӣ бояд масраф шавад.

Озан Севимли, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд:

“Фароргирии густурдаи эмкунӣ дар якҷоягӣ бо дигар тадбирҳо барои барқароршавӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистон пас аз пандемия муҳим хоҳад буд. Сармоягузорӣ ба ваксина бар зидди COVID-19 барои Бонки ҷаҳонӣ авлавият дорад, зеро он як шарти зарурӣ ва қадами муҳим дар роҳи бунёди иқтисоди фарогир ва устувор дар Тоҷикистон аст”.

Кумаки Бонки ҷаҳонӣ барои хариди иловагии ваксин ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки дирӯз, 23 декабр дар чорчӯби барномаи “COVAX”-и Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳудуди 3 млн воя ваксин ба кишвар ворид гашт, ки дар умум аз аввали пандемия то имрӯз шумори ваксинаҳои зидди COVID-19 воридгашта ба Тоҷикистонро 11,4 миллон воя мегӯянд. Гуфта мешуд, ин шумора барои ду воя ваксин гирифтани тамоми шаҳрвандони аз 18-сола болои Тоҷикистон басанда мебошад.

Дар баробари ин Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ин маблағгузории навбатии Бонки ҷаҳонӣ гранти иловагӣ буда, барои рафъи камбуди ваксин андешида шудааст.

“Маблағгузории иловагӣ ба Тоҷикистон барои рафъи камбуди ваксинаҳо алайҳи COVID-19 ва расидан ба ҳадафи миллии эмгузаронии 62 дарсади аҳолӣ дар соли 2022 кумак хоҳад кард”, – гуфт Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ.

Ёдовар мешавем, ки Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 соли 2020 $11,3 млн ва аввали соли 2021 $21,2 млн кумакҳои молӣ карда буд.