Хона блог саҳифа 548

Акнун ҷавонон дар Тоҷикистон тамоми сол “облава” мешаванд

0

Дар пайи тағйиру иловаҳои охир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”, “облава”-и ҷавонон тамоми сол идома мекунад.

Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадализода сухангӯи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо то оғози маъракаи навбатӣ даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд.

Маҳмадализода тамоми сол ҷалб шудани ҷавонон ба артишро ба омодагии пешакии ҳарбӣ қабл аз адои хидмати дусолаи сарбозӣ рабт додааст.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми январи соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”, ки аз 10 боб ва 62 модда иборат аст, дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Тибқи тағйиротҳои дар он сурат гирифта, наваскарон метавонанд бо пардохти маблағи муқараршуда, ба ҷои 2 сол хидмати ҳарбӣ, як моҳ аз омӯзиши босуръати ҳарбӣ гузаранд.

Нархи ин навъи хидмати сарбозӣ 25 ҳазор 200 сомонӣ (420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда дар ҳоли ҳозир 60 сомонӣ мебошад)-ро ташкил дода, маблағ метавонад вобаста ба тағйирёбии нишондиҳандаи ҳисобҳо иваз шавад. То ҳол мақомот гузориш надодааст, ки чанд нафар ин маблағро пардохт намуда, ба омӯзиши босуръати ҳарбӣ ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин ҷавононе, ки донишгоҳро хатм кардаанд ва новобаста аз он ки донишгоҳ кафедраи ҳарбӣ дошт ё не, ба хидмати 12-моҳа ҷалб карда мешаванд.

1-уми октябр маъракаи тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар оғоз ёфт ва он то охири моҳи ноябр идома кард. Дар ҳар мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш ҷалб мешаванд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хидмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ҳамеша мавриди баҳс қарор дорад.

Дар ҳолати мастӣ 4 узви як оиларо бо мошини “воҳимааш” пахш кард

0

Як ронандаи мошини Мерседес шоми 7-уми декабр дар ҳолати мастӣ мошинро бо суръати баланд ронда, 4 узви як оила-зану шавҳар ва ду фарзанди хурдсоли онҳоро пахш намуд. Субҳи 8-уми декабр падари хонадон дар беморхона аз дунё даргузашт.

Акс аз сомонаи РВКД дар шаҳри Душанбе

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ронандаи мошини “Мерседес Бенс-200” Гафаров Нуралӣ Ҳусайнович соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, “дар ҳолати сархушии баланд қарор дошта, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсӣ, аз самти кӯчаи Қосимова ба самти кӯчаи Борбад бо сабаби баланд будани суръати автомашина аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, нахуст бо қисмати қафои автомашина ба деворчаи бетонии байни роҳ бархурда, сипас 4 нафар пиёдагардонро пахш намудааст.”

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин садамаи мудҳиш 4 узви як оила – марди 39-сола, ҳамсари 33-сола ва ду фарзанд, яке 8 ва дигаре 3-сола, ки ҳама низ бошандагони пойтахт будаанд, захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона мунтақил шуданд. Аммо субҳи 8-уми декабр марди хонадон Абдухолиқов Ҷамшед Файзалиевич бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона даргузашт.

Мақомоти ВКД-и Душанбе мегӯяд, ронандаи мошин Гафаров Нуралӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтиши парванда аз ҷониби гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии милитсияи пойтахт мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Аммо назари боздоштшуда ва наздиконаш то ҳол дастрас нест.

Баргузории Конфронси дуюми вазирони корҳои хориҷии “Италия – Осиёи Марказӣ”

0

Имрӯз Конфронси дуюми вазирони корҳои хориҷии “Италия – Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 дар шаҳри Тошканд ба кори худ оғоз кард.

8-уми декбар Тоҷикистонро дар Конфронси дуюми вазирони корҳои хориҷии “Италия-Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 вазири корҳои хориҷии кившарамон Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ мекунад.

Дар ҷараёни конфронс “масоили вобаста ба хатару чолишҳои замони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти иқтисодӣ ва тандурустӣ, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни Италия ва Осиёи Марказӣ матраҳ шуданд.”

Ҳамзамон дар ҳошияи ин конфронс вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Хакала баргузор гардид.

Инчунин ҷонибҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ ва бахусус вазъи амниятӣ дар Афғонистон табодули назар карданд.

Низоми ягонаи зиддиҳавоии Тоҷикистону Русия қабул шуд

0

Парлумони Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии Путин, Президенти Русияро барои иҷоди низоми ягонаи зиддиҳавоии байни ду кишварро қабул кард.

Имрӯз, 8-уми декбар, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ин тарҳри пешниҳодии Русияро ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бурд ва бо суханронӣ ва муаррифии кӯтоҳи он Парлумони кишвар бидуни баҳсу баррасиҳои зиёд ин тарҳро қабул кард.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар вақти муаррифӣ ба вакилон гуфт, “бо назардошти болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ба миён омадани шаклҳои нави пешбурди амалиёти ҷангӣ, аз ҷумла истифодабарии васеи ҳавопаймои бесарнишин аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ, амалигардонии ин созиншнома ба манфиати таъмини амнияти фазои ҳавоии кишвар арзёбӣ мегардад”.

27 апрели соли ҷорӣ вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия дар замони баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Душанбе “Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ташкили системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ”-ро имзо карданд. Дар ҳамон рӯз Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо гуфт, ки Русия ва Тоҷикистон Низоми муштараки дифои зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд.

Сипас 17-уми май Владимер Путин, Президенти Русия ба Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои хориҷии кишвараш дастур дод, ки заминаи тасвиби созишнома дар бораи Низоми муштараки дифои зиддиҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистонро омода карда, тадорукоти лозимро бо ҳамтоёни тоҷикистониаш баррасӣ кунанд.

Ба гуфтаи Шералӣ Мирзо, “татбиқи созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки қувва ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Русия дар таъмини амнияти фазои ҳавои Тоҷикистон иштирок намуда, инчунин кадрҳои самти пешбурд навбатдории ҷангиро бо истифода аз техникаҳои ҳозиразамони соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ бе хароҷоти маблағҳои иловагӣ аз худ намоянд. Ин иқдом барои таҳкими минбаъдаи дурнамои соҳаи мудофиаи зиддиҳавоии кишвар аз лиҳози иқтисодиву молиявӣ манфиатовар мебошад.”

Созишнома дар бораи Низоми муштараки дифои зиддиҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия дар ҳоле ба тасвиб расида, Маскав назорати ҳарими ҳавоии Сурияро чанд сол аст, ки зери назорати худ гирифтааст, вале Димишқ ҳар чанд рӯзу моҳе пас мавриди ҳамла қарор мегираду низоми зидиҳавоии S300 Русия вокуниш нишон намедиҳад.

Гузориши Тоҷикистон дар назди Созмони ҷаҳонии тиҷорат

0

Ҳайти Тоҷикистон дар нишасти Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ки рӯзҳои 6-8 декабр дар шаҳри Женева доир гашт, ширкат намуда, аввалин гузориш дар мавриди сиёсати тиҷорати кишварро иро намуд.

Акс аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Тавре дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Завқӣ Завқизода, раҳбари ин вазорат дар ин нишаст ширкат карданд.

Завқизода дар гузориши худ гуфт, ки пас аз шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат бо вуҷуди “буҳронҳои иктисодию молиявӣ, низоҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодии баъзе давлатҳо ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон ҳаҷми содирот дар Тоҷикистон ду маротиба, номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба, истеҳсоли молҳои саноатӣ 2,1 маротиба ва кишоварзӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфта, нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуданд.”

Завқизода дар ҳоле аз рушди чанддарсадии иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамасола тибқи шохисҳои ҷаҳонӣ кишвар дар самти иқтисод рӯ ба танззул доштааст.

 

546 ҳазор воя ваксина ба Тоҷикистон дода шуд

0

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи грантии Бонки Осиёии Рушд (БОР), ки соли равон тасвиб шуда буд, 546 ҳазор воксинҳои зидди COVID-19 вориди Тоҷикистон шуд. Дар ин бора дафтари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе хабар додааст.

Гуфта мешавад, инчунин миқдори иловагии ваксина дар охири ҳамин моҳ вориди Тоҷикистон гашта, дар умум 3 миллиону 345 ҳазору 600 вояро ташкил медиҳад.

Ин ваксинаҳо дар доираи лоиҳаи грантии 25 млн$-и Бонки Осиёии Рушд (БОР), ки моҳи июни соли 2021 ба тасвиб расида буд, ба Тоҷикисто таҳвил дода шудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз оғози ваксинагузаронии зидди COVID-19 дар кишвар 3 миллиону 118 ҳазору 210 нафар (53,5%) вояи якум ва 2 миллиону 641 ҳазору 449 нафар (45,3%) вояи дуюми ваксина гирифтаанд.

То имрӯз ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмак 7 миллиону 705 ҳазору 200 воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид шудааст.

Паёми Раҳмон ба Парлумон. Ин бор ӯ чӣ хоҳад гуфт?

0

Паёми соланаи Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар рӯзи 21-уми декабри соли ҷорӣ дар Душанбе ироа мегардад.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, қарор дар бораи баргузории ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯзи 6-уми декабри соли ҷорӣ раиси палатаи болоии Парлумони кишвар Рустами Эмомалӣ ба имзо расонидааст.

Гуфта мешавад, Раҳмон дар паёми худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда муайян мекунад.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон ҳамасола дар охири моҳи декабр доир мегардид, аммо паёми гузаштаи ӯ дар 26-уми январи соли 2021 ироа гардида буд.

Дар паёмҳои қаблии Раҳмон, вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси Олӣ, вазирону раисон, кабинаи Ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои димломатӣ ва ғайраҳо ширкат мекарданд.  

Ба назари коршиносон паёми имсолаи Раҳмон аз солҳои қаблӣ фарқе надошта, дар бораи тандурустӣ (коронавирус), афсона шудани барқ, роҳ , мактабу маориф, ба қавли худаш “хоинон” ва “хоҷагони хориҷии онҳо” сухан хоҳад гуфт.

Толибон: СММ “аз маъқулият кор бигирад ва дубора ғавр кунад”

0

Толибон аз Созмони Миллали Муттаҳид хост, ки дар бораи пазируфатани намоядаи Афғонистон дар ин созмон “

6-уми декабр, Созмони Миллали Муттаҳид тасмим гирифт, ки курсии Афғонистонро дар ин созмон ба намояндаи пешини ин кишвар вогузорад, на намоядаи Толибон.

Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид тақозои намояндагони Толибон ва ҳукумати низомии Миянмарро барои узвият дар ин созмон рад кард. Се моҳ қабл Толибон Суҳайл Шоҳин, сухангӯи худ дар дафтари сиёсии ин гурӯҳ дар Қатарро ба сифати намояндаи Аморати исломии Афғонистон дар Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод карда буданд.

Пеш аз ин “Кумитаи баррасии салоҳияти узвияти Созмони Миллали Муттаҳид”, ки Русияву Чин ва Амрико низ узви он ҳастанд, тақозои намояндагони Толибон ва ҳукумати низомии Миянмарро мавриди баррасӣ қарор дода, ба Маҷмаи умумии СММ пешниҳод карда буданд, ки талаби онҳоро рад кунад.

Ба ин тартиб то нишасти баъдии Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид, ки қарор аст, дар охири соли 2022 баргузор шавад, намояндаҳои давлатҳои пешини Афғонистон ва Миянмар курсиҳои кишварҳои худро дар ин созмон ҳифз хоҳанд кард.

Толибон 15-уми августи соли ҷорӣ ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғаниро тасарруф карданд, аммо низомиҳои Миянмар дар замистони соли гузашта ҳукумати Онг Сон Сучиро сарнагун карда, раҳбари ҳукуматро аввал ба ҳабси хонагӣ ва ахиран ба 4 соли зиндон маҳкум карданд.

Ихроҷи Чоршанбиев аз Русия

0

Додгоҳе дар Маскав Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгар ва блогери тоҷикро ба вайрон кардани қоидаҳои буду бош гунаҳкор дониста, аз Русия ихроҷ кард.

Ба иттилои Тасс, 6-уми декабри соли ҷорӣ “Додгоҳ Чоршанбиевро тибқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия (“Вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия ё реҷаи буду бош (иқомат) дар Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд”) гунаҳкор донистааст. “

Дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, ки Суд Чоршанбе Чоршанбиевро ба андозаи 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима намуда, амр кардааст, ки ӯро то замони ихроҷ аз Русия дар Маркази боздошти шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилии ин кишвар нигаҳдорӣ кунанд.

Гуфтанист, 3-уми декбари соли ҷорӣ Чоршанбе Чоршанбиев дар Маскав боздошт шуд ва дар додгоҳ ҳам эътироф кард, ки чанд моҳе пеш дар дохили нақбе дар ҳудуди Русия мошинро бо суръати баланд рондааст ва ба эҳтимол навори мошинронии ӯро касе аз наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.

Чоршанбе Чоршанбиев зодаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки аз синни кӯдакӣ ба варзиш машғул буда, аз соли 2016 ба ин сӯ ба таври касбӣ ба варзиш дар намуди муҳорибаҳои омехта (ММА) шуғл меварзад. Вай дар парвандаи муҳорибаҳои омехтааш 7 рақобат дошта, дар чор тои онҳо ғалиб омадааст.

Парлумони Тоҷикистон қонунҳо дар бораи терроризм ва ҷавононро баррасӣ мекунад

0

Рӯзи 17-уми декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора сомонаи Парлумон рӯзи душанбе хабар дод.

Акс аз сомонаи “majmilli.tj”

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, вакилони Парлумони Тоҷикистон барои баррасии чанд қонуни муҳим ба ин ҷаласаи якҷоя даъват шудаанд.

Аз ҷумлаи қонунҳое, ки бояд 17-уми декабр баррасӣ шаванд, ин қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра мебошанд.

“Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи мазкур баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон”;  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”; “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”; “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб ва бозхонди судяҳои мақомоти судӣ дар назар дошта шудааст.”, – менависад сомонаи Парлумони кишвар.

Коршиносон ворид кардани баъзе тағйиру иловаҳо ба чанд қонуни ҷорӣ, аз ҷумла маориф, андоз, масъалаи ҷавонон ва терроризмро муҳим медонанд.