Хона блог саҳифа 549

Парлумони Тоҷикистон қонунҳо дар бораи терроризм ва ҷавононро баррасӣ мекунад

0

Рӯзи 17-уми декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора сомонаи Парлумон рӯзи душанбе хабар дод.

Акс аз сомонаи “majmilli.tj”

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, вакилони Парлумони Тоҷикистон барои баррасии чанд қонуни муҳим ба ин ҷаласаи якҷоя даъват шудаанд.

Аз ҷумлаи қонунҳое, ки бояд 17-уми декабр баррасӣ шаванд, ин қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра мебошанд.

“Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи мазкур баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон”;  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”; “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”; “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб ва бозхонди судяҳои мақомоти судӣ дар назар дошта шудааст.”, – менависад сомонаи Парлумони кишвар.

Коршиносон ворид кардани баъзе тағйиру иловаҳо ба чанд қонуни ҷорӣ, аз ҷумла маориф, андоз, масъалаи ҷавонон ва терроризмро муҳим медонанд.

Боздошти боз як корманди Кумитаи замин бо иттиҳоми қаллобӣ

0

Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун Сафарализода Тоҷикиддин Сафаралӣ бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва “сӯиистифода аз мансаб” аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт гардид.

Акс аз Интернет

Дар хабари Агентӣ гуфта мешавад, ки номбурда ҳамчун раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун аз мақоми давлатияш сӯиистифода намуда, даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.

Сафарализода “бо маслиҳати пешакӣ дар якҷоягӣ бо зертобеъаш Сафаров Ҷумахон Муродович шаҳрванд “А”- ро бо роҳи фиреб бовар кунонидаанд, ки бар ивази маблағи 6800 сомонӣ метавонанд 1,0 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии фермериро аз заминҳои ҳудуди деҳаи Махтумқулии Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун ба номи ӯ ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намоянд.”, омадааст дар хабар.

Ба иттилои Агентӣ номбурдагон аз шаҳрванд “А” маблағи 6100 сомониро гирифта, вале ба нафъи ӯ коре накардаанд ва он маблағро ба фоидаи шахсияшон масраф кардаанд.

Бо гумони ришва ва қаллобӣ нисбати Сафарализода Тоҷиддин Сафаралӣ ва Сафаров Ҷумахон Муродович бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суд фиристода шудааст.

Сучи, собиқ раҳбари Миянмар ба 4 соли зиндон маҳкум шуд

0

Онг Сон Сучи, раиси пешини давлати Миянмар ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ба 4 соли зиндон маҳкум шуд.

Сухангӯи ҳукумати низомии Миянмар ба расонаҳо гуфтааст, ки Онг Сучи ба иттиҳоми “таҳрик ба хушунат ва нақзи илзомоти куруно” гунаҳкор дониста шуда, ба чор соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар рафти баррасии парвандаи собиқ раиси ҳукумати Миянмар Онг Сучи хабарнигорон иҷозаи вуруд ба толорро надоштанд ва ҳукуматдорон ба адвокатҳои ӯ ҳамагуна мулоқот бо намояндаҳои расонаҳо, дипломатҳо, созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷиро манъ карда буданд.

Додгоҳи Миянмар Сучиро ба даҳҳо ҷурм, аз ҷумла “нақзи қонунҳои тиҷорати хориҷӣ” ва “тақаллуб дар интихобот” низ муттаҳам кардааст.

Кудатогорони низомӣ дар замистони соли гузашта дар Миянмар қудратро тасарруф карда, Сучиро дар ҳабси хонагӣ қарор дода буданд.

Гуфта мешавад, дар замони раҳбарии Сучи дар Миянмар ҳазор нафар аз мусалмонони таҳҷоӣ мавриди таъқибу фишор, таҳдиду зӯроварӣ ва қатлҳои бераҳмона қарор гирифта, даҳҳо ҳазор нафари онҳо низ маҷбур тарки ватан карда буданд.

Ҳукми 15 соли зиндон барои ду узви дастаи Рамазон Тошев

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду сокини шаҳри Турсунзодаро баъд аз 23-24 сол аз анҷоми ҷиноят ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як матлаб иттилоъ дода, маҳкум шудаҳо “бо моддаҳои 74, 156 қисми 2 ва 104 бандҳои «а», «г», «д», «е», «з», «и» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) муттаҳам шуда, парвандаи онҳо дар “Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Суди Олӣ баррасӣ карда шуд.”

Мақомоти прокуратура ду сокини шаҳри Турсунзода бо номҳои Исмоил Самиев ва Рамазон Мурадовро ба “бандитизм” муттаҳам карда, гуфтааст, ки онҳо “бо силоҳҳои гуногуни оташфишон мусаллаҳ гардида, ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили бандитизм, роҳзанӣ ва куштори қасдонаро содир намудаанд.”

Ба гуфтаи мақомот, онҳо дар солҳои 1996-1998 ба дастаи “муташакили Тошев Рамазон, ки дар деҳаи Қушбулоқи колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода ҷойгир буд, шомил шуда,” даст ба чунин ҷиноятҳо занаанд.

Гуфтанист, “бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 ба онҳо бо дастрасии моддаи 39 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудан ҷазои ниҳоӣ ба муҳлати 15 солӣ маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шуд.”

Назари маҳкум шудаҳо, бастагони онҳо ва ё адвокаташон вуҷуд надорад, мақомоти Суди олӣ ва Прокуратураҳо бо вуҷуди нашри ин матлаб назари маҳкум шудаҳоро зикр накардаанд.

Боздошти шавҳар бо гумони қатли ҳамсар

0

Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мардеро боздошт карданд, ки дар қатли ҳамсараш бо роҳи бӯғӣ кардан гумонбар дониста мешавад.

Акс аз Интернет

Ба иттилои манбаъ, “номбурда, 4-уми декабри соли 2021, тахминан соати 11:00, дар 8-ум ошёнаи бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ҳамсараш зани 22-солаи сокини ноҳияи Файзободро аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо банд бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонида, баъдан дар таги қум пинҳон намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”

Мақомоти корҳои дохилӣ бидуни зикр ном гуфтааст, ки гумонбаршуда сокини 28-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳасту ҷабрдида сокини 22-солаи ноҳияи Файзобод. Мақомто мегӯяд, гумонбар боздошт ва аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро оғоз кардааст.

Миронов боз хостори ҷорӣ намудани раводид барои муҳоҷирон шуд

0

Раҳбари ҳизби “Русияи одил – Барои ҳақиқат” Сергей Миронов бори дигар хостори ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

Ба назари Миронов агар Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводидро ҷорӣ кунад, афзоиши ҷинояткорӣ ва вуруди навъҳои нави коронавирус ба кишварро маҳдуд мекунад.

Ӯ мегӯяд, ки русҳо бояд иқтисоди худро аз қувваи кории арзон муҳофизат кунанд, чун он рушди иқтисодро суст мекунад ва музди меҳнат баланд бардошта намешавад.

Сиёсатмадори рус инчунин нақшаи ҳукумати Маскав барои кам кардани коргарон дар сохтмонҳои Маскавро ҷонибдорӣ кардааст.

Ин бори дуввум аст, ки Сергей Миронов якчунин пешниҳодро мекунад. Вале ба ин пешниҳод мухолиф ё мувофиқ будани ҳукумати Русия то ҳол маълум нест.

Гуфтанист, дар Русия зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.

8 медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё/Уқёнус-2021

0

Варзишгарони тоҷик дар каҳрамонии ҷудои Осиё/Уқёнус-2021, ки аз 2 то 5-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор гардид, 8 медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа варзишгарони ҷавони тоҷик  5 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварданд, аммо гурӯҳи наврасон бошанд соҳиби 3 медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гаштанд.

Медали тиллоро миёни ҷавонон дар қаҳрамонии ҷудо Шодмон Ризоев дар вазни -81кг сазовор гашт. Ӯ дар финал бар намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ғалаба ба даст овард.

Абубакр Шеров (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73) ва Давлатҷон Назриев (+100кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҳамчунин дар миёни наврасон Парвиз Абдураҳмонов (+90кг) медали нуқра, Суруш Эркаев (-60кг) ва Муҳамад Юсуфзода (-66кг) сазовори медалҳои биринҷӣ гаштанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмиллалии ҷудо дар қаҳрамонӣ миёни наврасон 137 варзишгар (83 писар, 54 духтар) ва дар қаҳрамонӣ миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43 духтар) аз 17 давлат иштирок хоҳанд кард. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 16 варзишгар ширкат карданд.

Ҳукумати Толибон маоши моҳонаи раҳбаронашро эълом кард

0

Ҳукумати Толибон эълом кард, ки ба раҳбари ин гурӯҳ, Мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода ҳудуди 2400 доллари амокироӣ маоши моҳона ихтисос додаанд.

Акс аз Интернет

Аҳмад Ҳамқал, сухангӯи Вазорати дороии давлати Толибон эълом кард, ки барои Мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари ин гурӯҳ, ки то ҳол чеҳрааш дар расонаҳо роҳ наёфтааст, ҳуқуқи моҳона ба миқдори 228750 афғони (чизе ҳудуди 2400 доллари амрикоӣ) дар як моҳ ҷудо шудааст.

Ба ин тартиб маоши нахуствазири Толибон 198250 афғонӣ (муодили 2060 доллари амрикоӣ) ва маоши тамоми вузаро 137250 афғонӣ (наздик ба 1430 доллар) ва маоши волиёни шаҳру минтақаҳо 91500 афғонӣ (ҳудуди 950 доллар) эълом шудааст.

Гуфтанист, то кунун маълумоти дақиқе дар мавриди раҳбари Толибон Мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода дастрас нест ва танҳо як акси ӯ дар расонаҳо нашр мешавад.

Мақомот бозпурсии тазоҳургарон дар Бадахшонро оғоз кардааст

0

Мақомоти интизомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват барои бозпурсии нафаронеро, ки дар гирдиҳамоиҳои эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябр ширкат кардаанд, оғоз кардааст.

Пойгоҳи телеграмии “Pamir Daily News”, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистонро пӯшиш медиҳад, рӯзи якшанбе аз манобеаш хабар дод, ки мақомот ба ваъдаи худ пойбанд намонданд ва аллакай дар шаҳри Хоруғ чандин нафарро ба боспурсӣ даъват кардаанд.

“Аз Хоруғ хабар расид, ки бо вуҷуди ваъдаҳои мақомот, ки гуфта буданд барои ширкат дар гирдиҳамоии рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 иштироккунандагон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, аллакай мақомот ба бозпурсӣ даъват кардани афродро шурӯъ кардаанд.”, омадааст дар хабар.

Дар робита ба ин, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ аз ҳама хоҳиш кардаанд, ки ба ҳама дӯсту наздиконашон расонанд, ки дар ҳолати даъват шудан ба КДАМ ҳатман онҳоро дар ҷараён гузоранд.

“Агар ягон сокини ВМКБ оид ба ҳодисаҳои ахир барои бозпурсӣ ё мусоҳиба ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карда шавад, лутфан ба Гурӯҳи 44 рақами +992935427744 дар тамос шавед ва фавран онҳоро хабардор кунед.” – гуфта мешавад дар хабар.

Аз баъзе манобеъ ба Аздо тв низ хабар расид, ки мақомот то ҳол интернетро дар ин минтақа дубора фаъол накардаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, мақомот аз ин тарс дорад, ки бо фаъол шудани интернет хабарҳои бештар ва ҳаррӯза аз Бадахшон дастраси расонаҳо мегардад ва ба эҳтимоли зиёд ба ин сабаб интернетро пайваст намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки баъд аз гуфтушуниди мардуми Бадахшон бо мақомоти кишвар барои тарки майдон, яке аз шартҳои мусолиҳа ҳамин буд, ки интернет ва алоқаи мобилӣ барқарор мешавад ва мардум барои иштирок дар гирдиҳамоиҳо таъқиб ва ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Вале тавре бошандагони ин вилоят хабар медиҳанд, ин шартҳо зоҳиран иҷро нашуданд.

Пас аз тарки майдон аз ҷониби мардуми ВМКБ тариқи телевизиони маҳаллӣ дар ин вилоят шоми 1-уми декабр баёнияи мақомот нашр шуд, ки онҷо гуфта мешуд: “онҳое дар эътироз ширкат кардаанд ва ҷинояти дигар содир накардаанд, аз ҷавобгарӣ озоданд.”

Ёдовор мешавем, ки эътирозҳо баъд аз оне дар шаҳри Хоруғ сар зад, ки 25-уми ноябр Гулбиддин Зиёбеков, як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар як амалиёти мақомоти прокуратураи вилоятӣ аввал захмӣ ва сипас бо зарби 7 тир кушта шуд. Қатли Гулбиддин Зиёбеков мавҷи эътирозҳоро дар Хоруғ сипас дар Душанбеву Маскав, Лондону Ню-Йорк ва дар баъзе бузургшаҳрҳои кишварҳои авропоӣ ба вуҷуд овард.

Нилуфар Раҷабова ба ифротгароӣ муттаҳам шуд

0

Нилуфар Раҷабова, духтари маҳбуси сиёсӣ ва узви аршади ҲНИТ Раҳматуллои Раҷабро дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ муттаҳам карданд.

Хонум Раҷабова, ки дар ҳоли ҳозир дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти кишвар алайҳи ӯ бар асоси қисми дуи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (ифротгароӣ бо истифода аз Интернет) парванда кушодаанд, ки ин банди қонун аз панҷ то даҳ соли ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, маъмурони амниятӣ бародару хоҳарашро ба мақомот даъват карда, ба онҳо гуфтаанд, “агар танҳо дар саҳифаи худаш навори суҳбатро мегузошт, гапе намешуд. Дар шабакаи “хоинҳо” баромад кардааст ва ин ҷиноят аст” ва ба ҳамин хотир нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Назари мақомот то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Нилуфар Раҷабова мегӯяд, 18-уми ноябри соли ҷорӣ дар “Паём.нет”, дар бораи ба ШИЗО ё утоқи ҷаримавии маҳбас бурда шудани падараш, Раҳматуллои Раҷаб, суҳбат кардааст ва ин суҳбат карданаш дар ин расонаро ғайриқонунӣ намедонад.

Ёдовар мешавем, ки Раҳматуллои Раҷабро соли 2015 боздошт ва пушти дарҳои баста ба 28 соли зиндон маҳкум карданд. Ӯ моҳҳои охир ба камияш ду бор аз мақомоти Тоҷикистон бозбинии ҳукмашро хостааст ва барои ин кормандони зиндон ӯ ва чанд тан аз муҳбусонии сиёсии дигарро ба утоқи ҷаримавӣ (карсер) андохтанд.

Номи Нилуфар Раҷабова бори аввал соли 2019, замоне расонаӣ шуд, ки барои доштани рӯсарӣ боздошт шуда, аз ҷониби кормандони ВКД мавриди таҳқир ва латукӯб қарор гирифта буд.

Созмонҳои байналмиллалӣ борҳо аз таъқибу бозпурсии пайвандони фаъолони сиёсӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомот хостаанд, фишор болои онҳоро бас кунанд. Аммо мақомот фишор болои хонаводаҳои фаъолони сиёсиро рад мекунанд.