Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов аз вазифаи худ дар ин вилоят барканор нашудааст.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов аз вазифаи худ дар ин вилоят барканор нашудааст.

Тазоҳуроти эътирозии сокинони Бадахшон дар шаҳри Хорӯғ, ки аз 25-уми ноябр оғоз ёфта буд, шоми 28-ноябр поён ёфта, ҳама ба хонаҳои худ баргаштаанд.

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар бо нашри як изҳорот
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар“, Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) тазоҳуроти эътирозии чоррӯзаи сокинонро дар Хорӯғ ғайриқонунӣ хонда ва эълон кард, ки тазоҳурот ба охир расидааст: “Гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, соати 20:00-и 28 ноябри соли ҷорӣ қатъ карда шуд.”
Дар ин изҳорот омадааст: “Масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории ҶТ, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.
Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд.
Фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ҳам ба низом даромад.
Нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд.”
Инчунин пойгоҳи телеграмии ”Pamirdailynews”, ки ахбори ин минтақаро бештар пӯшиш медиҳад, хабар додааст, ки “тазоҳурот дар шаҳри Хорӯғ поён ёфт, мақомот мардумро ваъда кардаанд, ки мушкилоти бавуҷудомадаро ҳал мекунанд, аммо бо чӣ замонате ҳанӯз маълум нест.”
Гуфтанист, вақте мақомоти кишвар ҳар кореро ғайриқонунӣ эълон кунанд, ки маъмулан пас аз муддате омилони онро дар пайгарди қонунӣ қарор дода, барои муҷозоти онҳо назди қонун вориди амал мешаванд.
Баъд аз тазоҳуроти густардаи мадуми Бадахшон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, ҳукумат маҷбур ба музокира бо онҳо шудааст.

Монобеи Аздо тв аз Бадахшон хабар доданд, ки мақомоти кишвар бо тазоҳургарон дар Бадахшон рӯзи 27-уми ноябр вориди музокира шуда, тавофуқии ниҳоии онҳо ин буда, ки 5 постгоҳе, ки ҳукумат соли 2018 дар атрофи шаҳри Хорӯғ гузошта буд, бардошта шаванд. Айни замон ин бостгоҳҳо бардошта шудаанд.
Инчунин байни ҳукумат ва мардум барои таҳқиқи комил ва ошкорои қазияи куштори ҷавонон дар Бадахшон тавофуқ ҳосил шудааст. Ва бояд ҳайати таҳқиқотӣ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тазоҳургарон ташкил шавад.
Дар ҳоли дастрасӣ ба ҷузъиёти бештаре дар ин маврид, хабар такмил мешавад.
Дар тазоҳуроти рӯзи 27-уми ноябр, ки дар назди бинои СММ дар Душанбе баргузор шуд, мақомоти интизомии Тоҷикистон 18 ҷавони бадахшониро боздошт кардааст.

Бино ба маълумоти манобеи Аздо тв рӯзи шанбе 27-уми ноябр Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон як гурӯҳи ҷовононро аз ҳисоби кормандони худ барои барпо кардани тазоҳурот дар назди бинои СММ ташкил карда. Ин гурӯҳ бо шиорҳои “Бадахшон як пораи Тоҷикистон аст” ва “Ҷинояткорон бояд ҷазо гиранд” ва бо доштани акси панҷ корманди захмишудаи ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшон хашми ҷавонони бадахшониро оварданд, ки дар натиҷа ҷавонони бадахшонӣ бо онҳо даргир шуданд.
Манобеъ хабар доданд, ки байни ҷавонони КДАМ ва ҷавонони бадахшонӣ занозанӣ ҳам сурат гирифтааст. Пас аз ҷанҷол байни онҳо, пулис 18 ҷавони зодагони Бадахшонро боздошт кардаанд ва то ҳол маълумоте дар бораи вазъияти онҳо нашр нашудааст ва маълум ҳам нест, ки раҳо шудаанд ва ё на.
Пештар гуфта мешуд, он гурӯҳи ҷавононе, ки дар назди бинои СММ дар Душанбн ҷамъ омада буданд, гурӯҳи “Авангард” – гурӯҳи наздик ва ВКД аст, аммо аз чанд манобеъ ин рад шуд ва гуфтанд, ки онҳо кормандони ҷавони КДАМ ҳастанд.
Қазия аз онҷо сар зад, ки дар Хорӯғ аз шаби 25-уми ноябр, ки бар асари як иқдоми мақомоти прокуротураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Роштқалъа сокини маҳаллӣ Гулбиддин Зиёбеков дар манзили зисташ парронда шуд, мавҷи эътирозҳоро дар ин вилоят ва берун аз он ба вуҷуд овард.
Дар рафти тазоҳурот мақомот ба ҷои посух додан ба эътирозгарон ба рӯи онҳо оташ кушоданд, ки дар натиҷа дасти кам як нафар, Тутишо Амиршоев кушта шуда, Гулназар Муродбеков ҳамроҳи 14 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд. Акнун бо ҷон бохтани Гулназар Муродбеков теъдоди кушташудаҳо ба се нафар расид.
Пас аз он мавҷи эътирозҳо аз дохил то хориҷи кишвар густардатар шуд. Дирӯз дар баъзе шаҳрҳои Русия, Олмон, Австрия, Амрико ва Британия шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳимоят аз мардуми Бадахшон тазоҳурот каданд.
Субҳи имрӯз 27-уми ноябр гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик хостанд дар шаҳри Душанбе барои ҳимоят аз мардуми Бадахшон тазоҳурот кунанд, аммо аз тарафи гурӯҳи “Авангард” эътирози онҳо пешгирӣ шуд ва каме баъдтар пулис эътирозгаронро боздошт кард.

Ҳамзамон имрӯз, 27-уми ноябр гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Венаи Австрия дар назди сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар эътироз карда, норозигии худро нисбати амалкарди ҳукумат баён карданд. Онҳо аз ҳукумати кишвар талаб карданд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон эҳтиром қоил бошанд ва даст аз куштани мардуми бегуноҳ бардоранд.
Гузоришҳо мерасад, ки айни замон дар баъзе шаҳрҳои бузурги Русия ва Олмон низ эътирозҳо идома дорад.
Ҳамчунин рӯзи 26-уми ноябр низ гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди бинои Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк эътироз карданд ва аз намояндагони дипломатии СММ хостанд, ки ба Тоҷикистон фишор биёрад то даст аз куштани мардуми Бахашон бардорад. Ва низ аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки артишашро аз шаҳри Хорӯғ берун кунад ва ҷинояткорони асосиро, ки Гулбиддин Зиёбеков ва дигаронро ба қатл расондаанд, ба ҷавобгарӣ кашад.
Дар Хорӯғ дар вақти суханронии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ин вилоят дар рӯбарӯи эътирозгарон чор нафари дигар парронда шуд.

Бино ба иттилои канали телеграмии “Pamirdailynews”Алишер Мирзо Наботов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони бо ҳамроҳии вазири энергетика Далер Ҷумъа ва Хурсанд Мазоров ба назди тазоҳуротгарон баромада аз онҳо хостааст, ки фавран майдонро тарк карда, ба хонаҳояшон баргарданд, то хиёбони марказӣ боз шавад. Ба вай фишор оварданд, то хостаҳои мардумро иҷро кунад. Аммо ӯ аз мардум бо исрор хост майдонро тарк кунанд. Дар ин ҳангом аз тирезаи ҳукумати вилоят ба тарафи эътирозгарон оташ кушада, чор нафарро парронданд.
Хабар такмил мешавад…
Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи нерӯҳои сиёсии тоҷик дар хориҷи кишвар бо пахши изҳороте аз вазъи ахири зиндониёни сиёсӣ, ба хусус Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндоннии раиси ҲНИТ изҳори нигаронӣ кард.

Дар изҳорот зимни баёни нигаронӣ аз вазъи нохуби зиндониёни сиёсӣ, аз ҳукумати кишвар талаб шудааст, ки ба ҳуқуқпоймолкунӣ хотима дода, шароити мулоқоти М. Ҳаит бо хонаводаашро фароҳам намояд ва инчунин делели ин корашро ба мардум ва хонаводаҳои зиндониён шарҳ бидиҳад ва ҳамзамон афроде, ки ба чунин амали ғайриқонунӣ даст задаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
МАТНИ КОМИЛИ ИЗҲОРОТИ ПМТ:
Изҳороти ПМТ дар бораи вазъияти номуайяни М. Ҳаит Паймони Миллии Тоҷикистон вазъияти охири зиндониёни сиёсии кишварро бо нигаронӣ пайгирӣ менамояд. Хабари надодани иҷозати мулоқот ба муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳаит бо пайвандонаш Шӯрои раҳбарӣ ва аъзои ПМТ-ро сахт нигарон кардааст.
Баъд аз муҷозоти ғайриқонунии Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдуллои Розиқ ба хотири муроҷиаташон ба Президент ва бо кадом баҳонае ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ (ШИЗО) бурдани Абдуқаҳори Давлат инак бори севвум аст, ки ҳуқуқҳои асосии як зиндонии сиёсӣ поймол мегардад.
Иҷозат надодани мақомот ба мулоқоти М. Ҳаит ба хонаводааш, ки танҳо дар 6 моҳ якбор баргузор мешавад ва ғайри ин вохӯрӣ ҳеҷ тамоси дигаре бо ӯ вуҷуд надорад, Шӯрои раҳбарии ПМТ-ро сахт нигарон кардааст ва онро маҳкум мекунад.
Аз тарафи дигар ин амали мақомот шакку тардидҳо дар бораи саломатии зиндониёни сиёсиро афзоиш дода, нигаронии мардумро бештар кардааст. ПМТ нигарони он аст, ки сабаби надодани иҷозаи вохӯрӣ бо М. Ҳаит вазъи саломатии ӯ ё кадом ҷазои ғайриқонуние мисли ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ бурдани зиндониёни сиёсии дигар аст.
Бинобарин ПМТ аз ҳукумат талаб менамояд, ки ҳарчӣ зудтар:
– ба ҳуқуқпоймолкунӣ хотима дода, шароити мулоқоти М. Ҳаит бо хонаводаашро фароҳам намояд;
-Далели муҷозот ва мамнуъул-мулоқот кардани зиндониёни сиёсиро ҳарчӣ зудтар ба мардум ва хонаводаҳои онҳо шарҳ диҳад;
-Афродеро, ки дар ин амали ғайриқонунӣ даст доранд, ҳарчӣ зудтар муҳокима намояд.
Шӯрои ПМТ 25.11.2021
Аваз Кабиров, молики бозори “Султони Кабир” мегӯяд, мақомот ӯро барои тахриб кардани бозораш расман огоҳ накардаанд ва дар ин маврид аз расонаҳо огоҳ шудааст.

Кабиров дар суҳбате бо “Asia-plus” гуфт, агар мақомот дар ҳақиқат бозорро тахриб кардан хоҳанд, омодааст, ки бо соҳибкорон машварат намуда, бозорро холӣ кунанд.
Ӯ мегӯяд: “Агар сад бозор низ тахриб шавад, мо ҳеҷ гоҳ ба ҳукумат мухолифат намекунем. Мо тарафдори ободии шаҳр ҳастем. То имрӯз тамоми дастуру супоришҳои сарвари давлатро иҷро кардем ва ин корро низ анҷом медиҳем. Мардум барои сулҳу субот дар кишвар ҷони худро фидо карданд. Мо тайёрем, ки на танхо бозорро барои тахриб диҳем, балки агар лозим шавад, барои ободии Ватан ҷонамонро низ фидо мекунем.”
Ба иддаои молики бозори “Султони Кабир” дар ин бозор беш аз 1500 соҳибкор машғули тиҷорат ҳастанд, ки ҳар савдогар бо худ 3-4 ёрдамчӣ дорад ва дар маҷмуъ дар бозор беш аз 5 ҳазор нафар кор мекунанд.

Бо қарори ахири шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки 24-уми ноябр нашр шуд, бозори “Султони Кабир” – яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе, ки дар он масолеҳи сохтмонӣ фурӯхта мешавад, аз 1-уми марти соли 2022 баста мешавад.
Дар боробарои он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Саид”-“Осиё” ва гирду атрофи он дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамчунин маркази савдои “Мадад” дар кӯчаи А. Ҷомии ноҳияи Сино низ тахриб мешаванд.
Бозори “Султони Кабир” яке аз бузургтарин бозорҳои Душанбе буда, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ҷойгир аст ва он соли 2000 сохта шудааст.
Дар гузашта тахриби бозорҳо, ба монанди бозори Турсунзода, бозори “Ином” дар Шаҳритус, бозори “Ҷалҷам”, бозори Шоҳмансур ва ғайра тахриб ва ба ҷойҳои дигар кӯчонида шуданд. Дар аксар ҳолатҳо ин бозорҳо аз ҷониби наздикони Президент аз дасти соҳибони аслияшон гирифта шудаанд.
Дар Тоҷикистон поинтарин маошро кормандони соҳаи кишоварзӣ, ҷангал ва моҳидорӣ мегиранд. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ахири Агентии омори назди президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, соҳаи кишоварзӣ, ҷангал ва моҳидорӣ аз соҳоҳе ҳастанд, ки маоши аз ҳама поёнтар дар кишварро мегиранд. Маоши онҳо 669 сомонӣ (59 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Маоши кормандони бахши молия(бонкҳо) ва суғурта 4 ҳазору 644 сомонӣ (411 доллар) буда, маоши кормандони истихроҷи маъдан 2,9 ҳазор сомонӣ, сохтмон 2,5 ҳазор сомонӣ, нерӯи барқ ва об 2,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳи сентябри соли равон музди миёна дар кишвар 1541 сомониро ташкил дода, маоши ҳадди ақал 400 сомонӣ (35 доллар) муқаррар шудааст.
Имрӯз дар шаҳри Лондон, пойтахти Бритонияи Кабир ҷамъе аз тоҷикистониҳо эътирозоти худро дар бораи ҳодисаҳои ахири шаҳри Хорӯғ баргузор мекунанд.

Ин эътирози тоҷикистониҳо идомаи мавҷи эътирозҳои ахир дар шаҳри Хорӯғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ки дирӯз баргузор гардиданд, мебошад.
Эътирозҳои Лондон қарор аст, ҳамчун истафетаи мавҷи эътирозҳо ба дигар бузургшаҳрҳои Амрико ва Аврупо бошад ва сипас доманаи ин эътирозҳо то даст бардоштани мақомот аз сари мардум дар шаҳри Хорӯғ ва бахусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёбанд.
Қарор аст пагоҳ, 27-уми ноябр ҳам дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш ҳам соати 11:00 дар назди сафорати Тоҷикистон тазоҳуроти осоиштаи шаҳрвандони кишварамон дар робита ба қазияи Хорӯғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тазоҳуроте баргузор гардад.
Ҳодисаҳои Хорӯғ аз шаби 25-уми ноябр, ки дар асари як иқдоми мақомоти прокуротураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Роштқалъа сокини маҳаллӣ Гулбиддин Зиёбеков дар манзили зисташ парронда шуд, мавҷи эътирозҳоро дар ин вилоят ва берун аз он ба вуҷуд овард.
Дар рафти тазоҳурот мақомот ба ҷои посух додан ба эътирозгарон ба рӯи онҳо оташ кушоданд, ки дар натиҷа дасти кам як нафар, Тутишо Амиршоев кушта шуда, Гулназар Муродбеков ҳамроҳи 14 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд. Акнун бо ҷон бохтани Гулназар Муродбеков теъдоди кушташудаҳо ба се нафар расид.
Шоми дирӯз дар шаҳри Маскав ҷамъи бузурге аз тоҷикистониҳо, ба вежа мардуми Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон тазоҳурот карда, аз сафорат хостанд, ки аз раҳбарияти кишвар бихоҳад, ки тамосҳои телефонӣ ва интернетиро бо ин вилоят барқарор ва омилони тирандозӣ ба самти эътирозгаронро боздошт ва муҷозот кунад.
Тибқи гуфтаи манбаи Аздо тв аз Хорӯғ, шаби 24-ум ба 25-уми ноябри соли ҷорӣ Гулбуддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хонаи истиқоматиаш тавассути кормандони прокуратураи вилоят аз ноҳияи сараш парронда шуд.
Аммо Маркази матбуоти прокуратураи ВМКБ баракс худи Зиёбековро гунаҳкор дониста, мегӯяд, ӯ чандест дар ҷустуҷӯ қарор дошт.
“Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.”, – омадааст дар хабари маркази матбуоти ВМКБ.
Манбаи Аздо тв аз ВМКБ ин иддаои мақомотро рад карда, мегӯяд, ки мақомоти кишвар мехоҳанд бо роҳҳои зӯроварӣ ва кушодани парвандаҳои сохта мардуми ин вилоятро зери итоати худ дароваранд.