Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ҳол алоқаи интернетӣ вуҷуд надорад. Дар ин бора “ Набуди интернет дар ҳоле аст, ки мақомот пас аз тавофуқҳои ҳосилшуда дар гуфтушунидҳо ваъда доданд, ки алоқаро барқарор мекунанд. “Баъди гуфтушунид ба мо ваъда доданд, ки алоқаи интернетро барқарор мекунанд, аммо як рӯз гузашту то ҳол интернет нест. Дирӯз ваъда доданд, ки имрӯз, 30 ноябр то соати 13:00 алоқа барқарор мешавад, аммо ин муддат ҳам гузашта, интернет нест. То ҳол касе чизеро шарҳ надодааст”, – мегӯяд манбаъ. Сокинони ВМКБ аз он нигаронанд, ки дар сурати риоя накардани банди маъмулии қарордод дар мавриди барқарории интернет, мақомот бандҳои дигарро метавонанд иҷро накунанд. Сухангӯйи ҳукумати ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ҳам соати 15:00 рӯзи 30-юми ноябр таъйид кард, ки то кунун дар вилоят интернет нест. Муовини аввали раиси Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кардааст. Ҳамчунин аз набуди алоқаи мобилӣ ва интернет зодагони ВМКБ, ки дар берун аз вилоят қарор доранд ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар додаанд. Ба навиштаи манбаъ, алоқаи мобилӣ ва интернет бо Хоруғ то ҳол барқарор карда нашудааст ва онҳо наметавонанд ба наздикони худ занг зада, аз аҳволашон бохабар шаванд. Ҳоло ҳам, тавре ки дар рӯзҳои эътирозҳои Хоруғ, дар маркази маъмурии ВМКБ, дар Хоруғ ва атрофи он танҳо онҳое, ки симкортҳои “афғонӣ”, яъне аз ширкатҳои мобили Афғонистони ҳамсояро доранд, ба алоқаи мобилӣ ва интернет дастрасӣ доранд. Дар рӯзҳои нооромиҳо хабарҳо ва аксу видеоҳо аз Хоруғ ба берун низ асосан тавассути ҳамин симкортҳои “афғонӣ” фиристода мешуд. Ёдовар мешавем, ки гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ 25-уми ноябр пас аз кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков оғоз гардиданд. Сокинони шаҳр дар куштори ӯ мақомотро гунаҳкор дониста, ҷасади ӯро бо талаби тафтиши ҳодисаи марги ӯ ба майдони асосии Хоруғ оварданд. Ин тазоҳуроти эътирозии сокинони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ 4 рӯз идома карда, шоми 28-ноябр поён ёфт ва ҳама ба хонаҳои худ баргаштаанд.
Интернет дар ВМКБ ҳанӯз барқарор карда нашудааст
Месси ҳафткарата барандаи “Тӯби тиллоӣ” шуд
29-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Парижи Фаронса маросими супурдани “Тӯби тиллоӣ” ба беҳтарин футболбози сол баргузор кард.

Бори дигар барандаи ин ҷоизаи бонуфуз, ҳамлагари 34-солаи Аргентина аз дастаи “ПСЖ” Лионел Месси шуд. Ҳамин тариқ, бори ҳафтум аст, ки Месси “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст меорад.
Ҳамчунин дар ин маросим беҳтарин бозигари ҷавон нимҳимоятгари «Барселона» Педри дониста шуд. Аҳ ҳамлагарон бошад, ҳамлагари “Бавария” Роберт Левандовски беҳтарин ҳамлагари сол дониста шуд.
Дар байни занон бозингари беҳтарини сол Алексиа Путелласи испанӣ, ки дар тими “Барселона” бозӣ мекунад, ин унвонро соҳиб гашт. Ҷоизаи “Лев Яшин” ки барои беҳтарин дарвозабони сол дода мешавад, насиби Ҷанлуиҷи Доннарумма аз “ПСЖ” гардид.

Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” соли 1956 таъсис ёфта, онро ҳамасола маҷаллаи фаронсавии “France Football” месупорад. Соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус маросим лағв шуда буд.
Ғолиби ин ҷоиза аз соли 1956 то 2006 тибқи раъйдиҳии хабарнигорон муайян карда мешуд, аз соли 2007 ҳаққи овоздиҳиро, инчунин мураббиён ва капитанҳои мунтахабҳои миллӣ гирифтанд.
“Тӯби тиллоӣ” аз соли 2010 якҷоя бо Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) супурда мешуд, аз соли 2016 “France Football” ҷоизаро алоҳида месупорад, ҳамзамон FIFA ҷоизаи худро барои бозигари беҳтарини сол таъсис дод, ки он ин дафъа 17-уми январи соли 2022 маълум хоҳад шуд.
Баъд аз Лионел Месси ин ҷоизаро бештар ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду соҳиб шуда, ки 5 маротиба соҳиби тӯби тиллоӣ гаштааст.
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъйини хатти марзҳои муштарак
Мулоқоти гурӯҳҳои кории дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба поён расид.

Ба гуфтаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ, дар рафти ин мулоқот ва “гуфтушунидҳо корҳои аломатгузорӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳои бо якдигар мувофиқашуда оид ба лоиҳаи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон омода карда шуданд.”
Возорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки мулоқот “дар фазои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек баргузор” гардида, вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Инчунин пас аз анҷоми вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Гуфтанист, соли 2018 дар Душанбе Тоҷикистону Ӯзбекистон бо имзои як созишнома дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои алоҳидаи марзҳои муштарак ба тавофуқ расида буданд. Соли 2019 тибқи талаботи он созишнома корҳои аломатгузорӣ ба поён расида буд.
Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 1332,9 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 105 километри онро марзҳои обӣ ташкил медиҳанд.
Муассиси Твиттер аз кор бо ин ширкат канор рафт
Ҷек Патрик Дорси, мудир ва яке аз се бунёнгузори аслии шабакаи иҷтимоии Твиттер пас аз 16 соли кор дар ин ширкат аз мансабаш истеъфо дод. Дар ин бора худи ӯ бо интишори баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Ба курсии мудирияти ширкати Твиттер Параг Агравали 37-сола, масъули аршади бахши фановарии ин ширкат такя зад.

Дорси дар баёнияаш, ки дирӯз 29-ноябр нашр кард, аз тавоноии Параг Агравал дар ростои мудирияти ширкат ситоиш кард. Параг Агравал як муҳоҷири ҳиндустонӣ аст ва чеҳраи камтар шинохташуда мебошад. Ӯ давоми 10 сол мешавад, ки дар ин ширкат кор мекунад.
not sure anyone has heard but,
I resigned from Twitter pic.twitter.com/G5tUkSSxkl
— jack⚡️ (@jack) November 29, 2021
Коршиносон мегӯянд, саҳмдорони Твиттер аз соли пеш Дорсиро барои канор рафтан аз мудирияти Твиттер маҷбур мекарданд. Иллати ин фишорҳоро камкории Дорси унвон карданд.
Ҷек Дорсӣ яке аз се бунёнгузороне аст, ки шабакаи Твиттерро соли 2006 таъсис додаанд. Ӯ соли 2015 вазифаи мудири кулли ин ширкатро ба дӯш гирифта буд.
Мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои узви СҲИ
Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмии ду рӯзаи худ ба Ишқобод, пойтахти Туркманистон бо як қатор президентҳо мулоқот кард.

Тибқи иттилои Хадамоти маркази матбуоти Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 27-ум ва 28-уми ноябр бо сарони кишварҳои Туркманистон, Покистон, Эрон, Туркия, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мулоқот кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқотҳои худ сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ бештар дар масоили тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, афзоиши бештари додугирифт, интиқоли молу маҳсулот ва бахусус дар рушди иқтисоди сабз суҳбат карда, хостори тавсеаи ҳамкориҳо шудааст.
Гуфтанист, президенти Тоҷикистон дар робита масъалаи Афғонистон ҳамоно мавзеашро тағйир надода, ташкили ҳукумати фарогирро барои ба расмият шинохтани он талаб дорад ва ӯ дар рафти мулоқотҳояш бо сарони кишварҳои мазкур бори дигар ба масъала таъкид кардааст.
Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон бо назардошти иқлими Афғонистон ва расидани замистон расонидани кумакҳои башардӯстонаро аз тариқи сохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ таъкид кардааст.
Таъсиси як созмони дифоъ аз ҳуқуқу озидиҳои инсон дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Кунгураи байналмилалии ҳамватанони муттаҳид барои ҳимоят аз ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъсис ёфт.

Пойгоҳи Телеграмии “Pamirdaylinews” бо нашри як хабар гуфт, 28-уми ноябр ҷамъе аз ҳамватанони бурунмарзии тоҷикиситониамон аз кишварҳои мухталифи дунё кунураи ҷаҳониеро таъсис додаанд, қи қасд доранд барои ҳимоят аз ҳуқуқ ва озодиҳои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон вориди амал шаванд.
Дар баёнияи ин созмон гуфта мешавад, ки қасд доранд, феҳристи тамоми кормандони қудратӣ ва афроди маснуб ба онҳо, ки дар қатлу куштор ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон даст доранд, тартиб дода, барои ворид кардани номи онҳо ба феҳристи Магнитский, Додгоҳи байналмилалии Лоҳа (ГААГА) созмонҳои хориҷӣ, мақомоти кишварҳои маҳалли сукунат ва ғайра пешниҳод хоҳанд кард, то тавонанд бо ин равишҳо фишорҳои иқтисодиеро болои онҳо таҳмил кунанд.
Дар баёния ҳайъати муассисон ва раҳбари ин созмон зикр нашудааст, вале таъкид мешавад, ки муассисони он аз кишварҳои амркиоӣ, аврупоӣ ва осиёӣ мебошанд.
Номаи додхоҳии хонаводаи М.Ҳаит ба Омбудсмен ва Додгоҳи олӣ
Масъулони муассисаи тафтишотии ЯТ 9/1 дар шаҳри Душанбе рӯзи 24-уми ноябр ба наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит иҷозат надоданд, ки бо ӯ мулоқот кунанд.

Савринисон Ҷӯрабекова, ҳамсари маҳбуси сиёсӣ ва муовини зиндонии раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит бо ирсоли номае аз Омбудсмен ва Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст сабаби манъи вохӯрии ӯ бо шавҳарашро таҳқиқ карда, ба ӯ иҷозати мулоқотро бидиҳанд.
Ҷӯрабекова ба расонаҳо гуфт, ки аз баски шавҳараш умурбод аз озодӣ маҳрум шудааст, онҳо дар 6 моҳ як маротиба бо ӯ мулоқот карда метавонанд. Рӯзи 24-уми ноябр, ки ваъдаи мулоқоти навбатӣ буд, масъулони боздоштгоҳ гуфтаанд, ки “Маҳмадалӣ Ҳаит тартиботи дохили зиндонро вайрон кардааст” ва бо ин адлел нагузоштаанд вохӯрӣ сурат бигирад.
Хонум Ҷӯрабекова мегӯяд, вақте аз масъулони боздоштгоҳ далели ин амалашонро пурсон шудааст, раиси муассиси ислоҳӣ далелеро пеш оварда, ки шубҳа ва нигаронии ӯро нисбати вазъи саломатии шавҳараш бештар кардааст.
“Билохира рӯзи 27-уми ноябр баъд аз мулоқот бо Мансурҷон Умаров манро ба муассиса равон карданд ва сардори муассисаи ислоҳӣ як сабаби номақбул ва шубҳанокеро, ки гӯё он асос барои маҳрум кардан аз вохурӣ шудааст, бароям гуфт. Он сабаб ин буда, ки гӯё шавҳарам чанд маротиба гаштугузори рӯзонаро рад кардааст.”, омадааст дар нома.
Гуфтанист, тибқи талаботи моддаҳои 120 ва 122-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, набаромадан ба гаштугузор ин ашаддӣ вайрон намудани тартиботи дохилии муассиса ба ҳисоб намеравад. Одам хоҳад меравад ба гаштугузори рӯзона нахоҳад намеравад.
Дар нома Ҷӯрабекова ба Омбудсмен ва Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин посухи сардори муассисаи ислоҳӣ ӯро беш аз ҳама нисбати вазъи саломатии шавҳараш нигарон кардааст. Зеро эҳтимол меравад, ки Маҳмадалӣ Ҳаит дар зиндон шиканҷа шуда бошад ва масъулон ба ин хотир иҷозати мулоқот надодаанд.
“Ҳоло суол ин аст, агар сабаб ҳамин бошад, ки раиси муассиса пеш оавард, пас чаро ҳангоми муроҷиати аввалам онро ба ман нагуфтанд? Ман аз он хавотирам, ки шавҳарам Маҳмадалӣ Ҳаит шиканҷа шудааст ва ҳолати саломатии ӯ намегузорад, ки бо ман вохӯрад. Шояд аломатҳои шиканҷаву азоб дар симояш вуҷуд дорад ва кормандони муассиса барои фош нашудани он иҷозаи вохӯриро намедиҳанд. Ман ҳатто намедонам, ки шавҳарам дар қайди ҳаёт ҳаст ё не. Хоҳишамро, ки ақалан иҷозат бидиҳанд шавҳарамро аз дурӣ бинам, низ аз тарафи масъулони боздоштгоҳ рад карда шуд.”, омадааст дар номаи Ҷӯрабекова.
Мулоқоти Кабирӣ бо вакили парлумони Литва
Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ПМТ имрӯз 29-уми ноябр дар шаҳри Вилнюси Литва бо Зигимантас Павилонис, раиси Кумитаи равобити хориҷии парлумони ин кишвар мулоқот анҷом дод.

Кабирӣ ба Аздо тв гуфт, ки ин мулоқот дар парлумони Литва баргузор шуда, бо ҷаноби Павилонис атрофи масъалаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус масоили сиёсии Тоҷикистон, зиндониҳои сиёсӣ ва ҳодисаҳои ахире, ки дар кишвар рух дод, суҳбат кардаанд.
Раҳбари ПМТ ҳамчунин қайд кард, ки пеш аз сафар ба Литва бо мақомдорони Лаҳистон дар Варшава низ мулоқот анҷом додааст.
Кабирӣ гуфт, ки ҳадаф аз ин мулоқотҳо расонидани мушкилоти мардуми тоҷик ба кишварҳои аврупоист ва мулоқотҳо дар дигар кишварҳо низ дарназар аст.
Ҳамчунин раҳбари ПМТ қайд намуд, ки дар даврони коронавирус чунин мулоқотҳо камтар шуда буданд ва ҳаводиси Афғонистон, Украинаву Белорус диққати ҷомеаи ҷаҳониро аз мушкилоти Тоҷикистон, аз ҷумла вазъияти Бадахшон, зиндониёни сиёсӣ ва поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон дур карда буд.
Кабирӣ мегӯяд, ки ин мулоқотҳо ҳатман натиҷа хоҳанд дод, зеро вакилони парлумонҳои кишварҳои аврупоӣ ва дипломатҳо шурӯъ карданд ба фаҳмидан, ки Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ минтақаи муҳим аст ва фаромӯш кардани мушкилоти он ва гузоштани ин минтақа, бахусус Тоҷикистон ба дасти диктаторон кори беинсофона аст.
Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо муовини Дабири кулли СММ
29-уми ноябр Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Ғода Воли дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи ВКХ, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддиру ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Вазири корҳои хориҷӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNODC дар мавриди мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалию ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккилона ва киберӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва савдои одамон, андешаронӣ карда, нақши Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии онро дар рафъи зуҳуроти номатлуби зикршуда, аз ҷумла ба воситаи расонидани кӯмаки фаннӣ, муҳим хонд.
Эмомалӣ Раҳмон: Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон 28-уми ноябр дар нишасти Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Ишқобод гуфт, “Афғонистон имрӯзҳо дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад.”

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо назардошти иқлми Афғонистон ва наздик шудани замистон қайд кард: “Бо фаро расидани мавсими сармо вазъият метавонад дучанд шиддат гирад ва боиси гуруснагии оммавӣ гардад.”
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард: “Мо аҳаммияти Афғонистонро ҳамчун ҳалқаи ногусастанӣ дар татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва транзиту нақлиёт дар чаҳорчӯби Созмон пурра дарк мекунем.”
Ба гуфтаи ӯ, пешбурди минбаъдаи нақшаҳои дар ин самт пешбинишуда, пеш аз ҳама, аз муътадил гардидани вазъи низомиву сиёсӣ ва таъмини амният дар ин кишвар вобастагӣ дорад.
Президенти Тоҷикистон расонидани кумакҳои инсондӯстона ба Афғонистонро аз тариқи сохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ зарур арзёбӣ карда гуфт: “Аз нигоҳи мо, ҳалли мушкилоти дар Афғонистон бамиёномада зарурати ташаккули ҳарчӣ зудтари ҳукумати фарогиррро дар кишвар бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ тақозо менамояд.”
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ 15-уми августи соли ҷорӣ дар ин кишвар суқут кард ва бо сари қудрат омадани нерӯҳои Толибон дар Афғонистон тамоми дороиҳои ин кишвар аз ҷониби созмонҳои пулии ҷаҳонӣ масдуд шуд ва кишвар дар ҳолати фақри шадид ба сар мебарад.
Толибон ва кишварҳои ҳомии онҳо ба мисли Покистон ва Қатар борҳо аз Амрико ва созмонҳои ҷоҳонӣ хостаанд, ки пулҳои блокшудаи Афғонистонро озод кунанд то битавонанд кишварро аз буҳрон ва муфлис шудани бонкҳо ва аз суқути иқтисодӣ наҷот диҳанд, аммо талабҳои онҳо то кунун бепосух мондаанд.
