Хона блог саҳифа 555

Путин созишнома байни Русия ва Тоҷикистонро ба Дума фиристод

0

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин созишнома дар бораи таъсиси системаи ягонаи дифои ҳавоии Федератсияи Русия ва Тоҷикистонро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.

Тавре дар санади нашршуда дар сомонаи палатаи поёнии Парлумон гуфта мешавад, Маскав ва Душанбе як системаи ягонаи дифои ҳавоии минтақавӣ таъсис медиҳанд, ки ба системаи ягонаи дифои ҳавоии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил мешавад.

Созишномаи таъсиси низоми ягонаи дифои ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ зимни сафари кории Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Душанбе бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Баъдан ҷонибҳо шарҳ доданд, ки ҳадаф аз имзои ин созишнома баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи марзи давлатӣ дар ҳарими ҳавоӣ мебошад.

Сокинони шаҳри Хуҷанд бо оби тоза таъмин шуданд

0

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) пойгоҳи асосии обкашӣ дар шаҳри Хуҷандро таъмиру навсозӣ кард ва инак сокинони шаҳр бо оби ошомидании тоза таъмин шуданд. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар дод.

Ҳангоми бозкушоии пойгоҳи обкашии шаҳри Хуҷанд. Акс аз “Азия – Плюс”

Гуфта мешавад, ин пойгоҳи бо сармоягузории бевоситаи БАТР бозсозӣ шуда, тамоми аҳолии шаҳри Хуҷанд, ки беш аз 180 ҳазор нафар ҳастанд мунтазам ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуданд.

Ба иттилои манбаъ, маросими анҷоми корҳо бо иштироки муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Рика Иши, инчунин муовини директори Дафтари ҳамкории Швейтсария (SECO) дар Тоҷикитсон Ричард Ченевард баргузор шуд.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки бо чӣ миқдор маблағ ин тарҳ ба анҷом расидааст. Танҳо қайд мешавад, ки маблағи зарурӣ барои амалисозии лоиҳаи корҳои таъмиру таҷдид аз ҷониби БАТР ва ҳукумати Швейтсария ҷудо шудааст.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон

0

Имрӯз, 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.

Нақши кунунии Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол тарҳрезӣ ва ба тасвиб расида буд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни ироаи табрикоти худ дар Рӯзи Парчами давлатӣ, аз ҷумла таъкид кард, ки “Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.”

Гуфтанист, 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд.

Афзоиши сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия баъд аз пандемия

0

Тибқи омори расмӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ танҳо ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 51 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кору зиндагӣ сафар кардааст.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва татбиқи сиёсати муҳоҷират Алексей Силкин, дар ин давра теъдоди муҳоҷирони хориҷие, ки аз гузаргоҳҳои Санкт-Петербург вориди Русия шудаанд, аз 352 ҳазор нафар гузаштааст. Ин рақам 131 ҳазору 789 нафар ё 59,8% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Аз ин шумораи муҳоҷирон, шаҳрвандони Ӯзбакистон – 127 ҳазору 144 нафар, Тоҷикистон – 51 ҳазору 76 нафар ва Қирғизистон – 31 ҳазору 87 нафарро ташкил медиҳанд.

Гуфтанист, дар Русия зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд

Ҳавасмандии ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисоди сабз бо Тоҷикистон

0

Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба Намояндаи олии сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҷозеп Боррелл ҷомаву тоқии тоҷикӣ пӯшонида, ҳавасмандии Иттиҳоди Аврупо ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди сабз бо Тоҷикистонро ҷалб карданд.

Намояндаҳои воломақоми Иттиҳоди Аврупо, ки бо сафари чоррӯза дар Тоҷикистон ҳузур доранд, 23-уми ноябр ҳангоми боздид аз Нерӯгоҳи обии барқии Норак эълом карданд, ки ҳавасманди ҳамкорӣ дар рушди иқтисоди сабз бо Тоҷикистон ҳастанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, ки дирӯз ин ҳайъати воломақоми Иттиҳоди Аврупо ба шаҳри Норак рафта, аз Нерӯгоҳи обии барқии Норак дидан кардаанд ва “ҳавасмандии худро барои тақвияти бештари ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисоди сабз, энергетика, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба об дар чаҳорчӯби абзорҳои дуҷониба ва бисёрҷониба иброз намуданд.”

Ҳамзамон Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалии Иттиҳоди Аврупо хонум Ютта Урпилайнен дар сафҳаи тветтериаш гуфта, ки “маъмурияти олии мо дар Тоҷикистон ба охир расид. Ман бар таъуҳҳуди қавии Иттиҳоди Аврупоро ба шарикони мо дар Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди сабз ва тавсеаи инсонӣ таъкид кардам.”

Қонуни буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар Пралумон тасдиқ шуд

0

Парлумони Тоҷикистон буҷети давлатӣ барои соли 2022-ро пазируфт, ки он нисбат ба соли ҷорӣ 19,4 дарсад бештар буда, 33 миллард сомониро ташкил медиҳад.

Намояндагони Парлумони Тоҷикистон имрӯз 24-уми ноябр дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2024-ро қабул карданд.

Қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар пешниҳод гардид. Ва вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳорзода онро дар Парлумон матраҳ кад.

Дар Буҷети нави давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 7,9 дарсад ба маблағи 103,9 млрд. сомонӣ, индекси дефлятори ММД – 3,4 дарсад пешбинӣ шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ба маблағи 33 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба 31,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Даромади буҷет нисбат ба соли 2021 ба андозаи 19,4 фоиз ё 5,3 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи тарҳи нав дар соли 2022 даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 12 млрд. 964 млн. сомонӣ, ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2021 ба маблағи 1 млрд. 465 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 33 млрд. 626 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва 32,3 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки нисбати буҷети давлатӣ соли 2021 ба маблағи 5 млрд. 517 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

NASA мехоҳад дар сатҳи кураи Моҳ нерӯгоҳи ҳастаӣ бисозад

0

Идораи миллии ҳавонавардии Амрико (NASA) дар ҷустуҷӯи сохтани нерӯгоҳи ҳастаӣ бар рӯйи сатҳи Моҳ аст.

Ба гузориши “Cursorinfo” донишмандони NASA ва Озмоишгоҳи милии Айдаҳо (Idaho National Laboratory) дар талоши роҳандозии нерӯгоҳи ҳастаӣ бар рӯйи кураи Моҳ ҳастанд ва умедворанд, ки барои маъмуриятҳои ояндаи худ ба моҳ то охири даҳсолаи ҷорӣ ба манбаи энерже, ки ҷудо аз энержии офтоб бошад, дастрасӣ пайдо мекунанд.

Ба назари онҳо, ба даст овардани системаи пуриқтидори энержӣ дар рӯйи Моҳ “кадами навбатии инсон дар роҳи иктишофи кайҳон” хоҳад буд.

Донишмандон бар ин назаранд, ки ҳузури устувори инсон бар кураи Моҳ метавонад дар ниҳоят роҳро барои сафар ба Миррих боз кунад. Ба гуфтаи олимони NASA, интихоби энержии ҳастаӣ ба он хотир сурат гирифта, ки нерӯгоҳи ҳастаии ҷудо аз шароити муҳитӣ бар рӯйи сатҳи Моҳ ё сайёраи Миррих метавонад энержии ғанӣ ва пойдорро таъмин кунад.

Солҳост, ки донишмандон барои сафари инсон ба Миррих таҳқиқот мекунанд. Онҳо барои ин кор дар талоши роҳҳои пайдо кардани энержии қавитар ва пойдортар ҳастанд то битавонанд заминаи сафари инсон ба Миррихро муҳайё созад.

“Истиқлол” қаҳрамони даҳкаратаи Тоҷикистон шуд

0

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе баъд аз ғалаба бар дастаи “Душанбе” бори даҳум аст, ки қаҳрамони футболи Тоҷикистон мешавад.

Дар даври 25-уми Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, дастаи “Истиқлол” бар дастаи “Душанбе” бо ҳисоби 8:0 пирӯз гардида, пеш аз муҳлат қаҳрамони Тоҷикистон шуд.

Дастаи “Истиқлол” аз соли 2014 то кунун пайҳам қаҳрамони футболи Тоҷикистон мешавад. Дар маҷмуъ ин дастаи футболи кишвар дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 қаҳрамони кишвар гардида буд.

Ҳамчунин пеш аз анҷоми мусобиқаи қаҳрамонӣ, ки ду давр мондааст, тими “Душанбе” аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои мавсими ояндаи лигаи олӣ маҳрум шуд. Аз се дастаи дигар (“Эсхата”, “Файзканд” ва “Куктош”) як даста метавонад баъд аз натиҷаи бозиҳои баъдӣ, лигаи олиро тарк кунад.

Ҷойи дуввум дар қаҳрамонии кишвар насиби тими “Хуҷанд” шуд. Дастаҳои “Истаравшан” ва КМВА барои ҷойи сеюм дар лигаи олӣ мубориза мебаранд. Имрӯз 23-юми ноябр, ин ду даста дар Истаравшан бо вомехӯранд.

Афзоиши воридот нисбат ба содирот дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон

0

Дар нуқоти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон (МОИТ) давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ воридот нисбат ба содирот 11 маротиба афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, воридоти маҳсулот (асосан таҷҳизот) минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар ин давра беш аз 10,5 миллион долларро ташкил дода, содироти маҳсулот бошад ба 568,8 ҳазор доллари ИМА баробар шудааст.

Дар маҷмуъ, гардиши мол дар субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ беш аз 2,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 дарсад зиёд мебошад.

Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 287,4 миллион сомонӣ ( 25,4 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ҳудуди 60 ширкати ватаниву хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.

Айни замон аз шумораи умумии субъектҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба қайд гирифташуда ҳудуди 24-тои онҳо ба истеҳсол ва хизматрасонӣ машғуланд.

Аз ҷумла, дар минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” 15 корхона ва дар “Данғара” 9 корхона маҳсулот истеҳсол мекунанд. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” дар ин давра ба маблағи беш аз 227 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ин рақам беш аз 60,3 миллион сомониро ташкил додааст.

Дар дигар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истеҳсолот ба қайд гирифта нашудааст.

Муроҷиати додхоҳонаи як маҳбус ба Эмомалӣ Раҳмон

0

Вакили дифоъ ва собиқ муфаттиши ноҳияи Вахш Садриддинзода Саиднуриддин дар як муроҷиати видеоӣ, ки зоҳиран дар дохили зиндон сабт шудааст, аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст ба додаш бирасад, зеро ӯро туҳмат намуда, бегуноҳ зиндонӣ кардаанд.

Вакили дифои зиндонӣ дар муроҷиати худ ба Президент мегӯяд, мақомти ноҳияи Вахш ба хотири он ки ҷиноятҳояшон фош нашавад, маро бо шиканҷа маҷбур сохтанд, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам.

Ӯ мегӯяд, ҳангоми истинтоқ шахсан худи додситони ноҳияи Вахш Исмоилзода Салоҳиддин ба боздоштгоҳ ворид шуда, ӯро шиканҷа кардааст. Аз ӯ забонхат гирифтаанд, ки минбаъд нисбати ҳеч мақомдоре дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят накунад.

Садриддинзода дар идома афзудааст, ки мақомот инчунин 9 июн нисбаташ парвандаи нав бар асоси моддаи 307 иловаи 3 қисми 3-и Кодекси ҷинояии Тоҷикистон (яъне кумак ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ) боз карданд. Ӯ иддо дорад, ки мақомот аз номи ӯ наворҳо сабт карда, навиштаҳояшро нусхабардорӣ намуда, бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” бардурӯғ парванда бозкардаанд ва муддати 8 моҳ мешавад тафтишоташ идома дорад.

Садриддинзода сабаби ба чунин ҳолат гирифтор шуданашро танҳо дар навиштани ҳақиқт нисбати амалҳои ғайриқонунии додситони ноҳияи Вахш ва дигар мақомоти вилояти Хатлон медонад.

Дар ҳамин ҳол навори

Ҳамсари Садриддинзода Саиднуриддин

Ҳамсараи Садриддинзода мегӯяд, дар ин кор бевосита додситони вилояти Хатлон Раҳимзода ва додситони ноҳияи Вахш Исмоилзода даст доранд. Ба гуфтаи ӯ, Исмоилзода борҳо гуфтааст, ки ман хеши Эмомалӣ Раҳмон ҳастам ва касе ба ман зарар расонда наметавонад.

Саиднуриддин пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз беадолатӣ ва ришваситонии мақомоти додгоҳии ноҳияи Вахш мегуфт, вале 25-уми декабри соли 2020 додгоҳ ӯро бар асоси ҳафт моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ гунаҳкор донист ва ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

Пеш аз эълони ҳукми Садриддинзода айбдоркунандаи давлатӣ Абдумаҷид Саидзода аз додрас талаб карда буд, ки “озодии Шамсиддинов (Садриддинзода) барои шаҳрвандон хатар дорад ва бояд ба ҳабс кашида шавад.”

Шикоят аз амалҳои ғайриқонунии додситонҳову додрасҳо қариб, ки аз аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон садо медиҳад. Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз бедодгариҳои мақомоти додситонии ноҳияи Рашт ҳамеша шикоят мекунад, аммо касе ҳозир нест пеши роҳи чунин рафторҳои ғайриинсонии онҳоро бигирад.

Аксари корбароне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери чунин наворҳо шарҳ менависанд, бар ин назаранд, ки шахсан худи Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла маъмурони КДАМ, ВКД ва додситонӣ бо баҳонаи таъмини амният ва пешгирӣ аз ифротгароӣ аз ҳад зиёд ихтиёр додааст ва онҳо аз ин фурсат сӯиистифода намуда, ҳар коре дилашон мехоҳад дар ҳаққи мардум анҷом медиҳанд ва касе ҳам пеши роҳи онҳоро намегирад.