Хона блог саҳифа 59

Даҳҳо миллион доллар кумаки навбатии Чин ба Тоҷикистон

0

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта “Номаҳои табодулӣ байни Тоҷикистон ва Чин”-ро тасдиқ кард, ки заминаи ҳуқуқиро барои сохтмони иншооти нави сарҳадӣ бо сармояи Чин фароҳам месозад.

Муродалӣ Раҷабзода, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар назди вакилон гуфтааст, ки баъд аз анҷоми расмиёти зарурӣ, ҷониби Чин дар марзҳои Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 425 миллион юан (ҳудуди 61 миллион доллар) иншооти сарҳадӣ бунёд мекунад.

Ҷузъиёти дақиқи тарҳ ва навъи иншооти пешбинишуда то ҳол эълон нашудааст, аммо Раҷабзода таъкид кардааст, ки ҳадаф аз ин иқдом таҳкими бештари шарикии стратегии ду кишвар ва тақвияти ҳифзи марзҳои давлатӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки солҳои 2017-2018 низ Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон барои нерӯҳои марзбонӣ 12 дидбонгоҳ ва қароргоҳ сохта буд. Ба гуфтаи Муродалӣ Раҷабзода, ин иншооти махсус барои ҳифзи марз ба таври ройгон аз ҷониби Чин сохта шуда будаанд.

Сохтани дидбонгоҳҳои нави марзӣ аз ҷониби Чин дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар пайи ду ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон чанде аз шаҳрвандони Чин кушта шуда буданд.

Агар мошинат суғурта надошта бошад, тавассути камераҳои роҳ муайян мешавад

0

Дар шаҳри Душанбе системаҳои нави рақамӣ — “Системаи ягонаи суғуртаи электронӣ” ва “Системаи ягонаи иттилоотии санҷиши ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт” фаъол шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аз 5-уми марти соли 2026 дар пойтахт камераҳо ва радарҳо мавҷудияти суғуртаи ҳатмӣ ва корти ташхиси техникиро ба таври автоматӣ месанҷанд.

Дар ҳолате, ки ронанда суғуртаи ҳатмӣ ё корти ташхиси техникӣ надошта бошад, аввал ба ӯ огоҳинома фиристода мешавад ва барои бартараф намудани қонуншиканӣ 10 рӯз муҳлат дода мешавад. Агар дар ин муддат камбудӣ ислоҳ нашавад, нисбати ронанда тибқи моддаи 315 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 234 сомонӣ барои нагузаштан аз ташхиси ҳатмии техникӣ ва 78 сомонӣ барои рондани мошин бе суғуртаи ҳатмӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Бояд гуфт, гузаштан аз ташхиси техникӣ ва доштани суғурта дар Тоҷикистон ҳатмӣ буда, истифодаи мошинҳо бидину ин ҳуҷҷатҳо манъ аст.

Гуфта мешавад, ташхиси техникӣ дар марказҳои хидматрасонии ваколатдор ва устохонаҳои дорои иҷозатномаи махсус гузаронида мешавад ва ҳоло дар Тоҷикистон 62 нуқтаи ташхиси техникӣ, аз ҷумла 13 нуқтаи сайёр, фаъолият доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” камераҳо аллакай як қатор қонуншиканиҳоро, аз ҷумла баланд кардани суръат, гузаштан аз чароғаки сурх, ворид шудан ба хатти муқобил, истифодаи телефон ҳангоми ронандагӣ ва набастани камарбанди бехатарӣ сабт ва муайян мекунанд. Ҳамчунин ронандагон метавонанд тавассути SMS дар бораи ҷаримаҳои худ маълумот гиранд.

Роҳи байналмилалии Рӯшон-Варшез бо сармоягузорӣ кӣ сохта мешавад?

0

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Бонки рушди исломӣ дар робита ба амалӣ сохтани лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, қисмати Рӯшон-Варшез гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки рушди исломӣ бо роҳбарии мудири минтақавии он Фарид Аҳмад Хон дар Душанбе баргузор гардид.

Вазири нақлиёти кишвар дар ин мулоқот иброз дошта, ки “роҳи мазкур қисмати долони мултимодалии байналмилалии “Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо” буда, ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.”

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дарозии роҳи мошингарди “Рӯшон–Варшез” 235 киломатерро ташкил дода, он ба категорияи 3-юми роҳҳо дохил мешавад.

Ҳамчунин дар ин нишаст қайд гардид, ки ин тарҳ марҳила ба марҳила иҷро мешавад. Қарор аст дар марҳилаи аввал 40 километр ва дар марҳилаи дуюм 33 километри роҳ таҷдид ва навсозӣ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки ин лоҳиа пурра аз ҷониби Бонки рушди исломӣ сармоягузорӣ мешавад. Бонки мазкур аз соли 2000 то ин ҷониб даҳҳо лоиҳаи стратегии Тоҷикистон, бахсус лоиҳаҳо дар мавриди бунёди роҳҳоро сармоягузорӣ кардааст.

Вуруд ба Русия — танҳо бо суғурта!

0

Роҳбари Ҳизби “Справедливая Россия” Сергей Миронов пешниҳод карда, ки барои муҳоҷирони корӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия доштани суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС) ҳатмӣ карда шавад.

Ин тарҳро Миронов дар Думаи давлатӣ зимни шарҳи қарори додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ки дар он гуфта мешавад, кишварҳои узви иттиҳод, аз ҷумла Русия, уҳдадор нестанд ба аъзои оилаи муҳоҷирони корӣ ба таври автоматӣ суғуртаи ҳатмии тиббӣ (ОМС) диҳанд, ироа кардааст.

Ба гуфтаи вакили рус, барои гирифтани суғуртаи ҳатмии тиббӣ шаҳрванди хориҷӣ бояд расман кор кунад ва корфармо барои ӯ на камтар аз се сол маблағи суғурта супорад, ки аксари муҳоҷирони корӣ ба ин талабот ҷавобгӯ нестанд.

“Ҳеҷ мушкиле нест, бигзор суғуртаи ихтиёрии тиббиро харанд, аз ҷумла барои занон — барои назорати ҳомиладорӣ ва таваллуд”, — гуфтааст Миронов.

Ба иддаои Миронов, яке аз роҳҳои дигари ҳалли масъалаи суғуртаи муҳоҷирон метавонад ҷорӣ кардани усули кори муваққатӣ (омад-кор кард-рафт) бошад. Дар чунин ҳолат муҳоҷир танҳо бо дархости корфармо ба кишвар меояд ва корфармо хидматрасонии тиббии ӯро таъмин мекунад. Ҳамзамон, ба гуфтаи вакил, дар ин ҳолат коргар набояд аъзои оилаи худро бо худ ба Русия барад.

То замони ҷорӣ шудани чунин меъёрҳо Миронов пешниҳод кардааст, ки ҳадди ақал талаботи доштани суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ҳамчун шарти убури сарҳад ҷорӣ карда шавад ва муҳоҷирон бояд чунин суғуратаро пешакӣ тавассути филиалҳои ширкатҳои русӣ дар кишварҳои худ харидорӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи январи соли ҷорӣ Қирғизистон алайҳи Русия барои иҷро накардани шартномаҳо ба Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шикоят бурдааст.

Он замон раҳбари Фонди суғуртаи ҳатмии тиббии Қирғизистон Азамат Муканов сабаби шикоятро рад шудани додани суғуртаи ҳатмии тиббӣ (ОМС) ба аъзои оилаҳои муҳоҷирони кории қирғиз дар Русия гуфтааст.

Ба гуфтаи Муканов, ҷониби Русия бо ин амалаш моддаҳои 96–97 Шартномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро, ки фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони кишварҳои узви иттиҳод ва таъмини иҷтимоии онҳоро танзим мекунад, риоя накардааст.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, тибқи шартномае, ки аз ҷониби ҳама кишварҳои узв (Русия, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ва Қазоқистон) имзо шудааст, суғуртаи ҳатмии тиббӣ бояд на танҳо ба шаҳрвандоне, ки дар Русия кор мекунанд, балки ба аъзои оилаҳои онҳо низ дода шавад. Аммо Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо қабули қароре ин талаботро рад кардааст.

Дар ҳоле Сергей Миронов аз ҳатмӣ кардани суғуртаи ихтиёрии тиббӣ мегӯяд, ки пештар дар Русия пешниҳод шуда буд, ки муҳоҷирон барои аъзои оилаи худ, ки бо онҳо дар Русия зиндагӣ мекунанд, андозҳои иловагӣ пардохт кунанд.

Сармоягузориҳои ҳангуфти бонкҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон

0

Қарор аст Бонки рушди осиёӣ ва Бонки рушди исломӣ боз садҳо миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Бонки рушди осиёӣ гузориш дода, ки 4-уми марти имсол президенти он Масато Канда бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, дар робита ба кумакҳои молии БРО барои рушди иқтисодии Тоҷикистон гуфтугӯ кардаанд.

Гуфта мешвад, ин бонк дар ҳаҷми бештар аз 1 миллард доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард. Тасмими мазкур дар чорчӯби ҳамкории стратегии кишвар бо БРО барои солҳои 2026-2030 мебошад. Бар асоси ин гузориш, сармоягузориҳо бештар дар соҳаҳои мухталифи инфрасохторӣ, ба вуҷуд овардани шаройити корофаринӣ, хидматрасониҳои умумӣ, аз байн бурдани камбизоатӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои тиббӣ ва илмӣ нигаронида мешаванд.

Ҳамзамон раиси Бонки рушди исломӣ Фарид Хон рӯзи 4-уми март бо Абдураҳмон Абдураҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мулоқот намудааст. Онҳо зимни вохӯрӣ аз афзоиши ҳамкориҳои ин бонк бо Тоҷикистон ва сармоягузортҳои дар самтҳои домдорӣ, зерсохторҳо, маориф ва иҷро кардани лоиҳаҳои мавҷудаи БРИ дар Тоҷикистон  гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳоло ба дунболи ҷалби бештари сармояи хориҷӣ аст. Ба гуфтаи мунтақидон, Тоҷикистон, ки кишвари фасодзада аст, мақомдорони тоҷик маъмулан аз чунин роҳҳо суди ҳангуфте насибашон мешавад, вале манофеи миллӣ барояшон чандон арзише надорад.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои мустақили байналмилалӣ ва бархе кишварҳо сатҳи фасод дар Тоҷикистонро хеле зиёд, густарда ва решаӣ медонанд. Аз ҷумла, вебсайти расмии ҳукумати ИМА барои иттилоъ додан ба сармоягузорони ин кишвар Тоҷикистонро кишваре, ки тақозои зиёде барои сармоя дорад ва дорои потенсияли рушд муаррифӣ мекунад, вале аз вуҷуди фасод дар тамоми лояҳои ҳукумат ва сахтгириҳои идорӣ ҳушдор медиҳад.

Эрон раҳбари нави худро муаррифӣ кард. Ӯ кист?

0

Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон шоми рӯзи якшанбе, 8-уми марти соли ҷорӣ Муҷтабо Хоманаиро ҷонишини падараш ҳамчун раҳбари кулли ин кишвар интихоб кард.

Ин ниҳоди раҳбарии Эрон зимни нашри эълони расмиаш хабар дод, ки “Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо аксарияти қотеи оро Оятуллоҳ Саид Муҷтабо Хоманаиро ба унвони севумин раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон муаррифӣ кард.”

Эълони муаррифии раҳбари ҷадиди Эрон дар ҳолест, ки Саид Алӣ Хоманаӣ раҳбари собиқи Эрон рӯзи 28-уми феврал баъд аз наздики 4 даҳаи идораи давлат (37 сол) дар ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил кушта шуд. Беш аз як ҳафта буд, ки гумонзаниҳо дар мавриди эҳтимоли интихоб шудани писари ӯ Муҷтабо Хоманаии 57-сола садо медод.

Муҷтабо Хоманаӣ писари Алӣ Хоманаӣ соли 1969 дар Машҳади Эрон таваллуд шудааст. Ӯ таҳсилоти улуми исломӣ дорад ва таҳсилоташро дар ҳавзаҳои Қум ва Теҳрон гирифтааст. Ӯ то ин замон дар ҳавзаҳои динӣ Қум ба тадрис машғул буд ва ҳеч мансаби давлатие надошт.

Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфта буд, ки мехоҳад шахсан дар итихобии баъдии раҳбари Эрон саҳм дошта бошад. Ӯ ҳамчунин рӯзи якшанбе гуфт, ҳар ки дар Эрон раҳбар таъйин шавад, аввал бояд ризоияти Амрикоро гирад. Агар Амрико раҳбарии онро таъйид накард, “замони зиёде давом нахоҳад ёфт”.

Муҷтабо Хоманаӣ, фарзанди Алӣ Хоманаӣ акнун сеюмин раҳбари низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дониста мешавад. Чеҳрае, ки чандон шинохта нест ва дар расонаҳо хеле кам намудор шудааст. Аз ӯ то ҳол ҳеч суханронии оммавӣ, бахусус дар масоили сиёсӣ нашр нашудааст. Вале ӯро ҳамчун фарди пасипардагии таъсиргузор дар сиёсатҳои падараш медонанд.

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

0

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони ҷумурӣ барои ворид шудан ба ҳудуди Русия бо мақсади фаъолияти кориро қабул кардааст.

Гузаштан аз ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия буда, пештар ташхис дар ҳудуди Русия анҷом мешуд ва даҳҳо муҳоҷирро бо баҳонаи гирифтор будан ба бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар ихроҷ мекарданд. Ҳоло маълум нест, ки ин созиши нав то куҷо ба муҳоҷирон дар ин самт сабукӣ меорад.

Аммо ба иддаои ҳукуматҳо ин созишнома “қоидаҳои расман бо кор таъмин шуданро осону соддатар мегардонад”.

Гуфта мешавад, ин созишнома ҳанӯз 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд.

Бояд гуфт, тасвиби ин созишнома дар ҳолест, ки дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, бо ин баҳона чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардидааст ва муҳоҷирони тоҷик бо рейду бадрафторӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. 

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

0

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Раисҷумҳури Эрон рӯзи 6-уми март дар шабакаи Х бо нашри паёми кӯтое иддао кард, ки “бархе кишварҳо” бо Эрон тамос гирифтанд ва барои миёнҷирагӣ иқдом намуда, аллакай талошҳоеро бо ҳадафи боздоштани ҷанг оғоз кардаанд.

Пизишкиён мегӯяд: “Посухи мо ба онҳо возеҳ аст: мо мутааҳҳид ба сулҳи пойдор ҳастем, аммо дар дифоъ аз иззат ва иқтидори кишварамон сари сӯзане тардид надорем“. Ӯ ҳамчунин дар идома таъкид мекунад: “Мухотаби миёнҷигарӣ бояд касоне бошанд, ки бо дасти кам гирифтани мардуми Эрон оташафрӯзӣ карданд“.

Ин иддаои раисҷумҳури Эрон дар ҳолест, ки қаблан Доналд Трамп ҳам гуфта буд, мақомоти Эрон барои эълони оташбас талош карданд, вале ӯ гуфтааст, ки “барои ин кор дер шудааст”.

Иддаое, ки мақомоти Эрон онро такзиб карданд ва гуфтанд, баракс, худи Трамп пешниҳоди оташбас додааст ва аз ҷониби Теҳрон ҷавоби рад гирифт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамлаҳои дуҷониба байни Эрон аз як тараф ва Иёлоти Муттаҳида ва Исроил аз тарафи дигар ҳафтумин рӯз аст идома доранд. Имрӯз Теҳрон Вашингтон ва Телавивро муттаҳам ба он кард, ки доираи ҳуҷумҳояшонро васеъ намуда, биноҳои маскунӣ ва зерсохторҳои хизматрасониро ҳадаф қарор медиҳанд.

Созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон рӯзи ҷумъа эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон то кунун 1332 нафар кушта шуда ва садҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

0

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Ин навор, ки ҳангоми ҳушдори ҳамлаи мушакӣ ва фирори сокинони яке аз шаҳрҳои Исроил ба паноҳгоҳҳо сабт шудааст, муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ки “Ассалому алайкум самарқандиҳо… Серенаро гӯш карда истодаед… Натарсетон, зиқ нашаветон!… Бисмиллоҳ ҳама гурехта истодааст, калламӯш борин ҳама гурехта истодааст…”. Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни корбарони исроилӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, пас аз ин овозхони бухороӣ Ави Ҳен ин муҳоҷирро дар кӯча шинохта, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст. Баъд аз чанде кормандони пулис бо ин овозхон ба маҳали кори ин муҳоҷир омада, ӯро боздошт мекунанд.

Дар наворе, ки овозхон Ави Ҳен сабт кардааст, дида мешавад, ки ҷараёни боздошт бо муносибати нисбатан сахти кормандони пулис сурат мегирад ва овозхон ба муҳоҷир мегӯяд, ки “Барои он табассумат ҷавоб медиҳӣ”. Дар ҷавоб мард изҳор мекунад, ки ин суханонро ба исроилиҳо нагуфтаасту ба дӯстонаш гуфтааст ва хоҳиш мекунад, ки ба сафорати Узбекистон занг зананд.

Пулиси Исроил изҳор доштааст, ки мард бо гумони барангехтани кинаву адоват ва халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шудааст. Айни замон таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва тақдирии баъдии ин муҳоҷири тоҷики зодаи Узбекистон дастрас нест.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

0

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ рӯзҳои 3-4-уми марти соли ҷорӣ дар Душанӣе баргузор шуд.

Бино ба иттилои “Азия-плус”, раисони комиссия дар ҷаласаи дурӯза — муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригулӣ Атахаллиев будаанд ва ҳадафи аслии ин ҷаласа таъйини дурнамои ҳамкоиҳои байни ду кишвар зикр шудааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз таҳкими равобит дар самтҳои зикршуда ва ҳаминтавр сабукӣ сохтан дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамчунин афзойиши табодули энергетика ва захираҳои об, табодул дар самтҳои саноату сохтмон, кишоварзӣ, маориф ва ғайра таваҷҷуҳи хоса нишон доданд.

Дар ин нишаст бахусус қайд карда шуд, ки дар соли 2025 гардиши молу коло миёни ду кишвар 43,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 17,1% зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон мегӯяд, муносибатҳои миёни ду кишвар дар солҳои охир бар асоси ҳусни нияти тарафайн суръат ва умқи тоза пайдо кардааст. Ин вазорат сабабро дар “сафарҳо ва мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олӣ” медонад, ки мунҷар ба рушди пайвастаи ҳамкориҳои миёни ду кишвар шудааст.

Дар анҷоми ҷаласа ҳамраисон протоколеро ба имзо расониданд, ки самтҳои асосии фаъолияти ояндаро муайян мекунад.

Гуфта мешавад, дар солҳои ахир равобити ин ду кишвар дар чорчӯби ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври пайвата дар ҳоли рушд аст.