Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.

Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт, шаби 19-уми январ шаш ноболиғ дар кӯчаи Садриддин Айнӣ дастгир шуданд. Ба гуфтаи мақомот, ноболиғони боздоштшуда бо ашёи буррандаву халанда мусаллаҳ будаанд ва нияти муноқиша доштанашон пешакӣ ошкор шудааст. Ҳангоми боздошт аз онҳо ду корд дарёфт ва мусодира гардидааст.

Мақомот нисбати волидони ин шаш наврас бо гумони иҷро накардани уҳдадориҳои таълиму тарбияи кӯдак (моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Тибқи қонун, ин модда ҷазо дар шакли ҷарима аз 780 сомонӣ ё то 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ мекунад.

Назари волидони ноболиғони боздоштшуда дар робита ба ин қазия то ҳол маълум нест. Дар ҳамин ҳол, мақомоти милитсия аз кулли шаҳрвандон, махсусан падару модарон даъват намудаанд, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва ба тарбияи онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд.

Солҳои охир муноқишаҳои ноболиғон бо истифода аз корд бештар шудааст, ки бархе аз онҳо бо паёмадҳои фоҷиабор анҷом ёфтаанд.

Дар моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе низ дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон як наврас кушта ва нафари дигар захмӣ шуда буд. Мақомот гуфтанд, ки он ҳодиса дар натиҷаи баҳсҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст.

Ахиран дар шаҳри Кӯлоб, низ дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик ба ҳалокат расид ва ду иштирокчии дигари ҳодиса захмӣ шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.