16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 61

Содироти моҳӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон

0

Расонаҳо аз вуруди нахустин маҳмулаи содироти моҳии Афғонистон ба Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, бархе ширкатҳои хусусӣ дар шимоли Афғонистон нахустин маҳмулаи содироти маводи хӯрокаи аз моҳӣ таёршудаи худро ба Тоҷикистон содир кардаанд.

Масъулини ширкат ин содиротро як қадами муҳим барои соҳаи истеҳсолии кишвар арзёбӣ кардаанд, ки аз як тараф бозори истеҳсолкунандагони афғонро васеъ мекунад ва аз тарафи дигар дарҳои нави ҳамкориҳои иқтисодиро бо кишварҳои минтақа боз менамояд.

Тоҷикистон бо вуҷуди доштани имкониятҳои зиёд дар бахши моҳидорӣ ва омода кардани маҳсулоти хӯрока аз гӯшти моҳӣ то ҳол натавонистааст, ки бозори дохилии худро таъмин намояд. Ин кишвар, ки муддати беш аз 33 сол инҷониб зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ҳамоно ҳамчун як кишвари истеъмолкунандаи тамоми намуди хӯрока боқӣ мондааст. Ва аксари маҳсулоти хӯрокаи худро аз кишварҳои Афғонистону Покистон, Эрону Русия ва Қазоқистону Узбакистон ворид мекунад.

Гуфтанист, Толибон баъди дубора сари қудрат омадан дар Афғонистон дар соли 2021 то ҳол ба сурати расмӣ ба ҷуз Русия аз ҷониби ҳеч кишвари дигаре эътироф нашудаанд ва ҳамоно зери таҳримҳои зиёде қарор доранд. Ба ин хотир, то онҳо тавонистаанд, ки бозори истеҳсолот дар дохили онро тақвият ва тавсеа бахшиданд ва инак дар муддати камтар аз чор сол тавонистаанд, ки қисман барҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла бозори маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон аз они худ кунанд.

Мансабдори давлатӣ ба гирифтани 4,3 миллион сомонӣ муттаҳам шуд

0

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Аминҷон Абдуллозода, собиқ сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғдро бо иттиҳоми азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 4,3 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст.

Ба қавли манбаъ, тафтиши пешакӣ нишон дод, ки ӯ бо ҳамдастии мутахассиси пешбар Баротов Р.Ҷ., шаҳрванд Раҳматуллоев Д.Д. ва 5 роҳбари ширкатҳои хусусӣ, дар солҳои 2023–2024 қисме аз маблағҳои буҷетиро, ки барои таъмири заминҳои обёришаванда ва пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Спитамен ва Мастчоҳ ҷудо шуда буданд, бо роҳи сохтакорӣ тасарруф намудааст.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки Аминҷон Абдуллозода ва ҳамроҳонаш дар давоми солҳои мазкур аз 13 миллион сомонии буҷетӣ, беш аз 4,3 миллион сомонӣ ба таври ғайриқонунӣ азонихуд карда, ба давлат зарари ҷиддии молиявӣ расондаанд.

Гуфта мешавад, нисбат ба ин гумонбарон дар асоси моддаҳои 245 (қисми 4, банди “б”) ва 340 (қисми 2, бандҳои “а” ва “б”) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Инчунин, то кунун, зарари расонидашуда пурра ҷуброн шуда, парвандаҳо барои баррасӣ ба суд ирсол гардидаанд.

Аз як сӯ ин иттиҳомот дар ҳоле садо додааст, ки вокуниши гумонбарону муттаҳамон, адвокатҳои онҳо ва ё наздикону пайвандонашон ба ин ҷинояти сангин то кунун дастраси расонаҳо нагардидааст. Ба ин хотир тасдиқ кардани ҳама он чизе, ки Оҷонсии зидди фасод дар ҳаққи онҳо гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ғайри мумкин аст.

Аз сӯи дигар, қариб тамоми раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон узви ҳизби ҳоким, Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон мебошанд, аммо вақте онҳо бо ҷурму ҷиноятҳои сангин ва ё азхудкунии пулу мол ва дигар моликияти давлатӣ муттаҳам мешаванд, бар хилофи аъзо ва ҷонибдорони дигар ҳизбҳои кишвар узвияти ҳизбиашон аз ҷониби мақомот фош карда намешавад.

Дар Тоҷикистон коррупсия ба як падидаи системавӣ табдил ёфта, қариб тамоми бахшҳои ҳукуматиро фаро гирифтааст. Фасоди идорӣ ва ахлоқӣ агар дар байни омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоби миёна 50-60 сомониро ташкил диҳад, ин рақам дар байни кормандони сохторҳои интизомӣ ва қудратӣ ва дигар ниҳодҳои молиявӣ ба даҳҳо ҳазор сомонӣ мерасад. Аммо бояд қайд кард, ки сатҳи фасоди идорӣ ва ахлоқӣ ва дуздӣ аз буҷети давлатӣ дар байни раҳбарони сохторҳои давлатӣ, тавре Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ба миллионҳо сомонӣ баробар мешавад.

Дар маркази ин низом, Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш қарор доранд, ки тайи зиёда аз се даҳсола қудратро дар даст дошта, назорат ва тақсими сарватҳои миллӣ зери контролашон қарор дорад. Наздикони президент аз ҷумла фарзандон, домодҳо ва хешовандони наздик ба вай роҳбарии соҳаҳои калидиро бар ӯҳда доранд, ки имкони ҷилавгирӣ аз густариши ҳар гуна фасод ва сӯиистифодаи мансабҳоро номумкин мегардонад.

Таъсири интиқодҳо ба Эмомалӣ Раҳмон?

0

Пас аз интиқодҳои тунди мақомоти расмӣ ва расонаҳо аз вазъи боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ раҳбарони чанд зиндонро иваз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 22-уми июли соли 2025, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва ноҳияи Ёвонро аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо кадрҳои наверо ба ин вазифаҳо таъин кард.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон низ хабар додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон “Муовини якуми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия”-ро аз вазифа барканор карда, ба ҷои вай кадри ҷавонеро ба ин мансаб таъйин кардааст.

Ҳамзамон бо ин, Эмомалӣ Раҳмон раҳбарон ва фармондеҳони як қатор сохторҳои низомӣ ва қудратии Тоҷикистонро ҳам дар Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи динро аз вазифаи барканор ва ба ҷои онҳо одамони ҷадидеро мансуб кард. 

Пеш аз ин Омбудсмени Тоҷикистон бо нашри як гузориш аз мақомот интиқод карда гуфта буд, ки айни замони ҳудуди 16 ҳазор зиндонӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд ва бо сабаби аз ҳад зиёд нигаҳ доштани маҳбусон дар утоқҳо шароити санитариву маъишӣ ва тиббии маҳбасхонаҳои кишвар ба талоботи рӯз ҷавобгӯ намебошанд.

Инчунин ба қавли Ваколотдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, айни замон дар бархе боздоштгоҳҳои муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ боздоштшудаҳо аз ҳисоби давлат ба хӯрок таъмин карда намешаванд, балки онҳо аз ҳисоби хонаводаҳои худ ва ё худи кормандони милиса бо ғизо таъмин карда мешаванд, ки он хилофи талаботи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ин интиқодҳои омбудсмени Тоҷикистон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мавҷе аз вокунишҳо рӯбарӯ гардида, даҳҳо нафар хостори бозбинии вазъи боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва беҳтар кардани шароити нигаҳдории зиндониён дар муассисаҳои ислоҳии кишвар гадида буданд.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба сурати расмӣ 19 муассисаи ислоҳӣ ва боздоштгоҳ фаъолият мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон идао мекунанд, ки бисёре аз ин зиндонҳо таҷдид ва навсозӣ шудаанд ва шароити нигоҳдории маҳбусон наздик ба талаботи байналмилалӣ аст, аммо зиндониён ва наздикону пайвандони онҳо, ки ба дидорбинии онҳо мераванд, ин иддаои мақомотро рад карда мегӯянд, ки шароити санитарӣ ва маъишии зиндониён ба талаботи рӯз ҷавобгӯ намебошанд.

14 соли зиндон барои як зодаи Тоҷикистон дар Русия

0

Додгоҳе дар вилояти Новосибирски Русия, зодаи Тоҷикистон Баҳодурҷон Аҳмадалиевро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Мурофиаи додгоҳии Баҳодурҷон 21-уми июли соли ҷорӣ пушти дарҳои баста баргузор шудаааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, додрас Баҳодурҷон Аҳмадалиевро ба нигоҳдории ғайриқонунии таҷҳизоти тарканда ва қасди амали террористӣ айбдор дониста, ба 14 соли зиндон ва пардохти 50 ҳазор рубл ҷарима маҳкум намуд. Вале худи Баҳодурҷон ва вакили дифоаш ба ин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Онҳо мехоҳанд аз болои ин ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.

Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ, Аҳмадалиев, ки дар Новосибирск ҳамчун ронанда кор мекард, гӯё аз сомонаи интернетӣ барои ду гумонбар дар ҳамла ба бинои “Крокус Сити Холл”, чипта харидааст. Гуфта мешавад, яке аз ин гумонбарон Далерҷон Мирзоев, ки дар Новосибирск зиндагӣ мекард ва таксист буд, мебошад.

Инчунин гӯё Баҳодурҷон як рӯз баъд аз ҳодисаи “Крокус”, яъне 23-уми марти соли гузашта, қасд доштааст, ки ҷойи ҷамъитиеро дар ноҳияи Железнодорожнийи Новосибирск тарконад. Аммо худи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти федералии Новосибирск ҳангоми тафтиши мошинаш, дастгир гардида буд.

Кормандони амният иддао доранд, ки дар вақти тафтиш, аз дохили мошини вай дастгоҳи тарканда ва китобҳои мазмуни ифротгароӣ доштаро пайдо кардаанд. Назари худи Аҳмадалиев дар ин бора то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст ва чун Баҳодурҷон Аҳмадалиев ва вакили дифоаш ба ин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд, эҳтимол дорад, ки ин иттиҳомоти кормандони амният ҳам асоси воқеӣ надошта бошанд.


Кӯчабандон дар Душанбе

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки тайи се рӯзи оянда дар бархе кӯчаҳои марказии пойтахт маҳдудияти ҳаракат дар роҳ ҷорӣ карда мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, 23-уми июли соли 2025 Президенти Муғулистон бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад ва ба ҳамин муносибат мақомоти то замони баргаштани вай ҳаракати нақлиёти ҷамъиятиро дар бархе кӯчаҳои пойтахт маҳдуд мекунанд.

Пеш аз ин иттилоъ дода шуда буд, ки Ухнаагийн Хурэлсух, Президенти Муғулистон асри 23-уми июли соли ҷорӣ вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад. Раёсати корҳои дохилӣ ҳам дар шарҳи ин хабар гуфтааст, ки пагоҳ “аз соати 18:00 то соати 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ муваққатан маҳдуд мегарданд.”

Субҳи 24-уми моҳи ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор мегардад ва шоми ҳамон рӯз низ дар Театри опера ва балети пойтахт баргузории рӯзҳои Фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Раёсати корҳои дохилӣ ҳам гуфтааст, ки ҳамзамон “давоми рӯзи 24-уми июл ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Сомонӣ, кӯчаҳои Теҳрон ва Шероз, ҳамзамон санаи 25-уми июл ҳаракати нақлиёт тавассути хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи С.Айнӣ ба самти ш.Ваҳдат ва қисмати бегоҳ ҳаракати нақлиёт тавассути хиёбони Рӯдакӣ, аз дидбонгоҳи «Чорбоғ» ба самти н.Варзоб, дар соатҳои гуногун муваққатан маҳудуд мегарданд.”

Гуфта мешавад, Ухнаагийн Хурэлсух, Президенти Муғулистон, ки бо сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд, дар ин муддат бо мақомоти мухталифи кишвар дидору мулоқот карда, дар назар аст, ҷонибҳо чанд созишнома ва шартномаеро ҳам байни ду кишвар ба имзо расонанд.

Бо ин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вақти пешвоз гирифтани меҳмонон ба бедаранг харҷ ва исроф кардани садҳо миллион сомонӣ оддат кардааст, ҳанӯз маълум нест, ки ин дафъа шоми 25-уми июл дар Бустонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон – Такоби ноҳияи Варзоб чӣ қадар пулро обулой мекунад?

Муҳоҷирон дар 3-моҳ 1,8 миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол доданд

0

Дар семоҳаи аввали соли 2025 аз хориҷ ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи Бонки Авруосиёии Рушд, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 дарсад бештар аст.

Дар як изҳороти расмии ин бонк дар Телеграм гуфта мешавад, ки яке аз омилҳои асосии тақвият ёфтани қурби сомонӣ дар баробари доллар, маҳз ҳамин афзоиши интиқоли пул аз хориҷ ва боло рафтани нархи тиллои содиротии кишвар будааст.

Бонки Авруосиёии Рушд мегӯяд, дар пайи афзоиши интиқоли пул ва содироти тилло, арзиши сомонӣ дар муқоиса бо доллари амрикоӣ тақвият ёфтааст.

Аз оғози соли 2025 то имрӯз, қурби сомонӣ 12,5 фоиз баландтар шудааст ва танҳо дар моҳҳои охир 3,3 фоиз болоравиро нишон медиҳад.

Ба таъкиди мутахассисони бонк, ин таҳкими қурби миллӣ ба пастшавии сатҳи таваррум низ таъсир расонда, ки дар моҳи июн то 3,6 дарсад коҳиш ёфтааст, нишондоде, ки назар ба моҳи май камтар аст.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар гузоришҳои расмӣ камтар аз саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди кишвар ёд мекунад ва кӯшиш менамояд, нақши муҳимми онҳоро нодида бигирад.

Бо вуҷуди он ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик солона миллиардҳо доллар ба кишвар мефиристанд ва зиндагии садҳо ҳазор хонавода бо пули онҳо таъмин мешавад, мақомоти давлатӣ то ҳол сиёсати муназзами ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ва дигар кишварҳоро роҳандозӣ накардаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, иқтисоди Тоҷикистон сахт вобаста ба интиқоли пули муҳоҷирон аст, вале дар амал муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои хориҷ, бахусус Русия, бо бетаваҷҷӯҳии мақомоти тоҷик рӯбарӯ ҳастанд ва дар ҳолатҳои зиёде бо сабаби дарёфт накардани ҳимоятҳои ҳуқуқӣ ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон мешаванд ва ё аз Русия ихроҷ мегарданд.

Чаҳор ҳазор ҷойи кори холӣ дар мақомоти давлатӣ

0

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мақомоти давлатии Тоҷикистон бо камбуди ҷиддии кадрҳо рӯбарӯ шудаанд. Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатӣ дар ин бора хабар додааст.

Раиси Оҷонсии хизмати давлатӣ, ки дар нишасти хабарии худ рӯзи 21 июл бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, феълан 4 ҳазору 102 мансаби давлатӣ холӣ боқӣ мондааст ва кадрҳо намерасанд.

Ба гуфтаи ӯ, барои ҳар як мансаби холӣ ҳамагӣ 0,6 довталаб рост меояд, ки нишондиҳандаи нигаронкунанда барои низоми идоракунии давлатӣ маҳсуб мешавад. Ӯ ҳамзамон эътироф кард, ки дар баъзе ҳолатҳо як нафар вазифаи чанд мансабдорро ба дӯш мегирад, амале, ки ба гуфтаи Идрисзода, аз норасоии кадрӣ сарчашма мегирад.

Мансабҳои давлатӣ тибқи қонунгузорӣ аз тариқи баргузории озмунҳо қабул карда мешаванд. Довталабон бояд забони давлатӣ ва қоидаҳои истифодаи компютерро хуб донанд, инчунин бо таъриху фарҳанги миллӣ ва санадҳои ҳуқуқӣ шинос бошанд, иброз дошт Идрисзода

Ҳарчанд дар кишвар сатҳи бекорӣ баланд бошад ҳам, бисёре аз корхонаҳои давлатӣ ва ҳатто бахши хусусӣ аз пайдо кардани мутахассисон танқисӣ мекашанд. Ба эътиқоди корҷӯён, маоши паст яке аз сабабҳои асосии камбуди довталаб ба ҳисоб меравад.

Мақомот пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои кориро ташкил медиҳанд, аммо бархе мутахассисон мегӯянд, ки ислоҳоти амиқ дар низоми музди меҳнат ва шароити хуби кор лозим аст, то кадрҳои мутахасисро ҷалб кунанд.

Бо вуҷуди мавҷуд будани ҳазорон ҷойи кори холӣ дар сохторҳои давлатӣ, солҳои охир тамоюли рӯзафзуни фирори мутахассисони соҳибтаҷриба ба хориҷи кишвар, махсусан барои дарёфти маоши бештар ва шароити беҳтари зиндагӣ ба мушоҳида мерасад.

Бархе шаҳрвандон ва коршиносон мегӯянд, ки низоми интихоби кадрҳо дар сохторҳои давлатӣ шаффоф нест ва баъзе мансабҳо ба воситаи шиносбозӣ ва ришва тақсим мешаванд. Ба гуфтаи онҳо, ин сабаб мешавад, ки мутахассисони воқеӣ ва ҷавон барои дарёфти мансаб имконият пайдо накунанд ва роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд.

Ҳамзамон, шикоятҳо дар бораи харидуфурӯши мансабҳо ва воситабозӣ барои дарёфти ҷои кор, хусусан дар мақомоти давлатӣ ва мансабҳо, зиёд ба гӯш мерасанд. Ин ҳолат эътимоди ҷомеаро ба низоми хизмати давлатӣ коҳиш медиҳад ва ба рушди кадрӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳайати улaмои ансор муҳосираи Ғаззаро шикастан мехоҳад

0

Ҳайати ҷаҳонии уламои Ансори Паёмбар (с) бо нашри як изҳороти видеоӣ аз Шайхулазҳари Миср хостааст, ки барои шикастани муҳосираи Навори Ғазза ва расонидани кумакҳои инсонӣ ба сокинон ба сурати амалӣ иқдом кунад ва ин иқдом метавонад муодиларо дар минтақа тағйир диҳад.

Уламои ансор хитоб ба Шайхулазҳар мегӯянд, ин як фурсати торихӣ аст ва бо истифода аз он метавонад номи худро ҳамчун Изз бин Абдуссалом дар торих ба некӣ сабт кунад ва дар ғайри он ҳамакаса дар пешгоҳи Худованд барои посух гуфтан омода шаванд.

Дар ин изҳороти расмӣ, ки дирӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз сарони кишварҳои арабӣ дар минтақа хоста шудааст, ки ҳамон тавре дар солҳои 1979-1989 роҳи ҷиҳод алайҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистонро боз карда буданд, ин дафъа ҳам барои шикастани муҳосираи Навори Ғазза чунин иқдом кунанд.

Инчунин дар ин изҳороти уламо таъкид шудааст, ки ҳама раҳбарону фаъолони кишварҳои исломӣ дар роҳи шикастани муҳосира ва расонидани кумакҳои иснсонӣ ба мардуми бечора, гурусна ва ташнаи Навори Ғазза бояд саҳми худро бигузоронад.

Ба назар мерасад, уламои ҳайати ансор аз сарони кишварҳо арабӣ дар минтақа он қадар умед надоранд ва ба ҳамин хотир тамоми қабилаҳои кишварҳои ҳамсояи Фаластинро хитоб қарор дода, бо таъкид мегӯянд, ки барои шикастани Навори Ғазза бо ҳам муттаҳид шаванд ва сари вақт иқдом намоянд.

Ин даъватгарон таъкид мекунанд, ки агар мардуми қабоил барои шикастани муҳосираи Навори Ғазза иқдом намоянд, онҳо омодаанд, ки аз пешгомони ин ҳаракат барои расонидани кумакҳои инсонӣ аз қабили обу нон ва доруворӣ ба мардуми Ғазза бошанд.

Ин дархостҳо барои шикастани муҳосираи Навори Ғазза дар ҳоле садо медиҳанд, ки пеш аз ин ҳам чандин гурӯҳҳо ва созмонҳои худҷӯш иборат аз фаъолони кишварҳои гуногун барои шикастани муҳосираи Навори Ғазза иқдом карда буданд, вале ҳамаи онҳо бо шикаст мувоҷиҳ шуданд. Инчунин дар ҳоли ҳозир як гурӯҳ аз фаъолони маданӣ ҳомили киштие бо номи Ҳанзала ҳам барои шикастани муҳосираи Навори Ғазза аз Итолиё ба самти Ғазза дар ҳаракат ҳастанд.

Гуфтанист, Навори Ғаззаи Фаластин 18-сол инҷониб зери муҳосираи Исроил қарор дорад ва дар давоми 4 моҳи ахир вуруди ҳамагуна кумакҳои инсониро ба ин минтақаи ҷангзада маҳдуд кардааст. Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд, ки сатҳи гуруснагӣ дар Навори Ғаззаи Фаластин ба марҳилаи 5-уми радабандиҳои ҷаҳонӣ дар бораи муайн кардани сатҳи гуруснагӣ расидааст. Марҳилае, ки ҳудуди 90% аҳолии онро фаро гирифтааст.

Исроил 8-уми октябри соли 2023 ҳамлаҳои навбатии худ алайҳи Навори Ғаззаро оғоз карда, ки то ҳол ин ҷанг идома дорад. Дар натиҷа, тай ин ин муддат наздик ба 60 ҳазор нафар аз фаластиниён, ки теъдоди аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, кушта шуда, зиёда аз 160 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти фаластинӣ дар Навори Ғазза теъдоди касоне, ки зери оворҳо мондаанд ва ё нафароне, ки бар асари бомбборонҳои шадид беномунишон гаштаандро ба даҳҳо ҳазор нафар баробар мекунанд.

Оғози мурофиаи додгоҳии гумонбарони ҳамла ба “Крокус”

0

Нуздаҳ нафаре, ки дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии «Крокус Сити Холл» дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав гумонбаранд, аз боздоштгоҳ ба Суди ҳарбии Округи 2‑уми ғарбии Маскав бурда шудаанд.

Бино ба иттилои ТАСС, гумонбарон дар мурофиаи пешакӣ, ки пушти дарҳои баста имрӯз, 21-уми июл баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Инчунин аз 2 ҳазору 300 нафаре, ки ҳамчун ҷабрдида дар ин парванда шинохта шудаанд, тақрибан 150 каси онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ бевосита иштирок хоҳанд кард.

Дар ҷараёни имурофиаи имрӯза, додрас бояд санаи оғози баррасии асосии парванда ва биноеро, ки дар он мурофиаҳои судӣ баргузор мешаванд, муайян намояд .

Гуфта мешавад, маводи парвандаи ҳамла ба “Крокус” аз 470 ҷилд ва натиҷаи беш аз 200 ташхиси гуногун дар бораи айбдоршавандагон иборат буда, онро ҳайати иборат аз се додрас баррасӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли гузашта пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чор нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 149 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 609 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 1 нафар бе ному нишон шудааст. Бино ба баҳогузории Кумитаи тафтишотӣ, зарари умумии расонидашуда тақрибан 6 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Пас аз ҳамла, гумонбарон талош карданд бо мошин фирор кунанд, вале онҳо дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Тибқи иттилои вакили дифои яке аз муттаҳамон, тафтишот бар он аст, ки иштирокчиёни ҳамла аз ҷониби ташкилоти террористии “Вилояти Хуросон”-и “ДИИШ” ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми ҳамла гумонбарон мехостанд ба Украина фирор кунанд, чун бовар доштанд, ки аз он ҷо ба Русия супурда намешаванд.

Мақомоти рус чор зодаи Тоҷикистон Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо гумонбарони асосии ин ҳамла медонанд ва иддао доранд, ки онҳо айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.

Кумитаи тафтишотии Русия пеш аз фиристодани парванда ба прокуратура иддао карда, ки ҳамла “ба манфиати роҳбарияти Украина” тарҳрезиву анҷом дода шудааст ва ҳадаф ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Русия будааст. Аммо мақомоти Украина пештар ҳамагуна даст доштан дар ин ҳамларо рад карда, он замон бо нашри навори ҳамла гурӯҳи террористии “ДИИШ” масъулияти ҳодисаро ба дӯш гирифта буд.

Ҳамзамон ин ниҳоди интизомии Русия мегӯяд, ки омодагии ҳамлагарон чанд моҳ идома ёфта, бархе аз айбдоршавандагон аз хориҷ, ки он ҷо омӯзиш дидаанд, ба Русия омадаанд, аммо макони омӯзиш зикр намешавад.

Гузашта аз ин, тафтишот муайян кардааст, ки гурӯҳи айбдоршавандагон қасд доштаанд дар шаҳри Каспийски Ҷумҳурии Доғистон як ҳамлаи дигари террористӣ низ анҷом диҳанд, вале он пешгирӣ шудааст.

Мувофиқи иддаои Кумитаи тафтишотӣ, силоҳҳое, ки дар ҳамлаи “Крокус” истифода шудаанд, тавассути ҳамин шаҳр ба вилояти Маскав интиқол ёфтаанд.

Камбуди ронанда дар Хабаровск

0

Мақомот дар вилояти Хабаровски Русия эҳтимол дорад қарори қаблан ҷоришудаи манъи кори шаҳрвандони хориҷиро дар бахши нақлиёти ҷамъиятӣ бозбинӣ намоянд.

Бино ба иттилои сомонаи “Vostok today”, ин иқдом ба норасоии шадиди ронандагон дар хатсайрҳои шаҳрии вилоят вобаста аст.

Гуфта мешавад, дар аввали соли ҷорӣ мақомоти вилояти Хабаровск мисли дигар шаҳру ноҳияҳои Русия кори муҳоҷиронро дар чанд соҳа, аз ҷумла дар мусофиркашонӣ манъ карда буд. Он замон ин тасмим аз ҷониби миллатгароҳои рус ҷонибдорӣ шуд, вале ҳомиёни ҳуқуқ онро намунаи сиёсати сахти муҳоҷиратӣ ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ номида буданд.

Аммо баъди чанд моҳ дар ин вилоят мушкилоти ҷиддӣ ба миён омада, сокинон аз он шикоят доранд, ки автобусҳо аз вақташ дер меоянд ва ё тамоман намеоянд. Инчунин, ширкатҳои нақлиётӣ низ мегӯянд, ки дар баъзе хатсайрҳо камбуди ҳайати ронандагон ба 50% расида, ин боиси қатъ шудани рейсҳо ва риоя нашудани ҷадвали ҳаракат дар роҳҳо мегардад.

Мақомоти шаҳр барои бартараф намудани ин мушкилот бо ҷалби сокинони бумӣ ба кор, музди меҳнатро боло бурда, ба кормандон ҷойи зист дар хобгоҳ пешниҳод кардаанд, вале ин тадбирҳо натиҷаи назаррасе наовардаанд.

Раиси Комиссияи хоҷагии шаҳр ва нақлиёти Палатаи ҷамъиятии Хабаровск Елена Шадуя низ бар ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир бидуни ҷалби муҳоҷирон ҳал кардани ин мушкил ғайриимкон аст.

Ба гуфтаи хонум Шадуя, ширкатҳои нақлиётӣ борҳо аз мақомот хоҳиш карданд, ки ин маҳдудият бекор карда шавад ва ҳоло мақомот ба зарурати бознигарии ин қарор майл доранд.

Бояд гуфт, Хабаровск дар Русия ягона вилояте нест, ки бо ин навъ мушкил рӯ ба рӯ шудаааст. Дигар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар низ бо вуҷуди ҷалби муҳоҷирон аз кишварҳои африқоӣ, Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустону Непал дар соҳаҳои мусофиркашонӣ, сохтмон, пайкрасонӣ ва ғайра, ки асосан дар онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ кор мекарданд, бо камбуди коргар мувоҷеҳ шудаанд ва мақомоти баъзе аз минтақаҳо мехоҳанд ин маҳдудиятҳоро бардоранд.

Вале маълум нест, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба корҳои қаблии худ, ки аз он ронда шуда буданд, дубора бар мегарданд ё не. Чун давоми ду соли ахир, бахусус пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбаронаш муҳоҷирон мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбат ба муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд.

Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд. Инчунин дар ин муддат дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.