23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 611

Барномаи хабарии “ҲАФТА” (Видео)

0

برنامه خبری هفته اخبار تاجیکستان

● Пешвозгириҳои дабдабанок тақлид ё фармон?

● Оё инқилоби Қирғизистон дар сиёсати Тоҷикистон таъсир мегузорад?

● Корхонаи “сеҳрноки”-и ноҳияи Рӯдакӣ

Эмомалӣ Раҳмон боз баранда шуд, аммо ба Ғаффорзода як дарсади овозҳо дода шуд

0
Сурат: Хавзаи интихоботии Восеъ №52

Дирӯз 11 октябр дар Тоҷикистон Интихоботи президентӣ баргузор шуд. Дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овоз барандаи интихобот эълон шуд.

Дигар номзадҳо аз ҳизбҳои дигар аз 1% то 3% овоз гирифтанд. Ба гуфтаи раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода дар интихобот бештар аз 85 дарсади овоздиҳандагон иштирок кардаанд. Аммо огоҳони умур бар ин назаранд, ки дар интихобот шумораи ками мардум иштирок кардаанд ва ҳатто баъзеҳоро маҷбур ба интихобот бурдаанд. Чанд корбар ба “Аздо тв” аз баъзе ҳавзаҳои интихоботӣ наворҳо фиристоданд, ки ҳатто як овоздиҳанда ҳам дида намешавад.

Пеш аз шурӯи интихобот ва баъди анҷоми он бештари шаҳрвандон аз он шикоят карданд, ки ҳатто даъватнома барои иштирок дар интихоботро ба онҳо наовардаанд. Дар идома Бахтиёр Худоёрзода қайд кардааст, ки доир ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ шикояте нагирифтаанд. Дар ҳоле, ки сомонаи Радиои Озодӣ дар бораи овоздиҳӣ аз номи дигарон ва дигар қонуншиканиҳо хабар дод.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар баҳс болои райъи гирифтаи дигар номзадҳо рафта истодааст. Корбарон суол дода истодаанд, ки чи гуна номзадҳо тавонистанд бештар аз 250 ҳазор имзо ҷамъ оваранд, ки ин худ аллакай 5% овози интихобкунандагон аст, вале чаро рӯзи интихобот баъзе аз номзадҳо ҳатто натавонистанд 2% райъи тарафдоронашонро ба даст оранд? Суоли дигари корбарон ҳам ин аст, ки оё мардум ба интихобот нарафтанд ё дар вақти ҷамъоварии имзоҳо тақаллуб сурат гирифта буд?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон дар 7 сол як бор президент интихоб мекунанд. Тибқи қонун як шахс метавонад, танҳо 2 маротиба президент шавад. Вале соли 2016, ба қонуни асосии кишвар тағйирот ворид карда шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон унвони Пешвои миллатро гирифт ва ҳақ ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад.

Эмомалӣ Раҳмон бори 5-ум аст, ки курсии қудратро ба даст мегирад.

Дар Русия муҳоҷиронро маҷбуран ба участкаҳои интихоботӣ барои овоздиҳӣ мебурданд

0
Сурат: саҳифаи фейсбукии Сафорати Тоҷикистон дар Русия 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки  барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, дар 29 кишварҳои ҷаҳон, ки тоҷикон дар онҷо ҳузур доранд, 39 қитъаи овоздиҳӣ ташкил кардааст.

Гуфта мешавад, сандуқҳои раъй аксаран дар бинои намояндагиҳои расмии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд.

Дар Русия, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ва бахши бузурги раъйдиҳандагон дар онҷо кору зиндагӣ доранд, дар панҷ шаҳри бузурги Маскав, Санкт-Петербург, Уфа, Екатеринбург ва Новосибирск нуқтаҳои раъйдиҳӣ ташкил шуда буд. Ба гуфтаи шоҳидон бархе аз шаҳрвандонро ба тариқи иҷборӣ аз корхонаҳо корфармоҳояшон, ки тоҷик будаанд, ба нуқтҳои райъдиҳӣ овардаанд.

Умед Бобоматов, хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ, ҷараёни овоздиҳиро дар назди сафорат назорат дошт, ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“на ҳама муҳоҷирон довталабона барои раъйдиҳӣ омада буданд. Қисме аз муҳоҷиронро кордеҳон дастҷамъона бо автобусҳо ба назди сафорат меоварданд, то дар интихобот ширкат варзанд”.

Хабарнигори телевизиони “Настояшее время” Юрий Баранюк ҷараёни овоздиҳии муҳоҷирони кории тоҷикро дар шаҳри Санкт-Петербург назорат дошт, гуфт, “аксари раъйдиҳандагон бар ин назаранд, ки президенти интихобшаванда дар Тоҷикистон бештар ҷойҳои корӣ ташкил кунад”.

Ӯ мегӯяд: “чанд рӯз пеш мо дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик назарупрсии хурде анҷом додем, то андешаи афроди қобили раъйро фаҳмем. Бисёриҳо гуфтанд, ки мехоҳанд дар ватани худ ҷойи кор бо маоши хуб дошта бошанд”.

Масъулони  сафорати Тоҷикистон дар Маскав,  гуфтаанд, интизор меравад дар ин шаҳр ҳудуди 5 ҳазор нафар ва дар умум дар Русия аз 15 то 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон раъй диҳанд.

Бештари муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, ба интихобот нарафтаанд.

Як муҳоҷир ба шарти бурда нашудани номаш ба “Азда тв” гуфт:

“Бештари муҳоҷирон ба интихобот нарафтанд, зеро ҳама хуб медонем, ки райъи мо ягон чизро ҳал намекунад, интихобот аз аввал маълум аст, кӣ мегӯзарад, он нафароне, ки худро рақби Президенти кунунӣ эълон карданд, онҳо мисли лухтаканд, ки мардумро фиреб мекунанд, пештар дар сиркҳо кудаконро ба ҳар навъ лухтакҳову бозичаҳо фиреб мекарданд, ҳоло дар Тоҷикистон бо номзадзои сохта ҷомеаи ҷаҳониро фиреб доранд, ки бинед дар мо интихобот аст, мо кишвари деморатием”.

Вазорати корҳои хориҷӣ эълон кард, ки сандуқҳои раъйдиҳӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ховари Миёна дар шаҳрҳои Абу-Забӣ, Кувайт, Қоҳира, Теҳрон  Туркия ва дар Аврупо дар шаҳрҳои Брюссел, Вена, Берлин, Париж, Лондон ва дар сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гузошта шудаанд.

Рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон интихоботи Президентӣ баргузор гардид, ба иттилои Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон , 4 миллиону 900 ҳазору 545 шаҳрванд аз ҳаққи овоздиҳӣ бархӯрдоранд. Ба иттилои расмӣ, дар нӯҳ соати раъйдиҳӣ тақрибан севуним миллион нафар овоз додаанд.

Интихоботро 145 нозири байналмилалӣ аз панҷ давлат, шаш созмони байналмилалӣ ва ҳашт сафорати муқими Душанбе назорат кардаанд. Дар миёни нозирон, аз ҷумла 7 намояндаи дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як сохтори вобаста ба САҲА ишимрок доштанд.

Сандуқҳои постиро дар Душанбе аз нав месозанд, аммо бо пули кӣ?

0

Рустами Эмомалӣ  раиси шаҳри Душанбе ба сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ дастур додааст, ҳамаи биноҳои истиқоматии пойтахтро бо сандуқҳои постӣ таъмин намоянд, сандуқҳое, ки қаблан буданд аз нав бар қарор намоянд.

Гуфта мешавад, аслан ин сандуқҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва худи сокинон барқарор карда мешавад.

“Азияи-Плюс” аз қавли намояндаи дастгоҳи шаҳри Душанбе навиштааст, ки  сандуқҳои постие, ки дар биноҳои баландошёна ва ҳавлиҳое, ки онҳо пештар вуҷуд доштанду сипас канда шуданд, сокинон аз ҳисоби худ онҳоро мегузоранд.

Ҳамчунин дар биноҳои нав аз ҳисоби бинокорони манзилҳо гузошта шуда, бе сандуқи постӣ комиссия хонаро ба истифода қабул намекунанд, – гуфтаанд, аз шаҳдории Душанбе.

Сабаби аз нав барқарор гардидани сандуқчаҳоро аз Ҳукумати шаҳри Душанбе ба мушкилии расонидани матбуоти даврӣ ба обуначиён, гуфта шудааст, ки ба гуфтаи намояндаи шаҳрдорӣ, ҳамеша обуначиён аз нагирифтани газета ё рӯзномае шикоят мекунанд, роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.

Ба гуфтаи намояндаи ҳукумати шаҳри Душанбе минбаъд нозирон низ расид (квитансияҳо)-и пардохти пули барқ, гармӣ, об ва дигар хизматрасониҳоро ба сандуқҳои постӣ мегузоранд.

Ҳозир расидҳо дар қабати дар гузошта мешаванд, ки гум шуда метавонад, гуфтааст, намояндаи Ҳукумати шаҳри Душанбе.

Дар идома иброз доштааст, ки айни замон дар чанд корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе сохтани сандуқҳои постӣ идома дошта, дар моҳҳои наздик дар биноҳо насб мегардад.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта дар тамоми биноҳо чунин сандуқҳо мавҷуд баданд, ки сокинон рӯзнома ва мактубҳояшонро аз онҷо дастрас менамуданд, ки аз ҷониби давлат таъмин гардида буд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ин иқдоми хуб аст, вале набояд аз ҳисоби мардум бошад, зеро шароите, ки ҳоло дар кишвар ҳукмфармост, ҳама чизро ба души мардум ва соҳибкорон гузоштан хуб нест, зеро бештари мардум ҳоло имконияти харидории як рӯза нонро надорад.

Бояд аз ҳисоби худи ҳукумати шаҳри Душанбе ин қуттиҳо аз нав барқарор гарданд, мегӯянд коршиносон.

Мардум аз Тоҷикистон чӣ гуна ба Русия бираванд? Роҳҳо ҳама баста

0
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав. Сурат: Яндекс.ру

Баъд аз саргирии парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Туркия ва Амороти муттаҳидаи Араб (Дубай) шҳрвандони Тоҷикистон мехоҳанд, бо тариқ ин ду кишвар ба Русия сафар кунанд, вале сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки бо роҳҳои ба Русия наоянд.

“Азия Плюс” аз қавли сафорати Тоҷикистон дар Русия навиштааст:  тибқи  қарори ҳукумати ФР аз 16 марти соли 2020 (№635-р) барои вуруд ба кишвар нафароне, рафта метавонад, ки ба ин қарор шомиланд.

Ба гуфтаи намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия шахсони дорои Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия, иштирокчиёни барномаи кӯчондани ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамсару волидон ва фарзандони русиягиҳо ҳуқуқ доранд, ки ба қаламрави Русия ворид гарданд.

Дар идома иброз доштааст, ки “Боисрор ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки пешакӣ имкони парвозро бевосита аз намояндагони ширкатҳои мусофиркаш тасдиқ намяонд, зеро онҳо ба мусофирони транзитӣ талаботи иловагии бештар шадид пешниҳод карда метавонанд”.

“Имкони ташкили хатсайрҳои мустақими чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия ҷиҳати баровардани русиягиҳо айни замон бо назардошти вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад”,  иброз доштааст намояндаи сафорат.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони Русия, ки ба бозгашти таъҷилӣ аз Тоҷикистон ба Русия ниёз доранд, ҳамчунин метавонанд аз хатсайрҳо тариқи Дубай ва Истанбул истифода баранд.

Дар идома гуфтааст, ки “Маълумот дар бораи талабот ба парвозро бевосита дар ширкатҳои ҳавопаймоии марбута муайян кардан лозим аст”.

То ба имрӯз марзҳои Русия бо Тоҷикистон баста буда, баъзе категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар ворид шуда метавонанд.

Мувофиқи қоидаҳои мавҷуда шаҳрвандони Туркия, Британияи Кабир, АМА, Миср, Ҷумҳурии Малдив, Швейтсария, Танзания, Абхозистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ба қаламрави Русия ворид шуда метавонанд.

Ғайр аз ин, сарҳади Русия барои хориҷиёне, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқшуда аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия барои муолиҷа ба ин ҷо меоянд, инчунин хориҷиёне, ки бо пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои нигоҳубини хешовандони беморашон ба ин кишвар ворид мешаванд, кушода аст. Кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ дар Русия ва аъзои оилаи онҳо, метавонанд, ба Русия ворид гарданд.

Ҳамчунин ронандагони автомобилҳои боркаши алоқаи байналмилалӣ, ҳайатҳои сарнишинони нақлиёти ҳавоӣ, баҳрӣ ва дарёӣ, қатораҳои алоқаи байналмилалӣ, кормандони алоқаи фелдъегерӣ (расонидани ҳуҷҷатҳои муҳим) ва аъзои ҳайатҳои расмӣ низ метавонанд ба Русия сафар кунанд.

Бонки ҷаҳонӣ: Тоҷикистон захираҳои тиллояшро фурӯхтааст

0

Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши худ, ки рӯзи 8 октябри соли равон таҳти унвони “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ” нашр гардид, гуфта шудааст, Ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини маблағгузории моддаҳои ҳифзшудаи хароҷоти буҷети давлатӣ захираҳои тиллояшро фурӯхтааст.

Дар гузориши бонки ҷаҳонӣ гуфта шудааст, ки дар 6 моҳи соли 2020  касри буҷет 2,3% нисбат ба ММД-ро ташкил дода, андоз ва дигар маблағҳои ба будҷет воридшаванда аз нақша камтар ҷамъоварӣ карда шудаанд.

Ҳамчунин сустшавии рушди иқтисоди кишвар аз 7,5% дар 6 моҳи соли 2019 то ба 3,5% дар ҳамин давраи соли равон нишон дода шудааст, ки он ба қишри камбизоати аҳолӣ ва хонаводаҳо таъсири манфӣ расонид, омадааст дар гузориши бонки ҷаҳонӣ.

Муаллифони гузориш навиштаанд, “дар авҷи пандемияи COVID-19 аз панҷ ду хонавода дар бораи кам кардани истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ хабар доданд, ки нисбат ба соли 2019 дарсади болост.”

Тибқи омори интишор гардида, даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли 2020 9,8 млрд сомониро дар бар мегирад, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида 4,5% ё худ 462,3 млн сомонӣ (ҳудуди 45 млн доллар) иҷро нагрдидааст.

Қисмати хароҷоти буҷет дар ин давра 81,9% иҷро шуд:

“ҳаҷми умумии маблағгузории буҷетӣ ба 10,2 млрд сомонӣ баробар шуда, аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ 18,1% ё худ 2,3 млрд сомонӣ камтар мебошад”.

Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши сангу филизоти қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо ба афзоиши бесобиқаи ҳаҷми содирот (50% ё худ 5 баробар) даст ёфтааст.

Маврид ба ёдоварист, ки тибқи қонун “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020”, ба моддаҳои ҳифзшуда хароҷот барои пардохти музди меҳнат, маблағҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти ҳаққи хизматгузориҳои коммуналӣ дохил шудаанд.

“Номзади арзанда”ва фиреби умумимиллӣ

0
Сурат: Радиои Озодӣ

“Тӯй”-и интихоботӣ, намои “идона”, “номзади арзанда”, “ояндаи дурахшон”  серистеъмолтарин калимаҳои хабарнигорони шабакаҳои телевизиони тоҷик дар рӯзи интихобот буд.

Ҳама шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон шурӯъ аз Шабакаи аввал, Сафина, Ҷаҳоннамо, Синамо, Душанбе, то телевизионҳои вилоятии Суғду Хатлон, Бадахшон дар инъикоси маъракаи интихобот аз як марказ идора шуданд ва эфири ягона доштанд. Барномаҳои Шабакаи аввал ҳамзамон дар шабакаҳои дигари кишвар пахшу нашр шуданд. Чунин усули бозтоби интихобот дар Тоҷикистон барои бори аввал аст. Дар гузашта ин тавр набуд. Ҳар шабакаи телевизионӣ барнома ва гузоришҳои худро нашр мекард. Ин тарзу усули нодир ва бесобиқа аз чӣ далолат мекунад?  

Далолат бар он мекунад, тамоми маҷрову моҷарои ин интихобот аз рӯи сенария ва барномаи аз қабл таҳияшуда сурат мегирад. Ҳеҷ сужжаву пейзаже табиӣ нест. Ташкили эфири воҳид ва мутамаркиз тақаллуб, фасод, ғайришаффоф,сохта, дурӯғӣ ва ғайриқонунӣ будани ин интихоботро бо тамоми ҷузъиёташ намоён мекунад. Аз як сӯ фанду фиреб, аз дигар сӯ тарсу ваҳшат дар сартопои ин барномаҳо ҳувайдост. Тарсу ваҳшат аз он ки мабодо ягон ҳарфе берун аз даҳони касе ба эфир наравад. Барои ҳамин ин барномаҳо таҳти контрол ва аз як марказ ба дасти мавҷ дода шуданд. Як бор таваҷҷӯҳ кунед ба сӯҳбатҳои нафароне,ки аз ин марказ омода ва ба самъи мардум расонида шуд.Инҷо ҳам аз сӯҳбатҳои худи интихобкунандаҳо ва ҳам аз суханони хабарнигорон иқтибос карда шудааст:

Ҳамсӯҳбатон:

Ман ба номзади арзандаи худ, ки Тоҷикистонро боз ҳам гулгулшукуфон мекунад, овоз додам.

Ман аз байни номзадҳо ба номзади арзандаи худ, ки боз ҳам сулҳу суботро мустаҳакам мекунад овоз додам.

Ба  номзади арзандаи худ ҳар ҳафт сол овози худро додем.

Хабарнигорон:

Ба номзади арзанда, ояндаи дурахшон овоз доданд.

Ба номзади арзандаи худ ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ӯст, овоз доданд.

Ба номзади арзанади худ, сарвари ғамхору сулҳдӯст, сарвари сулҳпарвар овоз доданд.

Ба номзади арзандаи худ бо шукрона аз фазои сулҳу ваҳдати миллӣ барои барномаи стратегии саноатикунонӣ овоз медиҳанд.

Ин ҳарфу сӯҳбати интихобкунандаҳое аст, ки аз саросари Тоҷикистон бо чунин мазмун мусоҳиба доданд ва низ хабарнигороне, ки аз навоҳиву рустоҳои гуногуни кишвар гузориш таҳия карданд.Вале аз онки ҳамагӣ як шакул як маъно доранд,метавон бо итминон гуфт,ки чанд шабу чанд рӯз онҳоро машқу тамрин додаанд.

Ва,акнун савол инҷост,ки чаро ин бор тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз як марказ ва аз як эфир барнома  нашр карданд? Зеро “номзади арзанда” ва “ояндаи дурахшон” ин бор ғайриқонунӣ ва аз роҳи буққагӣ вориди интихобот шудааст. Ӯ тамоми давраҳои панҷсоливу ҳафтсолиашро тай кард ва ҳоло вориди марҳалаи “беохир” ва “модомулумрӣ”-аш шуд, ки чунин меъёру моддаро дар ҳеҷ яке аз қонунҳои кишварҳои олам, илло ду- се кишвари салтанативу шоҳигарӣ наметавон пайдо кард. Аммо ин “номзади арзанда”, ки не шоҳ асту не султон аст, балки даъвои давлати демократӣ дорад. Дар кадом давлати демократӣ иҷоза аст, ки як нафар “модомулумр” бишавад? Ин дурусту дақиқ хилоф ва муқобили рукни асосии давлати демократӣ- дар як давра ва мӯҳлати муайн ва маҳдуд раёсат кардани як нафар аст.

Акнун, ки ин “ояндаи дурахшон” рукн ва меъёри асосии низоми демократиро нақз кардааст, тамоми талошашро мекунад, ки бидуни гапу калочаи зиёд бақои худро дар курсии қудрат ҳифз ва тамдид кунад. Ин номзади арзанда дар асл номзади мардум нест, балки як диктотуре аст, ки ҳукм ва риёсаташро болои мардум ҷорӣ кардааст ва баргузории як чунин интихобот, танҳо машруият бахшидан ба интихоботи ғайримардумӣ аст. Аз ин ҷост, ки ин “ояндаи дурахшон” вақте омаду овоз дод ҷуръат накард, ки пеши хабарнигорон ояд. Аз он тарсид, ки боз мабодо ягон журналист савол надиҳад, ки шумо бар асоси кадом меъёр ва кадом қонуне ин бор ҳам президент мешавед? Ё метарсид, ки аз ҳодисаҳои Белорусу Қирғизистон мепурсанд. Ё метарсид, ки мепурсанд, то охири ин ҳафт сол меравед ва ё дар нимароҳ курсиро барои писаратон холӣ мекунед? Ё метарсид, ки мабодо аз ояндаи Озодаи Раҳмони духтараш суол мекунанд, ки ин бор ҳам мудири Дастгоҳи иҷроия боқӣ мемонад? Ба ҳар навъе, ки ҳаст таги доманаш тар аст ва тақаллуби интихоботиаш ҳам дуздии таги саргини хар аст.

Барои ҳамин ин бор ҷараёни интихоботро зарра ба зарра, ҷузъ ба ҷуз барномарезӣ карда қадаме аз чаҳорчӯби он берун набаромаданд. Ин усули давлатҳои диктотурӣ аст, ки ҳар қадар ба тӯл ҳокимият мекунанд, ҳамони андоза худро дар фосила бо мардум нигоҳ медоранд, чун хуб медонанд, ки ҳаққи мардумро хӯрда истодаанд. Аз инҷо буд, ки эфири ягонаи телевизионӣ ташкил доданд, дар ҳоле, ки шабакаҳои телевизионӣ ҳамагӣ таҳти контроли шадидашон аст.  Бо итминони комил метавон гуфт, ки 24 соати вақту эфири рӯзи интихобот дар “фабрикаи ҷавоб” ва Дастгоҳи иҷроияи Президент барномарезӣ шудааст.

Райдиҳии Қоҳир Расулзода нишон дода мешавад, хабарнигор шарҳ медиҳад, ки сарвазир ба “ояндаи дурахшон” овоз дод ва ё Раиси Маҷлиси Намояндагон меояду овоз медиҳад, хабарнигор ва ё ровии телевизион боз аз “номзади арзанда” гап мезанад. Аҷиб нест магар? Охир,шумо аз куҷо медонед, ки ба “ояндаи дурахшон” овоз дод? Дар баргаи рай касе бо номи “ояндаи дурахшон” нест. Пас “ояндаи дурахшон” кист? Маълум аст, ки шумо Раҳмонро таблиғ доред. Вале чаро таблиғу рекломи “скритый”-пӯшида,дуздвор? Зоҳиран қонунро муроот карда истодаед. Аммо дар асл ҳадафи дигар доред. ”Мимо”-и қонун гапро бурда ба АСЛ ва АСОС-и тақаллубу фиреб часпонидед,қонунро “объезд” кардед. Ин магар як дурӯғ, як фиреби умумимиллӣ нест?

Журналистҳо рафтанд ба қитъаи интихоботие, ки Раҳмон раъй дод, ба он хотир, ки бо ӯ саволу ҷавоб кунанд. Вале дар ҳамин рӯз ҳам аз сӯҳбат фирор кард. Мутмаинан, аз саволҳое, ки намунаашонро дар фавқ овардем метарсид. Чунки “ба даст меғалтид” ва дасташ рӯ мешуд. Фиреби умумимиллӣ бармало мегардид.

Чуноне, ҳатто як вакили Думаи давлатии Русия, ки нозири байналмилаии ин интихобот аст, бо вуҷуди ин ҳама сохтакориҳову пинҳонсозиҳо бо ишораҳое ҷолиб, “ночнушка”-таҳпӯши дар бадани ин маъракаи зебу зиннатбахшидаро кашиду ошкор кард ва гуфт, ”ёде аз интихоботҳои шӯравӣ медиҳад”. Ҳамин як ҷумла моҳияти сенария ва барномаҳо ва гузоришҳои эфири мутамаркизро бармало кард. Чаро чунин гуфт? Чунки интихоботро бо қарсу рақсу чакану тавлак  оғоз карданд, чунки дид, ҳатто 20% ҳам ширкат накардааст. Агар ин сенария ва сохтакорӣ набуд, чи буд, ки занҳои бадахшӣ барои интихоботи номзади арзанда ва ояндаи дурахшон дар ҳавлии қитъаи интихоботӣ “дискотека” барпо карда маъракаро “идона” ва “тӯй” ташкил медиҳанд.

Инҷо интихобот аст ё тӯй? Агар тӯй аст, чи тӯйе? Тӯйи хатна ва ё арӯсӣ? Пас, шаҳ кисту арӯс кӣ? Тӯй, ки дар Душанбе мегузарад, арӯсӣ ва ё хатна дар пойтахт аст базму ҷашни он дар Роштқалъаву Кӯшониён чаро? Дар ҳоле, ки интихобот як сабқат, як мубориза, майдони набарду майдони қувваозмоӣ аст. Интихобот кашокашу ринг, интихобот сангари осуда ҷабҳаи осоишта аст, вале дар воқеъ ҷанг аст, ҷанги бидуни силоҳ, ҷанги ақидаву идеяву андешаву нақшаву барнома аст. Фалсафа ва моҳияти интихобот аст, ки тарафҳо, шахсиятҳо гурӯҳҳо созмону аҳзоб худро аз ҳар лиҳоз барои он омода мекунанд.

Аз тарафи дигар чи тӯйе, чи иде? Як литр рӯғани рустанӣ аз 16 сомонӣ боло шуд, як дона тухм 1 сомониву 20 дирам, як халтаи орд боз 260 сомонӣ шуд. Муаллиме, ки ҳоло категорияи олӣ дорад 1100-100 доллар маош мегирад. Аз кадом тӯй ва аз кадом маъракаи идона ва аз кадом “ояндаи дурахшон” мешавад болиду рақсид? Вақте як адад шиму костюми “номзади арзанда” ба чил ҳазор доллар дӯхта мешавад, ки дуто аз он бо бюҷети солонаи Ванҷу Дарвоз мусовӣ аст, ба кадом барномаи саноатикунонӣ мешавад овоз дод? Ҳол киро фиреб медиҳед? Ин “номзади арзанда”, ки бо аъзои оила ва авлоду маҳаллааш мамлакатро идора, балки балъида истодааст, “ояндаи дурахшон” мешавад? Гумонатон ин аст ки ба ин ҳама сохтакориҳо, қаллобиҳо ва фиребу найрангҳо мардум бовар мекунад?

Хабаргузориҳо навиштанд, Алексей Чепа, муовини раиси Кумитаи умури байнулмилалии Думаи Давлатии Русия, ки ба намояндагӣ аз гурӯҳи нозирони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) мегӯяд, фазои интихоботии Тоҷикистон ба дараҷае идона аст, ки айёми неки замони Шӯравиро дар хотираҳои зинда мекунад.

“Мо дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон будем. Ҷавонон мерақсиданду месуруданд. Ба онҳое, ки бори аввал ба раъйдиҳӣ омаданд, туҳфаҳо доданд. Ин саҳна маро ба ёди замони Шӯравӣ бурд, вақте ҳама кору ҳама чиз дуруст ба роҳ монда шуда буд”, – гуфт Алексей Чепа.

Ҳамаи он чаҳор номзади ҷайбӣ баъди ахзи рай дар марокизи райгирӣ бо хабарнигорон сӯҳбат карда аз шаффофу демократӣ баргузор шудани интихобот гуфтанд. Чи қадар шаффофу демократӣ гузаштани интихоботро бо як назар ҳамин нозири байналмилалии “эсенгешник” хулоса кард, вале гап инҷост, ки агар ин интихобот мазҳака, масхара ва як фиреби бузурги миллӣ ва тамоми нукоти он аз қабл барномарезишуда набуд, аслан ва абадан ин “рақибон”-и интихоботии “ояндаи дурахшон” ҳарфе берун аз даҳон намекарданд. Вале онҳо, ки “себ”-ро хӯрда буданд, мебоист “ғоз”-шро пас медоданд. Барои саҳнасозону барномарезони ин маърака феълан ҳамин “баҳо”-и онҳо муҳим аст. Аммо ҳамоно дар гӯшҳо ин ҳарфҳои батакрори хабарнигорони “тренировка” шуда садо медиҳад:

“Ба хотири “ояндаи дурахшон”-и Тоҷикистони азиз овози худамро ба “номзади арзанда” додам. (мусоҳиб). Шумо низ ҳамвтанони азиз ба номзади арзанда овоз диҳед. (хабарнигор)”.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Ҳокимияти кишвар худашон Кониститутсия ва қонунро риоя намекунанд

0

Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, ки он рӯз наздик аст, ки қонун ба сӯйи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон бо туп парронад. Ӯ сиёсати кишварро зери интиқод бурда мегӯяд:

“мо шоҳиди сиёсати шарқӣ не, балки феодализми ваҳшиёна ҳастем, на сиёсати шарқӣ”.

Ба назари Зойиров бо ин интихобот на ин ки тақдири Тоҷикистон ҳал шудааст, балки тақдири ҳокимияти давлатӣ ҳал шудааст.

ИМРӮЗ РӮЗИ ОХИРИН АСТ, КИ "ҶОНИБДОРӢ" ВА "ЗИДДИ" ОН ГУФТАН ИМКОН АСТ !!!Имрӯз рӯзи охирине аст, ки шумо метавонед…

Gepostet von Рахматилло Зойиров am Freitag, 9. Oktober 2020

ИМРӮЗ РӮЗИ ОХИРИН АСТ, КИ “ҶОНИБДОРӢ” ВА “ЗИДДИ” ОН ГУФТАН ИМКОН АСТ !!!
Имрӯз рӯзи охирине аст, ки шумо метавонед маҳз дар маъракаи интихоботӣ “ҷонибдорӣ” ва “зидди” ҳарф занед! Ва ман ба шумо махсус мегӯям.
Тандурустии ман хуб нест, wi-fi як рӯз набуд, чор соати охир чароғ набуд!
Аммо ман комилан ором ҳастам, зеро ман ҳамеша Конститутсия ва қонунҳоро риоя мекунам ва иҷро мекунам!
Аммо ҳокимияти давлатии кишвар на Конститутсия ва на қонунҳоеро риоя намекунад ва иҷро намекунад, ки худашон ташаббус ва қабул кардаанд, яъне, ба қонунҳое худ тирпаррони мекунанд!
Аммо маълум аст, ки касе қонунҳоро бо таппонча парронад, ба сӯи ӯ қонун аз тӯп ме парронад, он ҳам барои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст !!!
Ва ин махсусан ба масъалаи интихобот таъсир мерасонад !!!
Як қатор дӯстон менависанд: Шарқ як масъалаи нозук аст! Аммо, Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон яке аз инҳо нест. Мо шоҳидони сиёсати шарқӣ не, балки феодализми ваҳшиёна ҳастем, на сиёсати шарқӣ!
На тақдири Тоҷикистон, балки тақдири ҳокимияти давлатӣ ҳал шудааст.
Ва ӯ ғамгин аст!
Агар имрӯз набошад, пас фардо!
Фардо не, пас пас аз фардо!
Аммо вай ғамгин аст!

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Пешвозгириҳои дабдабанок тақлид ё фармон?

0
Сурат: Фейсбук

Рӯзи 8 октябр як узви гурӯҳи “Авангард”, ки гуфта мешавад тобеи ВКДТ аст, бо номи Муборакшоҳ Камолзода дар саҳифаи фейсбукаш аз пешвозгирии бо тантана аз ҷониби масъулони ноҳияи Зафаробод хабар додааст.

Номбурда зимни нашри ин хабар чанд аксеро низ гузоштааст, ки дида мешавад, ҷавондухтарон дар даст нон ва идда ҳам дастҳо пеши бар ва бо мусиқию ташрифоти расмӣ, айнан бо шеваи пешвозгирии раисҷумҳур аз ин ҳайати ин гурӯҳ пешвоз мегиранд.

Интишори ин хабар вокунишҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Аксари корбарон аз ин шеваи пешвозгирии гурӯҳи “Авангард” ба шиддат интиқод намуда, онро худнамоӣ ва тақлиди беасос ном бурдаанд. Бархе гуфтаанд, ки духтарони мардумро барои пешвози раисҷумҳур бо либосҳои атлас дар ҳавои сард маҷбурӣ мебароварданд кам набуд, ки боз ин мардум духтаронашонро барои пешвози ин гурӯҳ фиристанд.

Корбарон кори масъулони ноҳия ва ВКД-ро ба интиқод намуда, пурсидаанд, ки ин гурӯҳ чӣ вазифаро иҷро мекунад ва чӣ қаҳрамоние кардаанд, ки бо ин шакл дабдабанок пешвоз гирифта мешаванд? То ҳол дар баробари вокуниши мардум мақомоти кишвар расман чизе нагуфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки борҳо аз шакли пешвозгирии дабдабаноки раисҷумҳур шикоятҳо нашр мешуд ва худи Эмомалӣ Раҳмон боре ба пешвозгириҳо ишора карда гуфта буд, ки бояд пешвозгириҳояш одӣ ва бе сарфу харҷи зиёдатӣ бошанд, аммо дар ин чанд ҳафтаи ахир, ки Раҳмон ба минтақаҳои кишвар сафарҳо дошт, дида мешуд, ки пешвозгириҳо ранги тоза гирифта дабдабаноктар шудаанд.

Коршиносон мегӯянд ин гуна пешвозгириҳои пурмасраф барои раисҷумҳур танҳо дар кишварҳои диктотурӣ анҷом мешавад, ба мисли Тоҷикистону Туркманистон, аммо дар кишварҳои дигари дунё ҳангоми сафарҳои раисҷумҳурон чунин чизе дида намешавад.

Байни Русияву Тоҷикистон парвозҳои мустақим барқарор нашуд

0

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои баргардонидани шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия 107 парвози четерии иловагӣ то 31-уми октябри соли ҷорӣ ташкил карда шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 9-уми октябр гуфт, парвозҳо аз Маскаву Санкт-Петербург, Краснодар, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Уфаву Сургут ба Душанбе ба нақша гирифта шудаанд.

Ин дар ҳолест ки қаблан Русия бо 24 кишварҳои ҷаҳон, ба хусус бо кишварҳои Осиё Марказӣ парвозҳои доимиро барқарор карда буд. То ба имрӯз маълум нест, ки сабабу омилҳои барқарор нагардидани парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Русия дар чӣ аст.

Парвозҳои чартерӣ аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои ширкати ғайри давлатии “Сомон Эйр”, ки ба Ҳасан Асадуллозода додарарусӣ Эмомалӣ Раҳмон таалуқ дорад, сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” баъд аз баста гардидани марзҳо ҳеч парвозе анҷом надодааст.

Баъд аз хуруҷи пандемияи COVID-19 ва қатъ гардидани парвозҳои доимӣ байни Русия ва Тоҷикистон мушкилоти муҳоҷирон бештар шуд. Бо вуҷуди ташкил шудани парвозҳои чартерӣ аз ҷониби Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандонаш, ки аксараш муҳҷирони кориянду мехостанд ба Ватан баргарданд, бо сабаби гарон будани билетҳо ва ҷой доштани фиребу тақаллубкориҳо дар фурӯши билету танзими овардани муҳоҷирон, наметавонанд баргарданд.

Баъзе муҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят аз он карданд, ки билет хариданд вақти муайянгардида ба фурудгоҳ рафтанд, аммо ҳаваопаймо кайҳо парвоз кардаасту онҳо фиреб хӯрдаанд. Дигарон мегуфтанд, ки аз сабабе, ки белит хариданду ба Тоҷикистон рафта натавонистанд, қарздор шудаанд ва ҳатто маблағе барои зиндагӣ кардан надоранд.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби боло будани нархи билетҳоро ба он вобаста медонанд, ки ҳавопаймо аз Тоҷикистон холӣ рафта муҳоҷиронро меорад. Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия аз нимаи моҳи марти имсол барои пешгирӣ аз густариши коронавирус қатъ шудааст. Тоҷикистонто ба имрӯз бо Дубай Туркия ва Чин парвозҳои доимияшро ба роҳ мондааст.