Хона блог саҳифа 635

Як зодаи Точикистон дар Маскав ба 13,6 сол равонаи зиндон шуд

0

Шаҳрванди Тоҷикистон барои ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ба 13 солу 6 моҳи зиндон маҳкум гардид.

Хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба Хадамоти матбуотии прокуратураи пойтахти Русия иттилоъ дод, ки додгоҳи Маскав нисбати як шаҳрванди Тоҷикистон айбнома содир намуд.

Абдурасул Маматхонови 27 сола барои ташкили гурӯҳи ҷиноӣ 13,6 сол зиндонӣ шуд. Тавре, ки дар ҷараёни бозҷӯйи маълум гардид ин гурӯҳ, ки таҳти роҳбарии як зодаи Тоҷикистон амал мекард, ба интиқолдиҳандагони пул дар Маскав ҳамла карда ғоратгарӣ ва гардиши ғайриқонунии силоҳро анҷом дода аст.

Додгоҳ ӯро ба адои ҷазо дар калонияи ислоҳи бо режими шадид ба 13 солу 6 моҳ зиндон маҳкум намуд, – омадааст дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ҳамчунон, ки дар маводи тафтишотӣ ишора шудааст банда аз моҳи сентябри соли 2018 амал мекунад.

Шарикон силоҳи оташфишон ва силоҳи ҳастаӣ доштанд, ки бо ёрии онҳо ҳадди ақал ду маротиба ба интиқолдиҳандагони пул дар минтақаи маҷмааи ярмаркаи Маскав ҳамла карда ва пас аз содир намудани ин ғоратгарӣ роҳзанон 59 ҳазор доллар ва 13 миллион рублро рабудаанд.

Қаблан як узви дигари гурӯҳ Воҳид Субҳонқулов ба 11 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Қирғизистон аз нохуб шудани вазъ дар марз хабар дод, Тоҷикистон онро беасос хонд

0

Субҳи имрӯз, 4 июн Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки ҷониби Тоҷикистон дар минтақаи марзии то ҳол муайяннашудаи Унҷу-Булаки минтақаи Чон-Олой контейнерҳои посбонӣ насб кардааст.

Ба иддаои Қирғизистон ҷониби Тоҷикистон то 1000 метр вориди қаламрави Қирғизистон шудааст.

Дар ҳамин ҳол имрӯз 4 июн дар шарҳи қазияи мазкур Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ гуфт, ки изҳороти ҷониби Қирғизистон дар мавриди гузошта шудани нуқтаи марзбонӣ дар марзи ноҳияи Лахш бо Қирғизистон дар “Ағбаи Шатти”, ки гӯё марзбонони тоҷик 1000 метр ба қаламрави Қирғизистон дарун рафтаанд, дуруст нест ва он минтақае, ки контейнер гузошта шудааст, сарҳади Тоҷикистон аст.

“Мутобиқи мувофиқаи протоколӣ дастаи сарҳадӣ дар ҳудуди мувофиқашуда гузошта шудааст.”, – омадасст дар хабари КДАМ Тоҷикистон.

Дар идома зикр гардида, ки “бо ҳамин сабаб, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба итмом расонидани раванди делимитатсия дар ин мавзеъ, пешниҳод карда шуд, ки ба гурӯҳҳои кории топографии тарафҳо супориш дода шавад, ки корҳои вобаста ба ташреҳи хатти убури сарҳади давлатиро дар ин мавзеъ идома диҳанд”.

Муҳоҷирон метавонанд ба Русия ба воситаи қатора биёянд

0

Барои муҳоҷирони меҳнатӣ роҳи нав ба сӯи Русия боз мешавад. Муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин изҳор дошт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд на танҳо тавассути ҳавопаймо, балки ба воситаи роҳи оҳан ба Русия биёянд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник” Марат Хуснуллин, ки дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (СПИФ) сухан мегуфт, баён дошт, ки “Мо кушиш мекунем, ки тавозуни манфиатҳоро пайдо кунем ва ба тавофуқ расидем, ки механизми ҳамоҳангсозӣ ва ворид кардани нерӯи кориро аз ҷониби ширкатҳои калон содда кунем. Ба низомнома тағйирот ворид карда шуд.”

Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Русия. Сурат:vesti.ru

Ҳамзамон вай афзуд, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатман барои мавҷудияти COVID-19 озмоиш хоҳанд шуд. Ҳоло онҳо метавонанд бо ҳавопаймо биёянд, мо имкони омаданро тавассути роҳи оҳан баррасӣ кардем, яъне ин илова хоҳад шуд”, – шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Русия норасоии нерӯи корӣ дар сохтмонҳо тақрибан миллион нафарро ташкил медиҳад ва ин вазъро фалокатбор намуд. Бар ин асос нархи захираҳои меҳнатӣ дар Русия 50-100 дарсад афзуда аст.

Дар ҳамин ҳол роҳбари Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳрҳои Маскав Кирилл Пуртов гуфт, ки тақрибан 7 ҳазор муҳоҷири корӣ бо дархости 13 ширкат ба зуди ба Маскав хоҳанд омад.

Ба гуфтаи ӯ, инҳо асосан шаҳрвандони Узбекистон мебошанд. Вай ёдовар шуд, ки Маркази муҳоҷирати Маскав чанде пеш дар Узбекистон намояндагии худро боз кард. Таъсиси намояндагӣ пеш аз ҳама ба талаботи зиёди нерӯи кори хориҷӣ вобаста буд. Пуртов дар идомаи суҳбаташ гуфт:

Сурат: mos.ru

“Ҳоло мо дархостҳо барои воридоти 6800 муҳоҷирро бо дархости 13 ширкат, ки аксарашон шаҳрвандони Узбекистон ҳастанд тасдик кардем”.

Муовини шаҳрдори Маскав оид ба сиёсати иқтисодӣ-моликият ва муносиботи заминӣ Владимир Ефимов маҳдудиятҳои мавҷуда барои вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русияро аз ҳад зиёд номид.

Фармони нави ҳукумати Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ

0

Муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин пас муваззафанд, ки қоидаҳои навро риоя намоянд. Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дар мавзӯҳои иҷтимоӣ ба забони русӣ муошират кунанд, руйдодҳои асосии таърих ва шаҳрҳои Русияро донанд ҳамчунин дар бахши ҳуқуқӣ истифода баранд.

Тибқи гузориши хабаргузории “Спутник” ҳукумати Русия талаботи ба сатҳи ҳадди ақали донишро, ки шаҳрвандони хориҷӣ бояд барои кор дар Федератсияи Русия ниёз доранд, тасдиқ кард.

Бар асоси ин талаботи нав муҳоҷирони меҳнатӣ бояд имтиҳони ягонаи давлатиро бо забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, инчунин таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия супоранд.

Тибқи қарори ҳукумати Русия барои гирифтани патент ё иҷозатномаи кор шаҳрвандони дигар кишварҳо бо забони русӣ ҳам дар мавзӯҳои иҷтимоӣ ва ҳам хонагӣ ва ҳам дар баъзе мавзӯҳои махсус муошират кунанд.

Пас муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дуруст дар бораи шуғл маълумот диҳанд, ба пулис ва клиника муроҷиат кунанд. Ғайр аз он, донистани забони русӣ бояд барои гирифтани ариза ва хуҷҷатҳои зарурӣ кофӣ бошад.

Дар қарори ҳукумати Русия омада аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ вазифадор ҳастанд, ки муҳимтарин далелҳо ва руйдодҳои таърихи Русияро донанд.   Ҳамзамон шаҳрвандони хориҷӣ бояд шаҳрҳои калонтарини кишвар ва ҳамчунин таътилоти давлатиро дақиқ номбар намоянд.

Ҳангоми омодагӣ ба имтиҳон оиди донистани қонунгузории Русия бояд диққати асосӣ ба ҳуқуқҳо, озодиҳо, ӯҳдадориҳои барои шаҳрвандони хориҷи дахлдошошта дода шавад. Фармонро сарвазири кишвари Русия Михаил Мишустин имзо кард.

Чанде пеш маълум шуд, ки муддати эътибори шаҳодатномаи донистани забони русӣ ба муҳоҷирон иваз карда шуда аст. Агар қаблан шаҳрвандони хориҷӣ ҳар панҷ сол имтиҳон месупориданд, аз ин пас ҳар се сол имтиҳон хоҳанд супорид.

Боздошти 5 шаҳрванди Тоҷикситон дар марзи Лаҳистон бо Литвонӣ

0

Бино бар гузориши “bialystok.se.pl” нерӯҳои марзбонии Лаҳистон дар гузаргоҳи марзии Августов 5 шаҳрванди Тоҷикистонро ба хотири убури ғайриқонунии марзи ин кишвар боздошт ва таҳвили нерӯҳои марзбонии Литвонӣ карданд.

Гуфта мешавад дар байни боздоштшудаҳо як падар бо 2 писари ноболиғ қарор доштааст.

Бино ба иттилои ин расона ҳодиса дар охири моҳи май рух додааст. Ба гуфтаи Катаржина Зданович, сухангӯи нерӯҳои марзбонии минтақаи Подласкаи Лаҳистон, нерӯҳои марзбонии Лаҳистон як худравро бо рақамҳои олмонӣ барои тафтиш нигаҳ доштанд. Дар натиҷаи тафтиш мушаххас шуд, ки мусофирони хориҷии ин худрав санадҳои зарурӣ барои убур ва таваққуф дар Лаҳистонро надоштаанд.

“Ду сарнишини худрав санади иқомати Олмонро доштанд ва 3 нафари дигар (як падар бо 2 фаразандаш) ҳеҷ санаде барои убури марз ҳамроҳ надоштанд”, – омадааст дар хабар.

Дар идома гуфта мешавад, ки мардони 44, 29, ва 27-сола ба гуноҳи худ эътироф карданд. Тибқи моддаи 264 бахши 2-и Кодекси ҷиноии Лаҳистон барои ин афрод то 3 соли зиндон таҳдид мекунад.

Баъд аз дидани чораҳои лозим шаҳрванди 44-солаи тоҷик ҳамроҳи фарзандони 17 ва 14-солааш ба нерӯҳои марзбонии Литвонӣ таҳвил дода шуданд.

Ронандаи 29-сола ва сарнишини дигари 27-солаи ин худрав ҳидоят шуданд то ҳарчи зудтар хоки Лаҳистонро ба мақсади ба тарафи кишваре, ки дар онҷо ҳақи иқомат доранд, тарк кунанд.

Раҳимзода дар Эрон гуфт: “Мо ба тавофуқи хубе расидем”

0

Тоҷикистон ва Эрон дар нишасти муштараки вазирони корҳои дохилии ду кишвар ба имзои санади ёддошти ҳамкорӣ даст ёфтанд. Дар ин бора хабаргузории “ИРНА” иттилоъ дод.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар рӯзи дуюми ҷаласаи муштараки вазирони корҳои дохилии Эрон ва Тоҷикистон дар мавриди ин тафоҳумнома гуфт:

“Мо дар заминаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткориҳои созмонёфта ба созишномаҳои хуб даст ёфтем.”

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои амният, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ишора намуда, афзуд, ки “байни ду кишвари ҳамсоя, дӯст ва форсизабон, яъне Эрон – Тоҷикистон равобит руш намуда ва бо санаде, ки имрӯз ба имзо расид, ҳамкории Эрон Ва Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо тақвият меёбад”.

Раҳимзода дар ин сафари худ ба Эрон аз ҷойҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, аз ҷумла оромгоҳи Саъдӣ Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Тахти Ҷамшед ва дигар маконҳо боздид кардааст.

Нома ба Президенти Узбекистон: ба таҷрубаи шармовари (маршировка) қотеъона “На!” бигӯед!

0

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук матлабе бо унвони “Номаи саргушуда ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ҷаноби Мирзиёев Шавкат Мирамонович”, давр мезанад. Матлаб аз номи Азиз Сангин, шоир ва рӯзноманигори тоҷик гуфта мешавад.

Ин рӯзноманигори тоҷик дар хитоб ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев менависад, ки ба хотири омадани Шумо дар Тоҷикистон донишҷӯён ва омӯзгорон чандест аз дарс мондаанд ва дар ҳавои гарм соатҳо барои истиқболатон тамрин мекунанд.

Ӯ аз Мирзиёев хоста, ки чуноне ки пеши роҳи ингуна чорабиниҳои дабдабаноку зарароварро дар кишвари худаш пешгирӣ кард, дар Тоҷикистон ҳам пеши роҳи ин худнамоиҳоро бигирад.

Азиз Сангин, шоир ва рӯзноманигор. Сурат: Фейсбук

Рӯзноманигор чунин навишта: “Мехоҳам таваҷҷӯҳи шахси Шуморо ба як падидаи таассуфбор ва носозгор бо ахлоқи умумибашарӣ, бо фарҳанги мардумонамон ва дину оинамон ҷалб намоям. Оё медонед, ки аз чандин рӯз ба инҷониб, зимни омодагӣ ба истиқболи Шумо дар Тоҷикистон садҳо нафар аз донишомӯзи макотиб, бахусус духтарон, зери офтоби сӯзон ва гармои 37-37 дараҷаӣ машқу тамрин дода мешаванд, то дар ҷараёни истиқболи Шумо, ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз” дастафшон ғазал хонанду покӯбон сар андозанд”. Ин амалкард, чуноне гуфта омад, на ин ки ҳеҷ рабте ба фарҳанги меҳмоннавозии мардумонамон надорад, балки хилофи шавқати инсонӣ ва ахлоқу одоби исломӣ мебошад. Бале, мардумони мо, ӯзбекону тоҷикон, меҳмонро азиз ва қадамашро муборак медонанд, вале ҳаргиз ин бешарофатиро ба худ иҷоза намедиҳанд, ки кӯдакону духтарони худро ба гуландозию рақс дар пеши меҳмон маҷбур созанд. Ба шаҳодати васоити ахбор, Шумо, ҷаноби Президент, ба ин ҳақиқат пай бурдаед ва дар кишваратон ба ҳама гуна маросимҳои инчунинӣ пурдабдабаву намоишкоронаву зиёнбор хотима бахшидаед.

Ҳоло, зимни ин сафаратон ба кишвари ман-Тоҷикистон ин шонси таърихиро доред, ки ба чунин таҷрубаи шармовар, нангин ва ба фарҳанги миллатҳои мову Шумо бегона қотеъона “На!” бигӯед ва барои раҳбарони хурду бузурги минтақа, ки ин мазҳакаро ба абзори худнамоӣ, иззатталабӣ ва бартариятҷӯиҳои туҳию беҳосил табдил додаанд, намунаи ибрат шавед. Итминон дошта бошед, ки ин кори Шумо обрӯву эътиборатонро ҳамчун як меҳмони азизу шарифу боҳайсият дар саросари Тоҷикистон, дар ҳар хонадони тоҷик ба маротиб боло хоҳад бурд ва решаҳои дӯстии холисонаву самимонаи миёни мардумонамонро боз ҳам қавитар хоҳад кард.”

Нашри ин матлаб дар ҳолест, ки Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қарор аст 10-11 июн ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Барои Истиқболи Президент дар вилояти Суғд донишҷӯён чандест дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳавои гарм тамрин мекунанд. Гуфта мешавад, ки ҳудуди 200 талабаи мактаб ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои Хуҷанд барои пешвозгирӣ ҷалб шудаанд. Хабарҳо нашр гардид, ки баъзе донишҷӯён аз гармии тоқатфарсо ва гуруснагӣ беҳуш шудаанд.

Аксҳо: your.tj

Ин пешвозгирӣ ҳамагӣ 3 дақиқа идома мекардааст. Як манбаъ аз бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба “Азия-Плюс” гуфта, ки “Дар фурудгоҳ барои қабули Президенти Ӯзбекистон танҳо як барномаи фарҳангӣ нишон медиҳем, ки ҳамагӣ 3 дақиқа давом мекунад. Барои қабул ҳама бо либосӣ миллӣ мебароянд. Донишҷӯён, мактабхонҳо ва тамоми Ансанбли касбии рақсии вилоят барои пешвоз омодагӣ дида истодаанд”.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон барои гузарондани чорабиние донишҷӯён, хусусан духтарон ва омӯзгорони донишгоҳҳои кишвар моҳҳо аз дарсу барномаҳои донишгоҳӣ монда машғули тамрини рақсу суруде мешаванд. Тақрибан ҳар сол барои Ҷашни Истиқлол ва ё рафтани Президенти Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияе донишҷӯён ба чунин корҳо ҷалб мешаванд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин кор худнамоии ҳукуматдорон буда, аз қишри донишҷӯ истифода кардан ҳам ба дарси онҳо ва ҳам ба ҳолати руҳии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Гуфта мешавад, ки барои ҷалби донишҷӯёне, ки хоҳиши иштирок кардан дар чунин маъракаҳоро надоранд, бо усули тарс додан, ки агар “маршировка” наравад аз донишгоҳо ихроҷ мешавад, истифода мешавад.

Сӯхтор дар Донишкадаи технологии Кӯлоб

0

Қисамте аз бинои Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар Кӯлоб, ки филиали Донишгоҳи технологӣ аст, дар пайи сӯхтор осеб дидааст.

Ба навиштаи сомонаи расмии ВКД-и Тоҷикистон сӯхтор Бар асари риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 3-юми июни соли 2021 соати 03:50 дақиқа ба амал омада аст.

Гуфта мешавад, оташ 200 метри мураббаъ болопӯши боми бино ва толори маҷлисгоҳро фаро гирифта аст.

Сурат: payk.tj

Айни ҳол аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар сохторҳои дахлдор таҳқиқи ҳодиса давом дошта зарар ва сабаби сухтор муайян карда мешавад.

Сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия 37 дарсад коҳиш ёфтааст

0

Ба мониторинги муштараки вазъи иқтисодӣ аз ҷониби мутахассисони “РАНХиГС” ва Институти Гайдар, пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо боиси коҳиши назарраси шумораи хориҷиён дар Федератсияи Русия гардид.

Агар дар соли 2019 дар Федератсияи Русия вобаста ба моҳ аз 9,6 миллион то 11,2 миллион хориҷиҳо буданд, пас дар соли 2020 шумораи онҳо аз дар охири моҳи январ 10,3 миллион ва дар охири соли 2020 то 7,1 миллион коҳиш ёфт.

Дар соли 2021 коҳиши шумораи хориҷиён идома ёфт – то 1 май шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар 5,66 миллион нафарро ташкил дод.

Аксарияти онҳое, ки ба Федератсияи Русия меоянд (86%) шаҳрвандони кишварҳои ИДМ мебошанд, аммо шумораи онҳо дар соли 2020 – 39% коҳиш ёфт.

Беш аз ҳама, шумораи шаҳрвандони Украина ва Молдова коҳиш ёфтааст – 53% ва 51%, шаҳрвандони Қирғизистон (18%), Арманистон (22%) ва Тоҷикистон (35%).

Дар соли 2021, дар муқоиса бо соли 2020, шумораи шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо се маротиба  коҳиш ёфтанд (226 ҳазор)  – шумораи онҳо дар Федератсияи Россия дар 10 соли охир пасттарин ба шумор мерафт.

То 1 майи соли 2021 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 2,68 миллион нафарро ташкил дод.

Дар муқоиса бо соли 2020 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ сеяк коҳиш ёфтааст (35%), аз ҳама бештар – коргарони Украина (58% камтар), Молдова (52%) ва Озарбойҷон (49%). Ҳамчунин шумораи муҳоҷирони корӣ аз Қазоқистон ва Узбекистон 42%, аз Тоҷикистон – 37% коҳиш ёфтааст.

Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Арманистон ва Қирғизистон, ки аъзои ЕАЭО мебошанд, камтар аз ҳама тағир ёфт – шумораи онҳо мутаносибан 17% ва 18% коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши РАНХиГС  ва Институти Гайдар ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатии қонунӣ дар қаламрави Русия қарордошта аз шумораи умумии онҳое, ки ба кор омадаанд, 75% -ро ташкил медиҳад.

Дар охири семоҳаи аввал муҳоҷирони меҳнатӣ барои хариди патент ба буҷаҳои минтақавӣ 8,91 миллиард рубл интиқол доданд (20% камтар аз ҳамин давраи соли 2020).

Таҳлилгарон фарзияи Чехияро дар ҳодисаи таркиш “номувофиқ” донистанд

0

Таҳлилгарон номувофиқии фарзияи мақомоти Чехияро дар бораи ҳодисаи таркиш дар соли 2014 дар анборҳои низомӣ дар деҳаи Врбетитсе, ки дар он Прага хадамоти махфии Русияро гумонбар мекунад, пайдо карданд.

Дар ин бора “Parlamentni listy” рӯзи чоршанбе бо истинод ба хабаргузории маҳаллии “EXANPRO”, гузориш дод.

Ба гуфтаи мақомоти Чех таркишҳоро Александр Петров ва Руслан Боширов анҷом додаанд, ки дар Бритониёи Кабир дар сӯиқасд ба ҷони полковники собиқ ГРУ Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия гумонбар дониста мешаванд.

Расонаҳои Чехия аксҳо ва иттилооти мақомоти тафтишотиро дар бораи он, ки ин ду нафар ба ширкати “Imex Group”, ки дар Врбетитсе амборҳоро иҷора гирифта буд, почтаи электронӣ фиристоданд то барои онҳо вуруд ба минтақаи мамнӯъ иҷоза дода шавад, нашр кард.

Дар хабар гуфта мешавад, ки худи ин почтаи электронӣ, ки дар нусхаи расмӣ яке аз далелҳои асосии айбдоркунӣ алайҳи русҳо мебошад, аз ҷониби мақомот ба ВАО пешниҳод карда нашудааст.

Ба навиштаи нашрияи “Parlamentni listy”, таҳлилгарон дар версия дар бораи иштироки Федератсияи Русия дар ҳодисаи Врбетитсе номувофиқиҳои зиёдеро пайдо карданд. Онҳо, аз ҷумла, ба хулосае омаданд, ки дар ин парванда “шарики хориҷии” контрразведкаи Чехия даст дорад, ки ба он дар сохтани он кӯмак кардааст.

Рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ, Чехия 18 корманди сафорати Русияро афсарони хадамоти махсуси Русия номид ва қарори ихроҷи онҳоро содир кард. Русия низ ба ин амал вокуниш нишон дода, бо қароре 20 корманди сафорати Чехия дар Маскавро персона нон грата эълон кард.