Хона блог саҳифа 634

Ҷаримаи калон ё то 5 сол ҳукми зиндон барои ҷияни ҳамсари раисҷумҳур

0

Вазорати умури дохила дар ноҳияи Данғара Амриддин Нахшовро ба авбошӣ муттаҳам карда аст.

Хабаргузории “Азия-Плюс” ба нақл аз манбааш дар Вазорати умури дохила иттилоъ дод, ки Амриддин Нахшов бародарзодаи ҳамсари Раисҷумҳури Тоҷикистонро бар асоси модаи авбошии Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 60  то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Нахшов Амриддин Файзиддинович 36 сол дорад зода ва сокини ноҳияи Данғара аст, ки барои содир кардани ҷиноят мутобиқи модаи 237 (авбошӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешуд ва таҳти пайгард қарор дошт. Рӯзи 27 май ба ВКД-и ноҳияи Данғара ҳозир ва худро таслим кард.

Бар асоси иттилои маркази матбуоти Вазорати умури дохила, Нахшов А.Ф. дар доираи парвандаи ҷиноии оғозшуда ӯ ба ҳабс гирифта шуд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Тибқи гузориши ВКД, рӯзи 16 май Нахшов бо ҳамроҳонаш дар яке аз тарабхонаҳо дар Данғара занозании омавӣ анҷом дод.

Пештар 7 тан аз ҳамроҳонаш боздошт шуда буданд ва худи Нахшов пинҳон мешуд, сипас онҳо бо кормандони ширкати “Mину Фарм”, ки катронҳои ферула ҷамъоварӣ мекунанд, бо силоҳи сард ҳамлавар шуданд.

Иллати задухӯрд мушаххас нест, пас аз ин ҳодиса чанд нафар бо ҷароҳатҳои гуногун, аз ҷумла захми корд дар бемористон бистарӣ шуданд.

“Азия-Плюс” бо такя ба манбааш навишта, ки Амриддин Нахшов писари хоҳари Раисҷумҳури Тоҷикистон Азизамоҳ Асадуллоева мебошад.

Амриддин то боздошт шуданаш корхонаи истихроҷи тиллои Нахшро дар ноҳияи Ховалинг идора мекард.

Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки роийгони ҳарбӣ мекунад

0

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Қазоқистон дар бораи расонидани кумаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ ба Тоҷикистон таҳия мешавад.

Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Қазоқистон дар сомонаи расмияш хабар дод, ки Ҳукумати ин кишвар лоиҳаи қарори Ҳукумат “Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Қазоқистон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи расонидани кумаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ омода кардааст”.

Гуфта мешавад, ки Созишнома дар бораи расонидани кӯмаки ройгони ҳарбӣ-техникии Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 апрели соли ҷорӣ ба имзо расидааст.

Ҳадафи созишномаи мазкур фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои интиқоли яквақтаи моликияти ҳарбӣ аз ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон мебошад, – омадааст дар хабар.

Рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон аз ин пас осонтар мешавад

0

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумхури Тоҷикистон ислоҳияи лоиҳаи осонсозии рафтуомад бо Узбекистонро ба имзо расонид.

Бар асоси навиштаи “Спутник” тибқи ин ислоҳия шаҳрвандони Узбекистон метавонанд то 10 рӯз бидуни дарҷи муҳри вуруд ва сабт дар раводид дар Тоҷикистон ҳузур дошта бошанд.

Дар қонуни қаблӣ рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон ба кишварҳои ҳамдигар, ки дар соли 2018 имзо шуда буд, ин муддат 3 рӯз дар назар гирифта шуда буд.

Ин ислоҳияро то ҳанӯз раисҷумҳури Узбекистон имзо накарда аст, аммо интизор меравад, ки Шавкат Мирзиёев ҳам дар сафари 10 июни худ ба Тоҷикистон онро имзо кунад.

Ҳамчунин мақомоти ду кишвар дар бораи аз саргирии ҳаракати автобусҳои мусофирбари миёни шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, ва Панҷакент бо Тошканд, Самарқанд, ва Термиз низ тавофуқ карданд.

Истирдоди 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия, ки дар чанд ҷиноят муттаҳам мешаванд

0

Прокуратураи генералии Федератсияи Русия бо дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарори истирдоди 4 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар содир намудани ҷиноятҳои зидди амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин нисбат ба шахсони алоҳида ва амвол айбдор мешаванд, қабул кард.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Додситонии кулли Федератсияи Русия, яке аз айбдоршавандаҳо Анушервон Аҳмадалиев ба он айбдор мешавад, ки моҳи августи соли 2016 шаҳрвандони Тоҷикистонро барои иштирок дар амалиётҳои ҳарбӣ ва мусаллаҳ, дар ҳайати як созмони террористӣ-экстремистӣ дар қаламрави давлати хориҷӣ водор месохтааст.

Айбдоршавандаи дигар Зиёратшо Хушвахтов ба он айбдор мешавад, ки бо маслиҳати пешакӣ моҳи октябри соли 1997 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти дигар ба ҳавлии хонае даромада, дар он ҷо мард ва ду фарзандашро бо силоҳи оташфишон куштааст. Пас аз як ҳафтаи ин ҳодиса, ӯ ҳамроҳи шариконаш куштори барқасдонаи марди дигар ва ҳамсари ӯро содир кардаанд.

Беҳрӯз Исроилов, ки ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буд, бо мақсади саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ, маҳалли ҷойгиршавии комиссариати ҳарбиро тарк намуда, фирор намудааст.

Қарорҳои Додситонии кулли Федератсияи Русия дар бораи истирдоди ин ашхос эътибори қонунӣ пайдо намуда, ба Хадамоти Федералии ҷазо супориш дода шудааст, ки айбдоршавандаҳоро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Айбдоршавандаҳо Анӯшервон Аҳмадалиев, Зиёратшо Хушвахтов, Шӯҳрат Ашӯров ва Беҳрӯз Исроиловро ҳамроҳии як дастаи махуси посбонон ба Тоҷикистон мебаранд, хабар медиҳад Додситонии кулли Федератсияи Русия.

Чаҳор варзишгари тоҷик қаҳрамони Осиё шуданд

0

Чемпионати Осиё оид ба самбои варзишӣ ва мусобиқаи байни мардон ва занон дар соли 2021 рӯзи 6 июн дар Тошканд пойтахти Узбекистон ба поён расид. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар ин чемпионати Осиё 22 медал ба даст овард.

Тибқи одат, намояндагони дастаҳои мунтахаби ҷавонон ва наврасони қитъа дар баробари варзишгарони калонсол рақобат карданд. Ҳамаи дастаҳои миллӣ-самбои ҷавонон, наврасон, калонсолон ва муҳориба 22 медал ба даст оварданд, ки 4- тои онҳо тилло мебошад.

Аз ҳисоби медалҳои бадаст оварда дар чемпионати ҷавонон, мунтахаби Тоҷикистон пас аз Узбекистон ва Қазоқистон ҷои саввумро соҳиб шуд.

Намояндагони ҳафт кишвар ғолиби чемпионати ҷории Осиё шуданд, ки ин нисбат ба мусобиқаи шабеҳи континенталӣ дар Ҳиндустон дар соли 2019 (18) ба таври назаррас камтар аст. Иллати ин коҳишро ташкилкунандагони мусобиқа ба вазъи душвори эпидемиологии минтақа муртабит донистанд.

Натоиҷи тими мунтахаби Тоҷикистон:

Навҷавонон 7 медал

Тилло:

1.Сайфиддин Сайфиддинов дар вазни -71 кг.

2. Меҳровар Чакалов -64 кг.

Медали нуқра:

1. Суннатулло Лоиқов -79 кг.

2. Муҳаммадҷон Абдуҷалилов-88 кг.

3. Чаҳонгир Ҳайдарзода-98 кг.

Медали биринҷӣ:

1.Анушер Гулов-58 кг.

2.Иброҳимчон Элмуродов-98 кг.

Ҷавонон 6 медал.

Нуқра:

1.Субҳиддин Халилзода-71 кг.

2.Туйчибек Шарифов -79 кг.

3.Озодбек Назрибекзода-88 кг.

4.Бахтовар Бобохонов-98 кг.

Биринҷӣ:

1.Ҷахонгир Камолов -64 кг

2.Давлатҷон Назриев -98 кг.

Мардон 6-медал

Тилло:

1.Ҳамроз Раҷабов-79 кг.

Нуқра:

1.Фирдавс Насимов-98 кг.

Биринҷӣ:

1.Масъуд Куканишоев- 58кг.

2. Муҳаммадӣ Раҷабов -71 кг.

3.Убайд Деваштич -79 кг.

4.Хуршед Маҷидов -98 кг.

Мубориза дар навъи Самбо 3 медал.

Тилло:

1.Бобоҷон Мирзозода-58 кг.

Бобохон Мирзозода дар ҳамаи муборизаҳои чемпионати Осиё оид ба самбо муҳориба дар вазни 58 кг. ғолиб омад ва қаҳрамони қитъа шуд.

Нуқра:

1.Тавризшо Парпишоев-79 кг.

Биринҷӣ:

1.Сорбон Латифов -64 кг.

Раҳмон дар сафараш ба водии Рашт гуфт, “соли сахте” дар пеш аст

0

Имрӯз 7 июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт сафари корӣ анҷом дод. Ӯ дар ин сафар аз ноҳияи Нуро бод, Роғун ва Рашт дидан намуда, бо сокинону фаъолон дидор намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Раҳмон дар сафараш дар ноҳияи Нуробод нахуст бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод шинос шудааст.

Ин лоиҳа бо 110 млн доллар сармоягузории Бонки осиёгии рушд, 40 миллион қарзи фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва 28,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон бунёд мегардад.

Гуфта мешавад, ки лоиҳа ба 3 марҳила ҷудо карда шуда, марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм-Тагикамар масофаи 30,2 километрро дар бар мегирад.

Президент дар мулоқот бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Нуробод гуфт, ки “соли сахте” дар пеш аст ва бояд мардуми водии Рашт аз заминҳои наздиҳавлаигӣ ва президентӣ хуб истифода баранд.

Раҳмон афзуд, ки дар шароити феълӣ “ҳар як оила бояд дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ барои тирамоҳу зимистон бошад.”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар сафарҳояш ба навоҳии кишвар таъкид мекунад, ки ҳар оила бояд барои ду сол маводи ғизоӣ захира дошта бошад, аммо сокинон ва коршиносон бар ин назаранд, ки аввалан захираи дусолаи ғизо имкон надорад ва дигар ин ки аксари аҳолии кишвар дар ҳолати фақр зиндагӣ дорад, хӯрокаи як моҳаашро зихира карда наметавонад, пас аз куҷо ва бо кадом маблағ барои ду сол маводи хӯрока захира кунад?!

Толибон аз Тоҷикистону Қирғизистон хост мушкилоташонро аз роҳи тафоҳум ҳал кунанд

0

Гурӯҳи Толибон бо нашри эъломияе аз мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон хост, ки дар масъалаи мушкилоти марзӣ талош кунанд нофаҳмиҳоро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоянд. Дар ин бора эъломияи Толибон рӯзи 5 июн дар саҳифаи

Твиттер

Ин гурӯҳ, ки солҳост дар Афғонистон бо ҳукуматдорон ҷанги мусаллаҳона дорад, мегӯяд, барои ҳифзи манофеъ ва оромишу суботи ду кишвари ҳамсоя аз роҳи тафоҳум ва гуфтугӯ ҳал намудани мушкилот мантиқитар аст.

Дар Тоҷикистон насби ҳисобкунанкҳои барқии нав оғоз шуд

0

Амалисозии лоиҳаи озмоишии насби ҳисобкунакҳои барқии бо усули биллинг коркунанда оғоз шуд. Дар ин бора “Asia-Plus” хабар дод.

Ин барнома дар доираи Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ “Авеста Групп”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ҶДММ “Душанбе Сити”, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 ба имзо расида буд, амалӣ мешавад.

Гуфта мешавад аввалан озмоиш дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

ҶДММ “Авеста Групп”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ҶДММ “Душанбе Сити” дар муддати панҷ сол лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро дар қаламрави шаҳри Душанбе татбиқ мекунанд.

Бино ба иттилои “Asia-Plus”, лоиҳа дар умум 88 млн доллар арзиш дошта, дар доираи он зиёда аз 250 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқӣ харида ва насб мешаванд.

“Низоми биллингӣ – низоми автоматишудаи баҳисобгирии хизматрасонӣ, тарофабандии он ва пешниҳоди ҳисоб барои пардохт аст. Ҳисобкунакҳои барқии бо усусли билнг коркунанда ҳамаи маълумоти марбут ба интиқол ва тақсимоти барқро ҷамъоварӣ ва ба ширкати таҳвилгар пешниҳод мекунанд.”

Амалисозии лоиҳа соли ҷорӣ дар ноҳияи Синои пойтахт оғоз шуда, 95 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқ насб хоҳанд шуд.

Ҳисобкунакҳои нави барқ дар манзилҳои сокинони Душанбе бепул насб карда мешавад!

Ба гуфтаи кормандони соҳаи барқ пас аз амалисозии лоиҳа талафоти техникии нерӯи барқ дар шабакаҳои шаҳр аз 19%-и ҳозира то ба 12% поин меравад.

Ҳамзамон ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ аз 81%-и ҳозира то ба сатҳи 99% боло меравад.

Барои татбиқи ин лоиҳа, ҳукумати Тоҷикистон сармоягузоронро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва фоида, инчунин боҷҳои гумрукӣ дар давраи амалисозии лоиҳа озод мекунад.

Зане бо иттиҳоми қаллобӣ ва фиреби муҳоҷирон боздошт шуд

0

Агентии мубориза бо коррупсия аз боздошти зане бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод. Бино бар иттилои Агентӣ Минбоева Саодат Иззатовна, ки ба фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо машғул будааст ба боварии чанд шаҳрванди Тоҷикистон даромада, даст ба қаллобӣ задааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Минбоева шаҳрвандонро бовар мекунонад, ки бо дастрас намудани даъватнома барои табобат ворид шудани онҳоро ба ҳудуди Федератсияи Россия таъмин менамояд ва бар ивази ҳар як даъватнома маблағи 4000 сомонӣ муайян намуд.

Дар умум ӯ аз шаҳрвандон 16000 сомониро гирифта, даъватномаҳоро низ ба онҳо додааст. Вақте шаҳрвандони Тоҷикистон вориди фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Красноярски Федератсияи Русия мешаванд, ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо муайян мегардад, ки даъватномаҳо барои табобат қалбакӣ будаанд. Онҳоро ба Русия роҳ надода ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас мегардонанд.

Дар натиҷа Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати Минбоева С.И. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “б,в” ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли гузашта парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус маҳдуд шуда буд. Бо гузашти беш аз як сол пас аз 1-уми апрел дубора иҷозаи парвоз ба Русия дода шуд.

Баъд аз кушода шудани марзҳо ва иҷозаи  парвозҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон аз бонкҳо қарз намуда, барои муҳоҷирати корӣ рафтан ба Русия чипта хариданд. Ҳамчунин сокинон аз нархи гарони чиптаҳо шикоят карда буданд.

Дар натиҷа Агентии авиатсияи гражданӣ парвози чанд ширкати русиро барои гуарон будани нархи чиптаҳо манъ карда буд ва аз сокинон хоста буд ба фиреби қаллобон наафтанд. Аммо дида мешавад, ки баъзе нафароне ҳастанд аз ин ҳолат истифода бурда, даст ба қаллобӣ мезананд.

Ҳушдори КҲФ аз 45 дараҷа гарм шудани ҳаво дар кишвар

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро аз гарму хушк шудани ҳаво ҳушдор додааст.

Бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон дамои ҳаво дар пойтахт 37 + 42 ва дар водиҳо ба 42+45 дараҷа мерасад. Ҳавои ноҳияҳои кӯҳӣ то ба 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Гуфта мешавад 5-7 – уми июн дар баъзе ноҳияҳо шиддати бод ба 15-20 метр дар як сония мерасад ва хокбориш дар назар дошта шудааст.

Кумита мегӯяд, ки аз сабаби гармии ҳаво интизор меравад барфҳо дар кӯҳҳо об шаванд ва ин  метавонад сабабгори болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо гардад ва боиси омадани сел низ дар маҳалҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ва наздикӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии ғарбии ВМБК шавад.

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фақуллода аз сокинон барои пешгирӣ аз сел хоҳиш кардааст, ки пайваста селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳои назди манзили истиқоматии худро аз ҳар гуна партову хасрӯбаҳо тоза кунанд.

Дар охири хабар аз сокинон даъват карда шудааст, ки ҳамеша ба хабарҳои расмӣ, ки аз тариқи КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ироа мешаванд, таваҷҷуҳ кунанд.