Хона блог саҳифа 64

Бекорӣ, коҳиши иқтисод ва афзоиши омори ҷинояткорӣ дар кишвар

0

Омори ду соли охир нишон медиҳад, ки Тоҷикистонро марҳилаи ошуфтагӣ фаро гирифтстааст. Коршиносони байналмилалӣ мегӯянд, ки вазъияти кунунӣ мустақиман ба “маҳсулот”-и асосии содиротии кишвар, яъне қувваи кории арзон вобаста аст.

Сар аз соли 2024 омилҳои беруна барои муҳоҷирони кории тоҷик таъсири манфӣ мерасонанд.

Дар Русия 16 қонуни нав қабул карданд, ки низоми будубоши шаҳрвандони кишварҳои бераводидро ба маротиб мушкилтар кард. Ҳамзамон ниҳодҳои қудратии ин кишвар пайдарпай зидди муҳоҷирон рейдҳо мегузаронанд.

Ба назар мерасад, Кремл талош дорад адади муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро кам кунад ва дар айни ҳол дар ҷустуҷӯи қувваи кории нав ба самти Ҳиндустон, Курияи Шимолӣ ва баъзе кишварҳои Африқо таваҷҷуҳ мекунад. Ҳамзамон ҳукумати Русия квотаҳои кориро зиёд мекунад, то муҳоҷирони кориро аз кишварҳои Осиё ва Африқо ҷалб кунад.

Дар маҷмуъ ин омилҳо аллакай ба раванди муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия таъсири худро гузоштааст, зеро дар солҳои 2024 ва 2025 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия барои кор рафтаанд, кам шудааст ва ин раванд ба таври устувор идома дорад.

Аммо ин ҳама дар дохили Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад дошт?

Пеш аз ҳама, теъдоди бекорон дар кишвар босуръат афзоиш меёбад. Дар ду соли охир тақрибан 220 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ карда ё манъи вуруд шуданд ва беш аз 120 ҳазор нафари дигар ба рӯйхати шахсони таҳти назорат шомил гардидаанд. Дар маҷмуъ ин тақрибан 340 ҳазор нафар муҳоҷирони собиқро ташкил медиҳад, ки имрӯз дар кишвар бекор мондаанд.

Тавре Бонки ҷаҳонӣ бо дарназардошти вазъияти феълӣ пешбинӣ мекунад, ҳаҷми интиқоли пулии муҳоҷирони кории тоҷик дар соли ҷорӣ 10 дарсад – аз 5,8 миллиард доллар то 5 миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт. Ба назари коршиносони бонк, ин омил боиси суст шудани суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон мегардад ва сатҳи рушди он аз 8,4 дарсад дар соли 2024 то 4,7 фоиз дар соли 2027 поён меравад.

Бояд ёдовар шавем, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки дар он ҳаҷми интиқоли пулии муҳоҷирони корӣ тақрибан ба 45 дарсади ММД баробар аст.

Ҳамзамон бо афзоиши бекорӣ, табиист, ки сатҳи ҷинояткорӣ низ боло меравад. Дар ду соли охир дар кишвар чанд кушторҳои тасаввурнопазири ваҳшиёнаи оилаҳо ба қайд гирифта шудаанд ва ҳадафи асосии онҳо ғоратгарӣ будааст.

Оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки дар се соли охир сатҳи ҷинояткорӣ қариб 15 дарсад афзоиш ёфтааст. Афзоиши назаррас бештар дар ҷиноятҳои вазнин ва иқтисодӣ мушоҳида мешавад, аз ҷумла куштор, сӯиқасд ба куштор, қаллобӣ, қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир. Айни замон ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон низ рӯ ба афзоиш аст.

Табиист, ки ин адади рӯз аз рӯз афзоишёбанди бекоронро Эмомалӣ Раҳмон таҳдиди ҷиддие ба ҳокимияти оилавиву қавмии худ дид. Аз ҳамин сабаб ӯ ба таври фаврӣ дар пойтахт як воҳиди махсуси зудамале бо номи “Шоҳин” таъсис дода, онро барои пароканда кардани тазоҳурот бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуд.

Ҳамзамон ҳукумат бо тамоми қувва барои тоҷикон самтҳои нави муҳоҷирати корӣ ҷустуҷӯ мекунад. Тайи як соли охир Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати кишвар бо Ҷопон, Олмон, Қатар ва Кувайт созишномаҳо дар бораи ҷалби қувваи корӣ ба имзо расонд. Аммо шумораи муҳоҷирони корие, ки аз Тоҷикистон ба ин кишварҳо фиристода мешаванд, ҳатто ба ҳазор нафар ҳам намерасад. Сабаб дар он аст, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик дорои сатҳи пасти тахассус мебошанд ва дар кишварҳои пешрафта ба қувваи кории таххассусаш паст талабот ниҳоят кам аст.

Барои ҳалли ин мушкилӣ Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи январи соли гузашта бо суръати баланд талош мекунад низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро эҳё намояд. Ҳамингуна кумитаи дахлдор дар назди ҳукумат таъсис дода шуд ва Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026-2029 бо буҷаи 40 миллион доллар ба тасвиб расид. Аммо барои қабули ин қарор аллакай хеле дер шуда буд.

Бояд хотиррасон кард, ки ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли се даҳаи гузашта ба мушкили бекорӣ дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ надода, чуноне мегӯянд, “айбро ба каллаи дигарон мепартофт”. Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо адади бешумори хешутаборонаш дар мақомот ба монополияи иқтисод ва ғасби қудрат машғул буд.

Ӯ аслан нигарони мушкилии бекории густарда дар дохили кишвар набуд. Раҳмон розӣ буд, ки миллионҳо шаҳрванди бекораш барои пайдо кардани кор ба Русия бираванд, зеро низоми бераводид миёни ду кишвар то имрӯз ба ҳукумат имкон медиҳад, ки мардуми бекорро аз кишвар берун намояд.

Дар оғоз, дар шароити рушди иқтисодӣ ва коҳиши аҳолӣ Русия омода буд қувваи кории арзонро аз ин ҷумҳурии пасошӯравӣ, ҳатто дар ҳаҷми хеле зиёд қабул кунанд. Аммо, чун ҳамеша, ҳар кор поёни худро дорад, бинобар ин, пас аз оғози ҷанги густурдаи Русия алайҳи Украина, Кремл тасмим гирифт, ки дигар бо мушкилиҳои диктатори тоҷик худро дарди сар накарда, ӯро бо теъдоди бузурги шаҳрвандони бекораш танҳо гузорад.

Ҷиноятҳои беҷазои Раҳмон – чӣ гуна мунтақидон таъқиб ва зиндонӣ мешаванд?

0

“Дар замони дурӯғгӯйии умумиҷаҳонӣ рост гуфтан ифротгароӣ аст”. Ин сухан, ки ба Ҷорҷ Оруэлл нисбат дода мешавад, вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро хеле дақиқ нишон медиҳад.

Мақомот барои хомӯш кардани мунтақидон ҳам қувва ва ҳам маблағро дареғ намедорад. Дар дохили кишвар чунин афрод дигар боқӣ намондаанд, зеро аксарият ё паси панҷара рафтаанд, ё аз тарс даҳон намекушоянд. Бо вуҷуди ин, дар хориҷи кишвар ҳамоно шахсиятҳое ҳастанд ва садо баланд карда, талош мекунанд ҷиноятҳои режимро фош намоянд. Маҳз ҳамин афродро имрӯз мошини саркӯбгари мақомот ҳадаф қарор додааст.

Мухолифон ҳатто бо шӯхӣ мегӯянд: “Агар Эмомалӣ Раҳмон имконият медошт, бидуни таъхир ҳамаи мунтақидонашро ба зиндонҳои худ меандохт. Аммо, хушбахтона, дастони режим ба ҳама кишварҳо намерасанд. Аз ин рӯ, мошини саркӯбгари Раҳмон бар асоси қоидаи зерин амал мекунад: “Ба касе дастат мерасад, боздошт кун”. Мутаассифона, бояд эътироф кард, ки дар бисёр ҳолатҳо чунин тарзи корбарӣ ба режим натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

Аввал ба баррасии сахттарин ва бераҳмтарин усулҳои саркӯби мунтақидон — нобудсозии ҷисмии онҳо — оғоз мекунем.

Дар авҷи мубориза бо рақибон, мошини саркӯбгари Эмомалӣ Раҳмон таҷовузкорона фаъолият мекард, хусусан ба сӯиқасд ва куштор даст мезад.

Аз ҷумла, қотилони режим дар Русия талош карданд рӯзноманигор Додоҷон Атовуллоевро ба қатл расонанд. Чанд сол пас дар ҳамон ҷо ба раҳбари созмони ҷамъиятии “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” Мақсуд Иброҳимовро низ сӯиқасд карданд. Дар ҳар ду маврид мехостанд мухолифонро бо корд ба қатл расонанд, вале муваффақ нашуданд.

Соли 2015 дар Туркия бо истифода аз силоҳи оташфишон раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов кушта шуд. Дар моҳи майи ҳамон сол блогери мухолиф Эҳсон Одинаев бедарак шуд.

Мешавад тахмин зад, ки режими Эмомалӣ Раҳмон пай бурд, ки чунин амалиёти густохона ва бераҳмонааш дар қаламрави кишварҳои хорҷӣ боиси нороҳатии мақомоти ин кишварҳо шудааст. Минбаъд ин режим эҳтиёткорона ва зоҳиран дар доираи қонун фаъолият карданро оғоз кард. Минбаъд мунтақидон бо ҳамоҳангӣ ва иштироки фаъолонаи хадамоти махсуси Русия ва Туркия дар ин кишварҳо рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод мешуданд.

Бо ин роҳ даҳҳо узви Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳаракати “Гурӯҳи 24” ва ҳамчунин фаъолони шаҳрвандии зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Мухолиф Шарофиддин Гадоевро бошад, хадамоти махсуси рус бо фиреб ба Русия даъват карда, сипас ба Тоҷикистон супориданд.

Аммо бо он мунтақидоне, ки дасти режим ба онҳо намерасанд, чӣ гуна бархӯрд мекунанд? Дар чунин ҳолатҳо мақомот абзорҳои фишори гуногунро дар ихтиёр дорад.

Дар марҳилаи аввал алайҳи шахс парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро ба як шахси аз ҷиҳати ҳуқуқӣ “заҳролуд” табдил медиҳанд. Одатан иттиҳомҳо аз рӯи моддаҳои маъмулии сиёсӣ баста мешаванд, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ”, “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ” ва ғайра.

Марҳилаи баъдӣ ворид кардани номи ин афрод ба рӯйхатҳо барои пайгард мебошад. Ғайр аз рӯйхати шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаи Вазорати корҳои дохилӣ, ӯро ба рӯйхати Бонки миллӣ ҳамчун шахс ё созмоне, ки гӯё бо терроризм ё ифротгароӣ иртибот дорад, шомил мекунанд. Сипас номи ӯро ба рӯйхати ягонаи шахсони дар кишварҳои узви СААД ва СҲШ дар ҷустуҷӯ қарор дошта ворид мекунанд.

Вобаста ба мақом ва аҳамияти шахс, мақомот метавонанд ҳатто кӯшиши шомил кадани ӯро ба рӯйхати “эълони сурх”-и созмони байналмилалии пулиси Интерпол намоянд.

Аммо ин ҳам марҳилаи охир нест. Мошини саркӯбгари Раҳмон пас аз шартан “ишораҳои огоҳкунанда” хешовандони мунтақидро ҳамчун як фишанги фишорорӣ истифода мекунад.

Нерӯҳои қудратӣ падару модар, бародарону хоҳарон ва ҳатто хешовандони дури мухолифонро ба шуъбаҳои ВКД ё КДАМ даъват мекунанд ё бо зӯрӣ меоранд. Онҳоро муддатҳои хеле дароз бозпурсӣ мекунанд. Бозпурсӣ метавонанд моҳҳо идома ёбанд. Онҳоро маҷбур месозанд муроҷиати видео сабт кунанд, ба хешовандашон ба Аврупо занг зананд, илтиҷо намоянд, ки аз навиштан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, иштирок дар тазоҳурот ё суханронӣ дар ҳамоишҳо даст кашанд.

Тавре ки баъзеҳо нақл кардаанд, дар рафти чунин бозпурсиҳо нерӯҳои қудратӣ наздикони мухолифонро мавриди шиканҷа низ қарор медиҳанд, аз ҷумла латукӯб мекунанд, фишори равонӣ меоранд ва ҳатто таҳдид мекунанд, ки занони хонаводаи мунтақидро таҷовузи ҷинсӣ мекунанд. Бо ин усул режим ба мухолифонаш паёми равшан медиҳад: “Агар хомӯш нашавӣ, хонаводаат осеб мебинад”. Аксарияти мухолифон дар ин марҳила таслим мешаванд.

Аммо миёни мунтақидон касоне ҳам ҳастанд, ки ба чунин фишор низ сар намефароранд.

Дар ин сурат, мошини саркӯбгар ба марҳилаи навбатӣ гузашта, алайҳи хешовандони наздикаш бо иттиҳомоти сохта парвандаҳои ҷиноятӣ боз мекунад. Нисбат ба афроди бегуноҳ беасос парвандаҳои ҷиноятӣ боз мекунанд. Иттиҳомҳо метавонанд гуногун бошанд: аз қонуншиканиҳои иқтисодӣ то моддаҳои комилан сиёсӣ. Дар баъзе ҳолатҳо бо ин парвандаҳо ба ҳукмҳои воқеии зиндон маҳкум мешаванд.

Барои мисол, чунин ҳолат бо Шоҳида Мамадҷанова, модари блогер Абдураҳмон09 — Шерзод Маҳмадҷанов рух дод. Соли 2022 ӯро танҳо ба хотири фаъолияти писараш ба 6 соли зиндон маҳкум карданд.

Аслиддин Шарипов, бародари рӯзноманигори мухолиф Шавкати Муҳаммад низ ба Тоҷикистон истирдод карда, нисбаташ бо иттиҳомоти сохта парвандаҳои ҷиноятӣ боз карданд ва ба 12 соли зиндон маҳкум намуданд.

Яке аз усулҳои дигари муҳими фишор таъқиб ва бадномсозист. “Фабрикаи ботҳо” дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби таҳқиромез, аксҳои таҳқиромез ва иттиҳомҳои сохтаро  дар як вақт ва ба таври васеъ паҳн мекунад.

Солҳои охир мақомот боз як усули “навоваронае” пайдо кардаанд, ки пас аз таъйин шудани Шоҳрух Саидов, дӯсти наздики Рустами Эмомалӣ ба мақоми раҳбарӣ фаъолона истифода мешавад. Аз он вақт режим усули оштисозии сохтакоронаро пеш гирифтааст. Мақомот мунтақидонро даъват мекунанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд ва ваъда медиҳанд, ки парвандаҳои ҷиноятӣ баста ва амнияташон кафолат дода мешавад.

Аммо пушти ин муомилаи нарму мулоим ҳамон мантиқи пештара пинҳон аст, яъне мақомот мехоҳанд мухолифонро бо фиреб ба Тоҷикистон баргардонанд ва боз зери назорати нирӯҳои қудратӣ дароваранд. Мақомот хуб дарк мекунад, ки дар хориҷи кишвар имкониятҳояшон маҳдуд ҳастанд, бинобар ин, чунин нармии сохтаро истифода мебаранд. Вале онҳое, ки бо воқеияти низоми адлияи тоҷик ошноянд, хуб мефаҳманд, ки чунин ваъдаҳо танҳо “дом”-и режиманд, то мунтақид худ бо пои худ ба дасти мошини саркӯбгар биёяд.

Аз зиндонии чеҳраҳои шинохта то фавти машкуки зиндониёни сиёсӣ 

0

Ҳашт соли ҳабс барои як назарсанҷӣ, куштор барои риш, маргу мири машкуки зиндониҳои сиёсӣ, мамониат дар анҷоми ибодат ва фаъолияти масоҷид, маҳдудият дар озодиҳои сиёсӣ ва баён вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро боз ҳам бадтар кардааст. Бо тааваҷҷуҳ ба чунин вазъу ҳол коршиносон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, Тоҷикистон беш аз гузашта саркӯбгар, хашин ва дур аз мардум мешавад.

Зиндонии чеҳраҷҳои шинохта

Рухшона Ҳакимова хабарнигори 31-солаи тоҷик, модари ду кӯдак, яке тифли думоҳаи ширхора, дар нимаи дуввуми моҳи феврал бо ҳукми Додгоҳи олӣ ба ҳашт соли зиндон маҳкум гардид.

Зимни эълони ҳукм додгоҳ хотири тифли ширхораашро ҳам накард ва мустақим дар толори додгоҳ ба дастонаш завлона зада, аввал ба СИЗО ва сипас ба зиндони занонаи Норак мунтақил карданд.

Рухшона Ҳакимова дар чаҳорчӯби парвандаи пурсарусадои “табаддулоти давлатӣ”, ки аз мақомдорони собиқ ва сиёсатмадорон иборат буд, бо чунин ҳукм мувоҷеҳ шуд. Қозии ин парванда Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон кард, ки Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири хориҷӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби демократ, Акбаршо Искандаров, раиси пешини Шӯрои олӣ, Аҳмадшо Комилзода, ҷонишини раиси ҲДТ, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, Абдулфайз Атоӣ, дар гузашта сардори яке аз департаментҳои Вазорати хориҷӣ ва ду сарҳанги пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷамшед Боев ва Нурамин (Нураҳмад) Ғанизода ҷинояти сангин содир кардаанд ва додгоҳ барои онҳо аз 8 то 27 соли зиндон ҷазо таъйин кард. Додгоҳ ин нафаронро ба иттиҳомоти гуногун, аз қабили хиёнат ба давлат, бо роҳи зӯроварӣ ғасби ҳокимият, дидаву дониста расондани хабари дурӯғ, таҳқири намояндаи ҳокимият дар интернет, барангехтани кинаву адовати миллӣ ва ширкат дар иттиҳодияҳои экстремистӣ гунаҳкор донист.

Аммо, бад-ин ҷиҳат, ки мурофиаи ин парвандаи пурсарусадо пӯшида баргузор гардид, ҷомеаи тоҷик ва мудофеони ҳуқуқ башар ба иттиҳомоти ворида алайҳи ин афрод, ки ҳамагӣ, ба истиснои Шокирҷон Ҳакимов ва бародарзодаи вай Рухшона Ҳакимова аз наздикони ҳукумати Тоҷикистон буданд, бовар накарданд.

“Бовараш сахт аст, Ҳамрохон Зарифӣ, ки солҳои тулонӣ вазири хориҷии ҳукумати Раҳмон ва аз мансабдорони вафодори вай буд ва Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлис ва аз ҳавохоҳу парвардаи ин режим, бар зидди ӯ табаддулот ташкил кунанд”.

Нуктаи бисёр ҳам шигифтовар ва боварнакарданӣ дар ин парванда он буд, ки Юсуф Раҳмон, собиқ Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки Саидҷаъфар Усмонзода ва ҳамроҳони вай барои иҷрои нақшаашон аз як кишвар 10 млн доллар гирифта ва бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои ҷалби ҷангиёни “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҷиҳати анҷоми табаддулоти давлатӣ маслиҳат кардаанд.  

Афзоиши боҷи давлатӣ ва қатъи фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ

Аммо танҳо ин ҳодиса нест, ки боиси нигарониҳои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва кишварҳои демократӣ дар робита ба нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шуда бошад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо ин вуҷуд, ки дар тамоми умур контроли комил ҷорӣ карда ва ҳамагуна ақида ва афкори муғойир бо расмиро саркӯб кардааст, дар соли ҷорӣ бо ворид кардани тағйирот   дар қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” арзиши сабтином барои аҳзоби сиёсӣ аз 3750 сомонӣ ба 7500 сомонӣ боло бурд. Ҳаҷми боҷи давлатӣ барои номнависии дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ сад дар сад афзоиш ёфт.

 Қаблан низ Тоҷикистон дар ҳавои бархе аз тағйироти ворида ба қонунҳои соҳавӣ дар Русия назорат аз болои фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои катбиро ташдид карда буд, ки боиси коҳиш ва қатъи фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ шуда буданд.

Намояндаҳои ҷомеаи мадании Тоҷикистон афзоиши маблағи боҷи давлатӣ барои сабти номи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияву идораҳои адвокатиро бар зарари рушди кишвар ва волоияти қонун арзёбӣ карданд. Қироншоҳ Шарифзода, роҳбари созмони басташудаи “Журналист”, дар як суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки вазъи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бе ин ҳам хеле бад шудааст: “Имрӯз мегӯем, Тоҷикистони мо дар созмонҳои байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи зиёд дорад ва бо бузургтарин созмонҳо байналмилалӣ муносибатҳои ҳасана дорад. Вале, аз тарафи дигар то андозае ба созмонҳои ҷамъиятӣ, ки асли ҷомеаи демократӣ аст, назари нохуб доштани мақомоти дахлдор ё мақомоти ваколатдори давлатӣ, хеле боиси нигаронист. Ҷаноби Шарифзода гуфтааст, ин амал зарбаи шадид барои созмонҳои иҷтимоӣ ва низ як “хидмати хирсона” барои обрӯи байналмилалии Тоҷикистон аст”.

Ин коршиноси тоҷик гуфтааст, ки панҷ сол пеш дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор созмони ҷамъиятӣ фаъолият мекард, ки феълан ҳатто нисфи он амал намекунад. Зеро мақомот ва ниҳодҳои расмӣ пайваста барои амали онҳо мушкил эҷҷод карданд. Фишор болои онҳо бо ҳар баҳона афзуд. Бинобар навиштаи расонаҳо, масъалаи фишор ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва баста шудани онҳо, дар ҷараёни 15-умин муколамаи Брюсселу Душанбе бар бахши ҳуқуқи инсон матраҳ ва Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ шароити беҳтар ва “сабти такрории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро, ки маҷбур ба қатъи фаъолият шудаанд, фароҳам оварад”.

Аммо Музаффар Ашӯриён, вазири адлия дар нишасти ахири хабари худ далелҳои коҳиши созмонҳои ҷамъиятӣ дар кишварро дархости худи созмонҳо унвон карда буд: “Сабабҳои қатъ шудани фаъолияти онҳо, яъне худашон ариза менависанд, дар бораи қатъ кардани фаъолият. Зеро маблағгузори онҳо, ки бо ягон ташкилотҳои беруна сару кор дошта бошанд, ба итмом мерасад ва онҳо худашон қатъ мекунанд”. Бино ба омори расмӣ, дар се соли ахир беш аз ҳазор созмони иҷтимоӣ барҳам хӯрдааст. Талошҳои он барои рушди ҷомеа ба поинтарин ҳад камранг шуданд. 

Аз соли 2015, баъд аз баста ва террористӣ эълон намудани фаъолияти ҲНИТ, ки дуввумин ҳизби пурҷамъияти кишвар дониста мешуд, дар Тоҷикистон ягон ниҳоди фаъоли ҷомеаи маданӣ амал намекунад. Ҳиҷ ҳизбе, ҷуз аз ҲСДТ, ки роҳбари он дар соли қабл вафот кард, ба унвони ҳизби мухолиф вуҷуд надорад ва ҲСДТ ҳам танҳо як рамақи беҷон шудааст.

Аммо ҲХДТ-ҳизбе, ки раёсати онро Президент Раҳмон бар уҳда дорад, ҳоло шабеҳи Ҳизби коммунисти шӯравӣ шудааст ва чи дар расонаҳои давлатӣ ва чи дар ҷаласаҳои ҳукумат раҳбарияти он мудом ширкат мекунад. Афзун бар ин бинои намояндагиҳои ин ҳизб дар навоҳии кишвар бо пули бюҷет ва “соҳибкорони бо нангу номус” ва меҳнати “халқи азиз” бунёд карда мешавад.

Озодии баён ва матбуот

 Созмони “Гузоришгарони бидуни марз”, дар моҳи майи соли ҷорӣ роҷеъ ба вазъи озодии матбуот дар саросари олам гузориши худро мунташир кард, ки ин бор ҳам Тоҷикистон таҳти “хати сурхи торик” ишора шуд. Ин ба он маънӣ аст, ки дар ин кишвар  расонаҳо зери сиёсати саркӯбгаронаи ҳукумат қарор доранд. Бинобар арзёбии “Гузоришгарони бидуни марз” Тоҷикистон дар шохис (индекс)-и расонаҳои озод дар мавқеи 153-юм қарор гирифта, дар муқоиса бо солҳои пешина боз ҳам ду 2 зина поин рафтааст. Бинобар баҳои муаллифони гузориш вазъи расонаҳо дар ин кишвар, ки беш аз 30 сол Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекунад, то рафт бадтар мешавад. Дар ин гузориш зикр карда мешавад, ки баста шудани пойгоҳҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, бархе аз сармуҳарриронро водор кард, ки ба хориҷ кӯч банданд. Журналистоне, ки мақомотро танқид мекунанд, аз сӯйи сохторҳои қудратӣ “шикор” ва шантажу таҳдид мешаванд.   

 Дар зимн дар соли ҷорӣ гурӯҳи расонаҳои Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон –  “Фараж”, “Самак” ва “Ману ту” аз кор бозмонданд. Муассиси ин нашрияҳо, Хуршеди Атовулло иллати қатъи фаъолият ин нашрияҳо ба маблағ марбут донист, ммо хабарҳо ҳокист, ки Додситони кулл бо як санад аз муассис хостааст, ки нашрияҳояшро худаш доватлабона бибандад. Пушти саҳна чӣ аст, номаълум. Дар гузориши солонаи “Гузоришгарони бидуни марз” зикр шудааст, ки хабарнигорон гузаронидани таҳқиқот дар мавзуъҳои барои ҳукумат “ҳассос”-ро номумкин медонанд ва намехоҳанд худу наздиконашонро зери хатар қарор диҳанд.

Фавти зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳо

Солҳои ахир чандин хабарнигор ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд, аз ҷумла, Рухшона Ҳакимова, ки соли равон бо иттиҳоми “Хиёнат ба давлат” ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Дар маҷмуъ дар кишвар 10 хабарнигор дар зиндон аст. Нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳии низ эътирозҳои дохиливу хориҷиро ба дунбол доштааст. Охири моҳи ноябр Шерик Карамхудоев, раиси зиндонии собиқи ҲНИТ дар ВМКБ баъди адои 14 соли зиндон, ҳамагӣ чанд моҳи қабл аз раҳоияш ба таври машкук дар зиндони шумораи ҳафти Душанбе даргузашт. Шерик шашумин нафари зиндонии сиёсии бадахшонӣ аст, ки дар соли равон дар зиндон мемирад. Шерик Карамхудоев соли 2012, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, ки ба дунболи куштори Абдулло Назаров, раиси Идораи амният дар Бадахшон роҳандозӣ шуда буд, боздошт ва дар соли 2013 ба чордаҳ сол зиндон маҳкум гашт. Сабаби расмии маргаш ҳанӯз маълум нест.

Қабл аз вай Қулмамад Паллаеви 50-сола ва фаъоли маданӣ аз Рӯшон, Боғшо Имматшоеви 67-сола, яке аз тарафдорони “Гурӯҳи 24” дар моҳи феврал; Аслан Гулобови 35-сола аз Хоруғ дар моҳи июн; Музаффар Давлатмирови 61-сола, рӯҳонии шинохта дар моҳи июн ва Эроншо Мамадраҳимови 39-сола дар моҳи июли имсол фавтиданд.

Ин нафарон аз фаъолони сиёсие буданд, ки дар пайи ҳаводиси моҳи май-июни соли 2022 дастгир ва ба давраҳои мухталиф, аз ҷумла Қулмамад Паллаев ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд. Бинобар навиштаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳои наздикони ин афроди фавтида, табибони муассисаҳои ислоҳӣ дар расонидани кумакҳои тиббӣ ба ин маҳкумшудаҳо амдан бетаваҷҷуҳӣ кардаанд.

 Бинобар навиштаи расонаҳо, чанде пеш наздикон ба аёдати Шерик Карамхудоев рафта буданд, ягон беморӣ надоштааст, аммо чанд соат пеш аз марг дучори заъфи ногаҳонӣ, дилбеҳузурии шадид ва қайкунӣ мешавад. 

 Расонаҳо аз қавли Сийнат Султаналиева, пажӯҳишгари Осиёи Марказӣ дар Ҳюман Райтс Вотч навиштанд: “Марги панҷ зиндонии помирӣ дар чанд моҳ суолҳои ҷиддиро дар бораи муносибат бо зиндониёни сиёсӣ ва вазъи маҳбасҳо дар Тоҷикистон бармеангезад. Мақомот бояд сабабҳои даргузаштро фавран ва шаффоф таҳқиқ кунанд ва ба хонаводаҳояшон рӯшан шарҳ бидиҳанд.”

Ин намояндаи Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст: “Ба саркӯби мардуми помирӣ бояд фавран поён дода шавад. Ҳукумати Тоҷикистон бояд тамоми помириҳои худсарона боздоштшударо раҳо кунад, тамоми шиканҷаро бас кунад, онҳоро аз табобат маҳрум насозад ва ҳуқуқи фарҳангиву забониашонро барқарор кунад. Ҳукуматҳо ҳам дар баробари ин нақзи бади ҳуқуқи инсон набояд сокит бимонанд.”

Аммо мавориди фавти зиндониҳои сиёсии тоҷик танҳо ба зодагони Бадахшон тамом намешавад. Зубайдуллоҳи Розиқ, узви собиқи Раёсати олии ҲНИТ, ки барои 25 сол маҳкум шуда буд, дар моҳи сентябр даргузашт ва соли гузашта Мавлавӣ Файзмуҳаммад, яке дигар аз аъзои Раёсати олии ин ҳизб вафот кард. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ба 23 соли зиндон маҳкум буд ва то рузи вафот 8 солро дар пушти милаҳои зиндон пуштисар кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад, дар шабурӯзҳои нашри хабари марги Зубайдуллоҳи Розиқ ба расонаҳо гуфта буд: “Ришханди таърихро бубинед, ки ман дирӯз дар Осло бо роҳбарони Созмони норвежии Ҳелсинки дар бораи зиндониёни сиёсӣ мулоқот доштам, имрӯз ба мо хабари даргузашти Зубайдуллоҳи Розиқ дар зиндон расид. Ба мақомоти Норвежӣ дар бораи шароити душвори зиндониёни сиёсӣ гап задам. Дар бораи парвандаи Додгоҳи байналмилалӣ зидди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кардем. Суоли аслии мо ин буд, ки чаро созмонҳои байналмиллалӣ ба парвандаҳои Русия ва кишварҳои дигар ҷиддӣ бархӯрд мекунанд, вале ба қазияҳои зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон бепарвоӣ зоҳир мекунанд?”

Лозим ба зикр аст, ки зиндониҳои сиёсӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ таҳти фишори ҷисмиву маънавӣ қарор доранд. Бинобар додаҳои интернетӣ, мақомот аз онҳо ба унвони абзор ва василаи фишор барои ба Ватан бозгардонидани мухолфин ва паноҳандаҳои сиёсӣ, ки дар Аврупо ба сар мебаранд, истифода карданд.Онҳоро маҷбур карданд, ки аз мухолифин даъват кунанд то бозпас омада ва аз режим ва сардамдорони он узрхоҳӣ ва талаби бахшиш кунанд. 

Озодиҳои динӣ ва мазҳабӣ

Аммо дар робита ба озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон давоми соле, ки гузашт, ҳаминро бояд гуфт, ки бархӯрд ва муносибати мақомоти Тоҷикистон ва бахусус шахси Эмомалӣ Раҳмон дар масоили мазҳабӣ бисёр ҳам хашин ва хусуматбор аст. Моҳи майи соли равон  корҳои таъмиру бозсозӣ дар масҷиди “Умари Форуқ”, ки дар Душанбе бо номи “Масҷиди Аминҷон” маъруф аст, манъ карда шуд. Як сокини Душанбе дар ин маҳалла ба хабарнигорон гуфт, “шароитамон бад аст. Нақша доштем, ки масҷидро бунёд мекунем. Сар кардем, вале аз мақомот омада манъ карданд, милисаҳо оварда, намонданд. Накунед, гуфтанд. Ҳамон вақт намонданд, вагарна пул тайёр буд”.

 Аммо дар Кумитаи дин гуфтанд, сокинон бе иҷозаи идораи меъмориву сохтмон, ба бозсозии масҷид шуруъ карданд. Моҳи апрели соли ҷорӣ бошад, сокинони деҳаи Хушободи Исфара хостанд, ки масҷиди дар як оташсӯзӣ нобудшудаи худро аз нав рост кунанд. Аммо Дилбар Қурбонова, раиси ҷамоати Хонобод шарт мегузорад, ки “аввал хулосаи идораи сӯхторнишониро гиранд, баъд ин масъаларо дида мебароем. Мақомот онро ба Кумитаи дин мефиристанд. Баъди он ки Кумита иҷозат дод, таъмир оғоз мешавад”.

Мушкилот ва монегузорӣ дар амри тармиму навсозии масҷидҳо ва ё дарёфти иҷозати фаъолият барои ибодатгоҳҳо дар ҳоле аст, ки мақомот барои таъмиру бунёди мактаб, роҳ, бунгоҳи тиббӣ аз мардум бо зӯрӣ ва маҷбурӣ маблағ меситонанд.

Ҳуқуқ ва озодиҳо

Кумисюни байналмилалии Амрико оид ба озодиҳои динӣ дар гузориши ахири худ дар моҳи марти гузашта вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро “ниҳоят бад” арзёбӣ кард. Ин Комисюни байналмилалӣ ба ҳукумати Амрико тавсия дод, ки шуморе аз кормандони масъули КДАМ-и Тоҷикистонро таҳти таҳрим қарор дҳад.

“Хусусан, мақомот мусулмонони шиаи исмоилиро бо таъқиб, боздошт, ҳукм ва саркӯби фаромиллӣ ҳадаф қарор доданд” – гуфта шудааст дар гузориш.

Муаллифон аз ислоҳи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” низ ёд овардаанд, ки фурӯшу воридот, таблиғ ва пӯшидани либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона”-ро манъ кард. 

“Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла президент Раҳмон, аз мардум даъват карданд, ки ба ҷойи ҳаҷ пулро дар тарҳҳои иҷтимоӣ сарф кунанд. Ғайр аз ин, мақомот аз зоирон талаб карданд, ки пули сафари ҳаҷро ба воситаи бонке пардозанд, ки аз ҷониби хешовандони наздики Раҳмон идора мешавад” – омадааст дар гузориши USCIRF. Ишораи муаллифон ба “Ориёнбонк” аст, ки раёсаташро Ҳасан Асадуллозода, додарӯси президент бар уҳда дорад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 13-уми август ин вокунишҳоро “иғвоангез” номид. Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ, дар ҳузури дипломатҳои хориҷӣ ва расонаҳои байнулмилалӣ дар Душанбе гуфт, ҳадафи Тоҷикистон аз қабули қонун ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ифротгароист. Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, гирифтани таълими динӣ танҳо дар муассисаҳои расмӣ ва назди волидайн иҷозат аст.

Ва аммо куштори Саидаъзам Раҳмонов, як ҷавони бо зоҳири мазҳабӣ (ришдор) дар фурӯгоҳи Душанбе дар моҳи октябри соли ҷорӣ ҷомиаи Тоҷикистонро сахт такон дод. Ин ҷавони 29-сола панҷ соли охир дар Олмон ба сар мебурд ва барои таҳияи раводид ба Душане меояд. Ӯро вақти сафар ба Маскав дар фурӯдгоҳи Душанбе дастгир мекунанд. Вале баъди панҷ рӯз ҷасадашро ба наздиконаш дар маҳаллаи Қазоқони Душанбе таҳвил дода, аммо тамоми маросими дафнро худи амниятиҳо анҷом медиҳанд.

 То ҳоло рӯшан нашудааст, ки иллати ин қатл чи аст. Вале, ӯро дар таҳхонаи бинои КДАМ таҳти зарбу лат қарор дода, дар бадани вай барқ мемонад. Бархе аз расонаҳои опозитсионӣ бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки дар таҳхонаи КДАМ ба ҳадде азият медиҳанд, ки вай ночор розӣ мешавад 160 000 доллар пасандози худро бидиҳад. Танҳо сабаби дастгиршавии вай ришаш будааст.

 Хушунати хонаводагӣ ва паёмадҳои фоҷиабори он яке аз дигар мушкилоте аст, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро ногувор карда ва нигарониҳои ҷиддиеро дар пай доштааст.

Марги Хисрав Одинаев, писарбачаи 15-сола аз тарафи падар ва ба дарё андохтани чор кӯдак аз тарафи модар аз ваҳшатангезтарин хабарҳое буданд, ки хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистонро ба унвони як мушкилоти ҷиддии нақзи ҳуқуқи башар бисёр ҳам барҷаста карданд. Парвиз Одинаев, падари Хисрави 15-сола, раис ва муллои маҳалла ҳам будааст. Навори ҳодисаи зарбу озори ин наврас дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашму нафрати корбаронро ба бор овард. Бинобар тавзеҳи Вазорати корҳои дохилӣ, Парвиз Одинаев, барои гирифтани иқрор аз писари 15-солааш Хисрав Одинаев, ки дар дуздӣ муттаҳм мешавад, ӯро ба мошини “Тико” савор карда, “ба ҷойи беодам, ба заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бурда, аз ноқили тахминан думетра истифода бурда, аз пойи писараш баста, самти дигари ноқили мазкурро дар қафои воситаи нақлиёташ баста, тахминан 100-метр кашола кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта, дар хонаашон ба ҳалокат расидааст. 

Дар аксҳои ҷасади наврас, ки дар телефонҳо мечархад, осори зиёди захм ва бадани кабуду сиёҳ дида мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, имсол хушунати зидди наврасон 30 дарсад зиёд шудааст. 

Мадина Ҳалимова, зане, ки худ ва чор фарзандашро ба дарё партофта буд, ба 20 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳукми Додгоҳи минтақаи Кӯлоб 9-уми октябр содир шудааст. Шаби 29 ба 30-уми июн Мадина Ҳалимова, модари 27-солаи чаҳор тифли хурдсол, ки хурдӣ семоҳа ва бузургӣ 5-сола буд, чаҳор фарзанд ва худашро зоҳиран бо қасди худкушӣ ба рӯдхонаи Сурхоб андохт. Чор фарзандаш ғарқ шуда ҷон доданд, вале худаш зинда монд. Мақомоти маҳалли зисти ин хонум гуфтанд, ки Мадина Ҳалимова аз сабаби “рашк”, фарзандони худро ба дарё андохтааст. 

Дар соли равон ин ягона ҳодисае нест, ки волидайн қасди ҷони фарзандонашонро мекунанд. Моҳи июни имсол Юлдуз Бозорова, як сокини 24-солаи ноҳияи Қубодиён фарзандони худ Муҳаммадҷони 5-сола, Исои 4-сола ва Ҳадичаи шашмоҳаро чанд кордӣ задааст. Ҳадичаи шашмоҳа, ки аз се ҷои баданаш захм бардоштааст, рӯзи 5-уми июл дар шифохонаи ноҳияи Шаҳритус ҷон дод. Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи сентябри имсол ин занро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. 

Танҳо дар нимаи аввали имсол қариб 1800 нафар аз зӯроварӣ дар оила ба Кумитаи занон муроҷиат кардаанд. Тибқи иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар тарҳи нави Кодекси ҷиноии кишвар барои пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ банди махсус ворид кардаанд. Як пажӯҳиши Барномаи Рушди Созмони Милал дар гузашта нишон дода, ки 67 дарсад дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки зӯроварӣ ба зан дар оила як кори маъмулист.

 Рухшона Ҳакимова дар ҳоле бо чунин ҳукми сангин муҷозот мешавад, ки ду нафар аз мураббиёни як кӯдакистон дар Душанбе, ки ба марги як кӯдаки дусола маҳкум шуданд, яке панҷ, дуввумӣ шаш сол гирифтанд. Аммо ба ин далел, ки ҳарду ду кӯдаки ноболиғ дар тарбият доранд, иҷрои ҳукм то ҳаштсолагии кӯдаконаш ба таъхир гузошта шуд ва маҳкумин то он замон дар озодӣ хоҳанд буд. Аммо барои баргузории ҳамагӣ як назарсанҷӣ Рухшона аз тифли думоҳааш ҷудо ва барои ҳашт сол зиндон мешавад. Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар посух ба суол, ки чаро тифли ширхора доштани Рухшона ба инобат гирифта нашуд, чунин посух медиҳад: “Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр навиштаанд, ки ду кӯдаки хурдсол дорад, ба инобат нагирифтанд. Ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ҷинояти содирнамудаи ӯ ба категорияи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешавад. Мавқуф гузоштани адои ҷазо то калон шудани кӯдаки ноболиғ танҳо ба ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин татбиқ карда мешавад”.

Паём чӣ паём дошт?

0

Паёми ғайришаффоф. Стротежии милии рушд тайи се сол такмил мешавад?

Паёми раисҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2026 дар 16-уми декабри имсол ба парлумони кишвар ироа шуд. Ин паём, ки аз лиҳози назарӣ, бояд ҳисоботи раисҷумҳур аз амалкарди ҳукумати кишвар тайи як соли ахир назди парлумон бошад, шабеҳ ба як дарси назарӣ ба тамоми мақомот аст. Аз тарафи дигар бар асоси фарҳанги хонаводаӣ дар Тоҷикистон, кадом падаре ба писар ҳисобот дода, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ бидиҳад?

Стротежии миллии рушд ва тақдири миллат

Паёми раисҷумҳур ба парлумон дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд рӯз қабл аз он доду бедоди мардум аз бебарқӣ дар пойтахт шабакаҳои иҷтимоиро “метарконд”. Ҳол он ки барқ на танҳо барои мардум дар зимистон аз василаҳои зарурист, балки ба эътирофи Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои барномаҳои муҳими ҳукумати кишвар низ ба он пайванд хӯрдаанд. Пас аз сулҳ дар соли 1997 ҳукумати кишвар гӯё дар талоши ҳалли ин масаъала аст, ки дар ин матлаб ба сурати иҷмолӣ пайванди барқ бо барномаҳои ҳукуматиро баррасӣ мекунем.

Дар ин паёмаш Эмомалӣ Раҳмон аз Стротежии миллии рушд ёдовар шуд. Ба иддаои раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ростои татбиқи Стротежии милии рушд иқдомоти муҳиме амалӣ шудааст, аммо кадом иқдомот, мушаххас нест. 

Ин стротежӣ, ки соли 2015 муаррифӣ шуд, бояд то 2030 такмил шавад. Муҳимтарин буъди он ин аст, ки бояд Тоҷикистонро аз як кишвари кишоварзӣ ба кишварӣ саноатӣ табдил диҳад. Вобаста ба шарҳи фаротари ин стротежӣ бояд гуфт, он фаротар аз се ҳадафи стротежӣ – раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ, таъмини истиқлоли энержӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ нест, ҳол он ки ин аҳдоф ҳанӯз дар ибтидои ин асри 21 аз тарафи раисҷумҳур эълон шуда ва зоҳиран то ҳанӯз иҷроӣ нашудаанд. 

Дар стротежии 15-сола, ки панҷ сол баъд бояд иҷроӣ шавад, танҳо “истифодаи самарабахши неруи барқ” ҷузъи таъмини истиқлоли энержӣ, “табдил ба кишвари транзитӣ” қисмате аз раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ, “дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат” ба унвони бахше аз амнияти ғизоӣ изофа шудаанд. “Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул” дигаре аз ҷузъҳои муҳими он аст. Ҷолиб ин аст, ки сармоягузории беш аз чиҳилдарсадии иҷрои ин стротежӣ ба бахши хусусӣ таҳмил шудааст. Ҳол он ки ин бахш дар кишвар низ вазъи устуворе надорад. Масалан, дар соли 2023 33 ҳазор соҳибкор сабти ном шудааст, аммо 25,1 ҳазор соҳибкори дигар фаъолияти худро катъ кардааст.

 Гузашта аз ин раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2009 дақиқан зимни ироаи паёмаш гуфта буд, ки “таъмини иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015-ум бармеояд, ки ба ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар вобаста…” аст. Аммо бо гузашти 16 сол аз он рӯзгор то ҳол вазъи Тоҷикистон дар ин хусус беҳбуд наёфтааст, яъне мушкили барқ боқист. Пас, мантиқ далолат ба ин мекунад, ки Стротежии миллии рушди то соли 2015 нокомил боқӣ монда, зеро то ҳанӯз бахши муҳими он, ки мушкилии барқ аст, роҳҳале пайдо накардааст. Дар ҳоле ки кишвар бо барқи доимӣ таъмин нест ва раисҷумҳур стратегияи рушдро низ ба он пайванд медиҳад, чӣ тавр метавон бовар кард, ки он иҷро шудааст?

Бояд гуфт, аввалин ваъдаи раисҷумҳур дар бораи ба афсона табдил шудани бебарқӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018 садо дода буд. Бори дувум ин ваъда соли 2024 такрор шуд. Аммо ҳарчанд дар соли 2018 поёни бебарқӣ дақиқ эълон нашуд, вале дар солҳои 2024 ва 2025 ӯ гуфт, ки соли 2027 лимити барқ дар кишвар аз миён бардошта мешавад. Зимнан суоли калидӣ ин аст, ки агар соли 2027 танҳо заминаи иҷро шудани қисматҳои Стротежии миллии рушд фароҳам шавад, тайи се соли баъдӣ, то соли 2030 стротежӣ такмил мешавад? Ё агар такмил нашавад, бо дигар ном муҷаддадан барои 30 соли дигар муаррифӣ мешавад? Зеро аз мутолиаи стротежии то соли 2030 бармеояд, ки дар маҷмуъ он иборат аз ҳадафҳое, ки дар солҳои 2000-ум эълон шуда буданд, аст. Пас, бардошти мантиқӣ ин аст, ки чун барномаҳо ҳалношуда боқӣ монданд, стротежии ҷадид ҳам онҳоро шомил шуд. 

Маълумоти нодуруст ё духӯрагӣ дар як суханронӣ?

Дар ҳоле ки барномаҳои тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ гиреҳ мехӯрад, президент дар паёмаш ба парлумон бо бартарӣ додани фанноварӣ мегӯяд, “то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти нерӯи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 – 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи нерӯи барқро пардохт намекард”. Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи Радиои Озодӣ, президент мегӯяд, “Барқи тоҷик” гузориш медод, ки гӯё мардум 30-40 дарсади маблағи истифодаи барқро намесупоранд. Аммо ба гуфтаи президент, баъд аз ҷорӣ шудани низоми биллингӣ маълум шуд, ки аҳолӣ 100 дарсад пули барқро месупоранд”. Ин духӯрагӣ дар суханони раисҷумҳур тайи як паём аз чӣ мегӯяд? 

Ба назари банда, ин ҷо асли масъала аз тарафи президент гуфта намешавад, зеро агар мардум пули барқро насупоранд, сими барқи онҳо бурида мешавад, ки дар гузашта ин корҳо сурат мегирифтанд. Аз  тарафи дигар агар шаҳрвандоне, ки пули барқро намесупоранд, чаро ба додгоҳ кашида намешаванд ва ин гуна хабарҳоро расонаӣ намекунанд, дар ҳоле ки чун хурдтарин иқдоми нақзи қонун аз тарафи мақомоти пулис кашфу сабт шавад, он дарҳол расонаӣ мешавад. Дигар ин ки агар аҳолӣ пули барқро месупорад, он пул куҷо мешавад, ки идораи фурӯши барқ онро дарёфт ва ба буҷа баргардонда наметавонад?

Рушди иқтисод 

Иддаои дигари раисҷумҳур дар заминаи рушди дарсади иқтисод аст, ки инро ҳам метавон дигаре аз бахшҳои стротежӣ гуфт. Ба гуфтаи ӯ, тавсеаи солонаи иқтисоди Тоҷикистон 8,7 дарсад аст. Барои фароҳам кардани шароити рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ 670 миллиард сомонӣ аз маҷмуи манобеъ маблағгузорӣ шудааст, ки 159 миллиард сомонии он маблағгузории хориҷӣ аст. Дар ҳоле ки раисҷумҳури кишвар мушаххасан манбаи тавсеаи иқтисодиро нагуфтааст, Бонки ҷаҳонӣ бо таъйиди ин рушд онро ба пули ирсолии муҳоҷирон муртабит медонад, ки дар соли 2024 49 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил кардааст. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон мизони фақр дар кишварро 19 дарсад гуфт, ки ба эътирофи Бонки ҷаҳонӣ, коҳиши мизони фақр низ ба пули ирсолии коргарони муҳоҷир муртабит аст. Пас Ҳукумат ин ҷо чӣ нақш дорад? Ин суолест, ки президенти кишвар ва раиси ҳукумати он бояд посух гӯяд, ки намегӯяд.

Албатта, афзоиши ҳарсолаи маоши кормандони буҷавӣ ва ҳамчунин нафақаи афроди бознишастаро метавонад ҳукумат аз “дастовард”-ҳои худ дар ҷиҳати таҳаққуқи Стротежии рушд эълон кунад, ки имсол дар моҳи сенятбр 20-25 ва нафақаи бознишастагӣ 15 дарсад афзуда мешавад. Ин дар ҳолест, ки маоши миёнгин дар Тоҷикистон 2 665 сомонӣ ё ҳудуди 280 дулор аст ва бисту панҷ дарсади он 666 сомонӣ мешавад. Тасаввур кунед, ки бо маоши 3,331 сомонӣ магар метавон дар Тоҷикистон умед ба зиндагии шоиста дошт? Ҳол он ки қабл аз афзудани маош, ҳар баҳор қимати барқ ва хадамоти коммуналӣ низ боло меравад. Агарчи мизони афзоиши он ба ҳадди маош нест, аммо қисмате аз афзоиш барои барқ масраф мешавад. Гузашта аз ин таварруми солонаро сойти расмии Бонки миллии Тоҷикистон 3,2 дарсад эълон кардааст ва ҳоло мушаххас нест, ки ин мизон дар соли 2026 чанд дарсад хоҳад буд. 

Хулоса

Ба сурати хулоса метавон гуфт, паёми раисҷумҳур дар ин бахш ношаффофиҳои зиёде дорад. Аввал ин ки омили аслии барномаҳои ҳукумат – истифода аз барқ то ҳанӯз мушаххас нест, ки кай доимӣ мешавад. Ҳамчунин посухҳои ҳукумат дар бораи бебарқӣ ва ҳалли масъалаи он мардумро қонеъ накардааст, аз бебоварии онҳо дар баробари ҳукумат башорат медиҳад. 

Ҳамчунин аз афзоиши маош дар соли оянда дар ҳоле гуфта мешавад, ки бар асоси Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар моҳи августи имсол, арзиши маводи ғизоӣ дар бозори Тоҷикистон аз як то 85 дарсад афзоиш доштааст. Ба иттилои манбаъ, арзиши маводи ғизоие чун биринҷ, орд ва қанд аз шаш то як дарсад коҳиш доштааст. 

Ҳамин тариқ, агар дар соли 2027 ин масъала ҳал шавад, Стротежии рушди миллӣ тайи се сол метавонад амалӣ шавад? Дар посух ба ин суол бояд гуфт, ин кор баъид ба назар мерасад, зеро аҳдофе, ки дар он эълон шудаанд, беш аз 25 сол аст, ки дар атрофи онҳо фазосозӣ мешавад, аммо натаҷаи он то ҳол мушоҳида нашудааст. Бинобар ин, ин стротежӣ ҳам ба мисоли соири ваъдаҳо, бахусус эълони соли рушди бахшоҳое барои як ё якчанд сол ба фаромӯшӣ супорида мешаванду касе суроғашон намекунад. 

Хазонрез – Истеъфои масъулони баландпояи ҲНИТ

0

Дар рӯзҳои охири соли ҷорӣ ду масъули баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сафи ҳизб канор рафтанд.

Рӯзи 30-уми декабри соли 2025 Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии ин ҳизб, бо нашри баёнияи расмӣ дар Фейсбук истеъфои худро аз ҲНИТ эълон карданд.

Дар баёнияи муштараки ин ду узви Раёсати олии ҲНИТ сабаби истеъфояшонро баъди се даҳсола фаъолият дар ҲНИТ чунин баён намудаанд:

Мо эълом менамоем, ки баъди беш аз се даҳа фаъолият, аз фаъолият дар чорчӯби исломи сиёсӣ канорагирӣ мекунем. Ҷараёнҳо ва аҳзоби исломӣ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бахше аз ин ҷараён ва ҷаҳонбинӣ маҳсуб мешаванд. Мо дигар ҳеҷ гуна иртиботи фикрӣ ва ташкилотӣ бо ин ҷараён надорем.

Ҳамчунин ин ду масъули мустаъфии ҲНИТ дар баёнияи муштараки худ таъкид мекунанд, ки: “Мо бар ин натиҷа расидем, ки исломи сиёсӣ дар ниҳоят ба бунбаст мерасад. Ин тасмим сирфан бар асоси қаноати фикрӣ ва натиҷаи баррасии шахсии тулонӣ қабул гардидааст“.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов дар суҳбат бо Azda TV низ истеъфояшонро таъйид карданд ва ҷуз баёнияи кӯтоҳ шарҳи бештаре надоданд. Муовини раиси ҲНИТ Исломҷон Саидов низ дар суҳбати кӯтоҳе бо Azda TV истеъфои сухангӯ ва масъули равобити хориҷии ҲНИТ-ро таъйид карда гуфт: “Дар ҳақиқат онҳо истеъфояшонро расман дар ҷаласае, ки рӯзи 26.12.2025 баргузор гардида буд, эълон карданд ва ҲНИТ мавқеи расмии худро дар рӯзҳои наздик расонаӣ хоҳад кард.”

Аммо пеш аз эълони расмии истеъфо аз тарафи масъулини собиқи ҲНИТ, як рӯз пеш Абдуллоҳ Амониён дар Фейсбукаш пости кӯтоҳе навишта буд: “Нафаре, ки ба худ эҳтиром дорад ва ҳисси ҳақиқатшиносияш зинда аст, ҳатман ба ҳамон соате мерасад, ки бозиҳои шубҳаноки “роҳбарони ягона” барояш манфур мегарданд.
Ва ҳатман аз ин ҷамъ мегурезад!
Дуруд ба мардони ҳақшинос!”

Амониён дар суҳбат бо Azda TV таъйид кард, ки ин ишораи ӯ ба истеъфои ду масъули аршади ҲНИТ буд, аммо маълум нест, ки чӣ гуна ӯ пеш аз эълони расмӣ аз он хабар дошт.

Ин дар ҳолест, ки Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҳаракати «Ватандор», 18 соат пеш аз нашри изҳороти расмӣ дар Фейсбук истеъфои Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмовро расонаӣ кард. Ӯ зимни шарҳ ва ҷузъиёти истеъфои онҳо чунин навишт: “Рӯзи ҷумъаи муборак барои раиси исломиёни тоҷик номуборак омад. Дар маҷлиси ҳизб ду нафар шахсони калидии ҳизб – Маҳмудҷони Файзраҳмон, раиси равобити хориҷии ҳизб ва Бобоҷон Қайюм, сухангӯи ҳизб, истеъфо доданд ва эълон карданд, ки дигар узви ҲНИТ нестанд”.

“Рӯзи ҷумъа” – гуфтани Додоҷон Атовуллоев ба 26-уми декабр рост меояд, ки ҷаласаи ҲНИТ маҳз ҳамин рӯз сурат гирифт ва муовини раиси ҲНИТ Исломҷон Саидов низ онро таъйид кард.

Вокунишҳо ба истеъфои сухангӯ ва масъули равобити хориҷии ҲНИТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар зери баёнияи муштараки ин ду масъули ҳизб корбарон вокунишҳои зиёд кардаанд. Аз ҷумла, Иброҳим Саиднуриддин чунин навиштааст:

“Пайравони ростини ин дини комили илоҳӣ дар рӯи олам ҷомеаҳоро тарбият карданд, давлатҳо сохтанд, ихтироъҳо карданд, империяҳоро шикастанд, империяҳои қавӣ сохтанд, дар ҳама соҳаҳои рӯзгор пешрафтатарин буданд ва тибқи аҳкоми ин дин асрҳои мадид дар ҳар гӯшаи олам аз Ҳинд то Андалус давлатдорӣ намуданд. Ҳам масҷидӣ буданд ва ҳам парламентӣ. Ҳам намози шаб хонданд, ҳам дар сафи ҷанг буданд. Ҳам хатиби рӯи минбар буданду ҳам сафири давлати дигар. Онҳо барои олам намунаи бузурги инсоният ва давлатдориро нишон доданду рафтанд. Имрӯз мо на динамонро дуруст омӯхтем ва на онро дуруст татбиқ намудем ва дар натиҷа чун ба бунбаст гирифтор шудем, гуфтем: “Исломи сиёсӣ ба бунбаст мерасад”. Айби худро ба дигарон бастан айб аст, ба Ислом бастан айби бадтар аст, агар чизи дигар набошад”.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён:

Инсонҳо дар интихоби андеша ва роҳи сиёсӣ озоданд. Қарори шуморо эҳтиром қоил ҳастам. Вале инсон будан тақозо мекунад, ки аз одамоне, ки дар чорчӯби ин ё он андеша ё ташаккули сиёсӣ ранҷондаву озордида шудаанд, узр пеш оварда шавад. Ҳарду ҳам саломату сарбаланд бошед“.

Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви Раёсати Олии ҲНИТ:

“Шумо дар кадом ҳаракат, ҳизб ё созмоне мемонед ё аз он хориҷ мешавед, ҳаққи маънавии шумост. Аммо ин ки мегӯед исломи сиёсӣ ба бунбаст мерасад, дуруст нест. Лоақал шумо ин ҳақро надоред, ки баъди баромадан аз як ҳизби характери динидошта эълон бидоред, ки исломи сиёсӣ тобуташ омода шудааст”.

Абдуллоҳ Оқилзода:

“Диққат дар таъбир! Ислом дини яклухт аст. Ба сиёсӣ ва ғайрисиёсӣ ҷудо намешавад. Ҳеҷ ҷузъи ин дини пок ба бунбаст дучор намегардад. Ин мо ҳастем, ки ба бунбаст дучор мешавем”.

Истеъфои ин ду аъзои Раёсати олии ҲНИТ замоне сурат мегирад, ки чанд моҳ пеш Муҳаммадиқболи Садриддин, узви ин ҳизб, ба нишони эътироз ба ислоҳоти дохили ҲНИТ истеъфо дода, ҷунбиши “Ислоҳотхоҳон”-ро таъсис намуд. Аз замони баста шудани ҲНИТ дар соли 2015 бошад, собиқ муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадкарими Орзу низ истеъфояшро дар тӯйи писараш дар шаҳри Венаи Утриш эълон карда буд.

Тобистони соли ҷорӣ ҲНИТ бо ислоҳоти сохторӣ ва қабули оинномаи нав интихобот баргузор кард ва Муҳиддин Кабириро барои чор соли дигар интихоб намуд. Инчунин интихоби се муовин ва ворид кардани чанд нафар ба узвияти Раёсати олӣ сурат гирифт. Маълум нест, ки истеъфои сухангӯ ва масъули равобити хориҷӣ натиҷаи ҳамин ислоҳот аст ё на. Замон нишон хоҳад дод, ки ин ислоҳот ҲНИТ-ро ба куҷо мебарад ва ба чӣ хоҳад анҷомид.

Дар паси деворҳои симхорӣ чӣ мегузарад? Зиндонҳои Тоҷикистон ва бозӣ бо тақдири мардум

0

Дар бораи зиндонҳои Тоҷикистон маълумоти кам дастрас аст. Мақомот кӯшиш мекунанд оид ба вазъияти дохилии ин муассисаҳо шарҳи зиёде надиҳанд. Вале, бо вуҷуди ин, маълумоти мувассақ дар мавриди ин ки дар дохили зиндонҳо чӣ мегузарад ва зиндониён дар чӣ шароите нигаҳ дошта мешаванд, ба берун мебоарояд.

Низоми муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон на танҳо муассисаҳое ҳастанд, ки он ҷо инсон муҳлати муаяйнеро барои ҷиноятҳои содиркардааш мегузаронад, балки маконҳое ҳисоб мешаванд, ки барои аз ҷомеа ҷудо кардан ва тарсонидани мунтақидон ва мухолифон низ истифода мешаванд.

Имрӯзҳо дар кишвар 18 муассисаи ислоҳотӣ вуҷуд дорад. Аз онҳо, 8 муассисаи ислоҳотии низомашон гуногун, як зиндон барои ноболиғон ва як зиндони занона, 3 маҳбаси маскунӣ (колония-поселение) ва 5 боздоштгоҳи муваққатӣ фаъолият мекунанд.

Аз рӯи маълумоти расмӣ, дар ҳамаи ин муассисаҳои ислоҳотӣ ва боздоштгоҳҳо ҳудуди 15 ҳазор нафар нигоҳ дошта мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ қайд мекунанд, ки адади зиндонҳо дар кишвар кофӣ нест ва мақомот зиндонҳои нав бино мекунад.

Тавре аз аксҳои моҳвораӣ дида мешавад, дар зиндони Ваҳдат айни ҳол марҳилаи севвуми васеъкунӣ рафта истодааст. Дар 15 соли охир ҳудуди зиндон ва масоҳати умумии ҳуҷраҳо се маротиба бештар шудааст ва ҳоло ин бузургтарин зиндон дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Чунин корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳоҳи ислоҳотии Душанбе ва Бохтар низ ҷараён доранд.

Аз тарафи дигар, сохтмони зиндонҳои нав ба мантиқи режим созгор аст, зеро машинаи саркӯбгари он бо тамоми қувват фаъолият мекунад ва мардумро барои камтарин танқиду эрод таъқиб мекунад. Тасаввур кунед, аз моҳи апрели соли 2018 то майи соли 2025 мақомоти додгоҳӣ зиёда аз 1,5 ҳазор шаҳрванди кишварро танҳо барои “лайкҳо” ва “комментария”-ҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба муҳлатҳои гуногун ба ҳабс маҳкум кардаанд. Дар соли 2024 додгоҳҳои Тоҷикистон ҳатто як ҳукми сафедкунанда ҳам содир накарданд.

Коршиносони СММ, ки соли 2023 аз чанд зиндонҳои Тоҷикистон дидан карданд, дар гузоришҳояшон зикр карданд, ки ҳуҷраҳои зиндонҳо беш аз меъёр серодам буда, ба қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд, адади ташнобу ҳаммомҳо кофӣ нестанд.

Аз сабаби набудани тозагӣ, сатҳи пасти ёрии тиббӣ, шиканҷаҳои мунтазам сатҳи маргумири зиндониёни тоҷик хеле баланд боқӣ мондааст.

Вале маъмурияти зиндонҳои Тоҷикистон ҳамаи ин мушкилиҳоро ба фоидаи худ истифода мебаранд ва дастрасии зиндониёнро ба шароити муносиб ба як “тиҷорат” табдил додаанд.

Масалан, барои фиристодани маҳкумшуда ба зиндоне, ба маҳалли зисти оилаи ӯ наздик бошад, дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия наздиконаш гӯё дар бозор бошанд, савдо мекунанд, зеро барои ин аз онҳо маблағи муайяне талаб мекунанд. Арзиши он метавонад аз чандсад то чанд ҳазор доллар бошад. Агар маблағи зарурӣ нашавад, маҳбусро ба дуртарин зиндон мефиристанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва собиқ зиндониён ҳаҷми маблағҳои ситонидашавандаро ба ду қисми асосӣ – хурд ва бузург тақсим мекунанд.

Маблағҳои хурд барои лавозими зарурӣ ва хидматрасониҳои ҳаррӯза ситонида мешаванд. Масалан, барои расонидани ғизо, либос ва доруворӣ, ки хешовандон меоранд. Дар акси ҳол, метавонанд онро бо баҳонаи рӯйхати чизҳои манъшуда қабул накунанд, ё танҳо қисми хурде аз он ба маҳбус мерасад.

Илова бар ин, дар дохили зиндон нозирон бар ивази маблағе иҷозат медиҳанд, ки зиндониён бо телефонҳои оддӣ ё тавассути видеозанг аз телефонҳои нав бо берун тамос бигиранд.

Ҳамчунин, бар ивази маблағи иловагӣ дар ҳуҷраи васеътар ҷойгир шудан ё чанд бор дар як ҳафта ҳамом кардан мумкин аст. Дар зиндонҳое, ки зиндониён ба фаъолияти корӣ машғуланд, бар ивази маблағи иловагӣ маҳбусро ба гурӯҳе шомил кардан мумкин аст, ки аз корҳои вазнин озод карда шудаанд.

Маблағҳои бузург барои амалҳои низомии масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва маъмурияти зиндонҳо мебошанд. Бештар аз ҳама, аз хешовандон маблағҳои бузург барои кам кардани муҳлати ҷазо ё пурра озод шудан ҳангоми афви миллӣ талаб карда мешавад.

Маъмурият бисёр вақт маълумотномаҳои тиббии қалбакӣ омода мекунанд, то маҳбусро шомили авф намоянд. Арзиши чунин хидматҳо вобаста ба моддаи ҷиноятӣ метавонад аз чанд ҳазор то даҳҳо ҳазор доллар бошад. Дар ин корҳои коррупсионӣ на танҳо кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, балки додситонҳо ва додрасон низ иштирок мекунанд.

Роҳи дигари ситонидани маблағи бузург бо ҷой кардани маҳбус ба утоқи ҷаримавӣ (ШИЗО) мебошад. Маъмурият аз дараҷаи “равғанин” будани фиристодаҳо ва пардохтҳои ғайрирасмӣ хуб медонад, ки хешовандони ҳар маҳбус чӣ қадар имкониятҳои молӣ дорад. Нозирон ба чунин маҳбусон диққати махсуси медиҳанд ва бо хурдтарин баҳона нисбаташон протокол тартиб дода, ба утоқи ҷаримавӣ мефиристанд. Дар он ҷо ӯро шиканҷа мекунанд ва маҷбур месозанд, ки ба хешовандон занг занад, то барои озод кардани ӯ аз утоқи ҷаримавӣ маблағҳои калон пардохт кунанд. Арзиши чунин хидмат аз чанд сад то якуним ҳазор доллар мешаванд.

Инчунин навъи дигари ситонидани маблағ дар шакли “хидмат бар ивази хидмат” вуҷуд дорад. Маъмурият маҳбуси сарватмандеро пайдо карда, ошкоро пешниҳод мекунад, ки ба ивази муносибати хуб ва ҳимоя ба як фонди ғайрирасмии дастгирии кормандони зиндон маблағи муайян пардохт намояд. Чунин маҳбусонро гоҳ-гоҳ вазифадор мекунанд, ки шароити дохили зиндонро беҳтар кунанд, масалан, сохтмони масҷид, ҳаммомхонаҳо, ҳоҷатхонаҳо, ободонии саҳни зиндон ё таъмири ҳуҷраҳоро таъмин намоянд.

Масалан, соли 2019 маъмурияти зиндони Ваҳдат аз соҳибкори маъруф Зайд Саидов, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст, талаб кард, ки бинои нави бо ҳаммом ва ҳоҷатхонаҳояш бино кунад.

Дар зиндонҳое, ки зиндониён ба фаъолияти корӣ машғуланд, маъмурият ҳамеша маҳбусонро дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба кор маҷбур мекунад. Тавассути миёнаравҳо маъмурият барои истеҳсоли маҳсулоти металлӣ ва чӯбӣ фармоиш мегирад. Ҳамчунин маҳсулоти дар дохили зиндон истеҳсолшуда ғайрирасмӣ фурӯхта мешаванд, аз хишти оддӣ ва блокҳои сементӣ то молҳои истеъмолии ҳаррӯза.

Ба ибораи дигар, зиндонҳои Тоҷикистон барои роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва маъмурияти зиндонҳо манбаи даромади назаррас мебошанд. Ҳукумат низ инро хуб медонад. Бинбар ин, гоҳҳо аз роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муовинонаш талаб мекунад, ки саҳмгоузор бошад, масалан, дар ин ё он ноҳия таъмири роҳро маблағгузорӣ намоянд. Моҳи майи соли 2025 роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Мансур Умаров таъмири як роҳи дохилиноҳиявиро дар зодгоҳаш ноҳияи Фархор маблағгузорӣ кард.

Собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз зиндон озод шуд

0

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ва яке аз мухолифони Эмомалӣ Раҳмон аз зиндон озод шуд.

Темур Тошев, бародари Маҳмадрӯзӣ Искандаров, дар суҳбат бо Azda TV гуфт, ки бародарашро рӯзи 27 декабр, соати панҷи субҳ, аз зиндон озод кардаанд ва масъулони зиндон ӯро ба хонаашон овардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоли Искандаров хуб аст, вале феълан акси наве аз ӯ дар даст нест.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар умум ба 23 соли зиндони маҳкум шуда буд, вале бадтар 2 сол аз ҳукмаш авф шуд ва пас аз сипарӣ кардани 21 сол пушти панҷараҳои зиндон, имрӯз ба озодӣ баромад.

Ёдовар мешавем, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) буд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ, аз ҳисоби саҳми 30-дарсадии мухолифин, ба мансаби раиси ширкати давлатии «Тоҷикгаз» расид ва соли 1999 раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд.

Искандаров дар пайи мухолифатҳо бо ҷоҳталабиҳои Раҳмон ва тағйири Қонуни асосӣ аз мансабҳои давлатӣ барканор карда шуд ва соли 2004 ба Маскав рафт. Дар ҳамон сол ӯ дар Русия бо дархости Тоҷикистон боздошт гардид, вале дар баҳори соли 2005 озод шуд.

Аммо 15-уми апрели соли 2005 Искандаров дар Маскав бедарак шуд ва ба таври ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон истирдод гардид. Додгоҳи Олии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2005 ӯро ба 23 соли зиндон маҳкум кард бо иттиҳоми ташкили ҳамла ба Шуъбаи корҳои дохилӣ (ШКД) ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати дороиҳои «Тоҷикгаз», нигаҳдории силоҳ ва доштани муҳофизони шахсӣ.

Созмони Милали Муттаҳид боздошти Искандаровро худсарона дониста, хоҳони озодии фаврии ӯ шуда буд, аммо ҳукумати Тоҷикистон ба ин дархост ҳеҷ эътиное накард ва Искандаров 21 соли умрашро пушти панҷараҳои зиндон сипарӣ намуд.

Таҳримҳои Аврупо бар зидди бонкҳои Тоҷикистон

0

Интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷик аз Русия тавассути бонкҳо ҳанӯз дучори мушкили ҷиддӣ нашудааст. Вале, он идда аз шаҳрвандони кишвар, ки аз Аврупо ва Амрико маблағ интиқол медиҳанд, наметавонанд мисли пешина роҳат интиқол диҳанд ва ё дигар муомилоти бонкӣ анҷом диҳанд.

Сухан аз се бонк: “Коммерсбонк”, “Спитаменбонк” ва “Душанбе-Сити” меравад, ки дар чорчӯби бастаи 19-уми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия таҳти таҳрим қарор қарор гирифтанд.  

“Коммерсбонк”, “Спитаменбонк” ва “Душанбе-Сити”, се муассисаи молиявии Тоҷикистон аз нимаи дуввуми моҳи ноябри соли ҷорӣ таҳти таҳримҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо қарор дода шуданд. 

“Спитаменбонк” ба Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, “Коммерсбонк” ба Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва “Душанбе – Сити”, ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе – духтарҳо ва писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ доранд, ки аз сӯи Иттиҳоди Аврупо дар давр задани муқаррароти таҳримҳои ҷорикардаи ин Иттиҳод алайҳи Русия гумонбар шинохта мешаванд.

Дар доираи муқаррароти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо муассисаҳо, ширкатҳо, муштариҳои ҷудогона иҷозаи ҳамкорӣ ва муомила бо ин се бонки тоҷикиро аз даст доданд ва ҳақ надоранд, кадом амалиёти бонкӣ бо ин бонкҳо анҷом диҳанд. 

Бино бар талаботи ин таҳримҳо, муомилаву додугирифт бо ниҳодҳое мамнуъ аст, ки ба Русия ба таври мустақим ва ё ғайримустақим маҳсулоту фанновариҳои истифодаашон дугонаро содирот мекунанд, мефурӯшанд ва интиқол медиҳанд. Дар қарор доир ба эъмоли ин таҳримҳо таъкид шудааст, ки “дар феҳраст, муассисаҳои мушаххаси кишварҳои севвум шомил карда шудаанд, ки аз роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молҳо ва технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегиранд.”

Дар пайи эълони ин таҳримҳо мақомоти Тоҷикистон ба шумули Вазорати хориҷӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон фавран вокуниш нишон доданд. Вазорати хориҷӣ  гуфт: “Ҳукумат вазъи кунуниро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати то ҳадди ақал коҳиш додани оқибатҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад.”

Бонки миллии Тоҷикистон 24-уми октябр, як рӯз баъд аз нашри қарори Шӯрои Аврупо, дар вебсайташ навишт: “Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ташкилоти қарзии молиявӣ ва мақомоти дигари ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор медиҳад. Амалиёти бонкии дохили кишвар, хидматрасонии ҳисобҳо, кортҳо, банкоматҳо, замимаҳо ва хидматрасониҳои электронӣ тибқи нақша иҷро мегарданд.”

Худи ин бонкҳо, аз ҷумла “Спитаменбонк” гуфт: “Мо фавран стратегияи коҳиш додани таъсир ва хавфҳоро таҳия карда, ҳамзамон муколамаи созанда бо мақомоти танзимкунандаи кишвари худ ва Иттиҳоди Аврупоро оғоз кардем”. “Коммерсбонк” бошад, қарори таҳримро “беасос” ҳисобида, вале “Душанбе-Сити” гуфт, кадом тағйироте дар низоми кории онҳо пеш наомадааст ва фаъолияташ идома дорад.   

Таҳрими ин бонкҳо тавассути  Иттиҳоди Аврупо то куҷо ба бозори молиявии Тоҷикистон асар гузоштааст, ҳанӯз номаълум аст. Вале ба гуфтаи коршиносон, ин бонкҳо бонкҳои муҳимм ва низомсози кишвар нестанд.  

Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон, ба расонаҳо гуфтааст ин таҳримҳо асосан ба имиҷи Тоҷикистон зарба мезананд ва боиси обрӯрезӣ хоҳанд шуд:

“Тоҷикистон ва ин се бонк, ки ба фикрам 20 дарсади амонатҳои мардумро нигоҳ медоранд, бештар ба Русия ва Чин нигаронида шудаанд, то ба Аврупо. Мақсади таҳримҳо ин нест, ки кори онҳоро маҳдуд кунанд. Онҳо дар дохили кишвар ба кори худ идома медиҳанд ва мушкили ҷиддие пеш намеояд. Вале барои интиқоли пул ба Аврупо ё аз байн бурдани ширкатҳое, ки дар соҳаи бонкӣ ба Русия барои давр задани таҳримҳо ёрӣ мерасонанд, дар ин бахш, бале, натиҷабахш мешавад. Мақсади таҳримҳо ҳам ҳамин аст.”

Аммо ҷаноби Аҳмадов гуфтааст, ин таҳрим барои Тоҷҷикистон ҳатман асар хоҳад кард:  “Мардум метарсанд. Масалан, на ҳама абзорҳои бонкии онҳо кор хоҳанд кард, манзурам Visa ва Mastercard. Онҳо дар Аврупо ва берун аз Тоҷикистон кор нахоҳанд кард. Ин бисёр бад аст. Дуюм ин ки мардум ҳамеша аз ҳама гуна маҳдудияту таъсирҳои байнулмилалӣ ба кори бонкҳо ҳарос доранд. Шояд ҳам як миқдор муштариҳо бонкҳоро тарк кунанд. Ва инак, ин ки ба навиштаи баъзе аз расонаҳо, ин бонкҳо ба раҳбарияти олии Тоҷикистон рабт доранд, шояд онҳо ба хотири кам кардани обрӯрезӣ барои ислоҳи вазъ баъди ин хеле талош ба харҷ хоҳанд дод”.

Аммо  Томаш Востовски, коршиноси ғарбӣ дар расонаҳо аз ӯ ба унвони мушовири роҳбурдӣ зикр шудааст, дар тавзеҳи қарори таҳри Иттиҳоди Аврпуо дар қиболи ин се бонки Тоҷикистон гуфтааст: “Ширкатҳои тоҷикистонӣ ба феҳристи сиёҳи таҳримҳо бо он асос ворид карда шуданд, ки дар амалиёти аз дидгоҳи Иттиҳоди Аврупо мамнуи бонкӣ мусоидат кардаанд. Сабаби асосие, ки бонкҳои тоҷикистонӣ таҳрим шуданд, ин аст, ки онҳо барои пардохтҳои пулии ташкилот ва шахсиятҳои шомили феҳристи сиёҳ мусоидат кардаанд.”

Зимнан, на фақат ин се бонк, Бонки байналмилалии Тоҷикистон, “Тавҳидбонк” ва “Ориёнбонк” низ аз наздикони Раҳмонанд. Бахусус Ориёнбонк, ки суратҳисобҳои бузургтарин корхонаҳои Тоҷикистон, мисли “Роғун”, “Талко”, “Сомон Эйр” ва бештари вазорату ниҳодҳои давлатӣ, масалан ширкати “Барқи тоҷик”-ро дар ихтиёр дорад, аз ин таҳримҳо дар канор мондааст, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон, дар инҷо низ Иттиҳоди Аврупо муносибати дугона ва ё духӯра нишон додааст. Агар тасмими ин Иттиҳод барои муҷозоти Тоҷикистон ҷиддӣ буд, пеш аз ҳама “Ориёнбонк” шомили он мегардид. 

Чаро Аврупо барои саркӯби мухолифин, зиндониёни сиёсӣ, шиканҷа ва куштори тазоҳуротгарон дар Бадахшон мақомоти Тоҷикистонро таҳрим накард, вале барои Украина кард?

Иттиҳоди Аврупо аз шароити  вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва муносибати зӯргӯёна ва хушунатбори ҳукумати Тоҷикистон бо ҷомеаи маданӣ ва мухолифин огоҳ аст.

Созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон мустақар дар кишварҳои урупоӣ роҷеъ ба ҳодиса ва ҳолатҳои саркӯби мухолифин, вазъияти зиндониёни сиёсӣ, адами шаффофият дар бозрасии парванда ва иттихози ҳукмҳои ноодилона, шиканҷа ва куштори тазоҳуротгарон дар Бадахшон, маргҳои машкукуи зиндониёни сиёсӣ, адами озодии расона ва динӣ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ вокуниш ва аз ҳукумати Тоҷикистон гоҳо бо лаҳни тунд интиқод кардаанд.

Ахиран дар ҳамоиши ёздуҳуми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонвакилони Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ҳуқуқи бунёдии мардумро муроот кунанд ва ба зидди тамоми навъи табъиз дар кишвар мубориза баранд. Ин ҳамоиш рӯзи 19-уми ноябр дар шаҳри Брюсел баргузор шуд. Ва ҳамчунон расонаҳо навиштанд:- “Иттиҳоди Аврупо дар ин нишаст аз фишори ҳукумати Тоҷикистон ба ҳомиёни ҳуқуқу хабарнигорон ва фазои маҳдуд барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ изҳори нигаронӣ ва аз намояндагони ҳукумат хоста шудааст, онҳоеро ба ҷавобгарӣ бикашанд, ки соли 2022 ба зидди тазоҳургарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз нерӯи беш аз ҳад истифода карданд”.

Ҳанӯз чанд соли қабл бархе аз созмонҳои байналмилали урупоӣ пешниҳод ва тавсия дода буданд, ки баъзе аз мақомоти тоҷик, ки дар куштори бадахшониҳо, зиндонсозӣ ва саркӯбҳо даст доранд, таҳти таҳрим қарор бигиранд ва дар ин васат аз СС.Ятимов, раис КДАМ –и Тоҷикистон ном бурда буданд. Созмони “Хонаи Озодӣ”, Кумисюни байналмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ ва Кумитаи норвежии Ҳелсинки талаб карда буданд, ки чанде аз чиновникҳои Тоҷикистон таҳти “таҳримҳои ҳадафмандона” қарор дода шуда, ҳисобҳои бонкӣ ва вуруди онҳо ба Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида масдуд ва манъ карда шавад ва дар ҷиҳати расонидани кумакҳои молиявӣ ва низ қарз додан ба барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон бознигарӣ бикунанд.

Инро ҳам мешавад ёдовар шуд, ки ҳизбу ҳаракатҳои умдаи мухолифин, шахсиятҳои саршинос, расона ва шабакаҳои оппозитсионӣ, шумори зиёди паноҳандаҳои сиёсии тоҷик дар кишварҳои урупоӣ маҳалли амн пайдо кардаанд ва даҳ сол мешавад, ки муборизаи онҳо бар муқобили режими Душанбе маҳз аз Аврупо идома дорад. Ҳузури пурранг ва муассири мухолифин дар Аврупо то ҳадде пешрафт кард, ки ҳукумати Тоҷикистон дар чанд нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бохт ва ночор шуд ширкат дар онро қатъ кунад.

Моҳи октбри соли равон дар нишасти солонаи САҲА дар мавриди ҳуқуқи башар дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) баргузор гардид. Илҳомҷон Ёқубов, ҷонишини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз минбари ин созмон дар бораи фишору таъқиби рӯзноманигорон ва аъзои хонаводаи мухолифон суҳбат карда, аз  САҲА хост, шикояти мухолифин ба Додгоҳи байналимллалии ҷиноӣ зидди Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ кунанд.

“Вақте парвандаҳои Александр Лукашенко ва Владимир Путин ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (МУС) ирсол шуданд, як қатор давлатҳои аврупоӣ расман ин даъворо дастгирӣ карданд, ки ин иқдоми дуруст буд. Мо низ, бо дастгирии чандин созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар алайҳи ҳукумати кишвари худ ба ин додгоҳо шикоят кардем, аммо то ҳол ягон кишвари аврупоӣ ин шикоятро дастгирӣ накардааст”.

Зимнан дар ин ду-се соли ахир мавориде пеш омад, ки чанде аз мухолифини тоҷик, ки аз ҳукумати Тоҷикистон ба ин кишварҳо паноҳ оварда буданд, ба Тоҷикистон таслим карда шуданд. Бар изофа ҳамоно муассисаҳои молиявии урупоӣ барои тарҳҳои давлати Тоҷикистон ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ мекунанд.  

Аз ин ҷост, ки намояндагони нерӯҳои оппозитсионии тоҷик ҷомеаи байналмилалӣ ва бахусус Иттиҳоди Аврупоро ба бархӯрди дугона бо вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Дар ҳамин нишасти ахири САҲА намояндаи “Гурӯҳи 24” аз масъулини  ин созмон даъват кард, ки узвияти Тоҷикистон дар ин созмонро қатъ кунад.

Аммо бархе аз роҳбарони мухолифин, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ дар бархе аз суҳбатҳояш фишор бештар наовардан болои режимҳои худкома дар Осиёи Марказӣ аз тарафи Иттиҳои Аврупоро тавре тавзеҳ кард, ки дар ин сурат ин кишварҳо бештару бештар дар оғӯши Чин ва Русия хоҳанд рафт. 

Аммо воқеият чизи дигар аст. Дар Украина ҷанг рафта истодааст. Украина, ки як кишваре нимаурупоист ва талош дорад ба Иттиҳоди Аврупо шомил шавад, мавриди таҷовузи беҷиҳати Русия қарор гирифтааст ва урупоиҳо бо дифоъ аз Украина, мисле ки ояндаи худро аз ҳамла ва таҷовузи эҳтимолии Русия муҳофизат карда истодаанд.

Бар илова, Аврупо дар ҷанги Украина миллиардҳо масраф кардааст. Ва оянда низ ҳазинаҳои зиёде барои барқарории баъдиҷангии Украина хоҳад кард. Аврупо бо тамоми абзор ва имкон болои Русия фишор хоҳад овард. Ва воқеият ин аст, ки Иттиҳоди Аврупо аз Украина бештар ҳимоят хоҳад кард.

Мавзеъгирии қотеъонаи Иттиҳоди Аврупо дар қиболи Русия дар қиёс бо Тоҷикистонро метавон аз ҳамин манзар арзёбӣ кард.

 Оё ин аввалин ва охирин таҳрим аст ё боз идома хоҳад дошт?

Пешбинии он ки таҳрими ин се бонк охирин муҷозоти байналмилалии Тоҷикистон хоҳад буд ё боз ҳам чунин таҳримҳо пеш меояд, бастагӣ ба мавзеъгирии Тоҷикистон ба ҷанги Русия алайҳи Украина хоҳад дошт. 

Агарчи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳое, мисли Тоҷикистон борҳо ҳушдор доданд, ки дар додугирифт бо Русия ва корхонаҳои русӣ ва тоҷирони рус, ки ба иллати таҷовузи ин кишвар бар алайҳи Украина таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор гирифтаанд, иҷтиноб варзанд.

Аммо Тоҷикистон ва ҳукумати он, ки вобастагиҳои зиёди иқтисодиву молиявӣ ва низомӣ аз Русия дорад, ин ҳама ҳушдорҳоро сарфи назар кард. Воқеият ин аст, ки устувории низоми бонкии Тоҷикистон аз интиқоли пулҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия вобаста аст. Бад-ин ҷиҳат, дар оянда низ, имкони вориди феҳристи сиёҳ ва ё ҳамон санксия шудани корхона ва муассисаҳои дигари Тоҷикистон ба хотири Русия вуҷуд дорад.

Қаблан Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ширкати “Газпромнефт”-и Тоҷикистонро, ки бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро аз ҳисоби фаровардаҳои нафтии Русия таъмин мекунад, таҳрим кард.

Моҳи июни соли 2024 бошад “БТК Групп”- як ширкати дигари русӣ, ки муассис ва манфиатбари он Таймураз Боллоев, яке наздикони Владимир Путин, президенти Русия гуфта мешавад, низ ба ин далел, ки билофосила баъди ҷанги Русия бо Украина дар Тоҷикистон ба фаъолият пардохт ва замини зиёди панба, беш аз панҷунимҳазор гектар ба иҷора гирифт, ду корхонаи нассоҷӣ дуруст карда ва аз Тоҷикистон ба низомиёни русӣ сарулибоси ҷангӣ содир таҳрим карда буд. 

Аммо, коршиносон мегӯянд, ки дар бастаҳои баъдии таҳримҳо ворид шудани Тоҷикистон барои муассисаҳои молиявии ин кишвар ва ҳукумати Тоҷикистон дар оянда дардисарсоз хоҳад шуд, чунки дигар муомила ва ҳамкориҳои молиявӣ ба он навъе, ки қаблан вуҷуд дошт, сурат нахоҳад гирифт.

Дар сурати итоат накардани муқаррароти Иттиҳоди Аврупо имкон ва эҳтимол дорад содироти колоҳои асосӣ, масалан алюминий, пахта ва маъданҳои табиӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ ва кишварҳое, ки дар коркарду фурӯши ин колоҳо бо Аврупо муомила доранд, қатъ карда шавад.

Низ ширкатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ, ки феълан дар Тоҷҷикистон кор мекунанд, масалан дар комбинати куҳии Анзоби Айнӣ ва ё сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ночор мешаванд қатъи фаъолият кунанд.

Аврупо баъд аз соли 2022 таҳримҳои мумкинро ба манзури заиф сохтани тавоноии ҷангии Русия бар муқобили Украина дар чанд давра ҷорӣ кард. Қарор аст, дар идома ин таҳримҳо кишварҳои сеюм ва ёрирасони Маскавро бештар фаро бигирад. Аз ин хотир, фишор болои онҳо дар ояндаи наздик то рафт зиёд мешавад. Тоҷикистон дар чунин вазъ ба бадтарин ҳолат гирифтор хоҳад шуд. Аз як сӯ сахт вобастаи Русия аст аз тарафи дигар бахши аъзами манобеи молиявии худ барои такмил кардани бюҷети давлатиро аз даст хоҳад дод.

Орзуи бозигарии минтақа дар ҷомаи “ҳомии тоҷикони ҷаҳон”

0

Бо сарнагун шудани ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон мақомоти Тоҷикистон мавқеи шадид ва оштинопазири худро бар зидди ҳукумати Толибон эълон карданд.

Ҳанӯз 2-юми сентябри соли 2021, замоне ки Толибон қариб тамоми Афғонистонро тасхир карда буданд ва ба охирин вилояти саркаш – ба Панҷшер ҳуҷумро оғоз карданд, Эмомалӣ Раҳмон Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъудро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид. Ин худ як ишораи равшан бар он буд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо Толибон дӯстӣ карданӣ нест, балки ҳамеша мухолиф хоҳад монд.

Суханҳои минбаъдаи мақомоти Тоҷикистон ва шахсан раисҷумҳур низ равшану ошкор буд: Тоҷикистон ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба расмият шинохтанӣ нест. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз минбарҳои баланди дохилӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ Толибонро танқид мекард, иддао дошт, ки ин ҳукуматро қабул надорад ва бо садои баланд нигаронии ҷиддииро худро “оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон”, бахусус тоҷикони Афғонистон изҳор мекард.

Зиёда аз ин, Раҳмон тамоми созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳонро даъват мекард, ки ба тақдири Афғонистон бетафовутӣ накунанд, зеро хоки кишвар метавонад ба “маркази терроризми ҷаҳонӣ” табдил ёфта, ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ намояд. Ба назари Раҳмон, вазъият дар Афғонистон пеш аз ҳама ба Тоҷикистон таъсири бевосита дорад.

Раҳмон дар чеҳраи Толибон ҳамчу як қувваи яроқбадасте, ки худро исломгаро медонад, хатари ҷиддиеро медид.

Бояд қайд кард, ки мавқеи шадиди Душанбе на танҳо дар вокуниш ба омадани Толибон ба сари қудрат дар кишвари ҳамсоя буду бас, балки мантиқ ва сиёсати дохилии ҳукумати Раҳмонро инъикос мекард. Ҳукумати Раҳмон чун анъана ба ҳар як қувваи исломгаро ҳамчун таҳдид ба сохтори давлаташ назар мекунад. Маҳз ҳамин мантиқи Раҳмон ва ҳукуматаш тасаввуреро дар онҳо пайдо кард, ки комёб шудани як ҳаракати исломгарои мусаллаҳ дар кишвари ҳамсоя метавонад дар дохили Тоҷикистон чунин ақидаву фикрҳоро эҷод намояд. Аз ин рӯй, мавқеи шадиди Раҳмон на танҳо ба хориҷи кишвар, балки ба даруни кишвар низ паёми возеҳ мефиристод, ки ҳар як чунин ҳаракату ақидаҳо ҷиддӣ гирифта шуда, вокуниш ба онҳо низ шадиду оштинопазир хоҳад буд.

“Ҳомии тоҷикони ҷаҳон” ва даъвоҳои популистӣ

Ҳамчунин, аз фурсати муносиб истифода бурда, Раҳмон хост худро “ҳомии тоҷикони ҷаҳон” муаррифӣ намояд. Маҳз бо ҳамин ҳадаф Тоҷикистон ба қувваҳои мухолифи Толибон, ки аксаран аз тоҷикони Афғонистон ташаккул ёфта буданд, муваққатан дар хоки Тоҷикистон паноҳгоҳ дод ва барояшон озодии комил дод, ки бар зидди Толибон фаъолияти сиёсӣ баранд. 

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки роҳбарияшро Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ба уҳда дошт ва аз боризтарин мухолифони Толибон буд, дар Душанбе мустақар шуд.

Тоҷикистон яке аз ангуштшумор кишварҳое дониста шуд, ки расман аз мухолифони Толибон ҳимоя кард.

Бояд ба назар гирифт, ки истифодаи масъалаи “ҳомии тоҷикони ҷаҳон” будани Душанбе василае барои пешбурди манфиатҳои Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ низ буд. Дар пасманзари он ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба Афғонистон як ҳолати фазои номуайнӣ ҳукмрон буд ва роҳбарияти аксари кишварҳо намедонистанд бо ин воқеияти нав чӣ гуна муносибат кунанд, Раҳмон талош мекард Тоҷикистонро ба ҳайси бозигари калидӣ дар минтақа муаррифӣ кунад ва бо ин ӯ метавонад манфиатҳои як гурӯҳи муҳимеро дар минтақа, яъне тоҷикони Афғонистонро намояндагӣ намояд. Бо ин кор Раҳмон талош мекард диққати абарқудратҳо, аз ҷумла ИМА, Фаронса ва Ҳиндустон – кишварҳое, ки чун анъана бо Толибон душманӣ доранд, ба худ бештар ҷалб кунад.

Воқеан чунин ҳам шуд: аллакай моҳи октябри 2021 Раҳмонро ба Фаронса ва ноябри ҳамон сол ба Амрико даъват карданд.

Вале нақшаҳои Раҳмон амалӣ нагаштанд, зеро Тоҷикистон ҷуз садои баланд дигар чизе натавонист пешниҳод кунад – на кумаки ҳарбӣ ба тоҷикони Афғонистон ва на фишангҳои сиёсӣ барои фишор ба Толибон. Абарқудратҳо низ зуд дарк карданд, ки имкониятҳои ҳукумати Раҳмон дар ин самт умедворкунанда нестанд ва таваҷҷуҳи худро ба дигар тараф равона карданд. Ҳамин тавр, орзуҳои баландпарвозонаи Раҳмон дар бораи бозигари калидӣ шудан дар минтақа зуд фаромӯш шуд.

Тағйири сиёсатҳо ва ронда шудани мухолифон

Унвони болохонадори “ҳомии тоҷикони ҷаҳон” барои Раҳмон дер давом накард, зеро аллакай соли 2022 Аҳмад Масъуд ба Аврупо интиқол ёфт. Агарчи баъзе аз чеҳраҳои маъруфи тоҷикони Афғонистон ҳоло дар Душанбе буданд, вале фаъолияти сиёсии онҳо бамаротиб коста шуда буд. 

Сабаби аз Душанбе хориҷ шудани Аҳмад Масъудро баъзе коршиносон дар беҳтар шудани муносибати Русия бо Толибон аз як тараф ва дар нисбатан нарм шудани мақомоти Тоҷикистон ба ин ҳаракат аз тарафи дигар тахмин заданд. 

Тавре баъзе коршиносон қайд карданд, мақомоти Тоҷикистон доираи фаъолияти мухолифони афғонро дар Тоҷикистон хеле танг карданд ва роҳбарияти мухолифон маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд. 

Ҳамчунин хабарҳое нашр шуд, ки мухолифони афғонӣ бо кирдору гуфтори худ ба “амнияти дохилии Тоҷикистон хатар” эҷод карданд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон аз он хабардор шуд.

Дар муқобили ин, бархе расонаҳои мухолифи афғонистонӣ хабар доданд, ки баръакс, фаъолияти кофӣ надоштани Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон боис шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон онҳоро берун кунад. Ба қавли ин расонаҳо, дафтари ин ҷабҳа дар Душанбе ба “гирифтани пулҳои кумакӣ” ва “мусофирхонае” барои онҳое, ки зану фарзандонашон дар хориҷ зиндагӣ мекарданд, табдил шуда буд.

Ба назар мерасад, фаъолияти кофӣ надоштани ҷабҳаи Аҳмад Масъуд наметавонад боиси берун кардани ӯ аз Душанбе бошад, зеро ин ҷабҳа аз хоки Тоҷикистон имконияти кофие барои мубориза надошт. Муборизаи бо яроқ бар зидди Толибон аз хоки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба роҳ монда нашуда буд. Аммо фаъолияти сиёсӣ бошад, аз хориҷ таъсири кофие надошт. Дуруст аст, ки Аҳмад Масъуд бо чанд намояндаҳои кишварҳои абарқудрат, аз ҷумла Чину Русия мусоҳибаҳое дошт, вале аз ин вохӯриҳо натиҷаи назаррасе ҳосил нашуд.

Аз тарафи дигар, Толибон тавонист дар ин вақт бо тамоми тарафҳо мусоҳибаҳои бомуваффақияте гузаронад ва робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дипломатиро ба роҳ монад.

Илова бар он, омилҳои хориҷӣ, бахусус тағйирот дар фазои сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ таъсири худро расонид. Русия, ки шарики асосии Тоҷикистон дар соҳаи амният ба шумор меравад, тадриҷан мавқеи худро тағйир медод ва аз гуфтугӯй бо Толибон канорагирӣ намекард. Ҳамзамон Чин низ бо Толибон гуфтушунидҳои фаъолонаро оғоз кард, зеро ҳифзи манфиатҳои ин кишвар дар тангаи Вахон зимни лоиҳаи “Як камарбанд – як роҳ” инро тақозо мекард. Дар чунин фазо мавқеи Душанбе танҳо ва фарқкунанда боқӣ монд.

Мақомоти Тоҷикистон зери фишори ҳолати тағйирёбандаи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон маҷбур шуд мавқеи худро дар рӯбарӯи Толибон нармтар кунад ва дар муқобил доираи мухолифони афғонро дар хоки Тоҷикистон танг намояд. 

Дар ин байн, бо вуҷуди танқиди шадид ва иттиҳом ба табдил додани хоки Афғонистон ба “маркази терроризм”, охири соли 2021, яъне ҳамагӣ се моҳ пас аз ба сари ҳукумат омадани Толибон, мақомоти тоҷик бо Толибон қарордодеро барои интиқоли 1,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба Афғонистон ба маблағи умумии 69 миллион доллар баста буд.

Аз таҳлилҳои зоҳирӣ ба назар мерасад, Тоҷикистон бо Толибон дар оғоз, яъне охирҳои соли 2021 ва аввалҳои соли 2022 аз рӯи принсипи “дар сиёсат – сард, дар иқтисод – гарм” амал кардааст. Яъне, дар сиёсат бо ҳамдигар душман ва мухолиф буданд, вале робитаҳои иқтисодӣ хуб ва рӯ ба инкишоф буданд.

Аммо, ба назар мерасад, бо гузашти вақт омилҳои иқтисодӣ яке аз муҳимтарин сабабҳое шуданд, ки Душанбе оҳанги худро тағйир дод. Афғонистон барои Тоҷикистон бозори асосӣ ва стратегие дар содироти барқ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар давраи ҳукумати Ашраф Ғанӣ Тоҷикистон ба Афғонистон солона ҳудуди 1,2 то 1,3 миллиард кВт/соат барқ мефурӯхт. Раҳмон намехост ин харидори асосиро, ки иттифоқан барқро бо нархи аз ҳама баланд харидорӣ мекард, аз даст диҳад. Минбаъд ҳаҷми умумии содироти барқ ба хориҷ ҳар сол афзоиш меёфт, вале ҳукумат тафсилоти онро пинҳон мекард ва ба Афғонистон чӣ қадар содир шудааст, хабар намедод. Мешавад тахмин зад, ки афзоиши фурӯши барқ маҳз аз ҳисоби Афғонистон буд ва маҳз аз ин сабаб мақомот ин оморро пинҳон карданд.

Задухӯрдҳо дар марз

Илова бар танишҳои сиёсӣ, дар марзи муштараки кишварҳо низ задухӯрдҳои зиёде рух доданд, ки аз ҳарду тараф куштаву захмӣ ба ҷо гузоштанд.

Задухӯрдҳо бештар чанд сабаби асосӣ доштанд:

  1. Задухӯрдҳо бо қочоқчиёни маводи мухаддир, ки одатан байни низомиёни тоҷикистонӣ ва қочоқчиён сурат гирифтаанд. 

Чунин задухӯрдҳои мусаллаҳ дар чор соли ахир чанд мартиба сурат гирифтаанд. Танҳо дар нимаи аввали соли 2025 бештар аз даҳ задухӯрди мусаллаҳ ба қайд гирифта шудааст. Ин намуди задухӯрдҳо бештар аз ҳама дида мешаванд.

       2. Задухӯрд бо нерӯҳои Толибон

Моҳҳои август ва октябри соли ҷорӣ байни марзбонони Тоҷикистон ва нерӯҳои Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон – ҳаммарз бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон чанд задухӯрд сурт гирифт, ки дар натиҷа чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд. Сабаби онро расонаҳои афғонистонӣ тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйии ширкатҳои чиниву афғонистонӣ ва монеъ шудани марзбонони Тоҷикистон ба он гуфтанд. Тарафи Тоҷикистон қазияро шарҳ надод. 

      3. Задухӯрд бо ҷангҷӯёни тоҷик, ки дар хоки Афғонистон фаъол ҳастанд.

Соли 2023 чанд маротиба аз ворид шудани ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ, ки аз хоки Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуданд ва байни онҳо ва нерӯҳои амниятии кишвар задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, хабарҳо расонаӣ шуд. Дар натиҷаи ҳадди ақал ду ҳолати алоҳида панҷ нафар ҷангҷӯён кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, онҳо аъзои гурӯҳи мамнуи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” буданд. 

       4. Задухӯрд ё ҳамлаҳо аз тарафи шахсони номаълум, ки на мақомоти тоҷик ва на Толибон аз онҳо ном бурданд

Моҳи ноябри соли гузашта ва ахиран ноябри соли ҷорӣ аз тарафи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ҳадди ақал се ҳамлае сурат гирифт, ки дар натиҷаи он ҳудуди 10 нафар кушта ва чанд нафар захмӣ шуданд. Ҷолиб ин аст, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо ҳамаи кушташудаҳо шаҳрванди Чин буданд, ки дар ширкатҳои тилло кор мекарданд. Аз ҳадди ақал панҷ нафар захмиҳо танҳо як нафар шаҳрванди Тоҷикистон буда, боқимондаҳо низ чиниҳо буданд. На мақомоти тоҷик ин ҳамлаҳоро шарҳ доданд ва на Толибон. Маълум нашуд, ки аз хоки Афғонистон кӣ ба чиниҳо ҳамла кардааст. Ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои ифротӣ низ масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифт. 

Коршиносон тахмин мезананд, ки ҳам мақомоти тоҷик ва ҳам Толибон медонанд, ки ҳамлаварҳо кӣ ҳастанд, вале бо кадом сабабе онро ошкор намекунанд.

Эҳтимол меравад, ки ин ҳамлаҳоро яке аз гурӯҳҳое, ки бо Тлоибон ҳампаймон аст, анҷом дода бошанд. Агар чунин аст, аз эҳтимол дур нест, ки гурӯҳҳои яроқбадасти уйғур бошанд, чун ҳамлаҳо танҳо ба чиниҳо сурат гирифтааст.

Эҳтимоли дигар он аст, ки ин корро мақомоти тоҷик ташкил карда бошанд, то барои Раҳмон як имтиёзи сиёсие дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, чун Тоҷикистон то ҳол таъкид мекунад, ки аз хоки Афғонистон ба кишвар то ҳол хатар таҳдид мекунад.

Ҳамчунин ҷолиб аст, ки пас аз ҳамлаи ахир Вазорати хориҷии Тоҷикистон Толибонро дар таъмин накардани амният айбдор карда, иддао кард, ки Тоҷикистон талошҳои мунтазам “ҷиҳати ҳифзи амният” мекунад, вале “гурӯҳҳои ҷинояткор” аз қаламрави Афғонистон вазъи сарҳадиро халалдор мекунанд.

Ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Тоҷикистон

Бо вуҷуди вахим шудани вазъият дар Афғонистон пас аз омадани Толибон, Тоҷикистон муҳоҷирони гурезаи афғонро хеле кам қабул кард, баръакс марзҳоро баст ва ворид шудани муҳоҷиронро ба ҳудуди кишвар маҳдуд кард. 

Аз соли 2022 ба ин тараф мақомоти Тоҷикистон ба ихроҷ кардани шаҳрвандони Афғонистон аз кишвар шуруъ карданд. Ба маълумоти СММ ва расонаҳои мустақил, дар соли 2022 ҳадди ақал 85 шаҳрванди Афғонистон ихроҷ шуданд. Аз октябри 2024 то июли 2025 мақомоти дастикам 485 нафар, аз ҷумла 334 гуреза ё паноҳҷӯёни афғонро ихроҷ карданд. Аз июл то августи 2025 аллакай бештар аз ҳазор нафарро иҷборӣ ба Афғонистон фиристоданд.

Мақомоти кишвар расман ихроҷи ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистонро эътироф карда, гуфтанд, ки бархе аз онҳо “ғайриқонунӣ” вориди кишвар шудаанд ва ё қонуни “будубошро дағалона вайрон” кардаанд. Қисми дигарро ба “тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ”, “ҳуҷҷатҳои қалбакӣ”ва “қочоқи маводи мухаддир” айбдор карданд. 

Расонаҳои афғонӣ хабар доданд, ки байни ихроҷшудагон кормандони давлати пешини Афғонистон буданд ва дар ҳолати ихроҷ шудан ҷони онҳо дар хатар аст.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки муҳоҷирони ихроҷшудаи афғон на қочоқчӣ буданд ва на ғайриқонуниву ифротгаро, балки аксари онҳо собиқ кормандони ҳукумати қаблии Афғонистон буданд ва аз тарси ҷон ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд. Аммо, ба назари онҳо, сабаби ин ихроҷҳои дастаҷамъӣ метавонад тағйири комили сиёсати ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба Толибон бошад, зеро қаблан Толибон аз вуҷуд доштани мухолифон дар хоки Тоҷикистон изҳори нороҳатӣ мекарданд. 

Ҳамчунин эҳтимол дорад, ихроҷи дастаҷамъонаи муҳоҷирони афғон барои фишор овардан ба ҳукумати Толибон ба роҳ монда шуда бошад ва давлати Тоҷикистон бо ин кор дар пайи манфиате бошад.

Эҳтимоли дигар, ки низ ба ҳақиқат хеле наздик аст, ин ихроҷҳо дар пайи ихроҷи дастаҷамъонаи муҳоҷирони афғон аз Покистону Эрон сурат гирифта бошад. Дар ду соли охир аз ин кишварҳо бештар аз чор миллион, аз ҷумла, танҳо дар соли 2025 бештар аз 1,5 миллион муҳоҷири афғон ихроҷ шудааст. 

 Тақдири ҷангҷӯёни тоҷики муқими Афғонистон

Ҳамчунин эҳтимол дорад, ки ин ихроҷҳо натиҷаи тавофуқҳои ҳукумати тоҷик бо Толибон бошанд. Агар ҳамчунин тавофуқе сурат гирифта бошад, ҳукумати Раҳмон метавонад дар ивази ихроҷи мухолифони афғон аз Толибон ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро талаб кунад. Дар мадди аввали назари мақомоти тоҷик ҷангҷӯёни “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва дигар гурӯҳҳои яроқбадаст хоҳанд буд. 

То ҳол ҳеҷ ишорае вуҷуд надорад, ки Толибон қасд доранд шаҳрвандони Тоҷикистонро ба мақомоти тоҷик супоранд. Баръакс, ҷангҷӯёни “Ансоруллоҳ” бо Толибон ҳамкорӣ карда, ҳатто як қисми сарҳади тоҷику афғонро бонӣ мекунанд.

Ба назар мерасад, Толибон ҳампаймонони худро ба осонӣ ба мақомоти тоҷик супориданӣ нестанд. То ҳол мақомоти Толибон ин мавзуъро расман шарҳ надодаанд.

Сатҳи муносибатҳои дипломатӣ бо Толибон 

Оғози муносибатҳои дипломатӣ байни мақомоти Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон то ҳол расман эълон нашудааст. Вале вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои дуҷониба аз солҳои 2022 ба таври пинҳонӣ ба роҳ монда шуда буданд. 

Моҳи марти соли 2023 ҳайати Толибон ба Тоҷикистон сафар карда, бо мақомоти кишвар вохӯрӣ доштанд. Дар натиҷаи ин вохӯрӣ, Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ба ихтиёри Толибон гузошта шуд ва сарпарасти ин идора аз мақомдорони Толибон таъйин гашт.

Толибон ин ҳодисаро ҳамчун як дастоварди бузурги дипломатӣ ба қалам доданд. Ин иқдом Толибонро як қадами дигаре ба сӯи ба расмият шинохтан дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик кард.

Вале он вақт мақомоти тоҷик ин хабарро тасдиқ ё рад накарда буданд. 

Аз нуқтаи назари сиёсат ин пинҳонкории мақомоти тоҷик мантиқӣ нест. Одатан чунин як қарори муҳим дарҳол расонаӣ мешавад.

Вале, тибқи мантиқи ҳукумати Тоҷикистон сабаби эълон накардани ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон метавонад ҳаросаш аз мардуми кишвар бошад, дар ҳоле ки дар кишвар садҳо ва шояд ҳазорҳо нафар бо туҳмати “ҳамкорӣ бо ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ” зиндонӣ шудаанд ва ин ҳатман дар ҷомеъа боиси норозигӣ мешавад. Ба расмият шинохтани як ҳаракати исломгарои кишвари ҳамсоя барои мақомати Тоҷикистон баробари эътироф кардан ба хатои худ дар муносибат бо ҳаракатҳои исломгарои дохилӣ аст.

Суоли дигар ин ҷост, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон танҳо консулгарӣ дар Хоруғро дод, аммо аз супоридани сафорати Афғонистон дар Душанбе то ҳол саркашӣ мекунад? Эҳтимол дорад, супоридани консулгарӣ як намуд иқдоми неки ҳукумати Тоҷикистон бар ивази муносибати хуби иқтисодӣ, бахусус фурӯши барқ бошад. 

Эҳтимоли дигар низ вуҷуд дорад, ки консулгарӣ аз сабаби ба сарҳади Афғонистон наздик будан ба толибон дода шуд ва ин бисёре аз корҳоро барои мақомоти тоҷик осон мекард, аз ҷумла содироту воридоти маҳсулоти гуногун ва ихроҷи муҳоҷирони афғон. Шояд аз ин сабаб буд, ки моҳи марти 2023, яъне панҷ моҳ пас аз супоридани консулгарӣ, бо дастури шахсии раисҷумҳур Раҳмон дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Бадахшон бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон дигарбора ба кор сар кард. 

Сафарҳои дуҷонибаи мақомоти баландпояи Тоҷикистону Афғонистон низ вақтҳои охир бештар мешаванд. Танҳо ҳамин сол чанд ҳайъати Афғонистон ба Тоҷикистон сафар карданд. Дар посух ҳайъатҳои Тоҷикистон низ аз Кобул дидан карданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон аз фаъолият бознамондааст, вале дар расонаҳо аз фаъолияти он хабаре нест. Маълум нест, ки ин ниҳод ба корҳои дипломатӣ, аз ҷумла додани раводид машғул аст ё не. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, Душанбе додани раводидро ба шаҳрвандони Афғонистон бас накардааст, вале ӯ зикр кард, ки ин танҳо барои шаҳрвандоне аст, ки дар хориҷ аз Афғонистон қарор доранд ва ё донишҷӯ ҳастанд.

Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба Толибон аз соли 2021 то имрӯз яксон набуд. Агар дар оғоз Душанбе шадидан зидди Толибон мавқеъ гирифта буд ва худро ҳомии мухолифони онҳо ва бахусус тоҷикони Афғонистон нишон медод, вале бо гузашти замон оҳанги эътирозаш нармтар ва робитаҳои иқтисодиву домломатӣ байни тарафҳо зичтар шуд. Имрӯз аз он мухолифоне, ки мақомоти Тоҷикистон дастгирӣ мекарданд, танҳо ном мондааст, онҳо аз саҳна комилан нопадид шудаанд. Бинобар ин, воқеияти сиёсӣ ва манфиатҳои иқтисодиву амниятӣ ҳукумати Раҳмонро водор мекунанд, бо Толибон равобит барпо намояд. Ба назар мерасад, ин раванд дар ҳамин самт идома хоҳад ёфт ва ба наздикӣ Толибонро ба расмият хоҳад шинохт.

Консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғ баста шуд

0

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон баста шудааст.

Дар ин бора расонаи афғонистонии “8-и субҳ” рӯзи 22-юми декабр бо такя ба манобеаш аз дохили Тоҷикистон хабар додааст. Гуфта мешавад, консули ҳукумати собиқи Афғонистон дар Хоруғ Нақибуллоҳ Деҳқонзода, ки то ин дам бо ҳукумати Толибон ҳамкорӣ дошт, аз ҷониби мақомоти Толибон аз вазифааш барканор шудааст.

Бар асоси иттилои манбаъ, Вазорати корҳои хориҷии Толибон аз 15-декабри соли ҷорӣ Деҳқонзодаро аз мақомаш барканор ва фаъолияти консулгариро дар шаҳри Хоруғ муваққатан боздоштааст.

Ин расона бо такя ба манобеаш менависад, ки Деҳқонзода пас аз баста шудани консулгарӣ 120 ҳазор доллари амрикоиро ба Вазорати корҳои хориҷии Толибон интиқол додааст. Аммо маълум нест ин маблағ аз кадом ҳисоб буда ва аз кӣ ва барои чӣ ба Вазорати хориҷии Толибон супорида шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Деқонзода пас аз суқуқти ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон тавонист робитаи худ бо Толибонро нек кунад ва мехоста, ки ба ҷои Зоҳир Ағбар сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шавад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ба расонаҳои кишвар баста шудани консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғро тасдиқ карда ва ин иқдомро “тасмими худи ҳукумати ҳоким дар Афғонистон” донистааст.