Хона блог саҳифа 65

Як паноҳҷӯ аз Фаронса ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд

0

Паноҳҷӯи тоҷик Парвиз Зоиров, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз Фаронса ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба наздикони Зоиров навиштааст, ки мурофиаи охири ӯ 12-уми декабри соли ҷорӣ дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуда, додрас ӯро ба тундгароӣ ва зархаридӣ гунаҳкор кардааст.

Назари худи Парвиз то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст ва маълум нест, таҳқиқи парванда ва мурофиаи ӯ дар чӣ шароите гузаштааст.

Паноҳҷӯи тоҷик Парвиз Зоиров соли 2022 ба воситаи Беларус ба Литва ва сипас дар аввали соли 2025 ба Олмон рафта буд. Аммо мақомоти Олмон бо дархости Душанбе бо ӯ суҳбат кардаанд ва Парвиз ба хотири фиристода нашуданаш ба Тоҷикистон ба Фаронса мераваду дар онҷо дастгир мешавад. Мақоти Фаронса ӯро пас аз 55 рӯз аз боздоштгоҳи Нитса ба Тоҷикистон ихроҷ мекунанд.

Гуфта мешавад, Парвиз Зоиров аз язгуломиҳои маҳаллаи “Дарвоз”-и Душанбе аст, ки соли ҷорӣ аз ин маҳалла беш аз бист нафар бо иттиҳомоти ифротгароӣ ва барангехтани адовати диниву мазҳабӣ боздошту зиндонӣ шуда буданд, иттиҳомоте, ки пайвандонашон онро сохта ва рад мекунанд.

Бояд гуфт, Парвиз ягона паноҳҷӯи тоҷик нест, ки аз кишварҳои урупоӣ ихроҷ ва дар Тоҷикистон бо иттиҳомоти сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мегардад. Пештар аз ӯ Ҳизбулло Шовализода аз Австрия, Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашев аз Олмон, Фаррух Икромов аз Лаҳистон ва Фарҳод Неъматов аз Шветсия ихроҷ ва дар Тоҷикистон аз 7 то 23 сол маҳкум ба зиндон шуданд.

Ба сабаби туман парвозҳо аз фурӯдгоҳи Душанбе боздошта шуданд

0

Парвози ҳавопаймоҳо дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири номусоид будани обу ҳаво муваққатан боздошта шуданд.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 22 то 24-уми декабр пас аз қатъ шудани боришот ва соф шудани ҳаво дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон туман ва яхбандон шабнам ба вуҷуд меояд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар соатҳои шабона ва субҳгоҳӣ коҳиши дидрасӣ дар натиҷаи туман то 100–300 метр пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин эҳтимоли ба вуҷуд омадани яхбандӣ дар роҳҳо, пиёдароҳаҳо, хатҳои интиқоли барқ, дарахтон вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар пайи фаромадани тумани сахт дар шаҳри Душанбе парвозҳо аз фурӯдгоҳи пойтахт муваққатан қатъ шудаанд. Аз шоми 22-юми декабр шаҳри Душанбе зери туман қарор дорад ва ин вазъ субҳи 23-юми декабр низ идома ёфтааст.

Бар асоси маълумоти чадвали парвозҳои фурӯдгоҳи Душанбе, ҳамаи парвозҳо, аз ҷумла ба самтҳои Маскав, Дубай, Екатеринбург ва парвозҳои баргашт, аз соати 12-и шаби 22 ба 23-юми декабр боздошта шудаанд. Ҳамчунин парвоз ба шаҳри Хоруғ, ки тибқи ҷадвал бояд имрӯз соати 12:20 анҷом мешуд, лағв шудааст.

Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки чунин шароити обу ҳаво метавонад боиси душвор шудани ҳаракати нақлиёт, афзоиши хатари садамаҳои роҳу нақлиёт ва халалдор шудани фаъолияти нақлиёти ҳавоӣ гардад. То ҳол маълум нест, ки парвозҳои ба таъхир афтода кай аз нав барқарор мешаванд.

Дар робита ба ин, Агентии обуҳавошиносӣ ба ронандагон тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракатро коҳиш дода, фосилаи байни худравҳоро зиёд кунанд ва чароғҳои наздикро истифода баранд. Ба пиёдагардон низ тавсия шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар ҷойҳои лағжанда эҳтиёткор бошанд. Ба сохторҳои масъул бошад, омодабошӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва фаъолияти мунтазами инфрасохтор супориш дода шудааст.

Шуҳадои маъсуми ҳиҷрат

0

Террори як тоҷики даҳсола дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскави Русия дар 16-уми декабри имсол, дар рӯзи баргузории паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон нуқтаи атф дар сиёсати фашистии Русия, аз шарикони стратегии Тоҷикистонро рақам зад. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Қобилҷон Алиевро шаҳиди аъло хонд.

“Аз Русия гум шав!”

Қабл аз ин ки ба тафсири ин террор пардозем, бояд гуфт, Қобилҷон Алиев танҳо шаҳиди масъуми тоҷикистонӣ дар ҳиҷрат набуда, балки барои аввалин бор ба ин шева куштани атфоли тоҷик дар Русия ҳанӯз соли 2004 иттифоқ уфтода буд. 

Хуршеда Сулотонова аз аввалин атфоли тоҷики қурбонии нажодпарастӣ дар ҳиҷрат буд, ки дар нуҳуми феврали соли 2004, дар синни нуҳсолагӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷоми шаҳодат нӯшид. Ӯ дақиқан ба мисли Қобил Алиев кушта шуд. Замони ҳамла болои Хуршеда Султонова, ки ҳамроҳ бо падар ва писари амуяш аз гардиш дар порк бармегашт, шиорҳое ба мисли “Аз Русия гум шав!”, “Инсонҳои сиёҳро бикӯб!” шунида шудаанд. 

Валентина Матвиенко, ки он замон губернатори Сантк-Петербург буд, амр кард, то “қотилонро аз таги замин ҳам бошад, пайдо кунед”. Дувоздаҳ нафар ба унвони мазнун дар ин қазия таҳти пайгард қарор гирифтанд ва ҳафт нафари онҳо боздошт шуд. Аммо дар зимни маҳкум кардани эшон ибораи “барангехтани адовати миллӣ”, ки аслитарин сабаби қатли ин духтари нуҳсолаи тоҷик буд, аз парванда ба таври мармуз ғайб зад ва омилони ин террор ба гуноҳи авбошӣ аз 5,5 то 1,5 сол ба муассисаи тарбиятӣ маҳкум шуданд. Ҳол он ки мудофеини ҳуқуқи башар мегуфтанд, куштани инсон на авбошӣ, балки ҷиноят аст, аммо ингор ки ин садоро аз мақомоти додгоҳӣ касе нашунид ва ҳукми додгоҳ ҳам тағйир накард.

Дар соли 2006 чанд нафар аз аъзои “Созмони террористии ҷангӣ”, як созмони ифротӣ дар Русия боздошт шуданд, ки қатли Хуршеда Султоноваро низ ба дӯш гирифтанд. Дмитрий Боровиков, раиси ин созмон дар зимни боздошт кушта шуд.

Ҷинояти бе ҷазо

Аз миёни кулли ин кӯдакони тоҷике, ки дар Русия кушта шуданд, Умаралӣ Назаров хурдатарини онҳо буд. 13-уми октябри соли 2015, замоне ки ӯ ҳанӯз панҷ моҳ дошт, мақомоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ба далели нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар модари ӯро боздошт карданд ва кӯдакро аз ӯ гирифтанд. Аммо ҳамон шаб дар шароити мармуз Умаралӣ Назаров дар Бемористони ба номи Симбалинаи Санкт-Петербург даргузашт. Баъдтар эълон карданд, ки ӯ ба далели гирифторӣ ба бемории “ситомегавирус” фавтидааст.

Чаҳор сол пас аз марги Умаралӣ Назаров Маркази зиддитабъиз даргузашти ӯро “намунаи фоҷиабори нақзи ҳуқуқи атфоли муҳоҷир” эълон кард. 

Ба иттилои манбаъ, замоне ки мақомоти пулис манзили Заррина Юнусова, модари Умаралиро дар заданд, ӯ ҳамроҳ бо бародари шаваҳараш дар хона буд, вале ба ҷуз аз шаҳодатномаи таваллуди фарзандаш ҳич ҳуҷҷате аз қабили шиносномаҳои худи ӯ ва шавҳараш дар хона набуд. Ба ин далел мақомот Умаралӣ Назаровро аз ӯ гирифтанд. Манбаъ мегӯяд, ба далели надонистани забони русӣ Заррина Юнусова натавонист ҳуҷҷатҳои лозимро ба мақомоти пулис ироа кунад, ки бо ин ҳол, бояд мақомоти пулис аз хидмати мутарҷим истифода мекарданд, ки накарданд. Дар натиҷа, Заррина Юнусова ба шуъбаи пулис мунтақил шуду Умаралӣ Назарова ба бемористон. 

Баъдтар, ба иттилои Маркази зиддитабъиз, модарбузурги Умаралӣ Назаров ҳуҷҷатҳои лозимро ба шуъбаи пулис бурд, аммо мақомоти пулис ин ҳуҷҷатҳоро напазируфтанд ва кӯдак дар бемористон, аз модар ҷудо боқӣ монд. Суҳби рӯзи дигар хабари марги ӯ расонаӣ шуд.

Шаш рӯз пас аз фавти ин кӯдак мақомот алайҳи омилони марги ӯ парвандаи кайфарӣ боз карданд, ки он на танҳо мақомоти Хадамоти федералии муҳоҷират, пулис, пизишкон, балки волидони кӯдакро низ шомил мешуд. Ба иддаои манбаъ, гӯё онҳо вазоифи худро дар ҷиҳати тарбияти кӯдак иҷро накардаанд. Аммо дар соли 2016 ба далели адами нишони ҷиноят дар марги Умаралӣ Назаров таҳқиқи ин парванда қатъ шуд ва муаммои марги ӯ сарбаста боқӣ монд.

Қатл пас аз таҷовуз

Ҳувайдо Тилозода, дигаре аз атфоли тоҷик буд, ки дар моҳи июли соли 2018, замоне ки панҷсола буд, дар ноҳияи Серпуховаи вилояти Маскав ба қатл расид. Александ Сёмин, нафаре, ки Ҳувайдо Тилозодаро дар аввал таҷовуз ва баъдан қатл кард, пас аз панҷ соли баррасии ин парванда ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. 

18-уми июли соли 2018 Ҳувайдо Тилозода, ки дар майдончаи назди манзили иҷораашон бозӣ мекард, ғайб зад ва рӯзи дигар ҷасади ӯро аз дохили кифи варзишие дар роҳи қатор пайдо карданд. 

Кумитаи таҳқиқотии Русия гуфта буд, ба иллатии гирифтории Александр Сёмин ба бемории ихтилоли рӯҳӣ таҳқиқи парвандаи ӯ панҷ сол тӯл кашид. Ахиран ӯ ба ҷурми бо зулму ситам куштани кӯдак ва таҷовузу соири ҳаракоти шаҳвонӣ дар нисбати як ноболиғ муттаҳам шуд. Зимнан, Кумитаи таҳқиқотии Русия гуфтааст, ӯ дар солҳои 2015 ва 2017, ду бор ин гуна ҷиноётеро муртакиб шудааст.

Марги кӯдак ба сабаби шиканҷа

Далер Бобиеви шашсола пас аз чанд соли зиндагии сахт аз тарафи васияш дар шаҳри Екатеринбург кушта шуд. Ӯ замоне кушта шуд, ки падараш Хуҷанобиддин Бобиев, зодаи ноҳияи Хуросони Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрванди Русия зиндонӣ буд. Пас аз зиндонӣ шудани падар ва майзадагии модар тақдири Далер Бобиев ба дасти Вероника Наумова ба унвони парастори ӯ супорида шуд. 

Ба навиштаи сойти “Газета ру”, “писар чанд сол азоби гуруснагӣ, латукӯб, нишастан зери оби сард ва баста шудан дар ҷое”-ро мутаҳаммил шуд. Пас аз кулли заҷрҳое, ки Далер Бобиев дар хонаи парастораш мутаҳаммил шуд, ба дасти васияш Вероника Наумова кушта шуд. Шаст мавриди ҷинояти парастораш алайҳи ӯро додгоҳ сабт кардааст. Вероника Наумова ӯро пас аз латукӯб дар ванна, зери об нигоҳ доштааст, ки бар асари нарасидани ҳаво ҷон ба Ҷаббор супурдааст. Ҷасади ин кӯдакро баъди шаш моҳи кушта шуданаш аз дохили гараже пайдо карданд, ки онро парастораш ба иҷора гирифта буд. 

Ҳамин тариқ, додгоҳ Вероника Наумоваро ба 24, Александр Наумов, шавҳари ӯ ва Даниил Иголниковро барои ҳамдастӣ дар ин куштор ба панҷ солии зиндон маҳкум кард.

Чаро террор?

Болои ин ки Қобилҷон Алиев чӣ тавр кушта шуд, тамаркуз намекунам, зеро қатли ин кӯдаки маъсум на танҳо ҷомеаи Тоҷикистон, балки мусалмонони Осиёи Марказӣ, Қафқозу Русия ва Афғонистонро ба сӯг нишонд. Зимнан, кулли иттилоъ дар робита ба чӣ шева қурбон шудани ӯ дар интернет мавҷуд аст. Ба ин хотир ба ҷузъиёти кушта шудани ӯ намепардозам, балки суроғи таърифи терроризм хоҳам рафт, то асли муқаддима рӯшан шавад.

Дуруст аст, ки феълан таърифи мушаххасе аз терроризм вуҷуд надорад ва баҳсҳо дар ин замина идома доранд. Вале дар зимни ин таърифҳои мухталиф умумиятҳое вуҷуд доранд, ки қобили инкор нестанд. Яке аз онҳо ин аст, ки “терроризм истифода аз таҳдид ё хушунат алайҳи афрод ё моли онҳо бо ҳадафи сиёсӣ ё иҷтимоӣ аст. Он, дар маҷмуъ, бо ҳадафи тарс додан ё маҷбур кардани ҳукумат, афрод ё гурӯҳе барои тағйири рафтор ё сиёсатҳои онҳост”.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ба ангезаи куштор назар бояд кард. Бар асоси иттилои расонаҳо, рафтори Тимофей К. қабл аз қатли Қобилҷон Алиев, ки гуфта мешавад, дунболи “сарсиёҳ”-ҳо мегашт, ҳадафи ӯро бештар сиёсӣ ҷилва медиҳад, ба ин маънӣ, ки агар ӯ боздошт намешуд, шаҳиди маъсуми тоҷик ба унвони як “сарсиёҳ” ҳадафи ахири ӯ набуд. Ҳамчунин нашри манифести ӯ дигаре аз далоили сиёсӣ будани ин куштор аст. Яъне, дар зимни иҷрои амали террористӣ барои қотил муҳим нест, ки кӣ кушта мешавад, балки муҳим он аст, ки ба ин васила паём диҳад ва дар миёни он қишре аз ҷомеа, ки ҳадафи ӯст, ҳарос ба вуҷуд орад. Ба ин далоил куштори тифл террор будааст.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, Тимофей К. феълан боздошт ва аз ҷониби додгоҳи вилояти Твер мутобиқ ба моддаи 105 КҶ ФР, қисми 2, бандҳои “а”, “в”, “к”, “л”, “о” алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Яке аз бандҳое, ки Тимофей К. ба он муттаҳам мешавад, “куштори ноболиғ бар асоси нафрат ё душмании идеологӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ”-ро шомил мешавад.  

Ҳимоят аз ҳаққи шаҳрванд – таҷаллии истиқлол

Бояд гуфт, аз миёни он атфоли муҳоҷире, ки дар Русия кушта шуданд, қазияи Хуршеда Султонова ва Қобилҷон Алиев шабеҳи ҳам ва аз дигарон мутафовитанд. Шабоҳати ин қазия ин аст, ки ин ду марҳум бинобар ангезаи нажодӣ ба қатл расиданд ва ҳич далеле дар ҷиҳати радди ин ангеза мавҷуд нест. Ба ин далел буд, ки Қобилҷон Алиев аз ин дунё рафт ва оламеро бар сӯг нишонд. Қатли Хуршеда Султонова низ хеле фаҷеъ буд, аммо ба далели адами тавсеаи кофии интернет дар Осиёи Марказӣ дар он замон эҳсоси ҷомеаҳо мушоҳида нашуд.

Қатли Қобилҷон Алиев хашми ғазаби зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро, ки бештари коргарони муҳоҷир дар Русия аз ин кишварҳо ҳастанд, барангехт. 

Вузарои умури хориҷӣ, дохилӣ, маориф ва дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз ин куштор аз ҳамтоёни руси худ таҳқиқи мунсифонаи қазияро тақозо карданд. Шоирони тоҷик, аз қабили Абдулқодири Алавӣ, Ато Мирхоҷаи Нерӯ, Бузургмеҳри Баҳодур, Камол Насруллоҳ, Марямбонуи Фарғонӣ, Робияи Холмирзо, Рудобаи Мукаррам, Рустами Ваҳҳоб, Ҳақназар Ғоиб, Фирдавси Аъзам ва дигарон дар фироқи ин тифл шеър гуфтанд.

Созмонҳои мухолифи Тоҷикистон дар табъид низ ин кушторро ба лаҳни шадиде маҳкум карданд ва қисман ҳукуматҳои Тоҷикистону Русияро муқассири ин куштор донистанд. Онҳо бо баргузор кардани тазоҳурот дар Олмон аз Тоҷикистон тақозо карданд, ки Александр Дугин, идеологи Кремл, Сергей Миронов, вакили Дума, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи бозҷӯӣ, Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилӣ, Леонид Слутский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русияро ба унвони омилони барангезандаи адовати қавмӣ бо хоки Тоҷикистон роҳ надиҳанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ба ҷуз ибрози ҳамдардию тақозоҳои эшон аз ҳукумат онҳо ва ҳамчунин иқдомоти худи ҳукумат чӣ суде барои ин миллат хоҳанд дошт? Дуруст аст, ки эҳсосу ғусса ва ғамгинии ин ниҳодҳо, бешак, қобили қабул аст, аммо ояндаи муҳоҷирон чӣ хоҳад буд? Вазъи мухолифини тоҷик дар Урупо мушаххас аст, ки онҳо ҳич василаи мавзеъгирии ҷиддӣ дар қиболи Русияро надоранд, ки тавонанд Кремлро маҷбур ба тағйири сиёсати муҳоҷирати ин кишвар кунанд. Аммо ҳукумат чӣ?

Воқеан, Ҳукумати Тоҷикистон, ҳарчанд чанд вазорате таҳқиқи одилонаи қазияро тақозо карда, аммо ин камтарин иқдомест, ки аз тарафи ҳукумат сурат мегирад. Зеро баръакси мухолифин ҳукумат имкони васеътар аз инро дорад. 

Ба ёд биёрем иқдомоти Ҳукумати Озарбойҷонро пас аз амалиёти мақомоти низомии Русия барои боздошти озариҳои шаҳрванди ин кишвар. Пас аз амалиёти мақомоти Русия барои боздошти озариҳои ин кишвар, ки ду нафари онҳо дар он ҳангом кушта шуд, Бокуи расмӣ ҳудуди 10 шаҳрванди Русияро дар хоки худ боздошт кард ва гузашта аз ин дафтари хабаргузории “Спутник” дар Боку мавриди бозҷӯӣ қарор гирифт, ки Игор Картавих, мудир дафтар ва Евгений Белоусов, дабири онҳо ба ҷосусӣ муттаҳам шуданд.

Албатта, ин амали бамисли Боку дар пайи боздошти озариҳо буд. Бо тамсили ин иқдоми Боку ҳич иддаое дар миён нест, ки бар ивази қатли Қобилҷон Алиев ҷониби Тоҷикистон касе аз шаҳрвандони Русияро қатл кунад, балки Душанбеи расмӣ метавонист сафири Тоҷикистон ва ҳайати сафорату консулгарҳо дар Маскавро ба кишвар бозхонад ва сафири Русия дар Тоҷикистонро фурсат диҳад, то ӯ кишвари моро тарк намояд. Матраҳ кардани масъалаи берун кардани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз дигар мавзуъҳои ҷиддӣ барои иқдоми ба мисли Душанбе бо Маскав дар ҷиҳати таҳқиқи қазияи куштани Қобилҷон Алиев ва фароҳам кардани шароити беҳтари ҳуқуқӣ барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки яке шартҳои тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон беҳбудии шароити иқомат ва кори муҳоҷири корӣ дар Русия буд, ки Маскав бо тағйири қавонини марбути муҳоҷирати худ на танҳо барои коргарони муҳоҷир суҳулат эҷод накард, балки бо эҷоди шароити сахт барои онҳо сиёсати муҳоҷирситезиро дар дастури кор қарор дод. Мавҷи ҷадиди муҳоҷирситезии ахир дар баҳори соли 2023 рӯ зад, ки то ҳол идома дорад. Як сол пас аз он ҳаводиси “Крокус Сити” ба вуқуъ пайвастанд, ки бар иловаи таъзйиқу фишори мақомоти интизомии Русия тавсеаи фаъолияти “Русская община” бар мушкили коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ афзуд, ки гуфта мешавад, зери ҳимояти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Александр Бастрикин, раиси Кумитаи бозҷӯии ин кишвар фаъолият мекунад.  

Натиҷаи табилоғоти густарда ва худсарии ин ниҳоди ба ном мардумӣ ва сиёсатҳои муҳоҷирситезӣ аст, ки ҳатто дар мактаб кӯдаки тоҷик кушта мешавад. Ин ба ин маънист, ки Маскав уҳдадориҳои худро дар ҷиҳати эҷоди суҳулат барои кору фаъолияти коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ба ивази ҳузури пойгоҳи низомияш дар Тоҷикистон куллан ботил кардааст. Аз ин рӯ, ин тағйироти ахир далели муҳкаме барои ботил кардани қарордоди Русия ва Тоҷикистон дар ҷиҳати ҳузури пойгоҳи низомии рус дар хоки тоҷик аст. Бинобар ин, агар Тоҷикистон иддао мекунад, ки мустақил аст, бояд масъалаи хуруҷи пойгоҳи низомии Русия аз хокашро бидуни таъхир матраҳ кунад, то тавониста бошад, аз шаҳрвандонаш ҳимоят кунад.

Ба ҷойи хулоса

Ба ҳар ҳол, камтарин талош аз ҷониби Тоҷикистон дар ростои таҳқиқи қазия сурат гирифт. Эътибори Тоҷикистон ва истиқлоли кишвар замоне собит мешавад, ки қазияи мунсифона баррасӣ шавад ва Маскав эътироф кунад, ки нажодпарастиро худи мақомоти ин кишвар доман задаааст. Вале агар ба мисли қазияи Хуршеда Султонова иттиҳомоти “барангехтани кина ва адовати миллӣ” аз миёни иттиҳомоти Тимофей К. бардошта шавад, пас, Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳама талоше, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ин қазия кардааст, ба ммаънои “об дар ҳован кӯфтан” аст.

Ҳамдардии Путин ба хонаводаи Қобилҷон ва ваъдааш ба Раҳмон

0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қатли бераҳмонаи навраси 10-солаи тоҷик дар яке аз мактабҳои вилояти Москва изҳори тасаллият намуд.

Путин ин суханҳоро 22-уми декабри соли ҷорӣ, дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург баён карда, гуфтааст, ки “мехостам мулоқоти дуҷонибаи моро бо суханони тасаллияти самимӣ ҳам ба Шумо ва ҳам ба оилаи писарбачаи аз Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш ба ҳалокат расид, оғоз намоям“.

Ӯ таъкид кард, ки тафтиши ин фоҷиа ҳамаҷониба ва беғаразона анҷом дода шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳамкорони тоҷикистонии худро аз раванди тафтишот мунтазам огоҳ хоҳанд кард.

Путин ҳамчунин ба Раҳмонов гуфта, ки “содир кардани амалҳои террористӣ нисбат ба кӯдакон ҷинояти ниҳоят нафратангез аст. Гунаҳкорон, агар шумораашон бештар бошад, ба пуррагӣ ҷазо хоҳанд гирифт. Ин ҷиноят маро сахт такон дод. Лутфан, тасаллияти маро ба хонаводаи писарбачаи ҳалокшуда расонед“.

Суханҳои раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора дастраси расонаҳо нашудааст.

То ҳанӯз Эмомалӣ Раҳмон ба шакли ҷудогона ва ё дар рафти суханрониҳояш, ки дар расонаҳои давалтӣ нашр шудаанд, дар мавриди қатли ин кӯдаки бегуноҳ изҳори назар накардааст ва ҳатто ба хонаводаи ӯ ҳамдардӣ баён накардааст.

Пас аз қатли навраси тоҷик ба Раҳмонов ҷоизаи сулҳи Русияро доданд

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон 21-уми декабри соли ҷорӣ, яъне пас аз 5 рӯзи қатли Қобилҷон Алиеви 10-сола ба Русия рафт.

Ӯ ба Русия барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад, сафар кардааст, на барои кушта шудани Қобилҷон Алиев.

Гуфта мешавад, ин вохӯрӣ имрӯз, 22-уми декабр баргузор гардид ва дар он сарони кишварҳои ИДМ маҷмуи масоили ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию башарӣ, ҳамчунин таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ кардаанд.

Як рӯз пеш аз вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ба Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой супорида шуд. Сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон “барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақа моҳи сентяри соли 2025” , яъне барои ҳалли масоили марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ин ҷоиза сазовор гардиданд.

Аммо маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни нишаст ва ё вохӯриҳои ҳошиявӣ қатли навраси тоҷик ва мушкили нафратпароканӣ ба муҳоҷирони тоҷикро дар Русияро бо Владимир Путин дар миён гузоштааст ё не.

Бояд гуфт, ин сафари Раҳмонов ба Русия, ҷоиза гирифтанаш дар ин шабу рӯз ва хомӯшияш дар қазияи Қобилҷон, норозигиро миёни ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овардааст. Чун, ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, раисҷумҳур ҳам метавонист дар ин шабу рӯз хомӯш набошад ва дар баробари ҳазорҳо зодагони Тоҷикистон ва ҳатто кишварҳои Осиёи Марказиву ҷаҳон ҳадди ақал ҳамдардӣ баён кунаду ҳодисаи қатли бераҳмонаи Қобилҷонро аз дасти як миллатгарои рус маҳкум кунад ва дар ҳошияи ин сафараш онро ба Путин матраҳ кунад.

Ҳалокати як генерали рус дар пайи таркиши мошинаш

0

Роҳбари Раёсати омодагии оперативии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Русия генерал-лейтенант Фанил Сарваров дар пай такиши мошинаш ба ҳалокат расид.

Ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, субҳи 22-юми декабр дар кӯчаи Ясеневойи Маскав дастгоҳи таркандае, ки зери мошин насб шуда буд, ба кор дароварда шуд. Дар натиҷа, Сарваров ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дертар дар бемористон ҷон бохт. Дар бораи ин ҳодиса намояндаи расмии Кумитаи тафтишот Светлана Петренко хабар додааст.

Пештар бархе расонаҳо ва манобеи Кумитаи тафтишот хабар дода буданд, ки бар асари таркиш як марди номаълум захмӣ шудааст. Аммо баъдан мақомоти расмӣ марги Фанил Сарваров тасдиқ карданд.

Кумитаи тафтишотии Русия нисбат ба ин ҳодиса бо моддаҳои “қатл бо усули барои ҷомеа хатарнок” ва “гардиши ғайриқонунии маводи тарканда” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи мақомот, чандин фарзияи эҳтимолии ҷиноят мавриди баррасӣ қарор доранд, аз ҷумла фарзияе, ки ин амал метавонад бо иштироки хадамоти махсуси Украина иртибот дошта бошад.

То кунун мақомоти Украина расман дар бораи марги генерал изҳори назар накардаанд.

Бар асоси иттилои расонаҳо, таркиш дар мошини Kia Sorento рух додааст, ки назди як бинои истиқоматӣ қарор дошт. Дар аввал гуфта мешуд, ки як марди 56-сола захмӣ шудааст ва бо ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст. Баъдан маълум шуд, ки ин нафар генерал Фанил Сарваров будааст.

Фанил Сарваров соли 1990 Омӯзишгоҳи олии фармондеҳии танкии Қазонро хатм карда, баъдан дар Академияи ҳарбии нерӯҳои зиреҳпӯши ба номи Малиновский ва Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Русия таҳсил кардааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан низ дар Маскав чанд ҳолати ҳамла ба афсарони баландрутбаи низомӣ ба қайд гирифта шуда буд. Аз ҷумла, моҳи апрели соли ҷорӣ генерал-лейтенант Ярослав Москалик ва моҳи декабри соли 2024 генерал-лейтенант Игор Кириллов дар таркишҳо ба ҳалокат расида буданд.

Акнун дар Тоҷикистон рафтан назди фолбин ҷарима дорад

0

Дар Тоҷикистон нисбат ба амалҳои фолбинӣ ва ҷодугарӣ қавонини сахтгиронатаре ҷорӣ мекунанд.

Қонунгузорони кишвар қарор қабул карданд, ки на танҳо худи фолбинҳо, балки онҳое ҳам, ки ба ин гурӯҳ муроҷиат мекунанд, мавриди бозхост қарор мегиранд.

Пас аз тасвиби тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ дар Маҷлиси миллӣ, акнун ҳар шахсе, ки ба назди фолбин ё ҷодугар меравад, метавонад ба ҷаримаи чандҳазорсомонӣ рӯ ба рӯ шавад. Ин ҷарима аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян гардида, маблағи он то 4500 сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи намояндагони Маҷлиси миллӣ, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ватанзода, ҳадафи асосии ин иқдом маҳдуд кардани паҳншавии хурофот ва пешгирии таъсиргузории андешаҳои ифротӣ дар ҷомеа аст. Ба андешаи мақомот, фолбинӣ танҳо як “хидмати шахсӣ” нест, балки падидаест, ки метавонад ба шуури ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонад.

Ин қарор қаблан дар палатаи поёнии порлумон пазируфта шуда буд ва пас аз имзои раисҷумҳур қувваи қонунӣ мегирад. Бо ин роҳ, муборизаи давлат алайҳи фолбинӣ расман шакли ҳуқуқӣ мегирад.

Пештар Вазорати корҳои дохилӣ эълон карда буд, ки афроде, ки ба назди фолбинҳо мераванд, барои суҳбат ба идораҳои милиса даъват шуда, маълумоташон ба қайд гирифта мешавад.

Дар чанд соли охир ҳукумати Тоҷикистон маъракаи густурдаи мубориза бо фолбинӣ ва ҷодугариро роҳандозӣ кардааст. Тибқи гузоришҳои Вазорати корҳои дохилии кишвар, дар ин давра даҳҳо нафар бо иттиҳоми машғул шудан ба фолбинӣ ва фаъолияти марбут ба ҷодугарӣ боздошт шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин афрод бо истифода аз эътиқод ва боварии мардум фаъолият мекарданд ва амали онҳо нақзи қонун маҳсуб меёбад.

Вазорати корҳои дохилӣ борҳо тавассути изҳорот ва хабарҳои расмӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба чунин шахсон муроҷиат накунанд ва дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо, ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд. Ба гуфтаи мақомот, ин маърака ҳамчун бахше аз талошҳо барои коҳиши хурофотпарастӣ ва ҳифзи амнияти иҷтимоӣ роҳандозӣ шудааст.

Тазоҳуроти мухолифон дар Олмон барои Қобилҷони 10-сола

0

Мухолифони тоҷик дар Олмон ба нишони эътироз аз қатли бераҳмонаи Қобилҷони 10-сола дар вилояти Маскав тазоҳурот гузаронданд.

Ин гирдиҳамоӣ бо ибтикори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” рӯзи 21-уми декабри соли ҷорӣ дар назди консулгарии Русия дар шаҳри Бонни Олмон баргузор гардид.

Дар он даҳҳо фаъол, аз ҷумла аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва фарзандони мухолифон низ ҳузур доштанд ва шиорҳое мисли “То кай таҳқиру куштор ба хотири нажоду миллат идома меёбанд?”, “Русия — давлати таҷовузкор аст, ки бар пояи фашизм ва зӯроварӣ бунёд шудааст”, “Мо таҳқиқоти одилона ва мустақили қатли Қобилҷонро талаб мекунем”, “Ҳар як кӯдак ба зиндагӣ, шаъну шараф ва амният ҳақ дорад”, “Ҳеҷ як кӯдак набояд қурбонии нафрат ва нажодпарастӣ гардад” ва ғайра садо медоданд.

Тазоҳургарон акси Қобилҷон Алиев ва аксҳои чанд тифли дигар, аз ҷумла Хуршеда Султонова, Нилуфар Сангинбоева, Умарали Назаров, Далер Бобиев ва Ҳувайдо Тиллозодаро, ки дар гузашта дар Русия кушта шуда ва ё фавтида буданд, дар даст доштанд.

Инчунин дар плакате акси Александр Дугин, аз идеологҳои асосии Кремл, Сергей Миронов, вакили Думаи давлатӣ, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотӣ, Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия ва Леонид Слутский, раиси Ҳизби либерал-демократӣ дида мешуд. Ин афрод бо баёнияҳову бадгӯиҳояшон дар бораи муҳоҷирон шинохта шудаанд ва мухолифон низ онҳоро раҳбарону пешвоёни миллатгароёни рус номидаанд.

Дар баёнияе, ки ташкилкунандагони ин тазоҳурот онро дар назди консулгарии Русия дар Олмон қироат карданд, аз мақомоти Тоҷикистон хоста шудааст, ки афроди дар боло зикршударо, ки ба барангехтани адовати байни миллатҳо ва таҳқири шаъну шарафи муҳоҷирон машғуланд, афроди номатлуб эълон кунад ва ба Тоҷикистон роҳ дода нашаванд.

Ҳамчунин мухолифон аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки сарбозони пойгоҳи 201-уми Русияро аз кишвар берун карда, аслиҳаву зербунёдҳои пойгоҳро барои Тоҷикистон бигузоранд.

Дар ин баёния нуқтаҳои дигаре низ, мисли талаби бекор кардани созишнома дар бораи шаҳрвандии дугона байни Тоҷикистон ва Русия, ба ихтиёри Тоҷикистон гузоштани маҷмааи оптикӣ-электронии “Окно”, ки дар шаҳри Норак ҷойгир аст ва баргардондани хобгоҳҳои донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ аз ҷониби сафорати Русия тасарруф шудааст, омадааст.

Гуфта мешавад, касе аз намояндагони консулгарии Русия ба назди тазоҳургарон омада ва суҳбат накардааст.

Бояд гуфт, ин аввали тазоҳуроте аст, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар пас аз қатли бераҳмонаи Қобилҷони 10-сола баргузор мешавад.

Вокуниши вазири маорифи Тоҷикистон ба қатли Қобилҷон

0

Бо гузашти ду рӯз аз ҳодисаи қатли бераҳмонаи Қобилҷони 10-сола дар яке аз мактабҳои Русия, вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ҳамтои русаш Сергей Сергеевич нома навиштааст.

Дар ин нома, ки 18-уми декабр навишта шудааст, Саидзода аз Русия хостааст, ки барои таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз мансубияти миллӣ ва шаҳрвандӣ чораҳои бештар андешанд.

Вазири маориф ва илми кишвар дар номааш таъкид кардааст, ки содир гардидани чунин ҷинояти ниҳоят мудҳиш дар мактаб боис ба норозигӣ ва ташвиши амиқ гардида, метавонад ба ҳолати иҷтимоии кӯдакон, волидон ва омӯзгорон таъсири бад расонда, он аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ва миллатгарои радикалӣ бо мақсади тарғиб ва таҳрики содир намудани ҷиноятҳои нав истифода гардад.

Дар охир Вазорати маорифи кишвар аз Вазорати маорифи Русия хоҳиш намудааст, ки тафтишоти пурра, ҳамаҷониба ва беғаразонаи ин ҳодиса дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Русия таъмин гардида, чораҳои зарурӣ барои ошкор намудани сабабҳо ва омилҳои мусоидаткунандаи содиршавии ҷиноят андешида шаванд.

Бояд гуфт, ин ягона вазир ё ниҳоди давлатие нест, ки пас аз кушта шудани Қобилҷон дар ин бора суҳбат мекунанд.

Пештар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте заминаи кушторро “бегонаситезӣ” номида, гуфт, дар пайванд ба ҳодиса сафири Русияро дар Душанбе даъват кард ва ба ӯ “нота” бо талаби фавран, воқеъбинона ва беғаразона гузаронидани тафтишоти ин ҳодисаи фоҷеабор ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани гунаҳкорон, супурд.

Ҳамчунин Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амният, Умед Бобозода, омбудсмен ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар бо ҳамтоёни русашон мулоқот карда, ин ҳамларо, ки дар заминаи бегонаситезӣ дар Маскав сурат гирифтааст, маҳкум кардаанд ва аз мақомоти Русия хостаанд ин ҳодиса одилона ва ҳаматарафа таҳқиқ шавад. Аммо раисҷумҳури Тоҷикистон ва ё дастгоҳи ӯ дар ин бора вокунише накардаанд.

Бо вуҷуди ин фаъолони тоҷик мегӯянд, ки суҳбат бо мақомдорони рус ва супоридани нота нокифоя буда, мақомоти Тоҷикистон бояд амалҳои ҷиддитареро барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо, ба мисли бозхондани сафири Тоҷикистон аз Русия ва рондани сафири Русия аз кишвар ва бастани пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 16-уми декабр, хонандаи синфи 9 бо номи Тимофей ба мактабаш дар шаҳраки Горки-2-и ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав дар тан ҷавшан (бронежилет) ва бо корд ҳамла карда, чанд нафарро теғ мезанад. Дар натиҷаи ин ҳамлаи террористӣ хонандаи синфи 4-и ин мактаб Қобилҷони Алиев дар ҷойи ҳодиса бар асари захмҳои амиқ ҷон медиҳад ва посбони ин мактаб захмӣ мешавад.

Ин ҳамлавар, ки пайрави нажодпарастон буда, марги мусулмонон, яҳудиён, зиддифашистон ва либералҳоро шиори худ медонист аз ҷониби пулис боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст, ҳамзамон ӯ тасдиқ кардааст, ки ба ин ҳамла аз пеш омодагӣ медид.

Ин ҳодиса, ки ҳатто дар раонаҳои ҷаҳонӣ пахшу нашр гардид вокунишҳои густурдаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳатто хориҷиён ба миён оварда, варзишгарону блогерони шинохтае мисли Ҳабиб Нурмагамедов, Магомед Исмаилов, Асҳаб Тамаев, Артем Карокоз (Каха) ва садҳои чеҳраҳои шинохтаи дигар онро маҳкум кардаанд.

Мухолифон ҳам дар хориҷ аз кишвар кушта шудани хонандаи даҳсолаи тоҷикро дар Русия маҳкум карда, дар ин ҳодиса ҳукумати Тоҷикистон ва Русияро муқассир хондаанд. 

USCIRF: Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқи озодии диниро дар Тоҷикистон поймол мекунд

0

Камиссяи байналмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) мегӯяд, Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бр ифротагроӣ диндорони зиёдеро боздошт ва зиндонӣ мекунад.

Тавре Радиои Озодӣ навиштааст, Осиф Маҳмуд, муовини раиси ниҳоди мазкур 18-уми декабр дар подкасти USCIRF Spotlight Podcast гуфта, ки “ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти диндоронро пурра зери назорат дорад ва ҳуқуқи ҳамаи гурӯҳҳоро ба озодии дин поймол мекунад.”

Ӯ гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро хонаводагӣ идора мекунад ва ҳар ҳаракату фаъолияти диндорон, бахусус ҷавонони таҳсилкардаро таҳдиде ба худ ва хонаводааш қабул карда, онҳоро барои солҳои тӯлонӣ паси панҷараҳои зиндон мебарад.

Камиссяи байналмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) беш аз даҳ сол мешавад, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари саркӯбгари диндорон ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои динии аҳолии ин кишвар дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Ин созмони амрикоӣ дар гузориши ахираш, ки моҳи марти соли ҷорӣ нашр карда буд, Тоҷикистонро ба хотири фишор овардан болои диндорон ва “пайваста ва ба таври ҷиддӣ маҳдуд кардани озодии дин” дар рӯйхати “кишварҳои мавриди нигаронии хос”, дар қатори Кореяи Шимоӣ, Бурма, Турманистон, Чин ва дигарон шомил кард.

Мувофиқи иттилои комиссияи мазкур, Тоҷикистон даҳҳо нафарро танҳо ба хотири фаъолиятҳои осоиштаи динӣ боздошту равонаи зиндон кардааст. Шумори дақиқи чунин шахсон маълум нест, вале ба назари ин созмон, шумори онҳо хеле зиёд аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр зимни ироаи паёмаш ба парлумони кишвар махсус аз сатру либоси занони мусалмон интиқод кард. Ӯ бори дигар ошкоро аз тарзи либоспӯшии занон, аз ҷумла сатрпӯшии онҳоро эрод гирифта, эҳтироми падару модар ва тарбияи фарзандонро ба адои фаризаи ҳаҷ баробар кард.

Коршиносон ин тарзи сухангӯии Эмомалӣ Раҳмонро баёни ошкори нақзи озодиҳои динӣ аз ҷониби раисҷумҳур ва қабул накардани диндорону розӣ набудан ба фаъолияти осоиштаи онҳо талаққӣ мекунанд.