Хона блог саҳифа 71

Боздошти як ҷавони зодаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми куштор

0

Дар шаҳри Электростали вилояти Маскав як ҷавони 19-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми қатли як ҷавони 18-солаи рус боздошт шудааст.

Бар асоси маълумоти расонаҳои русӣ, ин ҳодиса дар пайи як муноқиша байни чанд донишҷӯи рус ва ин ҷавони зодаи Тоҷикистон дар дохили афтобус сар задааст. Гуфта мешавад, чанд донишҷӯ ҳангоми баргаштан ба хона дар дохили автобус бо овози баланд суҳбат мекарданд, ки ин боиси норозигии яке аз мусофирон — ҷавони 19-солаи зодаи Тоҷикистон — мегардад. Байни тарафҳо муноқишаи лафзӣ сар мезанад.

Дар истгоҳ ҳамаи иштирокчиёни даргирӣ аз автобус мефароянд ва дар ҳол ҷанҷоли лафзӣ ба задухӯрд табдил меёбад. “Вақте ки ҷавонон дубора ба автобус бармегаштанд, ҳамлавар ногаҳон кордро берун оварда, ба Иля П. се зарба — ба гардан ва қисми болоии бадан — мезанад.”

Расонаҳои русӣ бар асоси нақли шоҳидон навиштаанд, ки пас аз ин ҳодиса гумонбар фирор мекунад ва аммо мусофирон то расидани ёрии таъҷилӣ талош мекунанд хунравиро аз донишҷӯи захмишуда боздоранд. Табибон ҷабрдидаро фавран ба бемористон интиқол доданд, аммо ӯ дар бемористон даргузаштааст.

Пулиси Маскав пас аз ин ҳамла гумонбарро боздошт мекунад. Манобеи наздик ба тафтишот ба расонаҳо гуфтанд, ки нисбати ин ҷавони зодаи Тоҷикистон, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро ҳам гирифтааст, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (Одамкушӣ) боз шудааст. Ва ҳоло ӯ дар боздошгоҳ аст ва тафтишоти қазия идома дорад.

Пулис гуфта, ки ба хотири ин ки гумонбар аллакай шиносномаи Русияро гирифтааст ва шаҳрванди ин кишвар ҳисоб мешавад, бинобар ин расман ба омори ҷиноятҳои муҳоҷирон дохил намешавад.

То ҳанӯз ному насаб ва ҳувияти ин зодаи Тоҷикистон ва инчунин назари худи ва наздиконаш дар бораи ҳодиса дастраси расонаҳо нагаштааст.

Занозании додситон бо домоди собиқи сарвазир

0

Додситони шаҳри Бӯстон пас аз нашри навори занозанияш бо молики тарабхонаи “Парламент” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазифааш сабукдӯш шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳамакнун собиқ додситони шаҳри Бӯстон Абдуқаҳҳор Азизов бо фармони Додситонии кул 17-уми январи соли ҷорӣ аз вазифааш ронадаву умуман аз ҳаққи кор дар идораҳои додситонӣ маҳрум шудааст.

Азизов, ки моҳи январи соли 2024 додситони шаҳри Бӯстон таъйин шуда буд, бо ҳамкоронаш 19-уми январи соли ҷорӣ хайрухуш кардааст.

Гуфта мешавад, Абдуқаҳҳор Азизов бо молики тарабхонаи “Парламент” Парвиз Ашӯров дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта занозанӣ карда будааст, аммо гузориш дар ин бора 16-уми январи соли ҷорӣ нашр шуд.

Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки муноқиша аз он ҷо сар зад, ки собиқ додситон ҳангоми бо дӯстонаш дар тарабхона ҳузур доштан, гӯё бо Парвиз Ашӯров ҷанҷол карда, ба сари ӯ даст бардоштааст ва дар ҷавоб гӯё Парвиз Ашӯров ва дигар пайвандонаш додситонро задаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои ҷудо кардани ду тараф як корманди милиса, ки дар тарабхона будааст, ба ҳаво тир андохтаву як ҷияни ноболиғи Парвиз Ашӯров боздошт шудааст.

Абдуқаҳҳор Азизов, писари Абдуҷаббор Азизов ёвари собиқи президенти Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо, муовини аввали раиси Ҳизби ҳокими Халқии Демократӣ ва корманди баландмақоми парлумон ва Парвиз Ашӯров домоди собиқи Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аст.

Назари ҷонибҳо то ҳол маълум нест, мақомоти расмии Тоҷикистон бо гузашти тақрибан як моҳ аз ин ҳодиса ҳанӯз ҳам онро шарҳ надодаанд.

Бояд гуфт, занозанӣ бо иштироки мансабдорон ва ё наздикони онҳо дар Тоҷикистон дар гузашта борҳо расонаӣ шуда буд, аммо мақомот натиҷаи парвандаҳои онҳоро расонаӣ намекард.

Чаро Чин лоиҳаи муҳими инфрасохториро дар Тоҷикистон боздошт?

0

Чин фаъолияти бозсозӣ ва сохтмони қитъаи мушкилгузари роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мутаваққиф кардааст.

Дар ин бора чанде пеш Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода буд. Бино ба иттилои манбаъ, ба сабаби хатарҳои амният марзӣ, ки ба кушта шудани шаҳрвандони Чин анҷомид, ин кишвар тасмим гирифт, ки иҷрои ин лоиҳаи муҳими инфрасохториро дар ВМКБ мутаваққиф кунад.

Вазорати нақлиёт таъкид мекунад, ки ҷониби Чин тасмимаш ҷиддӣ аст ва “то пурра барқарор шудани амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон” фаъолияти ин лоиҳаи муҳим аз сар гирифта намешавад.

Ин дар ҳолест, ки лоиҳаи мазкур ҳамчун шоҳраги ҳаётӣ барои пайваст кардани минтақаҳои кӯҳистонӣ бо маркази маъмурии Рӯшон ва дар оянда бо марзи Чин арзёбӣ мешуд. Вале айни ҳол тамоми корҳои сохтмонӣ ин қитъа қатъ гардидаанд.

Ҳамзамон расонаи узбекии “Upl.uz” дар як гузориши таҳлилие бо такя ба иттилои манобеи наздик ба доираҳои дипломатӣ хабар медиҳад, ки қарори кишвари Чин барои қатъи фаъолияташ дар лоиҳаи мазкур, “пас аз ноором шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон” гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, пас аз ду ҳодисаи ҳамлаи пайдарпайи моҳи гузашта, ки аз ҷониби марзи Афғонистон сурат гирифт ва дар натиҷа чанд мутахассиси чинӣ кушта шуд, боиси бозбинӣ ва баланд арзёбӣ шудани сатҳи хатар аз ҷониби Пекин гардид. “Пас аз он дастур дода шуд, ки тамоми кормандон фавран аз минтақа хориҷ карда шаванд.”

Ба иттилои манбаъ, аллакай моҳи дувум аст, ки корҳои сохтмонӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” комилан бозмондаанд. Вазорати корҳои хориҷии Чин таъкид мекунад, ки ҳифзи ҷони шаҳрвандонаш авлавияти мутлақ дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон 18-ум январ боз аз як даргирии марзӣ хабар доданд. Мақомот агарчи аз тақвияти назорат дар марзҳои ҷанубии кишвар хабар медиҳанд, аммо коршиносон вазъи амниятиро ноустувор арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, фаъолшавии гурӯҳҳои ифротӣ дар шимоли Афғонистон хатари доимиро эҷод мекунад.

Лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ дар ВМКБ аз ҷониби ширкати роҳсозии чинии “China Road and Bridge Corporation” амалӣ мешуд. Гуфта мешавад, барои анҷоми ин лоиҳаи муҳим ҳукумати Чин 230 миллион доллар кумаки бебозгашт ҷудо кардааст.

Даргирии нав дар марзи Точикистону Афғонистон

0

Бино ба иттилои расонаҳои давлатӣ, шаби якшанбе, 18-уми январ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон даргирии мусаллаҳона сурат гирифт.

Мақомоти амниятӣ ва сарҳадбонии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ чаҳор нафар аъзои гурӯҳи террористӣ, ки қасди убури ғайриқонунии сарҳади давлатии кишварро аз самти Афғонистон доштанд, безарар гардонда шуданд.

Ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳодиса шаби 18 январи соли 2026, тахминан соати 00:30, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №7 “Хирманҷо”-и Отряди сарҳадии “Ёл”, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, ки чор узви ташкилоти террористӣ аз ҳудуди деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон сарҳади давлатиро убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд. Дар пайи чорабиниҳои фаврии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ макони ҷойгиршавии онҳо муайян гардида, ҳангоми рад кардани даъвати сарҳадбонон барои таслим шудан ва нишон додани муқовимати мусаллаҳона, онҳо нобуд карда шуданд.

Гуфта мешавад, аз ҷойи ҳодиса 3 автомати Калашников, 1 таппончаи навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 тир, 3 телефони мобилӣ, 1 ратсия ва 1 қаиқ мусодира шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои 179 (терроризм), 335 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатӣ) ва 195 (ғайриқонунӣ муомилот бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мақомоти марзбонии КДАМ таъкид мекунад, ки вазъият дар сарҳади давлатӣ пурра таҳти назорат қарор дошта, мақомоти марбута минбаъд низ барои таъмини амнияти кишвар аз тамоми қувваю воситаҳои қонунӣ истифода хоҳанд кард.

Дар як моҳи ахир ин бори дувум аст, ки аз ҷониби шахсони мусаллаҳ кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон сурат мегирад. Мақомот қаблан низ аз хатарҳои афзояндаи террористӣ аз самти Афғонистон ҳушдор дода буданд.

Бояд зикр кард, ки аз оғози моҳи декабр то имрӯз, аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз се ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дода шудааст, ки дар натиҷа даҳ нафар шаҳрвандони Чин кушта ва иддае захмӣ гардиданд. Ба иттилои манбаъҳо, қисме аз қурбонинё дар ширкатҳои истихроҷи тилло дар минтақаи Шӯрободи собиқ кор мекарданд ва қисми дигар дар лоиҳаҳои роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз машғул ба кор буданд.

Боздошти 8 нафаре, ки худро бардурӯғ корманди КДАМ мегуфтанд

0

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 16-уми январ тавасути телевизиони “Тоҷикистон” аз боздошти 8 нафар хабар дод, ки худро кормандони мақомоти амният муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон бо роҳҳои гуногун маблағ ситонидаанд.

Ба гуфтаи КДАМ, гумонбарон бо баҳонаҳои озод кардани хешовандон аз зиндон, таъмин бо кор дар хориҷи кишвар, сохтани билети ҳарбӣ ва таҳдиди ихроҷ аз Тоҷикистон шаҳрвандонро фиреб дода, маблағҳои калон ба даст овардаанд. Ҳадафи асосии онҳо, ба гуфтаи мақомот, манфиати молӣ будааст.

Аз боздоштшудаҳо Илҳом Амонқулов, Фазлиддин Мирзоев, Ҷамолиддин Толибзода, Ҳоҷиабдулло Салимов, Маҳмадулло Саидов, Фатҳиддин Давлатов, Ёқуб Бозоров ва Ҳусейн Муродов, ном бурда шудааст.

Тибқи иттилои КДАМ, Илҳом Амонқулов бо ваъдаи озод кардани як маҳбус аз зиндон аз сокини шаҳри Душанбе 240 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Фазлиддин Мирзоев бошад, худро корманди амният муаррифӣ карда, аз ду бародар барои “озод кардани хешовандашон” 50 ҳазор сомонӣ ситонидааст.

Дар як ҳолати дигар, се гумонбар дар шаҳри Ваҳдат аз ду шаҳрванди Афғонистон бо таҳдиди ихроҷ аз кишвар 25 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ гирифтаанд. Инчунин Фатҳиддин Давлатов бо ваъдаи таъмин бо кор дар Олмон 30 ҳазору 500 сомонӣ ба даст овардааст.

КДАМ ҳамчунин мегӯяд, Ҳусейн Муродов аз як сокини 23-солаи шаҳри Исфара бо баҳонаи гирифтани билети ҳарбӣ 86 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ ҳуҷҷати қалбакӣ додааст. Ёқуб Бозоров, ки қаблан чанд маротиба зиндонӣ шудааст, худро корманди баландрутбаи амният муаррифӣ мекардааст.

Ҳамаи афроди боздоштшуда дар наворҳои сабтшуда ба содир намудани амалҳои ғайриқонунии худ иқрор шудаанд, аммо мушахас нест, ки ин наворҳо дар кадом шароит сабт гардидаанд. Нисбати гумонбарон тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Тибқи ин модда, барои чунин ҷиноят аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Путин эътимодномаи сафири Толибонро пазируфт

0

Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин 15-уми январи соли 2026 зимни маросими расмӣ дар Қасри Кремл эътимодномаи сафири Толибонро пазируфт.

Тавре расонаҳои русӣ хабар доданд, пазириши эътимодномаи сафири Толибон рӯзи гузашта дар доираи қабули умумии эътимодномаҳои сафирони кишварҳои хориҷӣ сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар ин маросим беш аз 30 кишвар эътимодномаҳои худро ба Путин супориданд. Дар миёни сафирон Гул Ҳасан ҳамчун сафири расмии давлати Иморати исломаии Афғонистон муаррифӣ шуд.

Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки намояндаи Толибон ҳангоми супоридани эътимоднома назди Путин рафта бо даст салом мекунад ва дар бари ӯ лаҳзае меистаду сипас боз мегардад.

Пазириши расмии эътимодномаи сафирон урфи маъмули дипломатӣ мебошад ва пас аз пазириши эътимоднома амалан ба маънои қабули намояндаи расмии ҳокимияти амалкунанда дар он кишвар мебошад. Ин дар ҳолест, ки бо гузашти беш аз 4 сол аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, то ҳанӯз ба ҷуз Русия дигар ҳеч кишваре ба таври расмӣ ҳукумати онҳоро эътироф накардааст.

Тоҷикистон дарозтарин марзи муштаракро бо Афғонистон дорад, ки беш 1300 километрро ташкил медиҳад. Душанбе ба сабаби ин марзи муштараки тӯлонӣ ҳамеша аз ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ нигарон буд ва ба ин хотир равобити тунде бо Толибон дошт.

Коршиносон қаблан мегуфтанд, ки агар Русия равобити худро бо Толибон густариш диҳад, ин метавонад сиёсати амниятии минтақавиро тағйир диҳад ва Душанбе маҷбур мешавад мавқеи худро бозбинӣ кунад. Ҳоло зоҳиран Тоҷикистон ҳам ба ин хулоса расида ва соли гузашта фаъолияти мухолифони Толибон – Ҷабҳаи муқовиматро дар Душанбе қатъ кард. Ва ҳоло барои нек кардани равобити дипломатӣ ба ин гурӯҳ дар Афғонистон талош дорад.

Муноқишаи гурӯҳии хонандагони ду мактаб дар Душанбе

0

Дар шаҳри Душанбе миёни хонандагони ду муассисаи таълимӣ занозанӣ рух додааст. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса рӯзи 13-уми январ байни хонандагони мактабҳои рақами 123 ва 129 сар задааст. Ҳарду мактаб дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгиранд.

Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, муноқиша пас аз анҷоми дарсҳо сар зада, сабаби он баҳс бар сари хариди кабӯтар будааст. Гуфта мешавад, дар ҷараёни занозанӣ бархе аз наврасон аз корд истифода кардаанд.

Дар натиҷа, як хонандаи мактаби рақами 129 ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол дода шудааст. Мудири ин мактаб дар суҳбат гуфтааст, ки аҳволи хонандаи захмдор хуб аст ва ҷароҳати ӯ вазнин нест.

Манобеи Радиои Озодӣ дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, ки пас аз ин ҳодиса ҳадди ақал як хонанда боздошт шуда, чанд нафари дигар барои бозпурсӣ даъват гардидаанд.

То ин лаҳза Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва дигар мақомот расман дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Ин бори аввал нест, ки байни наврасон дар мактабҳои миёна занозании шадид рух медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо ин даргириҳои гурӯҳӣ ба марг ё захмӣ шудани иштирокдорон меанҷомад.

Ба назари бархе ҷомеашиносон, сар задани муноқишаҳои сахт байни ҷавонон ба омилҳои гуногун рабт дорад, вале аз ҳама муҳимаш метавонад набудани падарҳо дар хонаҳо ба сабаби муҳоҷират, тамошо ва бозиҳои интернетии дорои хусусияти қатлу куштор ва инчунин камранг шудани таълимоти динӣ ҷавонон имрӯзаро ба ин ҳад оварда расондааст.

Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба СММ шикоят бурдааст

0

Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.

Илҳомҷон Ёқубов дар муроҷиати худ ба ин ниҳоди байналмилалӣ гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуқуқҳои асосии ӯ, инчунин падару модар ва хоҳарашро поймол кардаанд ва умедвор аст, ки Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ барои барқарории адолат ва дифоъ аз ҳуқуқи онҳо мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, моҳи декабри соли 2023 Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Илҳомҷон Ёқубов, модар, падараш Дадоҷон Ёқубов ва хоҳараш Мунира Ҷӯраеваро дар ғайбашон, вале дар шоҳидии амаку чаҳор ҳамсоя ба тундгароии исломӣ гунаҳкор дониста, аз 5 то ба 14 соли зиндон маҳкум ва хонаҳояшонро ба нафъи давлат мусодира карда буд.

Аммо Ёқубов дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки ин додгоҳ парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба онҳоро бе огоҳии расмӣ ва бе ҳузурашон ё намояндаи ҳуқуқияшон баррасӣ кардааст, ки нақзи ҷиддии ҳуқуқи ӯ ва аъзои хонаводааш мебошад.

Муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, ки пас аз қарори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд аз болои ҳукм шикоят бурдааст, вале додгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳеч дархосташ барои муҳокимаи одилона ҷавоб надоданд ва ӯ маҷбур шуд ба ниҳодҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.

Дар муроҷиатномааш ба СММ Илҳомҷон Ёқубов гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон хонаводаи ӯро аз ҳуқуқи мурофиаи одилона, иштирок дар муҳокимаҳои додгоҳӣ ва баробарӣ дар назди қонун маҳрум карда, ғайриқонунӣ ба ҳаёти хусусӣ ва дахлнопазирии манзили онҳо дахолат шудааст.

Посухи расмии Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ ба муроҷиати ин фаъоли сиёсӣ ва назари мақомоти Тоҷикистон дар ин бора то ҳол дастрас нест.

Аммо дар гузашта ниҳодҳои марбут ба СММ чандин шикоят алайҳи Тоҷикистонро баррасӣ карда, ба ҳукумат тавсия дода буданд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро барқарор, зиндониёни сиёсиро озод ва ба ҷабрдидагон ҷуброн пардозад, вале мақомоти Тоҷикистон тавсияи СММ-ро ҳамеша нодида гирифтааст.

Рӯзҳои оянда дамои ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад

0

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 16-17-уми январ дар бештари ноҳияҳои кишвар тағйирёбии ногаҳонии боду ҳаво пешгӯӣ мешавад ва ҳарорат як бора то 8-10 дараҷа паст мешавад.

Тибқи иттилои агентӣ, рӯзи 15-уми январ дар аксар минтақаҳои кишвар бориши борон пешгӯӣ мешавад, ки дар охири рӯз ба барфи тар табдил меёбад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ асосан бориши барф интизор аст.

Дар рӯзи 17-уми январ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ бориши барфи тар ва дар дигар ноҳияҳо барфи бошиддат пешгӯӣ шудааст.

Ҳамзамон, рӯзи 16-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе–Чанок (километрҳои 51–74 ва 80–81) ва минтақаҳои тармафароӣ Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб эҳтимоли сар задани тарма вуҷуд дорад.

Агентии обуҳавошиносӣ ба сокинон ва ронандагон тавсия додааст, ки бо эҳтиёт рафтор кунанд ва аз сафарҳои номуқаррарӣ ва ҳаракат дар минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ намоянд.

Дар Русия навраси тоҷик бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ ба зиндон маҳкум шуд

0

Як навраси 17-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми савганд ёд кардан барои шомил шудан ба гурӯҳи ДИИШ дар Маскав боздошт ва барои панҷ солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.

Бино ба иттилои расонаи русии ТАСС, Додгоҳи ҳарбии ноҳияи дувуми ғарбии Русия ин ҳукмро эълон кардааст, аммо рӯзи эълони ҳукм маълум нест. Ба иттилои манбаи ТАСС, ин наврас “ба гурӯҳи террористии ДОИШ савганд ёд карда ва дар канали худ дар шабакаи Telegram даъватҳои ошкоро ба фаъолияти террористӣ нашр намудааст.”

Додгоҳ бар иловаи ҳукми зиндон нисбати ин навҷавони тоҷик, инчунин то се сол аз ҳаққи доштани телефони мобилӣ ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет манъ карда кардааст. Телефони мобилии ӯ, ки дар ҷараёни тафтиш мусодира гардида буд, ба фоидаи давлат гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, ин ҷавон ҳангми мурофиа дар додгоҳ пурра ба гуноҳи худ эътироф кардааст. Ба иттилои манбаъ, “Дар сухани охирин айбдоршаванда изҳор доштааст, ки “хатои бузург содир кардааст” ва ваъда додааст, ки дигар чунин корро такрор намекунад.”

Бар асоси иттилои расонаҳои русӣ, падари ин ҷавони тоҷик низ дар додгоҳ ҳузур доштааст. Ӯ зимни мурофиа гуфтааст, ки аз қасди писараш барои рафтан ба Афғонистон сахт ба ҳайрат афтода буд ва аз додгоҳ хостааст, ки нисбат ба фарзандаш сахтгирӣ накунад.