Хона блог саҳифа 70

Маҳмурод Одинаевро ба “ШИЗО” андохтанд

0

Мақомоти зиндони Ваҳдат маҳбуси сиёсӣ Маҳмурод Одинаевро дар дохили зиндон ба ҳуҷраи ҷазо ё ҳамон “ШИЗО” андохтанд.

22-уми январи соли ҷорӣ, пайвандони Одинаев ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯро чаҳор рӯз пештар аз ҳуҷраи танбеҳӣ ба утоқи маъмулии зиндон овардаанд.

Ба гуфтаи пайвандони ин маҳбуси сиёсӣ, Одинаев “як моҳ дар онҷо бо тани бемору муҳтоҷ ба табобат нигаҳ дошта шудааст”.

Ҳамчунин худи Маҳмурод Одинаев дар суҳбати телефонӣ ба пайвандонаш гуфтааст, ки ба сардори Раёсати маҳбасҳо дар Вазорати адлия Мансурҷон Умаров нома навишта пурсанд, ки сабаби ба ҳуҷраи танбеҳ бурдани ӯ чист.

Бояд гуфт, Маҳмурод Одинаев аз замони боздошт то кунун аз саломатӣ, фишор ва шиканҷа ҳамеша шикоят кардааст. Ба гуфтаи наздиконаш, вазъаш то ҳадде бад шуда буд, ки “гиряву нола мекард”, вале мақомот ба табобати ӯ таваҷҷуҳи ҷиддӣ намекунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон талаб карда буданд, ки вазъи бади саломатии Маҳмурод Одинаевро ба назар гирифта, режими зиндонашро ба ҳабси хонагӣ иваз кунанд.

Ёдовар мешаем, ки моҳи декабри соли 2020 Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ аз тарафи мақомот дастгир ва бо иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба сарнагун сохтани ҳокимияти конистутсионӣ гунаҳкор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Дертар мақомот дар моҳи сентябри соли 2021 Маҳмурод Одинаевро шомили афв карда, аз 14 соли ҳукми зиндони ӯ 3 солашро кам кардаанд. Аммо худи Одинаев афвро напазируфт ва хостори раҳоияш шуда буд.

Маҳмурод Одинаев 20-уми ноябри соли 2020 ва баъди дархости гирдиҳамоӣ нопадид шуд. Ӯро баъд аз ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.

Пеш аз боздошти Одинаев писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ боздошт шуда буд. Мақомот Шайхмуслиҳиддинро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “кӯшиши таҷовуз ба номус” барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Пайвандони Маҳмурод Одинаев ӯ ва писарашро бегуноҳ медонанд ва боздошти онҳоро фармоишӣ ва ба хотири фаъолиятҳои сиёсии Одинаев арзёбӣ мекунанд.

Оё “Шӯрои Сулҳ”-и Трамп СММ-ро аз байн мебарад?

0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо ташаббуси наве як шӯро бо ҳайати чанде аз раҳбарони кишварҳои дунё ташкил карда ва онро “Шӯрои Сулҳ барои Ғазза” номидааст.

Трамп рӯзи 22-юми январ дар Форуми иқтисодии Довус 2026 маншури “Шӯрои Сулҳ барои Ғазза”-ро бо ҳайати нав аз раисҷумҳурон ва сарвазирони кишварҳои гуногун ба имзо расонд. Ӯ зимин имзои ин маншур гуфт, ки мо дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид барои ободонии Ғазза ва дигар кишварҳо “корҳои фавқулоддае” анҷом медиҳем.

Трамп пас аз имзои маншури “Шӯрои Сулҳ” гуфт, ки Амрико “пойбанд ба халъи силоҳи Ғазза аст.” Ва таъкид кард, ки “Ҳоло дар марҳилаи баргардонидани охирин ҷасади гаравгони исроилӣ дар Ғазза қарор дорем”.

Раисҷумҳури Амрико зимни қадрдонӣ аз аъзои “Шӯрои Сулҳ” гуфт, ки ин шӯро фурсат дорад, ки ба яке аз муҳимтарин ниҳодҳои байналмилалӣ таблид шавад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз бозсозӣ ва анҷоми сулҳ дар Ғазза “корҳои муҳим”-и дигареро низ анҷом хоҳад дод.

Тибқи маълумоти расонаҳо, раисҷумҳурон ва сарвазирони кишварҳое, ки ба узвияти “Шӯрои Сулҳ” ворид мешаванд, агар узви доимӣ шудан хоҳанд, бояд то 1 миллирад доллар барпохт кунанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои узвият ба ин шӯро танҳо Қазоқистон ва Узбекистон даъват шудаанд. Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон то ҳол даъват нашудаанд.

Ба назари коршиносон, “Шӯрои Сулҳ” як ниҳоди байналмилалие хоҳад буд, ки дар баробари СММ қад алам мекунад, вале суоли матраҳ ин аст, ки оё фаъолияти СММ, ки вазифааш ҳаллу фасли мушкилоти байналмилаӣ аст, зери таъсири шӯрои Трамп хоҳад гирифт ё на?

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Трамп аз кори СММ интиқод карда, гуфта буд, ки дигар аз дасти ин ниҳод, бахусус Шӯрои амнияти СММ барои таъмини амният дар ҷаҳон чизе сохта нест. Ӯ таъкид кард, ки бо вуҷуди бетаъсир будани қарору фармонҳои СММ, он набояд аз байн бурда шавад. Сухане, ки то ҳол касе ҷуръати гуфтани онро ҳам надошт.

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

0
Screenshot

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Ба иттилои ширкати IRS, ки масъули нигоҳдории ин роҳ аст, давоми ду рӯзи охир дар ин масир 29 тарма фаромада, хатари ҳаракати нақлиётро афзоиш додааст. Ширкати IRS рӯзи 22-юми январ дар Фейсбук наворе нашр кард, ки дар он дарозии як тарма дар киломатери 64-уми ин роҳро 200 метр мегӯяд. дар он мегӯяд.

Ба сабаби фаромадани тармаҳои зиёд барои таъмини амнияти ронандагон рӯзи 21-уми январ ҳаракат пурра манъ гардид. Аммо субҳи имрӯз ин ширкат дар Фейсбук хабар дод, ки роҳ аз тарма тоза карда шуда, ба ҳаракатимошинҳо иҷозат дода шудааст.

Рӯзи 21-уми январ дар километри 66-уми роҳ, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб як мошини сабукрави тамғаи «Опел» зери тарма мондааст. Ба гуфтаи масъулон, ронанда ва мусофирони мошин сари вақт наҷот дода шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки гурӯҳҳои наҷотдиҳанда барои бартараф кардани оқибатҳои тарма ва назорати вазъи роҳ ба минтақа сафарбар шудаанд. Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки пеш аз сафар ҳатман вазъи роҳҳоро санҷанд ва аз сафарҳои нолозим худдорӣ намоянд.


Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

0

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Дар иттилоияи ПМТ, ки 21-уми январи соли ҷорӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ҳайати ҷадиди Шӯрои ПМТ, ки 1-уми ноябри соли 2025 интихоб гардида буданд, “Гурӯҳи корӣ”-еро таъсис додааст, ки вазифаи асосии он аз пешниҳоди роҳкорҳо дар мавриди масири минбаъдаи ПМТ, масъалаи кадрҳо ва корҳои сохторӣ ва ташкилӣ иборат буд.

Гуфта мешавад, ин гурӯҳи корӣ дар муддати ду моҳ ба хулосае расидааст, ки “дар вазъияти кунунӣ масъалаи интихоби роҳбари ҷадиди ПМТ баррасӣ нашавад ва Муҳиддин Кабирӣ масъулияти худро давом диҳад”.

Шӯрои ПМТ бо тариқи райдиҳӣ тавсияи Гурӯҳи кориро қабул карда, ба уҳдаи Муҳиддин Кабирӣ масъулияти роҳбари ПМТ вогузор карда, Алим Шерзамонов, Шамсиддини Саид ва Салим Султонзодаро муовинони Роҳбари ПМТ интихоб кардааст.

Ҳамзамон дар сохтори ин эътилоф тағйирот ворид шуда, аз ин ба баъд ПМТ аз чаҳор департамент, як маркази таҳлилӣ ва дастгоҳи ПМТ иборат мебошад. Инчунин бо қарори Шӯрои ПМТ Шавкати Муҳаммад масъули Департаменти иттилоот ва ҳамзамон сухангӯи ПМТ, Абдулқодир Шехов масъули Департаменти равобити хориҷӣ, Фарҳод Одинаев масъули Департаменти ҳуқуқ ва муҳоҷират, Муҳаммади Тешаев масъули Департаменти молия, Темур Варқӣ роҳбари Маркази таҳлилӣ ва Илҳомҷон Ёқубзода роҳбари Дастгоҳи ПМТ таъин шуданд.

Бояд гуфт, дар иттилоияи ПМТ дар бораи Бобоҷон Қаюмов ва Маҳмудҷон Файзраҳмонов, ки чанде пеш аз нав узви Шӯрои ПМТ интихоб шуда буданд, вале пас аз он аз сафи ҲНИТ баромаданд, чизе гуфта нашудааст.

Паймони миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон таъсис ёфта, “Анҷумани озодандешони тоҷик”, “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шомили ин эътилоф шуданд. Аммо моҳи августи соли 2024 “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, ки раҳбариашро Шарофиддин Гадоев бар дӯш дорад, аз Паймони миллии Тоҷикистон хориҷ шуд.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

0

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, сокини 36-солаи Кӯлоб нисбати ду корманди милисаи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ин ду корманди милиса, ки номашон маълум нест ба “шиканҷа” ва “берун баромадан аз ҳади ваколатҳои хидматӣ” айбдор мешаванд.

Гуфта мешавад, Мақсудҷон Саидов 8-уми январ соли ҷорӣ дар Кӯлоб аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Синои пойтахт бо гумони фурӯши маводи мухаддири навъи “кристал” боздошт ва ба идораи милисаи Душанбе оварда шуда буд. Ва ӯ дар ҳоле боздошт гардида буд, ки Раёсати корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки хилофи муқаррарот, кормандони милисаи ноҳияи Сино бе огоҳии онҳо дар шаҳр амалиёт анҷом додаанд ва онҳо ҳеч чизе дар ин бора намедонанд.

Аммо пас аз чор рӯзи боздошт ҷасади Мақсудҷонро саросемавор аз Душанбе ба Кӯлоб бурда, бо осори шиканҷа дар баданаш ва ангуштони сӯхтаи пою дасташ, ки эҳтимолан он изи сими барқ бошад, ба хок супурдаанд. Дар барқ гузоштани гумонбарон барои гирифтани эътироф яке аз усулҳои шиканҷаи мақомоти пулис ва амнияти кишвар аст.

Дар ҳамин ҳол яке аз дӯстони Саидов бо шарти наовардани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомот тарс доштанд, ки марги боздоштшуда дар Кӯлоб эътироз ба бор меорад ва қабл аз супурдани ҷасад дар рӯзи 12-уми январ чанд мақоми милисаи Раёсати умури дохилии Душанбе бо наздикони Саидов суҳбат карда, гуфтаанд, ки гунаҳкоронро боздошт кардаанд ва ҷазо медиҳанд. Ҳамчунин аз онҳо хостаанд, ки ҷое эътироз ва шикоят накунанд.

Бояд гуфт, бо гузашти беш аз 10 рӯз аз ин ҳодиса мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол марги Мақсудҷон Саидовро шарҳ надода, дар бораи бе огоҳӣ гузарондани амалиёт аз ҷониби кормандони милисаи Душанбе дар Кӯлоб низ чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, Мақсудҷон ягона нафаре нест, ки пас аз боздошт аз шиканҷаи кормандои мақомоти қудратии кишвар дар идораҳои пулису амният ва боздоштгоҳ ҷон медиҳад. Пештар дар моҳи январи соли 2023 Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини дигари шаҳри Кӯлоб пас аз шиканҷа дар идораи милиса фавтида буд. Ин ҳодиса боиси эътирози сокинони шаҳри Кӯлоб гашт ва мақомот маҷбур шуданд, се афсари пулисро боздошт ва барои 14 солӣ равонаи зиндон кунанад.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

0

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.

Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт, шаби 19-уми январ шаш ноболиғ дар кӯчаи Садриддин Айнӣ дастгир шуданд. Ба гуфтаи мақомот, ноболиғони боздоштшуда бо ашёи буррандаву халанда мусаллаҳ будаанд ва нияти муноқиша доштанашон пешакӣ ошкор шудааст. Ҳангоми боздошт аз онҳо ду корд дарёфт ва мусодира гардидааст.

Мақомот нисбати волидони ин шаш наврас бо гумони иҷро накардани уҳдадориҳои таълиму тарбияи кӯдак (моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Тибқи қонун, ин модда ҷазо дар шакли ҷарима аз 780 сомонӣ ё то 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ мекунад.

Назари волидони ноболиғони боздоштшуда дар робита ба ин қазия то ҳол маълум нест. Дар ҳамин ҳол, мақомоти милитсия аз кулли шаҳрвандон, махсусан падару модарон даъват намудаанд, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва ба тарбияи онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд.

Солҳои охир муноқишаҳои ноболиғон бо истифода аз корд бештар шудааст, ки бархе аз онҳо бо паёмадҳои фоҷиабор анҷом ёфтаанд.

Дар моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе низ дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон як наврас кушта ва нафари дигар захмӣ шуда буд. Мақомот гуфтанд, ки он ҳодиса дар натиҷаи баҳсҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст.

Ахиран дар шаҳри Кӯлоб, низ дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик ба ҳалокат расид ва ду иштирокчии дигари ҳодиса захмӣ шуданд.

Лаҳистон дигар шиносномаҳои ғайрибиометрии Русияро эътироф намекунад

0

Рӯзи 20-уми январ Идораи умури муҳоҷирати Лаҳистон аз тасмими мақомоти ин кишвар дар бораи қатъи эътирофи шиносномаҳои ғайрибиометрии Русия хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, тасмим аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва Идораи муҳоҷирати Лаҳистон қабул шуда, ҳадафи он тақвияти амнияти миллӣ ва низоми муҳоҷират арзёбӣ мешавад.

Тибқи ин қарор, аз 1-уми январи соли 2026 шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматии ғайрибиометрии Русия дигар аз ҷониби Лаҳистон эътироф намешаванд. Ҳамчунин аз 1-уми апрели соли 2026 шиносномаҳои оддии ғайрибиометрии Русия низ аз эътибор соқит хоҳанд шуд.

Мақомоти Лаҳистон таъкид кардаанд, ки барои шиносномаҳои оддӣ муҳлати гузариш пешбинӣ шудааст, то хатари паёмадҳои манфӣ, аз ҷумла мушкилоти марбут ба қонунӣ гардондани будубош, барои шаҳрвандони Русия, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, коҳиш дода шавад.

Ба гуфтаи идораи умури муҳоҷират, шаҳрвандони Русия бояд то муҳлатҳои зикршуда ҳуҷҷатҳои худро мутобиқ ба талаботи нав иваз намоянд.

Террористон ё қочоқбарон? Вазъро дар марз кӣ халалдор кардааст?

0

Ҳукумати Толибон аз оғози таҳқиқи ҳодисае хабар дод, ки дар натиҷаи он дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чаҳор нафар кушта шуданд. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба сомонаи маҳаллии “Salom Vatandor” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Муҷоҳид, тибқи маълумоти аввалия, афроди кушташуда эҳтимолан “қочоқбарони одӣ” будаанд, ки мумкин аст маводи мухаддир ё дигар ашёи мамнуъро интиқол медоданд.

Аммо Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фарзияи дигареро пешниҳод карда, изҳор доштанд, ки афроди кушташуда “чор террористи мусаллаҳ” буданд, ки ба таври ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур кардаанд. Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, ҳодиса шаби 18-уми январи соли 2026, тахминан соати 00:30, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №7 “Хирманҷо”-и Отряди сарҳадии “Ёл”, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дода, ҳарчор гумонбар кушта шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷойи ҳодиса 3 автомати Калашников, 1 таппончаи навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 тир, 3 телефони мобилӣ, 1 ратсия ва 1 қаиқ мусодира шудааст, вале мақомоти Тоҷикистон дар бораи маводи мухаддир чизе нагуфтаанд.

Забеҳулло Муҷоҳид ҳамчунин дар суҳбаташ ба расонаҳо таъкид кардааст, ки Толибон ба ҳеҷ гурӯҳ ё шахсе иҷоза намедиҳад, ки аз қаламрави Афғонистон барои анҷоми фаъолияти шубҳанок ё душманона алайҳи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон истифода кунад.

Иддаои Муҷоҳид дар ҳолест, ки моҳи гузашта Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар ҳамин минтақаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ду марзбони тоҷик Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд.

Бояд гуфт, дар як соли охир беш аз даҳ убури ғайриқонии марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҷониби қочоқбарони афғонӣ ва кушта шудани онҳо, ҳамчунин 3 ҳамла аз хоки Афғонистон ба хоки Тоҷикистон, ки бо кушта шудани чанд шаҳрванди Чин анҷомид, сабт гардидааст.

Чин аз шаҳрвандонаш хост, ки ба Афғонистон сафар накунанд

0

Рӯзи 19‑уми январ, дар пайи як ҳамлаи террористӣ дар ресторани чинӣ дар минтақаи Шаҳри нави Кобул чандин нафар ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд.

Чин пас аз ҳамлаи маргбори рӯзи душанбе дар Кобул аз шаҳрвандонаш хост, ба Афғонистон сафар накунанд ва дар сурати будубош дар ин кишвар, ҳушёр бошанд. Пекин мегӯяд, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз хеле мураккаб аст ва ин ҳамла “Хисороти зиёд” ба бор овардааст.

Сафорати Чин ба шаҳрвандонаш тавсия додааст, ки аз ҳузур дар ҷойҳои серодам, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, ҷойҳои мазҳабӣ ва бозорҳои калон худдорӣ кунанд ва ҳолати амниятии маҳалли зиндагӣ ва сафарҳояшонро пайваста назорат кунанд.

Го Ҷиакун, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин гуфтааст, Пекин нигаронӣ ва эътирозашро ба Толибон расондааст ва аз онҳо хостааст, ки шаҳрвандони Чин, лоиҳаҳо ва муассисаҳои ин кишварро муҳофизат кунанд. Ӯ ҳамчунин аз Толибон талаб намуд, ки ҳарчи зудтар сабаби воқеа ошкор ва гунаҳкорон ҷазо дода шаванд.

Толибон тасдиқ карданд, ки дар ҳамлаи маргбор дар ресторани “Макарони гӯштии гов Ланджу” дар минтақаи Шаҳри нави Кобул дастикам ҳафт нафар кушта ва 13 нафар захмӣ шудаанд. Як нафар аз кушташудагон шаҳрванди Чин будааст. Толибон гуфтанд, шаҳрванди кушташуда аз шаҳри Шинҷянги Чин буд ва мусулмон будааст.

Гуфта мешвад, шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи ДИИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифта ва гуфтааст, ки ҳадафаш маҳз шаҳрвандони Чин будааст. Ин гурӯҳ мегӯяд, ба хотири ин ки “Чин бо мусулмонони уйғур бадрафторӣ мекунад”, ин ҳамлаҳоро анҷом медиҳад.

Бояд зикр кард, ки аз оғози моҳи декабр то имрӯз, аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз се ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дода шудааст, ки дар натиҷа даҳ нафар шаҳрвандони Чин кушта ва иддае захмӣ гардиданд.

Фишор ба мардикорон дар Душанбе

0

Мақомоти шаҳри Душанбе ҷамъшавии корҷӯёнро дар минтақаҳои гуногуни пойтахт барои пайдо кардани кор мамнуъ карданд.

Ба гуфтаи баъзе аз корҷӯён, мақомоти пойтахт иҷозат намедиҳанд, ки мардикорон дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр ҷамъ шуда, ба истилоҳи мардумӣ “мардикорбозор” ташкил кунанд. Дар пайи ин маҳдудиятҳо, фаъолияти корҷӯён дар чанде аз минтақаҳои шаҳр коҳиш ёфтааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ зимни боздид аз яке аз маконҳои ҷамъшавии мардикорон дар ноҳияи Фирдавсӣ манзараи ғайримаъмулро мушоҳида карданд. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ, мардикорон дигар асбобу анҷоми кори худро пеши худ намегузоранд ва танҳо мунтазири пайдо шудани корфармо мемонанд.

Ба гуфтаи худи мардикорон, сабаби чунин вазъ тарс аз рейдҳои маъмурони милиса аст. Онҳо мегӯянд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ҳар лаҳза омада, онҳоро пароканда кунанд ва асбобу таҷҳизоти кориашонро мусодира намоянд.

Корҷӯён ҳамчунин мегуянд, ки дар ду моҳи ахир маъмурони милиса онҳоро пайваста аз ҷойҳои ҷамъшавӣ меронанд ва ҳушдор медиҳанд, ки дигар дар ин маконҳо ҷамъ нашаванд. Ин ҳолат боиси нигаронии мардикорон шудааст, зеро барои бисёре аз онҳо чунин ҷойҳо ягона имкони пайдо кардани кор ба ҳисоб меравад.

Зафар Хоҷаев, ки мардикор аст, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки онҳо дар ин ҷо кори ҳалол мекунанд, то нони ҳалол ба даст биёранд, на ҷиноят. Ба қавли ӯ, фарди бекор ва ночор метавонад ба ҳар коре даст занад: «Чӣ кор мекунад? Роҳзанӣ мекунад ё ягон кори бад мекунад. Агар ҳамин хел бекор монад, ба кори бад меравад. Мегӯянд, одами гурусна ба шер ҳам мезанад».

Сафаралӣ ном як мардикори дигар мегӯяд: “Ҳамин ғам надиҳанд, ин ҷо наистед гуфта. Мо ин ҷо меистем, ягон кор омад, мегирем меравем, кор, ки иҷро шуд меравем хона.”

Аз идораи пулиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ин мавзуъро бо таври варшан шарҳ надоданд.

Ба гуфтаи коршиносон, аксари афроде, ки маъмулан дар “мардикорбозор”-ҳои Душанбе ҷамъ меоянд, муҳоҷирони корие ҳастанд, ки аз Русия ихроҷ ё худ маҷбур ба бозгашт ба Тоҷикистон шудаанд. Ин афрод пас аз бозгашт ба Ватан, дар шароити камбуди ҷойҳои корӣ, барои пешбурди зиндагии рӯзмарра маҷбур мешаванд ба мардикорӣ рӯ оваранд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки мардикорӣ барои бисёре аз ин муҳоҷирони бозгашта на интихоби дилхоҳ, балки роҳи маҷбурии дарёфти даромади ҳадди ақал аст. Ба гуфтаи онҳо, маҳдуд ё манъ кардани фаъолияти мардикорон бидуни пешниҳоди ҷойҳои кори алтернативӣ метавонад вазъи иҷтимоиро боз ҳам печидатар кунад.

Рондани корҷӯён аз “мардикорбозор”-ҳо роҳи ҳалли мушкил нест ва баръакс метавонад боиси афзоиши норозигии як қишри ҷомеа аз сиёсати ҳукумат гардад. Коршиносон мегӯянд, агар кори мардикорон ба таври қонунӣ танзим нашавад ва барои онҳо ҷойҳои кори воқеӣ фароҳам нагардад, чунин тадбирҳо метавонанд паёмадҳои манфии иҷтимоиро ба бор оранд.

Онҳо мегӯянд, ки ҳукумат бояд ба ҷойи маҳдуд кардан, фаъолияти мардикоронро расмӣ кунад, низоми соддаи бақайдгирӣ ва андозбандӣ ҷорӣ намояд ва ҳамзамон барои муҳоҷирони бозгашта ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварад.