Хона блог саҳифа 719

Тоҷикистон дар қарзи хориҷӣ хатти ниҳоиро ҳам гузаштааст

0

Фонди авруосиёии субот ва рушд дар як гузориши худ то кадом андоза қарзи давлатӣ бехавф ва мувофиқ буда метавонадро шарҳ додааст. “Азия-Плюс” аз рӯи ин санад гузорише омода кардааст.

Андозаи ҳадди ниҳоии қарзи давлатӣ барои кишварҳои рушдёфта дар шароити пандемияи коронавирус 55% аз ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва барои давлатҳои камтар рушдёфта – 38%-и ММД-ро ташкил медиҳад, омадааст дар санади ФАСР.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки қарзи давлатии Русия ва Қазоқистон дар сатҳи пасти муносиб (камтар аз 20% нисбат ба ММД) қарор дошта, аз нишондиҳандаи ниҳоии 38% боло нест.

Ба дигар кишварҳои муассиси Фонд, аз ҷумла Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки “бо назардошти сатҳи ҷории рушд, нисбат ба уҳдадориҳои қарзӣ эҳтиёткорона муносибат зоҳир кунад”.

Натиҷаҳои арзёбии таҳлилгарони Фонд бар он аст, ки афзоиши қарзи давлатии Арманистон ҳатто дар сурати боло будан аз ҳадди ниҳоии 38%-и ММД ба рушди иқтисод таъсири начандон назаррас мерасонад.

“Дар арзёбии вазъи Беларусу Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсири манфӣ зимни баланд будани қарз аз сатҳи ниҳоӣ ошкор нашуд”, –  зикр гардидааст,  дар санад.

Муаллифони санад, дар идома навиштаанд, ки кишварҳои аз ФАСР қарзгиранда ба кластерҳои гуногун мансубанд, ки хусусияти сатҳи рушди ниҳоии онҳоро нишон медиҳад.

Ин Фонд соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар заминаи Бонки авруосиёии рушд таъсис дода шудааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, то аввали соли 2020 таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон нисбат ба ММД-и кишвар 45,7%-ро ташкил дод, ки 7,7 банди фоизӣ аз “хати сурх”-и 38% зиёдтар мебошад.

Аз ҷумла, то 1 январи соли 2020 қарзи дохилии ҷумҳурӣ 6,9 млрд сомонӣ ва ҳаҷми қарзи хориҷӣ – 2,9 млрд долларо ташкил медод (мутаносибан 9,9% ва 35,8% аз ҳаҷми умумии ММД-и соли пешини кишвар).

Аз оғози сол то 1 октябр ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба андозаи 275 млн доллар афзуда, ҳудуди 3,2 млрд доллар расид.

Маълумот дар бораи афзоиш ё коҳиши ҳаҷми қарзи дохилӣ то ба имрӯз ҷое нашр нашуда ва масъулон эълон накардаанд.

Ҷопон ба беморхонаҳои Тоҷикистон дастгоҳҳои радиологӣ ҳадя мекунад

0
Сафорати Ҷопон дар ҶТ

Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон аз кумаки 270 ҳазор доллари кишвараш ба Тоҷикистон хабар дод. Гуфта мешавад, ин кумак дастгоҳи радиологӣ буда, ба се беморхонаи шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат тақдим шудааст.

Бино ба иттилои “Азия-Плюс” арзиши ҳар як дастгоҳ 90 ҳазор доллар буда, кумаки ройгони ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон гуфта шудааст.

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Tакаюки Миясита, змини тақдими таҷҳизот ба беморхонаҳо гуфтааст, ҳадафи ин иқдом кумак ба Тоҷикистон барои ташхиси дурусти бемориҳо мебошад.

Сафири Ҷопон дар идома иброз дошта, ки ҳукумати Ҷопон солҳои тӯлонӣ ба Тоҷикистон дар мавриди таъмини ниёзи бахши беҳдошту дармони ин кишвар бо таҷҳизоти пизишкӣ кумаки ройгон кардааст. Имрӯз низ ба далели густариши вируси корона бемористонҳои Тоҷикистон эҳтиёҷи шадиде ба таҷҳизоти пешрафта доранд, ки дар оянда низ мо ба расонидани кумакҳои мавриди ниёзи ин бахш иқдом хоҳем кард.

Ду сарбози ғарқшуда дар Тоҷикистонро чаро то имрӯз пайдо накарданд? (Садо)

0

Пайвандони Сироҷиддин Ятимов – яке аз сарбозоне, ки ба гуфтаи мақомот дар рӯдхонаи Бартанги вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғарқ шуд, мегӯянд, бо гузашти бештар аз ду моҳ аз сарбозони ғарқшуда дараке нест.

Сангин Ятимов падари сарбози ғарқшуда Сироҷиддин Ятимов мегӯяд, аз кори мақомот розӣ нест ва ниҳодҳои зидахл барои ёфтани ҷасади фарзандони онҳо кӯшиши кофӣ ба харҷ намедиҳанд.

Ятимов дар суҳбат ба “Аздо ТВ” гуфт, ки онҳо дар моҳи гузашта пас аз навишатни мактубу дархостҳои зиёде аз мақомот ду мактуби ҷавобӣ гирифитаанд, ки аввалӣ аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар рӯзи 25 октябр ва дигарӣ аз Вазорати мудофиа дар торихи 9 ноябр будааст.

Вазорати мудофиа дар ҷавоби мухтасар гуфта, ки қазияи сарбозони ғарқшударо думбол доранд ва дастур додаанд то онро пайгирӣ кунанд. Аммо номаи Вазрати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон нигаронии падари сарбозро ба бор овардааст.

Ба нақли Сангин Ятимов Вазорат ҳолатҳои фавқулода дар мактуб навишта, ки хулосааш ин аст:  

“мо кофтуков кардем аз фарзандони шумо, вале то ҳанӯз пайдо накардем ва аз имрӯз ба пас дохили дарё намеравем ва атрофи онро ҷустуҷӯ мекунем, чун ҳоло об кам ва лой аст. То замоне, ки об пур нашавад ва он аз 15 то 50 рӯз вақт мегирад, онҳо танҳо атрофи дарёро меҷуянд”.

Худи падари сарбоз ба ин гуфтаҳо розӣ ва нест. Ӯ дар суҳбат бо “Аздо тв” мегӯяд:

Сироҷиддин Ятимов, ба фарзяи мақомот мавриди ғарқи фарзандаш ба чашми нобоварӣ менигарад ва пештар дар суҳбате бо “Аздо тв” онро дар чанд нукта шарҳ дода буд.

Ӯ бар ин назар аст, ки сарбозон дар қазияи ғарқ шудани писарбачаи мактабхон аз ноҳияи Рӯшон, ки гуфта мешавад ӯ даст ба худкушӣ зада худро ба об андохтааст ва барои наҷоти ӯ сарбозон низ худро ба об андохтаанд ва дар натиҷа ғарқ шудаанд, воқеият надорад ва сарбозон дар ин қазия аслан вуҷуд надоштаанд.

Падари сарбоз аз эҳтимол дур намедонад, ки қабл аз ҳодисаи ғарқ шудани писарбача балое бар сари ин ду сарбоз овардаанд ва онро бар ин ҳодиса барои рӯпуш намудани асари ҷинояте ҳамроҳ кардаанд.

Ятимов ба “Аздо тв” барои исботи далоили шубҳааш нисбати хабари мазкур наворе фиристод, ки аз ҷои ҳодиса гирифта шудааст, дар он лаби дарёе тасвир ёфта, ки бинанда ҳеч гумон намекунад дар чунин ҷое одам ғарқ шавад. Падари сарбоз мегӯяд, фарзандаш дар ин дарё пештар ҳам оббозӣ мекард ва ӯ оббозиро хуб балад буд ва ин ҷои ҳодиса ҳам хеле шубҳаро зиёд мекунад, ки дар чунин ҷое орому бехавф шахс ғарқ шавад.

Далели дигари Сангин Ятимов ин аст, ки вақте хабар нашр шуд, танҳо аз ғарқ шудани писарбачаи мактабхон гуфта мешуд, аммо аз ғарқ шудани сарбозон хабаре набуд, ба гуфтаи ӯ сарбозон барои наҷоти писарбача ҳамроҳи ӯ ғарқ шуда бошанд, пас чаро номе аз онҳо бурда нашуд?

Ҳамзамон ӯ  мегӯяд, ҷасади писарбачаро пайдо карданд, аммо ҷасади сарбозонро пайдо накарданд. Аз ин нигоҳ ин хабарро қабул надорад. Ба назари ӯ асли воқеа дигар аст. Ятимов дар охир мегӯяд, фарзандашро, ки дар донишгоҳ ғоибона мехонд, ба усули рабудан ё “Облава” ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Ӯ замоне ба ҳалокат расид, ки мӯҳлати хидматаш ба охир расида буд ва мебоист ба хона баргардад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расмӣ, Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, сарбозони қисми нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон, рӯзи 30-юми сентябри имсол барои наҷоти як хонандаи мактаб худро ба дарё андохта ғарқ шуданд.

Ҷасади Хонандаи мактабро, ки бо қасди худкушӣ худро ба об андохта буд, рӯзи 30-юми сентябр пайдо карданд, аммо бо гузаштани беш аз ду моҳ ҷасади ду сарбоз ёфт нашудааст. Маҳастӣ Зуҳурова, хоҳари сарбрзи ғарқшуда дар бораи зидду нақиз будани хабари ғарқи бародараш ба озодӣ буд, ки

“Рӯзи дувуми октябр раиси маҳалла бо як командир омада, гуфтанд, ки ҳодиса якуми октябр шудааст. Намедонем, ки дақиқан ҳодиса кай шудааст. Боз шунидем, ки 3 сарбоз худро ба об партофтаанд, на ду кас. Дирӯз бо сарбози сеюм, ки наҷот ёфтааст, гап задем. Як гуфтааш ба гапи дигараш мувофиқат намекунад. Мехоҳем, ҳар воқеае шудааст, ба мо дақиқ бигӯянд”.

Дар Тоқикистон бадрафторӣ нисбати сарбозон дар қисмҳои низомӣ ба як мушкилии доимӣ табдил ёфта ва боис шуда, ки сокинон камтар майли хидмати ҳарбӣ дошта бошанд.

Ҳамлаи як ронандаи мошин ба пиёдагардҳо дар Олмон

0
Трири Олмон, макони садама. Акс: euronews

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллиии Олмон имрӯз 1 декабр дар ин кишвар як ронандаи мошин дар роҳи пиёдагард чанд нафарро зер кардааст.

Пулиси Олмон мегӯяд, ки дар ин ҳодиса дар ҷанубу ғарбии шаҳри Трири Олмон ду нафар кушта ва дасти кам 15 тан бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона мунтақил шудаанд.

Пулис ронандаи худрав, марди 51-солаи сокини Трирро боздошт кардааст. Дар ҷои ҳодиса пулис ва ёрии таъҷилӣ ҳузур доштанд. Пулис аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз ҷои ҳодиса дур бошанд.

Ба гуфтаи пулис, мошини ронандаи ҳамлагар низ мусодира шудааст. Аммо мақомот то ҳол сабаби ҳамла ва ё садамаро муайян ва эълон накардаад. Эҳтимолои ангезаи террористӣ доштани ҳодиса ва ё бемории равонӣ доштани ронанда таҳқиқ карда мешавад.

Шаҳри Трер дар 200-километрии ғарби Франкфурт, дар наздикии марзи Олмон бо Люксембург ҷойгир аст. Шаҳр тақрибан 110,000 аҳолӣ дорад.

Чӣ гуна меҳмонхонаи Исмоили Сомонӣ 14 сол боз аз андоз озод мешавад?

0
Меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”. Акс аз Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон, 15 ширкату идораҳои давлатӣ ва хусусӣ, аз ҷумла кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон бинову иншооти иҷтимоиро бунёд мекунанд, аз андозу боҷи гумрук бино бар қонун “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” озод кард.

Аз ҷумла ширкате, ки ба сохтмони бинои меҳмонхонаи “Исмоилӣ Сомонӣ” дар шаҳри Душанбе машғул аст, аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ имсол ҳам озод карда шуд. Ин меҳмонхона 14 сол боз сохта шуда истодааст ва ҳукумат онро аз пардохти боҷу андозҳо озод мекунад. Дар ҳоле ки соҳибкорон ва ширкатҳои дигар чунин имтиёз надоранд.

Сохтмони бинои меҳмонхонаи “Исмоилӣ Сомонӣ” моҳи марти соли 2006 шурӯъ шуда, дар гузоштани “хишти аввал” президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда буд. Харҷи сохтмони бинои меҳмонхона 30 миллион доллар гуфта мешуд ва ин бино бояд дар якуним сол сохта, ба истифода дода мешуд.

То ин ҳад дароз шудани сохтмон гумонҳоеро ба миён овардааст ва коршиносон мепурсанд, ки чаро сохтмони ин меҳмонхона чаҳордаҳ сол боз идома дорад? Дар матни қонуни буҷа номи ҳамаи ширкатҳои паймонкор оварда шудааст, ба ҷуз аз меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”.

Бино бар маълумоти пойгоҳи ҳуқуқии Вазорати адлия, фармоишгари сохтмони ин меҳмонхона ширкати “Доллмарк Лтд” ва паймонкори кул “Beijing Foch Mechanical Equipment Installation Engineering Co., Ltd” мебошанд, менависад Радиои Озодӣ.

Пештар сомонаи “Asia-Plus” навишта буд, ки фармоишгари сохтмони меҳмонхона Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буда, ба сохтмони он ширкати “Исмоили Сомонӣ – асри XXI” машғул аст. Раиси ин ширкат Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси президент ва бародари Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” мебошад.

Бино бар таҳқиқоти Радиои Озодӣ “Доллмарк Лтд”, ширкати офшорӣ буда, дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шудааст. Ҳамчунин “Доллмарк Лтд” бинои “Рӯдакӣ Плаза”-ро дар ихтиёр дорад. Бино бар маълумотҳо ин бино ба Ҳасан Асадуллозода раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.

Ба назари коршиносон, чун маъмурияти ҷазираҳои офшор номи моликони ширкатҳоро пинҳон медорад, бештари сиёсатмадорон ва сарватмандоне, ки сармояҳояшон аз роҳҳои шубҳаовар ба даст оварда шудааст ва мехоҳанд, ки дороиҳояшон аз чашми мардум ва мақомоти интизомӣ пинҳон монад, дар минтақаҳои офшор сарвати худро пинҳон мекунанд.

Вячеслав Володин: феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ тартиб дода шавад

0
Сурат: РИА Новости

Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки барои мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ бояд дар кишварҳои узви СААД таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ тартиб дода шавад.

Вячеслав Володин дар ҷаласаи XIII-и Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – СААД зарурати таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористиро таъкид кардааст.

Бино ба навиштаи хабаргузориҳо Володин гуфтааст:

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, созмоне, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”.

Дар идома иброз доштааст, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

Гуфта мешавад, дар барномаи нави панҷсолаи қонунэҷодкунии Ассамблеяи парлумонии СААД барои 5 соли оянда 29 санади тарҳро фаро мегирад. Ба ин рӯйхат санадҳо дар бораи танзими амнияти рақаммӣ, ҳифзи иттилоот, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккилона мебошад.

Тоҷикистон дар истеъмоли маводи спиртӣ аз байни 189 кишвар мақоми 130-ро гирифт

0

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ натиҷаҳои таҳқиқотеро дар хусуси истеъмоли машруботи спиртӣ дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2020 нашр кардааст.

Дар гузориши ин созомон 189 кишвари ҷаҳон зикр гардидааст. Аз рӯи раддабандӣ дар байни кишварҳои ИДМ Тоҷикистон дар мақоми 130, Узбекистон 138, Озорбойҷон 166  қарор гирифтаанд, ки нисбат ба дигар кишварҳо истеъмоли машруботи сипритӣ кам гуфта шудааст.

Ҳамчунин тибқи таҳқиқоти анҷомгардида, даҳ кишвари ҷаҳон то соли 2020 аз ҳама бештар машрубот истеъмол кардаанд, ки онҳо Молдова, Литва, Чехия, Германия, Нигерия, Ирландия, Люксембург, Латвия, Булғористон, Руминия мебошанд.

Тибқи ин гузориш, кишварҳое, ки машрубот истеъмол намекунанд Сомалӣ, Мавритания, Ливия, Кувайт, Бангладеш, Яман, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Сурия ва Покистон номбурда шудаанд.

Дар Тоҷикистон тибқи қонунгозорӣ таблиғи машруботи сипиртӣ манъ буда, ҳамчунин танҳо дар маконҳои муқараргардида ба фурӯш гузошта мешавад, вале дар бархе манотиқҳои кишвар, ба таври пинҳонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

Ҳамчунин тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон нафароне, ки машруботи сипиртӣ истиеъмол мекунанд, ба рондани мошин ҳақ надоранд, дар ҳолати мастӣ рондани мошин то 12 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ гардидааст ва ҳамчунин то панҷсол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум мегарданд.

Дар Тоҷикистон омори таваллуд беш аз 2 дарсад афзудааст

0

Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, давоми 10 моҳ дар кишвар 166,6 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар дар давраи муқарраркардаи қонун 2,4% афзудааст.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, мизони таваллуд ва фавт ба ҳисоби миёна ба 1000 нафар аҳолӣ 23,7 дарсад барои калонсолон ва 4,1 дарсад барои кӯдакон будааст.

Агентии омор афзудааст, ки шумораи фавти кӯдакон дар Тоҷикистон низ зиёд гардида, аз аввали соли 2020 дар кишвар 28,9 ҳазор нафар фавтидаанд, ки 1,6 ҳазор нафарашон кӯдакони то яксола мебошанд.

Бино ба иттилои Агентии омор, бақайдгирии фавтҳо дар ҳама минтақаҳо 15,7 фоиз афзуда, 28,9 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки то аввали моҳи ноябр аҳолии Тоҷикистон аз 9,4 миллион нафар гузашт, ки ин афзоишёбии аҳолӣ нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 2% зиёдтар мебошад.

Дар идома зикр гадидааст, ки вилояти Хатлон минтақаи сераҳолии ҷумҳурӣ буда, дар он ҷо зиёда аз 3,4 миллион нафар зиндагонӣ мекунанд.

Дар вилояти Суғд, беш аз 2,7 миллион нафар гуфта шуда, дар ВМКБ – 230,4 ҳазор, дар ноҳияҳои тобеи марказ – беш аз 2,2 миллион ва дар Душанбе – 871,6 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ҳазорҳо нафар шаҳрвандон Тоҷикистонро ба қасди Русия ва кишварҳои дигар тарк мекунанд. Шумори онҳое, ки бо аҳлу хонаводаашон ба Русия кӯч баставу шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд, кам нестанд.

Коҳиши тиҷорати дохилӣ бар асари интишори коронавирус

0

Дар Тоҷикистон тиҷорати дохилӣ коҳиш ёфтааст. Аз ҳама бештар фурӯши маҳсулоти саноатӣ либос, пойафзол, лавозими хонагӣ, васоили барқӣ, масолеҳи сохтмонӣ, мошин ва сӯзишворӣ гуфта шудааст.

Сомонаи “Спутник” аз қавли Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки дар соли 2020 беш аз 7 дарсадии тиҷорати дохилӣ коҳиш ёфтааст.  

Гуфта мешавад, мизони тиҷорати дохилии Тоҷикистон ба 25 миллиарду 700 миллион сомонӣ (муодили 2 миллиарду 200 миллион доллар) расида, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ 7,3 дарсад поён рафтааст.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки тиҷорати орду нон, анвои қанду шакар, гӯшт, равғани моеъу мева ва сабзавот ба миқдори 9 миллиарду 100 миллион сомонӣ  расидааст, ки 42 дарсади кулли тиҷорати дохилиро дар бар мегирад.

Ҳаҷми тиҷорати маҳсулоти саноатӣ 11 миллиарду 100 миллион гуфта шудааст, ки 59 дарсадро ташкил медиҳад.

Тӯли 10 моҳи сипаригардида ба маблағи 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ сӯзишворӣ ва беш аз 531 миллион сомонӣ анвоъи мошин дар Тоҷикистон фурӯхта шудааст.

Боз шикояти шаҳрвандон аз хизматрасониҳои “Сомон Эйр”

0
Сурат: навори видеоии корбарон

Бо вуҷуди ба маротиб гарон боқӣ мондани чиптаҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, ҳамоно муштариёни ширкат аз ночиз будани хӯроки тақсимкардаи дохили ҳавопаймо шикоят доранд.

Як корбари “Аздо ТВ” бо ирсоли наворҳо аз дохили ҳавопаймои ин ширкат аз ҳаҷму шакли хурданиҳои ин ширкат нақл кард. Ин корбар нимшӯхи мегӯяд, ки шояд масъулон фикр мекунанд, ки оби додаи ширкати “Сомон Эйр” ба мисли “оби Замзам” инсонро то сешабонарӯз сер нигаҳ медорад, ки онҳо бо чунин ҳаҷми кам барои муштариён хӯрок тақсим мекунанд.

Дар ду ҳафати ахир ин дуввумин шикояти муштариёни ин ширкат аст, ки дар расонаҳо роҳ меёбанд. Ҳафтае пеш як корбари шабакаи Фейсбук бо номи Муҳаммад Собиров хизматрасонии ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро бо ширкати “Узбекистон Ҳаво Юлари” муқоиса карда бо гузоштани аксу навори хӯроки тақсимкардаи дохили ҳавопаймоҳо аз ҳаҷму шакли хурокҳои дӯ ширкат гуфта буд. Дар аксҳо дидад мешуд хӯроке, ки ширкати узбекистонӣ ба мусофирон тақдим мекунад аз хӯроки тақдим намудаи ширкати тоҷикистонӣ ба маротиб беҳтару бештар аст.

Ширкати “Сомон Эйр” бо вуҷуди доштани нархи гарони чипта хӯроке, ки ба мусофиронаш медиҳад аз як нону буридаи панир ва ҳасибу бодиринг иборат аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки чиптаи Москва-Душанбе аз ширкати “Сомон Эйр” 38 200 рубл нарх дорад. Нархи чиптаи Москва – Самарқанд аз ширкати “Узбекистон ҳаво юлари” 21-22 ҳазор рубл нарх дорад.

Дар паи нашри ин хабар, чанд корбар ба шакли вокӯниш ба “АздоТВ” навиштанд, ки ин аскҳо аз “Сомон Эйр” набуда, балки аз ширкати “Ют Эйр”-и русӣ аст. Аммо ин корбари “Аздо ТВ” наворҳоро аз дохили ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” гирфта ба таври зинда онро шарҳ додааст, ки аксҳои пештар дар фейсбук нашршударо таъйид мекунад.

Сурат: навори видеоии корбарон

Пас аз мушкилоти молӣ дар ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” дар соли 2019, ин ширкат парвозҳояшро қатъ кард ва ширкати “Сомон Эйр” дар Тоҷикистон яккатоз шуд. Дар муфлис шудани ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” коршиносон даст доштани муассисони ширкати “Сомон Эйр”-ро баъид намедонанд.  

Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз ҳангоми навиштани гузориш яке аз шаҳрвандони Узбекистон, Меҳроҷ Турсунов, ки барои дӯсти тоҷикистонияш бо нархи арзон мехост чипта бихарад, дар кассаи “Сомон Эйр” аз номи як корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия, ки нахост номи онро зикр кунад номашро ба фурушандаи билет мегирад. Аммо билетфурӯш аз ширкати “Сомон Эйр” бо ғурур ба ӯ мегӯяд:

“Мада фарқаш нест, ки корманди сафорат кияй. Медони, ки ин ширкат ай кияй?”

Дар охири сӯҳбаташ Турсунов, шаҳрванди Узбекистон ба “Аздо ТВ” бо афсус мегӯяд, “дар Русия кучук соҳиб дораду муҳоҷир не. “Сомон Эйр” соҳиб дораду сафорат не.”

Викиликс ҳам пештар пешбинӣ карда буд, ки ишораҳои раҳбарияти “Сомон Эйр” ва ҳаҷми нақшаҳои онҳо нишон медиҳад, ки ба зудӣ “Тоҷик Эйр” муфлис шуда, тамоми парвозҳояш дар ихтиёри “Сомон Эйр” қарор мегирад.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ширкати хусусӣ ва хориҷӣ аст. Дар ин бора пештар Вазорати нақлиёти Русия, замоне, ки парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатро манъ мекард, изҳор карда буд.

Тибқи маълумоти сомонаи Паём, муассиси “Сомон Эйр” SDH Investment Corp аст, ки дар ноҳияи офшории ҷазираҳои Вирҷин ба қайд гирифта шудааст. Тариқи ҳамин офшор инчунин пулҳои Ширкати алюминии ТАЛКО “шуста” мешаванд.

Ин сомона таъкид мекунад, ки SDH шакли кӯтоҳшудаи насаби Саъдуллоев Ҳасан (насаби қаблии Ҳасан Асадуллозода додараруси раисҷумҳур Раҳмон аст мебошад. Таърихи пайдоиши “Сомон Эйр” дар бозори авиатсия ношаффоф аст. Ширкати хориҷие бо доштани номи тоҷикӣ.

Бояд гуфт, ки Даромади ягонаи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳисоби фурӯши билет аст. Ин нақшро “Агентии алоқаи ҳавоӣ” ба дӯш гирифтааст, ки молики ягонааш Таҳмина Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон аст. Мудири кулли он бошад шавҳари Таҳмина — Давлатбек Зарипов. Раҳбари нави “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода — додарарӯси Ҳасан Асадуллозода таъин шудааст.

Дилшод Исматуллозода то омаданаш ба “Тоҷик Эйр” ба ҳайси ҷонишини раҳбари Дастгоҳи раисҷумҳур кор кардааст. Ва обе, ки дар дохили ҳавопаймои “Сомон Эйр” барои муштариён тақсим мешавад ба корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» тааллуқ дошта аз зерширкатҳои “Avesto Group” маҳсуб шуда, ки як ширкати наздик ба Рустами Эмомалӣ писари Раисҷмуҳур Раҳмон аст. Номи “Avesto Group” замоне, ки кӯмакҳои чиниро ба ба беморхонаҳо аз номи худаш бурда буд, бештар дар расонаҳо садо дод.

Ин ширкат низ дар Тоҷикистон ба мисли ширкати Фароз ки ба домоди Э.Раҳмон тааллуқ дорад чанде аз соҳаҳои сердаромадро дар инҳисори худ қарор додааст. Ба мисли «Низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарии умуми шаҳри Душанбе» (Cityсard) аст, ки аз ҷониби ширкати “Avesto Group” ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бар асоси механизми шарикии давлатӣ-хусусӣ амалӣ мешавад.