Хона блог саҳифа 79

Дар 9 моҳ беш аз 18 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кард

0

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 18 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъолияти тиҷоратии худро расман қатъ карданд.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши 9-моҳаи худро дар мавриди “Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” охири моҳи октябри нашр кард. Тибқи ин омор, дар давоми 9 моҳ (аз январ то сентябри соли ҷорӣ) 18 ҳазору 41 соҳибкори инфиродӣ дар ҷумҳурӣ, ки қисме дар бахши хоҷагии деҳқонӣ ва қисме дар дигар бахшҳо ба кори тиҷорат машғул буданд, фаъолияти тиҷоратии худро расман барҳам доданд.

Агентии омори кишвар менависад, ки бо вуҷуди қатъи фаъолияти беш аз 18 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар тамоми ҷумҳурӣ, омори соҳибкорони фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,4% зиёд шудааст.

Аммо ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, оморҳои давлатӣ отадан барзиёд нишон дода мешаванд. Дар асл, мардум дар дохили кишвар ба ҷуз бозор баромадан дигар ҳеч фаъолияте надоранд. Вале пас аз фишорҳои андозу ҷаримаҳо бозорро низ тарк мекунанд ва ба Русия ё ягон кишвари дигар сафар мекунанд.

Мувофиқи ин омори Агентӣ, соҳибкороне, ки дар Тоҷикистон аз фаъолияти тиҷоратии худ даст мекашанд, моҳона ба беш аз 2004 адад мерасад. Яъне ба ҳисоби миёна, рӯзона дар Тоҷикистон тақрибан 67 соҳибкор фаъолияти худро қатъ мекунад.

Агентии омори кишвар сабаби қатъ кардани фаъолияти ҳазорҳо соҳибкорро баён накардааст. Аммо тавре баъзе аз соҳибкорон мегӯянд, аз сабабҳои асосии қатъи фаъолияти соҳибкорони хурд, ин надоштани имтиёз, тафтишҳои аз ҳад зиёд, ҷаримаҳои ҳангуфт ва чанд навъи андоз мебошад.

Аммо дар муқобили соҳибкорони хурд дида мешавад, Ҳукумат, бахусус раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони наздик ба худаш имтиёзҳое медиҳад, ки хеле бузург аст. Ҳатто аксари онҳоро барои 5 ё 10 сол куллан аз пардохти тамоми анвои андоз озод мекунад. Аз ҷумла, ширкатҳои марбут ба Акбар Ғуломов, писари Асадулло Ғуломов, ширкатҳои марбут ба домодҳояш монанди “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки назорати роҳи Душанбе-Хуҷандро бар уҳда дорад, барои солҳои зиёд аз андозу боҷи гумрукӣ озоданд.

Танҳо дар Перм 1200 шаҳрванди нави Русия ба қайди ҳарбӣ гузошта шуданд

0

Дар вилояти Перм тақрибан 1,2 ҳазор хориҷие, ки давоми даҳ моҳи соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба қайди ҳарбӣ гузошта шуданд.

Бино ба иттиллои Шуъбаи ҳарбии Кумитаи тафтишотии Русия дар гарнизони Перм, аз ин шумора 68 нафарашон бо Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия қарордод баста, ба ҷанги зидди Украина фиристода шудаанд.

Гуфта мешавад, барои додани даъватнома кормандони Кумитаи тафтишот бо намояндагони комиссариати ҳарбӣ ва Хадамоти муҳоҷират дар ҷойи хобу кори муҳоҷирон ва бозору кӯчаҳо рейдҳо мегузаронданд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳуҷҷатҳои даъват ба комиссариати ҳарбӣ бевосита ҳангоми гирифтани шиносномаҳои русӣ дода мешудаааст.

Бояд гуфт, рейдҳои монанд дар дигар минтақаҳои Русия низ баргузор шуда, маълум нест аз аввали соли 2025 то имрӯз чанд нафар дар тамоми Русия ба қайди ҳарбӣ гузошта шудаанд. Инчунин шумораи умумии зодагони Тоҷикистон, ки дар Русия дар қайди ҳарбӣ гузошта шудаву ба ҷанги зидди Украина фиристода шудаанд, маълум нест.

Аммо 18-уми августи соли 2025, Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” номи 628 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2025 бо Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия шартнома бастаанд.

Қаблан ҳамин марказ номи 931 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар солҳои 2023 ва авоили соли 2025 дар сафи артиши Русия зидди Украина ҷангиданд, нашр карда буд. Дар ин омор гуфта мешуд 196 нафарашон фавтидаанд, ки ҷавонтаринашон 18 ва калонсолтаринашон 70 сол доштааст.

Дертар 9-уми октябри соли 2025 рӯйхати 446 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки марги онҳо, ба гуфтаи марказ, тасдиқ шудааст, нашр кард.

Ин шумораи бештарин дар байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон буда, омор метавонад аз ин ҳам бештар бошад. Чун пештар раҳбари Маъмурияти байналмилалии исломӣ муфтӣ Шафиқ Пшихачев дар ҷаласаи Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия гуфта буд, ки беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аммо бар хилофи Узбекистон, ки дар он ҷо иштирок дар ҷанг метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда расонад, дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳолати боздошт ё ҳукм нисбати сарбозон ё ҷалбкунандагон ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳатто додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотие ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар бештар аз се соли охир касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд, чун баъзе аз онҳо душаҳрвандӣ доранд ва ҳар нафаре, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул кунад, талабот ва уҳдадориҳои он давлатро бояд риоят кунад.

Иддаои ин мақомдори тоҷик дар ҳолест, ки борҳо муҳоҷирони тоҷики бе шаҳрвандии Русия аз ҷалби иҷборияшон ба артиши ин кишвар шикоят карда буданд ва дар аксар ҳолат ба муҳоҷирон пас аз адои хидмат ё бастани шартнома бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳуҷҷати ин кишвар дода мешавад.

Вашингтон ва Пекин ба созиши тиҷоратӣ наздик мешаванд

0

Рӯзи 30-уми октябр раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва раҳбари Чин Си Ҷинпин дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ мулоқот карданд.

Мулоқоти ду раҳбари кишварҳои абарқудрат дар расонаҳои ҷаҳонӣ “муҳим ва зарурӣ” арзёбӣ шуда, асосан ба баҳсҳои тиҷоратии миёни Амрико ва Чин бахшида шуда буд. Расонаҳо навиштаанд, ки ин дидор беш аз якуним соат идома ёфтааст.

Трамп ин мулоқотро “ҷолиб” арзёбӣ карда, гуфтааст, ки Вашингтон ва Пекин метавонанд ба зудӣ ба созиши тиҷоратӣ даст ёбанд. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи дастрасии Амрико ба маъданҳои камёб, ки Чин содироташро маҳдуд карда буд, ҳалли мусбат пайдо кардааст. 

Дар ин мулоқот Трамп изҳор дошта, ки кишвараш омода аст барои коҳиши танишҳо, таърифаҳои воридотиро кам кунад, вале дақиқ нагуфт, ки то кадом андоза онҳоро кам хоҳад кард.

Ғайр аз масъалаҳои тиҷоратӣ, Трамп гуфт, ки дар мавриди вазъ дар Украина низ бо Си Ҷинпин гуфтугӯ доштаанд ва омодаанд якҷо дар ин самт ҳамкорӣ кунанд. Аммо баҳси масъалаи Тайван, ки барои Чин хеле ҳассос аст, дар ин дидор, тибқи иттилои мавҷуда, баррасӣ нашудааст.

Трамп ҳамчунин эълон кард, ки қасд дорад дар моҳи апрели соли 2026 ба Чин сафар кунад ва пас аз он раҳбари Чин ба Амрико хоҳад омад.

То ҳол ҷониби Чин дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот расман изҳори назар накардааст.

“Ғаюр Семент” ҳамаро ба дод овардааст, кӣ бояд назорат кунад?

0

Гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Соҳибкорон-2 ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз он шикоят доранд, ки рафтуои мошинҳои боркаши марбут ба ширкати “Ғаюр Семент” роҳи маҳалларо хароб кардаанд.

Сокинон рӯзи панҷшанбе, 30-октябр ба Azda tv гуфтанд, ки мошинҳои боркаш бо вазни хеле зиёд аз байни маҳалла мегузаранд, бар замми он ки роҳро пурра хароб кардаанд, инчунин “тамоми маҳалларо зери чангу ғубор гузошта, нафаскашӣ душвор шудааст.” Онҳо мегӯянд, ба чанд ниҳоди марбута муроҷиат карданд, вале касе ба додашон намерасад.

“Камазҳо ба дохили маҳалла мегузаранд, ҷойҳои бозии кӯдакон ва нишасти мардум пур аз чангу ғубор мешавад, кӯдакон ҷои бозӣ кардан надоранд дигар.”, мегӯяд як ҳамсуҳбати мо. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки “Талабаҳо бо либоси сафед аз хона мебароянд то мактаб нарасида, либосҳояшон аз чангу ғубори камазҳо сиёҳ мешавад ва агар борон борад, ҳамаҷо лой мешавад.”

Сокинони ин маҳаллаи пойтахт ҳамчунин гуфтанд, ки дигар маҳаллаҳо роҳи камазҳоро бастанд, “аз саршавии Колхози Русяи то Ҳазрати Мавлоно ҳамаи онҳо ба кӯчаи мо мегузаранд. Ҳеч кас ба доди мо намерасад, чӣ кор кунем?” Сокинон мегӯянд, ки ин рафтуои мошинҳои боркаш ҳаррӯз аз саҳари барвақт то шаб идома мекунад.

Онҳо таъкид мекунанд, ки роҳҳо ҳама хароб шуданд ва барои таъмири барқу трасформатор ва лӯлаҳои обкашонӣ давлат аз мардум пул ҷамъ мекунад, вале ҳеч кореро намекунад ва мардуми маҳалла маҷбур мешаванд дигарбора худашон пул ҷамъ карда, аз пас ободонӣ шаванд.

“Роҳи маҳалларо мардум бо ҳашар ва кумаки ҳамдигар обод карданд ва роҳро чароғон карданд. Дар тарафи роҳи ободшуда акси Эмомалӣ Раҳмонро низ насб карданд. Вақте камазҳо рафтуомадро оғоз карданд, бар рӯи акси Президент лой пошид. Аз ноҳияи Шоҳмансур милисаборон шуд, ки чаро бар рӯи акси Президент лой паридааст. Аммо чанд сол аст мардуми маҳалла дар даруни лойю чанги ин камазҳо зиндагӣ доранд, бо вуҷуди муроҷиатҳо ҳеч кас ба доди мо намерасад.”, бо нигаронӣ афзуд як сокини ин маҳалла.

Сокинон мегӯянд, борҳо бо худи ронандагон суҳбат кардаанд, ки барои чангу ғубор нашудан ақалан шумо дар дохили маҳалла оҳиста ҳаракат кунед, чун инҷо кӯдакон бозӣ мекунанд ва мардум зиндагӣ доранд, вале онҳо гӯш намекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ширкатҳои сементбарории “Ҳуаксин Ғаюр Семент” ва “Ҳуаксин Ғаюр Индастриал” ба Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов тааллуқ дорад. Ва ин мошинҳое, ки сокинони маҳаллаи пойтахт шикоят доранд, барои ин ширкат кор мекунанд.

Гуфта мешавад, ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент” 13 сол қабл ба кори худ шуруъ карда, солона 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунад. Дар кишвар беш аз 13 корхонаи бузурги сементбарорӣ фаъолият мекунанд, ки 90% сементи кишварро ширкатҳои марбут ба Акбар Ғуломов истеҳсол мекунанд.

Парлумони Тоҷикистон махсус бо фармони Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2012 ширкати “Ҳуаксин Ғаюр Семент”-ро аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда буд.

Он замон дар расонаҳои давлатӣ гуфта мешуд, ки ширкати “Ҳуаксин Ғаюр Семент” дар баробари ба фаъолият шуруъ карданаш 1000 нафар аз шаҳрвандони кишварро бо ҷои кор таъмин мекунад. Аммо соли 2023 дар гузориши махсуси “Азия Плюс” дирктори маъмурӣ ва идоракунии ин ширкат Парвиз Собирзода гуфт, ки ҳоло дар ин ширкат 360 нафар кор мекунанд ва танҳо 80% онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, боқӣ шаҳрвнадони Чин кор мекунанд.

Ҳамчунин парлумони Тоҷикистон охири моҳи декабри соли 2020 як ширкати дигаре, ки марбут ба Акбар Ғуломов аст бо номи “Ғаюр Пак” низ барои 5 сол аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард. Гуфта мешавад, ин ширкат ба истеҳсоли халтаҳои пластикӣ машғул аст ва солона 50 миллион халта истеҳсол мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкатҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон аз имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла озод шудан аз пардохти андоз ва арзиши иловашуда баҳраманданд, вале солона даҳҳо ширкате, ки ба раисҷумҳур ва хонадони ӯ наздик нестанд, аз фишори мақомот ва андози зиёд фаъолияти худро қатъ мекунанд.

Ба гуфтаи баъзе мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, онҳое, ки ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон бо ҳар роҳе наздикӣ дошта бошанд, дигар ҳар коре кунанд, ҳеч қонуне наметавонад пеши роҳи онҳоро бигирад. Аз ҷумла, аз байни як маҳаллаи кӯчак дар шаҳри Душанбе гузаштани мошинҳои бузурги боркашонӣ, ки онҷо кӯдакон бозӣ мекунанд ва ҳамаро чангу ғуборолуд кардан, ки дигар зиндагиро барои мардум душвор мекунад, ғайриқонунӣ буда, ба ҳеч ваҷҳ чунин кирдор тавҷеҳе надорад. Аммо мутаассифона, ин ширкатҳо, ки ба хонаводаи оилаи президенти худкома наздикӣ доранд, поймол шудани ҳуқуқи мардуми оддӣ барояшон муҳим нест.

Муаллимон дигар “облава” намешаванд?

0

Ҳамаи муаллимони мактабҳо дар давраи фаъолияти касбии худ бояд дигар “облава” нашаванд.

Бино ба иттилои расонаҳо, муовини якуми вазири маорифи кишвар Ҳомид Ҳошимзода лоиҳаи тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ба парлумон пешниҳод кардааст, ки тибқи он муаллимон пурра аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ озод мегарданд.

Ба иддаои Ҳошимзола, ҳадаф аз ин тағйирот баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва бартараф кардани норасоии муаллимон дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ин тағйирот аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, барои қувваи қонунӣ пайдо кардан, он бояд аз ҷониби Маҷлиси миллӣ тасдиқ ва аз тарафи Президент имзо ва дар нашрияҳои расмӣ нашр шавад.

Қонуни амалкунанда танҳо муаллимонеро, ки маълумоти олии педагогӣ доштанд ва дар мактабҳои деҳа фаъолият мекарданд, аз хидмати ҳарбӣ озод мекард. Акнун, баъд аз ба қувваи қонунӣ даромадани ин тағйирот, ин имтиёз ба ҳамаи омӯзгорон дар давраи фаъолияти касбии худ ва новобаста аз ҷойи корашон татбиқ хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки норасоии муаллимон дар мактабҳои Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддии солҳои охир дар соҳаи таълим боқӣ монда, ба гуфтаи худи вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода, дар оғози соли таҳсили 2025/2026 дар мактабҳои Тоҷикистон зиёда аз 3800 муаллим намерасид, бо вуҷуди он ки имсол беш аз 13 ҳазор донишҷӯ ихтисосҳои педагогиро хатм кардаанд.

Бо вуҷуди норасоии омӯзгор дар мактабҳо муаллимон ҳатто аз деҳаҳои дурдасти кишвар иҷборан ба хидмати ҳарбӣ бурда мешаванд.

Чанбе пеш расонаҳо аз иҷборан ба хидмати ҳарбӣ бурдани Эҳсон Аҳмадзода, омӯзгори фанновариҳои иттилоотӣ ва математикаи мактаби рақами 75-и ноҳияи Данғара хабар дода буданд. Он замон пайвандонаш гуфта буданд, ки Эҳсонро 20-уми октябр аз мактаб ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.

Ва маълум нест, агар тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” қабул шавад, то куҷо сарбозшикори муаллионро аз байн мебарад.

Дар Ал-Фошири Судон чӣ мегузарад?

0

Бино ба иттилои Камисари ёрии кумакҳои инсонӣ дар Судон, Нерӯҳои зудамали ин кишвар 2 ҳазор ғайринизомиро дар шаҳри Ал-Фошир қатли ом карданд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ дар як изҳорот гуфт, ки танҳо бемористони боқимонда дар Ал-Фошири Судон мавриди ҳамлаи Нерӯҳои зудамал қарор гирифт ва тамоми кадри пизишкии он кушта шуданд.

Давлати Судон ҳам бо сафаре ба Қоҳира аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, Нерӯҳои зудамалро вориди листи “гурӯҳҳои террористӣ” кунанд.

Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ пештар дар як баёнияе қатли омҳо ва ҷиноятҳои густарда алайҳи ғайринизомиён дар шаҳри Ал-Фошир, воқеъ дар шимоли Дорфури Судонро аз ҷониби шибҳи низомиёни Нерӯҳои зудамали ин кишвар маҳкум карданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн мешавад, ки нишон медиҳад Нерӯҳои зудамали Судон мардуми зиёдеро ҷое ҷамъ оврда, якбора мекушанд ва бо хандаҳои баланд масхараомез пирӯзии худро эълон мекунанд.

Дар ҳамин ҳол ҳокими вилояти Дорфур Мини Арку Мановӣ, ба расонаҳо гуфта, ки Нерӯҳои зудамал дар шаҳри Ал-Фошир ба “Бемористони Саудӣ” ворид шуда, тамоми кадри тиббӣ ва беморонро, ки онҷо табобат мегирифтанд ва шуморашон 460 нафар гуфта мешавад, куштанд.

Даргириҳои мусалллаҳона байни Нерӯҳои зудамал ва артиши Судон соли 2021 пас аз кӯшиши расидан ба қудрат байни раҳбарони ин ду гурӯҳи низомӣ аз шаҳри Хуртум – пойтахти Судон оғоз ёфт.

Созмони Милали Муттаҳид дар оғози ин даргириҳо гуфта буд, ки иттилоъ дод, ки аз Судон беш аз 100 ҳазор аҳолӣ ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурда ва беш аз 330 ҳазор нафари дигар дар дохили кишвар овора шудаанд.

Судонро аз оғози даргирӣ, 15-уми апрели соли 2021 то кунун ҳолати бебандуборие фаро гирифтааст. Даргирии шадид байни нерӯҳои артиш, ки раҳбарии онро генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон бар уҳда дорад ва Нерӯҳио зудамал бо раҳбарии собиқ муовини ӯ генерал Муҳаммад Ҳамдон Дақлу (маъруф ба Ҳамидтӣ) оғоз шудааст.

Дар Тоҷикистон аз ҳафтаи оянда ҳавои хокбориш пешгӯӣ мешвад

0

Аз 31-уми октябр то 3-юми ноябри соли ҷорӣ дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе эҳтимоли баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳаво пешбинӣ мешавад.

Ба иттилои Агенти обуҳавошиноси кишвар, ин ҳолат дар натиҷаи омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ҷанубӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад,) ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа, моддаҳои муаллақ, аз ҷумла заррачаҳои чанг бо андозаи PM10 ва PM2.5, ки барои саломатии инсон хатарноканд, дар ҳаво зиёд мешаванд.

Масъулин ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки дар ин рӯзҳо аз гаштугузори зиёд дар кӯчаҳо ва хиёбонҳо, махсусан дар наздикии роҳҳои сермошин худдорӣ кунанд. Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки кӯдакон, пиронсолон ва афроди гирифтори бемориҳои нафаскашӣ ё дилу рагҳо эҳтиёткор бошанд ва вақти зиёдро дар дохили биноҳо гузаронанд.

Ба гуфтаи ҳавонишосон, чунин ҳолатҳои ифлосшавии ҳаво (хокбориш) муваққатӣ буда, дар фасли тирамоҳ ва зимистон дар минтақаҳои ҷанубии кишвар зиёд ба назар мерасанд.

Патент дар Русия боз гаронтар мешвад

0

Мақомоти чандин вилояти Русия аз боло бурдани нархи иҷозатномаи корӣ (патент) барои муҳоҷирон дар соли 2026 хабар доданд. Ин иқдом метавонад ба садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик, ки дар ин кишвар фаъолият доранд, таъсири мустақим расонад.

Бар асоси хабарҳо дар вилояти Новосибирск нархи патент аз соли нав 11 дарсад зиёд шуда, ба 10 860 рубл мерасад, ки тақрибан 2950 рубл бештар аз соли гузашта мебошад. Ба гуфтаи мақомот, аз миёни 58 ҳазор муҳоҷири кории ин вилоят, 37 дарсад шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград аз 1-уми январи соли 2026 нархи иҷозатномаи кор аз 6 ҳазор ба 8 ҳазор рубл хоҳад расид. Дар вилояти Иркутск низ муҳоҷирон ба ҷойи 10 900 рубл, минбаъд 12 231 рубл пардохт хаҳанд кард.

Дар минтақаи Камчатка арзиши патент аз 9 027 то 13 776 рубл боло бурда мешавад, дар ҳоле ки дар Свердловск он аз 7 500 ба 9 500 рубл хоҳад расид.

Муҳоҷирони тоҷик, ки аксаран тавассути “патент” дар Русия кор мекунанд, мегӯянд, болоравии нарх фишори зиёдеро ба буҷаи онҳо меорад. Бо вуҷуди ин, кор бе “патент” дар Русия ғайриқонунӣ буда, ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин сабаб аз Русия ихроҷ мешаванд.

Моҳи гузашта Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо намояндагони Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки низоми кунунии “патент” баррасӣ шуда, имкони ҷалби муҳоҷирон тавассути квотаҳо ё саҳмияҳо ба ҷойи пардохти моҳонаи “патент” баррасӣ гардад.

Коршиносон мегӯянд, афзоиши нархи иҷрзати кор метавонад муҳоҷирони зиёдеро ба фикри бозгашт ба Ватан ё ҷустуҷӯи алтернативаи дигар водор созад.

Фармон! Кори муҳоҷирон дар Русия боз ҳам маҳдуд мешавад

0

Раиси вилояти Новосибирский бо судури фармони махсус кор кардани муҳоҷирони бешаҳрвандиро хеле маҳдуд кардааст.

Андрей Травников, раиси вилояти Новосибирский бо имзои ин фармон кор кардани муҳоҷирони хориҷиеро, ки шаҳрвандӣ надоранд ва бо иҷозатномаи корӣ (патент) кор мекунанд, дар чанд самт мамнуъ кардааст.

Дар ин фармон, ки аз аввали моҳи октябр содир шудааст, гуфта мешавад, кор кардани муҳоҷирони корӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва савдои нӯшокаҳо дар мағозаҳо, нақлиёти боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, ошхона ва мағозаҳои фурӯши ғизо дар дохили идора ва мактабу донишгоҳҳо, хӯроккашонӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ қатъиян мамнуъ аст.

Гуфта мешавад, ин қарор махсуси вилояти Новосибирский аст ва аз аввали соли 2026 фармон ба ҳукми иҷро медарояд. Дар фамони мазкур соҳаи сохтмон ва биносозӣ, ки одатан муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин ҷойҳо кор мекунанд, зикр нашудааст. Зоҳиран дар ин соҳа барои муҳоҷирони бешаҳрвнадӣ маҳдудият нашудааст. Аммо ба гуфтаи муҳоҷирон, дар ин соҳа низ кор кардан осон нест. Чун иҷозати корӣ (патент)-ро хеле гарон кардаанд.

Рӯзи чоршанбе як муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Новосибирский, бо шарти ифшо нашудани номаш дар тамос бо Azda tv гуфт, ки аз ин фаромн огоҳ аст, вале то ҳанӯз он иҷро нашудааст. Ӯ гуфт, ки шаҳрвандии Русияро дорад ва аксари муҳоҷирон низ барои мушкил эҷод нашудан ба гирифтани шаҳрвнадӣ талош мекунанд. Аммо вай таъкид кард, ки дар умум маҳдудиятҳо барои муҳоҷирон нисбат ба солҳои қаблӣ ба шиддат дар ҳоли афзоиш аст.

Аз ин пеш низ шаҳрдории Маскав ва баъзе раҳбарони вилоятҳои Русия чунин фармонҳоеро содир карда буданд, ки муҳоҷирон наметавонанд дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъолият кунанд. Мақомоти Русия ин тасмимҳои худро “беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва амниятии шаҳрвандон” ва “дар авлавият гузоштани шаҳрвандони Русия барои таъмини ҷои кор” унвон мекунанд.

Аммо ба назари таҳлилгарон, тасмимҳои маҳдудсозии шароити кору зиндагӣ барои муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз сар задани ҷанги Русия бо Украина оғоз ёфт. Зеро ин ҷанг ба шароити иқтисодии Русия бетаъсир набуд. Аммо – ба гуфтаи онҳо, бо ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Маскав, ки аксари гумонбаронаш муҳоҷирон тоҷикистонӣ буданд, ин раванд шиддат гирифт.

Мулоқоти Раҳимзода ва Пизишкиён дар Эрон

0

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодла бо Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Мулоқоти Раҳимзода ва Пизишкиён 28-уми октябри соли ҷорӣ, дар ҳошияи нишасти вазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар Эрон баргузор гардидааст. Ҷонибҳо масоили тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ, марзӣ ва мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд.

Раисҷумҳури Эрон дар ин мулоқот изҳори нигаронӣ кардааст, ки “бегонагон дар талошанд” монеи эҷоди робитаҳои нек миёни кишварҳои исломӣ бошанд ва бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус бо кишварҳои исломӣ бар асоси умумиятҳои фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ таъкид намуда, пешниҳод карда, ки кишварҳои минтақа метавонанд барои осон кардани робитаҳои иқтисодӣ, пули муштараки минтақавиро таъсис диҳанд.

Пизишкиён ҳамчунин ба раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон салом расонда, таъкид карда, ки мардуми ду кишвар аз забон, фарҳанг ва адабиёти муштарак бархӯрдор мебошанд ва ин сарвати фарҳангӣ метавонад заминаи ояндаи дурахшон барои халқҳо гардад.

Дар ҳамин ҳол вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода таъкид намуда, ки таъмини амният барои густариши робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти бузург дорад ва Эрону Тоҷикистон бояд дар самти мубориза бо терроризм ва қочоқ ҳамкории зич дошта бошанд. 

Инчунин Раҳимзода иддао кардааст, ки “Мардуми Тоҷикистон Президенти Эронро дӯст медоранд ва шаҳри Теҳронро хонаи худ мешуморанд”.

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Масъуд Пизишкиён дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистону Эрон дар чанд соли пеш равобити печидае доштанд. Тира шудани муносибатҳои дипломатии ду кишвар аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ ва қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” шуруъ шуда, бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 тиратар гашта буд.

Аммо соли 2019 пас аз сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ дар Эрон муносибатҳои ин ду кишвар нармтар шуд ва дар замони расиҷумҳурии Раисӣ миёни Тоҷикистону Эрон низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ҷорӣ шуд.

Инчунин дар моҳи январи соли равон сафари расмии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон ба Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он сафар 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид ва дар ҷараёни он Форуми тиҷоратии кишварҳо дар Душанбе баргузор гашт, бо маблағи зиёда аз 450 млн доллар санадҳои ҳамкорӣ имзо гардид.

Ва то имрӯз чандин мақомдори баландпояи Эрону Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои расмӣ анҷом медиҳанд.