Хона блог саҳифа 84

770 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ мешаванд

0

770 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки аз се як ҳиссашон занону кудакон мебошанд аз Русия ихроҷ мешаванд.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия гуфта, ки ин муҳоҷирон дар рӯйхати зери назорати Вазорати корҳои дохилӣ қарор доранд ва то 10-уми сентябри соли 2025 мақоми худро дар ин кишвар қонунӣ нагардонданд.

Ба гуфтаи Володин, ин афрод бояд пешакӣ таърихи рафтан ва масири сафарро нишон дода, Русияро худашон тарк кунанд, дар ғайри ин сурат ҷарима ва маҷбурӣ аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.

Ҳамчунин ин афрод дигар наметавонанд дар Русия шаҳодатномаи ронандагӣ гиранд ва мошин идора кунанд, мошин ё амволи ғайриманқул харанд ё фурӯшанд, ақди никоҳ банданд ва суратҳисоби бонкӣ кушоянд ва ё пул фиристанд.

Володин таъкид мекунад, ки ин тадбирҳо ба танзими низоми муҳоҷират ва риояи қонунҳои Русия равона шудаанд.

Бояд гуфт, дар рӯйхати зери назорати ВКД-и Русия беш аз 120 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва маълум нест, чӣ қадари онҳо будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ гардондаанд.

Ҳоло дар тамоми Русия бо иштироки кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ “рейд”-ҳои густардае дар ҷойҳое, ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, мисли мағозаву бозор ва хобгоҳҳо идома дорад ва онҳо бо лаҳни тунд ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро санҷида, дар баъзе ҳолатҳо латтукӯб низ мекунанд.

Ва дар ҳашт моҳи соли 2025 Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия аллакай беш 35 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. 

То ҳол Вазорати корҳои дохилии Русия, ки ҳаққи бидуни қарори додгоҳ ихроҷ кардани шаҳрвандони хориҷиро дорад, омори ихроҷшудаҳо аз тамоми Русияро нашр накардааст. Аммо пештар иттилоъ дода буд, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Маскав 7632 амалиёти махсуси тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро гузаронда, нисбат ба 1400 муҳоҷир қарор дар бораи ихроҷро содир кардааст.

Марги мармузи як шаҳрванди Тоҷикистон пас аз бозгашт аз Олмон ба Душанбе

0

Як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, ки солҳои охир дар Олмон зиндагӣ мекард пас аз бозгашт ба Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манобеи Azda.tv, ин шаҳрванди кишвар, ки аз ӯ Раҳмонов Саидаъзам ном бурда мешвад, соли 2018 ба Олмон рафта, дар шаҳри Франкфурт иқомат дошт. Вай соли 2022 расман аз Олмон дархости паноҳандагӣ карда, бо як зан шаҳрванди Олмон издивоҷ низ карда будааст.

Гуфта мешавад, ӯ барои гирифтани ҳуҷҷати иқомат ба идораи муҳоҷират дар Олмон муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатон, ба Рамонов гуфтаанд, ки бояд ба Тоҷикистон баргардад ва дар сафорати Олмон дархости визаи (пайванди хонавода) кунад. Ҳарчанд номбурда таъкид намудааст, ки Тоҷикистон барои ӯ кишвари амн нест ва баргаштан ба он метавонад хатарнок бошад, аммо зоҳиран идораи муҳоҷират ба гуфтаҳои ӯ бовар накардааст.

Барои гирифтани визаи (пайванди хонавода), ӯ чанд моҳ пеш ба Тоҷикистон баргашта, ҳуҷҷатҳои лозимаро ба сафорати Олмон супорида, интизори виза будааст. Рӯзи 6-уми октябр, ҳангоми талош барои сафар ба Русия барои иштирок дар тӯйи як дӯсти наздик, Раҳмонов дар фурӯдгоҳи Душанбе аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуда, ба ҷойи номаълум бурда мешавад.

Рӯзи 13-уми октябр, ба хешовандонаш хабар медиҳанд, ки гӯё ӯ худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи манобеи наздик, мақомоти амниятӣ, зери назорати шадид ҷасадро ба хок супурда, ба хешовандонаш иҷозати дидани ӯро надодаанд, аммо хешовандонаш тавонистаанд танҳо руй ҷасадро бинанд.

Дар як навори видеоӣ, ки дар ихтиёри Azda.tv дода шудааст, дида мешавад яке аз пайвандони марҳум мехоҳад аз ҷасад филмбардорӣ кунад, аммо як мард, ки эҳтимолан маъмури амниятӣ бошад, бо гуфтани “Э апа ин кора накун” монеи филмбардорӣ мешавад.

Манобеи Azda.tv иддао доранд, ки Раҳмонов шиканҷа шудааст ва эҳтимолан аз ҳамин роҳ ба ҳалокат расидааст. Сабаби боздошташро риш доштан ва гумонбарӣ дар пайравӣ аз равияи “салафия” гуфтаанд.

Инчунин гуфта мешавад, ҳамсари номбурда, ки шаҳрванди Олмон аст, аз консулгарии Олмон дар Душанбе талаб кардааст, то дар бораи марги шавҳараш таҳқиқот гузаронанд ва сабаби асосии марги ӯро муайян кунанд.

Мақомот то ҳол дар бораи ин ҳодиса ҳеҷ гуна изҳорот надодаанд ва назари расмии хешовандони ӯ низ рӯшан нест.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй медиҳад, ки солҳои охир шикоятҳо аз шиканҷа, боздоштҳои худсарона ва фишор ба шаҳрвандоне, ки аз хориҷа бармегарданд, афзоиш ёфтааст.

Боҷи 100 дарсадӣ — посухи Трамп ба назоратҳои нави Чин бар металҳои нодир

0

Доналд Трамп эълон кард, ки аз 1-уми ноябр ба ҳамаи молу маҳсулоте, ки аз Чин ворид мешаванд, 100 дарсад боҷ (андози гумрукӣ) ҷорӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Трамп, ин тасмим посухест ба иқдоми Чин, ки назорат бар содироти металҳои нодирро сахттар намудааст. Металҳои нодир яке аз унсурҳои асосӣ дар истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ, мошинҳои барқӣ ва силоҳҳои муосир ба шумор мераванд.

Трамп дар паёми худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social, навиштааст :“Иёлоти Муттаҳида ба ҳамаи маҳсулоти чинӣ боҷҳои 100 дарсадӣ ҷорӣ хоҳад кард, илова бар андозҳое, ки ҳоло пардохт мешаванд.” Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки имкон дорад иҷрои ин тасмим ҳатто пеш аз торихи 1-уми ноябр оғоз гардад, агар Пекин “ба сиёсати маҳдудкунии иқтисодӣ” идома диҳад.

Рӯзи 9-уми октябр ҳукумати Чин эълон кард, ки назорат бар содироти баъзе аз металлҳои нодирро шадидтар мекунад. Ин иқдом, ба гуфтаи Пекин, “барои ҳифзи амнияти миллӣ ва манфиатҳои стратегӣ” аст. Дар посух, Трамп ва ҷонибдорони ӯ ин тасмимро “таҳдид ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва саноати амрикоӣ” дониста, бар зарурати таҳримҳои иловагӣ таъкид карданд. Бар асоси маълумоти расонаҳои амрикоӣ, ИМА ҳамчунин аз 1-уми ноябр мехоҳад назорат бар содироти нармафзорҳои муҳим ва технологияи стратегиро низ ҷорӣ кунад.

Мақомоти Чин ҳушдор доданд, ки дар сурати амал шудани боҷҳои нав, онҳо “тадбирҳои ҷавобӣ” хоҳанд андешид. Расонаҳои давлатӣ навиштанд, ки “Пекин аз манфиатҳои қонунии худ ҳимоят хоҳад кард”.

Коршиносон мегӯянд, ки ин иқдом метавонад оғози марҳалаи нави ҷанги тиҷоратӣ миёни ду қудрати бузурги иқтисодӣ бошад. Ба гуфтаи таҳлилгарони иқтисодӣ, иқдоми Трамп метавонад ба нархи маҳсулоти воридотӣ дар бозори Амрико таъсир расонад ва эҳтимол дорад, ки бозорҳои ҷаҳонӣ ва занҷираҳои таъминотӣ низ осеб бинанд.

Аммо ҷонибдорони сиёсии ӯ мегӯянд, ин иқдом барои ҳимоят аз истеҳсолкунандагони амрикоӣ ва коҳиши вобастагӣ аз Чин зарур аст. Боҷи 100 дарсадии пешниҳодкардаи Доналд Трамп метавонад ба иқтисоди ҷаҳон ва равобити ИМА бо Чин таъсири ҷиддӣ расонад.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон бар онанд, ки Пекин дар мавриди металҳои нодир кортҳои қавитар дар даст дорад, зеро беш аз 80 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии ин мавод дар худи Чин анҷом мешавад.

Хотимаи ҷанги Покистону Толибони Афғонистон

0

Шаби 11 ба 12-уми октябри соли ҷорӣ миёни нерӯҳои марзбонии Покистон ва Толибони Афғонистон задухӯрдҳои шадид рух доданд. Ҳарду тараф аз кушта ва маҷруҳ шудани даҳҳо нафар хабар доданд.

Расонаҳо менависанд, ки артиши Покистон гуфта, ки дар амалиётҳои ҷавобӣ 20 дидбонгоҳи Толибонро тасарруф карда, 200 узви Толибон ва гурӯҳҳои вобаста ба онро дар хоки Афғонистон куштааст. Ҳамчунин аз кушта шудани 32 сарбози худ низ хабар додааст.

Аммо Толибони Афғонистон мегӯянд, ки дар “ҳамлаи интиқомҷӯёна” 57 сарбози покистониро кушта ва 35 тани дигарро захмӣ кардаанд ва 20 пойгоҳи низомии Покистонро аз байн бурда, силоҳи зиёдеро ба даст овардаанд.

Расонаҳо аз кушта шудани сокинон низ хабар додаанд, аммо шумораи дақиқашон маълум нест.

Бояд гуфт, рақамҳо ва даъвоҳои ду тараф мухталифанд ва аз тарафи манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудаанд.

Ҳоло задухӯрди ҷонибҳо бо миёнҷигарии Арабистони Саудӣ ва Қатар хотима ёфтааст, вале Толибон гуфтаанд, ки агар Покистон боз ҳарими ҳавоии Афғонистонро вайрон кунанд, посух хоҳанд гирифт.

Таниш миёни Покистон ва Толибони Афғонистон пас аз он боло рафт, ки нерӯҳои Покистон 9-уми октябр бо баҳонаи нобуд кардани Нурвалӣ Маҳсуд, роҳбари Таҳрики Толибони Покистон ва чанд аъзои баландпояи ин гурӯҳ ҳарими ҳавоии Афғонистонро вайрон карда, ба чанд минтақаи ин кишвар бомб партофтанд. Аммо то ҳол маълум нест, ки то куҷо Покистон дар ин амалиёт муваффақ шудааст.

Инчунин Ҳукумати Покистон иддао дорад, ки Толибон ба аъзои Таҳрики Толибони Покистон (TTP) паноҳ додаанд, вале Толибони Афғонистон ин иттиҳомро рад кардаанд.

Пас аз ҳамлаи ҳавоии Покистон нерӯҳои Толибон дар посух дар наздикии хатти марзии Дюранд алайҳи нерӯҳои амниятии Покистон амалиёт анҷом доданд.

ҲАМОС 20 асирро зинда ба Исроил супорид

0

Мувофиқи бандҳои тарҳи оташбас субҳи рӯзи душанбе, 13-уми октябр ҲАМОС 20 асири исроилиро ба намондагони Салиби Сурх таҳвил дод.

Гуфта мешавад, ҲАМОС аввалан 7 тан аз асиронро дар минтақаи Хон-Юнус ва 13 тани дигарро пас аз чанд соат дар минтақаи Дайрул Балаҳ, маркази Ғазза тариқи Салиби Сурх ба Исроил супорид.

Субҳи рӯзи душанбе, қабл аз супоридани асирон, ҲАМОС рӯйхати 20 асири исроилиро нашр кард. Зимни нашри рӯйхати асирон, ин ҳаракат иброз дошт, ки дар чорчӯби тавофуқномаи ахир асирони зинда пурра озод карда мешаванд.

Артиши Исроил ҳам дар навбати худ ва пас аз гирифтани асирон эълон кард, ки дигар ҳеч асири зиндае дар дасти ҲАМОС боқӣ намондааст ва дар гуфтушунидҳои баъдӣ масъалаи бозпас гирифтани асирони фавтшуда баррасӣ хоҳад шуд.

Дар робита ба асирони фавтида, Исроил расман вафоти 26 тани онҳоро эълон кард, аммо тақдири ду тани дигар то ҳанӯз маълум нест.

ҲАМОС бо нашри баёнияе қаблан гуфта буд, ки барои супоридани ҷасадҳои асирони фавтида ниёз ба кумаки нерӯҳои байналмилалӣ дорад, зеро макони дафни аксари онҳо бар асари бомборонҳои шадиди Исроил номаълум шудааст ва пайдо кардани ҷасадҳо вақти зиёд мегирад.

Ин ҳаракати фаластинӣ таъкид мекунад, ки асирон дар натиҷаи ҳамлаҳои худи Исроил кушта шудаанд.

Тибқи ин тавофуқоти ахир байни тарафҳо, акнун қарор аст Исроил наздики 2000 ҳазор фаластиниро, ки 250 нафарашон аз шахсони калидӣ ва маҳкум ба умрбод шудаанд, озод кунад. Зиндониёнеро, ки Исроил озод мекунад, 1700 нафарашон аз касоне ҳастанд, ки пас аз 7-уми октябри соли 2023 аз тарафи Исроил боздошт шудаанд.

Аммо бархе расонаҳо бо такя ба манобеи ғайрирасмӣ нақл мекунанд, ки Исроил мувофиқи тавофуқномаи оташбас бояд 250 асири маҳкум ба умрбодро озод мекард, вале дар ин тасмимаш тағйир эҷод карда, аз рӯйхат даҳҳо нафарро кам кардааст.

Боздошти як сокини пойтахт ҳангоми фурӯши маводи мухаддир

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз иҷрои як амалиёти махсус бар зидди маводи мухаддир хабар дод.

Тавре ин ниҳод хабар медиҳад, дар натиҷаи амалиёт кормандони милитсияи ноҳияи Фирдавсӣ як марди 29-соларо боздошт карданд, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, қасд доштааст миқдори зиёди маводи мухаддирро ба фурӯш барорад.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, боздоштшуда Фаррух Орипов, сокини пойтахт буда, аз ҷониби кормандони оперативӣ дар лаҳзаи фурӯши маводи манъшуда дастгир шудааст.

Дар вақти кофтукови манзили зисти ӯ, кормандони милитсия 363 дона ҳабҳои “экстази” ва 70 грамм моддаи кимиёвии “метамфетамин” пайдо ва мусодира карданд.

Тибқи маълумоти экспертиза, маводҳои мазкур ба гурӯҳи психотропҳои хатарнок шомил буда, гардиши онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон комилан манъ аст.

Нисбат ба гумонбар бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Гирдиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва воситаҳои психотропӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мақомоти ВКД мегӯянд, амалиёти зидди маводи мухаддир дар пойтахт пайваста идома дорад, зеро Душанбе яке аз самтҳои асосии қочоқ ва паҳншавии маводи манъшуда ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи бархе сокинон, солҳои охир миёни ҷавонон тамоюли рӯ ба афзоиш дар истифодаи маводи мухаддир мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, шумори ҷавононе, ки ба истеъмоли ин моддаҳо рӯ меоранд, рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст, ки ин ҳолат нигаронкунанда арзёбӣ мегардад.

Ихроҷи 1800 муҳоҷир аз вилояти Ленинград

0

Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия аз аввали соли 2025 аз вилояти Ленинград беш аз 1 ҳазору 800 шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандиро ихроҷ кардааст. 

Сабаби ихроҷи онҳо вайрон кардани муҳлати иқомат дар қаламрави Русия ва рад кардани баромади ихтиёрӣ аз кишвар гуфта мешавад. 

Бино ба иттилои ин ниҳод, муҳоҷирони ихроҷшуда аз кишварҳои Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, инчунин муҳоҷирон аз Миср, Камерун, Эрон, Малави, Сомалӣ, Куба ва дигар давлатҳо буданд.

Иҷрочиён ҳамаи муҳоҷирони ихроҷшударо ба фурудгоҳи Пулково расонда, то нуқтаи гузариш тавассути сарҳад ҳамроҳӣ карданд ва ба марзбонон супориданд. Барои иқомати ғайриқонунӣ дар Русия аз онҳо аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима ситонида шуд. Вуруди онҳо ба Русия барои муҳлати аз се то даҳ сол манъ гардид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия беш 35 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. 

То ҳол Вазорати корҳои дохилии Русия, ки ҳаққи бидуни қарори додгоҳ ихроҷ кардани шаҳрвандони хориҷиро дорад, омори ихроҷшудаҳо аз вилояти Ленинград ва тамоми Русияро нашр накардааст. Аммо пештар иттилоъ дода буд, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Маскав 7632 амалиёти махсуси тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро гузаронда, нисбат ба 1400 муҳоҷир қарор дар бораи ихроҷро содир кардааст ва аз ин шумор беш аз 450 нафарашон аллакай аз кишвар ихроҷ шудаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар ин чанд моҳи ахири сол мақомоти рус метавонанд шумори бештари шаҳрвандони хориҷиро аз хоки ин кишвар берун кунанд. Зеро замони қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон дар Русия рӯзи 10-уми сентябр ба охир расид ва ВКД гуфта буд, ки аз 11-уми сентябр нафаронеро, ки будубошашонро дар Русия қонунӣ нагардондаанд, ихроҷ ва ҳамчунин ворид шудан ба ин кишварро барои солҳои тӯлонӣ манъ мекунанд.

Ҳоло дар тамоми Русия бо иштироки кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ “рейд”-ҳои густардае дар ҷойҳое, ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, мисли мағозаву бозор ва хобгоҳҳо идома дорад ва онҳо бо лаҳни тунд ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро санҷида, дар баъзе ҳолатҳо латтукӯб низ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар Душанбе пас аз боздидаш аз Тоҷикистон изҳор дошт, ки Русия ба нерӯи кори хориҷӣ манфиатдор аст, вале ин бояд нерӯи кори зарурӣ бошад. Инчунин ӯ таъкид карда, ки муҳоҷирон бояд қонун ва қоидаҳои Федератсияи Русияро риоя кунанд. 

Баррасии вазъи озодии ВАО дар Осиёи Марказӣ

0

Дар пасманзари афзоиши фишорҳо бар ВАО-и мустақил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ коршиносони байналмилалӣ барои баррасии таҳдидҳо ба озодии матбуот ва тадбирҳои ҳифзи рӯзноманигорон дар шаҳри Варшава ҷамъ омаданд.

Ин нишаст рӯзи 9-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон дар ҳошияи ҷаласаҳои САҲА аз ҷониби Маркази ҳуқуқи инсонии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико (ABA/CHR), ташаббуси TrialWatch-и Фонди адолати Клуни ва Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ) ташкил шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ коршиносон аз таъқиб ва фишори рӯзноманигорон гуфта, тавсияҳои мушаххас барои ҳифзи ВАО-и мустақил ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти боэътимодро пешниҳод намуданд.

Коршиносон ва суханварони ин нишаст Ринат Тухватшин, ҳаммуассис Kloop Media (Қирғизистон), Болот Темиров, муассиси Temirov Live, Бахитжан Торегожина, фаъол аз Қазоқистон, раҳбари Ar.Rukh.Khak ва коалицияи Qantar 2022; Умида Ниязова, директор Uzbek Forum for Human Rights ва Мухамадҷон Кабиров, мудири Azda.TV ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон буданд.

Вохӯриро Ҷасмин Кэмерон, мушовири калони ҳуқуқии ABA Center for Human Rights, роҳбарӣ намуда, суханронии муқаддимавиро Кейт Левин, ҳуқуқшиноси сатҳи олии Clooney Foundation for Justice ва Ник Льюис, хабарнигори CPJ оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, карданд.

Коршиносон инчунин дар ин нишаст таъкид карданд, ки таъқибҳои ҷиноӣ, фишор ва қонунҳои маҳдудкунанда дар кишварҳои минтақа “таъсири тарс” эҷод мекунанд, ки таҳқиқоти мустақили рӯзноманигорӣ ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти боэътимодро маҳдуд месозад.

Иштирокчиён аз давлатҳои узви САҲА ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват намуданд, ки ҳифзи рӯзноманигорон ва таҳкими ВАО-и мустақилро ҳамчун ҷузъи муҳими демократия тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Дар Тоҷикистону Русия намояндагиҳои ВКД таъсис мешавад

0

Русия ва Тоҷикистон қасд доранд дар қаламрави якдигар намояндагиҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва муҳоҷират таъсис диҳанд.

Гуфта мешавад, ин иқдом бо ҳадафи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ва танзими ҷараёнҳои муҳоҷират роҳандозӣ мешавад.

Тибқи қарори ҳукумати Русия, ки онро ожонсии иттилоотии ТАСС нашр кард, ҷониби Русия дар шаҳри Душанбе намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русияро боз хоҳад кард.

Аз тарафи дигар, Тоҷикистон низ дар шаҳри Маскав ду намояндагӣ ифтитоҳ менамояд, ки яке аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва дигарӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар марбут аст.

Манбаъ меафзояд, ки намояндагиҳо барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марбута дар самтҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва масъалаҳои муҳоҷират масъул хоҳанд буд.

Дар санади байнидавлатӣ таъкид мешавад, ки намояндагиҳо шаҳрвандонро ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти худ қабул мекунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишварҳои худ ҳимоят хоҳанд кард.

Кормандони ин сохторҳо ва аъзои оилаҳои онҳо аз имтиёз ва масуниятҳои дипломатӣ бархурдор мешаванд. Назорати умумии фаъолияти онҳо аз ҷониби сафоратҳои ду кишвар анҷом дода мешавад.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, таъсиси намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия метавонад талоши Душанбе барои тақвияти назорати шаҳрвандони худ дар хориҷ, махсусан дар қаламрави Русия бошад.

Ҷанг дар Ғазза расман поён ёфт

0

Соати 12 ба вақти маҳаллии рӯзи ҷумъа, 10-уми октябри соли 2025 хотима ёфтани ҷанг дар Ғазза ба таври расмӣ эълон шуд.

Шаби гузашта ҳукумати Исроил ҷаласа баргузор кард ва пас аз баррасии созишномаи оташбаси сулҳ, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пешниҳод намудааст ва рӯзе пеш дар Шарму Шайхи Миср байни миёнҷигарҳо ва Исроилу ҲАМОС ба имзо расид, мувофиқат кард.

Қаблан гуфта мешуд, ки ҳукумати Исроил то нисфирӯзии рӯзи панҷшанбе мувофиқаташ ба созишномаи оташбасро эълон мекунад ва ҳамлаҳои исроилӣ дар Ғазза поён меёбад, аммо ҳукумати Исроил ҷаласаашро ба соати 5-и бегоҳ ва баъдтар онро ба соати 8-9-и шаб қафо андохт.

Хабарнигорони маҳаллӣ гузориш доданд, бо қафо андохтани эълони поёни ҷанг аз сӯи ҳукумати Исроил, артиши он дар Ғазза ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худро шиддат бахшидааст. Субҳи имрӯз, пас аз хуруҷи нерӯҳои исроилӣ аз шаҳри Ғазза сокинон ҷасади 37 нафарро, ки дирӯз кушта шудаанд аз зери овораҳо берун бароварданд. Гуфта мешавад, аксари кушташудаҳо занону кӯдаконанд, ки дар лаҳзаҳои ахири поён ёфтани ҷанг артиши Исроил онҳоро куштааст.

Акнун пас аз тавофуқи ҳукумати Исроил поёни ҷанг расман эълон шуд ва мувофиқи ин созишнома давоми 72 соат бояд 20 асири исроилӣ, ки дар дасти ҲАМОС ҳастанд ва 2000 асири фаластинӣ, ки дар Исроил зиндониянд раҳо мешаванд.

Вале лаҳзае пеш Дафтари матбуотии ҳукумати Ғазза ба расонаҳо хабар дод, ки то ҳанӯз дар бораи рӯйхат ва номгӯи асирон тавофуқи ниҳоӣ сурат нагирифтааст.

Дафтари матбуоти ҳукуматии Ғазза эълом кард, ки аллакай аҳолии Ғазза, ки аз минтақаҳои гуногун ба таври иҷборӣ ба дигар манотиқ кӯчонида шуда буданд, ҳоло ҳама ба сӯи хонаҳои вайроншудаи худ равонанд ва кӯчаҳо пур аз одам аст.

Хабарнигорони “Ал-Ҷазира” гузориш доданд, ки дастаҳои низомии қисмҳои 7 ва 188 аз Ғазза ба таври комил баромаданд, аммо боқӣ нерӯҳо ба марҳилаи тавофуқшуда ақибнишинӣ кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Исроил дар марҳилаи аввал ба “Хати зард” ақибнишинӣ кардааст, яъне то ҳанӯз 53% Ғазза дар зери тасарруфаш боқӣ мондааст. Аммо сухангӯи артиши Исроил бо нашри баёнияе гуфт, ки ҳоло ҷанг ба поён нарасидааст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба минтақаҳои ишғолшудаи фаластинӣ дар 7-уми октябри соли 2023, Исроил ба шиддат Ғаззаро бомборон кард ва ин ҷанг то субҳи имрӯз идома дошт. Вазорати беҳдошти Ғазза дар охирин омораш эълон кард, ки аз шури ҷанг то имрӯз беш аз 67 ҳазор нафар аз аҳолии Ғазза кушта шуда ва ҳудуди 10 ҳазори дигар зери овораҳо монда, бенишон гаштаанд.

Вазорати беҳдошти Ғазза мегӯяд, наздики 70 дарсади кушташудаҳоро занону кӯдакон ва пирионсолон ташкил медиҳад.

Ҷониби Исроил низ дар оморҳояш эълон кард, ки аз 7-уми октябри соли 2023 то 29-уми сентябри 2025 аз сарбозон ва ғайринизомиён 1665 нафар кушта шудаанд, ки 1200 нафарашон дар рӯзи аввали ҳамлаи ҲАМОС кушта шуда буданд. Аммо коршиносон ба омори Исроил шубҳа доранд.