Хона блог саҳифа 858

Боздошти қочоқчиён бо 40 кг маводди мухаддир. Ин дафъа мӯйсафедон маводфурӯш шудаа

0

Гурӯҳи зудамали милисаи Душанбе бо анҷоми як амалиёт муайян кард, ки Рамазонзода Зафари Хуршеди 28 сола зодаи Кӯлоб, ба интиқоли донаҳои экстазӣ аз кившарҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон машғул аст. Вай тӯли ду соли ахир тавассути нақлиёти боркаш донаҳои экстазиро аз хориҷа ба ҳудуди Тоҷикистон интиқол дода, ба воситаи дигар ҳаммаслаконаш асосан дар маконҳои ҷамъшавии ҷавонон ба фурӯш мебаровардаааст. 

Дар хабаре, ки Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба нашр расонидааст, гуфта мешавад, ки феълан Зафар Рамазонзода дар яке аз кишварҳои Аврупо қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200-қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дода шудааст.

Мақомоти умури дохилии Душанбе ҳамчунин аз боздошти Содиқов Собирҷон  Шовалиевичи 32 сола хабар додаанд, ки донаҳои экстазии интиқолдодаи Зафар Рамазонзодаро дар Душане мефурӯхтааст. Бори охир беш аз 2200 ҳабҳои экстазӣ аз дохили қуттиҳои чой ва аз як нақлиёти мусофирбар ёфт ва мусодира шудааст.

Дар гузориш ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Гулмирзоев Давлатмирзо, як сокини 63-солаи ноҳияи Дарвоз бо ду бародарзодааш Алишер ва Алидод дар Душанбе бо 23 кило афюн дастгир гардида, аз ду марди солхӯрдаи дигар — Нуров Амиршо, сокини 67-солаи шаҳри Бӯстон ва Аъзамҷон Ҷӯрабеков, сокини 62-солаи ноҳияи Ҷайҳун бо 15 кило маводи мухаддир ба даст афтодаанд.

Тафтишоти муқаддамотии умури дохилаи Душанбе таъйид кардааст, ки Ҷурабеков Аъзам бо гурӯҳҳои ҷиноии нашъаҷаллоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робита дошта, ин миқдор воситаҳои нашъадорро ба таври қочоқ аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби кишвари ҳамсоя дастрас кардааст.

Мақомоти умури дохилаи Душанбе дар ҳоле аз ифшо ва боздошти афрод ва гурӯҳҳои қочоқчии маводди мухаддир сӯҳбат мекунанд, ки огаҳони умур аз ширкат ва ҳузури масълини баландпоя дар ин тиҷорати ғайриқонунӣ ҳарф мезананд. Гуфта мешавад, ки ширкат ва ҳиссаи ин масъулон дар гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир аз ончики ифшо ва дастгир мешавад бамаротиб зиёд аст.

Дар гузашта писари Амонулло Ҳукумов бо 9 кило ҳеройин дар Маскав дастгир шуда буд, замоне, ки Ҳукумов яке аз афроди наздики Эмомалӣ Раҳмон раёсати Идораи роҳи оҳани Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Ҳамчунин бародари генерал Мансур Умаров, раиси Идораи зиндонҳо, собиқ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дар гузашта сардори муҳофизони президент Раҳмонов,Фаридун Умаров,ки дар мақоми муовини шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди нашъадори милисаи ноҳияи Фархор кор мекард, бо иттиҳоми ширкат дар қочоқи маводди мухаддир дастгир шуда ва бо қарори додгоҳ 7сол ҳукм гирифта буд.

Созиши эътирозгарон ва ҳукумат дар ВМКБ

0

Муътаризон дар ноҳияи Рӯшон бо мақомоти расмии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон  ба созиш расидаанд.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ аз ҷумла, сомонаи ТопТҶ бо такя ба манобеи наздик ба раёсати вилояти Бадахшон хабар медиҳад, ки бо миёнаравии Ёдгор Файзов, раиси вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ихтилофи сокинони ноҳияи Рӯшон бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маҳор шуда ва ба ин натиҷа расидаанд, афродеро, ки мақомоти амниятӣ қасди боздошташонро дошт, ҷаримаи молӣ бишаванд. 

Қаблан мақомоти амниятии минтақа исрор доштанд чанд сокини ноҳияи Рӯшон, ки ҳангоми боздошти теъдоде аз аъзои гурӯҳҳои мухолифи собиқи ҳукумат гуё монеатарошӣ карда, раиси идораи амнияти миллии ин минтақаро захмӣ кардаанд, бояд худро таслим кунанд. Аммо сокинони ноҳияи Рӯшон таъкид мекарданд, ки Ёдгор Ғуломҳайдаров ва теъдоде аз аъзои гурӯҳҳои мухолифи собиқи ҳукумат ҳеҷ гуноҳе надоранд, ки боздошт шаванд.

Як сокини ноҳияи Рӯшон, ба “Озодӣ” гуфтааст, ки баъди мулоқот бо Ёдгор Файзов тасмим гирифта шуд, ҷавонони гумонбарро 190 сомонӣ ҷарима мекунанд ва масъала бо ҳамин пӯшида мешавад. «Ҳамчунин, тавофуқ ҳосил шудааст, воситаҳои нақлиёти хизматие, ки ҳангоми озод кардани Ёдгор Ғуломҳайдаров осеб дидаанд, бояд аз сӯйи эътирозгарон таъмиру барқарор карда шаванд”. 

Бо ин ҳол бархе аз коршиносон ақибнишинии мақомоти амниятиро ба иттифоқ будани мардуми ин минтақа рабт медиҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони зиёде нигаронӣ кардаанд, ки бошандагони ноҳияи Рӯшон «ҷинояткорону қочоқбаронро пинҳон мекунанд» ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ имкон намедиҳанд кори худро анҷом диҳанд. Вале худи сокинон ин иттиҳомотро комилан рад мекунанд.

«Ҳеч нафаре дар минтақаи мо касеро, ки ба маводи мухаддир сару кор дорад, тарафдорӣ намекунад. Ин ба кӯдакони мо осеб мерасонад. Мардум дар маҷмуъ аз низом розӣ нестанд. Аз марказ нафаронеро таъйин мекунанд, ки салоҳиятманд нестанд, бисёр дағалона муносибат мекунанд. Кормандони КДАМ тақрибан ба ҳама соҳаҳо дахолат мекунанд, аз ин рӯ ин мардумро норозӣ мекунад», — мегӯяд Фирӯз, сокини 35-солаи деҳаи Вомар

Вилояти Бадахшон бо ин ки як севум аз масоҳати Тоҷикистонро ташкил мекунад 250 ҳазор нафар ҷамъият дорад. Сокинонаш асосан дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд ва тибқи омори расмӣ мизони фақр дар ин минтақа 40 дарсад мебошад.

Ислоҳоти қонун фасодро дар Тоҷикистон коҳиш медиҳад?

0

Тарҳи пешниҳодии ҳукумат “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” аз тарафи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб расидааст. Сулаймон Султонзода, мудири Ожонси зидди фасод зимни муаррифии тағйиру  иловаҳо ба қонуни амалкунанда аз тафовути зиёд дар лоиҳаи пешниҳодӣ сӯҳбат кардааст.

Торнамои “Садои мардум”-нашрияи расмии Маҷлиси олии Тоҷикистон, стенограммаи сӯҳбати раиси Оҷонсии мубориза бо фасод ва баҳсу баррасиҳо атрофи онро ба нашр расонидааст

Сулаймон Султонзода зимни суханронияш дар назди вакилон гуфтааст,  аз ҷумла мисол овардааст, ки дар номи қонун калимаи “мубориза” ба калимаи “муқовимат” иваз шудааст. Ӯ шарҳ дода, ки таҳти мафҳуми “муқовимат ба коррупсия” маҷмӯи чораҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, мубориза ва рафъи  ҳолатҳои коррупсионӣ дар назар дошта мешавад. Султонзода афзудааст, ки моддаи 29 лоиҳаи қонун ба қабули қарори дорои хусусияти коррупсионидошта, ки аз тарафи мақоми дастаҷамъӣ қабул мегардад, бахшида шудааст. Ӯ шарҳ додааст, ки агар раис ба қабули қарори дастаҷамъӣ ба фоидаи худу хешу табораш мусоидат кунад, ё рӯирост монеа нашавад, ҷавобгарӣ пурра ба зиммаи роҳбар гузошта мешавад.

“Яъне, агар қарори дастаҷамъона ба манфиати роҳбар, хешовандони наздики ӯ ё ба манфиати шахсони сеюм қабул карда шаваду роҳбар барои қабули он фаъолона  мусоидат намояд ё рӯирост мамониат накунад, ҷавобгарӣ  пурра ба зиммаи роҳбар гузошта мешавад”, — Сулаймон Султонзода мудири Ожонси зидди фасод.

Аммо бештари коршиносон ва таҳлилагрони тоҷик мӯътақиданд, ки ҳатто бо тағйири қонун ва сахт кардани муҷозоти он барои ҷилавгирӣ аз коррупсия дар Тоҷикистон баъид аст, ки ин зуҳурооти номатлуби иҷтимоӣ дар кишвар коҳиш пайдо кунад. Ба бовари коршиносон қабзаи қудрат дар дасти як хонавода, интисобу таъйини наздикон ва ҳамшаҳриёни Президенти Тоҷикистон ба мақомоти давлатӣ ва ҳамин тавр пойин будани ҳаҷми маош дар кишвар аз авомили асосии рушди фасод дар Тоҷикистон мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар расонаҳо аз бадтар ва бештар шудани ҳолатҳои ришватситонӣ ва фасод дар давраи раҳбарии раиси феълии ин мақоми муҳимми давлатӣ мегӯянду менависанд.

Дар гузашта шуморе аз кормандони баландмақоми Ожонсии мубориза бо фасод ба шумули муовини мудир,сардори Раёсати тафтишот ва чандин тан аз муфаттишони он бо иттиҳоми гирифтани пора ба даст афтода буданд. Танҳо аз хонаи муовини мудири ин ниҳод 33 миллион доллар ошкор ва мусодира шуда буд.

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон якҷо бо барномаи рушди СММ дар гузашта як назарсанҷӣ дар ин замина анҷом дода, фасод ва фасодкорӣ дар Тоҷикистонро таҳдиди воқеӣ ба амнияти давлат эълон карда буд.

Солҳост, ки Созмони байналмилалии Шаффофият-Транcпаренси Интернешинал Тоҷикистонро дар шумори даҳ кишвари фасодзадаи олам қарор додааст.

Бӯйи инқлоб. Ин дафъа аз Белорус

0

Раисҷумҳури Белорусия, Александр Лукашенко рӯзи ҷумъа 19-ми июн гуфт, ки кишвараш қасди хориҷиёнро барои сарнагун сохтани ҳукумати кунунӣ дар арафаи интихоботе, ки қарор аст моҳи август барпо шавад, хунсо кард. Лукашенко афзудааст, ки бадхоҳон эътирозҳои майдонии густардаеро ба монанди эътирозҳои соли 2014-и дар Украин шуда, дар нақша доштаанд.

Торнамои тобеи ҳукумати Белорус “www.belta.by” аз президенти ин кишвар нақл мекунад, ки ӯ гуфт, “Қувваҳои сиёсӣ аз Ғарб ва ҳамчунин аз Шарқ манфиатҳои сиёсии худро дар Белорус равона кардаанд ва ҳамзамон “қувваҳои муайне” талошҳояшонро шиддат бахшидаанд.” Лукашенко дар сӯҳбати имрӯзаи худ ба ҷузъиёти гуфтаҳояш напардохт ва ҳамчунин нагуфт, ки айнан кадом кишвари хориҷӣ пушти ин тавтиаҳо барои сарнагун кардани ҳукумати Белорус истодааст.

Ин дар ҳолест, ки алоқаҳои Русия ва Белорус дар чанд моҳи ахир тира гаштааст. Ба гуфтаи Лукашенко хунсо кардани ин тавтиаҳо ниқобро натанҳо аз рӯи муздуроне, ки дар дохил ба хидмати хориҷиён кор мекунанд, бардошт, балки чеҳраи онҳоеро, ки дар хориҷ ҳастанд ва ин дасисаҳоро таҳрик мекунанд, ошкор кард.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, панҷ ҳизби мухолифе, ки мехостанд дар интихоботи президентӣ номзади ягонаеро пешниҳод кунанд, аз баргузории маъракаҳои худ дар минтақаҳо даст кашиданд. Палатаи поёнии порлумони Белорус чанде пеш таърихи баргузор шудани интихоботи президентии навбатии ин кишварро рӯзи 9-уми август таъйин кард. Аллакай Лукашенко, ки аз соли 1994 ба ин сӯ кишварро раҳбарӣ дорад, номзадии худро пешниҳод кардааст.

Русия: Хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон ҳеч таҳдиде барои кишварҳои Осиёи М

0

Мақомоти қудратии Русия бар ин боваранд, ки дар ҳолати хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон ҳеч хатаре кишварҳои Осёи Марказиро таҳдид намекунад. Ба назари Русия баракс, вуҷуди сарбозони амрикоӣ худ сабаби ноамнӣ дар Афғонистон ва таҳдид бар Осиёи Марказӣ мебошад.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе 17 июн зимни нишасти хабаӣ ба расонаҳо гуфт: “Мо ба ин бовар нестем, ки хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон таҳдидҳо барои кишварҳои Осёи Марказиро бештар мекунад, баракс ҳузури нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон як муҳаррик барои ба вуҷуд омадани нерӯҳои мухолиф ва як монеъ барои одӣ шудани вазъият дар Афғонистон аст”. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки Русия интизор дорад, тавофуқномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон, ки дар 29 феврали соли равон дар Доҳа ба имзо расид, ба ҳукми иҷро дарояд ва тибқи он сарбозони хороҷӣ ба шакли комил Афғонистонро бояд тарк кунанд.

Мария Захарова Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст: “Мо аз ин ҳақиқат натиҷа мегирем, ки оддисозии вазъият дар кишвар ба макомқоти Афғонистон иҷоза хоҳад дод то муссиратар дар баробари терроризм ва маводи мухаддир, ки дар қаламрави Ҷумҳурии исломи Афғонистон аст, мубориза кунанд”.

Ин мақоми руси гуфтааст, ки Маскав қувваҳои низомияшро дар марзи Тоҷикистон тақвият мебахшад. Ба гуфтаи ӯ кишварҳои узви Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ омодаи ҳаргуна сенарияҳои пешрафти низомӣ ва роҳҳалли сиёсӣ дар Афғонистон ҳастанд.                                                                                                                                        Бар асоси тавофуқномае, ки байни Амрико ва гурӯҳи Толибон 29-уми феврали соли равон дар давлати Қатар ба имзо раисд, қарор аст нерӯҳои низомии амрикоӣ Афғонистонро дар зарфи 14 моҳ бояд тарк бикунанд. Дар баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, Толибон вазфиадор шудаанд, ки равобити худро бо гурӯҳи Алқоида қатъ кунанд ва таҳдиде барои Амрико ва муттаҳидонаш набошанд.

https://www.mid.ru/ru/foreign_policy/news/-/asset_publisher/UdAzvXr89FbD/content/id/4168122#14

Боз худкушӣ: як сокин дар назди ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ худкушӣ кардааст

0

Як сокини деҳаи Тубеки ҷамоати Лоҳур, рӯзи 16-уми июн дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ кӯшиш кардааст то худро бикушад. Абдуғаффор Аскаров, сокини 47 солаи ин ниҳия сирко нӯшида, тамоми узвҳои даруниаш аз таъсири сирко зарар дида, баъдтар дар беморхонаи ноҳия даргузаштааст. Мақомоти расмӣ гуфтаанд, Аскаров бемории равонӣ дошт, аммо Пайвандони ӯ ин иддаои мақомтро рад карда гуфтаанд, ин сокин барои ҳалли мушкилоти зиндагиаш ба назди мақомот рафта буд. 

Озодӣ ношири ин хабар, аз қавли наздикони Абдуғаффор Аскаров навиштааст, ки марҳум бемории равонӣ надошт, аммо чанд мушкилӣ пайҳам ба вазъи рӯҳияш таъсир кардааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, мақомоти интизомӣ писари 16-солаашро ба дуздӣ муттаҳам карда, барои ӯ шаш соли зиндон талаб намудаанд.

Наздикони Абдуғаффор Аскаров мегӯянд, як сол пеш, баъд аз он ки кораш дар Русия омад накард ва бемор шуд, ба Тоҷикистон баргашт ва дар ҷое кор намекард. Муроҷиатҳои батакрораш ба мақомоти маҳаллӣ барои гирифтани кумакпулӣ ва бетаваҷҷуҳии мақомот ӯро дар ҳолати сахти афсурдагӣ қарор дод.

Инҳам дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, ӯ як соли ахир ба онҳо муроҷиат накардааст. Дар беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ гуфтаанд, ки «вақте Абдуғаффор Аскаровро ба бемористон оварданд, аллакай тамоми узвҳои дарунии ӯ аз таъсири сирко зарар дида буд ва мо натавонистем наҷот диҳем». 

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи пеш, Зариф Абдуллоев, сокини деҳаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати Зарбдори Кӯлоб, низ худро дар назди бинои Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб оташ зад ва дар бемористон даргузашт.

Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ПМТ рузе пеш, омори мақомот дар бораи худкушӣ дар кишварро зери суол бурд ва гуфт “ҷустуҷӯ дар шабакаҳо маълум кард, ки танҳо дар шаҳри Кӯлоб дар як ҳафта 8 нафар худкушӣ кардаанд, яъне беш аз 1 нафар дар рӯз. Аммо мақомот мегӯянд дар кулли кишвар солона 400 нафар, яъне беш аз як нафар дар рӯз даст ба худкушӣ мезананд. Кабирӣ мегӯяд ин омори ҳукумат ҳам мисли омори коронавирус аст. Ба эътиқоди оқои Кабарӣ ду сабаб аст, ки мардум дар кишварҳои диктотурие чун Тоҷикистон даст ба худкушӣ мезанад: 1.Ҳукумат тамоми роҳҳои эътирози қонунӣ ва мутамаддинро ба рӯи мардум бастааст. 2.Ноумедӣ ва нобоварии мардум ба ҳукумат ва набудани адолат. Раҳбари ПМТ мегӯяд шумори худкушӣ дар кишварҳои ОМ, аз ҷумла, Тоҷикистон яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон аст ва он бо айби ҳукумат ва қонунҳоест, ки вазъро бад кардааст. 

Тошканд: Бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои баналмиллалӣ ҷавобгӯ нестан

0

Сифати таълим дар 16 донишгоҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба талаботи бозори кори Узбакистон ҷавоб намедиҳад.Дар ин бора дар гузориши Бозрасии давлатии назорати сифати таълими назди Девони вазирони Узбекистон таъкид шудааст.Ин ниҳод баъди санҷиши дониши хатмкардагони донишгоҳҳои Қазоқистон,Қирғизистон ва Тоҷикистон ба манзури эътирофи дипломҳои онҳо дар қламарви кишвар бар ин натиҷа расидааст. 

Ба феҳристи донишгоҳҳои дорои сатҳи пасти таълим мактабҳои олии зерини Тоҷикистону Қирғизистон шомил шудаанд: Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи узбекистону Қирғизистон, Омӯзишгоҳи олии байналмилалии тиббӣ, Донишкадаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бодканди Қирғизистон, Донишкадаи гуманитарӣ-омӯзгории Ӯш, Донишгоҳи давлатии Ҷалолобод, Донишкадаи давлатии ҳуқуқи Ӯш, Донишкадаи иқтисод ва идоракунии Майлуу-Суй, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин), Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Бозрасии давлатии назорати сифати таълими назди Девони вазирони Узбекистон дар охир ба довталабони кишвари худ тавсия додааст, ба донишгоҳҳои кишварҳое дохил шаванд, ки дар раддабандиҳои маъруфи омӯзишӣ мақоми баландро касб кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон то кунун ба ин иддаои Узбекистон вокуниш нишон надодаанд.
Интиқоди сифати пасти таълим ва таҳсолот дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон аз тарафи Узбакистон дар ҳоле аст,ки дар дохили кишвар низ ба ин масъала аз солҳо пеш шуморе аз донишмандону олимон ва мутахассисони соҳа изҳори назар кардаанд.

Барои мисол вақте дар чанд соли пеш дар Данғара-зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шурӯъ шуд ва инака ҳоло ба фаъолият шурӯъ кардааст,коршиносони арса аз он изҳори тааҷҷуб мекарданд,ки кадрҳои ин донишгоҳ чи гуна метавонанд табиб ва мутахассис бишаванд,дар ҳоле ки кадом пойгоҳи амалӣ дар инҷо вуҷуд надорад.Ба ин маъно,ки табибони оянда шурӯъ аз курси 2 тамоми  дарсҳоро ба таври амалӣ ва дар бемористону клинкаҳо мехоннад.Аммо дар Данғара чунин имконият вуҷуд надорад.

Аз ин ҷост, ки мисли замбӯруғи баъди борон зиёд шудани шумораи донишгоҳҳро коршиносон чизе бештар аз як манбаи тиҷорати гурӯҳҳои алоҳида дар мақомот ва низ сарчашмаи ҷалби андоз намеҳисобанд.  

Аз 2 банкомати ноҳияи Мӯъминобод 1-то монд. Якеаш клавиатура надорад

0

Навбати тӯлонии сокинони ноҳияи Мӯъминобод, ки чанд рӯз аст идома дорад, барои гирифтани кӯмакҳои башарӣ нест. Онҳо дар назди банкомати филиали №63-и «Амонатбонк»-и ноҳияи Муъминобод, барои гирифтани маош ва нафақа навбатпоӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки аз ду банкомати мавҷудбуда яке фаъолият мекунаду дигаре ду моҳ боз таъмирталаб аст. Шарифзода Меҳринисо, мудири филиали №63-и «Амонатбонк»-и ноҳия дар сӯҳбат бо нашрияи «Пайк» мегӯяд: “Айни ҳол дар ноҳия ду банкомат мебошад. Аз ду якеаш клавиатурааш вайрон шудааст. Мо ба Раёсати «Амонатбонк»- и минтақа дархост кардем, ваъда карданд, ки таъмир мекунанд. Арзиши клавиатура 4000 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.”

Як сокини ноҳия, ба хабарнигори «Пайк» изҳор доштааст ки «аз навбатпоии зиёд дар назди банкомат дилгир мешавем. Зиёда аз 2 моҳ мешавад, ки дар чунин вазъ қарор дорем. Дигар намедонем, чӣ кор кунем ва ба куҷо муроҷиат намоем». Тибқи иттилои масъулони «Амонатбонк»-и минтақаи Кӯлоб клавиатураи банкоматро дар Тоҷикистон пайдо кардан мушкил будааст. Ҳақназарзода Саидикром, раиси «Амонатбонк» — и минтақаи Кӯлоб бошад бобати мушкилоти ҷойдошта мегӯяд: “Бештари банкоматҳо клавиатураашон аз кор мебарояд. Клавиатураро аз давлати хориҷа дастрас кардан мумкин аст. Бо сабаби пандемияи Коронавирус мо клавиатураро харидорӣ карда наметавонем”

Нашрияи “Пайк” дар интиҳои гузориши худ менависад, ки “Коронавирус бемории сироятӣ буда, аз бемор ба шахси солим тариқи роҳҳои нафас сироят мекунад. Тавре, ки хонанда воқиф аст, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масофаро 1,5 метр бояд риоя кард. Вале ҳайҳот, дар назди банкоматҳо ҳадди ақал 50 сантиметр масофаро риоя намекунанд. Феълан масъулин ин ҳамаро нодида мегиранд. Пешниҳод, баҳри пешрафт ва саривақт гирифтани маоши сокинон масъулинро зарур аст, ки бо имкониятҳои дастрас, ҳарчи зудтар банкоматро таъмир карда, иловатан боз дар ноҳияи Муъминобод ақаллан як банкомати дигар насб кунанд”. 

Шурӯъи парвозҳои чартерӣ миёни Тоҷикистону Русия ва овардани муҳоҷирони бандмон?

0

Ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ҷиҳати бозгардондани шаҳрвандони бандмондаи тоҷик дар Русия ба паврозҳои чартерӣ шурӯъ мекунанд. Хабаргузории Авасто менависад, ки ин парвоз аз 25 июн оғоз шуда ва шаҳрвандон бо навбат ба Ватан оварда хоҳанд шуд.

Дар назар аст, парвозҳо ба самти Тоҷикистон аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Русия марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд.

Сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо нашри ин хабар менависад, ки “зимни иҷрои парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар Русия дармондаанд, дода мешавад. Дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, вазифаи онҳо тартиб додани рӯйхатҳои шаҳрвандон хоҳад буд. Пас аз омода шудани рӯйхатҳо шаҳрвандон оид ба харидорӣ намудани билетҳо хабардор карда мешаванд.” 

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд ва Ҳукумат қисме аз онҳоро бо парвозҳои махсус ба Тоҷикистон интиқол дод. Аммо қисми бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки аксаран муҳоҷиронанд натавонистанд ба Ватан баргарданд. Бархе муҳоҷирон ҳукуматро танқид карданд, ки онҳоро дар шароити вазнини пандемия ба ҳоли худ гузоштааст. Аммо феълан замони шурӯи  парвозҳои доимӣ аз Тоҷикистон ба Русия ва ё баръакс  номаълум аст ва қарор аст баъд аз моҳи июн ин масъала  баррасӣ бишавад.

Нурсултон Назарбоев ба вируси КОВИД-19 мубтало шудааст

0

Сомонаи (https://elbasy.kz) имрӯз панҷшанбе хабар дод, ки Нурсултон Назарбоев “раҳбари фахрӣ ва пешвои миллат”-и Қазоқистон ба вируси КОВИД 19 мубтало шудааст. Дар хабаре, ки аз сӯйи вебсайти шахсии Нурсултон Назарбоев нашр шуда, омадааст, ки “натиҷаи охирини озмоиши ташхиси корона дар “пешвои миллат” мусбат буда, аммо вазъияташ чандон ногувор ва нигаронкунанда нест”.

Ҷаноби Назарбоев бо вуҷуди вогузор кардани мансаби раёсатҷумҳурӣ ба шахси дигаре, то ҳол зимоми давлатро ба ҳар навъе дар даст дорад. Ӯ дар ҳоле ба ин беморӣ гирифтор шудааст, ки моҳи оянда 80-солагии худро ҷашн гирифтанист. Нурсултон Назарбоев пас аз се даҳаи зимомдорӣ дар ниҳоят аввалҳои соли гузашта қудратро ба Қосим Ҷомарт Токаев, собиқ раиси сенати парлмуони Қазоқистон ва яке аз сиёсатмадорони бисёр наздик ба худи Назарбоев вогузор кард.

Назарбоев пас аз канорагирӣ ҳамчунон раёсати Шӯрои амнияти миллӣ ва раҳбари ҳизби ҳоким дар Қазоқистонро да даст дорад. Ӯ мисли дигар раҳбарони Осиёи Марказӣ соли 2018 қонунеро ба тариқи парлумон ба тасвиб расонд, ки тибқи он унвони “пешвои миллат”-ро касб кард ва бо ҳамин дахлнопазирии худро то зинда буданаш ҳифз намуд.