Хона блог саҳифа 92

Ятимов: Муҳоҷирони корӣ бештар аз ҳама ба гурӯҳҳои террористӣ ҷалб мешаванд

0

Дар шаҳри Душанбе “Конфронси сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақил (ИДМ) дар бораи терроризм ва ифротгароӣ” баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ин конфронс бо ташаббуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва Маркази зидди террористии ИДМ рӯзи 23-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гашта, то рӯзи 24-уми октябр идома меёбад. Дар он 150 ҳайат аз кишварҳои ИДМ ва кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ширкат карданд.

Масъалаи аслии ҷаласа баррасии вазъияти амниятӣ дар минтақа, омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ, ки ба тавсеаи фаъолиятҳои террористӣ таъсир мерасонанд, буд. Ҳамчунин атрофи истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ гуфтугӯ сурат гирифт.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар ин нишаст изҳор дошта, ки созмонҳои террористӣ муҳоҷирони кориро ҳамчун гурӯҳи осебпазир истифода бурда, онҳоро ба фаъолияти ифротгароёна ҷалб мекунанд.

Ба гуфтаи Ятимов, дар солҳои охир созмонҳои ифротгаро ва террористӣ кӯшиш доранд, вазъияти амниятиро дар минтақа ноустувор гардонанд. Ӯ таъкид карда, ки ин гурӯҳҳо дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ “инфраструктураи хобидаи худ”-ро ташкил додаанд ва бо ҷиноятҳои киберӣ ва трансмиллӣ иртибот доранд.

“Ҷалб асосан аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ сурат мегирад, зеро онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ заифанд. Бо истифода аз муҳити фарҳангӣ ва динии минтақа, гурӯҳҳои ифротгаро мекӯшанд миёни онҳо идеологияи радикалиро паҳн созанд”, — афзуд Ятимов.

Раҳбари КДАМ-и Тоҷикистон ҳамчунин илова кард, ки барои пешгирӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ, 4000 донишҷӯи тоҷикро аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба Тоҷикистон баргардонидаанд. Ятимов афзуд, ки хатари пайвастан ба гурӯҳҳои ифротгаро ин донишҷӯёнро таҳдид мекард.

Аммо гуфта нашудааст, ки ин донишҷӯёни тоҷик аз кадом кишварҳо баргардонида шудаанд. Қаблан, КДАМ борҳо талош кардааст, ки тамоми донишҷӯёни тоҷикро аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ, агарчи дар донишгоҳҳои маъруф ва пешрафта таълим мегиранд, ба кишвар баргардонад.

Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, дар рӯзи аввали нишаст ба ин натиҷа расиданд, ки омӯзгорон ва ходимони илм дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳу мактабҳо вазифадор шаванд, ки дар барномаҳои таълимии худ дарсҳои “мубориза бо терроризм ва экстремизм”-ро ворид кунанд.

Инчунин дар нишаст иштирокдорон “масъалаҳои таъсиси шабакаи огоҳсозии бармаҳал ва зиддитеррористӣ дар Осиёи Марказӣ” ва “таҷрибаи минтақавии мубориза бо терроризм”-ро низ муҳокима мекунанд.

Аммо таҳлилгарони мустақил бар ин назаранд, ки ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ на ба сабаби муҳоҷират ва ё камсаводӣ, балки бештар ба фишорҳои ҳукумат ва мақомдорон болои мардуми диндор аст. Бо фармони шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар дохили кишвар мадрасаҳо баста шуд, донишмандони динӣ зиндонӣ шуданд ва ё аз кишвар фирор карданд, ин сабаб шуд, ки ҷавонҳои зиёде таълимоти диниро ба таври нодуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва шахсони тасодуфӣ бигиранд ва ҳамин тариқ ба гурӯҳҳои ифротӣ бипайванданд.

Аз сабаби камбуди ҷой, хонандагон рӯи замин нишаста, дарс мехонанд

0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеое паҳн шудааст, ки нишон медиҳад дар як синфхона шумори хонандагон аз меъёри муқаррарӣ бештар буда, ба сабаби набудани ҷойи нишаст, қисме аз донишомӯзон дар рӯи замин, зери акси қаҳрамонони миллӣ нишастаанд.

Замони сабт ва макони дақиқи ин навор маълум нест, вале нашри он бори дигар масъалаи вуҷуди мушкилот дар соҳаи маориф, аз ҷумла камбуди ҷойи нишаст ва изофашавии хонандагон дар мактабҳои кишварро матраҳ мекунад.

Бояд зикр кард, ки бо вуҷуди сохтани мактабҳои нав дар гӯшаю канори кишвар, мушкилоти камбуди ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдаст ҳамоно боқӣ мондааст.

Ин аввалин бор нест, ки чунин наворҳо аз мушкилоти соҳаи маорифи Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ паҳн мешавад. Дар ҳолатҳои қаблӣ низ шаҳрвандон аз набуди шароити мунсиб дар муҳасисаҳои таълимии кишвар нигаронӣ карда буданд.

То ҳанӯз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ин навор вокуниш накардаанд, вале дар бисёре аз чунин ҳолатҳо ин ниҳод аз шарҳ додани наворҳо ва ё гуфтани мушкилоти соҳа худдорӣ мекунад.

Иттиҳоди Аврупо бонки марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро таҳрим кард

0

Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳоро алайҳи Русия қабул намуд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба бахши молиявӣ равона шудааст.

Ба рӯйхати нав, ки 23-уми октбяри соли ҷорӣ нашр шуд, на танҳо бонкҳои русӣ, балки муассисаҳои молиявии хориҷӣ, аз ҷумла се бонки Тоҷикистон низ шомил шудаанд. Брюссел ин бонкҳоро ба кумак дар сарпечӣ аз маҳдудиятҳои қаблӣ ва маблағгузории иқтисодиёти низомии Русия муттаҳам мекунад.

Тибқи қарори нави Шӯрои ИА, нисбати “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” таҳрим ҷорӣ шуда, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо ин се бонк аз Тоҷикистон муомилоти молӣ анҷом диҳанд.

Дар қарор гуфта шудааст, ки ин муассисаҳо аз кишварҳои севум бо роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молу технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегузоранд.

То ҳол ин се бонки Тоҷикистон ва Бонки миллӣ ба ин хабар вокунише накардаанд ва бо дастрас шудани назари намояндагони ин се бонк Azda.tv онро нашр хоҳад кард.

Гуфта мешавад, “Душанбе сити бонк” яке аз лоиҳаҳои ширкати монополии “Авесто Гурӯҳ” буда, ба писари раисҷумҳури Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ таалуқ дорад. Идораи ин ширкати бузург дар дасти Мирзо Муҳаммад Файзуллозода, бародари яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, муовини президенти Федератсияи футбол ва раҳбари Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Мирзо Хуршед Файзуллозода мебошад.

Ва дар ҳоле “Душанбе сити бонк” вориди рӯйхати таҳримҳои ИА мешавад, ки муштариёни ин бонк дар дохили Тоҷикистон аз хидматрасонии он шикоят мекунанд. Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, чун ин бонк ба писари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таалуқ дорад, ба шикояти онҳо касе расидагӣ намекунад.

Сокинони кишвар “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонк”-ро низ ба наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар баробари ин бонкҳо аз Тоҷикистон панҷ бонки русӣ, аз ҷумла Истина, Земский Банк, Абсолют Банк, МТС Банк, Алфа-Банк ва панҷ муассисаи молиявии дигар аз Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг, инчунин чор бонк аз Беларус ва Қазоқистон вориди рӯйхати таҳримҳои ИА шудаанд.

Ҳамчунин ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтии русии «Мир» ва СБП (Системаи пардохтҳои зуд) пурра манъ карда шуд.

Як бахши алоҳидаи таҳримҳо ба соҳаи криптовалюта равона шуда, ИА муомилот бо стейблкойни A7A5-ро, ки бо дастгирии давлатии Русия эҷод шудааст, манъ кард. Инчунин таҳримҳо нисбати таҳиягари он, нашркунандаи қирғизӣ ва платформае, ки асосан муомилоти ин асъори рақамӣ дар он анҷом мешуд, татбиқ гардиданд.

Ба гуфтаи мақомоти аврупоӣ, ин тадбирҳо барои бастани роҳҳои алтернативии молиявӣ, ки Маскав тавассути онҳо хароҷоти низомиро идома медиҳад, нигаронида шудааст.

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар мавриди корҳои хориҷӣ Кая Каллас таъкид карда, ки “ҳар як евро, ки мо аз Русия бозмедорем, евроест, ки барои ҷанг сарф намешавад ва ин бастаи охирини таҳримҳо нест.”

Гуфта мешавад, дар баробари чораҳои молиявӣ ин бастаи таҳримҳои нав, инчунин бахшҳои энержӣ, нақлиёти баҳрӣ ва саноати ҳарбиро дар бар мегирад. Ба гуфтаи Иттиҳоди Аврупо, ин маҳдудиятҳо бояд дастрасии Русияро ба захираҳои молиявии ҷаҳонӣ мушкилтар созанд ва қобилияти онро барои идомаи ҷанг дар Украина коҳиш диҳанд.

Як рӯз пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА бо сабаби майл нишон надодани Русия ба хатми ҷанг дар Украина аз ҷорӣ намудани таҳримҳо нисбати ду ширкати азими нафтии ин кишвар “Роснефт” ва “Лукойл” хабар дода буд.

Паймони Милли аз Иттиҳоди Аврупо қадрдонӣ кард

0

Паймони Миллии Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаи понздаҳуми гуфтугӯҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки шаҳри Брюссел баргузор шуд, истиқбол кардааст.

Дар изҳороте, ки дар саҳифаи расмии ПМТ дар Facebook нашр гардид, гуфта мешавад, ки ин ҷаласа ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон, зиндониёни сиёсӣ, озодии баён, фаъолияти рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудааст.

ПМТ изҳор доштааст, ки ҳимояти Иттиҳоди Аврупо аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорони зиндонишуда шоёни таҳсин мебошад. Паймони Миллӣ ба даъвати Иттиҳоди Аврупо барои озодии фаврӣ ва бечунучарои онҳо изҳори ҳамбастагӣ кардааст.

Бояд зикр кард, ки Иттиҳоди Аврупо 17-уми октябри соли 2025 зимни нишасте дар Брюссел аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин нишаст масъалаҳои ҳуқуқи занон, озодии баён, шиканҷа, ва масъалаи ВМКБ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон даъват намудааст, ки ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорони боздоштшударо озод созад, созмонҳои ҷамъиятии бастаашударо боз ба қайд гирад ва гуфтугӯи ошкоро бо ақаллияти помирӣ роҳандозӣ кунад.

Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст, ки ҳамкории иқтисодӣ ва шомилшавии Тоҷикистон ба барномаи GSP+ танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ниҳодҳои демократӣ ва озодиҳои инсонӣ дар кишвар эҳтиром шаванд.

ИА аз Тоҷикистон озодии маҳбусони сиёсиро талаб кард

0

17-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел даври 15-уми муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Дар ин нишаст ҷонибҳо вазъи ҳуқуқи занон, мубориза бо зӯроварии гендерӣ ва табъиз дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Иттиҳоди Аврупо аз талошҳои Тоҷикистон барои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ дар ин самт истиқбол намудаааст ва аз мақомоти кишвар даъват карда, ки уҳдадориҳояшро дар ин самт дар амал татбиқ намоянд.

Инчунин дар ин нишаст пешгирии шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ, инчунин ислоҳоти низоми зиндонҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, Иттиҳоди Аврупо аз зарурати таъсиси низоми мустақили мониторинг ва назорати додгоҳӣ дар Тоҷикистон гуфтааст.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз ҳифзи озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии баён дар Тоҷикистон гуфта, аз вазъи рӯзноманигорон, ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори нигаронии ҷиддӣ карданд.

ИА аз мақомоти Тоҷикистон даъват намуда, ки созмонҳои ҷамъиятиеро, ки маҷбур ба қатъи фаъолияти худ шудаанд, дубора ба қайд гиранд ва рӯйхати мушаххаси ҳомиёни ҳуқуқ, вакилони дифоъ ва рӯзноманигорони боздоштшударо ба намояндагони Тоҷикистон бо талаби озод кардани фаврӣ ва бидуни шарт пешниҳод кардааст.

Маълум нест, ки дар ин рӯйхат номи киҳо оварда шудааст, вале ҳоло дар зиндонҳои кишвар бо иттиҳомоти сохта даҳҳо рӯзноманигору фаъоли ҷомеа ва ҳомии ҳуқуқ адои ҳукм мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз набудани пешрафт дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ намуда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки бо ақаллияти помирӣ гуфтугӯи ошкоро ва созандаро роҳандозӣ намоянд ва меъёрҳои байналмилалии мурофиаи одилонаро риоят кунанд.

Пештар Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июли соли 2024 бо қабули қатъномае аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомоти кишвар хоста буд, ки нақзи ҳуқуқи инсонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.

Дар рафти мулоқот Иттиҳоди Аврупо таҳияи қонунгузории нав дар самти ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон пешрафти мусбат арзёбӣ намудааст, вале ҳамзамон таъкид карда, ки иҷрои дурусти он аҳамияти асосӣ дорад.

Иттиҳоди Аврупо гуфта, ки муколамаҳои мунтазам дар мавриди волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон сутуни асосии муносибатҳои дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон боқӣ монда, Брюссел пешрафти воқеӣ дар соҳаҳои плюрализми сиёсӣ, озодии баён, истиқлоли ВАО ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон дар баррасии дархости Ҳукумати кишвар барои шомил шудан ба барномаи GSP+ аҳамияти калидӣ дорад.

Дар охир Иттиҳоди Аврупо дубора таъкид карда, ки ҳамкории муваффақи иқтисодӣ дар доираи EPCA танҳо дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки агар ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон тақвият ёбанд ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ таъмин гардад.

Талаби ИА аз мақомоти Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар кишвар вазъи ҳуқуқи инсон ва озодии баён сол ба сол хеле бад шуда, Ҳукумат бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ садҳо мухолифи худ, рӯзноманигорон, фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон кардааст ва ҳатто дар ВМКБ чандин фаъолро низ ба қатл расонидааст.

Назари ҳукумат дар мавриди гуфтушунидҳо ва то куҷо ин талаботи ИА-ро барои пайвастан ба низоми GSP+ иҷро мекунад маълум нест.

Ширкати чинӣ дар Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозад

0

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълон кард, ки як ширкати чинӣ омодааст дар Тоҷикистон нерӯгоҳи офтобӣ бисозад.

Тавре ин ин ниҳод хабар медиҳад, 21-уми октябри соли ҷорӣ вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа бо раиси Шурои директорони ширкати «Shanghai Electric Group Co., Ltd.» У Лэй мулоқот карда ва дар ин хусус гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия гуфтугӯ карданд.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар таъкид мекунад, ки дар ин мулоқот ҷониби ширкати чинӣ “барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, хатҳои интиқоли баландшиддат, неругоҳҳои барқӣ бо истифода аз партовҳои маишӣ, инчунин таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли таҷҳизоти электромеханикӣ” мувофиқат кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2024 Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон бо ширкати чинии “Eging PV Technology Co., LTD” дар мавриди сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида буд. Он замон ин ниҳод гуфта буд, ки маблағи умумии лоиҳа бо пардохт дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аммо дар қадами аввал мувофиқи тавофуқномаи тарафайн, дар масоҳати 250 гектар дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” зеристгоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори 200 МВт ва бо маблағи 150 миллион доллар сохта мешавад. Вале то ҳол аз татбиқи ин лоиҳа хабаре нест.

Кишвари Чин яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкати чинӣ бо сармоягузории давлати Чин фаъолият мекунанд, ки баъзе онҳо ба кандани конҳо ва маъданҳои гаронбаҳои зеризаминӣ машғуланд.

Гуфта мешавад, Чин аз соли 2009 то ин дам дар Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Ва қарзи хориҷии Тоҷикистон танҳо аз Чин беш аз 3 миллиард доллар гуфта мешавад, ки тибқи оморҳо, 52% қарзҳои хориҷии кишварро дар бар мегирад.

Дидори Трамп бо Путин ба тахир гузошта шуд

0

Доналд Трамп, президенти Амрико изҳор дошт, ки дидораш бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Будапешт ба таъхир гузошта шудааст. Ӯ гуфт, нахостааст “мулоқоти бефоида” баргузор кунад.

Ба иттилои манбаъҳои дипломатӣ, мулоқот ба таъхир афтод, зеро Маскав пешниҳоди оташбас дар Украинаи Трампро рад кард. Пештар вазирони хориҷаи ду кишвар Марко Рубио ва Сергей Лавров дар ин бора гуфтугӯ карданд, вале ба натиҷа нарасиданд.

Манобеи амрикоӣ гуфтанд, ин тасмим дуруст буд, чун мавқеи Русия тағйир наёфтааст. Лағви мулоқот боиси қаноатмандии Украина ва кишварҳои аврупоӣ шудааст, ки нигарон буданд Трамп ба Зеленский фишор меорад, то аз бахше аз қаламрави кишвараш даст кашад.

Интихоби Будапешт ҳамчун макони дидор низ баҳсбарангез шуд, зеро нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан бо Маскав робитаҳои наздик дорад.

Ҳамзамон, Лаҳистон эълон кардааст, ки дар сурати убури ҳавопаймои Путин аз фазои ҳавоии худ, метавонад онро маҷбур ба фуруд кунад ва тибқи фармони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ боздошт намояд. Аммо Булғория гуфтааст, ки ба ҳавопаймои Путин иҷозати убур хоҳад дод.

Трамп борҳо гуфтааст, ки мехоҳад ба ҷанг дар Украина хотима диҳад, аммо инро “душвортар аз поён додани ҷанг дар Ғазза ё низоъ байни Ҳиндустон ва Покистон” арзёбӣ кардааст.

Охирин мулоқоти Трамп ва Путин моҳи август дар Аляска баргузор шуда буд, ки он вақт Путин хостори хуруҷи нерӯҳои Украина аз Донбасс ҳамчун шарти сулҳ гардид, вале Зеленский ин пешниҳодро рад кард.

Шаби гузашта Тоҷикистонро заминларза такон дод

0

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаби 21-уми октябр, соати 23:14 бо вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 283 километр ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 101 километр дуртар аз шарқи шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон рух додааст. Қувваи заминларза дар маркази он 5 балл, дар ноҳияи Ишкошим 3–4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2–3 баллро ташкил дод.

Ба иттилои Хадамоти геофизикӣ, дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мақомот мегӯянд, ки вазъ таҳти назорат аст ва сокинон метавонанд ором бошанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки дар он заминларзаҳо зиёд ба қайд гирифта мешаванд. Ҳамасола ин офати табиӣ дар баъзе минтақаҳо боиси хисорат ва зарарҳои ҷиддӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 13-уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод як кӯдак ба ҳалокат расида ва зарари ҷиддӣ ба иншооти истиқоматӣ ва иҷтимоӣ расида буд.

Бар асоси маълумоти расмӣ, дар натиҷаи ин заминларза 205 хона осеб дида буд. Аз ин шумора, 94 хона пурра вайрон шуда, 50 хона қисман ва 61 хонаи дигар зарари сабук диданд.

Ғайр аз ин, се мактаб, ҳамчунин чойхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ низ зарар дидаанд.

5 нафар 3000 муҳоҷирро ғайриқонунӣ сабти ном кардаанд

0

Дар Русия як гурӯҳи созмонёфта бо иттиҳоми қаллобӣ ва ғайриқонунӣ сабтином кардани муҳоҷирон дастгир шуданд.

Тавре расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, нерӯҳои махсуси Росгвардия бо кормандони Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) ва пулиси Русия фаъолияти гурӯҳи муташаккилеро ошкор кардаанд, ки ғайриқонунӣ ба тартиб додани иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия машғул буданд.

Бо ин иттиҳом ҳоло панҷ кормандони як агентии кадрӣ ва як ширкати сохтмонии Маскав боздошт шудаанд.

Бино ба иттилои тафтишот, боздоштшудаҳо ба се ҳазор муҳоҷир ҳуҷҷатҳои қалбакӣ кардаанд, то дар қаламрави Русия иқомат кунанд. Онҳо ин муҳоҷиронро ба таври сохта дар ширкатҳои “якрӯза” ба кор қабул мекардаанд.

Ҳангоми кофтуков шартномаҳои меҳнатии қалбакӣ, муҳрҳои ташкилотҳои сохта ва дигар далелҳо мусодира гардиданд.

Пештар аз ин намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк аз боздошти ду корманди як ширкати сохтмонӣ дар Маскав, ки ба сабти муҳоҷирон тавассути ширкати “якрӯза” машғул будаанд, хабар дод. Ин афрод на танҳо муҳлати иқомати муҳоҷиронро тамдид мекарданд, балки аз пардохти андоз ва ҳаққи суғуртавӣ низ саркашӣ менамуданд.

Аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия, яъне “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” боз шудааст ва ба гумонбарон 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

То ҳол маълум нест, ки мақомоти Русия бо ин 3 ҳазор муҳоҷир, ки ҳамакнун ҳуҷҷатҳояшон ғайриқонунӣ мебошад, чӣ хоҳад кард ва маълум нест, ки дар миёни ин афрод чанд нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҳоле мақомоти Русия даст ба ошкор кардани чунин гурӯҳҳо задаанд, ки ҳоло дар тамоми Русия бо иштироки кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ “рейд”-ҳои густардае дар ҷойҳое, ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, идома дорад ва онҳо бо рафтори бисёр тунд асноди муҳоҷиронро санҷида, дар баъзе ҳолатҳо латтукӯб низ мекунанд. Танҳо дар Маскав 7632 “рейд” дар 9 моҳ гузаронида шудааст ва шумори зиёди муҳоҷирон аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.

Сармураббии мунтахаби занонаи Узбекистон раҳбари дастаи “Истаравшан” шуд

0

Сармураббии собиқи дастаи мунтахаби занонаи футболи Узбекистон Шералӣ Бобоқулов ба вазифаи сармураббии дастаи мардонаи “Истаравшан” таъйин шуд. Ин даста дар Лигаи Олии мардонаи Тоҷикистон рақобат мекунад.

Бобокулов ба ҷойи сармураббии тоҷик Шухрат Шамсиев омад, ки дастаи “Истаравшан”-ро аз аввали мавсим роҳбарӣ мекард. Барои Шералӣ Бобоқулов ин аввалин таҷриба дар футболи касбии мардона мебошад. Муҳлати шартномаи ӯ то охири соли ҷорӣ аст.

Вазифаи асосии Бобокулов наҷот додани даста аз шикаст ва нигоҳ доштани ҷойгоҳаш дар Лигаи Олӣ мебошад.

Дар аввалин бозӣ таҳти роҳбарии сармураббӣ, 19-уми октябр “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 бар яке аз дастаҳои пешсафи Лига, ЦСКА Душанбешаҳр ғолиб омад. Ин ғалаба барои дастаи “Истаравшан” сюрпризи ҳақиқӣ буд.

Гуфта мешавад, дар ҳайати даста чор бозигари узбек низ ҳузур доранд, ки ба мутобиқшавии сармураббӣ кумак мекунад.

Шералӣ Бобоқулов чандин сол сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Узбекистон ва клуби “Согдиана-W”-и Ҷиззах буд. Соли 2021 ӯ беҳтарин сармураббии футболи занонаи Узбекистон эътироф шуд.

Таҳти раҳбарии ӯ “Согдиана-W” қаҳрамонии Узбекистон ва Ҷоми Узбекистонро соҳиб шуда, инчунин дар мусобиқаи клубии AFC барои дастаҳои занонаи Осиё пирӯзӣ ба даст овардааст.

Бо таъйини Бобоқулов, мухлисони “Истаравшан” умедворанд, ки даста на танҳо аз поинравӣ наҷот меёбад, балки рақобатро дар Лигаи Олӣ қавитар мекунад.