Хона блог саҳифа 926

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ: Ҳукумат сӯҳбатҳои телефонии моро гӯш мекуна

0

Баъд аз баста ва мамнӯъ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон танҳо ҲСДТ аст, ки ба унвони ҳизби мухолиф амал мекунад. Аммо масъулони ҳизб шикоят мекунанд, ки мақомот ҳар қадами масъулони ин ҳизби мухолифро таҳти контрол қарор дода ва ба кори онҳо ба таври ғайриқонунӣ мудохила мекунанд. 

Яке аз муовинони раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки мақомоти интизомӣ монеи мулоқоташ бо намояндагони сафорати Олмон дар Душанбе шудаанд. Маҳмурод Одинаев гуфтааст, мулоқот бояд рӯзи 12-уми июн сурат мегирифт ва ӯ дар бораи вазъи ҳизбҳои сиёсӣ ва мавридҳои шиканҷа дар Тоҷикистон чанд пешниҳод карданӣ буд. 

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ мегӯяд: «Аз сафорат низ ба ман занг зада, гуфта буданд, ки бо ниқоби тиббӣ ҳозир шавам. Чанд лаҳза пеш аз мулоқот, ногаҳон, маро ба идораи корҳои дохилии Ҳисор даъват карда, гуфтанд, ки «беҳтар аст, наравед». 

Маҳмурод Одинаев иддао дорад, ки дар бораи мулоқоташ касе хабар надошт ва тахмин мезанад, ки эҳтимол мақомот суҳбатҳои телефонии ӯро гӯш кардаанд ва нигаронияш низ аз ҳамин ҷост, ки мегӯяд: «Занги телефонии маро ба сафорати Олмон ба ҷуз аз худам каси дигар намедонист. Мақомот чӣ гуна аз он хабар ёфтанд? Ба хотири амнияти худ ва фарзандон сахт нигарон ҳастам. Фишорам боло рафт ва ба шифохонаи Ҳисор муроҷиат кардам.»

Дар ҳоли ҳозир раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тасмим дорад, бо пахши изҳороте аз мақомоти интизомии Ҳисор шарҳи ҳодисаро тақозо кунад. Бар асоси қонуни Тоҷикистон «оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ», ки ду сол пеш дар моҳи июни соли 2018 аз тарафи Маҷлиси Намояндагон қабул шуд, ки «ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад». Аммо дар Тоҷикистон мардум, бахусус дигарандешони сиёсӣ, аз гӯш шудани сӯҳбатҳои телефониашон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ҳангоми сӯҳбатҳои телефонӣ, вақте навбат ба ягон мавзӯи ҳассос мерасад, тарафи дигар зуд равиши гуфтугӯро ба самти дигар мебарад, ки «ин гапи телефонӣ нест». 

Мақомот ҳамвора гӯш кардани гуфтугӯҳои ҳамаи сокинонро рад кардаанд, вале мегӯянд, барои пайдо кардани изи ҷиноятҳо ва бо ризояти мақомоти дахлдор ба таври истисноӣ баъзе сӯҳбатҳоро гӯш ва сабт мекунанд. Ин танҳо мавриде нест,ки масъулони ҳизби мухолифи СДТ дучори фишору таъқиби мақомот мешаванд. Дар гузашта чанд навбат ба Раҳматулло Зоиров, раиси ин ҳизб низ бархурдҳои мушобеҳе, ки боиси нақзи ҳуқуқҳои инсонӣ ва ҷамъиятӣ шуда буд, рух додааст.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ низ мақомоти Тоҷикистон бо эълони онки ҲСДТ натавонист садди 5%-и интихобтиро тай кунад аз вуруди номзадҳои ин ҳизб ба парлумони кишвар ҷилавгирӣ карда буданд.

(no title)

0

Сарфу харҷи маблағи буҷаи давлатии Тоҷикистон ношаффоф аст ва норӯшаниҳои зиёд дорад. Бо чунин арзёбии вазъи буҷаи Тоҷикистон, Вазорати хориҷии Амрико ба мақомоти ин кишвар ҷиҳати шаффофияти масрафи маблағҳои буҷаи давлатӣ чанд тавсия ва пешниҳод ироа кардааст. 

Вазорати хориҷии Амрико, ки рӯзи 15 июн гузориши солонаи худ таҳти унвони «Ҳисобот дар бораи шаффофияти молиявӣ 2020»- роҷеъ ба вазъи ҳисоботи молиявӣ дар кишварҳои ҷаҳонро мунташир кардаст, мегӯяд, ҳарчанд тарҳи буҷа ва шакли қабулшудаи он аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон нашр мешавад ва дар бораи харҷи маблағҳои буҷа низ ҳисоботе нашр мекунанд, аммо «маълумот дар бораи ӯҳдадориҳои қарзӣ ва дар бораи хароҷоти вазорату идораҳо вуҷуд надорад, ҳамчунин кумакҳо ба корхонаҳои давлатӣ ва даромади онҳо зикр нашудааст. Буҷаи даромадҳоро вобаста ба манбаъҳояш тақсим мекунад, вале даромад аз маъданҳои табиӣ нишон дода нашудааст. Корхонаҳои бузург ва муҳими давлатӣ ҳисоботи молиявӣ ва аудите, ки дар дастраси ом бошад, надоранд. Ҳукумат ҳисобҳои бузурги ғайрибуҷавиро пеш мебурд. Буҷаҳои ҳарбӣ ва иктишофӣ аз ҷониби парлумон тасдиқ карда намешаванд ва таҳти назорати ҷомеа қарор надоранд.»

Вазорати хориҷии Амрико бо зикри ин пинҳонкориҳои мақомот дар харҷу сарфи буҷети давлатӣ ҳамчунин зикр кардааст, дар дастраси озод танҳо маълумоти умумӣ дар бораи ҳисоботи ниҳоди назоратӣ дар бораи ҳисобҳои ҳукумат гузошта шудаасту халос. Меъёрҳо ва тартибе, ки ҳукумати кишвар тавассути онҳо қарордодҳо оид ба маъданҳои табииро мебандад ва ё барои истихроҷи маъданҳо иҷозатнома медиҳад, дар қонун нишон дода шудааст. Вале зоҳиран ҳукумат дар амал ин қонуну қоидаҳоро риоя намекунад. 

Маълумоти асосӣ дар бораи даромадҳо аз истихроҷимаъданҳои табиӣ дар дасти ом гузошта нашудааст. Аз ин ҷиҳат вазорати хориҷии Амрико ба мақомоти тоҷик пешниҳод додааст, ки шаффофияти молиявӣ дар Тоҷикистонро метавон аз ин роҳҳо беҳбуд бахшид:

— омода кардани асноди пурраву муфассали буҷавӣ; 

— аз байн бурдани ҳисобҳои ғайрибудҷавӣ ва ё таҳти назорат ва аудити лозим қарор додани онҳо;

— дар амал риоя кардани қонунҳо ва асноди меъёрӣ ҳангоми бастани қарордодҳо ва додани иҷозатнома ба истихроҷи маъданҳои табиӣ;

-таъмини дастрасии ом ба маълумоти асосӣ дар бораи даромадҳо аз истихроҷи маъданҳои табиӣ.

Бархе аз коршиносони умури иқтисодӣ тавсияҳои Амрико ҷиҳати таъмини шаффофият дар харҷи маблағҳои бюҷети Тоҷикистонро дуруст ва саривақтӣ арзёбӣ карда мегӯянд, ки на танҳо харҷу масраф, балки сарчашма ва манобеи таъминоти бюҷети давлатӣ ҳам машкук аст ва на ҳама вақт дар қонун зикр карда мешаванд. Барои мисол дар чанд соли ахир ду манбаи асосии бюҷет, алюминий ва пахта ба таври норӯшан инъикос карда мешаванд. Афзун бар ин маблағҳои интиқолии муҳоҷирон низ саҳеҳ ва воқеӣ зикр карда намешавад. Ба гуфтаи ин коршиносон яке дигар аз нуқси ҷиддӣ дар бюҷети давлатӣ адами арқоми баҳраҳои қарзи хориҷӣ ва ё ба истилоҳ “хизматрасониҳо ба қарзҳои хориҷӣ” аст, ки гуфта мешавад солона аз садҳо миллион доллар ҳам бештар мебошад.

Пекин аз мавҷи дигарбораи коронавирус хабар медиҳад

0

Бинобар гузориши хабаргузории “euronews.com” мақомоти давлатӣ дар Чин 15 июн аз дигарбора ба ҳолати қарантина баргадонидани 10 минтақаи шаҳри Пекин хабар доданд. Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки бино бар гузориши Вазорати беҳдошти ин кишвар дар зарфи 24 соати гузашта 49 ҳолати нави гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст.

Мақомоти давлатии Пекин пас аз бақайдгирии ҳолатҳои нави беморони гирифтор ба КОВИД-19 дар ноҳияи Ҳоқдиен, ки гуфта мешавад аз як бозори яклухтфурӯшӣ маншаъ гирифтааст, даҳ маҳаллаи ин ноҳияро бори дигар таҳти муқаррароти қарантина қарор додаанд. Ва мақомоти Чин аз сокинон даъват намудаанд, ки то як муддати дигар аз хонаҳояшон берун набароянд.

Пештар аз ин расонаҳои маҳаллӣ дар Пекин аз қарантина шудани 11 маҳаллаи дигар дар ноҳияи Фангтой воқеъ дар ҷануби Пекин хабар дода буданд, ки бар асари он чанд бозору корхонаи ин ноҳия таътил шуда буд.

Чин дар охирҳои моҳи декабри гузашта бо бақайд гирифтани нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба КОВИД-19 хабар дода буд ва маншаъи хуруҷи ин вируси тозаро бозори фурӯши маводҳои ғизоии дарёиӣ ва ҳайвоноти гуногун дар шаҳри Вуҳон унвон карда буд. Мақомоти Чин пас аз ин хабар дар саросари шаҳри Вуҳон бо мақсади пешгирӣ аз вируси ҷадиди корона қарантинаи шадидро ҷорӣ намуданд. Ва шаҳри Вуҳон аз хостгоҳи аслии вируси КОВИД-19 дониста шудааст.

Ин вирус аз нахустин рӯзҳои сабт ва шиносоияш дар Чин то кунун беш аз 83 ҳазор нафарро дар ин кишвар мубтало карда ва ҷони беш аз 4600 нафарро рабуд. Аммо дар сар тосари олам бошад то ин лаҳза тибқи оморҳои расмӣ зиёда аз 8 млн ба КОВИД-19 мубтало шудаанд, ҳудуди 437 ҳазор фавтидаанд ва хушбахтона қариби 4 млн нафар шифо ёфтаанд.

Узбекистон фаолияти муассаҳои диниро осонтар мекунад

0

Ба гузориши хабаргузории (qalampir.uz) Ҷумҳурии Узбекистон дар мавриди фаолияти созмонҳо ва ниҳодҳои динию мазҳабӣ бо мақсади эҷоди сабукӣ ва осон кардани фаолияти онҳо ислоҳот анҷом доданист.

 Шӯрои Маҷлиси олии ин кишвар дар нишасти навбатии худ масъалаи нақшаи таъмини озодии дин ва эътиқодро баррасӣ намуд. Муовини вазири Адлияи Узбекистон Акбар Тошқулов дар ин нишаст гузоришеро дар мавриди танзим ва ислоҳи қонуни “Озодии созмонҳои мазҳабӣ” ироа намуд.

Бар асоси ин тарҳ дар Узбекистон аз ин ба баъд сохтори давлатие, ки созмонҳои диниро сабти ном мекунад, ҳақи лағви ин созмонҳоро надорад ва танҳо фаолияти онҳо бо ҳукми додгоҳ метавонад лағв шавад.

Айни ҳол дар кишвари Узбееистон 2238 созмонҳои динӣ сабти ном шудаанд, ки ба 16 равияҳои динию мазҳабии гуногун мутааллиқанд. Аз ин шумора 2064 ниҳод ва ё баробар бо 94 дарсад марбути мусалмонони ин кишвар аст. Ҳамчунин 157 ниҳоди динии масеҳӣ, 8 ниҳоди яҳудӣ, маъбади Будо ва ғайра фаолият мекунад.

Узбекистон бо беш аз 33 млн аҳолӣ пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, аксарияти мардуми диндори ин кишварро мусалмонони аҳли суннат ташкил медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон, ки бо Узбекистон ҳамсарҳад асту дар урфу одат ва диндорӣ хеле бо ҳам наздиканд, рӯз то рӯз доираи фаолияти ниҳодҳои динӣ ва созмонҳои мазҳабиро тангтар намудааст. Мақомоти амниятии Тоҷикистон озодии эътиқодро ҷурм дониста ҳазорҳо диндорро бо ҳар баҳонае ба солҳои тулонӣ равонаи зиндон мекунад ва ба дари даҳҳо масҷиду марказҳои динию мазҳабӣ қуфл задааст.

Маоши пизишконро Раҳмон “афзуд”, аммо баъди фармонаш маоши будагӣ ҳам кам шуд

0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое ба нашр мерасанд, ки роҳбарияти бархе аз бемористонҳо табибон ва ҳамшираҳои шафқатро водор мекунанд, ки бо пули худ сарулибоси муҳофизатӣ бихаранд ва ё барои харидории ин гуна сарулибос аз музди моҳонаи онҳо маҷбурӣ гирифта мешавад.

Ҳатто аз як мавориде дар бемористони марказии ноҳияи Истаравшан дар шимоли кишвар ҳикоят шуда буд, ки ёриҳои башарии як соҳибкор ба табибонро баъд аз тавзеъ  ва бардоштани навор барои телевизион аз дасти онҳо бозпас гирифтанд.

Ин бор аз як манбаи мӯътамад барои мо хабар расид, ки як парастор бо номи Машҳура Қурбонова, ки дар бемористони марказии ноҳияи Истаравшан ба табобати гирифторони коронавирус машғул буд, худ ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Аммо роҳбарияти беморхона аслан аз ҳолаш хабар намегирад ва баракс аз сари маошаш, ки ҳамагӣ 1400 сомонӣ будааст, 400 сомонии онро  гирифтаанд. Шӯъбаи муҳосиботи беморхона 1000 сомнӣ дода ва аммо намегӯяд, ки чаро 400 сомонии онро боздоштаанд? Тибқи гуфтаи худи парастор дар 500 сомонӣ маводи доруворӣ харида ва ҳоло дар манзили зисташ ба худдармонӣ машғул аст. На ҳукумати ноҳия ва на сардухтур ҳатто аз ҳолаш напурсидаанд ва кумаке ҳам накардаанд. 

Зимнан, манбаъ мегӯяд, шурӯъ аз маоши моҳҳои январ, феврал ва марту апрел ҳам  як миқдорӣ аз маоши кормандонро кам додаанд. Дар пурсиш, ки чаро ин тавр шуааст, сардухтур ҷавоб додааст, ки бароятон либосҳои муҳофизатии тиббӣ харида додем. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза ВАО-и наздик ба ҳукумат аз кумаки зиёди дохилию хориҷӣ мегӯянд, ки ба табибони тамоми навоҳии кишвар ройгон расонида мешвад. Вале воқеияти ҳол дигар чизро мегӯяд. 

Барои ҳама маълум аст, дар аксар беморхонаҳои кишвар, аз он ҷумла, дар беморхонаи Истаравшан ин сарлубоси махсусро тамоми табибон аз ҳисоби беморон харидорӣ мекунанд ва илова бар ин, ин сарулибосҳо тавассути ёриҳои башарӣ ҳам дастрас карда шуда буданд. Вале онҳое, ки ба тафтишу бозрасӣ меоянд чаро ин ҳама далелҳоро намесанҷанд? Ҳатто барои тафтишот ҳам аз табибон пул ҷамъ мекунанд. Ба гуфтаи манобеи мӯътамад худи Давлатзода либосҳои муҳофизатии тиббиро мефурӯшад, илова бар ин, аз маошҳо дошта истодаанд. “Ин корҳо то кай идома меёфта бошад”, навиштааст ин манбаъ. Ёдрас мекунем, ки сардухтури бемористони мазкур, ки аз ӯ Давлатзода ёд мешавад, аз соли 2014  ба ин вазифа таъин шудааст.

Зимнан дар моҳи гузашта сардухтури бемористони ноҳияи Вахш, ки насабаш Абдувалиев гуфта мешавад, барои фурӯши сарулибосҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ дастгир карда буданд. Инчунин, чанд рӯзи пеш Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб низ барои фурӯши кумакҳои башардӯстона ва гирифтани ришва барои дастгоҳҳои танаффусӣ аз тарафи мақомоти амниятӣ боздошт шуда буд.

Аммо суол ин аст, ки чаро дар ҳоле Раҳмонов бо як фармон маоши кормандони тибро барои се моҳ дар ҳаҷми як маоши дигар афзоиш дод, мавориди кам кардани музди моҳона дар кишвар характери ҳамагонӣ касб мекунад? Қаблан табибон аз ноҳияи Айнӣ низ шикоят карда буданд, ки аз моҳонаи онҳо барои сеюумин бор аст ки 300 сомонӣ кам мекунанд. 

Афзоиши корҳо дар сохтмони Роғун ва ё ҳисоботи бардурӯғ?

0

Хабаргузории Авесто аз қавли мақомоти Тоҷикистон навиштааст, ки дар семоҳаи дуввуми сол ҳаҷми корҳо дар қитъаҳои алоҳидаи сохтмони неругоҳи Роғун аз ҷумла, маҳалли поёнии сарбанд ва нақбҳои обпарто бештар шудааст.

Манбаъ гуфтааст, шурӯъ аз моҳи июн дар чархаи аввал, ки ноябри соли 2018 ба кор андохта шуда буд корҳои профилактикӣ тибқи нақша идома дорад. Чархаи 2 -юми неругоҳ, ки дар сентябри соли 2019 ба фаъолият пардохта буд тибқи реҷа кор карда истодааст. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд дар буҷети имсола барои идомаи корҳои сохтмонӣ 2,1 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. 

Маблағи пешбинишуда баробар бо ҳаҷми маблағи ҷудошуда дар соли гузашта мебошад. Неругоҳи Роғун, ки дар фосилаи 110 кми Душанбе ҷойгир аст, 9-мин неругоҳи  барқи обӣ дар силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш ба ҳисоб меравад. Неругоҳи Роғун аз 6 агрегат, ки 600 МВТ зарфият доранд, иборат аст. Бо вуҷуди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду чархаи неругоҳ ҳамоно дар тирамоҳу баҳори соли гузашта ва баҳори соли равон тӯли бештар аз як моҳ ба аҳолии кишвар барқ бо маҳдудият дода шуд. Президент Раҳмон чандин бор ваъда дод, ки лимит тамом шуд ва ҳатто гуфта буд, ки он ба афсона табдил ёфт. Аммо  ба назар мерасад фурӯши барқу оби рӯдхонаҳои ҳавзаи Ому ба кишварҳои поёноб, сабаби он мешавад, ки солҳои баъдӣ низ дар аввлҳои баҳор, айни кишту кор, мардум дар истифодаи барқ танқисӣ бикашанд. Мунтақидони Раҳмон иллати ин мушкилотро дар он мебинанд, ки пули об ва барқи содиротӣ мустақим ба суратҳисобҳои оффшории Раҳмон дар хориҷа ворез мешавад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар яке аз сӯҳбатҳои онлайнии худ гуфта буд, ки аз ин ҳисоб Раҳмонов  солона даҳҳо миллион доллар фоида ба даст меоварад.

Афзоиши корҳо дар қитъаҳои Роғун дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки қаблан хабарҳо дар мавриди аз апрел то ба июн напардохтани маоши коргарони ин неругоҳ низ ба нашр расида буд. Ҳамчунин аз мавридҳое сӯҳбат мешавад, ки дар ин неругоҳ муҳосиботи дугона ба таври васеъ истифода шуда ва маблағҳои ҷудошуда аз буҷет дуздида мешаванд.

Баландии сарбанди Роғун 335 метр аст, ки аз баландтарин сарбандҳо дар ҷаҳон дониста мешавад. Бо анҷоми корҳо ва мавриди баҳрабардории комил қарор гирифтани Роғун солона 3600 МВт (бештар аз17 млрд. квсоат) неру истеҳсол мекунад.

Гқрӯҳи дуюми табибони Лаҳистон вориди Душанбе шуданд

0

Ҳайати 9 нафараи пизишкон аз Лаҳистон якҷо бо коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи 14  ба Тоҷикистон омаданд.

Ин дуввумин ҳайати пизишкони Лаҳистон аст, ки феълан барои мубориза бо коронавирус ва кумак ба ҳамтоёни тоҷики худ дар ин кишвар қарор доранд. Гуфта мешавад, ки ҳадафи сафари ҳайати табибони кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо пизишкон тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 қаблан табибони варзидаи кишварҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин низ ба Тоҷикистон  омада буданд. Ҳайати нахустини табибони лаҳистонӣ  6-июн бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон ташриф оварда, то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат дидан намуда, бо рафти фаъолияти онҳо шинос шуданд. Бояд гуфт, ки  дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон бозбинӣ намуда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд. Дар ҳамин лаҳзаҳо, ки барномаи мо садо медиҳад пизишкони лаҳистонӣ дар ВМКБ қарор доранд.

 Хабаргузории расмии “Ховар” навиштааст, ки  рӯзҳои наздик сафари кории ин гурӯҳ аз табибони Лаҳистон ба вилояти Суғд низ доир шуда, дар назар аст табибон зимни  сафар аз кори мутахассисони муассисаҳои тандурустии вилоят боздид намоянд.

Сафари ҳайати табибони аврупоӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле аст ки мақомоти тоҷик вазъи воқеии коронавирус дар кишварро пӯшида нигоҳ медоранд. Мақомот мегӯянд, ки шумори мубталоён ба ин беморӣ коҳиш ёфта истодааст. Аммо хабарҳое, ки мерасанд ҳикоят аз он мекунад, ки муомилаи дуруш ва талаби маблағи зиёд, гирифторони ин беморӣ дар кишварро водор кардааст, ки ба худдармонӣ дар манзили зисташон машғул шаванд. Гуфта мешавад айни замон коронавирус аз шаҳрҳо ба деҳот интишор ёфта мардуми зиёдеро гирифтор кардааст. Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳам мегуяд, ки Тоҷикстон ҳанӯз авҷи ин бемориро пушти сар накардааст.

Оғози бозгашт ба зиндагии маъмулӣ. Лағви маҳдудиятҳо дар марказҳои хизматрасонӣ ?

0

Шурӯъ аз имрӯз 15 июн тасмими маҳдудият дар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус бояд бекор карда шавад.

Хабаргузории Спутинк навиштааст, ки бар пояи ин қарор дар кишвар бозорҳо, меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо, сартарошхонаҳо, ва ғайра ба реҷаи муқаррарии корӣ баргаштанд. Шарти асосӣ барои ба кор оғоз кардани муассисаҳои мазкур, безараргардонии макони кор, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию  гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ва қабули мизоҷон бо ниқобҳо мебошад.

Бар пояи қарори Ситоди муқобала бо коронавирус назорати риояи чунин талаботро бояд масъулини корхонаву муассисаҳо хуб ба роҳ монанд. Ҳафтаи гузашта Маҷлиси намояндагон тағйиротеро ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қабул кард, ки бар асоси он барои паҳнсозии такрории бемориҳои сироятӣ аз 5 то 10 соли зиндон ва ҳамзамон ҷарима пешбинӣ шудааст. Инчунин бар асоси тағйирот ба Кодекси маъмурии кишвар нафароне, ки бидуни ниқобҳои муҳофизатӣ мегарданд аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд. Ин тағйирот пас аз қабули Маҷлиси миллӣ ва имзои раисиҷумҳур қонунӣ хоҳад шуд.

Бино ба оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронаиврус дар Тоҷикистон ба 5 ҳазору 35 нафар мерасад.Ба навиштаи “Азия плюс”дар сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн бояд мудом корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) гузаронида шуда, дар бозору марказҳои савдо қоидаҳои бехатарӣ риоя шаванд. Масалан, дар даромадгоҳи бозорҳо ҳарорати шахс санҷида мешавад.Минтақаҳои истироҳат низ боз мешаванд. Аз ҷумла, маҷмааи истироҳату фароғати “Кӯли Душанбе” эълон кард, ки аз 13 июн ба фаъолият оғоз мекунад.

Ёдрас мекунем, сохторҳои низоми хизматрасонӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе нахуст аз охири моҳи апрел то нимаи моҳи май ва баъдан то нимаи моҳи июн фаъолияти худро қатъ карданд. Дар пайи ин беморӣ 50 тан фавтиданд ва 3 ҳазору 409 нафар шифо ёфтаанд. Аммо манобеи мустақил аз марги наздик ба 440 нафар мегӯянд. Маълум нест Тоҷикистон бар асоси чи бисёре аз маҳдудияҳоро аз байн мебарад дар ҳоле, ки Бактигул Карриева, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон, пештар гуфта буд дар Тоҷикистон авҷи пандемияи коронавирус ҳанӯз паси сар нашудааст. Аммо мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ҳамеша дар оморҳои вобаста ба ин беморӣ  ривояти худро дорад, ки дар аксари вақт хилофи воқеъиятиҳост. 

Кашфи нишонаҳои нави COVID-19

0

Бинобар гузориши хабаргузории (Раша тудей) дар натиҷаи як таҳқиқоти тоза нишонаҳои нави бемории КОВИД-19 кашф шудааст. Ин нишонаҳои нави кашфшуда ба тангии нафас ва ҳарорати баланд, ки аз нишонаҳои аслии ин беморӣ гуфта шудааст,  рабте надоранд.

Бинобар гузориши ин таҳқиқот, ки мутахассисон дар Донишгоҳи Ливерпул анҷом доданд ва онро рӯзномаи “Gastroenterology” нашр намудааст, ин вируси оламгир бо илова бар нишонаҳои қаблӣ алоими дигаре низ доштааст. Ин нишонаҳо аз қабили илтиҳоби умумӣ, баланд шудани қанд ва ҷарбиҳо (холастерин) дар хун мебошанд. Олимон ин таҳқиқоти тозаи худро рӯи бемороне анҷом доданд, ки бештарашон ҷавононе ҳастанд, ки аз вазни зиёд ва фарбеҳӣ ранҷ мебранд.

Инчунин олимон дар як идда беморони гирифтор ба КОВИД-19 илтиҳоби шадиди панкретит, яъне ғадуди зери меъда мушоҳида намуданд, ки ин алоими нави бемории КОВИД-19 буда, пеш аз ин кашф нашуда буд.

Амалиёти террористи дар Афғонистон. Таркондани масҷидҳову куштани олимони дин

0

Имрӯз дар шаҳри Кобули Афғонистон бар асари як амалиёти террористӣ имоми масҷид ва чанд тан аз намозгузор ҷон бохтанд. Ҳангоми адои намози ҷумъаи 12 июн дар масҷиди Шершоҳи Сурӣ, қисмати ғарбии шаҳри Кобул таркиш рух дода, ҷони имоми ин масҷид мавлавӣ Азизуллоҳи Муфлиҳ ва чандтан аз намозгузоронро рабуд.

 Бино бар гузориши Маркази матбуоти Вазорати дохилаи Афғонистон маводи тарканда дар дохили масҷид аз қабл ҷосозӣ шуда будааст. Шоҳидони ҳодиса ба хабаргузории “Тулӯъ нюз (tolonews)” гуфтаанд, ки дар ин таркиш беш аз даҳ тан намозгузорон захмӣ шудаанд. Захмиёнро ба бемористон интиқол доданд ва вазъияти саломатии онҳо хуб арзёбӣ шудааст. Ториқ Орин сухангӯи ВУД Афғонистон кушта шудани имомҷумъаи масҷиди мазкурро таъйид намуда, гуфтааст, ки гурӯҳи тафтишотии вазорат дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд ва таҳқиқот оғоз шудааст. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ва ё шахсе масъулияти ин амали террористиро ба душ нагирифтааст.

Ҳамла бар масоҷиду куштани имомон ва намозгузорон чандест аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Афғонистон идома дорад. Ҳафтаи гузашта низ як амали террористие дар масҷиди Вазирмуҳаммади Акбархон дар шаҳри Кобул рух дод, ки бар асари он яке аз руҳониёни шинохта Мавлавӣ Муҳаммадиёзи Ниёзӣ, устоди донишгоҳ ва имоми ин масҷид кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.