Хона блог саҳифа 925

Аз 2 банкомати ноҳияи Мӯъминобод 1-то монд. Якеаш клавиатура надорад

0

Навбати тӯлонии сокинони ноҳияи Мӯъминобод, ки чанд рӯз аст идома дорад, барои гирифтани кӯмакҳои башарӣ нест. Онҳо дар назди банкомати филиали №63-и «Амонатбонк»-и ноҳияи Муъминобод, барои гирифтани маош ва нафақа навбатпоӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки аз ду банкомати мавҷудбуда яке фаъолият мекунаду дигаре ду моҳ боз таъмирталаб аст. Шарифзода Меҳринисо, мудири филиали №63-и «Амонатбонк»-и ноҳия дар сӯҳбат бо нашрияи «Пайк» мегӯяд: “Айни ҳол дар ноҳия ду банкомат мебошад. Аз ду якеаш клавиатурааш вайрон шудааст. Мо ба Раёсати «Амонатбонк»- и минтақа дархост кардем, ваъда карданд, ки таъмир мекунанд. Арзиши клавиатура 4000 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.”

Як сокини ноҳия, ба хабарнигори «Пайк» изҳор доштааст ки «аз навбатпоии зиёд дар назди банкомат дилгир мешавем. Зиёда аз 2 моҳ мешавад, ки дар чунин вазъ қарор дорем. Дигар намедонем, чӣ кор кунем ва ба куҷо муроҷиат намоем». Тибқи иттилои масъулони «Амонатбонк»-и минтақаи Кӯлоб клавиатураи банкоматро дар Тоҷикистон пайдо кардан мушкил будааст. Ҳақназарзода Саидикром, раиси «Амонатбонк» — и минтақаи Кӯлоб бошад бобати мушкилоти ҷойдошта мегӯяд: “Бештари банкоматҳо клавиатураашон аз кор мебарояд. Клавиатураро аз давлати хориҷа дастрас кардан мумкин аст. Бо сабаби пандемияи Коронавирус мо клавиатураро харидорӣ карда наметавонем”

Нашрияи “Пайк” дар интиҳои гузориши худ менависад, ки “Коронавирус бемории сироятӣ буда, аз бемор ба шахси солим тариқи роҳҳои нафас сироят мекунад. Тавре, ки хонанда воқиф аст, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масофаро 1,5 метр бояд риоя кард. Вале ҳайҳот, дар назди банкоматҳо ҳадди ақал 50 сантиметр масофаро риоя намекунанд. Феълан масъулин ин ҳамаро нодида мегиранд. Пешниҳод, баҳри пешрафт ва саривақт гирифтани маоши сокинон масъулинро зарур аст, ки бо имкониятҳои дастрас, ҳарчи зудтар банкоматро таъмир карда, иловатан боз дар ноҳияи Муъминобод ақаллан як банкомати дигар насб кунанд”. 

Шурӯъи парвозҳои чартерӣ миёни Тоҷикистону Русия ва овардани муҳоҷирони бандмон?

0

Ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ҷиҳати бозгардондани шаҳрвандони бандмондаи тоҷик дар Русия ба паврозҳои чартерӣ шурӯъ мекунанд. Хабаргузории Авасто менависад, ки ин парвоз аз 25 июн оғоз шуда ва шаҳрвандон бо навбат ба Ватан оварда хоҳанд шуд.

Дар назар аст, парвозҳо ба самти Тоҷикистон аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Русия марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд.

Сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо нашри ин хабар менависад, ки “зимни иҷрои парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар Русия дармондаанд, дода мешавад. Дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, вазифаи онҳо тартиб додани рӯйхатҳои шаҳрвандон хоҳад буд. Пас аз омода шудани рӯйхатҳо шаҳрвандон оид ба харидорӣ намудани билетҳо хабардор карда мешаванд.” 

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд ва Ҳукумат қисме аз онҳоро бо парвозҳои махсус ба Тоҷикистон интиқол дод. Аммо қисми бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки аксаран муҳоҷиронанд натавонистанд ба Ватан баргарданд. Бархе муҳоҷирон ҳукуматро танқид карданд, ки онҳоро дар шароити вазнини пандемия ба ҳоли худ гузоштааст. Аммо феълан замони шурӯи  парвозҳои доимӣ аз Тоҷикистон ба Русия ва ё баръакс  номаълум аст ва қарор аст баъд аз моҳи июн ин масъала  баррасӣ бишавад.

Нурсултон Назарбоев ба вируси КОВИД-19 мубтало шудааст

0

Сомонаи (https://elbasy.kz) имрӯз панҷшанбе хабар дод, ки Нурсултон Назарбоев “раҳбари фахрӣ ва пешвои миллат”-и Қазоқистон ба вируси КОВИД 19 мубтало шудааст. Дар хабаре, ки аз сӯйи вебсайти шахсии Нурсултон Назарбоев нашр шуда, омадааст, ки “натиҷаи охирини озмоиши ташхиси корона дар “пешвои миллат” мусбат буда, аммо вазъияташ чандон ногувор ва нигаронкунанда нест”.

Ҷаноби Назарбоев бо вуҷуди вогузор кардани мансаби раёсатҷумҳурӣ ба шахси дигаре, то ҳол зимоми давлатро ба ҳар навъе дар даст дорад. Ӯ дар ҳоле ба ин беморӣ гирифтор шудааст, ки моҳи оянда 80-солагии худро ҷашн гирифтанист. Нурсултон Назарбоев пас аз се даҳаи зимомдорӣ дар ниҳоят аввалҳои соли гузашта қудратро ба Қосим Ҷомарт Токаев, собиқ раиси сенати парлмуони Қазоқистон ва яке аз сиёсатмадорони бисёр наздик ба худи Назарбоев вогузор кард.

Назарбоев пас аз канорагирӣ ҳамчунон раёсати Шӯрои амнияти миллӣ ва раҳбари ҳизби ҳоким дар Қазоқистонро да даст дорад. Ӯ мисли дигар раҳбарони Осиёи Марказӣ соли 2018 қонунеро ба тариқи парлумон ба тасвиб расонд, ки тибқи он унвони “пешвои миллат”-ро касб кард ва бо ҳамин дахлнопазирии худро то зинда буданаш ҳифз намуд.

Афғонистони ҷангзада барои Тоҷикистон техника истеҳсол мекунад

0

Дафтари матбуотии вилояти Нангарҳор хабар додааст, ки 12 мошини хирманкӯби сохти Афғонистон ба Тоҷикистон содир шудааст. Ба ин мошинҳои хирманкӯб, ки барои кӯбидани хирмани гандум истифода мешавад, Афғонистон худ ниёзи бештар дорад, аммо барои Тоҷикистон низ истеҳсол кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллии Нангарҳор ин хирманкӯбҳо сохти фабрикае ба номи “Ҷовид афғон” буда рӯзи сешанбе 16-уми июн ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Ҳар кадом аз ин хирманкӯбҳо 1 ҳазору 750 кило вазн ва 400 ҳазори афғонӣ арзиш дорад. Гуфтанист, ки ин мошинҳо дар ду давра ба Тоҷикистон содир шудааст. Ба гуфтаи мақомот ин раванд ҳамчунон идома дорад ва қарор аст ба зудӣ даҳҳо мошинҳои хирманкӯби дигар низ ба Тоҷикистон содир бишавад. 

Мақомоти маҳаллии Афғонистон дар ҳоле аз содир кардани мошинҳои хирманкӯби сохти ин кишвар ба Тоҷикистон хабар медиҳад, ки пеш аз ин Афғонистон худ ин навъи мошинҳоро барои ҳалли ниёзҳои зироатӣ бо қимати гаронтаре аз хориҷи Афғонистон ворид мекард. 

21 аризаи шикоятӣ фақат барои як масъала, аммо ба додаш касе намерасад

0

Сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Холматова Маърифатхон барои ҳақи худро талаб кардан 21 маротиба ба мақомоти кишвар номаи шикоятӣ навиштааст, вале то ҳол ҷавоби қонеъкунандае нагирифтааст.

Ҷабрдида ба унвонии мо нома ирсол намуда хостааст, то мо онро ба гуши масъулин бирасонем, агар ки мешунаванд. Ӯ аз молики бозори “Сино”-и шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Юлдошев Азим шикоят дорад. Ҷабрдида мегӯяд, молу мулки мо тоҷирони бозори номбурда бар асари сухтори бозор несту нобуд шуд. Мақомоти дахлдор пас аз тафтишот муайян намуданд, ки сабаби сухтор хунукназарии худи молики бозор будааст. Бо вуҷуди он ки ҷиноятҳои Юлдошов А. тасдиқ шуда буд ва мебоист, ки зарари тоҷиронро пардохт намояд, аммо пас аз чанде аз ҷониби муфаттишон ва прокуророн дидаву дониста ӯ бегуноҳ бароварда шуд ва баракс ду ҷавонеро, ки аслан ба ин амали ҷиноятӣ ҳеч рабте надоштаанд, туҳмат намуда бурда ҳабс карданд. 

Холматова мегӯяд, 21 аризаи шикоятӣ ба мақомоти кишвар навиштааст, ба 20 аризаи ӯ прокурори вилояти Суғд Воҳидов Ҳ. С, муовини пруокурори вилояти Суғд Ваҳҳобов В. М ва муовини прокурори генералӣ Рафизода М. Ҳ ҳамеша ҷавобҳои “аҳмақона” гардондаанд. Ва аризаи 21-умаш ҳоло ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ва ҳоло дар қайди баррасӣ аст. 

Холматова мегӯяд, барои он ки Юлдошев бегуноҳ бароранд ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озодаш бикунанд, бо маслиҳати пешакӣ прокурору муфаттишон қарор бароварданд, ки Юлдошев Азим молики маркази савдои “Сино” набуда ӯ наметавонад зарарҳои шуморо барқарор кунад. Ӯ навиштаст: “прокурори шаҳри Хуҷанд Воҳидов Ҳ. С ба (араизаи шикоятии) ман санаи 26.10.2018 с таҳти рақами №12/323а-18 ҷавоб додааст, ки Юлдошов А. роҳбар набуда, балки иҷорагир аст. Магар иҷорагир фармон мебарорад ё дар вилояти Суғд ин корҳо шуданаш мумкин?”

Ин дар ҳолест, ки Шӯъбаи тафтишотии РВКД вилояти Суғд дар парвандаи ҷиноятии №51900 дар ҷилди 11 пас аз санҷиши шиносномаи Юлдошев Азим соҳибмулк ва раиси маркази савдои “Сино” буданашро тасдиқ намуда буд. Ӯ дар аризаи 21-и худ, ки ба унвонии раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, Озода Раҳмон навиштааст, мегӯяд, ки чаро прокурор ва муфаттишони вилояти Суғд ба камбудиҳои раиси бозори “Сино” Юлдошоев Азим чамш мепӯшанд ва ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ намекашанд? Қонун ва кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӣ даркор, дар ҳоле, ки мақомоти суду прокурорҳо худ ба он амал намекунанд. Холматова Маърифатхон дар сӯбат бо мо сабаби навиштани аризаҳои шикоятиашро чунин шарҳ дод: 

Ба арзи ҷабрдидагон нарасидану хунукназарӣ нисбати корафтодагоне, ки ба қавле “тағо” надоранд, аз ҷониби сохторҳои дахлдор хеле зиёд дида мешавад. Аксари чунин корафтодагон дар охир маҷбур мешаванд, ба раиси Дастгоҳи иҷроияи Расиҷумҳур ва ё ба худи шахси президент номаи шикоятӣ нависанд, вале аз санг садо меояду аз ҳукуматдорон не. То ба кай тағобозӣ? То ба кай ҷабру зулм болои мардуми бечора? Бас аст дигар! Ин садо садои ҷабрдидагон аст.

Кумаки 134 миллион долларии Бонки ҷаҳонӣ ба ширкати Барқи тоҷик

0

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишнома миёни Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистонро ба тасвиб расониданд, ки бар пояи он Бонки ҷаҳонӣ барои тармиму навсозии қисмате аз зерсохтор ва низ ба манзури ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” 134 миллион доллар қарзи бебозгашт хоҳад дод.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки рӯзи 17 июн созишномаро ба вакилон муаррифӣ кард, гуфт, маблағҳо барои дастгирии молиявии «Барқи Тоҷик» ва беҳбуди идоракунии ширкат равона мешавад. 

Барнома, қарор аст, то соли 2026 амалӣ шавад. Вазъи молиявии «Барқи Тоҷик» ширкати монополисти давлатӣ дар бозори нирӯи барқ солҳост ногувор мемонад. Ба ҳолати оғози соли 2020 қарзи ширкат ба беш аз 26 миллиард сомонӣ (2 миллиарду 600 миллион доллар) расидааст. Аммо як шарти ҷудо шудани гранти Бонки Ҷаҳонӣ барои «Барқи Тоҷик» ин аст, ки Тоҷикистон бояд сол ба сол нархи нерӯи барқро боло бибарад. Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳангоми тасдиқи барномаи кумаки 134-миллиондолларӣ барои устувории «Барқи Тоҷик» гуфта буд, нархи нерӯи барқро дар Тоҷикистон боло баранд, вагарна ширкат аз нигоҳи молӣ устувор нахоҳад буд. 

Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ин пешниҳоди бонкро қабул кардааст ва то соли 2025 қарор аст, нархи нерӯи барқ афзоиш биёбад. То соли 2021 ҳар сол ба қадри 15 дарсад ва аз соли 2022 то 2025 ҳашт дарсадӣ боло бурда шавад. Айни замон нархи нирӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам яъне (2,3 сент) аст. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ин нарх хароҷоти тавлиди нерӯи барқро рӯйпӯш намекунад ва бояд афзуда шавад. Ба ҳисоби «Барқи тоҷик» нархи ҳар як киловатт/соат барқи тавлидкардааш 28 дирам баробар ба (2,8 сент) арзиш дорад ва бо ҷои фоида зарар мебинад. Аммо коршиносон мегӯянд, ҳисобдории «Барқи тоҷик» тоҷик шафоф нест ва намешавад бар пояи он нархи барқро арзон ҳисоб кард.

Коршиносон ва таҳлилгарони арсаи энергетикаи Тоҷикистон бар ин боваранд, ки яке аз сабабҳои ба қарз ғӯтавар шудани ширкати “Барқи тоҷик” ношаффофии муҳосибот ва мавҷудияти фасоди густарда дар идораи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии он аст. Қаблан бо фишори Бонки ҷаҳонӣ ширкати мазкур ба се бахши алоҳида, аз ҷумла бахши истеҳсол ва низ бахши фурӯш ҷудо карда шуд то аз афзоиши фасод дар он ҷилавгирӣ ба амал ояд. 

Зоҳиран ба назар мерасад,ҳамоно авзоъ бидуни тағйир боқӣ мондааст. Инки Бонки ҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ барои ироаи кӯмак афзоиши нархи фурӯши неруи барқ ба аҳолиро тақозо мекунанд, чандин сол аст, ки такрор мешавад ва ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба хотири дарёфти ин гуна маблағҳо нархро боло мебарад. Вале нархи хадамоти иҷтимоӣ ва аз ҷумла истифода аз неури барқ дар муқоиса бо боло бурдани маоши мардум хеле суръати боло дорад.

Гузашта аз ин нозирони барқ дар маҳаллҳо бо соҳибони корхонаҳои саноъатӣ муомила карда ва на ҳама вақт ҳаққи истифодаро то ба охир мегиранд. Ахиран Президенти Тоҷикистон дар бастаи амру фармонҳояш дар робита ба коҳиш додани таъсири манфии COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон дастур дод, аз ҷумла нақшаи боло бурдани нархи барқ то охири сол ба таъхир гузошта шавад. 

Ҳамакнун маълум нест, ин дастури раисҷумҳур бо шарти гранти тақдимкардаи Бонки Ҷаҳонӣ чӣ гуна ҳамхонӣ хоҳад дошт. Ба ҷуз аз ВМКБ, боқӣ қаламрави Тоҷикистонро ширкати «Барқи Тоҷик» бо барқ таъмин мекунад. Ин ширкат айни замон 26 нирӯгоҳро дар ихтиёр дорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкати «Помир энержӣ» сокинонро бо барқ таъмин мекунад.

Ҳарими ҳавоии Тоҷикистон боз мешавад, вале на барои ҳама

0

Қарори шурӯи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва давлатҳои дигар дар ҷаласаи ахири Ситоди мубориза бо COVID-19 қабул шудааст. Тибқи қарори Ситод, ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз аввали июл барои Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон боз ва парвозҳо дар ин самтҳо аз сар гирифта хоҳад шуд. Таъкид шудааст, ки мусофирон бояд ҳатман маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.

Sputnik, ношири ин хабар бо такя ба манобеаш дар Ситоди мубориза бо  COVID-19 мегӯяд, барои парвозҳо ба самтҳои Русия, Туркия ва Чин феълан иҷозат дода нашудааст. Аммо қарор аст мавриди омӯзиши иловагӣ қарор дода шаванд.Ситоди ҷумҳуриявӣ афзудааст, ки дар баробари пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, ҳамчунин парвозҳои транзитӣ ва чартерӣ барои интиқоли молу маҳсулот тариқи хатсайрҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 масъулинро муваззаф кардааст, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Дар як гузориши “Озодӣ” ҳам бо такя ба маълумоти мақомоти расмии Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъкид шудааст, ки то охири моҳи июн парвозҳои доимӣ шуруъ намешавад ва баъд аз он машварат мекунанд, ки парвозҳоро чӣ гуна ва кай ба роҳ монанд.

 Намояндагони чанд ширкати ҳавопаймоӣ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, то рӯзи 30-юми июн ба истиснои парвозҳои махсус ё чартерӣ парвозҳои доимӣ амалӣ намешаванд. Аз ҷумла, масъулони намояндагии ширкати «Ют Эйр» гуфтаанд, фазои Тоҷикистон ва Русия феълан бастааст ва то рӯзи 30-юми июн ҳавопаймоҳои онҳо парвозе анҷом нахоҳанд дод.

Намояндаи ширкати “Ют Эйр” дар Душанбе меӯяд:«Агар ҳукумати Русия ё Тоҷикистон фазоро кушоянд, ҳавопаймоҳои ширкат парвозро шуруъ мекунанд. Мо омода ҳастем, ки пагоҳ парвоз кунем, аммо ин кор аз беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ вобаста аст».

Ҳамин нуктаро намояндагони ширкати “Уралские авиалинии” ва “Узбекистон ҳаво йуллари” низ баён доштанд. Як масъули намояндагии ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” рӯзи 16-уми июн гуфт, оғози парвози ҳавопаймоҳои ширкат дар Узбекистон дуруст аст, аммо ҳанӯз Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳо иҷозат надодааст ва онҳо ҳаққи ба Душанбе парвоз карданро надоранд.

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд ва ҳукумат қисме аз онҳоро бо парвозҳои махсус ба Тоҷикистон интиқол дод.

Қаблан ширкатҳои мусофирбарии “Уралские авиалинии” ва «Ют Эйр»-и Русия аз фурӯши билетҳо ба самти Тоҷикистон хабар дода буданд, аммо мақомоти Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон ин хабарро такзиб ва ба шаҳрвондон ҳушдор дода буданд, ки аз хариди билет худдорӣ кунанд.

Кореяи Шимолӣ барои саркӯби мухолифонаш бо ҳамсояааш ҷангиданист

0

Нимаи дуюми имрӯз сешанбе 16-уми июн Кореяи Шимолӣ Дафтари иртибототи байни ду Кореяро, ки дар шаҳри Кэсун дар қисмати шимолии Кореяи Ҷанубӣ байни марзи ин кишвар ҷойгир аст, мунфаҷир кард.

Бино бар гузориши оҷонсии (Yonhap News) мақомоти расмии Кореяи Ҷанубӣ дар изҳороти худ гуфтанд, ки Кореяи Шимолӣ Дафтари иртибототи ду Кореяро соати 14:49 ба вақти маҳаллӣ тарконданд. Сохтумони дафтари мазкур дорои чаҳор ошёна буда, пас аз нишасти тафоҳуми тарафайн дар сентиябри соли 2018 дар шаҳри Кэсун бо ризоияти ду раисҷумҳур ба хотири коҳиши танишҳои ду ҷониба ҳамчун Дафтари иртибототи ин ду кишвар сохта шуда буд.

Оҷонсии (Yonhap News) менависад, ки ин инфиҷор пас аз таҳдиди Ким Ё Чен, муовини раиси Ҳизби коргари Кореяи Шимолӣ ва хоҳари Ким Чен Ин, роҳбари ин кишвар сурат гирифтаст. Номбурда рӯзи 13 моҳи ҷорӣ бо таҳдиде ба Кореяи Ҷанубӣ хитоб намуда гуфта буд, “Ба зудӣ шоҳиди аз байн рафтани Дафтари иртибоботи ягона хоҳед шуд, ки аз он ҳеҷ фоидае нест.” Хабаргузории расмии Кореяи Шимоли эълом кард, ки ин дафтар ба хотири он мунфаҷир шуд, ки то “инсонҳои паст ва касоне, ки онҳоро паноҳ додаанд, баҳои сангини ҷинояташонро бипардозанд.”

Ёдарс мекунем, ки чанде пеш Кореи Шимолӣ аз мақомоти Кореи Ҷанубӣ талаб намуда буд, ки мухолифони ҳукуматашро боздошт намуда ба онҳо бисупорад, аммо мақомоти Кореяи Ҷануби талаби Шимолиро напазируфт. Ин боис шуд, ки робитаҳои ин ду давлати ҳамсоя куллан қатъ гардад.

Сарвазири Қирғизистон ба истеъфо рафт

0

Бино бар гузориши Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон сарвазири он, Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, ки аз сӯи парлумони ин кишвар муттаҳам ба дахолат дар як парвандаи ҷиноӣ шуда буд, аз мансаби худ истеъфо додааст.

Тибқи ин гузориш Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон, ки ба муддати ду ҳафта ҳузури худро дар давлати ин кишвар мутаваққиф карда буд, дар ниҳоят аз симати худ истеъфо дод. Вай сабаби истеъфои худро монеа эҷод накардан ба раванди тафтишот дар парвандаи вобаста ба фурӯши радиобасомадҳо арзёбӣ намуд.

Абилғозиев аз моҳи апрели 2018 сарвазири Қирғизистон таъин шуда буд, ӯ даст доштани худро дар ин қазияи ҷиноӣ бо сароҳат рад мекунад. Ҳамзамон меафзояд, ки дар фурӯши басомадҳои радиоӣ нақше надорад ва айбҳоеро, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, беасосанд.

Абилғозиев мегӯяд, мақомоти тафтишотӣ то кунун ӯро бозпурсӣ накардаанд. Парлумони Қирғизистон давлат ва сарвазири ин кишварро дар иртибот бо ин парванда муттаҳам карда ва аз онҳо хоста буд, ки бегуноҳии худро дар назди қонун исбот кунанд.

Муҳлати будубоши муҳоҷирон дар Русия то се моҳи дигар дароз карда шуд

0

Владимир Путин, Президенти Русия ба хориҷиёне, ки муҳлати муваққатии будубош ё иқомати доимиашон ба охир мерасад, то 15 сентябр дар Русия ҳузур доштанро иҷоза дод.

Хабаргузории Фергана менависад, бар асари пандемияи коронавирус қаблан ин муҳлат то 15 июн муқаррар шуда буд. Мувофиқи фармони ахири раиси ҷумҳурии Русия то 15 сентябр ба ҷуз иҷозаи кор, патент ва иҷозаи ҷалбу истифодаи кормандони хориҷӣ, муҳлaти ҳуҷҷатҳои амалашон ба охир мерасида, аз қабили раводид (виза), иҷозаи зисти муваққатӣ, ҳуҷҷати иҷозаи зист, корти муҳоҷират ва ғайраро дароз кардан лозим нест. Акнун бидуни берун рафтан аз ҳудуди қаламрави Русия ҳуҷҷатҳоро нав кардан имкон дорад.

Дар давраи аз 16 июн то 15 сентябр шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба Русия бо тартиби бидуни талаботи гирифтани раводид меоянд, ҳуқуқ доранд, ки дар бораи додан (дароз кардани муҳлат), дубора ба расмият даровардани патент бе назардошти талабот ба муҳлати муқарраршудаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҷиҳати анҷоми расмиёти мақсади сафар ва хориҷ шудан аз Русия ариза диҳанд. Дар ҳамин муҳлат корфармоёне, ки барои ҷалбу истифодаи кормандони хориҷӣ иҷоза гирифтаанд, ҳуқуқ доранд, ки барои дароз кардани муҳлати иҷозатнома барои коргарони худ бо ариза муроҷиат кунанд.

“Чунин иҷозатнома бе назардошти талаботи мақсади сафари шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ ба ҳама гуна муҳлат то 15 сентябри соли 2020 дода мешавад (муҳлаташ тамдид мешавад)”, — қайд мешавад дар фармон.

Пардохти маблағи патент аз 18 апрел бо фармони Путин бекор шуд. Ба корфармоён барои ба кор гирифтани хориҷиёни муҳлати амали патенташон гузашта ё чунин ҳуҷҷатҳо надошта иҷоза дода шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷарима кардан барои он манъ шуд. Чунин сабукиҳо замони эпидемияи коронавирус бо сабаби баста шудани сарҳадҳо ҷорӣ шуданд. Вуруди хориҷиёнро ба кишвар ҳукумати Русия аз 18 март манъ кард, ки дар натиҷа мақоми ҳуқуқии аксарияти муҳоҷирони дар Русия ҳузурдошта зери суол қарор гирифт.

Тибқи ин фармон, ҷараёни муҳлати ихтиёрӣ хориҷ шудани хориҷиён аз Русия, ки нибсташон дар бораи ихроҷи маъмурӣ қарор қабул шудааст, низ боздошта мешавад. Ба ин тариқ, то 15 сентябр нисбат ба хориҷиён дар бораи номақбул будани ҳузур, ихроҷ ва истирдод қарорҳо қабул карда намешаванд. Ғайр аз ин, то 15 сентябр ҷараёни муҳлати ҳузур дар хориҷа барои шахсоне, ки иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП), ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё шаҳодатномаи барномаи давлатии мусоидат ба кӯчбандии ҳамватанони муқими хориҷи кишвар ба Русияро доранд, низ боздошта мешавад. Ҳамчунин сарвазири Русия Михаил Мишустин қаблан хабар дода буд, ки шаҳрвандони хорҷӣ барои муолиҷа ва нигоҳубини хешовандон ба Русия ворид шуда метавонанд. 

Қобили зикр аст, ки ВКД Русия нақшаи нави рушди сиёсати муҳоҷиратро таҳия намуд. Дар доираи он дар Русия пойгоҳи иттилоотие таъсис дода мешавад, ки маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии ба кишвар омадаро дар бар хоҳад гирифт. Русия дар ҳоле ҳамчунин сабукиҳо ба муҳоҷиронро медиҳад,ки гуфта мешавад барои ин кишвар норасоӣ ва камбуди неруи корӣ ба шиддат эҳсос мешавад. Вале ба сабаби баста будани роҳҳо ҳамоно садҳо ҳазор аз шаҳрвандони тоҷик,ки ризқу рӯзии худро аз Русия пайдо мекарданд дар кишвари худ банда монда барои ояндаи худ ва фарзандонашон нигарон ҳастанд. Зеро дар Тоҷикистон бо вуҷуди таблиғоти якҷонибаи расонаҳои расмӣ набуди ҷойи корӣ ва маоши муносиб ҳамоно мушкили рақами аввал боқӣ мондааст.