Мессӣ бо хет-трик дурахшид: муҳимтарин рӯйдодҳои рӯзҳои аввали Ҷоми ҷаҳонии 2026

Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 идома доранд ва аллакай чанд натиҷаи ҷолибу ғайричашмдошт сабт шудааст.

Яке аз рӯйдодҳои асосии рӯзҳои аввал ба тими миллии Аргентина ва капитани он Лионел Месси марбут аст. Қаҳрамони ҷаҳон дар бозии худ бар зидди Алҷазоир бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Ҳар се голи ин дидорро Месси ба ҳадаф расонд ва аввалин хет-трики худро дар таърихи Ҷоми ҷаҳон сабт кард. Ҳамзамон шумораи голҳои ӯ дар мусобиқот ба 16 расид ва ӯ ба рекорди Мирослав Клозе баробар шуд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бозии ифтитоҳии худ Парагвайро бо натиҷаи 4:1 мағлуб кард. Фаронса низ мусобиқаро бо пирӯзӣ оғоз карда, Сенегалро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Норвегия бошад Ироқро 4:1 мағлуб намуд.

Аз миёни натиҷаҳои пургол метавон пирӯзии бузурги Олмон бар Кюрасаоро бо ҳисоби 7:1 ёдовар шуд. Шветсия низ Тунисро бо ҳисоби 5:1 мағлуб кард.

Дар дигар бозиҳо Бразилия ва Марокаш (1:1), Қатар ва Швейтсария (1:1), Белгия ва Миср (1:1), Испания ва Кабо-Верде (0:0), инчунин Нидерланд ва Ҷопон (2:2) мусовӣ карданд.

Ҷоми ҷаҳонии 2026, ки бори аввал бо иштироки 48 даста баргузор мешавад, рӯзи 11-уми июн дар Мексика оғоз ёфт ва то 19-уми июл идома мекунад. Ҳоло аксари тимҳо бозии аввали худро анҷом дода, барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ муборизаро идома медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ФАВРӢ! Мошини Алишер Мирзонабот ба дарё сарозер шуд

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамроҳ бо аъзои хонавода ва ронандааш дар ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шуда, мошин ба дарё зарозер шудааст.

Олмон гурӯҳе аз муҳоҷирони афғонро ба Афғонистон ихроҷ кард

Мақомоти Олмон гурӯҳе аз шаҳрвандони Афғонистонро, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум шуда буданд, ба кишварашон ихроҷ карданд.

Парлумони кишвар қонуни авфро қабул ва Эмомалӣ имзо кард

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи навбатияш қонун "Дар бораи авф"-ро баррасӣ карданд.

Радиои Озодӣ дигар дар Тоҷикистон фаъолият намекунад?

Радиои Озодӣ дари идораи марказии худ дар шаҳри Душанберо мебандад ва дигар дар дохили Тоҷикистон фаъолияти журналистӣ карда наметавонад.