13.9 C
Dushanbe

Миллиардер: Зарифбеки домод, ва бозорҳои бешумори вай

Зарифбек Давлатов, домоди миллиардери Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли ахир дар пойтахт тавонист бозорҳои “Балх”, “Фаровон”, “Садбарг”, Сафарсентр” ва “Аҷинабозор”-ро ғасб кунад.

Тасарруфи бозори «Балх»-и Душанбе  аз тарафи Зарифбек  Давлатов, яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баҳори соли равон бори дигар исбот кард, ки дар паси ин гуна ғасбҳои рейдерӣ худи Эмомалӣ Раҳмон меистад ва бадтар аз ин барои манфиати аъзои хонаводааш омода аст ҳатто ҳамсафону ҳамраҳони худро ҳам талаву тороҷ ва маҳв кунад. Ин бозор аз тарафи Ҳаким Солиев, собиқ вазири савдо ва иқтисоди Тоҷикистон ва раиси пешини Кумитаи андози Тоҷикистон сохта ва мавриди истифода қарор гирифта буд. Солиеве, ки чанд соли пеш  яке аз вазирони наздик ба Раҳмон ҳисобида мешуд.

Ҳаким Солиевро Шарифбеки падари Зарифбек, шавҳари дуввуми Таҳмина Раҳмонова духтари сеюми Эмомалӣ Раҳмон маҷбур месозад, ки асноди бозорро ба номи онҳо бинависад. Ҳатто таҳдид мекунад, ки «вақтро кашол надиҳад. Ин тарафу он тараф ҳам даводавӣ накунад. Ҳамааш бо Ҷаноб ҳал шудагӣ. Фоидааш надорад».

Зарифбек Давлатов расман дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор мекунад, вале амалан ба тиҷорат машғул аст. Исму насаби Зарифбек Давлатов (Zarifbek Daulatov) ҳанӯз дар ссоли 2015 дар “Авроқи Панама” зикр шудаст, ки  санадҳои махфиро дар бораи моликони ширкатҳои оффшорӣ дар ҷаҳон нашр карда буд. Гуфта мешуд, ки вай молики ширкати “Пенкриҷ Глобал Лимитед” аст, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шудааст, вале нишонии онро дар Тоҷикистон кӯчаи Фарҳод 36 дар Душанбе (36 Farkhod St; Dushanbe; Tajikistan) навиштаанд. Мо наметавонем дар бораи маблағҳои интиқолдодаи Зарифбек ва Таҳминаи ҳамсараш ба ин суратҳисоб чизе бигӯем. Вале инки дар ҳамин мавсими муҳоҷират ӯ шояд даҳҳо миллион доллар бештар «даромад» карда бошадро метавонем бидуни тардид таъкид намоем.

Ширкати Агентии алоқаи ҳавоии Тоҷикистон, танҳо ширкати фурӯшандаи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон ҳамасола беш аз 10 миллион даромад дорад. Ширкати мазкур, ки муассисаш Таҳмина Раҳмонова ва раисаш Зарифбек Давлатов мебошанд, тибқи ҳисоби тахминии коршиносҳо, дар сурати рафтани як миллион муҳоҷир ба Русия ва аз сари ҳар билет даҳ доллар «доля» гирифтан чунин даромади муфтро ба даст меоварад. Аммо шумо ин арқом ва ин нархи билетҳоро дар шароити имсол зарб занеду ҳосили онро бароред. На камтар аз 50 миллион доллар ва ин ҳам тахминӣ аст. Вақте билети ҳавопаймо ба Маскавро 350 доллар муқаррар  кардаву то 1500 доллар ба фурӯш расониданд, даромади ширкати Зарифбеку Таҳмина чи қадар хоҳад шуд?

Аммо ишқу алоқаи Зарифбек ва ҳамсараш бештар ба бозорҳои Душанбе  мебошад. Дар тобистони соли 2019  онҳо бидуни онки кадом азоби виҷдоне бикашанд бозори «Фаровон»-яке аз бозорҳои яклухтфурӯшии маводи ғизоиро ҳам аз молики асосиаш бо роҳи зӯр ва маҷбурсозӣ кашида гирифтанд. Ин бозор ба бародарон Муродалиевҳо тааллуқ дошт ва онҳо онро аз сифр бунёд карда буданд. Барои он бидуни азоби виҷдон гуфтем, ки Зарифбек дар гузашта низ бародарон Муродалиевҳоро маҷбур кард, ки маркази тиҷоратии «Сафар-сентр» ва ҳамчунин фурӯшгоҳи овозадори «Садбарг»-ро ба ӯ бидиҳад. Ҳамин тавр ҳам шуда буд. Муродалиевҳо бо як нархи ночиз ин ду маркази савдои машҳури Душанберо ба Зарифбек ва Таҳмина номнавис карданд. Таҳмина баъдтар барои гирифтани замини зери бозори «Фаровон», ки дар микрорайони 32, дар кучаи Ҷаббор Расулов воқеъ аст, миёнаравӣ карда буд. Аммо ин бародарон намедонистанд, ки Зарифбек ва Таҳмина нақша дошта будаанд, ки баъди фаъолшавии ин бозор онро ҳам кашида мегиранд.

Вале Зарифбек бо гирифтани ин ҳама бозорҳо нафсашро натавонист ором созад. Вай ва Шарифбеки падараш  «Аҷинабозор»-и воқеъ дар автовокзали пойтахтро ҳам кашида гирифтанд. Молики он яке аз ҳамсояҳои худи Шарифбек ва рафиқи солҳои ҷавонии ӯ будааст. Шарифбек ҳам замину хонаву манзили ӯро тасарруф мекунад (барои онки соҳати манзили зисти худ воқеъ дар маҳаллаи Водонассосро аз ҳисоби замини ҳамсояаш васеъ созад) ва ҳам бозорашро ва он мард, аз тарси онки ӯро ба ҳабс нагиранд, тарки Тоҷикистон кардааст.

Агар Зарифбек ҳамсари Таҳмина ва домоди Эмомалӣ Раҳмон набуд метавонист, ки ҳамин гуна осону роҳат ва нотарсона бозорҳои дигарон сохта ва ободкардаро кашида бигирад? Тиҷорати дигарҳоро тасарруф ва ғасб кунад? Албатта, наметавонист. Ин Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Зарифбек ва домодҳои дигари вай рӯирост сармоя ва молу мулки дигарҳоро кашида мегиранд.

Як нигоҳ кунед. Ҳама домодҳои  Раҳмон пулдорҳои калонанд. Агар 10 духтари дигар ҳам дошт шавҳарони онҳо низ бо айни ҳамин роҳҳо бойу сарватманд  мешуданд. Аммо  ягонтои онҳо чизеро бунёд накардаанд. Аз они дигарҳо ва ё аз они давлатро ғасб намудаанд. Чизи тайёрро. Маълум аст, ки сахт домоддӯстдор аст. Вале ин муҳаббати бепоён ба домодҳо набояд аз ҳисоби ғасбу ғорати  дигарҳо таҳкиму тақвият ёбад.

Аммо возеҳу равшан аст, ки ғасбу тасарруфи моликияту тиҷорати дигарҳо тибқи як барнома ва сиёсати ҳисобшуда амалӣ мешавад, ки агар Эмомалӣ Раҳмон муаллифи асосӣ ҳам набошад ҳаммуаллиф аст. Моҳияти  ин сиёсат иборат аз он аст, ки бояд тамоми тиҷорат ва корхонаҳое, ки манбаи даромаданд ба дасти аъзои ин оила ва ё одамони наздики аъзои он гузарад. Касе набояд ҷуз онҳо дар Тоҷикистон даромади калон ва ё тиҷорати калон дошта бошад. Метавон даҳҳо, балки садҳо мисолу намуна овард, ки бо чи роҳҳои умдатан номашрӯъ ва бо истифода аз қудрати ҳокимият пулу молу тиҷорати дигаронро Раҳмон ва наздикони вай ғасб кардаанд. Ва, Раҳмон тамоми имконот ва имтиёзоти давлатро, ҳатто агар хилофи қонун ҳам бошад, барои бойшавии онҳо дареғ надоштааст.

Ҳамин Зарифбек ва Таҳмина чанд соли пеш ширкати бузурги тавлиди конфету шоколади  «Амирӣ»-ро, ки аз соҳибкори дигар буд, тасарруф карданд. Тибқи навиштаи расонаҳо Абдураҳмон Ғайбуллозода, муассис ва молики ин ширкат дар яке аз ҷаласаҳои “Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар соли 2015 аз гаронии боҷи гумрукии ашёи хом барои тавлиди қанду конфет, аз ҷумла шакар ва равғани палма шикоят карда буд.

Вале, баъд аз онки ин ширкатро Зарифбеку Таҳмина ба даст дароварданд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо 20 миллион доллар барои роҳандозии кори ин ширкат аз ҳисоби давлат сармоягузорӣ кард. Афзун бар ин ширкати «Амирӣ» ба муддати даҳ сол  аз пардохти анвои андоз ва боҷу пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуд. 20 миллион доллар, ки он сол  ба 217 миллион сомонӣ баробар буд, баробари андози яксолаи тамоми заминҳои кишоварзии Тоҷикистон аст.

Ҳоло боз ҳам ин савол пеш меояд, ки агар Зарифбек домоди Эмомалӣ Раҳмон набуд, ҳамчунин имтиёзеро, ки дигарҳо ҳатто орзу карда наметавонанд, соҳиб мешуд? Ин имтиёз фақат барои онки Зарифбек шӯи яке аз духтарҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, дода шудааст. Сабаби додани ин ҳама имтиёзро он замон чунин гуфта буданд,ки ширкати “Амирӣ” таҷҳизоту фанновариҳои нав ба кишвар оварда, коргоҳҳои ҷадидро фаъол мекунад.Ин як айёрӣ ва фиреби ошкоро нест?20 миллион доллари пули мардум ба домод дода шавад ва боз барои домод ин ҳама имтиёзҳо?Ин гуна шароитро барои ҳар тоҷири дигар ҳам ки диҳед,муваффақ нахоҳад шуд?Ин нақзи қонуни рақобат ва ин истифода аз мақому мансаби давлатӣ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон нест?

Мағозаи «Ситора» воқеъ дар хиёбони «Бухоро»-и Душанбе-маркази шаҳрро, ки бо беш аз 25 млн. доллар Эмомалӣ Раҳмон аз пули бюҷет барои Таҳмина сохта буд, барои чанд сол ба соҳибкори дар гузашта муваффақ Маъруф Орифов, мудири кулли силсиламағозаи «Орима» ба иҷора доданд. Моҳона 30.000 доллар .Яке буд, ки дар яке аз ошёнаҳои ин бино дар як рейди тафтишоти кормандони додситонии пойтахт дар инҷо «казино-қиморхона» ва дигар бозиҳои мамнуъаро кашф мекунанд. Таҳмина Раҳмонова бо нашри як матлаб дар ҳафтаномаи «Дайджест-пресс»  ба ҳайси мудири кулли ин супермаркет навишт, ки онро ба иҷора додаву масъулияти «казино»-ро бар уҳда намегирад.

Аммо кори ин супермаркет ба онҷо кашид, ки оқибатуламр Зарифбек Давлатов, Шарифбеки падараш ва Таҳмина «коре» карданд, ки на танҳо Маъруф Орифов, раиси силсиламағозаҳои «Орима»-ро  қарздор карданд, балки тамоми мағозаҳояш дар Душанбе ва Хуҷандро ба номи Зарифбеку Таҳмина гузаронида худаш барои 8 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр равона карда шуд. Ҳамин тариқ мағозаҳои «Орима» аз фаъолият бозмонданд ва Зарифбек биноҳои онҳоро ба дигарҳо фурӯхт.

Дар бораи онки Зарифбек ва Таҳмина ҳамдигарро чи гуна ёфтанду ошно шуданду издивоҷ карданд низ зиёд қиссаҳои ҷолибе дар байни мардум паҳн шудааст. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба кору рафторашон онҳоро ҳамчун «две сапоги пара» мешавад таъбир кард. Деру дур ҳамдигарро ёфта бошанд ҳам хеле аз ҷиҳати фикриву зеҳниву руҳӣ ба ҳам шабеҳанд.

Агарчи Зарифбек Давлатов  назди Рустами Эмомалӣ қадру мақоме надоштааст, вале барои худи Эмомалӣ Раҳмон нафари беэътибор набудааст. Ба ду ҷиҳат: якум инки Таҳминаро, ки дигар овозаву дарвозаи гашту рафтораш дар шаҳр ва дар Данғара аз даҳон ба даҳонҳо гузашта боиси сарафкандагӣ ва хиҷолат мешуд, никоҳ карду пеши  даҳони мардумро баст: «қурбоқа шӯ дорад, обрӯ дорад». Дуввум ин ки Зарифбек дар чақониву корчалониву кандану гирифтан аз боқии домодҳо, ҳатто Шамсуллову Зоир монданӣ ва камӣ надорад. Дар як муддати кӯтоҳ миллиардер шуд. Лаб тар кунад бас! Дигар он тарафашро ружду рост карда медиҳад. Ва, на танҳо бозорҳои «Балх»-у «Фаровон» ва «Садбарг»-у «Аҷинабозор»,  «Корвон»-ро ҳам бихоҳад, гирифта медиҳад….

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.