24.9 C
Dushanbe

Баҳси доғи чанд рӯзи ахир дар шабакаи иҷтимоии фейсбук

Акс аз саҳифаи шахсии Мирбобо Мирраҳим

Чанд рӯз боз дар шабакаи иҷтимоии фейсбук баҳси гарме миёни шахсиятҳои маъруфу донишмандони тоҷик ба вуҷуд омадааст. Баҳс аз онҷо шурӯъ шуд, ки Мирбобо Мирраҳим – яке аз нависандагони маъруфи тоҷик ва аз пешгомони “Ҷунбиши Растохез”-и солҳои навадуми асри гузашта дар саҳифаи фейсбукаш аз матлаберо зери унвони “ОН СӮИ СИЁСАТ” ВА ҚАСАМШИКАСТАҲО” нашр намуд.

Номбурда дар ин матлаби худ аз марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ – раҳбари фақиди ҲНИТ ва раиси КОМ дар даврони сулҳи тоҷикон, интиқод намудааст. Мирбобо Мирраҳим мегӯяд, китоби “Он сӯи сиёсат”-и (Сайид Абдуллоҳи Нурӣ) бо заҳматҳои ду солаи ӯ омода гардид, вале аз фоидаи он маблағе ба ӯ надодаанд. Ӯ мегӯяд, ҳангоми рӯнамоии китоб дар дар Эрон ин китоб ду млн доллар даромад овардааст. Баъд аз ин ҳодиса Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Мирбобо Мирраҳим ваъда медиҳад, ки 10 ҳазор доллар ҳақи ӯст, аммо ин маблаға ваъдашударо надод.

Мирбобо Мирраҳим аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ интиқод намуда гуфтааст, ки ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон пинҳонӣ сухан як карда мухолифинро, ки аз чанд ҳизбу ҳаракатҳо буданд, фиреб додааст. Ҳатто Созишномаи сулҳро “манфиати шахсии Нурӣ” хондааст.

Ин матлаб дар фейсбук тарафдорон ва мухолифонро ба баҳс кашондааст. Ҳафиз Бобоёров пажӯҳишгари тоҷики муқими Аврупо ба матлаби Мирбобо рад гардондааст. Дар идомаи ин баҳс Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷик ва Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, рӯзноманигори маъруфи тоҷик ба баҳс ворид гаштанд. Аммо то ҳол  ҲНИТ дар баробари идаои Мирбобо вокунише накардааст.

Ҳар як матолбро алоҳида аз саҳифаҳои муаллифон бознашр мекунем:

Мирбобои Мирраҳим

ПОСУХИ МУХТАСАР БА СУХАНГӮИ
ГОВБОНИИ ТОҶИКИСТОН ҲАФИЗ БОБОЁРОВ ВА
ҲАММАСЛАКОНАШ

Шукр гӯям, ки имрӯз Фейсбук бозор шуд,
Садри говбонпосухон Даллол Ҳафиз тайёр шуд.
(Тазмин аз як байти Карим Девона)

“ОН СӮИ СИЁСАТ” ВА ҚАСАМШИКАСТАҲО

Соли 1996 китоби Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зери унвони “Он сӯи сиёсат” бидуни зикри ҷойи нашр ба чоп расид. Барои ҷамъоварии матолиб ва виройишу танзим китоб ман беш аз ду сол кор кардам. Китоб бо оройиши зебо ва забони ширин ба хонанда арза шуд. Ёд дорам, ки ҳатто онҳое, ки аз рухдодҳои Тоҷикистон бехабар буданд ва ё огоҳие андаке доштанд, бо мутолааи андаке аз сафаҳоти он дар мавриди забони ширини форсии фарорӯдии он сухан мегуфтанд…
Устод Нурӣ барои рӯнамоӣ китобро барои уламои Ҳавзаи илмияи Қум ҳамчун дастовез-пешкаш бурданд ва пас аз бозгашт аз он ҷо маро ба манзили хеш фаро хонданд (мо дар ҳамсояӣ, Маҳаллаи Пунак зиндагонӣ доштем ва фосилаи ҳавлии ишон аз манзили мо шояд аз понсад метр камтар буд). Маро бо табассуми мойил ба ханда пешвоз гирифтанд:
-Ин чӣ коре буд, ки шумо кардед?! Дар Қум барои китоби “Он сӯи сиёсат” “бар сари мо кулоҳ гузоштанд” ва дар ҷайбамон як миллион доллар!
Маълум шуд, ки аз китоби “Он сӯи сиёсат” истиқболи хубе шудааст ва Ҳавзаи илмияи Қум (мувофиқи иттилооти як рӯзномаи ислоҳталаб буҷаи ҳавзаи илмияи Қум дар соли 1998 146 миллион доллари ИМА буд, дар ҳоле ки буҷаи Вазорати фарҳанги ҶИЭ ҳамагӣ 21 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод) ба Устод Нурӣ як миллион доллар тӯҳфа кардааст:
-Ин китоб сабаб шуд, то маблағи мазкур ба мо тааллуқ бигирад. Барои хидматҳои шумо дар омодасозӣ ва нашри китоби “Он сӯи сиёсат” даҳ ҳазор доллари он моли шумост. Лозим аст каме сабр кунед, ҳатман ин даҳ ҳазор долларро ман ба шумо медиҳам…
Устод Нурӣ китоби “Он сӯи сиёсат”-ро боз ба фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) оқои Мӯҳсини Ризоӣ низ тӯҳфа бурданд ва боз як миллион доллари амрикоӣ даромад оиди ишон шуд…
Теҳрон, охири фасли баҳор ва оғози тобистони соли 1997. Дар остонаи имзои тавофуқномаи сулҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин бо Ҳукумати феълии Тоҷикистон, ки бояд дар Маскав сурат мегирифт, чанд бор Устод Нурӣ маро ба манзили хеш даъват карданд. Ҳол манзили ишон дар минтақаи сарватмандони Теҳрон-Саъодатобод (дақиқ ёдам нест хиёбони чандум, вале мушаххас медонам, ки як ё ду хиёбон поёнтар аз Бузургроҳи Ниёйиш, ки имрӯзҳо ба “Бузургроҳи Ҳошимии Рафсанҷонӣ” номгузорӣ шудааст. Бо пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон истилоҳи “Шоҳроҳ” аз забони форсӣ ҳазф ва ба ҷойи он “Бузургроҳ” маъмул шуд) қарор дошт. Меҳвари ин сӯҳбатҳо дар мавриди дидгоҳи мо нисбат ба сулҳи тарафайн, нукоти тавофуқнома, ширкат дар сохтори ҳукуматӣ ва аз ҳама муҳим рӯйхати номзадҳои ояндаи мухолифин дар Комиссиони оштии миллӣ ва саҳмияи сидарсадӣ дар Ҳукумати феълии Тоҷикистон чарх мезад. Ман аз ширкат дар Комиссиони оштии миллӣ ва сохтори давлатӣ ба таври қатъӣ даст кашидам ва ёдовар шудам, ки ҳанӯз зимистони соли 1995 дар Кобул тавофуқ карда будем ва ман ваъда додам, ки: “то замони сулҳ бо шумо ҳамроҳ мемонам ва аз рӯзе, ки бо ҳукуматиҳо иттифоқ мекунед, банда ҳеҷ ӯҳдадорие назди дигарон надорад ва худро озод медонад ва ба ягон ҳизбу созмон ё гурӯҳе ҳамроҳ намешавад…”
Ҳангоми баррасии масоили марбут ояндаи кишвар ва саҳмияи сӣ дарсад ашхоси дигаре низ ҳузур доштанд, ки дар атрофи Устод Нурӣ “муттаҳид” буданд. Дар яке аз ин нишастҳо рӯйи номзадҳои эҳтимолӣ дар сохтори давлатӣ ба таври мушаххас баррасӣ шуд ва сари номзадии Додоҷони Атовулло ба муовинати вазорати фарҳанг ва Олег Панфилов ба дигар вазоратхона ё нахуствазир (Олег он замон дар байни сарбозон ва муҳоҷирини тоҷик бо номи “Махсуми Панфил” маъруф буд) ман сахт нороҳат шудам ва гуфтам:
-Бародарони исломии мӯҳтарам! Замоне ки ба ҳар сухани ишон ниёзманд будед ва аз нашрияву минбаре, ки онҳо дар ихтиёр доштанд, муфт истифода кардед, он замон онҳо бачаҳои хуб буданд, вале имрӯз, ки “хари лӯлӣ аз об гузашт” ҳоло онҳо “бедин” ва “яҳудӣ” шуданд?! Инҳо дӯстони наздики ман ҳастанд ва хидмати онҳо дар шиносонидани нерӯҳои мухолифин ва муборизаи мардуми тоҷик барои озодӣ ва истиқлол дар сатҳи ҷаҳонӣ ва пуштибонии давлатҳои ҷаҳон аз муҳоҷирин ва муборизин аз ҳазорон-ҳазор муллобашараи шумо баландтар ва болотар аст!
Устод Нурӣ бо мулоиматӣ маро ором карданд, ки: “ин танҳо як пешниҳод, ҳанӯз дидгоҳи таъйиннашуда аст”, вале ман хуб дарк кардам, ки пушти ҳамаи ин “пешниҳод” як сиёсати ҳамоҳангшуда ва мунсаҷими ҳам Устод Нурӣ ва сарварони ҳукумати феълии Тоҷикистон побарҷост…
Чанд рӯз пештар аз ин сӯҳбат худораҳматии модархонум Саъдинисо Ҳакимова ва ҳамсарам дар меҳмонии хонумҳо андар манзили Устод Нурӣ буданд. Замоне ки онҳо аз он меҳмонӣ ба манзил баргаштанд, модархонумро шинохтан душвор буд:
-Писарам! Асбобу анҷоматонро ҷамъ кунед ва бо Дилбар ба ягон кишвари дигар биравед, масалан, Канада. Барои шумоён дар Тоҷикистон зистан душвор, ҳам ҳукуматиҳояш ва ҳам ин исломиҳо шуморо “муғул” мехонанд, вале дар амал худи онҳо аз муғул ҳам бадтар ҳастанд…
Нахустин бор буд, ки ман ашки ин занро (бародари мӯҳтарам Мирзои Шакурзода бо шинохти бисёр ҳақиқӣ ишонро “Шерзани бешаи хамӯшон” тавсиф кардаанд) дар ин солҳои душвор дидам:
-Умрамро беҳуда сарф кардам. Инҳоро ман одам ҳисоб кардаам. Гумон карда будам, ки инҳо тоҷик ҳастанд, вале ҳазор афсӯс, ки ҳеҷ тоҷикие дар онҳо нест. А…, шогирди ман, ки дар Зойишгоҳи №1 кор мекунад, се сол пеш нақл кард, ки баробари рафтани шумо аз вазифаи Райиси Пажӯҳишгоҳи модар ва кӯдак ва Зойишгоҳи №1 ҳамаи катҳои зойишгоҳро, ки вижаи зойимон ва кӯдак буд ва бо арзи хориҷӣ онро харида оварда будед, аз он ҷо дуздида, ба хориҷа фурӯхтанд ва ба ҷойи он катҳои бадарднахӯр оварданд ва эълон карданд, ки “ҳамаи муғулҳо аз кор раванд, ин ҷо танҳо барои мардуми Кӯлоб ва Данғара аст”. Инҳо ҳеҷ гоҳ одам намешаванд, на мусулмонаш ва на зиддисломаш… Дар меҳмонии Нурӣ зани кадом як нимчамулло Шамсиддин бе ҳеҷ шарму ҳаё чунин эълон кард: -Устод Нурӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ба таври пинҳонӣ аз назари ҳама қарордод бастаанд, ки ҳамаи ленинободиҳои муғулро аз кор ронда, ба он тарафи кӯҳи Варзоб бадарға мекунанд… Бачам, ҳар чӣ зудтар аз ин ҷо ва ҳам аз он ҷо-Тоҷикистон берун биравед. Ёдатон ҳаст?! Ҳатто падаратон ҳам пеш аз фавт васият карда будаанд, ки ҳар чӣ метавонӣ аз ин кишвар берун бирав, ки ин мамлакат чил-панҷоҳ соли оянда на обод мешавад ва на ором…
-Агар худи шумо бо мо ҳамроҳ шавед, ҳатман меравем, вале бе шумо ба ҳеҷ ҷойи дунё муҳоҷират намекунем. Шуморо танҳо гузоштан намехоҳам, ин кор барои ман бисёр сахт аст…
Модархонум сад дар ҳаққ буданд ва падар низ пеш аз марг васият карда буданд, ки аз ин марзу бум ба хориҷа ҳиҷрат кунам. Аммо мо иштибоҳ кардем, ки ба суханони дурусти онҳо гӯш фаро надодем ва алҳол дар барзахи рӯйи Замин қарор дорем…
Аз он ҷо, ки Сайидабдуллоҳи Нурӣ дар паси парда аз ҳайати музокира бо сарварии Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода бо тарафи ҳукумат, ба вижа Абдулмаҷид Достиев ва пасон Эмомалӣ Раҳмонов анҷом медод, ба андак касон маълум буд, вале дертар ҳам Тӯраҷонзода ва Ҳимматзода дарк карданд, ки ин бозиҳои пасипардаи сарвари ҲНИТ танҳо ба манзури пайдо кардани ҷойи гарму нарм ва мансаби муносиб танҳо барои худи ӯст, ки мехост мушовири Райиси Ҷумҳурӣ ва сарвари мусалмонони Тоҷикистон шавад. “Ҷиҳоди” Устод Нурӣ дар ҳамин меҳвар мечархид ва идомаи кори ӯро бо ҳамон ривол Муҳиддини Кабирӣ идома дод…
Синфи рӯҳоният, ба вижа рӯҳонияти маз¬ҳа¬би ҳанафӣ бар хилофи таълимот, зиндагӣ ва шахсияти Имоми Аъзам-Абӯҳанифа (р) дар таърихи миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ барои ша¬раф, номус ва истиқлоли мардум кори дурусте анҷом надода ва дар ҳамаи давру замон дунболи манофеъи шахсӣ ва таба¬қотии хеш буд (чунон ки маълум аст бунёдгузор, муҷтаҳид-имоми аҳли суннат Имом Абӯҳанифа /р/ дар замони зиндагии хеш ҳеҷ мансаб ва вазифаи давлатиро напазируфт ва қаробат ба ҳокимонро низ, вале пасон аксарияти муллоимом-рӯҳонияти ин мактаб баръакс дар кулл тарафдори ҳокимон ва дар хидмати онон будаанд ва ҳастанд, ки ба онҳо дақиқан сифатҳои “дарборӣ, давлатӣ, хидматӣ”-ро муносиб дидаанд) ва дар лаҳзаҳои ҳассостарин дар ҳамдастӣ бо ҳокимони давр алайҳи нерӯҳои озодихоҳ ва миллатдӯст кор ва фаъолият беш аз пеш бурда ва мебарад. Боз кардани дарвозаҳои шаҳри Исфаҳон аз ҷониби Оли … барои вуруди лашкари муғул дар қуруни вусто ва фарҷоми муборизаҳои мухолифин ва мавқеъгирии раҳбари ҲНИТ С. А. Нурӣ дар поёни са¬даи бист ва даҳаи нахусти садаи бисту якуми мелодӣ намунаи ин падидаи номатлуб аст, ки яке аз фармондеҳони далери мухолифин Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ин нуктаро дар ду ҷумла ин тавр баён кард:
«Ман фикр мекунам, ки ин паймоншиканӣ аст… Нурӣ ҳамаи моро фурӯхт» .
Барои тақвияти ин суханони ҳаққ ба порае аз хоти¬ро¬ти Сафири собиқи ҶИЭ (солҳои 1991-1998) Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ аз музокироти нерӯҳои мухоли¬фин бо сарварии С. Нурӣ ва ҳукумати феълӣ доштанд, му¬рур менамоем:
«Мо як сафаре ба Теҳрон барои аввалин даври му¬зокирот доштем. Раисии ин ҳайатро устод Абдулмаҷид Дос¬тиев бар дӯш доштанд. Мо ҳамеша дунболи он будем, ки чӣ гуна дар Теҳрон роҳи ҳал пайдо кунем, чун аз ин пеш¬тар дар Маскав ҳам музокирот баргузор гардида буд. Вақ¬те ки шом фаро расид ман рафтам назди устод Саид Аб¬дул¬лоҳи Нурӣ ва гуфтам, ки ман як коре кардан мехоҳам, Шумо тайёр ҳастед? Он кас дар ҷавоб гуфтанд, ки чӣ? Гуфтам, ки ман мехоҳам Шумо ва Достиев қабл аз он ки ҳайатҳо ҳамдигарро бинанд, субҳи барвақт ҳамди¬гар¬ро бинед. Гуфт, бошад барои сулҳу амонӣ дар кишвар ман барои ҳама кор тайёрам. Баъдан омадам назди Дос¬тиев ва он кас низ розӣ шуданд ва қарор шуд, ки КАСЕ ИНРО НАДОНАД. Субҳи барвақт ман омадам ин ҳар дуро гирифта ҷое бурдам. Онҳо дар он утоқе, ки ман бурда будам, тақ¬рибан 1,5-2 соат бо ҳам сӯҳбат намуданд ва аз утоқ бо чеҳ¬раи кушод берун шуданд. Шояд он ҷо буд, ки ман умедвор бу¬дам, ки музокирот ба натиҷа хоҳад расид. Яъне онҳо ҳар ду собит карданд, ки воқеъан ҳам дилашон барои сулҳу салоҳ металабад ва мехоҳанд, ки дар кишвар оромиш бо¬шад. Хотироти дигаре мегӯям, ки хотироти ман дар Ис¬ломобод, соати 12-шаб бо устод Нурӣ аст. Устод аз ман пурсиданд, ки Шумо чӣ мебинед аз оғои Раҳмон. Гуфтам, ки шояд бисёр чизҳо бошад, ки президент шаванд, аммо ман дар ин кас мебинам, ки нисбат ба фарҳанги миллӣ бис¬ёр эътиқод доранд. Илова кардам, ки агар бо оғои Раҳ¬мон мувофиқа кунед, хуб аст. Фикр мекунам, ки ин су¬ханро устод қабул дошт ва баъдҳо музокирот ба натиҷа расид» .
Аммо Устод Нурӣ чӣ дар марҳилаи нахуст ва чӣ дар поёни кор на танҳо мухолифинро шикаст дод ва ба орзуву омоли мардуми оддӣ ва рӯшанфикрии миллат туф кард, балки аввалин шахсе, ки сулҳи байни тоҷиконро поя гузошт-Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро канор зад ва фурӯхт…

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи Аздо тв нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.