17.9 C
Dushanbe

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода аз густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳифзи ҳамкориҳо дуҷониба дар баробари таҳримҳои Ғарб гуфт. 

Мишустин таҳримҳои Ғарбро ғайриқонунӣ номида мегӯяд, ки “Мо тавассути ҳукумат иҷрои тавофуқоти раҳбаронамонро таъмин мекунем“. 

Дар идома сарвазири Русия кишварашро шарики асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон номида гуфт, ки дар соли 2022 тиҷорати дуҷониба 18% афзоиш ёфта, қариб ба 105 миллиард рубл расидааст.

Ба иддаои ӯ, ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш ёфта, ширкатҳои русӣ дар бахшҳои энержӣ, иқтисоди рақамӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои саноат фаъолона кор мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 7-8-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Русия ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) баргузор гардид. 

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки ба ин нишаст ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, суханронӣ кард. Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори афзоиши ҳаҷми гардиши моли хориҷӣ бо ҳамаи кишварҳои ИИАО, яъне Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аст.

Михаил Мишустин дар ҳоле аз густариши равобити тиҷоративу иқтисодии Русия бо Тоҷикистон гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ нисбати Русия барои ҳамлааш ба Украина таҳримҳо ҷорӣ кардаанд ва Иттиҳоди Аврупо аз эҳтимоли кумак кардани баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия барои дур задани таҳримҳои Ғарб дар ташвишанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.