Сомонаи StreetInsider рӯзи 26-уми марти соли ҷорӣ хабар дод, ки 50 адад мошини парвозкунандаи як ширкати амрикоӣ ба Тоҷикистон фурӯхта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, Сэм Боусфилд, директори иҷроия ва асосгузори ширкати “Samson Sky”, бо Бахтиёр Баҳодуров, мушовири тавсеаи байналмилалӣ ва сиёсатгузорӣ, ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Баҳодуров дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун шахсе шинохта мешавад, ки барои барқарории робитаҳо миёни давлатҳо ва сармоягузорон мусоидат мекунад.
Тибқи ин санад, ширкати “Samson Sky” уҳдадор мешавад, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дар такмили қонунгузории авиатсияи умумӣ кумак расонад. Ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои ба қайд гирифтан ва истифодаи мошинҳои парвозкунандаи модели “Switchblade” дар кишвар мебошад.
Ёддошти мазкур ҳамчунин фурӯши 50 адад чунин воситаи нақлиётро ба маблағи умумии 11,5 миллион доллари ИМА дар бар мегирад.
Дар доираи ҳамкорӣ инчунин роҳандозии барномаҳои омӯзиши халабонҳо, фароҳам овардани дастрасӣ ба симуляторҳои пешрафтаи парвоз, омӯзиши мутахассисони техникӣ барои хидматрасонӣ ва таъмини қисмҳои эҳтиётии “Switchblade” пешбинӣ шудааст.
Маросими имзои ёддошти тафоҳум дар ҷараёни чорабинии “SAMSON SKY – Welcome to Central Asia” дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он намояндагони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони бахши бонкӣ ва авиатсия, инчунин тоҷирону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок доштаанд.
Аз ҷумла, дар ин чорабинӣ Бахтиёр Шералиев, сардори раёсати сертификатсия ва назорати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, Ҳасан Асадуллозода, раиси раёсати Ориёнбонк, Гулонор Атобек, директори иҷроияи Алиф Бонк ва Абдулқосим Валиев, директори иҷроияи “Somon Air” низ ҳузур доштаанд.
