Муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 моҳи дигар тамдид шуд

Мақомоти тафтишотии Русия иттиҳомоти чаҳор гумонбар дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Красногорски вилояти Маскавро тағйир доданд.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, иттиҳоми се зодаи Тоҷикистон Исроил Исломови 62-сола, писаронаш Диловар ва Аминҷон Исломовҳо ва инчунин Алишер Қосимови зодаи Қирғизистон аз “амалаи террористӣ” ба “ҳамдастӣ ба амалӣ террористӣ” иваз карда шудааст. Тибқи моддаи 205.1, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия ба онҳо аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид кунанд.

Мақомоти тафтишотии Русия иддао дорад, ки Исроил Исломов ва писаронаш пеш аз оғози ҳамлаи террористӣ аз он бохабар буда, мошини тамғаи Реноро ба террористони эҳтимолӣ фурӯхтаанд, ки дар рӯзи ҳамла аз он истифода шудааст.

Аммо Диловар Исломов дар мусоҳиба бо нашрияи “Новая газета Аврупо” гуфта буд, як ҳафта пеш аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” мошинашро фурӯхта будааст ва аз дидани мошин дар расонаҳо дар ҳайрат мондааст. Пас аз ин ба гуфтаи наздиконаш, худи Диловар Исломов ҳамроҳи бародараш барои додани баёнот ба шуъбаи пулис рафта буданд, аммо баъд аз он тамос бо ӯ қатъ шуда буд.

Инчунин гуфта мешавад, Алишер хонаашро ба Фариддуни Шамсиддин, ки ба қатли даҳҳо нафар гумонбар аст, ба иҷора дода будааст. Аммо худи Алишер Қосимов дар аввалин мурофиа гуфта буд, ки гуноҳе надошта, аз нақшаи хуҷум ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар надошт ва намедонист, ки нафари иҷорагир “террорист” аст.

Дар охири моҳи марти соли ҷорӣ ин афрод аз додгоҳ хоста буданд, ки қарорашро дар бораи ҳабси пешакии онҳо бозбинӣ кунад, аммо дархосташон рад шуда буд.

Гуфта мешавад, муҳлати ҳабси пешаки ин афрод то 22-уми феврали соли 2025 дароз карда шудааст.

Инчунин 19-уми ноябри соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Басмании шаҳри Маскав муҳлати ҳабси Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Рачабализода ва Фаридун Шамсидинро, ки мақомоти рус онҳоро гумонбарони асосии ин ҳамла меноманд, низ тамдид кард.

Мақомоти рус ин чор зодаи Тоҷикистонро гумонбарони асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи даҳҳо нафар дар “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорск медонанд ва иддао доранд, ки онҳо айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар пайи ин ҳодиса мақомоти Русия хабар доданд, ки беш аз 20 нафарро боздошт кардаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки маҳз пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст. Инчунин дар ин давра аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтани муҳоҷирон бештар шудааст.

Дар чанд моҳи охир низ чанд тарҳи нави қонунҳое дар Русия пешниҳод ва қабул гардиданд, ки кор дар соҳаҳои гуногун барои муҳоҷиронро маҳдуд ва вазъи онҳо дар ин кишварро мушкилтар мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.