Муҳоҷири корӣ дар рақобат бо роботу AI ва Чин

Агар суол гузошта шавад, ки бузургтарин хавфи иқтисодии Тоҷикистон кадом аст, посух на кам шудани тилло дар конҳост ва на қарзҳои афзояндаи хориҷӣ, балки тағйир ёфтани модели муҳоҷирати корӣ аст.

____________________________

Дунё аз ҷангҳо, тағйироти бузурги геополитикӣ, зуҳури қутбҳои нав ва чандқутбшавии ҷаҳон, иқтисоди глобалӣ, тағйироти иқлимӣ ва ғайра ҳарф мезанад, ки воқеъан муҳимтарин ва доғтарин мавзуъҳои рӯзанд. Аммо барои давлатмардон ва умуман сокинони Тоҷикистон барои даҳ соли оянда ҳеҷ кадоме аз инҳо дар ҷои аввал нест, ҳарҷанд онҳо низ муҳим, тақдирсоз ва таъсиргузоранд. Муҳимтарин мавзуъ барои мо онест, ки 35 соли ахир самтҳои сиёсат, иқтисод ва ҳато иҷтимоъро муайян кардаасту ҳоло дар маърази тағйирёбии бунёдӣ ва ҳатто азбайнравӣ қарор дорад, МУҲОҶИРАТИ КОРӢ аст. 

Мавъзуи муҳоҷирати корӣ, бахусус дар остонаи тағйироти бисёр бузург онро наметавон дар ду-се ва ҳатто даҳ баҳс ба итмом расонд ва аслан ба назари ин ҷониб, набояд баҳси он баста шавад.

Ва чун ин баҳс идомаи ду баҳси қаблӣ аст;
ва онҷо ҳам ваъда гузошта будем мавзуъро идома диҳем;
ва барои фаҳмотар шудани баҳси имрӯзу пайванди он ба мавзуъҳои гузашта, ногузир охирин ҷумлаи мақолаи қаблиро иқтибос меорам: Барои донистани ин ки пули муҳоҷир чи нақше дар иқтисоди кишвар дорад, танҳо нигоҳ ба нишондиҳандаҳои савдои хориҷии (СХ) кишвар (воридоту содирот) кофист: воридот дар соли 2025 $8,29 млрд  (77%-и СХ ) содирот бошад $2,44 млрд.ро (23%-СХ) ташкил доддаст. Касри савдо $5,85 млрд. Яъне, шумо ба 2,44 млрд мол мефурӯшед ва ба 8,3 млрд мол мехаред. Суол: 5,85 млрд-и фарқро аз куҷо ба даст овардед? Посух: асосан аз пули муҳоҷирон.

Вақте 77 дарсади иқтисоди кишвар аз як манбаъ таъмин мешавад, аслан имкон надорад сиёсат бо назардошти ин ҷанба тарҳрезӣ нашавад ва ҳаёти иҷтимоӣ дар кишвар низ ба он вобаста набошад. Бинобар ин тағйир дар ин самт (яъне манбаъи таъмини иқтисод) ногузир тағйир дар иқтисоду сиёсат ва ҳаёти иҷтимоъӣ, аз ҷумла сатҳи зиндагиро дар пай хоҳад дошт.

Ба назари ин ҷониб, дар даҳ соли оянда муҳоҷирати корӣ тағйироти бисёр бузурги бунёдиро таҷриба хоҳад кард. Омода набудан ба он боиси зарбаҳои ҷуброннопазире ба кулли соҳаҳо дар кишвари беш аз 70 дарсад вобаста аз муҳоҷирати корӣ хоҳад шуд. Агар суол гузошта шавад, ки бузургтарин хавфи иқтисодии Тоҷикистон кадом аст, посух на кам шудани тилло дар конҳост ва на қарзҳои афзояндаи хориҷӣ. Посух яктост: тағйир ёфтани модели муҳоҷирати корӣ.

Ҳоло мепардозем ба сабабҳое, ки дар мақолаҳои қаблӣ аз онҳо ёд нашуд ва ё танҳо ишораи кӯтоҳ доштем. 

1. Ҳуши маснуӣ ва роботсозӣ

Бисёриҳо ба ин назаранд, ки AI танҳо ба барномасозҳо ё тарроҳон таҳдид мекунад, аммо воқеият хеле фарохтар аст.

Ин ҳам чанд мисоле, ки маҳз ба муҳоҷири кории тоҷик рабт мегирад:

● анборҳои бузург чанд сол аст, ки бо роботҳо кор мекунанд ва сатҳи истифода аз роботҳо торафт болотар меравад;

● мошинҳои боркаш ва таксиҳои худкор дар чанд кишвар озмоиш мешаванд ва натиҷаи озмоишҳо ҳам ба нафъи ронандагон нест;

● дар сохтмон на танҳо роботҳои хиштчину андовагар пайдо шудаанд, балки худи системаи сохтмон тағйир меёбад, ки дар он кори дастӣ бо суръат аз байн меравад;

● дар тарабхонаҳо робот пешхизмат мешавад;

● дар меҳмонхонаҳо қабулкунанда (receptionist)-и AI пайдо шудааст.

Муҳоҷирони тоҷик асосан дар сохтмон, хидматрасонӣ, анборҳо, нақлиёт ва савдои хурд кор мекунанд. Маҳз ҳамин соҳаҳо аз аввалинҳо хоҳанд буд, ки автоматизатсия мешаванд.

Ин раванд ҳоло каме суст аст, вале бидуни шубҳа суръат хоҳад гирифт ва сол то сол ҷойи пои муҳоҷири кориро тангтар хоҳад кард.

Аммо ҳуши маснуӣ ягона сабаб нест. Инҷо якчанд омил ҳамзамон амал мекунанд ва ҳамдигарро дар танг кардани ҷойи пои муҳоҷири бечора кумак мекунанд.

2. Пиршавии аҳолӣ… аммо дигар на ба нафъи муҳоҷир

Қаблан чунин назар вуҷуд дошт ва коршиносон ҳам бештар рӯи он такя мекарданд, ки “Аврупо торафт пиртар мешавад ва дар ояндаи наздик ба муҳоҷири бештар ниёз хоҳад дошт.” Аммо имрӯз, бо рушди босуръати техноложӣ, давлатҳо роҳи дигар ва беҳтару бехавфтар пайдо карданд:

● робот;

● автоматизатсия;

● AI.

Мутаассифона, барои муҳоҷири корӣ ва хушбахтона, барои кишварҳои пешрафтаи қаблан ниёзманд ба муҳоҷир, дар рақобати байни муҳоҷир ва робот ҳар сол робот рақобатпазиртар мешавад. Роботҳо на танҳо дар сохтмону анбору мошинҳо ҷои муҳоҷирро танг мекунанд, балки ба зудӣ ба ошхонаву хонаи хоби аввал сарватмандон, сипас мардуми оддӣ низ ворид хоҳанд шуд, то ниёзҳои онҳоро бечунучаро ва бехавф бароварда созанд.  

Вақте роботҳо қудрати анҷоми корҳои хонаро (шуруъ аз пухтупаз то нигоҳубини пиронсолон) пайдо карданд, ки бидуни шубҳа пайдо хоҳанд кард, баъид аст хонаводаҳо дар кишварҳои сарватманд муҳоҷири камсаводи пур аз рискро ба роботи аз ғулом фармонбардортар ва дар айни ҳол тақрибан пурра бехавф тарҷеҳ диҳанд.

3. Андешаҳои зиддимуҳоҷират

Ин раванд на танҳо Русия, балки қариб кулли Аврупоро фаро гирифтааст. Ҳизбҳои зиддимуҳоҷират дар Олмон, Утриш, Ҳолланд, Фаронса, Итолиё, Лаҳистон ва ғайра сол то сол овози бештар мегиранд. Ва ин танҳо масъалаи нажод нест.

Сабабҳои он зиёданд, аз ҷумла фишор ба буҷаи иҷтимоӣ, ҷинояткорӣ (ё ҳадди ақал чунин тасаввур), тағйири фарҳанг, рақобат дар бозори кор ва ғайра. Дар натиҷа гирифтани визаи корӣ, иҷозаи кор ва иқомат тадриҷан мушкилтар мешавад. Дар пасманзари танг шудани ҷои пойи муҳоҷири тоҷик дар Русия, ин раванд дар Аврупо дарак аз гуфтаҳои боло медиҳад.

4. Чин

Иқтисоди босуръат рушдкунандаи Чин ва пешрафтҳои ин кишвар дар роботисозии истеҳсолот, яке аз бузургтарин хатарҳо ба муҳоҷирати корист. То ҳол ба ин омил таваҷҷуҳ камтар будааст, аммо бояд гуфт, Чин на танҳо мол истеҳсол мекунад, балки худи истеҳсолро роботӣ мекунад. Бархе фабрикаҳое, ки қаблан ҳазор коргар доштанд, ҳоло ҳади аксар 200 коргар доранд, боқии корҳоро робот иҷро мекунад. Раванди роботикунонӣ саросарӣ шудан дорад ва бо гумони ғолиб, ба зудӣ аксари фабрикаву корхонаҳои чинӣ ва умуман ҷаҳон роботҳоро ба инсонҳо тарҷеҳ хоҳанд дод. 

Бо роботисозии истеҳсолот арзиши маҳсулот ҳам поёнтар меравад, ки хатари дигаре барои ҷойҳои корӣ дар кулли дунёст. Аз тарафи дигар, Чин на танҳо истеҳсолоти худашро роботӣ месозад, балки ба кулли дунё робот содир мекунад ва ин роботҳо босуръат ҷойҳои кории инсонҳоро забт мекунанд. Роботҳои Чинӣ ба зудӣ на танҳо дар корхонаҳо ва ҳатто сохтмонҳои Русия, балки худи Тоҷикистон бо мардикорҳо рақобат хоҳанд кард. 

5. Демография дар худи Тоҷикистон

Яке аз хатарҳои бузурги дигар дар пасманзари ивазшавии бозори кор дар ҷаҳон демография дар худи Тоҷикистон аст. Ҳар сол даҳҳо ҳазор ҷавон вориди бозори кор мешаванд. Қаблан афзоиши рӯзафзуни талабот дар бозори кор дар Русия ва кишварҳои дигари пешрафта, ба вуруди ин даҳҳо ҳазор нерӯи ҷавону пуренержӣ таваҷҷуҳ камтар буд. Аммо ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки агар муҳоҷират маҳдуд шавад, ки ҳатман мешавад, ин даҳҳо ҳазор нафар дар куҷо кор хоҳанд кард?

Масъала содда нест, балки хеле ҷиддӣ аст. Мушкили дигари ин нерӯи пурэнерживу хунгарм ин аст, ки ба бозори рақобаткунанда бо роботҳо нерӯи дар муқоиса бо насли қабли бештари онҳо чандон лозим нест. Ба ин бозор мутахассиси варзида лозим аст, ки байни ҷавонон пайдо намешавад ва дар натиҷа онҳоро дар рақобат бо насли қаблӣ дар мавқеъи заъифтар қарор медиҳад.  

Умед ҳанӯз ҳаст…

Бо ин ҳама пешравиҳову рақобатҳо, ҳанӯз умеде барои муҳоҷири корӣ ҳаст. Бархе коршиносон афзоиши талабот ба нерӯи корӣ бинобар рушди босуръати иқтисодро пешбинӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, ҳатто агар бештари касбҳо аз тарафи роботҳо забт шуданд, ихтисосҳое вуҷуд доранд, ки ҳанӯз ба дасти инсон ниёз доранд. Тибқи пешбинии коршиносон, дар ояндаи наздик талабот ба кафшергарони сатҳи баланд, барқчии касбӣ, ҳамшираи тиббӣ, табиб, муҳандис, мутахассиси AI, техникҳои роботҳо ва чанд касби дигар афзоиш хоҳад ёфт. 

Дар сиюпанҷ соли гузашта, муҳоҷират барои Тоҷикистон як “клапан”-и бехатарӣ буд. Вақте дар дохил ҷойи кор намерасид, садҳо ҳазор нафар ба хориҷ мерафтанд ва фишори иҷтимоӣ кам мешуд. Агар ин клапан тадриҷан баста шавад, масъала дигар танҳо иқтисодӣ нест — ба масъалаи амнияти миллӣ табдил меёбад. Барои пешгирӣ аз таркиши иҷтимоъӣ давлат як роҳ дорад: эҷоди садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ. Аммо оё дар ин замони иқтисоди глобалӣ, ки барои бозору харидор аслан тафовуте надорад мол дар куҷо истеҳсол мешавад, қудраташро хоҳад дошт? 

Роҳи дигар ҳам вуҷуд дорад, ки аз роҳи аввал осонтар ба назар мерасад: омодасозии мутахассисоне, ки зикрашон дар боло рафт барои бозори ҷаҳонӣ. Албатта ин кор ҳам басиҷи босуръати кулли нерӯҳову васоилро талаб мекунад. Аммо оё илоҷи дигаре ҳаст?

Абдуманнон Шералиев, махсус барои Azda TV

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷалби садҳо миллион доллар грант барои татбиқи чанд лоиҳа дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон барои амалисозии чандин лоиҳаи бузург аз Бонки ҷаҳонӣ садҳо миллион доллар грант мегирад. 

Боздошти се нафар бо гумони таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми июл аз боздошти се ҷавон бо гумони содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғ хабар доданд.

21 кушта ва 19 захмӣ: омори нигаронкунандаи садамаҳо дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон 21 нафар ҷон бохта, 19 нафари дигар захмӣ шудааст.

Аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд пурра анҷом ёфт

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, корҳои таъйин ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра ба анҷом расидааст.