35.9 C
Dushanbe

Мубтало шудани раиси ширкати Pfizer ба коронавирус

Раиси ширкати дорусозии “Файзер” (Pfizer) эълон карда, ки баъд аз чор вояи ваксина гирифтан боз ҳам ба коронавирус мубтало шудааст.

Акс аз сомонаи ББС

Бино ба иттилои ББС, Алберт Бурла, мудири ширкати дорусозии “Pfizer” рӯзи душанбеи 15-уми августи соли 2022 дар Твиттери худ эълом кард, ки “бо вуҷуди дарёфти чаҳор вояи ваксина, вай ба коронавирус мубтало шудааст, аммо шиддаташ заиф аст.”

Ҷаноби Бореллаи 60-сола эълом дошт, ки қурси табобати шифоҳии “Пфайзер” бо номи Пиксловидро оғоз кардааст ва худ карантин аст ва итминон дорад, ки ба зудӣ сиҳат мешавад.

Қаблан, чанд нафар, аз ҷумла Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳида ва доктор Энтони Фаучӣ, сармушовири тиббии ӯ низ ба бемории Ковид-19 мубтало шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.