13.9 C
Dushanbe

Муин Ғафуров барои 6 моҳ аз рақобатҳо маҳрум шуд

Муин Ғафуров, варзишгари шинохтаи тоҷик давоми шаш моҳи дигар наметавонад дар муҳорибаҳои омехта рақобат кунад.

Бино бар иттилои MMA Fighting дар допинг санҷиш муаян шудааст, ки дар бадани Муини 26 сола маводи барои варзишгарон мамнуи канренон мавҷуд аст ва ӯ то 6 моҳи дигар наметавонад дар мусобиқаҳо ширкат кунад. Дар баробари ин Муин аз ҷониби NAC (nevada athletic commission) 750 доллар барои истифодаи допинг ҷарима мешавад. Дар ин бора то ҳол назари худи варзишгари тоҷик дастраси расонаҳо нашудааст.

Якҷо бо намояндаи Тоҷикистон Лукаш Бржески лаҳистонӣ, ки барои шикаст додани Дилан Поттер бо UFC шартнома баста буд, низ аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Муин Ғафуров охирин қувваозмоии худро бо Чад Анхелигери канадагӣ 7-уми сентябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби мусобиқаи Dana White’s Contender Series, барои роҳ ёфтан ба UFC анҷом дод. Муин метавонист дар таърих ҳамчун аввалин варзишгар аз Тоҷикистон, ки бо UFC шартнома мебандад, сабт шавад, аммо бо қарори доварон ӯ мағлуб эълон шуд.

Қобили зикр аст, ки Ғафуров то имрӯз аз рӯи рейтинги MMA размкори рақами 1 дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд.

Гуфтанист, варзишгари ҷавон рақобатҳои касбияшро аз соли 2013 оғоз карда то кунун 21 рақобат гузаронида, 17 ғалаба ба даст овардааст.

Ҳаводиси бо допинг муттаҳам шудани варзишгарони тоҷик нав набуда, дар гузашта Дилшод Назаров барои истифодаи допинг муттаҳам дониста шуд ва барои 2 сол аз ширкат дар мусобиқот, аз ҷумла дар Олимпиадаи Токио-2020 маҳрум гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.