27.5 C
Dushanbe

Муҳокимаи додгоҳии қотили Ҳувайдои 5-сола оғоз мешавад

Сурат: ТАСС, Сергей Бобылев

Бино ба иттилои хабаргузории “Sputnik”, Алаксендр Сёмин нафаре, ки дар қатли Ҳувайдо Тиллозода – духтарчаи панҷсолаи тоҷик гумонбар дониста мешавад, дар назар аст, пас аз ду моҳ ба додгоҳ кашида шавад.

Шавкат Умаров ҳимоятгари хонаводаи Тиллозодаҳо гуфтааст:

“табибон ҳолати равонии Сёминро хуб арзёбӣ карда гуфтаанд, дигар ба табобат ниёз надорад”.

Як сол қабл парвандаи куштори духтарчаи панҷсолаи тоҷик аз ҷониби додгоҳи вилояти Маскав ба хотири бемории руҳӣ доштани Александр Сёмин қатъ гардида буд, додгоҳ ӯро барои табобат ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ фиристода буд.

Дар ҳамин ҳол ҳимоятгари ҳуқуқи хонаводаи тоҷик аз рӯйи ин қарор шикоят кард, додгоҳи шаҳри Сичевки табобати иҷбориро қатъ карда буд. Умаров гуфтааст, ҳамаи далелҳо ҷамъоварӣ шуданд, тафтишот ду моҳ тул мекашад,  пас аз ду моҳ Сёмин дар додгоҳ муҳокима хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар таърихи 22 юми мюли соли 2018 Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово аз майдончаи бозӣ нопадид шуда буд, пас як рӯз ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истирдоди зодагони Язгулом аз Русия ва боздошти онҳо дар Тоҷикистон

Пулиси Русия чаҳор сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро охири моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт ва ба Душанбе истирдод кардаанд.

Дар Душанбе шавҳар зани худро бо корд зад

Бо сабаби даргирии хонаводагӣ як мард дар Душанбе ҳамсари худро бо чанд зарби корд захмӣ кардааст.

СММ хостори озодии рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова шуд

Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигори зиндонӣ Рухшона Ҳакимоваро талаб кард.

Меҳмони набераи Президентро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд

Мақомоти Русия блогери озаритабори 30-сола Ҳусейн Ҳасановро барои шустушӯи пул ва напардохтани андоз дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ додаанд.