26.9 C
Dushanbe

Муҳокимаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳоми куштор

Имрӯз 13-уми май додгоҳе дар ноҳияи Дятковои вилояти Брянски Русия парвандаи як муҳоҷири тоҷикро бо иттиҳоми куштор дар ҳолати мастӣ муҳокима мекунад.

Дар хабар гуфта мешавад, ин шаҳрванди 56-солаи Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ қоидаҳои роҳро дағалона вайрон кардан ва дар натиҷа ду нафарро ба ҳалокат расондан гумонбар дониста мешавад.

Тавре расонаи “Новости Брянска” 13-уми май дар шарҳи ин қазия аз қавли муфаттишони парванда менависад:

“Рӯзи 28 августи соли 2021 дар роҳи Дятково-Битош-Будочки як мард дар ҳолати мастӣ мошини “Шевролет Круз”-ро аз суръати муайяншуда бештар ронда, ба хатти муқобил мебарояд ва бо мошини “Мазда 6” бармехӯрд, ки дар натиҷа ронандаи 22-сола ҳамроҳ бо мусофири 20-солаи “Мазда 6″ ба ҳалокат мерасанд.”

Гуфта мешавад, дар ин садама худи ронандаи 56-сола тоҷик низ аз косахонаи сар ва қафаси сина осеб дида, дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Ба гуфтаи муфаттишон, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҳолати мастӣ рондани мошину ба ҳалокат расондани ду нафари дигар гумонбар аст, то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аммо назари худи гумонбар дар мавриди ин ҳодиса маълум нест ва инчунин дар бораи аз кадом минтақаи Тоҷикистон буданаш низ чизе гуфта намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.