32.9 C
Dushanbe

Мулло Абдулҳаннон ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Хатлон мулло Абдулҳаннон Усмонов (Маннонов) – қаҳрамони навори баҳсбаренгез дар шабакаҳои иҷтимоиро барои 6 сол равонаи зиндон кард. 

Мурофиаи додгоҳии ин рӯҳонии 51-сола охири ҳафтаи гузашта баргузор шуда, додрас ӯро бо иттиҳоми даъват ба ифротгароӣ гунаҳкор кардааст.

Вакили дифоъ Саидҷаббор Алиев рӯзи 11-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ эълони ҳукмро тасдиқ карда, аз рафти мурофиа тафсилот надодааст. 

Назари худи маҳкумшуда ва пайвандонаш дастраси расонаҳо нест ва маълум нест, ки оё қасди аз болои ҳукм шикоят бурдан доранд ё не. 

Дар ҳоле Абдулҳаннон Усмонов ба 6 соли зиндон маҳкум мешавад, ки мақомот се моҳ парвандаашро тафтиш кардаанд ва худи ӯ дар ин муддат дар Боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштааст. 

Мақомот то ҳол аз ҷузъиёти парвандаи ин рӯҳонии тоҷик чизе нагуфтаанд. 

Моҳи январи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он ин рӯҳонии тоҷик вориди ҳавлие мешавад, ки дар он туйи домодӣ мегузашт, ӯ дар ҳол монеи рақсу бозии мардум мешавад ва меҳмонони тӯйро аз хона меронад. 

Ин навор баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои итҷимоии тоҷикӣ ба бор оварда, корбаронро ба ду гурӯҳ, тарафадор ва мухолифи ин амал тақсим карда буд.

Дертар маълум гашт, ки Абдулҳаннон Усмонов, сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва имомхатиби масҷиди ин минтақа буда, домод бародарзодааш будааст. 

Рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ ВКД-и Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз боздошт ва ҷазо додани ин рӯҳонӣ хабар дода буд. Аммо дар он дақиқ гуфта намешуд, ки мақомот нисбати ин рӯҳонӣ чӣ навъи ҷазоро татбиқ кардаанд.  

Абдулҳаннон Усмонов дар баёноташ гуфта буд, ки аз пеш писари бародарашро огоҳ кардааст, ки тӯяшро бидуни мусиқию рақсу бозӣ, дар чорчӯби тӯйи исломӣ барпо кунад, вале домод ба ин таъкиди ӯ гӯш надодааст.

Дар наворе, ки ВКД нашр кардааст, мулло Абдулҳаннон мегӯяд, ки аз ин амали бародарзодааш асабӣ шуда, худро идора карда натавонистааст ва базми тӯёнаро вайрон кардааст. Ӯ дар идома бахшиш пурсида гуфт, ки “як хато кардем. Умед аст, ки хатои мо ислоҳ мешавад”. 

Аксари корбарон ин амалкарди рӯҳонии тоҷикро кори шахсӣ ва хонаводагии ӯ дониста, боздошт ва зиндонӣ шуданашро аз ҷониби мақомот ғайриқонунӣ медонанд. Ба гуфтаи яке аз корбарон, ки дар суҳбати хусусӣ бо Azda tv дошт, “мақомот дар умури хонаводагӣ ва хусусии мардум набояд дахолат кунад ва агар ин рафтори рӯҳонӣ мухолифи қонун мебуд, бояд бо ҷазои сабуктаре, ба монанди ҷарима озод мешуд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон, ки чанд соли ахир нисбати дигарандешон, бахусус диндорон мавқеи сахтеро пеш гирифтааст, дар андактарин хилофкорӣ шаҳрвандонро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.