26.9 C
Dushanbe

Мулло Абдулҳаннон барои тамошои наворҳои марбут ба ПМТ зиндонӣ шудааст

Мулло Абдулҳаннон Усмонов (Маннонов) барои “тамошо ва паҳн кардани наворҳои вобаста ба Паймони миллии Тоҷикистон” ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст.  

Саидҷаббор Алиев, вакили дифои Мулло Абдулҳаннон, рӯзи 14-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукми зерҳимояашро шарҳ дода гуфтааст, ки “Дар Ютуб ба номи “Мулло Абдулло” сабтином шуда, пайваста наворҳои Паймони миллиро тамошо ва паҳн кардааст.” Ӯ мегӯяд, мушкилии зерҳимояааш танҳо “як тӯй нест. Агар як тӯй мебуд, бале, мегуфтам, ҳукм нодуруст аст. Он вақт танҳо ҳаракати майдаавбошӣ мешуд, вале ӯ наворҳои мамнуъро дидаву паҳн кардааст”. 

Назари худи ин рӯҳонӣ ва пайвандонаш дар бораи иттиҳомоти эълоншуда дастраси расонаҳо нест. Вакили дифои мулло Абдулҳаннон низ аз ҷузъиёти дигари мурофиа чизе нагуфтааст.

Ёдовар мешавем, ки мурофиаи додгоҳии Абдулҳаннон Усмонов, рӯҳонии 51-солаи тоҷик охири ҳафтаи гузашта баргузор шуда, додрас ӯро бо иттиҳоми даъват ба ифротгароӣ гунаҳкор ва барои 6 сол равонаи зиндон кард. 

Моҳи январи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он дида мешуд, ин рӯҳонии тоҷик вориди ҳавлие мешавад, ки дар он туйи арусӣ мегузашт, ӯ дар ҳол монеи рақсу бозии мардум мешавад ва меҳмонони тӯйро аз хона меронад. 

Ин навор баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои итҷимоии тоҷикӣ ба бор оварда, корбаронро ба ду гурӯҳ, тарафадор ва мухолифи ин амал тақсим карда буд.

Дертар маълум гашт, ки Абдулҳаннон Усмонов, сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва имомхатиби масҷиди ин минтақа буда, тӯи бародарзодааш будааст. 

Рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ ВКД-и Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз боздошт ва ҷазо додани ин рӯҳонӣ хабар дода буд. Аммо дақиқ гуфта намешуд, ки мақомот нисбати ин рӯҳонӣ чӣ навъи ҷазоро татбиқ кардаанд.  

Абдулҳаннон Усмонов дар баёноташ гуфта буд, ки аз пеш писари бародарашро огоҳ кардааст, ки тӯяшро бидуни мусиқию рақсу бозӣ, дар чорчӯби тӯйи исломӣ барпо кунад, вале домод ба ин таъкиди ӯ гӯш надодааст.

Дар наворе, ки ВКД нашр кардааст, мулло Абдулҳаннон мегӯяд, аз ин амали бародарзодааш асабӣ шуда, худро идора карда натавонистааст ва базми тӯёнаро вайрон кардааст. Ӯ дар идома бахшиш пурсида гуфт, ки “як хато кардем. Умед аст, ки хатои мо ислоҳ мешавад”. 

Аксари корбарон ин амалкарди рӯҳонии тоҷикро кори шахсӣ ва хонаводагии ӯ дониста, боздошт ва зиндонӣ шуданашро аз ҷониби мақомот ғайриқонунӣ медонанд.

Гуфта мешавад, мақомоти тоҷик барои тарс додани сокинон дар чанд соли охир даҳҳо нафар аз рӯҳониён ва дигарандешонро бо иттиҳомоти ҳамкорӣ бо мухолифон ё тамошову нашри наворҳои онҳо равонаи зиндон кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.