9.9 C
Dushanbe

Мулло ба хотири тӯи писараш боздошт шуд

Абдулҳаннон Усмонов, сокини ноҳияи Кӯшониён, ки монеи бо рақсу мусиқӣ гузаронидани тӯйи домодии писараш шуд, мавриди боздошту бозпурсии мақомот қарор гирифтааст.

Акс аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

Чанд рӯз аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе давр мезанад, ки дар он дида мешавад як сокини ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон монеи бо рақсу мусиқӣ гузаронидани тӯйи домодии писараш мешавад.

Дар ин навор дида мешавад, ки домоду арӯс дар тан либоси тӯёна зери рақсу мусиқӣ вориди ҳавлӣ мешаванд. Вале дар ин ҳолат як марди ришдор, ки дар тан ҷомаи тоҷикӣ дорад, талаб мекунад, ки рақсу мусиқиро бас кунанд ва “дигар дар инҷо чунин масхарабозӣ накунанд”. Дар натиҷа рақсу мусиқӣ қатъ мешавад ва меҳмонон низ пароканда мегарданд.

Аз баҳси ин мард бо домод бармеояд, ки ӯ падари домод аст. Чун ӯ бо норозигӣ мегӯяд, бо вуҷуди аз пеш талабу шарт гузоштан, домод ҳурмати сухани падарашро шикаста, навозандагонро ба тӯй даъват кардааст.

Дертар маълум шуд, ки ин нафар Усмонов Абдулҳаннон Бурҳонович ном дошта, дар деҳаи Коминтерни ноҳияи Кӯшониён зиндагӣ мекунад ва миёни мардум бо номи домулло Абдулҳаннон маъруф будааст .

Дар ҳамин ҳол пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба манобеаш хабар дод, ки “писари домулло Абдулҳаннон ваъда дода будааст, ки тӯйро тибқи фармудаи падараш доир мекунад, вале вақте ки ӯ аз хона баромада, куҷое меравад, инҳо ба рақсу мусиқӣ сар мекунанд. Инро касе ба домулло хабар мерасонад ва ӯ аз ними роҳ ба хона баргашта, ба қавли маъруф, тӯйро “клет” мекунад. Баъд аз он домулло мавриди пурсуҷӯи мақомот гирифтааст”.

Дар ҳамин ҳол саҳфаҳои фейкии наздик ба мақомоти Тоҷикистон, аксеро дар фейсбук нашр кардаан, ки дар он домулло Абдулҳаннон дар кадом як идораи давлатӣ дар паси миз нишааст ва баъзе ин саҳфаҳои фейкӣ, ин аксро ба ин навъ шарҳ додаанд, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон як азви ҲНИТ-ро боздошт кардаанд.

Аммо Мирзораҳим Карим, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Azda tv” аъзои ҲНИТ будани мулло Абдулҳаннонро рад кард.

То ҳол ягон ниҳоди расмии Тоҷикистон хабари аз ҷониби мақомоти интизомӣ мавриди боздошт ва бозпурсӣ қарор гирифтани ин сокини ноҳияи Кӯшониёнро  рад ё тасдиқ нақарданд.

Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда, корбаронро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Гурӯҳи аввал ин амали домуллоро танқид карда, ба рафтори Толибон ташбеҳ намудаанд.

Гурӯҳи дуввум аз мулло Абдулҳаннон пуштибонӣ намуда, ба гуфтаи журналист Азизи Каримов, “Ҳамин мард заррае аз марзи қонун берун пой намондааст! Ин бечора ба мо кор надорад, ки дар хонаамон рақс мекунем ё суруд мехонем. Чаро ӯ ҳақ надошта бошад, ки сураш бидуни рақсу бозӣ бигзарад? Хонаи ӯ ҳарими хусусиаш аст! Шумо чӣ ҳақ доред ба ҳарими ӯ, ки сар мехалонед? Аз ин ҳам бигзарем. Ҳич кадоме аз мо ҷасорати инро надорем, ки аз мақомот талаб бикунем, то бегуноҳеро ҷазо надиҳанд. Аммо дар ин мавридҳо барои талаби ҷазо ҳама далеру ҷасур мешавем. Дареғу афсӯс!”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Рейд”-и муҳоҷирон дар шаҳру ноҳияҳои Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барои тафтиши муҳоҷирон "рейд" гузаронданд.

Русия Толибонро аз “феҳристи сиёҳ” берун мекунад?

Думаи давлатии Русия Лоиҳаи берун кардани Ҳаракати Толибонро аз "феҳристи сиёҳ" ва ё рӯйхати "гурӯҳҳои террористӣ" баррасӣ мекунад.

Тоҷикистон хоҳони тавсеаи ҳамкориҳо бо Русия шуд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ҳамтои русаш хостааст, ки ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиётро тавсеа диҳанд.

Мулоқоти Ятимов ва Тошиев. Ин бор кадом мушкилӣ ҳал шуд?

Раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев бо ҳам мулоқот карданд.