Мулоқоти Имомуддин Сатторов бо мақомоти лаҳистонӣ

Сафири Тоҷикистон дар кишварҳои Лаҳистон, Олмон ва Чехия Имомудин Сатторов бо Павел Домбровский, директори Департаменти корҳои байналмилалӣ ва муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ ва маъмурияти Лаҳистон мулоқот кардааст.

Ин мулоқот рӯзи 11-уми майи соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Сатторов ба Лаҳистон сурат гирифта, гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои минбаъда ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ҷузъити дигаре аз ин мулоқот нашр нашудааст ва маълум нест ҷонибҳо дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон, ки шуморашон нисбат ба солҳои пеш зиёд шудааст, чӣ гуфтаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар пасманзари мулоқоти Имомуддин Сатторов бо мақомдорони лаҳистонӣ, рӯзи 12-уми май соли 2026 масъулини Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Берлин ба шаҳри Варшава рафта буданд ва шаҳрвандон метавонистанд, барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ, шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон, машваратҳои ҳуқуқӣ ва дигар хидматрасониҳои консулӣ муроҷиат кунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пештар баъзе муҳоҷирон дар Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиё аз он шикоят карда буданд, ки кормандони Консулгарии Тоҷикистон ва шахсони миёнарав аз онҳо барои гирифтани шиноснома маблағҳои ҳангуфт талаб карда буданд.

Аз ин рӯ, муҳоҷироне, ки ба намояндагони Консулгарии Генералии Тоҷикистон дар Варшава барои гирифтани шиноснома ва ё дигар масъалаҳо муроҷиат кардаанд ва аз онҳо маблағи зиёд талаб карда бошанд ва ё муносибати ноҷо карда бошанд ва агар бихоҳанд, ки дигарон аз таҷрибаашон огоҳ шаванд, метавонанд ба унвонии Azda tv, бо рақами:+48 571 60 8008 хабари худро фиристанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.