30.9 C
Dushanbe

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Соҳиба Ғафорова

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Соҳиба Ғафорова, раиси парлумони Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дода, ки имрӯз, 12-уми сентябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон бо Соҳиба Ғафорова дар бораи рушди ҳамкориҳои “ширкатҳои “Талко”-и Тоҷикистон ва  ва “Азералюминӣ”-и Озарбойҷон” ба гуфтугӯ нишастанд.

Ба қавли манбаъ, “ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи фаъолсозии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва қабули Нақшаи чорабиниҳои ҳамкории иқтисодӣ то соли 2025-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.”

Инчунин зимни ин мулоқот дар бораи боз кардани парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Боку ва дигар масоили барои ҳар ду ҷониб муҳим, аз он ҷумла “густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ояндадори кооператсияи саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои истихроҷ ва коркард”, суҳбат карданд.

Гуфта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба ворид кардани ду ҳавопаймои ҷадид ба порки авиатсионии ширкати “Сомон-Эйр” дар ин дидор меҳвари гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Соҳиба Ғафороваро рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз он ҷумла, ҳамкории ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва алюминийии мансуб ба хонаводаи сарони Тоҷикистону Озарбойҷон ташкил додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ифтитоҳи бузургтарини масиҷиди Тоҷикистон бо ҳузури амири Қатар

Дар назар аст рӯзҳои наздик амири давлати Қатар шайхи Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масълаҳои ҳамкории дуҷонибаи худро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баъд аз боздошту латтукӯби муҳоҷирон Лавров ба Тоҷикистон меравад

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо як сафари кории ду рӯза озими Тоҷикистон мешавад.

Додгоҳ эътироф кард, ки Розиқов бо шиканҷа кушта шудааст

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб эътироф карда, ки Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола,...