21.9 C
Dushanbe

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар Маскав

Дирӯз дар Маскав, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот анҷом доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима намуда, оид ба ҳамкориҳои ҳарду тараф дар соҳаи нақлиёт ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатӣ диққати махсус дода шудааст.

Бо дарназардошти мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки масъалаҳои душаҳрвандиро танзим кунад, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъала гузошт то шаҳрвандии пеш аз ҳама сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ба низом дароварда шавад.

Дар охири мулоқот вазирон изҳор доштанд, ки робитаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва бародарии Тоҷикистону Қирғизистонро ҳифз ва густариш медиҳанд.

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак вуҷуд дорад, ки аз ин шумор танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Боқӣ 472 километри дигари марзи давлатии миёни ду кишвар аломатгузорӣ нашуда номуайян боқӣ мондааст.

Танишҳо байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар солҳост, ки идома дорад ва ин муноқишаҳо дар нуктаҳои номуайянии марзҳо сар мезанад, ки то ҳол даҳҳо захмӣ ва кушта аз ду ҷониб ба ҷо гузоштааст. Чанд моҳи охир намояндагони ҳарду ҷониб дар бораи марз мулоқотҳо  анҷом дода истодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.