31.9 C
Dushanbe

Муомилаи 2 миллион долларии тоҷикони ДИИШ бо “криптовалюта”

Гурӯҳҳои марбут ба созмони террористии ДИИШ дар кишварҳои мухталифи Осиё барои маблағгузории амалиётҳои худ аз асъори рамзӣ (криптовалюта) фаъолона истифода кардаанд. 

Бино ба гузориши таҳлилгарони “TRM Labs”, дар 12 моҳи охир истифодаи асъори рақамӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористии марбут ба ДИИШ дар Тоҷикистон, Покистон, Индонезия ва Афғонистон афзоиш ёфта, муомилот бо ин навъи асъор ба беш аз 2,5 миллион доллар баробар шудааст. 

Дар гузориш гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои марбут ба ДИИШ аз Тоҷикистон асосан барои ҷалби ҷангҷӯён аз асъори рамзгузоришуда истифода мекардаанд. “TRM Labs” ба суратҳисобе даст ёфта, ки дар соли 2022 бо ҳадафи ҷалби ҷангҷӯён ҳудуди 2 миллион доллар бо ин навъи пули рамзӣ муомила доштааст. 

Гуфта мешавад, рӯзи 22 июни соли 2023 мақомоти Туркия Шамил Ҳукуматов, яке аз аъзои аршади ДИИШ ва зодаи Тоҷикистонро боздошт карданд, ки ба эҳтимоли зиёд дар ҷамъоварии маблағ барои ДИИШ тариқи “криптовалюта” гумонбар мешавад.

Гурӯҳҳои марбут ба ДИИШ аз Индонезия “криптовалюта”-ро барои расонидани кумаки моддӣ ба оилаҳои аъзои ДИИШ, ки дар урдугоҳҳои Сурия нигоҳ дошта мешаванд ва озод кардани онҳо аз урдугоҳҳо истифода мекардаанд. Бо ин баҳона ва бо истифода аз ин намвъи пул онҳо дар давоми соли 2022 беш аз 517 000 доллар ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар моҳи майи соли 2022 Дафтари назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА (OFAC) панҷ шаҳрванди Индонезияро барои мусоидат ба интиқоли “криптовалюта” аз Индонезия ба аъзои ДИИШ дар Сурия, таҳрим кард.

Аъзо ва тарафдорони ДИИШ аз Покистон “криптовалюта”-ро барои ҷамъоварии хайрия истифода мекардаанд. Онҳо дар 12 моҳи охир бо баҳонаи хайрия ва кумак ба наҷотёфтагони заминларзаи ахири Туркия, беш аз 40 000 доллар дар шакли асъори рақамӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар Афғонистон террористон барои дарёфти маблағ аз тарафдоронашон аз “криптовалюта” истифода мекардаанд. Шуъбаи ДИИШ дар Афғонистон дар давоми як соли ахир тавассути ҳамёнҳои гуногуни асъори рақамӣ тақрибан 10 000 доллар ба даст овардааст.

Дар гузориш ҳамчунин зикр шудааст, ки аксари (92%) чунин муомилаҳои гурӯҳҳои марбут ба созмони террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” аз Тоҷикистон, Покистон, Индонезия ва Афғонистон бо истифода аз “stablecoin Tether” дар шабакаи “Tron” анҷом дода шудаанд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.